Рамазон Ниҳонӣ, бо ҷиноятҳои пинҳонӣ

Рамазон Ниҳонӣ, бо ҷиноятҳои пинҳонӣ

Рамазон Ниҳонӣ, бо ҷиноятҳои пинҳонӣ

 

(Бахши аввал)

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол!

 

   Шумо дар яке аз наворҳои ба назари ман беҳтаринатон дар бораи Шӯҳрат Раҳимзода, ҷияни Рамазон Раҳимзода,вазири корҳои дохилии Тоҷикистон,ки дар шаҳри Хуҷанд дар вазифаи сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил(УБОП) кор мекунад, сӯҳбат карда гуфтед,ки ҳар маълумоте дар бораи ӯ ва амакаш доред, ба нишонии “Ислоҳ.нет” бифиристед, то мо аз тариқи ин шабака ба ихтиёри тамоми мардуми Тоҷикистон бигзорем. Мардум бишиносанд  ва огоҳ бишаванд, ки киҳое худро ҳомии ҳуқуқ ва қонун ҳисобида вале дар асл ба ғорату яғмои мардум машғуланд. Ман маълумоти зиёд дорам. Ҳозир барои озмоиш як қисме аз онро мефиристам  то бубинам интишор мекунед ё хайр? Агар интишор кардед ва гуфтаҳои маро дар замин нагузоштед дар идома боз мефиристам. Вале пешопеш мегӯям,ки Рамазон Раҳимзода,вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар асл на оне аст ки вонамуд мекунад....

 

 Раиси ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Давлатбек ном дорад ва бо лақаби эшони Давлатбек машҳур аст. Вай аз соли 2006 дар ин вазифа кор мекунад. Як бародар ҳам дорад,ки гоҳе муовини раиси ҷамоат аст,гоҳе котиб ва гоҳе ҳам ба ҳайси масъули танзими расму анъана бо ҳам кор мекунанд. Раиси ҷамоат ончунон ба худаш мутмаин аст ва ҳеҷ касро писанд намекунад, ки ҳатто бо вуҷуди онки бинои идораи ҷамоат дар як сохтмон фарсуда қарор дорад вале бинои нави ҷамоатро бо замин ва фундаменти тозабунёдаш фурӯхт. Аз ин кирдори ғайриқонунии ӯ дар ноҳия ва ҳатто Душанбе бохабар бошанд ҳам касе аз ӯ чизеро напурсид. Бинои ҳукумати маҳалро рӯирост фурӯхту маблағи онро ба кисааш зад вале ҳеҷ ниҳоду мақомоте аз ҳукумати болоӣ суол накард,ки чаро? Мо ҳайрон мешудем,ки наход як раиси ҷамоат то ин ҳад пушту паноҳ дошта бошад,ки ҳама арзу шикоят карданд, аммо чизеяш нашуд.Чапу рост заминҳои ҷамоатро фурӯхту адо кард. Мо фикр мекардем,ки шояд қудои ягон наздикони Эмомалӣ Раҳмон аст ки ягон мақомоти болоӣ нисбаташ чора намебинад. 14 сол аст ки дар ҷамоат раис аст ва хуни ин мардумро макид,як кас гап зада наметавонад. Ҳоло мефаҳмем,ки ҳамаро вазирро, прокурорро, сардори милисаро бо пул муттаҳам кардааст. Мисли ҳамон мақоли тоҷикӣ “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал карда истодааст. Ин вазирҳо ҳеҷ гоҳ дилсӯзи халқ набуданд ва намешаванд.

 

