Сиёсати молии Усмон ибни Аффон (р)

Ислоҳ нет

Сиёсати молии Усмон ибни Аффон (р)

(бахши панҷум )

Чаро маҳз ин мақтаъро ихтиёр намудам, дар ҳоле, ки мебоист чӣ тавр кушта шудани Усмон ибни Аффон (раз)-ро менавиштам? Ҳадаф аз ихтиёри ин ва дигар мақолот он буд ва ҳаст, ки хонанда даврони молӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, футӯҳоту кишваркушоии даврони хилофати Усмон ибни Аффон (раз)-ро агар ба хубӣ нафаҳмад наметавонад ба асли қазия расидагӣ кунад. Агарчӣ ин мақтаъ каме тулонӣ аст, аммо мебояд аз он огаҳӣ дошт.

 Нахуст. Сиёсатҳои молие, ки Усмон ибни Аффон (р) онҳоро ба уммат эълон намуд, каму беш ҳамон сиёсатҳои молии Умар ибни Хаттоб (р) буд. Умар (р) ҳангоме, ки ба мақоми хилофат расид, эълон намуд, ки байтулмолро ба ҳақ ва одилона аз мардум хоҳад гирифт ва онро танҳо дар роҳи ҳақ ва бар зидди ботил сарф кунад. (1)

Дар воқеъ монандии сиёсатҳои молии ин ду марди бузургро бояд дар як чиз ҷустуҷў кард ва он сероб  шудани он ду аз чашмаи гуворои ислом ва фаҳми дурусти усул ва қоидаҳои он аст. (2)

Дуввум. Дидгоҳи Усмон ибни Аффон (р) дар бораи усул ва қоидаҳои закот.

Усмон ибни Аффон (р) дар мавриди закот, хитоб ба мардум чунин гуфт: “Моҳи пардохти закот фаро расидааст, ҳар кас ба дигаре қарз дорад, онро баргардонад, то закоти амволи худро  пардохт намояд. Ҳар касро иститоати молӣ нест закот аз ў  ситонда намешавад, магар он, ки худи ў бихоҳад довталабона аз моли худ садақае пардохт кунад ва ҳар кас дар моҳҳои пеш закоти амволи худро додааст то соли баъд ва фаро расидани ҳамон моҳе, ки закотро дар он пардохт намуда, закоте аз ў дарёфт намешавад”. Иброҳим ибни Саъд ин моҳро моҳи “ рамазон” медонист. (3) Аммо Абуубайд дар китоби худ “ Аламвал” баён мекунад, ки ин моҳи мавриди назари Усмон ибни Аффон (р) моҳи муҳаррам буд. (4)

 Ба ин тартиб Усмон ибни Аффон (р) аркони дидгоҳи худ нисбат ба закотро баён кардааст, ки иборатанд аз:

А – Шарт дар пардохти закот, ҷуз закоти  маҳсулоти  кишоварзӣ, сипарӣ шудани як соли комил аз замони пардохти он аст. Усмон ибни Аффон (р) дар хутбаи худ бар ҳамин нукта таъкид мекунад ва чунин гуфтааст: “ Ҳар кас  закоти амволи худро додааст то соли баъд ва фаро расидани ҳамон моҳе, ки закоташро дар он  пардохт намуда аз ў закоте дарёфт намешавад”.

Б – Ба асоси гуфтаи Абуубайд,  мабнои соли молӣ дар  ҳукумати худро соли ҳиҷрӣ ва моҳи муҳаррам қарор дод. Ин нукта баёнкунандаи он аст, ки мусалмонон бояд баъд аз сипарӣ шудани як соли комили ҳиҷрӣ, закоти амволи худро, ки ба ҳадди  нисоб расидааст дар моҳи аввали соли ҳиҷрӣ пардохт нанамоянд.

В – Усмон ибни Аффон (р) мардумро фаро мехонад, то бо додани қарзҳои худ, андозаи дурусти моли худро ҳисоб кунанд то бубинанд ба ҳадди нисоби закот расидааст ё не. Дар  воқеъ Усмон ибни Аффон (р) бо ин кор мардумро ташвиқ мекунад, ки ба пардохти қабрҳои хеш ба паймони ху бо соҳибони қарз вафодор бошанд ва дар айни ҳол кори ҳисобу китоби сарват ва моли ў ба осонӣ сурат гирад ва аз ҳар навъ  нофаҳмӣ дар қарзҳо ва ҳисобу китоби дороиҳои мардум парҳез шавад.

Г – Ҳамчунин Усмон ибни Аффон (р) дар хутбаи худ эълон менамояд, ки ҳар касро иститоати молӣ нест аз пардохти закот озод аст, магар он  ки худи ў довталабона садақае бидиҳад. Дар воқеъ Усмон ибни Аффон (р) бо ин иқдом мусалмононро ба анҷоми довталабона ва на аз рўйи маҷбурии корҳо даъват мекунад. Ў (р) медид, ки дар миёни мусалмонон ҳастанд онон, ки молҳояшон чандон зиёд нест, ки шомили закот гардад, аммо онҳо худ довталабона садақоти худро ба байтулмол месупоранд. Ў (р) низ ин садақаҳоро аз онон қабул мекард ва дар ҳамон роҳҳои ҳазинаи закот сарф менамуд.(5)  Аз тарафи дигар , мумкин аст Усмон ибни Аффон (р)   бо гуфтани ин суханон, ки “ҳар кас закоти моли худро пардохт нанамояд аз ў закоте гирифта нашавад то он замон, ки  худ довталабона онро ба байтулмол супорад”, қасд дошта ин нуктаи муҳимро ба мусалмонон бифаҳмонад, ки ҳар касро тилло ва ҷавоҳирот аст, то он замоне, ки худи ў довталабона закоти онҳоро ба байтулмол напардозад, аз ў закоте гирифта намешавад. Бояд инро дар назар дошт, ки закоти маҳсулоти кишоварзӣ ва чаҳорпоён ба ҳар шакли мумкин аз соҳибони онҳо гирифта мешуд, аммо Усмон ибни Аффон (р)  соҳибони моли тиҷорат ва тилло ва ҷавоҳиротро, ки сарвати пинҳоние мебошанд, мухтор намуд, ки худ довталабона закоти онҳоро таъин ва пардохт намоянд ва ў танҳо замоне закоти ин гуна амволро қабул мекунад, ки молики онҳо закоташонро назди ў меоваранд. (6)

