Э.Раҳмонов: Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст. Мада п.....й

Э.Раҳмонов: Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст. Мада п.....й

Э.Раҳмонов: “Саломатии ҳар кас дар дасти худаш аст. Мада п.....й”

 

  Раҳмонов омода нест,ки дар кишвар карантин ҷорӣ кунад. Маълум нест,ки бар пояи кадом ҳисобу китоб ва дар чаҳорчӯби кадом барнома ҷараёни тӯфонии ин бемории миллаткушро гирифтанист, вале ин бор ҳам бо гарданғафсӣ ва якравӣ ба ҳушдори ҳайати Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ,ки гуфт шумори гирифторон ва табъан, ки кушташудаҳо дар Тоҷикистон ҳар се рӯз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, ҷиддӣ намегирад. Ҳоло бо қатор кардани мошинҳои ҳомили маводи ғизоӣ ва сару либосу доруворӣ ба манотиқи кишвар боз ҳам як маъракаи аблаҳонаеро ҳамроҳ бо домоду духтару бачаашу ҳатто бачаи “телех”-аш  ба роҳ монда, фикр дорад, ки бо ин “кӯмак”-ҳо ба дарди мардум даво мешавад. Онки Раҳмонов ин ҳама молу маводро ба навоҳӣ интиқол медиҳад, кӯмак аст ё масъулияти раиси як давлат, суоли дигар аст.  Вале оё Раҳмонов бо ин кораш иштибоҳ, балки ҷинояти зиддимиллии худро ҷуброн карданӣ аст? Ин “кӯмак”-ҳо,ки маълум шуд, низ дуздӣ ва як фиребу хокпошии дигар ба чашми мардум аст, нӯшдоруи баъди марги Сӯҳробро монад, ки Раҳмонову Рустаму “Авесто-групп”-у Озодаву Шамсулло тавзеъ карда истодаанд.

 

Савол ҳам инҷост ки чаро ин хонавода тоза ба ёди мардум афтодааст? Агар ба ёди мардум буд,чаро қабл аз онки ин вируси аҷалоғӯш фарогир бишавад, чораҳоеро, ки ҳамсоякишварҳо ба кор гирифтанд, татбиқ накард ва ҳол дам аз “чаҳор моҳи оромӣ” мезанад? Вай иқрор кард, ки медонист дар ҷаҳон ин вабои оламгир дорад вайронӣ ва бедод мекунад. Аммо “чаҳор моҳро ором” гузаронд. Ҳоло акнун натиҷаи оромии чаҳормоҳаро дида истодаем, балки заҷру ранҷу дарду азобу ғаму кулфату сӯгу мотами онро боз ҳам мардуми мустаманд, забун ва залили тоҷик кашида истодааст. Агар “чор моҳро ором” намегузаронд ва мисли Узбакистону Қазоқистон ва Қирғизистон карантина ҷорӣ мекард, имрӯз мо дар чи шароиту вазъияте қарор доштем? Танҳо ва танҳо барои онки Рустамро раиси Маҷлиси Миллӣ кунад, тамоми мардумро ба куштан дод. Миллат ва мардум ҳақ дорад, ки аз гиребонаш бигирад ва бипурсад, ки ту чи рақам раиси давлат ҳастӣ,ки надонистӣ ва натавонистӣ паёмадҳои ин балои одамхӯрро ба эътибор бигирӣ?! Намедонист,ки пушти ин “оромӣ”-и дурӯғӣ чи тӯфоне ниҳон аст? Аз 15-уми март то ҳоло, яъне қариб дар ду моҳ дар Узбекистон 10 кас мурд, дар Қирғизистон 12 нафар, аммо дар Тоҷикистон танҳо дар ду ҳафта 300 кас ва танҳо аз шумори духтурҳо наздик ба чиҳил нафар ҷони худро аз даст доданд. Омори Қазоқистон бештар аст (32 нафар), вале аҳолии он низ аз Тоҷикистон ду баробар зиёдтар аст. Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд,ки айни замон беш аз 100 000 сироят ёфтааст ва шумори кушташудаҳо аз 3000 кам нест. Қабрҳои селофанпеч ва қатори Сари Осиё ва Нагорний дар тамоми Тоҷикистон назир ва мисл доранд.

 

 Зимнан Бонки ҷаҳонӣ ҳам шумори  қурбониёни ин беморӣ дар Тоҷикистонро то 23 ҳазор пешбинӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳоле аст ки мо тоза вориди марҳалаи паҳншавии он шудаем ва авҷи он яъне муромурии оммавӣ дар пеш аст.

