Раҳмонов аз ....и мурда эзор мекашад

Раҳмонов аз ....и мурда эзор мекашад

Раҳмонов “Аз ....и мурда эзор мекашад”

 

Одатан мехостам чун солҳои гузашта дар мавриди моҳи мубораки Рамазон нависам ва чизе дар ин маврид тақдими хонандагони гиромӣ намоям. Аммо бо дидани ноадолатиҳо ва дар фикри тоҷики парешону саргардон натавонистам бе тафовут бошам.

Дар ин шабу рӯзҳо,ки садҳо тан аз ҳамватанони мо дар Туркия ва Ҳиндустон дармонда ва борҳо аз Раҳмонов хостанд,ки барои бозгардонидани онҳо ба ватан парвози чартерӣ ташкил кунад, “Сомонайр”-ширкати ҳавопаймоии мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Раҳмонов ба Италия парвоз кард. Тайёраи навъи “Боинг”-и Ҳасан Асадуллозода рӯзи 22 апрел наздики 800.000 дона даҳанбанд ё ниқобҳои махсуси тиббӣ барои ин кишвар бурд. Гумон накунед, ки Ҳасан Асадуллозода ва “Сомонайр” ин ниқобҳоро ҳамчун кӯмаки башарӣ интиқол дода бошад. На, қатъан на!

 

Маблағи ба даст меомада ин аст

Ҳоло дар аврупо як моск ё ниқоби тиббӣ 3,5 евро қимат дорад.Агар Раҳмонов 1 дона ниқоби тиббиро ба 1,5 евро шартнома карда бошад ин мешавад 16. 5000.000 (шонздаҳуним миллион евро) ин бо сомонӣ мешавад 181 миллиону 500 ҳазор. Дар ин ҳолат ин маблағ ба Раҳмонов муҳим аст ва ё муҳоҷирони дармонда ва мардуми дар лобалои марг қарор дошта. Албатта ин як ҳисоби оддӣ буд ва мумкин аст ба қимати 2 еврогӣ фурӯхта бошад ҳам,ки маблағ боз афзӯн мегардад ва мешавад 22,000.000 миллион евро,ки баробар мегардад ба 242 миллион сомонӣ.Қазоват ба шумо миллати азизам. Агар медонистем,ки аз ин маблағ ҳадди ақал 20% и он ба манфиати ин давлат ва мардуми он равона мегардад мегуфтем бигузор бошад.Аммо ин аждаҳоҳо ҳама суди онро ба кисаҳои худ мезананд ва ҳатто андоз ҳам намедиҳанд.Агар инкор кардани бошед андоз аз фурӯши ин маҳсулотро ба мардум нишон диҳед.

 

Инҷо евро ва бӯи он аст,ки Раҳмонов ва Ҳасан Асадуллозодаро водор кардааст, марз ва дарвозаҳои ҳавоии бастаи кишварро барои тиҷорати худ боз бикунанд ва ба фурӯши ниқобҳои тиббӣ машғул бишаванд. Хабарҳои расмӣ  бар он далолат мекунад,ки “Боинг”-и Ҳасан Асадуллозода аз Хуҷанд мустақим ба шаҳри Веронаи Италия фуруд омадааст. Ва таъкид бар он шудааст,ки на дар роҳи рафтан ва на ба ҳангоми бозгашт дар ҳеҷ фурудгоҳи дигаре наменишинад. Қарор аст 11 миллион дона аз чунин даҳонбандҳои муҳофизатии тавлидоти корхонаҷоти кишварро ба Италия бифурӯшанд. Италия ҳанӯз дар солҳои қабл бо корхонаи “Ҷавонӣ” дар Хуҷанд ҳамкорӣ дошт ва тавлидоти он дар асоси фармоиши бренди "Карьера"-и Италия  истеҳсол мешуд. Ва тақрибан 100% аз маҳсулоти тавлидотии корхона,ки аз пахтаи ватанӣ омода мешуд, маҳз ба ин кишвар содирот мешуд. Гуфта нашудааст ва намешавад ҳам,ки ин миқдори бузурги ниқобҳои муҳофизатӣ бо чи нарху арзише тавлид ва фурӯхта мешавад. Аммо бар тибқи иттиллои як масъули ширкати дӯзандагии “ Ёқут-2000”-и Душанбе,ки ба Абдуҳалим Қодирзода, қудои Нуриддин Раҳмонов, бародари Эмомалӣ Раҳмонов тааллуқ дорад, аз авохири моҳи феврали соли ҷорӣ бар асари шийуъи коронавирус як қатор аз ширкат ва фабрикаҳои дӯзандагии кишвар самти фаъолияташро ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ тағйир доданд ва фармоиш барои ин коргоҳҳо аз тарафи ширкати ватании “Сифат-фарма” ва “Сифат-саноат” дода шудааст.

