Кӣ COVID-19-ро пинҳон кард: Раҳмонов ё Ятимов? Ё ҳарду?

Кӣ COVID-19-ро пинҳон кард: Раҳмонов ё Ятимов? Ё ҳарду?

Кӣ COVID-19-ро пинҳон кард: Раҳмонов ё Ятимов? Ё ҳарду?

 

Бемории  ҳамагири COVID-19,ки системи тандурустии Тоҷикистонро дарҳаму барҳам зада ноуҳдабароии Раҳмонов ва ҳокимияташро дар ифои вазифа ва масъулият бори дигар нишон дод, боз ҳам ин саволро пеш мегузорад, ки кӣ ва чаро нагузошт, ки хеле пештар аз онки эълом шуд, эълом бишавад? Дар матолиби қаблӣ аз қавли мутахассисин гуфта будем,ки барои пешгирӣ ва муқобала бо коронавирус хеле дер шудааст. Аммо ҳоло бармеояд, ки ин дер шудан ва дер кардан товони сахте, талафоти ҷуброннопазире дар пай доштааст. Ҳамин ҳоло ҳам бархеҳо бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъ ва мавқеъгирии Раҳмонов аз ҷорӣ кардани “карантини нарм” гуфта истодаанд. Вале дар ин васат Азим Иброҳим,муовини сарвазир ва аз афроди муртабити ба хонаводаи Раҳмонов изҳор дошт,ки дар вилояти Хатлон боястӣ “карантини сахт” татбиқ карда шавад. Дар ҳар сурат шароити кишвар рӯзторӯз вахимтар ва харобтар шуда истодааст. Вабо инсонҳои комилан тандурусту солим ва ҳатто варзишкорро балъида истодааст. Аммо ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст бармеояд, ки Раҳмонов кадом сабақе нагирифтааст, вонамуд карда истодааст,ки чизе нашудааст,вабои оламгир кадом таъсире ба Тоҷикистон ва халқи он надоштааст, касе намурдааст.

 

Ҳатто ба рағми дастуру тавсияҳои пизишкон ва шабакаҳои телевизиониву радиоии худи ҳукумат, ки даҳанашон аз таъкид ба таъкид такрор кардани онки аз хона набароед, дар хона бишинед пашм баровард, анбуҳи мардумро ҷамъ ва маросими муҷаллал доир карда Раҳмонову Рустам дар пояи тандиси аскари номаълум ва лавҳаи ёдгории оташи абадӣ гулчанбар гузоштанд. Ин ки дар бемористонҳои саросари кишвар ва манзилҳои зист ҳазорон тан дар қабзаи вируси короно ва дар ҳоли ҷонканӣ ва мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” дам ба дам аҷсоди фавтидаҳоро ба самти қабристон барад, боке не,чизе нашудааст аммо набояд,ки иду ҷашн таҷлилношуда тай бишавад. Ғалаба бар Олмони фашистиро ҳатмани ҳатман таҷлил бояд кард. Ва кард ҳам, ончуноне ҷашни Наврӯзро дар Хуҷанд доир кард ва ҳоло онҷо дигар ба маркази  короно мубаддал гаштааст. Ин бор низ на чораҳои иттихозкардаи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва на тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро риоят кард. Бадтар аз ин, ин ду то ба ҳамин имрӯз аз ягон бемористон ва ягон бемор дидан накарданд, аммо Ғалабаро ҷашн гирифтанд.

 

Ин бор,мисле,ки ҳамроҳи Раҳмонову Рустам аз генералҳои силаҳшӯр  чор нафар буд. Шералӣ Мирзо буд,ки тибқи ривол чухт истода, даст дар чаккаи ҷабин уреб дошта ба Раҳмонов “чест” медод ва  Ятимов,масъули амнияти 9ним миллион тоҷикистонӣ ва  Раҳимзодаи МВД инчунин як нафари дигар ба Раҷабалӣ Раҳмоналиев монанд буду вале ӯ бемор аст. Муҳим ин чор генерал  аз дур ба Пешво ва  Пасвоча чест медоданд. Дар ҳар сурат короновирусро наметавонанд,ки сарфи назар кунанд. Ҷон ширин. Аммо хуб медонем,ки Ятимов дар ҳоле,ки ҳатто то халоҷо ҳамроҳиаш мекард ва нафсу тану ҷонашро дар роҳи амният ва бехатарии Исмоили Сомонии сонӣ сипар карда буд,на танҳо ин бор,балки чанд гоҳи ахир кадом иқдоме ҳам накарда истодааст ва аз “пешво” дур дур чарида истодааст. Албатта,агар тиру туфангбозӣ дар сарҳади бо Қирғизистон ва чанд нафари ҷароҳат бардоштаро сарфи назар кунем,ки инҷо ва ин бор ҳам натавонист Ятимов амниятро таъмин кунад. Хабарҳои дарзхӯрда аз афзоиши мухолафат ва танишҳои шадид миёни Ятимов ва раиси ҷадиди Маҷлиси Миллӣ мегӯянд.