 

 Агар “чаҳор моҳро ором” намегузаронд ва мисли Шавкат Мирзиёев ва дигар роҳбарони давлатҳо барномаҳои зидди короновирусӣ ба иҷро мегузошт, шумори мубталоён ва кушташудаҳо ба ин сатҳу ҳад намерасид.

 

 Ҳоло имрӯз аст ки ба ном олимон аз Институти Осиё ва Аврупои АМИТ гуфта истодаанд,ки “ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наметавонист кишвари моро сарфи назар кунад”.

 

 Агар ин тавр “олим” будед чаро қабл аз ҷашни Наврӯзи Раҳмонов ин гапҳоятонро нагуфтед ва ҳоло аз наҳзативу аз хабарнигорон душмантарошӣ доред, ки ингор аз коронавирус хурсандӣ карда истодаанд.Шумо номаъқул кардаед,ки мо хурсандӣ карда   бошем. Ду моҳ қабл,ҳанӯз дар моҳи март устод Муҳиддин Кабирӣ бо даҳ пешниҳоди мушаххас Раҳмоновро ҳушдор дод, ки пеши роҳи ин ваборо, то дер нашуда бигирад. Ҳоло чи шуд? Ин натиҷаи рақсу бозии Раҳмонову иди картошкаву адрасу атласи ӯст,ки миллат дар мотам нишастааст. Мо сад раҳ гуфтем,ки ҳамсоя мотам дорад, мастиву майхорагӣ ва базму ҷашн ҷоиз нест.

 

Имрӯз боз ҳамин ҳамсоя аст ки “помош” карда истодааст.

 

Аслан чиро фикр кард, ба чи такя кард,ки кадом тадбири ҷиддие барои ҷилавгирӣ аз он анҷом надод?  Хесту масту аласт иди Наврӯзу атласу адрасу картошка доир кард. Ҳам коршиносону мутахассисони Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва ҳам аз Бонки ҷаҳонӣ ва низ коршиносони худи тоҷик омору арқомеро ироа карда истодаанд, ки нишон медиҳад то чанд рӯзи дигар шумори кушташудаҳои коронавирус дар қаламрави шӯравии пешин беш аз ҳама дар Тоҷикистон хоҳад буд. Боз ҳам савол ин аст ки бо айби кӣ?

 

   Чаро пешбинӣ накардед, чаро таҳлилу баррасӣ накардед? Ё медонистеду амдан, махсус махфӣ  ва пинҳон доштед? Натиҷа чи шуд? Обрӯву эътибори бе ин ҳам набудаи худро аз оби гандида ҳам поинтар бурдед?

 

 Чаро дар соли 2016 барои соли 2020-и Рустам пешбинӣ карда тавонистед? Чаро дар соли 2015 барои “якумра” карданӣ худ нақшаву қонун навишта тавонистед? Аммо чаро аз мусибат ва фоҷеае,ки аз чаҳор сӯй кишварро фаро гирифт ва дунё бонги хатар мезад натавонистед, ки пай бибаред? Кӣ бовар мекунад, ки то ба ин ҳад нофаҳм ҳастед? Кӣ бовар мекунад,ки ин ҳамаро Раҳмонов надид? Кӣ бовар мекунад, ки Раҳмонов нафаҳамид? Кӣ бовар мекунад, ки ба Раҳмонов нагуфтанд ва нафаҳмониданд?

 

Ҳол агар сад миллион бор фарзанди фарзонаву наҷотбахши сайёраву абармарди дунёву абарқудрати миллат хонед ҳам маълум шуд,ки вай барои миллат ва мардум заррае аҳамият ва эътибор қойил нест. Агар интихоби Рустамро баъди 17 апрел мегузаронд, чи мешуд? Масалан баъди онки ҳамроҳ бо миллат,ҳамон гуна ки роҳбарони дигар кишварҳо карданд, даврони бадбахтии короновирусро тай мекард, кишвар аз ин вабо халос мешуд, ҷаласаи интихоби Рустамро баргузор мекард,чӣ мешуд? Мактабу донишгоҳу масҷиду бозорҳоро карантин кардед,шуд, ку? Чаро ҷаласаи интихоби Рустамро ба таъвиқ наандохтед?

