Дар Истаравшан ба табибон кумак карда бозпас гирифтанд

Дар Истаравшан ба табибон кумак карда бозпас гирифтанд

 

Талаву тороҷи ёриҳои башарии хориҷӣ  аз тарафи Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмону Шамсулло Соҳибов ва аз номи худ тақсим кардани онҳо ҳокиму ҳокимчаҳоро дар тақлид ва пайравии эшон дар манотиқи кишвар шераку шердил кардааст. Муҳимтарин лаҳза ва ё ҳолати тақсими ёриҳои ба истилоҳ “башарӣ” дар манотиқу навоҳии кишвар барои ин ҳокиму ҳокимчаҳо ҳам дар тақлид ба Пешвову пасвоҳояш сабти раванди тавзеъ ва нашри ба такрори ин наворҳо аз тариқи телевизионҳои маҳаллӣ мебошад. Бо ҳамин васила аз як сӯ ҳамҳамаву воҳима мекунанд, ки “дар пайравӣ ба Пешво ва Асосгузори миллат” ёрӣ расонидаанд ва аз тарафи дигар мисле,ки як қаноате аз ин амали худ ҳосил мекунанд: чунки онҳо ба  мардуми муҳтоҷ ва ниёзманд кӯмак кардаанд.

 

  Аммо коре, ки дар Истаравшан, дар бемористони марказии ин шаҳри қадимӣ иттифоқ афтод, дар шаъни ин мардуми сарбаланду саховатпеша ва соҳибкорону тоҷирони номӣ намезебид, мояи шарм буд ва боварнакарданӣ. Дуруст аст ки дуздии Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмону Шамсулло Соҳибов ва худи Пешво аз амборҳои кӯмакҳои башарӣ дафъатан ошкор шуд ва ҳатто як масъули “Авесто-групп”,ширкати хусусии Рустам ва руфақояш тавзеҳ дод,ки маводду маҳсулоти имдодии онҳо дар як “анбор” бо ёриҳои башарии Ҷумҳурии Мардумии Чин будаву ба ҳамин сабаб як каме иштибоҳ рух додааст, аммо ончиро ки дар Истаравшан рух дод, ҳатто наметавон “дуздӣ” ном гузошт.

 

Хонандаи  гиромӣ, инҷо ҳодисаи тақсими ёриҳои башардӯстона барои бемористони марказии Истаравшанро аз забони як пизишк баён мекунам. Вале ин табиб таъкид кард,ки исму насабаш пеши мо амонат аст ва мо ҳам дар чаҳорчӯби шариати муҳаммадӣ дар амонатдорӣ хилоф нахоҳем кард.

 

Тибқи маълумоти расонаҳо дар Истаравшан бештарини шумори гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори зиёде аз мубталоёни коронавирус дар бемористони марказии ин ноҳия таҳти муолиҷа ва дармон қарор гирифтаанд. Аз ин ҷост ки Абдуғаффор, як соҳибкор ва нафари доранда аз рӯйи ҷуду ихлос ва ухувват, на дар пайравӣ ва тақлид, дасти карам бикшода ва ба табибону парасторони беморхонаи мазкур як миқдор орду рӯған хайр кард. Дар ҷараёни тавзеъи ин кӯмакҳо чанд нафар аз масъулин бо роҳбарии Нигора Аслонова, муовини раиси ноҳия ҳам ширкат ва қаҳрамони асосӣ дар наворҳои бардоштаи телевизион шуданд. Мояи тааҷҷуб ин буд,ки ин муовини раиси ноҳия барои бинандаҳо ошкоро ва бо забони дароз,ҳатто мижааш ҳам таҳ нахӯрда мегуфт,ки ин соҳибкор кӯмакҳоро бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат кардааст. Ва баъди эроди як ё ду ҷумла тамоми ин ҳама кӯмакҳоро ба Пешвои миллат марбут донист ва ба ситоишу таърифи вай пардохт, дар ҳоле,ки мо медонем, ки Пешво тамоман дар ин кор дахл надорад.

 

  Баракс Пешвову домодаш Шамсуллову духтараш Озода тамоми кӯмакҳояшонро ба самти вилояти Хатлон ва Данғара нигаронидаву фиристоданд. Ва гузашта аз ин чи миқдор аз ин кӯмакҳоро тавассути “Сифат-фарма”-ширкати Парвина Раҳмонова, духтари дигари Пешво дар дорухонаҳои кишвар тавзеъ ва ба савдо заданд. Ҳатто сарулибоси муҳофизатии  дар дохили ёриҳои башарӣ расида аз хориҷаро ҳам барои  табибон фурӯхтанд. Кор ба ҳадде кашид,ки худи мардум даст ба кор шуда пул ҷамъоварӣ карда барои бемористону табибону парасторон сару либос,айнак  ва дастпӯшу попӯш харидорӣ карданд. То онҷо ки хабарҳо мерасанд,UNISEF-Бунёди атфоли СММ ва намояндаии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе мусаммам бар ин шудаанд,ки ёриҳои худро мустақим аз тариқи ризокорони муҷарраб дар кор бо созмонҳои байналмилалӣ ба ниёзмандон бирасонанд. Зеро талаву тороҷи Раҳмонов ва бастагони ӯ аз кӯмакҳои имдодии хориҷӣ дар тамоми расонаҳои дунё ҳарфи сари забонҳо шуд ва ба хотири аз чанголи ин дуздакон наҷот додан даст ба чунин амал задаанд. Коре,ки воқеан ҳам шанеъ ва хиҷолатовар аст, ки мақомоти олии як давлат бар дуздии кӯмакҳои башарӣ муттаҳам бишавад ва барои онки дигар мавриди эътимод ва боварӣ нест ин ёриҳоро ба ёригирҳо худи хориҷиҳо тақсиму тавзеъ мекунанд. Аммо боз ҳам шарму ҳаё накарда, бо ҳамин пӯстғафсии қабилаӣ моски кадом давлати хориҷиро дар фуку манаҳи худ ва бачаашу Сарвазир баста аз кадом як “времянка”,ки бо пулу маҳсулоти давлати Узбекистон  ҳамчун бемористони саёр дар вагонҳо рост кардааст ва онҷо ҳанӯз пойи кадом як бемор он тараф истад,пизишк нарасидааст, дидан мекунад. Аз коронавирус сахт тарсидагӣ. Вале ин коронавирус ҳам гуфтааст,ки то Эмомалӣ Раҳмоновро нақапам намеравам. Акнун,ки ӯ мард бошаду Пешво,ки воҳима мекунад, ҷонашро барои ин миллат дареғ намедорад,як бор аз бемористони Якум Советский ва Горинфексионӣ  дидан карда бо табибону беморон сӯҳбат кунад,то маълум шавад қавлу амалаш як аст.