Чунон ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) коркунони худро барои гирифтани закоти  чаҳорпоён мефиристод, ба онон мефармуд ба ҳар тариқи мумкин закоти онҳоро аз соҳибонашон бигиранд ва дигар имомон ва пешвоёни баъд аз он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) равиши ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро дар гирифтани закоти маҳсулоти кишоварзӣ ва чаҳорпоёнро дунбол нанамуданд, ба тарзе ки Абубакр (р) бо ононе ки аз пардохти закоти чаҳорпоёни худ худорӣ мекарданд ба набард пардохт. Аммо ҳеҷ кас аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят нанамудааст, ки ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) соҳибони  сарватҳои  пинҳон мисли тилло ва ҷавоҳирот ба зур закоти онҳоро дарёфт кунад. Дар воқеъ ин навъ сарватҳо ба монанди амонатҳое ҳастанд дар дар дасти соҳибони он, ки ба риояти амонатдорӣ, ҳам дайни онҳоро пардохт кунанд ва ҳам закоти худи онҳоро. Аммо бар хилофи онҳо чаҳорпоён ба монанди аҳком дастуроте ҳастанд, ки бар соҳибони онон аст, ки  ба онҳо пойбанд бошанд, чунон ки аҳком ва дастуроти шармӣ  танҳо бар умури ошкоре,  миёни мардум қобили ламс ва қобили дидан мебошад содиқ аст, ҳарчанд ҳисобу китоб миёни инсон ва Худованди мутаъол ҳам бар асоси умури ошкор ва аён аст ва ҳам бар асоси умури пинҳон ва ниҳон. (7)

1 – Дидгоҳи Усмон ибни Аффон (р)  дар мавриди закоти қарзҳои соҳибони қарз.

Соиб ибни Язид ривоят мекунад, ки Усмон ибни Аффон (р)  дар ин робита ба мардум чунин гуфт: “ Қарзҳое, ки соҳибони он ҳар вақт, ки бихоҳанд метавонанд онҳоро аз қарздорашон вопас гиранд ва он қарздорон тавони баргардондани онро доранд, аммо фарди соҳиби қарз ба ҳар далеле мисли шарму ҳаё доштан аз қарздор ва  ё мусолиҳае, ки байни ў  ва қарздор сурат гирифтааст, бозпасгирии қарзи худро ба ақиб меандозад, ин  навъ қарз шомили закот мебошад. (8)

Ҳамчунин Усмон ибни Аффон (р) дар ҷои  дигаре дар ҳамин  бора чунин гуфтааст: ҳангоме ки қарздори ту тавони баргардондани қарзатро дорад,  закоти онро бипардоз. (9) Аз ин ду гуфтаи Усмон ибни Аффон (р) метавон натиҷа гирифт, ки дар қарзҳое, ки қарздор битавонад қарзи худро баргардонад, аммо соҳиби қарз ба ҳар далеле мисли шарм ва ҳаё доштан аз фарди қарздор ва ё мусолиҳае, ки байни он ду сурат гирифта ва бар асоси он баргардонидани қарз ба таъхир бифатад оид ба дер афтодани замони бозгардондани қарз, қарздор зарару зиёни соҳиби қарзро ҷуброн намояд дар дар ин сурат закоти он қарз бар соҳиби қарз воҷиб аст. (10)

2 – Қарз гирифтан аз сандуқи закот ва сарфи он дар ҷиҳати масолеҳи омма.

Усмон ибни Аффон (р) қарз кардан аз амволи закот, онҳоро дар роҳи ҷиҳод ва ҷанг бо душманони ислом ва ё масолеҳи омма сарф мекард, аммо чун захираи байтулмол зиёд мешуд, онро ба сандуқи закот бозпас медод ва ин кор ҳеҷ зиддияте бо дин ва шариат надошт ва Усмон ибни Аффон (р) ҳеҷ равиши наверо дар равиши ҳукумати рошидин бунёд наниҳод. Дар воқеъ ў бо ин кори худ, пулеро аз сандуқе қарз мекард ва дар сандуқи дигаре масраф мекард ва дар ҳангоми доштани иститоати молӣ онро ба сандуқи аввал бармегардонд. (11)

Ҳарчанд ба эътиқоди иддае  олимон ва фақеҳон метавон бахши аз амволи закотро дар роҳи “ҷиҳоди дар роҳи Худо” ва кўмак ба муҷоҳидон сарф намуд, зеро муҷоҳидон ба рафтан ба майдони набард аз касбу кор бозмондаанд ва ҷиҳод дар роҳи Худо ва нашри исломро бар масолеҳи худ бартарӣ додаанд ва ҳукумат бо кўмаки молӣ ба онҳо, ононро ба ҷанг тарғиб ва дилгарм намояд, дар воқеъ ҳукумат бо ин иқдом бино ба муқтазиёти замон, маслаҳатеро бар маслаҳати дигар бартарӣ додааст. Аз тарафи дигар теъдоде аз уламо бар ин бовар ҳастанд, ки сарф намудани закот дар ҷиҳати масолеҳ ва манфиатҳои оммаи мардум ва бартараф кардани ниёзҳо ва эҳтиёҷоти рўзи онон ҷоиз ва дуруст мебошад. (12)

3 – Хӯрок додан ба фақирон ва мусофирон аз маҳали амволи закот.