 

Магар ягон довталабе дигар ҳам буд,ки ба ҷои Рустам чашм дӯхта бошад? Бешак,ки набуд. Ҳоло як моҳи тамом аз интихоби Рустам ба мақоми раиси Маҷлиси Миллӣ сипарӣ шуд. Хуб,мардум ва Тоҷикистон чи бурд кард? Шароити мардум ва Тоҷикистон ба кадом самт тағйир кард? Мусбат ё манфӣ? Пойи қадами Рустам муборак омад ё наҳсиву балову вабо овард? Тоҷикистони то раиси Маҷлиси Миллишавии Рустам тинҷу орому осуда буд ва ё баъди он? Ба Тоҷикистони “ором” наҳсиву нияту нақшаи шуми Рустаму падараш расид ё ки чӣ, ки ҳамарӯза даҳҳо нафар инсонҳои сип-сиҳат ғалтида мурда истодаанд. Ҳоло чаро баъд аз онки кишварро “заразит” кардед, дастқапон аз бемористонҳо дидан намекунед? Дастқапон сайри гулҳои Душанбе баромада будед,ку? Чаро ҳоло мисли муш дар хафолатон пинҳон шудаед?

 

Кишварро мотамхона ва қабристон кардед, танҳо барои онки Рустамро раиси Маҷлиси Миллӣ кунед. Рустам ҳам дар як даврае,ки хуни халқи тоҷик рехта истодааст,мусибат аз бому бомгӯша ва мӯрии мардум ба фалак дакка мезанад, дар курсии қудрат нишаст. Дар курсии хунпӯш ва хунолуда.

 

Акнун имрӯз аст хотиратон ҷамъ,Рустам,ки раиси Маҷлиси Миллӣ,одами дуюм шуд,бо дили пур болои гӯри миллат селофан мепӯшонеду мегӯед,ки сабаб борон аст. Соли гузашта борон набуд?

 

Акнун имрӯз аст ки бо дили пур  “помош”-ҳои дуздиро корвон карда ба Хатлону Бадахшону Суғд тақсим карда истодаед. Як раҳ фикр намекунед, ки чаро фақат аъзои хонаводаи шумо имрӯзҳо сахт “дастбахайр” шудааст. Як раҳ ба чапу ростатон,масалан ба ҳамин Мирзиёев ва Син Ҷин Пин наменигаред,ки ҳамин кори шармовари шуморо дар онҷо ҳам карда бошанд?. Яъне “кӯмак” карда бошанду боз ТВҳо онро аз саҳар то шом “крутит” кунад? Ин масъулият ва рисолати як роҳбари давлат нест? Ин кӯмакҳои шумо ду чизро исбот кард. Яке инки воқеан ҳам шумо дузди зӯред,ки соҳиби говро бастан мехоҳед, чун ин ҳама молу мавод мутааллиқи миллат аст. Ва дуввуми инки шумо исбот кардед,ки бо ва аз они ин миллат нестед. Фарқи миёни шумову Мирзиёев ва Қосимжомат Тоқаеви қазоқ барои миллати тоҷик нест. Чун онҳо ҳам ончиро, ки ба мардуми тоҷик доданд,”кӯмак” гуфтанд.

 

Ҳамин ҳоло ҳам шумори дақиқи мубталоён ва қурбониҳои коронавирусро пинҳон карда истодаед. Шумо бо ин амал ва иқдоми худ боз ҳам мардумро ба куштан дода истодаед. Агар Раҳмонов дар қисса ва ғами миллат буд, дар як чунин шароит вазири тандурустии кишварро ҳатман аз Данғара таъйин намекард. Ҳатто дар ҳамин шабурӯз ҳам аз маҳалгароӣ ва қавмпарастӣ даст накашид. Ҳатто дар сатҳи васат ва поинтар ҳам ҳаммаҳаллу ҳамшаҳриҳояшро ҷобаҷо карда истодааст.

 

Магар дар худи Бадахшон милиса нест,ки ҳатман як ҳаммаҳалли Раҳмон раваду сардори милисаи бадахшониҳо бишавад? Агар ҳадафи Раҳмонов ба миллат хизмат кардан буд чаро сардухтури бемористонро вазири тандурустӣ эълон накард? Гӯий сабаби аз кор рондани вазири собиқи тандурустӣ пинҳон доштани воқеият будааст. Ин сардухтури хуҷандӣ,ки воқеан ҳам қаҳрамон ва бономустарин тоҷики имрӯз аст касалҳоро ба хонаҳо рухсат накард, агарчанде дар гулӯяш корд гузоштанд. Ва тарки вазифа кард, довталабона гуфт, ки бигиред, лозим надорам, барои ман ҷону саломати миллатам муҳим аст, ба савдо намезанам. Имрӯз мисли ӯ инсонҳо кам астанд, ки аз баҳри мансабу вазифа ба хотири ҷони мардум бароянд. Дар тамоми бемористонҳои пойтахти Тоҷикистон аз навоҳии вилояти собиқ сардухтур таъйин кардааст. Як фелдшер ва медбрати онҷо дар пойтахт сардухтур аст.”Сифат-фарма”-и духтари Раҳмонов ин системаро ҳамроҳ бо “Фароз”-и язнааш дигар мисли коронавирус балъида истодаанд. Барои кутоҳбаёнӣ ду мисол меоварам.

