Агар ҷасади домоди Ш.Хайруллоев намебуд ҳеҷ мурда ва зинда аз Русия оварда намешуд

Агар ҷасади домоди Ш.Хайруллоев намебуд ҳеҷ мурда ва зинда аз Русия оварда намешуд

 

    Интиқоли аҷсоди муҳоҷирин аз Маскав ба Душанберо телевизионҳои Тоҷикистон ба таври густарда бозтоб дода ва сӯҳбатҳоеро аз бастагони мурдаҳо мунташир карданд,ки бо шукргузорӣ аз “ин иқдом”-и инсонпарваронаи Раҳмонов ҳарф мезаданд.

 

Раҳмонов ва телевизионҳои ба видеомагнитофон табдилшудаи вай ба ҷойи онки узр пурсанд,  ки ин ҳама муддат тобутҳоро наоварданд ва модару хоҳару зану фарзанду падари ин нафарони мусибатзадаро дар ҳолати ногувору бади рӯҳиву равонӣ қарор доданд, наздикони онҳоро водор карданд, ки бигӯянд мо аз гирифтани ҷасад ва тобутҳо “вақтамон хуш шуд”. Бор, худоё! Мардум ва миллати моро Раҳмонов  ба чи рӯзу рӯзгоре расонид, ки мурдаашро дар даруни тобути оҳанӣ мегираду шукри ӯ мекунад. Аз ин дида рӯзи баду сиёҳе барои миллат мешавад?

 

То бастани роҳҳои заминиву ҳавоӣ тобути муҳоҷирин аз Русия ба ватанро магар Раҳмонов меовард, ва ё тобутҳо оварда намешуданд?  Роҳҳоро, ки давлат баст, дигар аҷсодро кӣ метавонист оварад? Агар Раҳмонов ғамхору дар фикри мурдаву зиндаи мардум буд чаро пештар аз рӯзи 19уми май ҷасадҳоро наовард? Аҷсоди тоҷикҳо дар “морг”- ҳои шаҳрҳои Русия болои ҳам шуданд, тал зада шуданд, ғарам шуданд. Раҳмонов медонист бохабар буд ва метавонист,ки биоварад.Вале наовард ку?

 

Аз тарафи дигар шумо шахсан чи фикр доред, ба ин тарафи қазия,ки як шахсе, ки як моҳ,ду моҳ ва ё бист рӯз пештар хабари фавти азизи муҳоҷири мусофирашро шунидааст ва баъди ин ҳама фурсат фурудгоҳ омадаву тобути ӯро гирёну нолон ба хона, балки ба мотамхонааш мебарад, мефорадаш ва мебоядаш, ки ҳамаро гузорад канору дар телевизион ба додани интервю ва дар ҳаминҷо ҳам ба мадҳу санои Раҳмонов бипардозад? Ҳатто аз рӯзи баду мусибати болои мардум ба манфиати Раҳмонов баҳракашӣ мекунед. Шарматон бод, шумо барин журналистони чоплуси беинсофу бевиҷдонро.

 

Хуб, кӣ бояд аҷсодро биоварад, дар шароите, ки марзҳо бастааст. Магар давдат ва роҳбарияти давлат масъулият надорад. Агар ки шароит одӣ буд ва роҳҳо кушода касе аз Раҳмонов  намепурсид ва коре ҳам надошт ва худаш тобутро меовард. Пас, ин чи ҷои шукргузориву ғамхори халқ ҷилва додани Раҳмонов аст?

 

Ҷасади 28 тоҷики муҳоҷир, ноновари хона, таъминкунандаи бюҷети давлатиро танҳо аз як парвоз ва танҳо аз як гӯшаи шаҳри Маскав  дар фурудгоҳ пойин мекунанд, тобутҳо қатор мешаванд, фазои фурудгоҳи пойтахтро бӯи “груз-200” ва “синковий гроб” пахш мекунад, аммо ин шабакаҳо аз ин мусибат ҳарфе нагуфта, номе аз ягон муҳоҷири дар даруни тобут ва сабаби марги ӯро набурдаву нагуфта ба таърифу тамҷиди Раҳмонов пардохтанд, ки ҷасадҳоро овард. Ба кадом нормаву меъёри ахлоқи инсонӣ ин кор мувофиқ меояд?

 

 Ҳатто як нафар аз наздикони  яке аз ин аҷсод мегӯяд,ки мо мурдаамонро гирифтем раҳмат ба ҷаноби олӣ мо вақтамон хуш аст. Бубинед, худову ростӣ ин ҳарфҳо дар шабакаҳои маҷозӣ аз ҷумла дар фейсбук ҳам давр хурда истодааст. Оё дилу ҷонатон ба дард намеояд, ки то ба ин сатҳу зина саркӯбу покӯбу пасту ҳақир шуд миллат?

