Як маоши Раҳмонов арзиши ҷони ин миллат

Як маоши Раҳмонов арзиши ҷони ин миллат

 

Ҳамарӯза дар пойтахти Тоҷикистон садои нолаи ҷонгудози хонаводаҳои мусибатзада боло мешавад. Душанбе баъди соли 1992 дубора бӯйи хун мекунад, хуне, ки ин бор ҳам омили асосӣ ва сабабгори рехтани он Эмомалӣ Раҳмонов аст. Соли 92 Раҳмонов савори танку тӯпи Ӯзбакистон вориди ин шаҳри нозанин шуда хиёбонҳои онро аз хуни ҷавонмардон лолагун карда буд. Вай аз болои хуни ин мардум гузашта дар чавкии қудрат нишаст. Бо ҳамин нишастан инак, 28 сол аст ки аз ҷояш такон намехурад. Гуфт кафшер кардаам,чун бо хун омадам бо хун хоҳам рафт. Хуне,ки ин бор Раҳмонов рехт, тоқа нарехт. Ҳамроҳ бо бачааш,ки мехоҳад вайро ба ҷойи худаш дар ин замину дар ин мардум раис кунад. Агар он замон хуни миллатро барои ба қудрат расидани худ рехта буд, ин бор хуни халқро барои ба қудрат овардани бачааш-Рустам рехт.

 

  Ҳоло садҳо,ҳазорҳо хонаводаи тоҷик дар марги азизонашон нишастаанд, ҳатто кор ба ҷоест,ки зан дар марги шавҳар, шавҳар дар маросими дафни зан ва падар барои гӯру чӯби писар ва писар барои азои падар ширкат карда наметавонад. Мурдаҳо бо духтуру милиса  ва селофанпеч  гӯронида мешавад. Ин ки ин офат ва балои Худо будро ҳеҷ касе рад карда наметавонад. Аммо ин балоро мешуд, ки дар оғози шийуъаш, дар ибтидои хуруҷаш пешгирӣ кард,ҳамчунон ки дар кишварҳои ҳамсояи худамон ҳамин тавр, бо камоли инсонӣ ва бо риояти тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҷилавгирӣ карданд. Дар Тоҷикистон мардум хонавода, хонавода бистарианд. Ҳатман ки яке аз аъзои ин хонаводаҳои ба касалхона бадал шуда мемирад ва мурда истодаанд. Агар тавсияҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ риоят шуда дар Хуҷанд ҷашни Наврӯз доир намекард ва дар Душанбе асбтозӣ, ин вақт мо ҳам бо камтарин қурбонӣ ва камтарин осеб ин балоро пушти сар мекардем. Онки коронавирус дар Тоҷикистон бо ин шиддат ва суръат густариш меёбад ва тибқи баъзе аз маълумотҳо шумораи кушташудаҳои коронавирус аз 1300 ҳам гузаштааст, ба маҳзи ҳамин ҷашн ва холабеғамии Раҳмонов аст.

 

  Эълон кардааст,ки як маошашро барои табобати беморони короно дар кишвар бахшид. Як зарра азоби виҷдон намекашад, ки чандин миллион доллар сарф намуда ҷашни Наврӯз баргузор карда тавонист, ҳоло акнун як маошашро мегузарондааст. Буду шуди хуни тоҷик ҳамин як маоши Раҳмонов будааст. Бо ин тарзи рафтору муносибати Раҳмонов ончики Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд   имкон дорад то 230 ҳазор тоҷикистониро ин бемории маргзо аз по дароварад ва аз ин шумор то 22-23 ҳазор бимирад, ин як хушбинӣ аст. Дар сурати тағйир накардани  мавзеъгирии Раҳмонов ин шумора бамаротиб меафзояд.  

 

Дар навоҳӣ ва музофот ягон дастгоҳ ва таҷҳизоти вижа,ки тавонад ташхис ва муоинаи короно кунад вуҷуд надорад. Кадом доруву дармоне ҳам нест. Ҳатто табибҳо сарулибоси махсус надоранд. Ва то ҷое иттилоъ дорем чанд табиб ҳам дар Якум Советский гузашта шудаанд. Аммо маълумот ҳамоно пинҳон дошта мешавад. Пинҳон доштани арқом ва ҳолати воқеии кишварро Раҳмонов ҳамеша дар сархат ва сармашқи кори худ қарор додааст. Вай аз ироаи маълумоти воқеии кушташудагони коронавирус худаш ҷилавгирӣ мекунад. Беш аз 100 миллион доллар ёриҳои башарӣ барои табобати коронавирусро Тоҷикистон гирифт,аммо ин кӯмакҳо ба куҷо ва чи тавр тавзеъ шуда истодааст, боз ҳам номаълум ва пинҳон дошта мешавад. Ҳоло дар тамоми ноҳияҳои кишвар аз аҳолӣ  20 ва 30 сомнӣ ҷамъ карда истодаанд,бо баҳонаи  ёрдам ба табибон ва кормандони бемористонҳо ва касалҳои коронавирус. Кас ҳайрон мешавад, ки аз ин гуна давлат ва роҳбари давлат барои мардум чи суду чи фоида?

