Ҷияни Раҳимзода дар Хуҷанд бедодгарӣ мекунад

Ҷияни Раҳимзода дар Хуҷанд бедодгарӣ мекунад

 

Шӯҳрат Раҳимзода, сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта маъруф ба “шестой отдел” дар шаҳри Хуҷанд, ки писари бародари бузурги Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад, бо истифода аз фурсат даст ба ғорату бедод зада истодааст. Хуҷанд, ин шаҳри куҳанбунёди тоҷикон, ки дар пайи баргузории ҷашни маҷбурии Наврӯз дар бадтарин вазъияти беҳдоштиву эпидемиолгӣ қарор дорад, бемористонҳои он пуропури беморони коронавирус шуда ва чандин нафар ҳам ҷон ба ҳақ супориданд, аз тарафи ин афсари милиса, ҷияни любимчики вазири дохила мавриди таарруз ва яғмо  қарор гирифтааст.

 

 Ин афсари милиса сардори УБОП ба ҷойи онки мардумро ором созад, кумак расонад, пеши роҳи дуздиву қонуншиканиҳоро бигирад, худ омили бесуботӣ ва ғорати ошкоро шудааст. Амаки ӯ вазири корҳои дохила ва язнааш Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори Раёсати мубориза бар зиди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақлиди Эмомалӣ Раҳмонов барои беморони коронавирус якмаошии худро бахшиданд. Аммо Шӯҳрат, аҷибаш инки аз дорухонаҳо доруҳои феълан “ходовой” ва заруриро ба зӯрӣ тасарруф карда ба тиҷорат табдил додааст. Манбаи муътамади мо хабар медиҳад,ки аз чандин аптекаҳо  ҳам дору ва ҳам маблағи доруфурӯшонро кашида гирифтааст. Ҳатто аз чандин аптека 10 000 доллар “взятка” гирифтааст. Кадом камбудии онҳоро гӯиё ошкоро карда ин миқдори пулро аз онҳо кашида гирифтааст.   

 

   Дируз дар шахри Бобоҷон Ғафуров аз ду фурушандаи дорухона Ҳоҷӣ Мӯсо ва Давлатшо 60 ҳазор сомонӣ пора гирифтаааст. Гӯиё онҳо бо маблағи 12 ҳазор сомонӣ дору барои фурӯш харидаанд, ки санад надоштааст. Номи ин дору “Арбидол” мебошад, ки ба гумони ғолиб феълан дар Русия Қазоқистон ва Қирғизистон ин доруро барои табобати коронавирус истифода мебаранд.

 

Ин манбаъ гуфт,ки ҳоло дар аксарияти мақомҳои калидии Раёсати корҳои дохила, мақомоти андоз ва додситониву амнияти шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва бахусус шаҳри Хуҷанд нафароне,ки аз наздикони афроди калидӣ ва минтақаи махсӯс мебошанд кор мекунанд ва онҳо бештар дар фикри пур кардани ҷайби худанд. Фасоду фасодкориро ба дараҷаи аъло расонидаанд. Мардум, ва бахусус тоҷирҳо аз дасти онҳо ба дод омадаанд. Имкон дорад,ки мисли ҳодисаҳои солҳои 1997 бори дигар як маъракаи зидди хатлонӣ  дар роҳ бошад. Он солҳо ҳам аз порагирву порахӯрии маҳз ҳамин гуна кормандон мардум ба дод омада дар Уротеппа, Хуҷанд,Панҷакент бар зидди онҳо шӯриш карда ва кафшҳояшонро пеши поҳояшон монда буданд. Биноҳои милиса ва манзили зисти баъзе аз афроде мисли Шӯҳрат Раҳимзодаро ба оташ кашида буданд.

 

 

    • ФАРУХ АЗ МОСКВА11 мая 2020, 17:42

      Домуло дастот дарда набина хамеша, (омин) дар хаки хамин мухочирой шахри москва як маколае тайор мекарди бисер хуб мешуд чунки дар бозори садоводу люблино ва южный варотаи шахри Москва хело ва хело но адолатихое вучуд дорад аробакашхои ин бозорхо ки Раиси калонашон Хочи Чабор ва бародараш хочи Толиб як рузи сиех доранд, хозир бозорхо бастааст дар як холи хело танг зиндагиашон мегузарад ин дарандахои аср ба гуфтаи худашон Рамазон Рахимзода кришашон хаст. барои биркара гирифтан ки 6 мох ичозати кори дорад аз 30 то 60 рубли руси пардохт мекуни болои ин рузона 700 рубл ароба пули метии е кор биё е не болои ин 6-мох ки сипари шуд бо барои продилит кардан хамин пулро талаб мекунан, як инсони хакгу буд дар пушти ин аробакашову мухочирин ваям худо рахматуш куна акаи Каромат Шариф буд ки депортуш кардан ин пасолу консул бошад хама муздирони хамин бригадирхои хоин хастан дар бозори люблинои москва хочи САМАД буд хамин ахволи паста бечора аробакашо доштан Хочи Чабор хочи Самадада аз ин бозор ронда кард ва зимоми бозорро дар даст гирифт. Ин харду ХОЧИХОИ ОХИР ЗАМОН аз нохияи Рудаки шараки оли совет мебошан, хочи Самад бошад раиси хизби хоким дар шахри москва мебошан хозир дар консулгарои шахри москва кор мекунад. Ин хунхори дигараш бошад Хочи Чабор идома дода истодааст зулми болои точикро.Домулои хакгу хар сухану иктибосе овардам ин ягон бофтаву дуруг нест Валлох худованд шумову хамкоронатонро нигахбон бошад бо ин барномахои муфиду хелло чаззоб(оми)

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.