 

Сайидҷаъфар Усмонзода,раиси ҲДТ ва вакили Маҷлиси намояндагон вақте дар 2 май  аз “дасти қавӣ” ва ҳолати ҳарбӣ сӯҳбат кард, тасодуфӣ набудааст. Огаҳони авзоъ воқифанд,ки Усмонзода аз ҳамон оғози омадан ба саҳна ва кашида гирифтани ҲДТ “проект”-и амният буд. Имрӯз ӯ “ғоз”-и себи хӯрдаашро дод. Бигзарем аз ин тарафи масъала,ки агар идома бидиҳем ин навишта ба тӯл меанҷомад. Аммо ин пешниҳоди хориқулоддаи раиси “демократҳо”,ки агарчанде баъдан “обпеч” кард, дар низоме,ки як диктатураи оҳании хонаводагӣ дар ҳоли ташаккул ва такмил аст аз он далолат мекунад ва шаҳодат медиҳад,ки ҳастанд гурӯҳ ва афроде,ки дар сар ҳавои тағйири авзоъро доранд. Ҳоло,маълум нест,ки буҳрони короноӣ ва паёмадҳои ҳалокатовари онро ба ҳисоб гирифта муҳит ва иқлими сиёсиро мусоид дидан ва ё кадом ҳисобу китоби дигаре доштанд,ки дар ҳар суурат номзадии Ятимовро  барои мақоми раҳбарӣ ва он ҳам дар ҳолати ҳарбӣ матраҳ карданд. Имкон надорад,ки Сайидҷаъфар Усмонзода пеш аз дасти худ ва ё чи хеле ҳоло мӯд шудааст дар танҳо ва тоқа  “иқдом” гирифта бошад,ки Ятимовро роҳбари ҳолати ҳарбии кишвар муаррифӣ бикунад. Дар вазъияти кишваре мисли Тоҷикистон,ки тамоми ибтикорот ва иқдомот ва пешниҳодот аз тарафи худи Диктатор садо медиҳад, садо додани ҳамчунин пешниҳоде наметавонад тасодуфӣ ва тахминӣ бошад. Ин ҳам дар ҳоле,ки ин пешниҳод ба таври зимнӣ нотавонӣ,заифӣ ва ноуҳдабароии Раҳмоновро ҳам таъкид мекунад ва беш аз имкони иваз кардани ӯро ҳам ногузир меҳисобад.

 

Бо таваҷҷӯҳ ба онки баъди эъломи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон Ятимов ҳам мисле,ки хонагӣ шуда ва даҳҳо тан аз масъулони баланпояи КДАМ  бо ин беморӣ тибқи хабарҳо бистарианд, метавон гуфт,ки Сайидҷаъфар Усмонзода таҳти фишор ҳарфи гуфтаашро такзиб кард. Аммо агар такзиб барои ӯ аз ҳамон аввал муҳим буд, дафъатан бо хабаргузорӣ  ин масъаларо дар миён мегузошт. Вале гузоштанд,ки ин пешниҳод баҳузур дар фазои иттилоотӣ болафшонӣ бикунад ва аз сӯи аҳли ҷомеа тафсир ва таҳлил бишавад,сипас бархостану гуфтанд, ки не, мо ин тавр нагуфта будем ва ё инки гуфтаи мо дигар буд.