 

Вале сабаб чи шуд,ки Раҳмонов баъди беш аз ду моҳи бастани ҳарими ҳавоӣ ва расидани доду фарёди муҳоҷирон,махсусан депортшудаҳои дар нигаҳдориҳои муваққати мақомоти Русия-“спетсприёмникҳо” боздоштшуда ба фалак, ба ин натиҷа расид, ки бояд онҳоро биоварад ва таваҷҷӯҳ кард ба аҷсоди тақрибан мумиёгаштаи муҳоҷирон дар мурдасароҳои шаҳри Маскав?

 

Иллати овардашудани ҷасадҳо ба хотири ҷасади домод буд

 

  Гап дар ин аст ки дар Маскав рӯзи 14 ва ё 15 уми май язнаи Шералӣ Хайруллоев,вазири собиқи мудофиаи Тоҷикистон даргузашт. Раҳмонов барои интиқоли ҷасади ӯ ногузир шуд, ки як парвози чартерӣ ташкил бидиҳад. Як манбаъ аз қавли бастагони язнаи фавтидаи Шералӣ Хайруллоев гуфт,ки Раҳмонов бо Путин барои анҷоми ин парвоз сӯҳбат карда ва иҷозати ӯро дарёфт кард ва сипас бастагони Муҳаммадҷон Алиев,собиқ муовини Прокурори нақлиёти Тоҷикистон, язнаи Шералӣ Хайруллоев  бо ин парвоз ба Маскав омада ҷасади ӯро ба ватан интиқол додаанд. Барои онки дар ин бора гапу калоча зиёд нашавад боз 40 ҷасади тоҷикро дар ҳамон рейс ба Душанбе овардаанд. Ҳоло то онҷое маълумот расидааст,12 тобут бесоҳиб аст ва мақомоти Тоҷикистон дар суроғи наздикони онҳо ҳастанд. Умед Алиев,писари Муҳаммадҷон Алиев, яъне ҷияни Шералӣ Хайруллоев ҷасади падарашро овардааст. Умед низ дар прокуратура кор мекунад. Чанд муддат ҷонишини прокурори шаҳри Ваҳдат будааст. Падари ӯ Муҳаммадҷон баъди баромадан ба нафақа  моҳи ноябри соли гузашта ба Маскав рафта ва онҷо як хона харида барои гирифтани маоши бознишастагии Русия аснодашро дар Русия пешниҳод карда будааст. Аммо вақте роҳҳо баста мешавад ночор онҷо мемонад. Хуб,ки дигар насибаш набудааст,ки моҳонаи бознишастагии Русияро бигирад. Вале марги ӯ ва овардани тобути вай сабаб шудааст, ки беш аз 200 муҳоҷири тоҷик ва низ ҷасади 40 нафар бо шумули худи Муҳаммадҷон Алиев ба ватан баргардонида шавад.

 

Тоҷикайр ба хотири пӯшонидани асли сабаби парвозаш ба Маскав гуфт, ки минбаъд парвозҳо ташкил хоҳад шуд аммо вазорати хориҷӣ дафъатан эълон кард, ки ҳарими ҳавоӣ баста аст ва ин парвоз истисноӣ буд. Бале, вазорати хориҷӣ ин бор рост гуфт вале то ба охир нагуфтки сабаби асосии парвози мазкур овардани ҷасади язнаи Шералӣ Хайруллоев аст ки баъзе аз бадзабонҳо ӯро хусури ғайрирасмии Раҳмонов мегӯянд ва ба хотири роҳат накардани хусур Раҳмонов ба Путин дар тамос шуда иҷозаи ин парвоз ва овардани ҷасади язнаи Шералӣ Хайруллоевро гирифтааст.

 

Аз ин лиҳоз ончи журналистони дарборӣ ва чоплуси телевизионҳои давлатӣ аз ин ҳодисаи дардовар ба манфиати Раҳмонов баҳракашӣ карда мардуми бечораро водор ба таърифу тамҷиди Раҳмонов водор карданд, як бори дигар исбот карданд, ки агар Раҳмонов бигӯяд, ки шир сиёҳ аст онҳо ҳам ширро сиёҳ мебинанд. Дар ҳоле,ки мо медонем Раҳмонов агар ними халқи тоҷик бимирад ҳам кадом парвое надорад. Бояд ба арвоҳи язнаи Шералӣ Хайруллоев дуо фиристод,ки мушкили хеле аз зиндаҳо ва ҷасадҳоро бартараф кард. Агар ӯ намемурд ҳеҷ шаҳрванди зинда ва ҳеҷ ҷасаде ба кишвар намеомад.

 

    • Nill26 мая 2020, 22:15

      100% Ин АВЛОД лаини Харомхур хеч дар фикри Мардуми Точик нест. Лаънат ба Косалесон ба Журналистони Другуй Хароми Хукумати Дузд.

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.