Қиёми Хуросониён, садо ва эътирози ҳама Тоҷикистонён аст

Қиёми Хуросониён, садо ва эътирози ҳама Тоҷикистонён аст

 

Эътирози худҷӯши сокинони ноҳияи Хуросон пояҳои бинои истибдоди ҳудуди сисолаи Раҳмонови диктотурро биҷунбонд. Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай тӯли ин ҳама солҳои террору ҳаросафканӣ ба ҳадде бехуду ғарра ва мағрур шуда буданд, ки гумон мекарданд ин мардум   “модомулумр” садояш қатъ ва мӯҳр дар даҳонашон кӯфта шудааст. Хиёлашон буд, ки ин мардум комилан саркӯбу сарафканда шуда, маҷол ва мадори сар боло карданро аз даст додаанд. Даруни ҷону танашон   тарсу ваҳшат барои абад ҷо шудааст.

 

  Хуросон дар шумори он навоҳист,ки хунинтарин саҳнаҳои ҷанги дохилиро шоҳид буд. Садҳо тан аз аҳолии онро куштанд, ҳазорон танро аз хонаву кошона гурезаву овора ва беному нишон карданд. Танҳо ёдоварӣ аз номи Хӯҷа Карим кофист, то аз даҳшати он солҳо ҷонҳо ба дард ояд. Азоби ҷангу ҳиҷрату бенавоиву дубора барқарорсозӣ ин мардумро бо азобу кулфат қарин карда ба ҳадде сабру таҳаммулу тоқат дод, ки Аюбвор ин ҳамаро паси сар карданд, албатта, ба ин умеду орзу,ки як рӯзе ҳам шуда, рӯз хоҳанд дид, ҳадди ақал фарзанду наводаҳои онҳо одамвор зиндагӣ хоҳанд кард. Тоқат карданд, машаққатро, азиятро, ранҷу кулфатро......

 

Аммо ин бор корд аз устухон гузашт. Ҷонҳо дардро тоб наёвард. Ҳама азияту азобу машаққат аз хотирҳо рафт. Аз ёдҳо рафт,ки муртакиби ин ҳама азобу азият ҳамоно ҳокимият меронад ва ҳамоно аз тозиёнааш хуни шуҳадои миллат чакида истодааст. Вале дард зӯр овард, барои бозгашт роҳе намонд, ҳарчи бодо бод ҷонҳоро дар кафи дастон гирифтанду баромаданду сари роҳи мошинҳоро-шоҳроҳи Бохтар-Душанберо бастанд, даст ба эътирозу тазоҳурот заданд: “ Мо ҳам одамем,хонаву кошонаву молу мулку халтаи орду гову гӯсолаву бузу гӯсфандамон,пиёзу картошкаамон, нону нондонамон, дегу чакдонамон, сару либосамон, палосу болину курпаву гилемамон, мунтаҳо ҳама чизамон, табақ чумчаву косаву чойнику пиёлаамон, чойи хушкамон, ҳама, ҳамаи дору надорамонро сел гирифту бурд. Инсоф доред ё не?”

 

 

Чизе ҷуз аз ҳақ ва ҳуқуқ талаб накарданд. Истеъфо наталабиданд, танҳо гуфтанд, ҳолу аҳволи моро тамошо накунед, расидагӣ кунед. Мо ба ин мусибат аз дасти ҷабру нокоромадии шумо  гирифтор шудем.

 

  Аслан селе, ки омад, агар оби канал ба он ҳамроҳ намешуд,то ба ин ҳадд зиёнбор тамом намешуд. Идораи оби ноҳия (водоканал) ба дархостҳои батакрори мардум,ки каналро бояд аз гилу қум тоза кард, эътибор надоданд. Ва,ҳамин тавр дар шаби мусибат ҳатто оби каналро аз сарбанд набастанд. Ва оқибат ҳамин тавр шуд, ки сел каналро басту оби канал ҳам бо сел омехту деҳаҳоро шуст. Аз ин ҷиҳат хонаҳои ин мардумро на танҳо сел, канал ҳам бурд.

 

Ҳаройина сел, ки моҳи март ҳам омада ва қурбонӣ ҳам гирифта буд ин бор низ аз фориғболиву бепарвоии масъулони ҳокимияти давлатӣ ду қурбонӣ гирифт.Аммо роҳбарияти ҳукумат дар ин мусибати мардуми Хуросон дар Хуҷанд наврӯзро ҷашн мегирифт ва аслан парвое надошт,ки Хуросониён чи ҳолу аҳволе доранд. Ин бор дигар сабри мардум сар омад ва рехтанд ба хиёбон. Хезиши сокинони деҳоти Истиқлол, Ҳалқаҷар, Пахтааобод ва деҳаи ба номи Н.Асадуллои ҷамоати Садриддин Айнӣ ва Ҳилолии ноҳияи Хуросон  ин садои исёну эътирози тамоми Тоҷикистон аст, ки дорад рӯзбарӯз шунавотар ва баландтар мешавад. Солҳои қаблӣ ҳам ҳамчунин ҳаводис на як бору ду бор рух дода буд. Ёдатон бошад сели шаҳру атрофи Кӯлобро. Мардум,ташкилот, аҳзоб ва тоҷирон дасти имдод дароз карданд. ҲНИТ ҳам бо комюнҳои ҳомили молу коло ба дастгирии балозадагони кӯлобӣ рафт. Чун мо ҳамаамон як бародару як оилаем,ба ҷуз аз Раҳмонову оилааш,ки он замон ва ҳоло ҳам ҳеҷ кумаке накарданду намекунанд. Баракс “гумпомош”-ҳоро дуздида фурӯхта истодаанд.

