Раддияи ҷамил ба чоплусакони Раҳмонов дар Мастчоҳ

Раддияи ҷамил ба чоплусакони Раҳмонов дар Мастчоҳ

Раддияи ҷамил ба чоплусакони Раҳмонов дар Мастчоҳ

 

Баъди нашри хитобаи масчоиён дар isloh.net ҳамон гуна ки интизор мерафт лесакону чоплусакони Раҳмонов,ки дар ин хитоба ба унвони далла ёдовар шудаанд, борони таънаву маломатро ба сари банда рехтанд. Аммо бо вуҷуди тамоми ҳақорату таҳқиру дӯғу пӯписаи шумо ва ҳатто дашному таҳқири шумо нисбати банда, Аллоҳро гувоҳ мегирам,ки ин хитоба аз номи худи мардуми Масчо ба дасти мо расид ва ин хоҳиш,балки исрори онҳо буд,ки интишор бишавад.Барои шумо, ки ҳам навор кардеду ҳам изҳорот аз номи мардум додед ва раиси ноҳия ҳам изҳороти алоҳида дод,ва ходимони дин ҳам,гуфтанӣ ҳастам,ки вазъияту ҳолати шуморо мефаҳмам. Мефаҳмам, ки баъзеатон ба хотири манфиати шахсӣ,баъзеатон аз рӯи муқтазои табиататон ва баъзеатон бо ягон “умед”-е ҳамчунин ҳарфу суханҳои дурушту дағал мезанед. Аммо як чизро фаромӯш накунед,ки Раҳмонов кайҳо ҷашни Рӯзи Ваҳдатро фаромуш кардааст. Рӯзи Ваҳдати вай рӯзи имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав ва бо мо буд. Аммо мо дар куҷоем? Тарафи дигари Ваҳдати миллӣ,ки боиси ваҳдати миллӣ шуд ку? Гумон мекунед,ки Раҳмонов пеши шумо рафта Ваҳдат ҷашн мегирад? Не ва боз ҳам не. Вай меравад, чанд корхонаву чойхонаву намедонам майдончаи варзишиву ... мекушояд.

 

Касе намегӯяд,ки инҳо аз пули кӣ сохта шуд? Ва чаро бояд Раҳмонов лентаи онро бурад ва агар Раҳмонов набурад чи хоҳад шуд?

 

Вай меравад бо чархбол. Пост ё плазаи пулчинаки домодаш дар роҳи Хуҷанд- Масчоро намегузарад. Аммо шумо ҳар бор ки убур кардед, ба он пул медиҳед ва он пулҳоро Раҳмонов дар суртҳисобҳои оффшориаш захира мекунад.

 

  Шуморо,албатта,на ҳамаатонро,ки зери он яке аз он изҳоротҳо имзо кардаед, хуб мешиносам ва шумо низ маро мешиносед. Ду-се муллобачаҳоро ҳам онҷо чашмам афтид ва ҳатто дирижёри майдони “Шаҳидон”-ро ҳам номашро онҷо дидам. Бошад. Мефаҳмам. Дар зери зулму ситам ҳастед.

 

Аммо хоҳишам ин аст ки ҳадди ақал бипурсед,ки агар Раҳмонов рафту 27 июн вориди ноҳияатон шуд,эшони Шамсиддинхӯҷаи оббурдонӣ дар зиндон чи гуна мурд ва аслан агар ки шумо оштӣ ва ваҳдат карда будед, чаро пеш аз ҳама аз миёни афроди тарафи дигар як масчоиро гирифта зиндон кардед?

 

Дигар савол ҳамон саволи пешина аст: Оё қотилони Мӯсо паҳлавонро пайдо ва муҷозот кардед? Агар Раҳмонов ба ин ду саволи шумо ҷавоб дод, ҳарфи шумо қабул. Агар пешвоятон ҳаст ва агар шумо намедонам тарафдору пайраву думрави ӯйед бипурседаш. Ку,бинем чи посух медиҳад?

 

Аммо гумон аст ки қадами Раҳмонов ба Масчо бирасад.Чун коронавирус,ки ба сабаби пинҳонкориҳои Раҳмонов имрӯз Масчоро ҳам балъида истодааст, баъид аст  имкон диҳад ҷашни Ваҳдат баргузор кунад. Ҳамин Раҳмонов аст ки боис шуд коронавирус дар Тоҷикистон доман паҳн кунад. Агар вай Наврӯз доир намекард, ба ин дараҷа паҳну парешон намешуд ин беморӣ. Ҳоло боз Масчо раваду ҷашн баргузор кунад,Худо медонад авзоъ чи гуна хоҳад шуд?

 

Дар ҳар сурат Раҳмонов касе нест,ки шумо ба хотири вай ҳайсият ва шарафи масчоии баномусу далеру ғаюрро нодида бигиред ва  ночизу  беқадр кунед. Русияи болшевикӣ тамоми Осиёи Миёнаро забт кард. Аммо омаду дар тангии Оббурдон дармонд. Бо мири Масчо қарордоди оташбас ва сулҳ баст. То даме, ки ду се даллаи дигар мири Масчоро нафурӯхтанд. Шумо навода ва меросбарони ҳамон муҷоҳидон ҳастед. Фикр накунам ба як нафаре,ки фатвои тағйири замони Рамазон ва рӯзахӯриро додааст, ин қадар ишқу алоқа меварзед.