 

Савол инҷост,ки пас, ту чи  гуна давлатро идора кардӣ, ки дар рӯзи бадаш суд намеоварад? Давлате, ки ҳамин ҳоло ва дар ҳамин шароит “облава” карда истодааст, донишҷӯро иҷборан ихроҷ карда сарбоз сохта истодааст чи давлате аст? Чаро мардум барои ҳифзу ҳимояти ҳамчунин давлати корношоям ва ноуҳдабаро молиёт диҳад? Чаро мардум барои давлате,ки раҳбари он бо як маош ин ҳама  мурдаҳоро “списат”карданист, сарбоз бидиҳад?

 

 Дар пайи эълони Раҳмонов  вазирону раисони ҳукуматаш ҳам тақлид карданд. Дар Бохтар суратҳисоб кушоданд ва раиси Хатлон ҳам як маошашро ба он гузаронд. Албатта,ки ин ҳам як навъи дигари дуздӣ аст. Чунки дақиқан мо медонем,ки бо маоши якмоҳаи раису ноиби он кор тамом намешавад. Ҳамон даҳсомониву бист сомонии мардум ҳам аз ҳамин “иқдом”-и Пешво об мехурад. Аслан додани як маош худаш як ҳақорат ва маънояш ҳам дарди халқро, азоби халқро гиряву нолаи халқро надидани ӯст. Чашмони Раҳмоновро мутаваҷҷеҳ бишавед, на танҳо рӯған,хун ҳам гирифтааст. Намебинад,ки мардум дар он пойин чи азобу машаққате доранд. Тибқи хабари манбаъи “Ислоҳ” Раҳмонов се рӯз пеш дар Варзоб буда ва ҳарза мегуфтааст ва намедонистаанд чӣ мегӯяд. Яъне комилан дигар корношоям ва ё “брак” ё “негодный” шуда будаасту Рустамро ин вазъи падараш хело дар назди мақомоти падараш дар ҳолати бад қарор додааст. Хоссатан дар назди мақомоти амниятӣ.

 

Ӯзбакистон эълон кард, ки се гузаргоҳи марзиашро боз кард ва комюнҳои ҳомили коло метавонад Тоҷикистон бираванд. Аммо ин нагунбахт мегӯяд, ки барои табобату тадовии мардум як маош медиҳад. Агар ду маош медодӣ чӣ? Агар дар ҳамин шабу саҳар плазаҳои пулчинаки домодат аз баҳри пулгирӣ мебаромад, чи ? Агар бо аъзои оила ва қавми яъҷуҷу маъҷуат маоши як солаатонро мегузаронидед, чӣ?

 

Маоши Озода, Рустам, Парвина, Фирӯза,Таҳмина, Зарина, Ҷамолиддин, Шамсулло, Ашраф, Рамз, Шарифбек ва Маҳмадзоирро медодӣ чӣ?Дар ҳамин шабурӯз,ки миллат ранҷу азоб мекашад, аз як миқдор аз бизнесҳояшон медоданд чи?

 

  Шираи камол як гиёҳи худрӯиди худост,ки чанд бечора ҷамъ меоварду сабаби ризқаш буд. Аммо туву домоди чун худат рӯи сериро надида онро ҳам аз чанги чор қашшоқи камбағал зада гирифтед. Нақша дорам,ки як мақолаи муфассал навишта ба мардум нишон диҳам, ки ту чи гуна ҳам аз даҳани халқ кашида гирифта истодаӣ ва ҳам аз даҳани давлат. Албатта давлат ҳам халқ аст. Аммо ту раиси давлат шуда ҳатто давлатро ғорат карда истодаӣ. Як намунааш ҳамин фурӯши номеру праваҳо аст,ки аз дасти ГАИ ба нафъи хонаводаат кашида гирифтӣ ва ҳоло Фароз соҳиби права ва техосмотру номер аст. Ин тавр мисолҳо,ки хуни халқу давлатро макида истодаӣ лак андар лак аст.

