Куруно омаду дастгирам кард

Куруно омаду дастгирам кард

              ***
Бахт аз хоҷаи мо баргаштаст,
 
Ҳама дар рӯ ба рӯш барбастаст.
 
 
Дод фатво, ки таҳорат накунед,
 
Ғайри бутхона зиёрат накунед.
 
 
Гар бихоҳед, ба саҳро намуред,
 
 
Дар Рамазон ба ҷуз май нахӯред,
 
 
Лоф аз ҷониби Ҳақ мегӯяд,
 
 
Ҳадис аз сӯи Расул (с) меҷӯяд.
 
Гуфт, пешвои барҳақ ҳастам,
 
 
Ризқу рӯзии Шумост дар дастам.
 
 
Чун падар астам Рустам писарам,
 
 
Ман ба хӯям зи Фиръавн батарам.
 
 
Тоҷро ҳеҷ нагирам, зи сарам,
 
 
Лек аз вируси нав дар хатарам.
 
 
Ман надонам, чи ояд ба сарам,
 
 
Шуда пинҳон ба ғоре чу карам.
 
Куруно омаду дастгирам кард,
 
 
Ногаҳон омаду шабгирам кард.
 
 
Чи бало буд, ки омад ба сарам,
 
 
Тоҷу тахтам бимонад зи сарам.
 
 
Ин чи дардаст, гулӯгирам кард,
 
 
Оқибат марг гаравгирам кард.
                ***

 

Аз ғоракат бурун о, Эмомалӣ - куруно .

                  ***

Пинҳон нашав кунуно,
Бингар чи шуд замуно ?
Аҳволи халқ чуно?
Аз ғоракат бурун о,
Эмомалӣ - куруно .
***
Хӯрдӣ, бурдӣ, пир кардӣ,
Авлодатро сер кардӣ,
Ҳамаро ҷазир кардӣ,
Намеравӣ ҳамуно?
Эмомалӣ - куруно .
***
Аз зулми ту чӣ чора.?
Халқе шуда овора .
Наҷотбахши сайёра .
Аз кайҳон сарнагун о.
Эмомалӣ - куруно .
***
Ҳай рақсу бозӣ кардӣ,
Шайтона розӣ кардӣ,
Вируснавозӣ кардӣ,
Олудасти хуно,
Эмомалӣ - куруно.
***
Мутеъи урус туйӣ!
Бе нангу номус туйӣ!
Коронавирус туйӣ!
СOVID вабои ҷуно,
Эмомалӣ - куруно.
***
Дарда пинҳон намудӣ,
Халқа сарсон намудӣ,
Марга осон намудӣ,
Акнун худат забун о,
Эмомалӣ - куруно.
***
Хеле боз хомӯш шудӣ,
Қариб фаромӯш шудӣ,
Илтиҳоби шуш шудӣ,
Гар нашудӣ, бурун о,
Эмомалӣ - куруно.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.