 

Шумо аз муҳаббати мардуми Масчо ва аз муҳаббати зану модарони масчоӣ ва аз муҳаббати муллову руҳониҳои масчоӣ ба Пешво навиштаед.Тавре навиштаед, ки тамоми мардуми Масчо зану мард,волаву шефтаи Пешвои миллат аст. Ҳатто имомхатибон то сархатиб, бидуни онки аз рӯзи ҷазо ва посух дар назди Аллоҳ биандешанд аз нафаре,ки иҳонат ба  ирзу номусашон,таҳққир ба диниашон кардаааст, бо зикри ҳадис аз ман интиқод кардаанд, ки аз пеши худ навиштаам.

 

  Вақте маро ба ин кори накарда иттиҳом мезанед, як раҳ андеша накардед,ки тӯҳмат азим аст ва тӯҳматкунанда муҷозоти сахт дорад. Бори дигар, ба Аллоҳи бузург савганд ёд мекунам,ки ончи интишор шуд аз худи масчоиён буд. Ҳеҷ гоҳ аз номи аҳаде чизеро чоп накардаам ва аслан дарак ҳам надоштам,ки ҷашни рӯзи Ваҳдат имсол дар Масчо доир мешудааст.

 

Ман раиси ноҳияро мефаҳмам,ки бояд мисли вафодортарин мавҷуди зинда садоқат ва самимият ва азхудгузаштагӣ нишон бидиҳад. Нишон бидиҳад,ки омодааст барои Пешвояш ҳамаро ва ҳамачиро қурбон  кунад.Аммо  кашонидани занҳову муллову домуллоҳо ва онҳоро маҳбуб ва мафтуни як нафаре,ки 28 сари сол аст хуни ин миллатро макида истодааст, нишон додан камоли ҳамоқат ва буздилист,ки дар табиати мардуми Масчо нест. Ин кор ва монанд ба ин корро хоҳиш мекунам, дигар такрор накунед. Хуб,бошад,ки аз номи кормандони шӯъбаи алоқа,маориф,барқ, молия ва муаллимону пахтапарварон.... ва ғайра интиқод кунед. Чунонеки Дилшод Зокиров  дар сар кепка монду ба ман бо мушт таҳдид кард ва моро ДНК кардани шуд инҳоро мефаҳмем. Аммо занҳову модарҳои масчоиро дар ин моҳи рамазон чаро маҷбурӣ ба назди камера овардед,ин кори хуб набуд ва руҳониёнро, имомхатибҳоро чаро мехоҳед онҳо маҷбуран дурӯғ гӯянд?

 

Мешавад инҷо аз номи чӯпонҳои Масчо ҳам изҳорот доду Муҳаммадиқболро таъну лаън намуд.Чун солҳои пеш модари Пешво барои чӯпонҳои масчоӣ дар даштҳои Данғара зиёд хизматҳо карда будааст. Падари Пешво ҳам аз ҳисоби  чӯпонҳои масчоӣ шиносҳои зиёде доштааст,ки ҳар сари чанд вақт хонааш даъват мекардааст ва онҳо ҳам дасти холӣ намерафтаанд,барае ё бузе дастовез мекардаанд. Мешавад аз номи онҳо ҳам навишт,аммо ҷалби руҳониҳои масчоӣ ва аз номи онҳо навиштани дурӯғнома, кори дурусте нест ва ба шаъни масчоиёни мағрур намезебад.

 

 

Албатта,ман мутмаинам,ки ин номаҳо  ҳамагӣ аз якҷо навишта шудаанд, мисли муроҷиатномаву мактубҳои кушодаи меҳнаткашони замони шӯравӣ,ки барои дастгирии сиёсати ҷоноҷони Ҳизби коммунист  навишта мешуданд. Аммо, як нафар аз дӯстони масчоиям гуфт, бемории короно беморхонаи марказии ноҳияро пур ва мардум сари калобаашро гум кардааст,аллакай чандин нафар аз дасти ин балои охирзамон кушта шуданд,ҳеҷ касе солимақл дар чунин шароит дар фикру ҳаваси ҷашни Ваҳдат нест. Худи масъулони ноҳия ба шумули Тоҳир Азиззода, ҳам ки маҷбур шудааст, раддия ба Хитобаи масчоиҳо нависад,илоҷ надорад, бипурсад,ки ин ҷашн баргузор мешавад ё не?