 

Собирҷон Собиров,сарпизишки беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд қаҳрамони имрӯзаи Тоҷикистон аст. Вай бар зидди дастур ва супориш ва сиёсати зидди башарии Раҳмонов  бархост ва гуфт,ки наметавонам. Агар ҳамааш ҳамин вазифа ва мансаби сардухтурист,раҳояш кардам ва аризаи худро навишту рафт.

 

 Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони байналмилалии Ибни Синои пойтахт, бемористонашро довталабона барои қабули гирифторони коронавирус супорид. Вай низ гуфт, ки марҳалаи аввали муқобала бо коронавирусро,ки имкон дошт,аз фарогиршавии он ҷилавгирӣ бикунем,аз даст додем ва ҳоло он фарогир шуда истодааст.

 

Табиби тоҷик Муқаддас Умарова аз бемористони “Шифо”-и пойтахт бо инки  вазорати тандурустиро мухотаб қарор дода дар бесалоҳиятӣ, карахтӣ, хунукназарӣ ва амалкарди ғайрикасбӣ муттаҳам кард, рӯи суханаш ба ту нигаронида шуда буд. Вай туро дар назар дошт.

 

Сайидҷаъфар Усмонов, вакили Маҷлиси Намояндагон дуруст гуфтааст, ки мо “дееер” кардем. Манзури ӯ низ ту будӣ, ки нагузоштӣ карантин эълон шавад. Ин ҳама гуфтаҳоро хулоса ин аст ки танҳо ту ҳастӣ,ки сабаб шудӣ имрӯз садҳо нафар кушта бишаванд. Сабаби паҳншавии ин беморӣ на худи беморӣ, балки ту ҳастӣ.

 

То онҷо ки хабарҳо мерасанд ҳатто ҳамин раиси КДАМ дар нимаи феврал маълумоти мувассақ додааст,ки вирус омадагӣ аст, бояд роҳи чораро ҷӯем. Ту худат нагузоштаӣ. Ин Ба хотири Наврӯз ва ба хотири интихоби Рустам. Мо беҷиҳат нагуфта будем,ки ту баъди интихоби Рустам эълон мекунӣ. Барои ту тамоми Тоҷикистон мурад ҳам парво надорӣ. Ту бояд Рустамро таъин мекардӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ду ҳафта аз таъини Рустам нагузашата буд,ки эълон кардӣ. Ҳатто хабарҳо аз он ҳикоят мекунанд,ки ту воридшавии намояндаи СҶТ ба Тоҷикистонро ҳам иҷозат надодаӣ. Бо онки хориҷиҳо ҳоло миллионҳо доллар кӯмак карда истодаанд, ту не гуфтаӣ. Боз ҳам СҶТ Русияро дар миёна гузоштааст.Аммо ту як бор фикр намекунӣ,ки чаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Узбакистону Қирғизистон неву Тоҷикистон омад. Чун ту ҳам маълумоти коронавирусро пинҳон кардаӣ ва ҳам муқаррароти ин созмонро. Бадтар аз ин ҳама маълумотҳои дурӯғӣ ироа доштӣ. Инҳо туро тафтиш омаданд.Чунки ту дурӯғ гуфтӣ.Ин бори бешармиву беҳаёиро фақат ту метавонӣ бардорӣ.Чун  ту тамоми умр дурӯғ гуфтаӣ. Дурӯғ як рукни зиндагии ту шудааст. Ҳоло ин бозрасон ва мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омаданд,ки дурӯғҳои туро,ки дунёро бӯ гиронд, маълум кунанд.

 