 Барои заминҳои пушти бозори Балх ба мақомот миллион бор дар бораи кирдорҳи ҷиноии Давлатбек арзу шикоят карда шуд.Чунки ба одамони бегона заминҳоро фурӯхт. Ҳатто заминҳои марбути ТЭТС-ро ҳам ба савдо зад. Касе чизе нагуфт. Аз ҳамон заминҳои пушти бозори Балх,ки ҳоло коттеҷҳо қатор шудаанд, ба ягон одами одии ин минтақа замин надод. Вақте ҳамаи ин заминҳоро фурӯхту ба пул табдил кард, аз заминҳои бозор ба Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ 50 сотих тӯҳфа кард. Гирдогирди ин заминро девор зада, дарвоза часпонда, ҳуҷҷат карда, тақдим намуд. Ҳамин тавр ба Юсуф Раҳмон-Прокурори генералӣ 50 сотих дод. 50 сотих ба Фатттоҳ Сайид вақте раиси Агентии зидди коррупсия буд, дод. Дар ҳамон давраи Фаттоҳ Сайид чанд бор Давлатбекро кормандони коррупсия қапиданд барои заминҳои ТЭТС вале Фаттоҳ Сайид,ки суми калон аз вай мегирифт, раҳояш мекард. Ҳатто Фаттоҳ Сайид ба воситаи Давлатбек хонаи чанд кормандашро ҳам сӯхт. Вай Давлатбекро фарёд карда ба утоқи кориаш мебарад. Фаттоҳ Сайид Давлатбекро зан се талоқ қасам медиҳад,ки аз заминҳои пушти бозори Балх ба кадоме аз кормандони ман замин додӣ? Давлатбек чанд нафарро мефурӯшад, мақсад ному насаб  ва замини гирифтаашонро ба Фаттоҳ Саид маълумот медиҳад. Фаттоҳ Сайид ҳамаи онҳоро аз кор пеш мекунад.

 

  Аз болои Давлатбек чанд бор ба ШВКД барои қаллобиаш навиштанд, ки аз одамҳо пул гирифт аммо замин надод. Вале ШВКД-и Рӯдакӣ гуфтааст,ки барои чӣ додаед, мо ҳеҷ коре карда наметавонем, ба суд нависед.Чунки медонанд,ки “крыша”-и Давлатбек Рамазон Раҳимзода аст.

 

   Аз роҳи идораи ГАИ як каме пойинтар мегузарӣ вале ҳоло ба роҳи асосӣ набаромада дар тарафи дасти чап истгоҳи фурӯши яклухти маводди сухт ҳаст,ки ҳамаи шоферҳои вазиру кабири  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро заправкаи Давлатбек мегӯянд. Ҳар гоҳ бензин лозим шуд ба ҳамон ҷо мераванд. Байни ҳам як парол доранд,ки бо зикри он парол чи қадаре хоҳанд бензин, солярка ва ё газ мегиранд. Давлатбек аз пулҳои фурӯши замин ҳисобӣ мекунад.

 

 Давлтбек аз пули заминфурӯшӣ ба ҳадде савлату давлат дорад,ки мумкин танҳо Эмомалӣ Раҳмонов чунин давлату сарват дорад. Дар пушти хонааш дар поёни Роҳи оҳан як гектар замин бо як ҳаммоми 3 ошёна, 2 хонаи 3 этажӣ дорад. Дар як тоаш худаш зиндагӣ мекунад, дар дигарӣ падараш. Агар мақомдорҳо софу тоза ва дар назди Давлатбек муттаҳам набошанд, биоянд бубинанд ва камера оварда навор гирифта ба мардум нишон диҳанд, ки раиси як ҷамоат чи қадар замин дорад. Дар ҳоле,ки барои 6 сотих замин пули калони як бародарро гирифта 4 сол аст давонда истодааст. Имрӯз пагаҳ карда фиреб дода истодааст. Давлатбек як пароли зӯр дорад. Вақте пеши хонааш мераведу мепурсед,ки раис чи шуд замин? Мегӯяд,ки пагоҳ биё, як дуоят медиҳам, раву сар кун, замин тайёр. Пеши участковий (нозири минтақа) меравӣ шикоят мекунӣ. Ошкоро мегӯяд,ки ба Давлатбек зӯри ман намерасад. Ӯро Рамазон Раҳимзода “крыша” аст. Ҳоло Давлатбек яке аз сарватмандтарин одам дар ноҳияи ба номи Рӯдакӣ ба шумор меравад, дар ҳоле,ки ягон тиҷорат ва ё ягон кори дигар надорад. Ӯ аз Прокурори генералӣ гирифта то вазири дохиливу раиси ноҳияи Данғара ёру ошноҳои зӯр дорад, ки ҳам кришваташ мекунанду ҳам аз ҳар бало сипараш мешаванд. Аксарият аз хешу таборҳои президент дар назди бозори Балх дар лаби роҳ хонаҳои воҳима сохтаанд, ки он заминҳоро маҳз Давлатбек санад карда додааст.