 

Ҳозир, хабарҳо мерасад, ки дар бозорҳо орди истеҳсоли Қазоқистон ва Узбакистонро фурӯхта истодаанд. Орди “гумпомош”-ро! Он замон Зайд Саид, ки ҳоло дар зиндон асту тамоми дороиҳояшро, ки зарра, зарра дар Русия гирд овард ва барои рушду ривоҷи равнақи кишвар инҷо ворид кард, мисли  лошахӯр мисли кафтор кашида гирифт, барои офатзадаҳои Кӯлоб 12 хонаи истиқоматӣ ба маблағи 1 миллион доллар бо тамоми ҷиҳоз сохта инъом кард. Агар ӯ ҳоло дар озодӣ буд ва агар ҳоло ҲНИТ дар кишвар фаъолият мекард, худову ростӣ, ҳатмани ҳатман ба селзадагони Хуросон холисанлиллоҳ ва барои ризои Худо дасти мадад дароз мекарданд. Аммо имрӯз на Рустами “сер” ва на худаш ва на домоду духтарҳои триллиардераш ёрӣ надоданд. Ҳамин ҳоло,ҳам ки гӯё барояшон “шаҳракаи хаймагӣ” дуруст кардаву замин барои участкаи наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст (агар ҳамин шӯру қиёми мардумӣ ва агар ҳамин раҳбандон набуд, аслан ин корҳоро ҳам намекард) аз деҳоти гирду атроф ва мардуми хайрхоҳу дастфарох ва ҳатто мардуми одӣ ҳамарӯза баста-баста нону ошу орду... бурда бар ин мардуми мусибатзада дода истодаанд. Ҳамин имрӯзҳо ҳам ин мардум зери офтоби тасфон нимгушнаву нимташна ва бидуни курпаву палос ва бар болои ин таҳдиди ибтило шудан бо коронавирус ба сар бурда истодаанд. Аз ин рӯ ин мардумро кадом омиле таҳрик накард, магар омили Раҳмонов ва хонаводаи дузду қаллобаш.

 

Онҳо ночор шуданд ва муқобили истибдод,ки 28 сол аст идома дорад тазоҳуроту исён карданд. Ин шурӯъи шикасти тарс аст, тарсе, ки Раҳмонов ва дору дастааш талош дорад,модомулумр кунад. Тарсе,ки Раҳмонов  бисёр мехоҳад ва тамоми талошу қудраташро ба харҷ дода истодааст,ки аз қалбу руҳи ин миллат наравад. Миллате,ки соли 1989 дар замони авҷи шӯравӣ тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо карда забони модариашро дар мақоми давлат нишонда буд, баъди омадани Раҳмонов бо чи ҳолу рӯзе гирифтор шуд? Воқеан ҳам устод Муҳиддин Кабирӣ, дурусту дақиқ  диагнози ин режимро дод, ки он дигар паралич-фалаҷ шудааст. Салоҳият надорад. Коронавирус нишон дод ва маълум кард,ки чизе аз дасташ сохта нест. Миллат наметавонад, ки дар рӯзи мушкил ба ҳамчунин роҳбаре такя кунад ва умед бандад. Коргарҳои давлатиро ба рухсатии бемузд  фиристод. Ҳадди ақал тавон ва қудрати пардохти барои се моҳ маоши онҳоро надорад. Магар ин чи давлат аст. Дар ҳоле,ки лоф мезанад, ҳаҷми савдо афзудаст,андозҳо ҷамъоварӣ шудааст. Пас, ин беш аз 300 миллион кӯмаки созмонҳои молиявии байналмилалӣ куҷо меравад? Ҳамин 189 миллион доллар кӯмаки бидуни фоизи Сандуқи байналмилалии  пул,ки аллакай ба суратҳисоби вазорати молия ворез шуд ва қисмати аъзами он барои дастгирии бюҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст,куҷо меравад?  

 

 Як саре ба навиштаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бизанем, манзараи ноҳияи Хуросон,ки намунаи тамоми Тоҷикистон аст рӯшан мешавад:

 

“Давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд” ваъда супоридааст Қурбон Ҳакимзода,раиси вилояти Хатлон.

 

“ Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода иттилоъ дод, ки дар натиҷаи аз ҳудуди васеи дараҳо ба канали шохаи рост дар деҳаи Пахтаобод ворид гардидани селоба се қисмати ин канал дар масофаи 35 метр рахна шуда, пикети №659 ба масофаи 240 метр вайрон ва ба ҷарии 40-50-метра фурӯ рафтааст, ки обёрии майдони 2600 гектар заминҳои хоҷагиҳо ва наздиҳавлигӣ ғайриимкон гардидааст”.

