Ганда мурдан надорад

 

  Раҳмонов,ки чанде мешавад, сар ба сукут ниҳода аз худ дараке намедод, рӯзи 8 май яке  сару калааш дар шабакаҳои маҷозӣ,аз ҷумла Фейсбук пайдо шуд. Ҳатто ин бор паёми ӯро аз шабакаҳои телевизионӣ пештар дар фейсбук гузоштанд, маълум буд,ки сахт аз сарусадоҳо тарс хӯрдааст. Аммо ин танҳо сару садо нест. Ин воқеияти имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон аст ки ҳамагон, сарбасар, мехоҳанд ва мунтазиранд,ки барои тамоми умр несту нобуд ва ғойиби назарҳо ва мафқудуласар бишавад. Ҳар касе занг мезанад, тамос мегирад,мегӯяд  ҳамин хоҳиш ва талабро аз худованд дорад,ки овозаҳо дар бораи гирифторӣ ва бемории коронавируси ӯ рост бошад. Махсусан муҳоҷирони кории кишвар,ки ҳоло дар шаҳрҳои Русия бесарнавишту пур аз азобу азиятанд, садҳо,ҳазорҳо занг мезананд ва  мегӯянд,ки Худоё ҳамин гап рост бошад, Худоё ба ягон бало гирифтор шуда бошад, худоё ҳамин бор ноумед нагардон,ки ҳам аз худаш,ҳам аз чеҳрааш ва ҳам аз гапу ҳарфаш безор шудаем. Аммо чуноне мебинем,ин бор ҳам бояд тоқат кунем ва таҳаммул варзем вале ноумед нашавем,ки як рӯзе аз шараш халос мехурем.

 

Вале ба ҳар сурат аз намедонам, куҷое,ки буд,аз бункер буд, аз подвал буд,аз “запой” буд,ки берун омаду ба гап даромад. Мардумро ба 75 солагии ғалабаи шӯравӣ бар Олмони фашистӣ табрик кард. Маълум аст ки ин табрикот як навъ баҳона ва дастаке шуд,ки чеҳраи равғаниву сару гардани балони газиашро ба мардум нишон диҳад ва гӯяд,ки ман намурдаам. Бубинед,ки ин ҳама муддат мисли муш худро пинҳон кард,аммо ҳоло мехезаду бо як беҳаёӣ мегӯяд:

 

 “Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам”.

 

 Намешавад гуфт,ки дар фикри мардуми кишвар нестӣ. Бале, ҳастӣ. Аммо фикрат ин аст ки чи тавр ин мардумро боз ҳам фиреб бидиҳӣ ва дурӯғ бигӯӣ,то ба хиёбонҳо нарезанд ва ҳокимияти туро сарнагун насозанд. Агар тамоми тадбирҳоро меандешидӣ, имрӯз ба чунин вазъият ва ба чунин аҳвол гирифтор намешудем. Агар дар фикри ҳар як фарди Ватан бошӣ, чаро онҳоро аз Туркия ва Ҳиндустон барнамегардонӣ? Ҳамин рӯз ҳам баъд аз онки рейси чартерӣ аз Ҳиндустон дору овард, онҳо-бандмондаҳо, боз ҳам сару садо баланд карданд, ки ба Ватан бозгаштан мехоҳанд. Аммо туву Рустам дар ғами бизнеси худ ҳастед. Ҳоло ягон маҳсулоту маводди тиббии ҳамчун кӯмаки башарӣ воридшуда ба Тоҷикистон ройгон ба дасти аҳолӣ нарасидааст. Ҳамаашро туву духтару писарат бизнес карда истодаед. Магар ҳамин аст дар фикри ҳар фарди Ватан будани ту?

 

 Агар дар ин паём мегуфтӣ,ки бале коронавирус омад, мо беэҳтиётӣ кардем, ҷиддӣ нагирифтем мардум шояд мегуфтанд, ки узрхоҳӣ карда истодааст. Агар дар ин паём ба хонаводаҳои шаҳиддода арзӣ таслият мекардӣ, мегуфтӣ,ки аз пушти ман, ки нагузоштам ва намондам, ки аз омадани коронавирус бигӯянд ва аблаҳона шуморо фориғбол кардам, дар тағофул гузоштам, қисмате аз шумо вафот кардед, ҳазорон ҳазор ҳоло бо марг дасту панҷа нарм мекунед, мардум мегуфт,ки ҳушаш ба сараш омадааст, маъзаратхоҳӣ дорад. Мебоист мегуфтӣ,ки бале ман ҳам зиндониҳоро  раҳо мекунам, аммо нагуфта ва накарда истодаӣ. Ту тамоман муқобили ҳама мардум ва ҳатто дигар раисони ҷумҳурии кишварҳои ҳамсоя бо ин бало муносибат кардӣ ва мавзеъ гирифтӣ. Натиҷа чи шуд? Миллат дучори мусибат, гирифтори фоҷиа ва қатли ом идома дорад.