Усмон ибни Аффон (р) дар ин замина суннати наверо поягузорӣ кард. Ў (р)  дар моҳи рамазон ва дар масҷид аз байтулмол бар фуқаро, мусофирон ва мусалмононе, ки дар масҷид эътикоф мекарданд, хўрок медод. Ў (р) ин корро ба пайравӣ аз Расули Акрам (с), ки нисбат ба мардум бисёр саховатманд ва бахшанда буд, анҷом дод. Дар воқеъ Усмон ибни Аффон (р) қасд дошт бо таом додани мардум дар масҷид, онҳоро ба анҷоми суннати писандидаи эътикоф ташвиқ ва тарғиб намояд. (13)

4 – Сохтани манзилгоҳое барои иқомати мусофирон аз маҳалли амволи закот.

Ба Усмон ибни Аффон (р)  хабар доданд, ки фарде дар Куфа ба номи Абусамоли Асадӣ ба чанд нафари дигар аз сокинони шаҳр медароянд ва ҳеҷ  хешованде дар шаҳр надорад, ин мардумон он мусофиронро ба хонаи худ даъват мекунанд ва ба онон хўрок ва маҳалле барои истироҳат медиҳанд. Усмон ибни Аффон (р) низ ин корро некў донист ва дастур дод, то манзилгоҳҳоеро барои иқомати  мусофирони ғариб омода кунанд. Нақл аст, ки дар Бани Ҳузайл манзили Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз ҷумлаи он манзилгоҳҳое буд, ки мусофирони ғариб ба он ҷо мерафтанд. (14)

1- Додани саҳми ҳар як аз ғуломон аз байтулмол.

Ҳар гоҳ захираи байтулмол афзоиш пайдо мекард, Усмон ибни Аффон (р) ба ҳар як аз ғуломон саҳме аз байтулмол пардохт мекард, бе ин ки аз андозаи саҳми соҳибони онон кам шавад. Ба эҳтимоми бисёр зиёд манбаи ин маблағҳое, ки ба  ғуломон дода мешуд, амволи закот будааст, зеро ғуломҳо тибқи ояи Қуръон аз мустаҳақкини дарёфти закот буданд. (15)

Саввум. Хумси ғаниматҳо.

Ҷиҳод бо кофирон ва мушрикон аз замони Расул Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оғоз шуд ва дар даврони хилофати Абубакр (р)  ва Умар (р) ва Усмон ибни Аффон (р)  низ идома ёфт.  Натиҷаи ин ҷиҳодҳо нашру густариши ислом дар сар то сари дунёи он рўз буд. Дар даврони хилофати Усмон ибни Аффон (р)  футӯҳоти бисёре насиби ҳукумати ислом гардид ва ба бунболи он ғаниматҳои бузурге дар тасарруфи он даромад. Ҳамчунин бисёре ғайри мусалмонон зери байрақи ислом қарор гирифта буданд ва бар дини худ монданд, ҷизя ва харҷи зиёдеро ба  байтулмол пардохт мекарданд. Аз тарафи дигар ҳукумати ислом  низ ба гунаҳои мухталиф муҷоҳидон ва сипоҳиёни исломро тақвият ва кўмак мекард, бинобар ин иртиботи танготанге миёни ҳукумат ва ҷиҳод барқарор шуд ва ҳар як  даргириро тақвият менамуд. Ҳамон тавр ки баён шуд аҳли зиммаи бисёр дар муҳавватаи сарзамини ислом қарор гирифтанд, инҳо мебояд ҷизяи худро пардохт мекарданд ва  ҳамчунин ононе, ки бар заминҳои зери тасарруфи ислом машғули кор ва фаъолият буданд, мулзам ба пардохти хароҷи заминҳо, ки ба унвони ғаниматҳои сипоҳи ислом буданд, шуданд. Агар ҳам аҳли он сарзаминҳо ба дини ислом мегаравиданд бояд закоти моли худро, ки ба ҳадди нисоб расида буд пардохт мекарданд, зеро исломи ҳеҷ кас комил нест ҷуз ба роияти аркони он, ки закот низ ҷувзи аркони он аст. Ҳамчунин хумс ва панҷуми ғаниматҳое, ки муҷоҳиддин дар ҷангҳо ба даст оварда буданд ва чаҳор панҷуми онро худ гирифта буданд  ба хазинаи байтулмол сарозер мешуд. Тамоми  ин масоил ва қазияҳо, даромадҳои зиёдеро насиби байтулмол менамуд. (16) ки бояд сиёсатҳое дуруст ва мутобиқ бо шароит ва ба тарзи беҳтар ва ҷиҳати манофеъ ва масолеҳи умуми уммати ислом ҳазина мешуд, ки мо дар ин ҷо ба муҳимтарини ин сиёсатҳо дар дарвони хилофати Зиннурайн (р) мепардозем:

1-  Дар даврони хилофати Усмон ибни Аффон (р)  кўдакон аз ғаниматҳо саҳме надоштанд.

Тамим ибни Меҳрӣ ривоят мекунад, ки пас аз фатҳи дубораи Искандария ба ман, ки дар набард ҳузур доштам, саҳме дода нашуд, ба тавре, ки  қавмам ба ҳимоят аз  ман  дар  баробари Қурайшиён  истоданд. Ба ин хотир чанд нафарро ба ҷониби Басра ва назди  Абузар ва Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ, ки аз Саҳобаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буданд, фиристоданд ва он ду гуфтанд, ки  агар дар рўйи ман мўйе сабз шуда бошад аз ғаниматҳо саҳме ба ман таалуқ мегирад ва дар ғайри ин сурат ман аз ғаниматҳо саҳме надорам. (17)

 Бинобар ин собит мешавад, ки кўдакон ва занонро аз ғаниматҳои ҷанг саҳме нест ва фақат миқдори ночизе ба унвони подош ба он кўдакон ва заноне, ки дар ҷанг  ба муҷоҳидон кўмак кардаанд, бахшида мешавад ва ин  равиш дар замони худ ҳазрати Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам) низ иҷро мешуд.(18)