 

 “...Маъмурони милиса ҳузур доштанд ва аз сокинон хостаанд, ки роҳро кушоянд. "Яке аз онҳо аз мардум хост, ки роҳро боз кунанд. Дар ҷавоб сокинон ба ӯ дарафтоданд. Низомиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигарон ба миён даромада, халос карданд. Сокинони норозӣ мегуфтанд, ки аз 14-уми май, замони омадани сел, раиси ноҳия ба назди сокинони офатзада наомадааст".

 

“Як сокини деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон, гуфт, вақте аз деҳа берун мешуданд, раиси ноҳия хостааст бо мардум сӯҳбат кунад ва онҳоро аз роҳ гардонад. Вале, ба гуфтаи ӯ, “мардум дигар ба ваъдаҳояш бовар намекарданд ва ба ҳарфҳояш гӯш надода, ба самти роҳи Душанбе ҳаракат мекарданд. Дафъаи пеш ҳам ваъда дода буд, ки ҳамаро барқарор мекунад, аммо накард.”

 

Бале,ин ҳукумат кордро ба устухони мардум расонд, косаи сабрро лабрез кард. Ҳамин буд,ки мардум ба тазоҳурот  даст заданд. Вале дар табиат ва хӯю хислати ин гурусначашмони кафшеркарда дар қудрат аст, ки  набояд як зарра шафқат ва тараҳҳум нишон диҳанд. Боз ҳам бо пулис мардуми  эътирозгарро пароканда карда ва ҳоло яке, яке дошта ба унвони саркарда ва иғвогар ба шӯъбаи амнияту милиса бурда таҳти шиканҷа қарор дода истодаанд. Бар пояи баъзе аз маълумотҳо талош доранд, ки  ин тазоҳуротро ҳам бори дӯши ҲНИТ бикунанд. Аммо,мо мутмаинем,ки ҳам сокинони ноҳияи Хуросон ва низ сокинони тамоми манотиқи Тоҷикистон ин бор иҷоза нахоҳанд дод,ки фарзандонашон, падару бародаронашонро танҳо барои ҳақхошӣ бигиранду зиндон созанд. Хоҳиши мо ҳам аз шумо ин аст ки ин имкониятро фарояшон надиҳед. Биравед ба милиса  ва ба амният бастагони худро аз чанголи онҳо бигиред. Онҳо ҳеҷ айбу гуноҳе надоранд.

 

Ҳангоме ин матлабро менавиштам чашмам ба хабаре дар Сомонаи “Ахбор” афтод,ки хело ҷолиб буд.

 

Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки рӯзи 25 май як гуруҳи сокинони ноҳияи Рӯшон дар назди бинои шуъбаи КДАМ дар ин минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даст ба эътироз зада, се ҷавонеро, ки аз ҷониби кормандони амният боздошт шуда буданд, озод кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин се нафар, ки якеаш узви собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин будааст, барои таҷлили ид аз Хоруғ ба деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон омадаанд ва дар ин ҷо аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шудаанд. Аммо яке аз ин ҷавонон тавонистааст аз боздошт фирор карда, ба мардум хабар диҳад ва сокинон дар назди бинои шуъбаи амният ҷамъ шудаанд.

 

Сокинон аз кормандони амният талаб кардаанд, ки боздоштшудаҳоро озод кунанд. Кормандони амният бо мақсади пароканда кардани эътирозгарон ба ҳаво тир холӣ кардаанд, вале натавонистаанд издиҳомро пароканда кунанд.

 

Азбаски шумораи эътирозгарон зиёд буд, кормандони амният талош кардаанд, то ду боздоштшудаи боқимондаро аз бинои шуъбаи КДАМ ба қароргоҳи нирӯҳои марзбонӣ интиқол диҳанд, вале мардум ҳардуро аз дасти мақомот кашида гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар боздошт мавриди латтукӯб ва шиканҷа қарор гирифтаанд.

 

Мардуми кишвар дар умум ва мардуми Хуросон дар алоҳидагӣ бояд донанд,ки то агар барои озодсозии наздикони бегуноҳатон дар назди идораи милеса ва амният,ки наздиконатонро онҷо барои талаби ҳаққи ҳалолашон боздошт намудаанд наравед ва талаб накунед, ин авбошон дар либоси муҳофизони ҳифзи ҳуқуқ онҳоро озод намесозанд. Марҳмат намунае дар боло оварда дар Бадахшон шаҳодати хубе аз он медиҳад. Ҳаркас барои озодсозии наздиконаш равад ва талаб кунад ин авбошон дигар ҷиноят содир намекунанд.

 

Инша Аллоҳ ин миллат сукуташро мешиканад ва бардагӣ ва коҳилӣ нахоҳад кард.Ва ба гуфтаи шоири миллат:

 

Хоки пояшро набояд пок кард,

Пок аз он акнун,ки бояд хок кард.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.