 

Ҳоло тамоми лаборатория-ташхисгоҳҳои бемористонҳои кишвар барои ин ду кор мекунанд. Як ташхиси 18 сомонӣ 180 сомонӣ шудааст. 15% дар бемористонҳо намемондааст. Ҳамаашро ҷамъу ҷӯр карда ба суратҳисоби “Сифат-фарма”  мефиристанд. Фароз шираи камолро бо як қарори махсуси Раҳмонов монополия карда ва солона 40 миллион даромад дорад, аз ҳисоби тиҷорати он.

 

Дар ҳамин шабурӯз ва бо суиистифода аз мақом барои бемористони маҳз Данғара кӯрпача тақдим кард?Аввал хешу баъд дарвеш. Бигзор сад раҳ Пешво бигӯед,аммо ман мегӯям, ки аз тафаккури колхозӣ ҳанӯз раҳо нашудааст. Намедонад, ки рисолати раиси як давлат чӣ аст? Чаро бояд коргоҳу шуғл сохт.  Мо ва халқи Тоҷикистон тайи 28 соле,ки Раҳмонов дар сари қудрат аст дида истодаем,ки ҳамеша мушкилро давлат болои миллат ва мардум бор мекунад. Давлат ва шахси Раҳмонов аст ки ин ҳама муддат ҷомеаро дар бадбахтӣ гирифтор мекунад ва мардум дар даруни бадбахтӣ истода ҳам худ ва мутаассифона ҳам давлатро наҷот медиҳанд. Вагарна оё чи зарурате буд, ки дар Данғара Донишгоҳи давлатии тиббӣ ташкил кард ва миллионҳо доллари бюҷетро бароион сарф намуд? Магар намешуд, ки ҳадди ақал онро дар Кӯлоб сохт,то донишомӯзони он ҷойи таҷрибаомӯзӣ дошта бошанд?

 

 Дар сӯҳбати ахираш бо руасои вилоёт ва навоҳии кишвар аз онҳо хостааст,ки “сипос”-и ӯро ба табибон,ки бирасонанд. Ва,ҳоло мисле,ки сару либос ҳам гӯиё додааст. Аммо як табиби Қарияи Боло бо сад дарду алам гуфтааст,ки чаҳор маротиба аз ҳисоби худаш 200 сомонӣ либоси муҳофизатӣ харид, аммо акнун,ки баҳои он 400 сомонӣ шудааст, имкон надорад. Аммо онки чаҳорсад сомонӣ нарх гузоштааст,кист? Либоси муҳофизатии “гумпомош”ро кӣ ҷуръат карда мефурӯшад?  “Гумпомош”-ҳо дар дасти кӣ аст? Аз хату хабаре,ки аз вазъу ҳоли табибони тоҷик мегӯяд, дили санг  шикофта мешавад. Дар бадтарин шароити мумкин, алорағми ин вабо,бо онки медонанд ҷонашон дар дасти хатар аст, муқовимат ва мубориза карда истодаанд. Раҳмонов ақаллан барои ҳамин табибон натавонист,ки шароити мувофиқ ва муносиб фароҳам созад.

.

20 табиби бемористони «Истиқлол» дар Душанбе,гирифтори COVID-19 шудаанд, онҳое,ки гирифторони ин бемориро муолиҷа мекарданд. Онҳо сарулибос ва айнак надоштаанд, дастпӯш надоштаанд. Ҳоло Раҳмонов бешармона ва бедардона ба онҳо “сипос” мефиристад. Якеаш навиштааст, ки Раҳмонову хонаводааш ин фоҷеъаи бузурги миллиро ҳам ба бизнеси шахсии худ табдил додаанд. Дар натиҷа ҳазорҳо табиб гирифтори короно шуда, бахши аъзами онҳо дар фикри тарки касб аст.

 

Ин нафар чунин навиштааст: “домоди ман дар табобатгоҳи Мансуров — гастроэнтерология, кор мекунад. 14 рӯз дар хидмати беморон буд. Дар 14 рӯз ба онҳо 4 ниқоб доданд ва 4 маротиба либосҳои муҳофизатиашонро иваз карданд. Табиист, ки ҳамаи табибон мубтало шуданд, аз ҷумла домоди ман.