2- Дар ҷангҳои аҳди Усмон ибни Аффон (р)  монанди ҷангҳои даврони Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) қотил абзор ва таҷҳизоти мақтулро ба ғанимат мебурд: Салб иборат аст аз  либосҳо,  силоҳҳо ва маркаби мақтул (кушташуда), ки  фармони Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз они қотили (кушанда) ў мешуд. Абуқатода ривоят мекунад, ки  Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар рўзи Ҳунайн фармуданд, ки: “  Ҳар кас ҳарифи  худро бикушад ва бар ин  амали худ далеле биёварад, салби  мақтули ў мутааллиқ ба худи ў аст”.(19)

Ин ҳадис баён медорад, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, салби мақтулеро соҳибӣ кунад, ҷуз бо ироаи далели равшан бар ин, ки ў қотили он кушташуда аст. (20)

Нақл аст, ки чун Румиён ба Искандария ҳамла ва онро аз дасти мусалмонон бароварданд, Амр ибни Ос дастур дод, ки мусалмонон ба минтақаҳои дигар ақибнишинӣ кунанд то мавзеъҳои худро  мустаҳкам кунанд.  Румиён дар шаҳр ва минтақаҳои атроф ба ғорат ва таҷовуз пардохтанд ва ба ҳар ҷо, ки ворид мешуданд, даст ба ғорати амвол ва эҷоди ошуб ва балво мезаданд, то он, ки ду сипоҳи Рум ва Ислом дар минтақаи           “ Нақюс” аз замин ва дарё бо ҳам рў ба рў шуданд. Ду сипоҳ аввал бо партоби тир набард бо ҳам оғоз карданд. Пас ду сипоҳ дар соил ба идомаи набард пардохтанд. Дар гирудори ҷанг як генерели румӣ бо либос ва аслияҳои зарин ва савор бар асб ба майдони набард омада ва ҳариф хост. Марде аз қабилаи “ Зубайд” бо номи Ҳавмал ба набард бо ў шитофт. Он ду аввал бо найзаҳояшон бо ҳам мубориза карданд. Сипас найзаҳоро раҳо карда ва бо шамшер бо ҳам ҷангиданд, Дар вақти ҷанги он ду  Амр ҳамеша номи Ҳавмалро садо мезад ва ў низ ба нидои Амр лаббайк мегуфт. Ҳар ду сипоҳ бар соҳили руди Нил тамошочии ин набарди сангин миёни он ду мард буданд, ки ногаҳон генерали румӣ ба Ҳавмал ҳамла кард ва бо ҳам дарафтоданд, аммо Ҳавмал бо зиракии хоссе ханҷареро, ки дар камар ё банди дасти худ пинҳон карда буд. Баровард ва бо он ба гулуи генерали румӣ зарбаи марговаре зад. Бо марги он генерал,  Ҳавмал тамоми салби ўро ба ғанимат бурд. Ҳарчанд мардони шуҷоъи бисёре мисли Ҳавмал дар он рўзҳои сахт дар набард бо румиён ва кофирон ҷони худро аз даст доданд,  аммо бо шуҷоъат ва далерии тамом тавонистанд Искандарияро бори дигар фатҳ намоянд ва Мануел фармондеҳи румиён ва бисёри дигар аз лашкариёни Румро ба қатл бирасонанд. (21)

3-  Арзиши ғаниматҳо ва саҳми  байтулмол аз онҳо дар яке футуҳоти даврони хулафоти Усмон ибни Аффон (р) .

Абдулмалик ибни Муслима ривоят мекунад, ки  мо ҷузви лашкари Абдуллоҳ ибни Саъд будем ва пас аз футуҳоте, ки дар Африқо ба даст овардем, соҳиби ғаниматҳои бисёре шудем. Чун Абдуллоҳ хумси ғаниматҳоро баровард, бақияи ғаниматҳоро дар миёни сарбозони худ тақсим намуд. Ба марди саворе се ҳазор динор дод, ки  ду ҳазор динори он саҳми асб буд ва саҳми ҳар марди пиёда низ як ҳазор динор шуд. Саҳми мардеро ҳам, ки дар минтақаи “ Зотул – ҳамом” фавтида буд ба хонаводаи ў супурд. (22) Усмон ибни Аффон ибни Солеҳ нақл мекунад, ки  дар он рўз сипоҳи Абдуллоҳ ибни Саъд иборат аз бист ҳазор сарбоз мешуд.

Ҳамон тавр, ки медонем бар асоси дастури Қуръон  як панҷуми ғаниматҳо мутааллиқ ба байтулмол аст.

 Сухани Худо:

«Ва агар ба Худо ва он чӣ бар бандаи Худ дар рўзи фурқон, ки ду гурўҳ ба ҳам расиданд (мўъминон ва кофирон), нозил кардаем, имон овардаед, бидонед, ки ҳар гоҳ чизе ба ғанимат гирифтед, аз панҷ як ҳиссаи он  аз они Худову паёмбар ва хешовандонва ятимон ва мискинону  дар роҳ мондагон аст. Ва Худо  ба ҳар чизе тавоност!».

                                                                 (Сураи Анфол, ояти 41)

 Баъд аз вафоти Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва дар аҳди Абубакри Сиддиқ (р)  саҳми Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ва завил қубро ҳазф ва ба хариди аслия ба асб ихтисос ёфт. Умар (р) ва Усмон ибни Аффон (р) низ дар даврони хилофати худ аз ин равиш пайравӣ карданд. Бақияи ғаниматҳо, ки чаҳор панҷуми онро шомил мешавад дар миёни фотеҳон тақсим мешавад. Ҳол агар дар футуҳои Африқо, Абдуллоҳ ибни Саъд ба ҳар сарбози савора се ҳазор динор ва ба ҳар сарбози пиёда як ҳазор динор саҳм додааст ва бо таваҷҷуҳ ва теъдоди сарбозон, ки ҳудуди бист ҳазор нафар будаанд, агар фарз шавад танҳо ду ҳазор нафари онон маркаб (асб ва …) доштаанд, метавон андозаи ғаниматҳо ва саҳми байтулмолро ҳисоб кард, ин гуна, ки дар баробари сарбозони савора шаш милён динор ва дар баробари ҳаждааҳҳазор сарбози пиёда ҳаждаҳ милён динор ва дар маҷмуъ бисту чаҳор милён динор ғанимат саҳми он лашкар шудааст. Ҳол медонем, ки пеш аз тақсими ғаниматҳо, хумси байтулмол пардохт шуда буд, бинобар ин пай мебарем, ки ҷамъи ғаниматҳо си милон динор будааст, ки шаш милони он ба унвони саҳми байтулмол ва давлат супурда шуд. (23)

4 – Мавридҳои ҳазинаи хумси ғаниматҳо.