 

Ва,ҳамин тавр ин табиби истаравшанӣ мегӯяд,ки мо-табибон ва парасторонро дар саҳни ҳавлии беморхона ҷамъ оварданд. Дар наздамон рӯғани растанӣ ва ордҳоро гузоштанд. Гуфта шуд,ки ин кумакҳо барои он аст ки табибон имрӯз дар мубориза бо коронавирус ҳатто ҷони худро ҳам фидо карда мардумро наҷот дода истодаанд. Аммо ҳамин ки наворбардор ва он соҳибкор як каме дуртар шуда буданд,ки сармуҳосиб бо дастури муовини раиси ноҳия  хонум Аслонова тамоми кӯмакҳоро аз даст ва назди мо баргардонида гирифтанд ва бурданд. Нигора ба тарафи сармуҳосиб ишора карда буд, ки ӯ ҳам чусту чолок ҳамаро дар як нафас пас гирифт. Муовини раиси ноҳия гуфт,ки “инҳо барои дигар касҳо аст”. Аммо моро ҷамъ овардану дар назди мо гузоштани баклажкаҳои 5 литраи рӯған ва халтаҳои орд,ҳамагӣ “пиар”-и мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия ва як навъ “показуха”-и ҳамин ҷараёни тавзеъи ёриҳо будааст. Дар телевизион нишон доданд,ки ин ҳамаро ба табион дастрас кардаанд. Рости гап чунин муомила ва рафтори мақомоти ноҳия ва бахусус муовини раиси ноҳия бисёр ҳам сахт расид ва мо қарор кардем,ки дигар кор набароем, басаш мекунем. Ба худ гуфтем,ки кор агар ҳамин тавр бошад ба мо даркор нест. Ман, ба ҳайси табиб мехоҳам аз ин тарзи кори онҳо, аз муовини раиси ноҳияи Истаравшан тамоми мардум бохабар шаванд.

 

Моро бозича ҳисобиданд, таҳқир карданд,мисле,ки ба кӯдак як чизеро медиҳиву баъдтар аз дасташ кашида мегирӣ, баъди буд шудани корат, ҳамин хел рафтор карданд. Ба номи мо тақсим карданду навор бардоштанд аммо ба коми дигарҳо расониданд.

 

Ин ҳама “показуха” ба чи даркор буд. Гӯиё моро дастгирӣ мекунанд. Афсӯс, ки ин калонҳои мо сер намешаванд. Ҳатто ҳамин як “гумпомош”-садақаи як соҳибкорро ҳам аз дасти пизишку  парастори муҳтоҷ зада гирифтанд. Соҳибкор барои мо-табибон оварда буд, қутти рӯғанро пеши мо гузошта гуфт, ки ин ҳама барои шумо, ба хотири ризои Худо, ба хотири онки шумо дар ҳақиқат ҳам ҳаррӯз бо марг гиребонгирӣ мекунед. Аммо ҳамин ки ӯ аз бемористон бароям-набароям буд,ин ҳамаро аз дасти мо кашида гирифтанд. Сармуҳосиб гуфт,ки барои роҳбарони беморхона,ки авзоъи зиндагониашон хуб набудааст низ медиҳанд. Дар ҳамин ҳолату вақти зиқӣ боз зиқтарамон карданд. Барои мо то ҳамин имрӯз “спетсодеждаҳо”-ро шуста ва аз нав ҳамонҳоро медиҳанд. Ин сарулибоси махсус бояд ҳар 6 соат иваз бишавад аммо дар мо бошад ҳар чаҳор ё панҷ рӯз мегиранду мешӯянду боз ҳамонҳоро медиҳанд. Бояд онҳоро  бисӯзонанд. Мо дар ҷавоб ба чунин издиватсия карданашон ба ин қарор расидем,ки кор намебароем. Ман барои онҳое,ки ин наворҳоро тамошо карданд,гуфтаниам,ки аслан бовар накунед,ин ҳамааш дурӯғ, як “пиар” ва як спектакл буд.

 

         Ин  буд қиссаи тақсимоти ёриҳои расонидаи соҳибкори истаравшанӣ ба табибону парасторони бемористони ноҳия,ки онҳоро ҳамчун кӯмаки Пешво ба духтурон реклама карда навор гирифтанду вале дар охир ин ҳамаро аз мо бозпас гирифта куҷое  бурданд......

 

    • Мухочир22 мая 2020, 17:44

      Табибон низ баҷои лаббай гуи вақте, ки мансабдорон бемор мешаванд айнан чунин рафтор намоянд

    • Мухочир22 мая 2020, 17:46

      Табибон низ бо онҳо ҳамин тавр нишон диҳанд

Андешаи Шумо

Email шумо нашр карда намешавад.