 

Ширкати хусусии “Сифат-фарма”,ки як ширкати хусусӣ аст ба дастрас ва таъминоти доруворӣ, маводди табобатӣ ва таҷҳизот барои арсаи беҳдоштии кишвар дар соли 2017 аз тарафи Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ташкил шудааст. Дар расонаҳо хабарҳое дарҷ шуда буданд, ки бо як дастури махсуси Раҳмонов  20 корхонаи дӯзандагӣ “ бо мақсади таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологи мардуми кишвар” ба тавлиди ниқобҳои тиббӣ ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ сафарбар шуданд. Дар асоси ин дастур дар коргоҳҳои "Нассоҷии Тоҷик", "Нассоҷи Хуҷанд" тавлиди рахти хоб, болопӯшҳо ва сарулибоси махсус барои беморхона аз матои пахтагин, дар "Гулистони Душанбе" хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар "Сифат- Саноат" хилъатҳои тиббӣ ва дар "Фармтекс" истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.

 

Гуфта шуд, ки дар як шабонарӯз  аз тарафи ин коргоҳҳо 150 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин ин коргоҳҳои дӯзандагӣ ба истеҳсоли васоили дигари муҳофизатӣ сарулибоси вижаи муҳофизатӣ, пӯшокҳои пизишкӣ, дока ва ғайра машғул хоҳанд шуд. Аммо дар навишта ва наворҳои қаблиамон ҳам гуфта будем,ки як дона аз ин ниқобҳои муҳофизатӣ ва ҳеҷ ашё ва ҷиҳози тиббии муртабит бо коронавирусро барои аҳаде бепул дастрас накардаанд. Агарчанде миллионҳо доллар аз хориҷи кишвар барои хариди сарулибос ва дигар ашёи муҳофизатӣ барои пизишкон ва ҳам беморон маблағ ихтисос дода шуд.

 

Аммо ин масъаларо такрор намекунем ва аз ҳоли зори ҳамватанони бандмондаамон дар Туркия ва Ҳиндустон мегӯем,ки сару садо,муроҷиат,таваллову зории онҳоро ҳатто золимтарин, беинсофтарин, бераҳмтарин роҳбари давлат бидуни посух нахоҳад гузошт. Мудири меҳмонхонаи Истамбул вазъу ҳолати онҳоро дарк карда нархи хоб ва хӯрду хурокро то 10 доллар пойин додааст. Аммо онҳое,ки дар Ҳиндустон қарор доранд ва гуфта мешавад, ки кӯдакони хурд, занҳову солмандон низ ба ҳамроҳашон ҳастанд, дар вазъияти душвор қарор доранд. Онҳо бепул шудаанд. Ҷое барои рафтан надоранд. Онҳо ва низ бандмондаҳои дар Туркия, ки теъдодашон 300 нафар будааст, изҳор доштаанд,ки омодаанд бо нархи тиҷоратӣ ва ҳатто беш аз он ҳам билет барои “Сомонайр” бихаранд. Аммо,чуноне мебинем,на инки ҳозир бар баргардони онҳо нашуданд ва худро ба нофаҳмӣ зада истодаанд.Дар ҳоле,ки Раҳмон вазифа дорад ва масъулияташ ҳаст,ки ҳар шаҳрванди тоҷикро дар дохил ва хориҷ ҳимоят кунад.Ку, муаллифону косалесони фермаи ҷавоб ва дарбори Раҳмонов ба ин масъала чи ҷавоб медода бошанд?