 

Хонандаи азиз, мо ҳар маълумотеро,ки дар ихтиёр дорем пешкаши шумо мекунем .Дар ҳар сурат ҳоло гуфта мешавад,ки масъалаи пӯшонидан ва ё баракс эълом кардану ошкоро гуфтани коронавирус як мушкилӣ дар миёни чанд нафари тасмимгир ба шумули Раҳмонов ва Ятимов ба бор овардааст. Ёдатон бошад як манбаъи наздик ба маъмурияти раиси ҷумҳурӣ гуфта буд,ки раиси КДАМ хеле барвақттар аз шуюъи ин беморӣ ба Раҳмонов хабар дода буд. Манбаъ гуфт,ки Ятимов авзоъ дар кишварро ба Раҳмонов ироа кардааст.Чун имкон надорад,ки бипӯшонад. Зеро манобеи Рустам ва Озода ҳам авзоъро шарҳ медиҳанд. Вале гуфт ӯ Ятимов дар тасмими пӯшонидани хабар нақш доштааст. Вай Раҳмоновро мутақоид кардааст,ки то интихоботи Рустам бояд пӯшонд.Зеро вақте эълон мешавад, баргузории ҳамчунин иҷлосия ғайримумкин мешавад. Ва бар тибқи шароит набояд ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ доир бишавад.

 

Ҳанӯз моҳи январи соли равон дар кишвар як намуд грипп ва ё зуккоми сахте омад,ки ҳатто одамҳоро кушт.Аммо фурӯкаш шуд. Инҳо ҳам фориғбол шуданд. Аммо аз нимаи дуввуми феврал навъи дигари грипп омад,ки тамоман барои табибони тоҷик ношинохта буд.Маълум нест,ки Ятимов кай ба Раҳмонов аз ин беморӣ хабар дода бошад.Аммо дар ҳар сурат тасмими охирин ва ё тавре мегӯянд гапи ахирро худи Раҳмонов мезанад.

 

Дар ҳоле,ки Раҳмонов дар тамоми кумитаву маҳфилу ситоду шӯрову ...хулоса,ҳам чиз раис буданро нағз мебинад, на худаш ва на писараш Рустам не раис  ва не муовин ва ё узви Ситоди ҷумҳурии зидди  короновирус шуданд. Гуфта мешавад,ки ин ҳам пешниҳоди Ятимов будааст,ки аз қабл авоқиби фоҷиаовар ва мусибатбори коронавирусро медонист ва медонист,ки аз дасти Раҳмонов коре сохта нест, ин вазифаро дӯши сарвазир карданд. Аммо ин дар кутоҳмуддат буд. Дар баландмуддат,ки ҷони зиёд қурбон мешавад, табиист, ки нафрат ва бадбинӣ бар Раҳмонов ҳам афзоиш меёбад. Барои ҳамин буд,ки пешниҳоди ба раиси Ситод овардани Ятимов ҳадафмандона ва ҳисобшуда аст.

 

Вале ҳоло як манбаъ аз дохили худи амният хабар медиҳад, ки маҳз Ятимов сабаб шудааст,ки Раҳмонов аз вуҷуди короновирус  эълон накунад. Ба гуфтаи ин манбаъ ҳоло ҳам   Ятимов “собутилник”-и асосии Раҳмонов аст. Ин масъули КДАМ гуфт Раҳмонов бе Ятимов ҳатто об намехурад. Вақте ба ҷаноб ҳам мо ва ҳам Рустаму Озода гуфтем,ки оқибат Ятимов туро бо мушкилии сахт рӯбарӯ мекунад, ҷаноб гуфт,ки коратон набошад,кордор нашавед. Аммо хелеҳо дар амният медонанд ва фаҳмидаанд,ки Ятимов Раҳмоновро ба бероҳа бурда оқибат шарманда мекунад.Чунки Ятимов аз вазифа ва мансаб рафтанашро таҳдид меҳисобад. Дар КДАМ чанд рақиби сарсахт ва ҷиддӣ дорад,ки агар ҳамин имрӯз аз мансаб рафт, ҳатман дастгир ва ҳабсаш мекунанд. Барои ҳамин Ятимов тамоми талошашро карда истодааст,ки Раҳмоновро беобрӯ кунад, дар пеши миллат рейтингашро нол   ва худаш сари қудрат биояд. Мутаассифона Раҳмонов дар ҳама кор аз Ятимов мепурсад. Ба Рамазон Раҳимзода, Прокурори генералӣ ва Суди олӣ маслиҳат намекунад,кори онҳоро ҳам аз Ятимов мепурсад ва ё ҳарфи ӯро қабул мекунад. Маҳз ҳамин Ятимов Раҳмоновро мутақоид кард,ки набояд коронавирусро эълон кард. Ятимов мегӯяд,ки агар коронавирусро эътироф намоем ба буҳрони сахт дучор мешавем. Бо ин васила Ятимов қасд дошт,ки Раҳмоновро дар пеши миллат хоин  нишон диҳад.Ҳамон тавре,ки ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим кори дасти Ятимов буд. Ва вай мехост,ки бо баҳонаи ошӯб мардум ба кӯчаҳо сарозер бишаванд ва ӯ бо истифода аз авзоъ қудратро ба даст бигирад.