Бар асоси ояти хумс ин саҳм аз они Расули Акрам (с) завил қурбо, ятимон, фуқаро, мискинон ва мусофирон мебошад. Абубакр (р) баъд аз вафоти Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)саҳми Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ва завил қурборо ба байтулмол боз гардонид, то онро сарфи хариди аслиҳа ва асб намояд.  Усмон ибни Аффон (р) низ монанди Умар (р) ин равишро дар пеш гирифтанд то саҳми Расул (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва завил қуброро дар роҳи ҷиҳод ва хариди аслиҳа ва асб сарф кунанд. (24)

5 –  Муваффақияти сиёсатҳои молии Усмон ибни Аффон (р) муҷаҳҳаз кардан ва тақвияти футуҳоти ислом.

 Дар даврони хилофати Усмон ибни Аффон (р) иддае аз сарзаминҳое, ки фатҳ шуда буданд, даст ба шуриш бар зидди хилофат заданд. Аммо  Усмон ибни Аффон (р) тавонист онҳоро мулзам ба риояти аҳдномаи худ ва итоат аз давлат  кунад. Бо иноят ба ин  мушкилот  ва дар айни ҳол густариши футуҳот инро эълон намуд, ки сиёсатҳои молии Усмон ибни Аффон (р) муваффақиятомез буданд.  Дастгоҳи ў дар канори муҷаҳҳаз намудан ба тақвияти сипоҳиёни Ислом ва ваеъияти футуҳот, хумси ғаниматҳои бузургеро ба даст овард. Ин ба иловаи ҷизяи аҳли зимма  ва хароҷи заминҳои онон ва низ закоти гурўҳи бузурги мусалмонон, баёнгари ин муваффақияти  камназир мебошад. (25) Дар мавриди хумс чанд мақолаи муфассале дорам метавонед онҳоро аз Сомонаи Ислоҳ мутолеъа намоед.

 Чаҳорум: Даромадҳои  ҳосил аз ҷизя дар замони хилофати Усмон ибни Аффон (р).

1- Таъини қавонин ва муқаррароти пардохти ҷизя дар аҳди ў.

Таъини қонунҳо ва муқаррароти ҷизя ва низоми иҷрои ин қонунҳо, ки дар замони Умар  ибни Хаттоб (р) тадвин гардид дар замони Усмон ибни Аффон (р) низ иҷро мешуд. Ҳамчунин Ў (р) ба аҳдномаҳои сулҳе, ки дар даврони пеш аз ў миёни аҳли зимма ва ҳукумат баста шуда буд, пойбанд монд ва ба таъмини ҳуқуқи онон иқдом меварзид. (26) Дар мавриди ҷизя ва чӣ гӯнагии он ва киҳо онро бипардозанд пас аз итмоми ин таҳқиқот менависам,то ин масалаҳам барои хонанда ба таври комл равшан гардад.

1-    Намунаҳое аз даромадҳои ҷизя дар аҳди Усмон ибни Аффон (р).

А – Дар аҳди Усмон ибни Аффон (р), Валид ибни Уқба ба самти Озарбойҷон лашкар кашид то аз онон маблағи ҳаштсад ҳазор дирҳам ҷизяеро, ки аз замони Умар (р) пардохт накарда буданд бигирад ва онон низ ба ин хоста тан доданд. (27)

Б – Чун Усмон ибни Аффон (р) Абдуллоҳ ибни Саъдро ба Африқо фиристод, усқуфи аъзами онҷо аввал бо шарти  пардохти ҷихяе баробар  бо ду миллиону панҷсаду бист ҳазор динор ба Абдуллоҳ пешниҳоди мусолиҳа дод ва Абдуллоҳ мусолиҳаро ба шарти пардохти ҷизяе баробари сесад ҳазор қинтор тилло  аз ҷониби масиҳиён қабул намуд ва шояд ин миқдор тилло баробари маблағи нахустин буда бошад. (28)

В –  Мардуми  Қибрис пешниҳод карданд, ки ҷизяе баробар бо ҳафт  хазор динорро ба мусалмонон бипардозанд. (29)

Г – Саъид ибни Солиҳ бо мардуми Гургон мусолиҳа намуд. Онҳо низ гоҳ сад ҳазор, гоҳ ду сад ҳазор ва гоҳ низ сесад ҳазор динорро ба унвони ҷизя пардохт мекарданд. (30)

Д – Ҳангоме, ки Абдуллоҳ ибни Омир, Нишопурро фатҳ кард, пайғоме ба ҷониби мардуми Марв фиристод то бе ҷанг таслими ў шаванд. Онҳо низ пешниҳод карданд, ки бо Абдуллоҳ бо пардохти ду миллион динор ҷизя мусолиҳа хоҳанд кард ва Абдуллоҳ низ қабул кард. (31)

 Е – Чун Аҳнаф ибни Қайс, Балхро ба муҳосираи сипоҳи худ даровард, мардуми он пешниҳод карданд, Аҳнаф ибни Қайс ба шарти дарёфти  ҷаҳорсад ҳазор  динор бо онон мусолиҳа кунад. Аҳнаф ибни Қайс низ писари амаки худ Усайд ибни Матшалиро бар онон гузошт то маблағи  ҷизяро дарёфт кунад. (32)

3-Усмон ибни Аффон (р)  аҳдномаи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо Наҷрониёнро аз нав барқарор кард.