 

Як зарра ҳам эҳсоси надомат ва як зарра ҳам осори инки ба маҳзи  нодидаангорӣ, сарфи назарсозии ту аз даъвати ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,ки гуфт Наврӯз доир накун,картошкаро ҷашн накун дар чеҳраат намудор нашуд. Баракс бо як пӯстғафсӣ ва бо як бефарқӣ гуфтӣ ва ҳатто тавҷеҳ кардӣ,ки мо “ чор моҳро мо дар шароити оромӣ паси сар кардем. Вале мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд”.

 

Худоё, паноҳ! Одам ин қадар бешарму беҳаёву дурӯғгӯ мешудааст? Охир аз кадом ҷаҳор моҳи “ором” мегӯӣ? Дар ин чаҳор моҳ даҳҳо,ва шоядам садҳо нафар ба маҳзи ибтило бо коронавирус кушта шуданд. Даҳҳо нафар селофанпеч гӯронида шуданд. Чаро ошкоро дурӯғ мегӯӣ? Фикр намекунӣ, ки як роҳбари дурӯғгӯ шудаӣ ва ба ягон ҳарфу суханат хурдтарин эътибор намондааст. Ҳамагон медонанд, ки ту чаро ин чор моҳро нагузоштӣ, ки мақомоти дахлдор аз вуҷуди коронавирус дар кишвар эълом кунанд. Чун ту мехостӣ, ки Рустамро раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб намоӣ. Ҳамин ҳоло ҳам дар мусибати мардум гӯиё ту барои Рустам рейтинг сохта истодаӣ. Рустам аз Ҳиндустон доруворӣ овардааст. Инро як қаҳрамонӣ талаққӣ карда истодаӣ. Аввл ин аст ки ин як кори маъмулӣ аст,ки яке аз риёсатҳои вазорати хориҷӣ ва ё худи вазир анҷом медиҳад. Аммо ба Рустам нисбат дода мехоҳӣ ӯро ғамхор нишон диҳӣ. Чаро парвози чартерӣ ташкил дода тоҷикони бандмондаи Ҳиндустонро наовард?  

 

То ба имрӯз рафту аз ягон бемористон дидан кард?  Ӯро як супермен тарошида як бинои ниматамомро нишон дода истодаӣ,ки Рустам дар 8 моҳ бемористон мекунад. Агар туву Рустам бо халқ ва дар ғами халқ будед чор моҳ таъхир намекардед. Шумо ин халқро ҳам задагӣ ва ҳам кашидагӣ. Магар барои онки коронавирус меояд ва ё омадааст кадом ақли изофӣ лозим буд?  Ҳамин Русия, ҳамин ҳамсояҳо ҳамагӣ рӯ ба эҳтиёткорӣ оварданд ку? Ё  ки коронавирус хеши Эмомалӣ буд, ки ӯро эмин ва амон мегузошт? Агар дар фикри халқ будӣ, ҳадди ақал ҳамин ҳоло дурӯғ намегуфтӣ, пинҳон намедоштӣ? Охир,чи тавр чор моҳ ором будем, ки шуруъ аз нимаҳои март бархе аз бемористонҳо пуропури коронавирус шуд, ту пневмания ва илтиҳоби шуш гуфта, ҳамаро олуда ва касл кардӣ. Воқеият ин аст ки ҳоло талош дорӣ ҷинояти содиркардаат алайҳи миллатро табраа кунӣ. Намешавад. Хуни ин мардум дар гарданӣ кӣ аст пурсида хоҳад шуд. Мутмаин бош.

 

 Дар ин чор моҳ чи гуна ором будӣ. Наврӯз кардӣ, ҳазорон нафарро вирусолуда кардӣ, иди картошка доир намудӣ, пойгаи асбдавонӣ кардӣ, дастқапон бо Рустам сайри гули лола баромадӣ, ин ҳамаро дар ин чор моҳ накардӣ? Фаромуш кардӣ? Ҳоло акнун гуфта истодаӣ,ки “ аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст”.