 

  Бародар валлоҳ қасам ҳамон рӯзи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим саҳар ҷойи кор омадем, ки Ятимов дар кабинеташ бепарво шишта буд,гӯиё намедонист,ки чи гап шудааст. Вале ин бор мехост,ки вирус ҳарчи бештар бикушад ва мардумро ба шӯр оварад ва мардум бархезанду қиём кунанд. Ва бо ҳамин васила тавонад ҷойи Раҳмоновро бигирад ва агар ҳам ки нашуд бо пахшу куштори гӯшношунид “садоқат”-и худ ба Раҳмоновро исбот бисозад.

 

 Воқеияти сабаби эътирофи коронавирус омадани кормандони Созмони ҷаҳонии беҳдошт аст. Агар ин созмон намеомад эълон намекард. Пневмания ва илтиҳоби шуш гуфта ними халқро заразит ва ними халқро мекушт. Чун ин нақша нақшаи Ятимов буд. Тибқи маълумоти дар ихтиёри КДАМ буда ҳоло беш аз 6 ҳазор нафар мубталои ин беморӣ мебошанд ва аз ибтидои сол то 10 май 1647нафар ҳам кушта шудааст. Ятимов мехост,ки Ситодро комилан зери тасарруф кунад. Ва, тавассути он нақшаи ғасби қудратро амалӣ созад.

 

Ҳамакнун ин ҳама моҷароҳоро мисле, ки маҳор кард ва ба эҳтимоли зиёд Ятимов дигар ба ҷуз аз бознишаста шудан роҳи дигаре надорад. Зеро ин беадабӣ ва намакношиносие,ки кард Раҳмонов нахоҳад бахшид. Ятимов тавонист,ки Раҳмоновро бо пинҳон доштани воқеияти коронавирус дар кишвар ба як ҷинояткори ғаддор табдил диҳад. Аз ин ҷост ки ҳоло “фермаи ҷавоб” ҳам сар ба умқи рег халида масъалаи эълони мавҷудияти короно дар кишвар ва ба боди интиқод кашидани он аз тарафи фаъолони ҷомеаи маданӣ ва оппозитсионро аҳамият надода истодааст. Коре,ки дар табиати “фермаи ҷавоб” ва ба хусус мудири он тамоман мувофиқат намекунад. Лейла Азизӣ ва Фирдавси Кариму Рашид Рашидиён ва Оятулло Гиляеву даҳҳо муаллифони “фермаи ҷавоб” хомушанд. Худи генерал Ятимов ҳам ба тафовут аз генерал Раҳимзода,ки маоши худ ва кулли роҳбарияти ВКД-ро барои ҷилавгирӣ аз коронавирус бахшиданд, як дирам ҳам надод. Афзун бар ин коронавирус аз мақомоти қудратӣ бештар амниятиҳоро бистарӣ кардааст ва ҳоло Раҷабалӣ Раҳмоналӣ,сардори қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ҷойи Ятимов ҳам коронавирус қапидааст. Хабари додситони кул Юсуф Раҳмон ҳам расонаӣ шуд,ки мубталои коронавирус шудааст ва ҳолаш ноҳинҷор ва нафасаш базур ба зур мебарояд.Ба гумони ағлаб ин натиҷаи ҳамон делаҳои бегуноҳон буд,ки ҳоло таъсирашро оғоз намудааст.Бале ҳаминхел Аллоҳ дер гири сахт гир аст ,дигар золимон каме қабл аз тангии нафасҳоятон андеша кунед!

 

Мо дақиқан намедонем, ки ба иҷбор ихроҷ кардани маризони короно аз бемористонҳо ва бо як баҳонаи дурӯғӣ, ки бемористонҳо  пуранд, беморонро қабул накардан ҳамон идомаи чораҳои амниятианд ва ё подставаи навбатии Раҳмонов. Вале хабарҳо ҳокист,ки баҳсҳо бо ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт бисёр ҳам бошиддат сурат гирифта истодааст. Зеро ин бозрасон дақиқ кардаанд,ки на 30 апрел. Хеле пештар ин беморӣ тоҷиконро куштааст,аммо пинҳон доштаанд. Ҳамакнун мунтазир хоҳем монд, ки бозрасони ин Созмон воқеияти ин беморӣ дар Тоҷикистонро чи тавр баён хоҳанд дошт. 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.