 Набии Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)бо аҳли Наҷрон аҳдномае бар сулҳи миёни ду тараф ва пардохти ҷизя аз ҷониби аҳли Наҷрон ба мусалмонон баста буд, ки баъд аз Ў (с), Абубакр (р) низ онро муҳтарам шумурд. Бо ба хилофат  расидани Умар (р), ў аҳли Наҷронро аз Наҷрони Яман ба Наҷрони Ироқ кучонид то мусалмонон аз шарри фитнаҳои онон дар амон бимонанд, аммо боз ба ҳамон аҳдномаи онҳо ба Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)пойбанд монд. (33)

 Чун Умар (р) даргузашт ва Усмон ибни Аффон (р) ҷойгузини ў шуд, бузургони Наҷрон назди Усмон ибни Аффон (р) омаданд ва хостаҳо ва шикоятҳои худро ба ў арз карданд. Ў (р) низ номаеро бо ин мазмун хитоб ба Валид ибни Уқба амири Куфа фиристод: “ Бисмиллоҳ, аз бандаи Худованди бузург Усмон ибни Аффон (р) амири мўъминон ба Валид ибни Уқба, салом ва дуруди Худованд бар шумо бод! Сипос Худои азза ва ҷалларо, ки ҷуз Ў  ҳеч маъбуди дигаре нест.  Аммо баъд,  усқуф ва бузургони Наҷрон назди  ман омаданд ва аз аҳдномаи худ бо Умар (р) суҳбат карданд ва аз мушкилоте, ки мусалмонон бар сарашон овардаанд сухан гуфтанд. Ман низ бо кам кардани ҷизяи онон, худро уҳдадор  ба аҳдномаи Умар (р) бо онон намудам. Бинобар ин ту низ бо онон ба некӣ рафтор кун,ки онҳо аҳли  зимма ва дар паноҳи мо ҳастанд дар аҳдномаи Умар (р) диққат кун ва ва ба он муқаррарот амал кун. Вассалом”. (34) Ин иттифоқ дар нимаи шаъбони соли бисту ҳафти баъд аз ҳиҷрат рух дод. (35)

Аз суханони пешин ин мавридҳо ошкор мешавад.

 А:  Усмон ибни Аффон (р) бо аҳдномаи Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва Абубакру Умар (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) бо аҳли Наҷрон пойбанд монд, ки  сабаби онро бояд дар Ислом ҷустуҷў кард,  онҷо, ки вафои ба аҳд ва паймонеро бар мусалмонон воҷиб намудааст.

Б- Аз миқдори ҷизяи он кам кард,  ба онҳо иҷоза дод то дар Наҷрони Ироқ  бимонанд ва Валидро  вазифадор намуд то ба муфоди аҳдномаи Усмон ибни Аффон (р)  бо онон амал намояд ва бо Наҷрониён бо некӣ рафтор кунад. (36)

4 – Аҳли китоб то замоне, ки ҷизяи худро пардохт кунад дар зери ҳимояи мусалмонон ҳастанд.

Ҳангоме, ки Амр ибни Ос (раз) тавонист дубора Искандарияро фатҳ намояд, амволи мардуми манотиқи мухталиферо,  ки румиҳо ғорат карда буданд, ҷамъ кард. Мардуми он манотиқ назди ў омаданд ва ба ў гуфтанд, ки румиён бо онҳо ҳамла карданд ва амволашонро  ғорат намуданд,  аммо онҳо паймони худ бо мусалмононро нашикастанд ва аз румиён ҳимоят накарданд. Амр низ дастур дод, ки ҳар кас далиле биёварад, ки он амвол мутааллиққ ба ў аст, метавонад онҳоро бигирад ва мардум низ ҳар як бо додани нишониҳои он амвол ва овардани далилҳои худ амволи худро  аз Амр ибни Ос (раз) дарёфт карданд, ҳарчанд иддае аз онон Амрро сарзаниш карданд, ки чаро Амр аз онон, ки дар таҳти ҳимояти Ислом буданд ва бар аҳдномаи худ бо мусалмонон пойбанд монданд дар баробари румиён ҳимоят ва ҳифозат нанамуд ва ононро дар баробари румиён бедифоъ раҳо карданд. (37)

Агар ба низоми ҷизя назари дақиқе биандозем, мебинем, ки дар низом аҳли зимма бо пардохти ҷизя соҳиби ҳуқуқе мебошанд, ки ҳукумат бояд дар айни ҳифозат аз онон ба он ҳуқуқ  уҳдадор бошад, аммо аҳли зимма ҳаргиз тааҳҳуде надоранд, ки дар баробари душманони Ислом аз Ислом ва мусалмонон дифоъ кунанд ва дар сафи онон бо душманонашон биҷанганд. (38)

5 –  Мушорикати аҳли зимма дар ҳазинаҳои умумии дастгоҳи хилофат.

Нақл аст, ки чун Амр ибни Ос дар даврони хилофати Усмон ибни Аффон (р), дубора Искандарияро фатҳ намуд,Талмо амири манотиқи Ихно назди Амр омад ва аз ў хост то маблағи ҷизяеро, ки бояд ў ба мардумаш пардохт кунад, таъйин намояд. Амр ба ў ҷавоб дод: шумо аҳли зимма монанди хазонаи давлати мо ҳастед, ки ҳар вақт захираҳои ин хазона коҳиш ёбад, тааҳҳуд ва вазифаҳои мо нисбат ба шумо низ коҳиш пайдо мекунад. Талмо бо ғазаб аз онҷо баромад ва ба румиён пайваст. Ҳангоме, ки ҷанг тамом шуд ва Талмо ба асорати мусалмонон даромад, ўро назди Амр бурданд,  то ҳукме дар бораи ў барорад. Аммо Амр ба хилофи интизори мардум тоҷе бар сари ў ниҳод ва ҷомаи арғувонӣ ранг бар тани ў намуд ва ба ў гуфт: монанди дигар ҳозирини маҷлис бо виқор ва матонат назди ман биё. Талло ки ин рафтори муҳаббатомез бо асире чун ўро дид, пардохти ҷизяро қабул кард ва бо мусалмонон аҳдномаи сулҳ баст. Чун аз ў пурсиданд:  агар асири императори Рум мешудӣчӣ бар сарат меомад? Ў ҷавоб дод: дар он сурат ў ҳатман маро мекушт. (39)