 

Имрӯз дар паёми табрикотияш Раҳмонов ҳадис ҳам хонду ба шакле фаҳмононд мардуми дар хориҷ қарор доштаро,ки тибқи ҳадис набояд шумо ба Тоҷикистон баргардед.Во аҷабо рӯзаро мегуяд хуред кори саҳро кунед вале дар ҷои зуромад ҳадис мехонад,ки наоед беҳтар аст ва инро Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам) мегуяд. Ин Раҳмонов ончи аз дин писандаш аст ва ба нафъаш аст мепазирад ва ончи ба нафъаш нест онро нампазирад ва тавҷеҳ ва далел мекобад,ки ин ғалат аст.

 

Ҳасану Раҳмон бо “Боинг”-и аз пули саҳмияҳои Роғун харида тавонистаанд,ки ҳарими ҳавоии масдудшудаи чандин давлатро боз ва фурӯши 11 миллион ниқоби тиббиро ба роҳ монанд,вале натавонистанд,ки 300 ҳамватани дармондаро ба ватан баргардонанд. Барои Раҳмон чӣ муҳим будааст? Доллар ва ё тоҷики дар хориҷа бандмонда.

 

То онҷое аз манобеи мустақил маълумот ба мо расид, “Боинг”-и Ҳасан Асадуллозода мустақим ба Италия парвоз накардааст. Аввал Туркия, сипас Фаронса ва аз онҷо  ба Италия борро  таҳвил додааст. Вале манбаъи дигари мо мегӯяд,ки парвоз мустақим ба Италия сурат гирифтааст,муҳим муомила сурат гирифтааст ва бахши аввали маҳсулот расидааст.

 

 Маълумоти мувассақе,ки расидааст,мегӯяд шахсан худи Раҳмонов дастур ва ҳушдор додааст,ки ҳамватанони бандмонда дар Истамбул ва Ҳиндустонро барнагардонанд. Раҳмонов аз он бим дорад,ки онҳо шояд бо коронавирус гирифтор шуда бошанд ва дигар мушкил он будааст,ки ҳоло бемористон ва ё маконе,ки онҳоро битавонад карантина ва бистарӣ кунад нест. Ва дигар ҳам ин аст ки маводди доруворӣ ва дармонӣ ҳам камчин будааст. Аз ин хотир Раҳмонов онҳоро ба ҳоли худашон вогузор кардааст: -мемиранд ё мезиҳанд, кори худашон гуфтааст. Ин ҳам дар ҳолест,ки роҳбарони кишварҳои дунё дар пайи ба ватан бозгардонидани шаҳрвандони худ ҳастанд. Барои мисол ҳукумати Амрико аз раҳмонов ва вазири хориҷиаш ташаккур кардааст, ки фурудгоҳи Душанберо барои бозгардони амрикоиҳои бандмонда дар Тоҷикистон кушод ва ҳавопаймои ИМА тавонист фуруд ояд ва бо амрикоиҳои бандмонда бозгардад.

 

Ва ё як мисоли дигар,ки ҳамин ду-се рӯзи пеш дар садри ахбори расонаҳо ҷо дошт ин буд,ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои бозгардонидани як шаҳрванди Туркия аз Фаронса ба ватанаш тайёраи алоҳида фиристодааст ва  танҳо ӯро як самолёт ба ватан бозгардонидааст. Зикр кардам,ки мусофирни бандмонда дар Туркия ва Ҳиндустон омодаанд пули билети Сомонайри Ҳасанро “даҳвайной” бипардозанд, аммо ҳозир нашуданд. Ҳатто ин мусофирон бо мақомоти Туркишэйрлан тавофуқ ҳосил кардаанд,ки дар сурати иҷозат додани парвоз омодаанд тоҷикҳоро бозгардонад, ҳатто ройгон ва бо таъмини ғизои роҳи бозгашт дар дохили тайёра. Аммо Раҳмонов иҷозат надодааст ва посух додааст,ки дарвоза ва ҳарими ҳавоияшро бо тавсияи Созмони беҳдошти Ҷаҳонӣ руст кардааст. Аҷаб. Пас,чи тавр тавонистед,ки дар ҳамчунин шароит масири тиҷоратӣ ва он ҳам беш аз 10 парвозро ташкил ва иҷозаи СБҶ-ро ҳам дарёфт намоед? Магар СБҶ бозгардонидани шаҳрвандони бандмонда ва хориҷ аз кишварро танҳо барои Тоҷикистон иҷозат надодааст? Давлатҳои дигар чи тавр муваффақ бар ин шудаанд? Ин як дурӯғи дигари Раҳмонов аст,ки ин ҳама солҳо ба мардум мегӯяду мегӯяд.