   

Бинобар нақли як рафиқам,ки дар як ширкати сохтмонӣ дар вазифаи калон кор мекунад Рамазон Раҳимзода ва Зоири домоди президент баъзе аз ширкатҳои сохтмониро “крышават” мекунанд. Баъзе аз онҳоро банкрот ҳам кардаву моликонашонро паси панҷара низ бурдаанд. Дар гардиши аэропорт биноҳои манзили истиқоматии 4 блока ҳаст. Зоир ва Рамазон Раҳимзода дар яке аз ин биноҳо чанд хонаро аз соҳиби ширкати сохтмонӣ ба зӯрӣ ва бепул гирифтаанд.Чанд квартираро як хона кардаанд:.пентҳаус. Ин соҳибкор гуфт,ки шефҳои ширкатҳои сохтмонӣ Зоирро нағз ёрдам мекунанд барои он ки “крышават” кунад. Бо ин вуҷуд беинсофӣ мекунад. Рамазон Раҳимзодаро мефармояд бо ҳар баҳона  шефи сохтмонро даъват мекунанд ва боз пул меситонанд, баъзан вақт 6ум отдел мебаранд. Шефи сохтмон маҷбур мешавад,ки ба Зоир рӯ оварда зориву илтимос кунад,то ёрдам кунад ва аз 6ой отдел наҷот диҳад. Зоир бо ин восита боз пул мекананд.

 

Ё ба воситаи коррпусия додари як соҳибкори дигарро бурда маҳкам мекунанд Соҳибкор боз ба Зоир занг мезанад ва кор дар як шаб ҳал мешавад вале бар ивази 10 пачка 50 долларӣ.

 

   Рамазон Раҳимзода дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт 4 блокпост дорад.Ранги тарозуи роҳи Душанбе -Хуҷанд ин блокпостҳо пул кор мекунанд, ба кисаи вазири дохилӣ. Вақте Эмомалӣ Раҳмонов воҳима карда Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст мегӯяд,одам ҳайрон мешавад,ки  дар 180 километри ин биҳишт 4 пост чи даркор? Дар Афғонистон ин қадар пост нест. Ин постҳо ҷои пулпечаткунӣ барои Рамазон Раҳимзода аст. Ҳар як шабонарӯз ҳар пост нақша дорад, 4 ҳазор сомонӣ ба Раҳимзода бояд “доля” диҳанд. Аз ин 4 пост 2 тоаш ғайриқонунӣ аст. Яке пости таги труба  дар вурурдии Файзобод ва дигариаш пости пеш аз Роғун.

 

   Рамазон Раҳимзода,вазири корҳои дохилӣ,генерал дар поёни Қарияи боло дар шафати хонаҳои заминӣ як қасри боҳашамат дорад,ки аз пули маҳз ҳамин постҳо сохта шудааст. Хонаҳои сексияаш дар Душанбе беҳисоб. Дар пойтахт як соҳибкори афғон  кору зиндагӣ мекунад,ки Ҳоҷӣ Шароф ном дорад.Ӯро Таҳминаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов  “крышаш” мебошад. Ин соҳибкор дар қабати Фурӯшгоҳи марказӣ-Цум ва меҳмонхонаи Тоҷикистон як бино сохт. Ошёнаи якуми он мағозаи сару либоси Таҳмина аст ва ошёнаи дуюм ва 3юми он бошад ҷои зист ва ҷои хоби Таҳмина аст. Рамазон Раҳимзода ҳам аз Таҳмина ақиб намонда дар ҳар куҷое, ки Ҳоҷӣ Шароф сохтмон кунад 1 чорхонагиро “подключ” пора мегирад.

 

  Дар обу лойи наркотик ҳам Рамазон Раҳимзода нақши муҳим дорад. Бо Зоири домоди Президент аз сарҳад маводди мухаддиро тавассути одамҳояшон аз афғонҳо бемушкилот мегиранд ва ба Русия тавассути вагон равон мекунанд.

 

Дар Русия бизнеси  наркотикро бародари калонии Зоир контрол мекунад бо ҳамроҳии яке аз ҷиянҳо ва писари Рамазон Раҳимзода...