 

Мардум намехоҳанд,ки дар чунин шароит аз хона берун шаванд. Аммо чанд иншооти ба истилоҳ ҷашние ҳаст,ки бояд то он ҷашн бунёд шавад.Онҳо ҳозир ниматамом ҳастанд. Маълум нест,ки то рӯзи Ваҳдат корҳои сохтмонӣ ба анҷом мерасанд ё не?  Ин дӯстам аз номи як нафар аз имомхатибон,ки дар зери “ИЗҲОРОТИ ходимони дини ноҳияи Мастчоҳ дар вокуниш ба навиштаи “Хитобаи масчоиён ба Э. Раҳмонов: “Мо зидди баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияамон ҳастем!” гуфт,ки ӯ исмашро баъди нашри он изҳорот дар зеи он дидааст ва аз ӯ касе ҳам напурсидааст,ки имзоятро гузорем ё хайр. Вай паём додааст,ки бар дурустии ин изҳороти чопшуда аз номи руҳониҳо бовар накунам. Ростӣ,ман ҳам дар тааҷҷуб будам,ки магар мешавад барои табриа ва дуруст ҷилва додан муллоҳои масчоӣ ҳамин ҳарфҳо  навишта бошанд: Суханҳои дар матлаби М. Садриддин овардашуда дурӯғи маҳз мебошанд. Зеро онҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Ҳамаи мо, алҳамдулиллоҳ хуб медонем, ки тибқи шариати исломӣ “дурӯғ торикии имон аст”. Дар ҳадисе аз Ибни Хузайма ва Ибни Хаббон омадааст, ки “шаҳодати дурӯғ ба ширк овардан ба Худо баробар аст”, дар ҳадиси дигаре гуфта шудааст, ки “шоҳиди дурӯғгуй ҳанӯз пойҳояш аз ҷой наҷунбида барояш оташи дузах воҷиб мегардад”. Худ қазоват кунед, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо ин “Хитоба”-и бардурӯғаш ба чи гуноҳи бузурге даст задааст?!
Мо ходимони дини ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будем ва ҳастем”.

 

  Шумо нафареро,ки ошкоро бар муқобили фарзу рукни ислом ҷанг эълон кардааст, аъмоли нангини ӯро бо ояту ҳадис  дастгирӣ мекунед? Эй, бародарҳо як каме тасфатонро поийн оваред, қалбатонро ором созед аз Аллоҳ тағофул накунед. Ҳама кору кирдори мову шумо ҳисобу китоб мешавад. Як фосиқи фосидро  парастиш накунед.

 

Ба шумо ходимони дин ин ҳадисро меоварам ва бо он хотима медиҳам.


عن أم المؤمنين أم سلمة هند بنت أبي أمية رضي الله عنها : أن النبي - صلى الله عليه وسلم – قال إنه يستعمل عليكم أمراء فتعرفون وتنكرون ، فمن كره فقد برئ ، ومن أنكر فقد سلم ، ولكن من رضي وتابع " ، قالوا يا رسول الله ألا نقاتلهم ؟ قال : " لا ما أقاموا فيكم الصلاة  أخرجه مسلم في " صحيحه 

 

Уммулмуъминин Умми Салама Ҳинд бинти Абуумая (раз) ривоят мекунанд, ки  Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд:

 

“Амирон (подшоҳон, президентҳо) бар шумо раёсат мекунанд.  Медонед, ки бархе аз амалҳояшон бо шариъати ислом созгор ва мувофиқанд. Инчунин инкор мекунед бархе дигар аз амалҳояшонро, ки онҳо бо шариъат мухолифанд. Пас шахсе бад дид (амалҳои бади он ҳокимро) ба таҳқиқ аз гуноҳ раҳоӣ ёфт. Шахсе, ки инкор кард (амали мухолифи шаръияшро) ба таҳқиқ солим монд. (аз пурсиши Аллоҳ ва дар гуноҳ  шарики ӯ намебошад) Вале шахсе розӣ шуд, (ба амалҳои бади ҳоким) ва пайравӣ намуд, дар гуноҳ бо он ҳоким шарик аст. Пурсиданд: Эй Расули акрам (саллалоҳу алайҳи васаллам) магар (бо чунин ҳокимон) наҷангем? Расули акарам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: То даме, ки бо шумо намоз барпо медоранд, наҷангед” (Ҳадиси саҳеҳ ба ривояти Имом Муслим)

 

Хуб диққат кунед! Ходимони дин муҳимтарин ҳолат баён шудааст. Муҳаддисин чандин шарҳ дар ин бахш намудаанд.

-Бархе гуфтаанд, ки шарт намозгузории худи подшоҳ аст.

-Бархе аз муҳаддисин иштироки подшоҳ дар намозҳои бо ҷамоатро гуфтаанд.

-Бархе дигар мамониат нишон надодани подшоҳ ё ҳоким ба гузоштани намоз ва фаолияти озодонаи масоҷид ва садои баланди азон гуфтаанд.

 

Онҳое, ки аз золимон ҳимоят мекунед, ба ин хуб диққат диҳед. Ин ҳолате дар ҳадис омада ва дар шарҳи муҳаддисин омада аст, дар кишвари мо чӣ гӯна аст? Метавонед ба худатон савол диҳед ва посухашро ба худатон диҳед!

 

Дар ҳар сурат ман ончиро интишор додам,ки талабу дархости мардуми Масчо аст, ки ҳоло дар ин шароити короноӣ боз ҳам “саҳм” ҷудо карда истодааст. Боқӣ Худо шуморо тавфиқ диҳад.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.