Баъди ин худи онҳо бояд дар ҳамон беморхона карантин мешуданд, чун бештарашон таби баланд ва дигар нишонаҳоро доштанд. Вале баъди 4 рӯз аз онҳо талаб карданд, ки катҳоро барои беморони нав холӣ созанд ва дар ҷои дигар худкарантинӣ кунанд.Хулоса, маҷбур шуданд чанднафарӣ пул партофта хонаеро аз ҳисоби худ барои чилланишинӣ иҷора гиранд, то хонаводаҳояшонро сироят накунанд. Моҳонаи ваъдашударо онҳо то ҳол нагирифтаанд, гӯё дар система халал ворид шудааст. Баъди 14 рӯзи карантин онҳо бояд ба ҷои кори худ баргарданд. Акнун, баъди ин қадрношиносӣ ҳеҷ як аз ин табибон намехоҳад ба ҷои кораш баргардад. Ва домоди ман ягона табибе нест, ки ин қадар ноодилона бо ӯ рафтор кардаанд.

 

Беш аз чиҳил тан аз пизишкони тоҷик бар асари ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст доданд. Дар миёни пизишкони тӯъмаи ин вабо докторону профессорон,ки ҳаёти худро вақфи саломати мардум карда ва то охирин лаҳзаҳо барои тамдид ва бақои ҷони беморон талош варзиданд, на як тану ду тан ҳастанд. Ин талафот ва зойеъаи ҷуброннопазир барои миллати тоҷик аст. Дар воқеъ Раҳмонов ҷони мардуми тоҷикро арзонтар аз ишками худ ва авлоди яъҷуҷу маъҷуҷаш ҳисобид. Кори табибонро сахт мушкил кард. Шароити кишварро фавқуллода ва изтирорӣ намуд. Мардум ва миллат дар як шароити ғайримуқаррарӣ ба сар мебарад. Раҳмонов марҳалаи пешгирии ин ваборо гузаронд. Раҳмонов мусоидат кард,ки ин вируси марговар дар тамоми кишвар паҳн бишавад. Раҳмонов бояд ба мардум ҷавоб бидиҳад, на инки “гумпомош”-и хориҷиҳоро дуздида ҳамчун кӯмаки худу бачаҳояш ба мардум тақсим кунад. Мардуми тоҷик ин бор ба худ суол пурсад, ки аз қирғиз чи фарқ,чи кам дорад?  Чаро қирғиз ҳокимияташ иваз мешаваду мо не?  Чаро наметавонад сарнавишти Қурмонбек Боқиеви қирғизро,ки айнан мисли Раҳмонов мехост писарашро ҷойгузин кунад,бар сари Раҳмонову хонаводаш биоварад.

 

Вируси короноиву чи будагии Раҳмонов ва бахусус “сепермен”-и давлат-Рустами Эмомалиро нишон диҳад,ки дар асл ҳеҷ чизе нестанд.Ҳай гуфтанду мегӯянд,ки симои Душанберо дигар кард,ободу зебо намуд, дар як моҳ бемористон хоҳад сохт, аммо маълум шуд,ки ранги падараш як дуздаки дигар аст. ”Гумпомош”-ҳои Хитойро аз номи худаш ба мардум тавзеъ карда сабабгори шармандагии калон шуд. Агар ин супермен ва дуюмин фарзанди фарзонаи миллат буд, чаро падарашро нагуфт,ки “ата” ҳоло вақташ нест. Мардум дар чи ҳолу рӯзу ману ту дар чи фикру хиёлем. Ба мардум бад мерасад. Ин бисёр ҳам номардиву ноодамӣ мешавад, ки мардум даста даста мурда истодааст,мову ту дар ғами мансабу курсӣ бошем.  Не.Нагуфт.Ва,нахоҳад гуфт.

 

Аз ин хотир ман бо сароҳат ва бо қотеъият ва бо итминон ва бо тамоми овоз эълон медорам,ки  агар дар тамоми давлатҳои дунё вирус бо пойи худаш омад дар Тоҷикистон онро Раҳмонов овард. Бубинед,ки ҳамин ҳоло ҳам мардумро аз як тараф гуфта истодааст,ки  аз хона набароед аз тарафи дигар гуфта истодаааст, ки кор кунед,то зимистон гушна намонем. Агар кор накунед аз коронавирус ҳолатон бадтар мешавад ва мемиред.Ин ба он маъно аст ки“нисфат бимиру нисфи боқимондаат ишкаматро сер кун, зинҳор аз ман чизе нахоҳеду талаб надошта бошед.Саломатии ҳар кас дар дастихудаш аст. Муру тоб овар,муру тоқат кун,мне п......й”!

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.