 

   Бидуни шак,ончи инҷо гуфта шуд,қатра аз баҳр ва намуна аз миллионҳо мавориди мушобеҳи кору аъмоли ҷинояткоронаи Рамазон Раҳимзода аст. Рамазон Раҳимзодаро ҳам мешавад бемалол дар шумори сарватмандтаринҳои Тоҷикистон ворид кард. Аммо бо вуҷуди ин ҳама сарвату савлату карру фар Рамазон Раҳимзода, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ шеър менависад як майда ҳам аз кӯчаи одобу ахлоқи инсонӣ нагузаштааст. Аслан кас ҳайрон мешавад,ки дар ҳақиқат ӯ худаш шеър менависад ва ё барояш ва аз номаш дигарҳо менависанд.То ҷое маълумотҳо мерсанд яке аз онҳое,ки аз тани Раҳимзода шеър менависад шоир Муҳаммад Ғоиб будааст.

 

Дар зер номаи боз як нафаре дигарро меоварам,ки симои инсонии ин вазири дохилиро нишон медиҳад. Ин бародар ҳам бо зикри салому паём ҳодисаеро,ки худ бо чашмонаш дидааст нақл мекунад:

 

“ Ман як мухлиси барномаи шумо ва тарафдори суханҳои ҳақи шумо ҳастам. Ҳар барномаатонро тамошо мекунам. Соли дуҳазору ёздаҳ буд, ки ман донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шудам. Он вақтҳо майдонҳои варзишии замонавӣ дар Душанбе кам буд. Ҳамон сол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон як стадиони мини футбол сохтанд. Як рӯз дидам, ки ҳамин вазири МВД - и имрӯза Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи як гурӯҳи сарбозон ва ё афсарон, дақиқ намедонам, омаданду футболбозӣ карданд. Гирди майдони футбол бо симу сетка маҳкам карда шудааст. Ман аз беруни майдон бозии онҳоро тамошо доштам. Оҳиста-оҳиста даруни стадион даромадаму дар курсиҳои барои тамошобинон пешбинишуда шиштаму тамошо кардан гирифтам. Баъди чанд лаҳза Рамазон Раҳимзода хаста шуду рафта дар як курсӣ нишаст. Як -ду афсарро дидам, ки давидану бандҳои кроссовкиашро кушодану ҷуробҳороо аз пояш кашида    бароварданд ва пойяшро бо об каф зада шустанд. Мисли як инсони маъюб, ки дасту пойяш кор намекунад, эҳтиёҷ ба кӯмак дорад. Болои пояшрову кафи пояшро ангуштони поҳояшро шустану бо сачоқ хушк карданд. Чунин намуд ба назарам,ки ин ду афсар ин корро на аввалин бор анҷом медиҳанд. Вақте ин ҳолатро дидам, хело табъам хира шуду нафраташ кардам ба дилам. Худ ба худ ба дилам гуфтам ин хари калон, кӣ бошад ки инқадар шустушӯйяш мекунанд, қариб монда буд, ки пойҳояшро бӯса кунанд. Дар он замонҳо ман Рамазон Раҳимзодаро намешинохтам. Намедонистам, ки кӣ ҳаст ин одам.Ва ӯро бад- бад нигох кардам. Ӯ низ маро бад- бад нигоҳ кардан гирифт. Аз ҷоям хестаму баромадам аз стадион. Ба сӯи хобгоҳи донишкада рафтам ва расидаму дар бистари хобам дароз кашида фикр кардам, ки чи инсонҳое дар ҷомеаи мо,байни мову шумо зиндагӣ доранд. Ман як ҷавони деҳотӣ, ки аз деҳа омада будам ин манзара дар назарам бисёр ҳам нафратовар расид. Яъне вазири МВД дар пеши чашми донишҷуёни донишкада ,ки бозии футболи онҳоро тамошо доштанд, чунин як амали ноҷавонмардона ва паст нишон дод, пас донишҷӯён аз онҳо чи ибрат мегиранд. Вазири МВД, ки бошӣ, ту бояд намуна бошӣ, ки дигарҳо ва махсусан донишҷӯҳои ҷавон аз ту ибрат гиранд. Ту бояд идеал бошӣ. Вале яқин аст ки чунин вазир идеал шуда наметавонад. Ҳеҷ гоҳ.

Поёни қисмати аввал,агар шумо ҳам шоҳиди ҷиноятҳои Рамазон Ниҳонӣ бошед,ба Ислоҳ фиристед,то расонаӣ кунем онро.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.