Кампир бало баромад

Ислоҳ нет

Охирзамон даромад,

Зан рӯйи минбар омад,

Мардонагӣ сар омад,

Кампир бало баромад.

 

Аз кулли зердастон,

Аз пешвопарастон,

Аз заъифапастон,

Кампир бало баромад.

 

Аз тангии фаросат,

Ё ҳисси эҳтиросат,

Қурбонии сиёсат,

Кампир бало баромад.

 

Рӯзе сиёҳ, эй воҳ,

Бо лесакони маддоҳ,

Эй халқи содда, гумроҳ,

Кампир бало баромад.

 

Бо панҷсад “тарафдор”,

Аз қавми хуфтабедор,

Бо амри шоҳи беор,

Кампир бало баромад.

 

Share This Article