Бо диққат дар суханони Амр ибни Ос ба Талмо, ки дар мавриди аҳли зимма ва ҷизя чунин гуфт: “ Шумо монанди хазонаи мо ҳастед, ҳар чӣ мушкилот бар мо шиддат гирад,  пули бештареро аз ин хазона мегирем ва ҳар чӣ мушкилот коҳиш ёбад, мо низ  пули камтареро аз ин хазона мегирем”, метавонем усул ва мабодии сиёсатҳои молии аҳди  Усмон ибни Аффон (р) –ро дар мавридҳои зер хулоса намоем:

А- Аҳли зимма бо пардохти ҷизя дар миқдори захираҳои байтулмол мушорикат мекунанд. Онҳо ба монанди хазонаҳое ҳастанд, ки байтулмол, саҳми худ аз амволи онҳоро таҳти унвони ҷизя мегирад.

Б- Ин саҳми аҳли зимма дар байтулмол таҳти шароити мухталиф тағйир мекунад. Ба ин маъно, ки ҳар вақт мушкилот ва масоили давлат шиддат ёбад, миқдори ҷизя низ коҳиш меёбад.

В-  Ин навсонӣ дар миёни ҷизя аз аслимушорикати мардум дар мушкилоти давлати худ сачашма мегирад. Онҳо ба андозаи тавон ва иститоати худ дар таҳаммули бори сангини ин мушкилот саҳмдор мешаванд, ки ин худ аз мисдоқҳои иҷрои адолат дар ҷомеа аст. Бояд донист ин усул ва мабодӣ мебояд бо риояти тамоми васиятҳои Расули Акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам)оид бар доштани бархурд ва рафтори нек бо аҳли зимма ба иҷро дароянд. (40)

Панҷум: Даромадҳои ҳосил аз хароҷ ва ушри моли тиҷорат дар аҳди Усмон ибни Аффон (р).

1-                                                                                                                                                                                                   Бо густариши футуҳот дар даврони хилофати Умар (р) ва Усмон ибни Аффон (р),  заминҳои қобили кишти бисёре таҳти тасарруфи ҳукумат даромаданд. Умар (р) эълон намуд, ки ин заминҳо”фйи” (ғанимат ё хароҷ)  мусалмонон ҳастанд ва агар сокинони ғайри мусалмони онҳо, ки Ислом намеоваранд биҳоҳанд бар онҳо бимонанд ва ба кишту зироат идома диҳанд, бояд хароҷи он заминҳоро ба байтулмол бипардозанд. Ба далили густариши рўзафзуни ин футуҳот дар аҳди Усмон ибни Аффон (р)  даромадҳоисаршоре аз маҳалли хароҷ ба байтулмоли мусалмонон ворид шуд. (41)

2-  Ушри моли тиҷорат.

Низоми пардохти ушрияи ( як даҳум) моли тиҷорат дар аҳди Форуқ (р) таъсис шуд. Ва дар аҳди Усмон ибни Аффон (р) ба хотири густариши футуҳот ва тавсеаи сарзаминҳои зери султаи хилофат, афзоиши чашмгире ёфт. Аз муҳимтарин омилҳои афзоиши ушр, тақсими сарват дар миёни аксарияти мардум ва афзоиши қудрати хариди онон буд, ки худ сабаби афзоиши тақозои коло ва дар пайи он рушди тиҷорат ва воридот нархи колоҳо ва баланд шудани нархҳо низ дар  навбати худ сабаби афзоиши маҷмуи ушри моли тиҷорат шуд, зеро ушр мотиёте аст, ки бар асоси нархи коло таъйин мешавад ва на бар асоси навъи он. (42)

Шашум:  Сиёсати Усмон ибни Аффон ибни Аффон дар бахшиш ва тақсими заминҳо ва амлок.

Абубакр (р) монанди Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) заминҳои  вайронро ба мардум вогузор мекард, то он замиҳорообод кунанд.Чунон ки ба Зубайр ибни Аввом замини вайроне мобайни минтақаи “ Ҷираф” ва минтақаи “Қанот” (43) ва ба Миҷоъа ибни Мирораи Ҳанафӣ деҳае воқеъ дар Ямама ба номи  “ Ҳазрама” (44) -ро вогузор кард, ҳарчанддар ин миён бино ба хост ва назари Умар ибни Хаттоб (р) аз вогузории ин заминҳои вайрон ба афроде мисли Забарқон ибни Бадр, Уяйна ибни Ҳисни Фазорӣ ва Ақраъ ибни Ҳабаси Тамимӣ худорӣ кард. Бо эътиқоди Умар (р) ҳангоме, ки ислом навпо ва заиф буд, ингуна афрод ба муқобила бо он ва заиф кардани он мепардохтанд ва ҳоло, ки дини ислом ба лутф ва хости Худованд реша давонида ва қудратманд шудааст, ниёзе ба ҷалби муҳаббат ва ризояти чунин афрод нест, ки бо зур ва шамшер барои ҳифзи ҷони худ, ислом оваранд. Ҳамонтавр, ки возеҳ аст ин дидгоҳи Умар (р) бар асоси сиёсати ислоҳи заминҳои вайрон набуд, балки реша дар дидгоҳи ў нисбат ба худи ашхос дошт, ки муътақид буд дар он шароит ниёзе ба ҷалби эътимодиафроде, ки пештар душманони сарсахти дин буданд ва бо зур ва шамшер ба дини ислом гаравидаанд, нест. Аммо бо вуҷуди ин навъ мулоҳизот, Умар (р) низ ҳамон сиёсати Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)дар бахшиш ва тақсими заминҳои вайронро дунбол намуд ва ба мардум эълон намуд, ки ҳар кас замини вайронеро обод гардонад, соҳиби он мешавад. (45)