 

Боз ҳам дурӯғ гуфта истодаӣ.Агар “ҳукумати Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуд”, гуфтанат ҳақиқат дошт,пас чи тавр дар 30 апрел одамҳо касал шуданд? Марзҳоро бастӣ, гузаргоҳҳо масдуд шуданд, пас ин касалҳо аз ҳаво омаданд? Ҳаворо ҳам ки баста будӣ? Воқеият ин аст ки то 30 апрел, яъне ҳамин “чор моҳ”  ту ҳама маълумоту омори маргу миру мубталошавиву ба пандемия ва вогиршавӣ табдил шудани коронавирус дар Тоҷикстонро  пинҳон доштӣ. Ба ҳадде,ки ҷаҳон аз дурӯғи ту дар шигифт шуд ва муфаттишони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба тафтиши ту омаданд. Ва ту як рӯз пештар аз вуруди онҳо ба кишвар маҷбур шудӣ, эътироф намоӣ. Вазири тандурустиро ҳам барои таскини мардум аз кор нагирифтӣ, балки ба ҳамин намояндаҳо тавре фаҳмонидӣ, ки ӯро муҷрим биҳисобанд. Аммо ҳамагон огоҳанд, ки ин ту будӣ, ки аз мардум руст кардӣ, махфӣ нигоҳ доштӣ. Наметавонӣ ҷиноят ва ҷурми бузургеро,ки муртакиб шудӣ аз шонаҳоят холӣ намоӣ. Инки дар кишвар пайдо шуд ва густариш пайдо кард, ин дақиқан аз дасти ту ва ҷинояти нобахшидании ту аст.

 

Агар дар фикри мардум будӣ чаро ин ҳолат рух дод? Ҳоло вазъияти Тоҷикистон бадтар аз Қирғизистон ва Узбакистон аст. Бори дигар мегӯям,ки марзҳо баста буданд. Дар гузаргоҳҳо назорат шадид буд. Пас яку якбора чи тавр дар охири апрел он пайдо шуд, он бало, ки имрӯз тоҷиконро хӯрда истодааст. Гуноҳи худро,ҷинояти худро ба гардан нагирифта истодаӣ. Агар дар фикри халқ будӣ чаро ҳамзамон бо Ӯзбакистон ва Қирғизистон ду ҳамсояи китф ба китф баробар карантина эълон накардӣ? Имрӯз ин ду кишвар дар садади ифтитоҳи марзҳоанд ва камтарин хисорот дидаанд ва дар муқоиса бо Тоҷикистон бо коронавирус беҳтар ва хубтар муқовимат ва муқобилият карданд. Аз ҳақ набигзарем,ки ту на танҳо пеши роҳи пайдоиш ва густариши онро нагирифтӣ, балки барои афзоиши он ва дар тамоми кишвар паҳну парешон шудани он мусоидат кардӣ. Ин як ҷиноят аст, ҷинояти зиддӣбашарӣ. Қатли омм аст.

 

   Боз ҳам мисол ва қиёс ба раисини ҷумҳурии Узбакистон, Қирғизистон,Афғонистон ва Русия бикунем,ки бо мардуми худ дар ин шабурӯзҳо чи қадар робитаи зич ва душодуш доштанду доранд. Аммо Раҳмонов баракс дар фосила қарор гирифт, худро дур кашид. Раҳмонов бо ин тарзи муносибаташ ба мардум нишон дод, ки коре аз дасташ намеояд. Як воҳимаву ҳамҳамаи хушку холӣ ва ҷуволи пури коҳ аст. Ба ҷуз аз кафки даҳанпарронӣ ва ба ҷуз аз бори Наҳзат кардани камбудӣ нотавонӣ ва бемасъулиятии худ, кореро, роҳеро балад нест. Ин як раиси нокора ва бечора аст. Дар ин паёмаш боз ҳам талош дорад, ки бар сари мардум кулоҳ гузорад ва онҳоро дарозгӯш фарз кунад: “мушкилоти имрӯза муваққатианд ва ҳатман паси сар мешаванд”. Гӯиё кадом кашфиёте карда бошад. Ҳама медонад,ки тамоми мушкилот муваққатӣ ва гузаранда аст. Коронавирус ҳам аз Тоҷикистон меравад. Вале бар ивази чи қадар ҷонҳо?

 

Аммо масъалаи мо тоҷикҳо, мушкилоти мо ту ҳастӣ, ки хеле дер кардӣ ва дер карда истодаӣ.  Худатро мудомулумр кардаӣ, абадӣ. Мушкилоти мо ҳамин аст. Барои ҳамин умедвор будем, ки ягон бало мешавӣ. Аммо чи хеле  дар байни мардуми тоҷик як мақол ҳаст,ки мегӯяд:”Ганда мурдан надорад”.

 

Сари чи қадарҳо бар бод рафт ва хӯрдӣ? Ку,бубинем,ки чи кор карда метавонӣ?