 Наход дар ҳамин гуна шароит шарм надошта эълон кунӣ, ки як маош садақа мекунӣ. Худо бигирад.маоши як моҳаатро. Агар яксола ва даҳсолаатро диҳӣ ҳам чи мешуд, кам мешудӣ? Дар урфият мегӯянд,ки “хук надораду бас”. Ту хуку хукбачаҳо ҳам дорӣ,ки доранд ба тарафи тахту тоҷату курсиҳои вазорату идораҳоят ҳуҷум карда истодаанд. Шармат наомад,ки халқат, мардумат мурда истодааст, мегӯӣ, ки як маош медиҳам. Наход раиси давлат шуда,гӯӣ,ки маоши як моҳаамро медиҳам? Шояд дар таҳхонаҳои хонаи Данғараат захира карда бошӣ, барои худату хонаводаат аммо барои мардум ҳатто як дирҳам захира надорӣ. Имкон надорад, ки ту захира бикунӣ. Ту захираро медуздӣ. Барои ҳамин мардумро гӯл назан,ки дусола захираи дорӣ. Одаме,ки дусола захира дорад, аз маоши якмоҳааш намегӯяд. Дар навиштаи пешина гуфта будам,ки ту  барои мардуми кишварро ба ин ҳол овардан,барои мусоидат кардан ба паҳншавиии ин беморӣ ва фарогир шудани он дар Тоҷикистон бояд узр бипурсӣ. Аммо ҳоло вазъият тамоман дигар аст. Узр не, бояд истеъфо диҳӣ. Барои дигарбора куштани мардум, дигарбора хунрезӣ дар Тоҷикистон. Ҳамин тавр бепарвоёна, ҳамин тавр фориғболона,мисле,ки чизе нашуда бошад,мегӯӣ,ки як маошамро додам. Гӯиё барои кадом як деҳае,ки чанд буна ва кулбаашро дар  Мадагаскар ё Улан- уде ва ё гулӯгоҳи Босфор  ва ё  кадом кишвари африқоӣ сел гирифтааст, садақа мекарда бошад. Як маош. Ҳамааш шуда як маош. Ҳамин гуна роҳбарро мешавад Пешвои миллат хонд? Мешавад ӯро бо Рамзан Қодиров муқоиса  кард,ки барои тоҷикҳо сад баробари маоши Раҳмонов кӯмак кард? Вертолётро савор мешавиву сад маошатро сӯхта сайри водии Рашт мекунӣ.  Миллионҳо долларро дар истиқболат харҷ мекунӣ. Ҳоло мардумро ба куштан дода мегӯӣ,ки 80 ҳазор сомонии маошамро додам.Чи тавр шуд, ки ин гап аз даҳани ту парид? Пушаймон нашуда бошӣки як маошатро додӣ? Чи тур шуд,ки дасту дилат рафт,ки як моҳ бемаош кор кунӣ? Як моҳ чи мехурдабоши?

 

Вақте Рустамро раиси шаҳри Душанбе таъин намудӣ,эълон кардӣ,ки ту “сер”.Аммо “сер” хомӯш,ку? Ҳадди ақал ҳамон ҷоизаи асби Анӯшервонро ҳам намехоҳад,ки ба мардум хайр кунад. Як маошамро додам гуфтӣ. Ин маоши ту  ҳамин қадар бисёр аст? Маоши ту чанд аст? Магар бо он чанд касро мешавад наҷот дод? Барои чанд парастору табиб метавон сарулибоси муҳофизатӣ харид? Чаро ин қадар кафки даҳон парронида аз як маошат гуфти? Ин маоши ту ҳамин қадар калон аст ки якто аз онро барои табобати беморон хайр кардӣ? Фикр мекунӣ бо як маоши ту чи метавон кард?

 

Ҳоло ту бояд барои тамоми мардуми Тоҷикистон,ки дурӯғ гуфтӣ,ҷавоб бидиҳӣ.Чаро эълон накардӣ,ки коронавирус омадагӣ,аз хона бадар нашавед,чаро? Хуб ҷашни Наврӯз ҳам гузашт,чаро  арқом ва ҳолати воқеиро ба мардум нагуфтӣ ва нагуфта истодаӣ? Ҳамин ҳоло ҳам пинҳон дошта истодаӣ?

 

 Натиҷаи корат чи шуд? Ба даст афтодӣ! Бозрасони Созмони ҷаҳонии беҳдошт мераванд ва ошкоро мегӯянд,ки онҷо пур аст аммо як диктотури дурӯғгӯ нагузоштааст,ки воқеиятҳо гуфта бишавад. Обрӯи набудаат ҳам тамоман ба хоки сияҳ яксон шуд. Охир,онҳо дастатро рӯ карданд. Ҳам мардуми тоҷик ва ҳам мардуми берун бо чашми худ диданд,ки бароят халқи тоҷик арзиш надорад. Ҳатто то охирин лаҳзаҳо ҳам талош дорӣ болои ин ҳама мусибатҳо сарпӯш бигзорӣ.Мусибатҳое,ки сабабгораш касе,ба ҷуз аз ту нест.Воқеан ҳам Муҳиддин Кабирӣ,раиси ПМТ дуруст гуфт,ки инҷо як ҷинояткор аст ва он ҳам Раҳмонов,ки кишварро дигарбора ба хун нишонд.

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.