 

  Қарор аст “Сомонайр” боз 11 парвози дигар ба Италия анҷом диҳад то ҳамаи 11 миллион дона ниқоби тиббиро дастрас намояд.Зеро дар ин тиҷорат ҳам Раҳмонову духтараш тавассути ширкати “Сифат-фарма” ва ҳам Ҳасан Асадуллозода  бо “Боинг”-аш баҳраманд хоҳанд шуд.

 

Маълум нест,ки “Сифат-фарма” барои ин коргоҳҳо ниқобҳои тиббиро чандсомонӣ мехрад, аммо гуфта мешавад ҳамин 11 миллион ниқоби фармоишдодаи Итолиёро маҳз “Сифат-фарма” ба ин кишвар нарх гузоштааст.Нархи ниқоб дар аврупоро дар боло навиштем вале агар нархи хариди онро аз "Ҷавонӣ" медонистем суди Парвина ва оила дақиқтар мешуд. Яъне обу лой мекунад. Аз чунин шонс онҳо ҳеҷ гоҳ даст намекашанд. Кай парвои тоҷикони бандмондаи бесоҳиб дар Туркия ва Ҳиндустонро доранд? Беҳуда шоир нагуфтааст,ки “Чашми танги дунёдорро, ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр”

 

Аммо дар ҳар сурат,ки бубинем,мардуми бандмондаро ин навбат бархоҳад гардонд ё хайр? Шумо чӣ фикр доред?

 

P.S

 

Ин ҳама такудави Раҳмонову Ҳасан барои фурӯши ниқобҳои тиббӣ барои мардуми Италияро дида як мақоли мардумӣ ба ёдам омад: “Аз куни мурда эзор мекашад”. Раҳмонов ва роҳандозии тиҷорати ӯ дар ҳамин вазъу дар ҳамин шароит то чи ҳад ҳарису чашмгушнаву носерам будани ӯро  нишон дод. Ӯ аз ниқоби тиббӣ барои худ евро кор карда истодааст. Корхонаҳоро водор кард, ки истеҳсол кунанд, “оптом” харид бо духтараш ва бо додарарӯсаш бароварду тавассути самолёт ба “бозор” бурд. Бозор ҳам чи бозоре?  Бозоре,ки харидоронаш бештарин шумори қурбониёни коронавирус дар ҷаҳонро дорад ва евроҳои хунину ашколуди онҳо дар  суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов ворез мешаванд. Дурст аст? Аз куни мурда эзор кашида истодааст? Магар наметавонист ва наметавонад аз ин ниқобҳои тиббӣ барои мардуми тоҷик, ки 28 сол мешавад ӯро хуронидаву пӯшонида ва аз як деҳқонбачаи бекасу кӯ ба як мултимиллиардер табдил кард,ҳам бидиҳад? Барои мардуми худаш ҳам фурӯхта истодааст. Барои мардуми худаш,ки имрӯзҳо ҳоли аз мурда бадтарро дорад бар ивази сомонӣ фурӯхта истодааст. Чораи эҳтиётӣ барои раҳои аз маргу мурданро фурӯхта истодааст. Ҳамин гуна одами хасису зихнаро мегӯянд,ки аз куни мурда эзор мекашад.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.