 

Вале яқин,ки сахт тарс хӯрдаӣ. Тарс аз онки ин ҳама ҷамъкардаҳоятро нахӯрда меравӣ. Ва Азизмоҳ,худо медонад,ки бо кӣ ва дар чи шароите хоҳад хурд. Тарсат аз ҳамин гушнагиву нохӯрдаравию, юриши гушнаҳову хезиши онҳост. Аз мурдаҳо ва лак-лак мурдани тоҷикҳо парво надорӣ. Аммо аз шӯриши гушнаҳо метарсӣ, чун маълум, ки гушнагӣ аз сар то поят асар кардагӣ аст. Ҳамин ҳоло ҳам пинҳон дошта истодаӣ, дурӯғ гуфта истодаӣ.

 

Ту бо ин паёмат касеро табрик накардӣ, балки асли паёмат ин буд,ки ман зиндаам ва ман сабабгори коронавирус дар Тоҷикистон нестам. Аммо аз ин зинда будан ва зистан,ки на танҳо худ, балки миллати тоҷикро оҷизу нотавон нишон додӣ ва аз ин худсафедкунӣ, беҳтар буд зери ягон гӯри кӯҳна медаромадӣ ва якумра нопадид мешудӣ. Ин ҳам барои ту ва ҳам барои Рустам ва ҳам барои миллат беҳтар буд. Мижаат хам намехурад, ки хонаи миллатро ин бор ҳам оташ задӣ,дуди ғамро боло кардӣ. Ту кардӣ,каси дигар ин корро карда наметавонист,ки дар ҳамагӣ чанд рӯз тамоми мамлакатро фаро бигирад. Мегӯӣ,ки тамошобин ва бетараф набошем. Ин ту будӣ,ки тамошобин будӣ ва бетараф. Ҳатто дар табрикоти рамазониат,ки мардумро ба рӯзахӯрӣ фаро хондӣ, таъкид кардӣ, ки коронавирус дар мо нест. Баъди ҳамагӣ 6 рӯз аз он паёмат гуфтӣ ки ҳаст. Ҳамон рӯзи 24 апрел ва аз он пештар медонистӣ, ки дар Тоҷикистон коронавирус ҳаст. Пӯшондӣ,номардона қасди ҷони мардум кардӣ. Барои суиқасд ва қасдан расонидани зарар, ки боиси ҳалокати одамҳо мешавад, бояд дар курсии ҷавобгарӣ шинӣ. Ту бояд,к и кафли амният ва саломати шаҳрвандон мебудӣ. Ба шири модарат қасам хӯрда будӣ. Ку? Аз ягон беморстон дидан кардӣ? Ту дар рӯзҳои ҷашни идҳо пеши мардум мебароӣ, чаро дар рузи мусибаташ намебароӣ? Бо ин ҷиноятҳоят сафҳаҳои тозае дар ҷилди парвандаат илова карда истодаӣ. Ту воқеан ҳам дар ҳилла гум шудаӣ. Ҳамаи кору кирдорат пинҳонӣ. Маошамро гузаронидам гуфтӣ, аммо нагуфтӣ, ки маошат чанд аст. Ту аз халқи худат чаро пинҳон мекунӣ? Агар дар фикри ҳар фарди ватан бошӣ, чаро аз афрод руст мешавӣ?

 

Ростӣ,намедонам,ки дар ин 28 соли раҳбарият,ки маросими 50 солагӣ,55,60,65 ва 70у 75 солагии Рӯзи Ғалабаро табрик карда будӣ ва имсол аз ин ҷашн ба баҳонаи нишон додани зинда буданат ва намурданат истифода кардӣ. Аммо ба 75 солагӣ табрик мекунӣ ва ё ба 80 солагӣ, бидон ки короновирус барои мардум фаҳмонд, ки ҳеҷ касу ҳеҷ чизе набудаӣ. Не воҳимаи Ҷаноби олӣ дорӣ, не ҳамҳамаи Пешвои миллат. Пинҳону паноҳ шудӣ. Ҳоло акнун сару калаатро намудор кардаӣ. Дигар ин вирус ошкор кард,ки ту бояд ҳарчи зудтар биравӣ. Баъзе ҳолдонҳо пас аз ташхиси акс ва сурату ҷойи баромадат ба ин хулоса омадаанд,ки паёми рамазоният ва табрикоти иди ғалабаи рӯзи 8уми май нашр шуда ҳарду дар як рӯз ва дар як вақт сабт шудаанд. Чун ҳеҷ тағйироте на дар чеҳра ва на дар кастюм ва галстукат дида намешавад. Агар чунин бошад пас вой ба ҳоли ту,ки аз қабл ҳамаро медонисти,ки чунин мешавад ва инро дар рӯзи 23 уми апрел медонистӣ.Пас ҳоло ҳам дар куҷое пинҳон ҳасти ва сарнавиштат номаълум боқӣ мемонад.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.