 Бояд донист ривоятҳое, ки дар онҳо баён шуда, ки Умар (р) дар чанд маврид пеш аз эҳё ва ислҳи замин, онро аз  соҳибаш пас гирифтааст, заиф ва ғайримуътабар ҳастанд. (46)

Аз ҷумла мавридҳои тақсими заминҳо, ки Умар (р)  онҳоро анҷом дода метавон ба вогузории замини вайроне ба Хавон ибни Ҷубайр замини Ақиқ ба Зубайр ибни Аввом, замини Янбаъ ба Алӣ ибни Абитоллиб (р), ки чун об аз он ҷушон шуд, Алӣ (р) онро вақфи фақирон ва ниёзмандон намуд, ишора кард. (47)

Ҳангоме, ки Усмон ибни Аффон (р) ба мақоми  хилофат расид, ба ин кор ба хусус дар минтақаҳое, ки ба тасарруфи мусалмонон даромада буд, эҳтиммоми бисёр намуд. Пас аз  футуҳтҳоти густардаи мусалмонон бисёре аз маликони заминҳо аз шаҳр ва диёри худ гурехтан ва заминҳои худро  бе соҳиб раҳо карданд. Ҳукумат низ ба ночор ва барои пешгирӣ аз вайроншавии он заминҳо ва боғҳо, онҳоро  ба афроде вогузор кард. (48)

Адади ин заминҳо ба он ҳад буд, ки бино ба қавми Имом Аҳмад доманаи ин вогузориҳо аз заминҳои шаҳрҳо ва манотиқи сарзаминҳои фатҳ шуда низ расид. Бар асоси гуфтаи  муаррихон, андозаи даромади солона аз ин заминҳо, ки ба хазонаи байтулмол пардохт мегардид аз нуҳсад дирҳам дар аҳди  Умар (р) ба панҷоҳ милион  дирҳам дар аҳди Усмон ибни Аффон (р)  расид, ки ин худ  баёнгари муваффақияти сиёсати Усмон ибни Аффон (р) дар хусуси ингуна заминҳо буд. Дар манбаъҳои мухталиф ривоятҳои гуногун ва гоҳо заифе аз теъдоди афроде, ки ба онҳо замин  вогузор гардид, нақл шудааст,  ҳарчанд ин худ таъйидкунандаи густариши ин амр дар аҳди хилофати Усмон ибни Аффон (р) мебошад.

Мо дар ин ҷо ба овардани номи ин афрод мепардозем, ки дар миёни онҳо камтар ба номе аз Қурайш бармехурем:

–      Абдуллоҳ ибни Масъуди Ҳузамӣ.

–      Аммор ибни Ёсар (раз) : Минтақаи Аситинё.

–      Хаббоб ибни Арат (раз)-и Тамимии Қурайшӣ:

     Минтақаи Санъабӣ воқеъ дар Ироқ.

–      Адӣ ибни Ҳотами Тойӣ: Минтақаи Равҳо аз тобеъҳои Бағдод ва воқеъ дар канори руди Абас.

–      Саъд ибни Аби Ваққос Зуҳрии Қурайшӣ (раз): Минтақаи Ҳурмуз воқеъ дар сарзамини Форс.

–      Зубайр ибни Аввом (раз).

–      Усома ибни Зайди Калбӣ (раз) .

–      Саъид ибни Зайди Адавии Қурайшӣ (раз).

–      Ҷарир ибни Абдуллоҳи Буҷало (раз) : Минтақае дар соҳили руди Фурот.

–      Ибни Ҳаббор(раз).

–      Талҳа ибни Убайдуллоҳи Тамимии Қурайшӣ(раз) : Минтақаи Нашостабҳ воқеъ дар Куфа.

–      Воил ибни Ҳуҷри Ҳазрамӣ (раз) : Минтақаи ҷануби рустои зарари Укуфа.

–      Холид ибни Арфатаи  Қузоъӣ (раз): Минтақаи ҷануб “ Ҳамом айн” Куфа.

–      Ашъас ибни Қайси Киндӣ (раз): Тайзанобод воқеъ дар ҳадди  байни Куфа ва Қодисия.

–      Абумирбади Ҳанафӣ: Минтақае дар  аҳвоз.

–      Нофиъ ибни Ҳориси Сақафӣ (раз): Минтақае дар Басра ва дар канори руди Усмон ибни Аффон.

–      Абу Мусо Ашъарӣ (раз): Минтақае дар Ҳаммомумра.

–      Усмон ибни Аффон ибни Абилъоси Сақафӣ: Руди Усмолн воқеъ дар Басра.

Дар воқеъ гурези соҳибони ин минтақаҳо ва заминҳо сабаб шуд ин замин дар хатари вайроншавӣқарор бигирад, бинобар ин Усмон ибни Аффон (р) онҳоро ба афроди бовариноке вогузор кард то онҳоро ҷиҳати муқобила бо румиён мустаҳкам ваомода кунанд. Илова бар ин бино ба дастури худи Усмон ибни Аффон (р) заминҳоеро дар Антокия ва Бақолиқо дар миёни мардум тақсим намуд. Аммо ин ривоятҳо, ки  Усмон ибни Аффон (р), Фадакро ба Марвон ибни Ҳакам  вогузор намуд, поя ва асоси  дурусте надорад, балки бар асоси ривоятҳои  муаррихон, ин Марвон супурд. (49) Сиёсати Усмон ибни Аффон (р) дар тақсими заминҳо ва  амлок дар канори  сиёсати гирифтани закоти амвол саҳми зиёд ва чашгире дар афзоиши миқдори даромадҳои байтулмол дошт  ва дар муқоиса  бо аҳди Умар (р) аз рушди  қобили мулоҳиза бархурдор буд ба тавре, ки маҷмуъи даромадҳои ҳосилшуда аз ин бахш ба панҷоҳ миллион дирҳам мерасад.(50)

Ин бахши низоми моли идома дорад бо мо бошед

Манобеи истифошуда:  

1.Ассиёсатул – моляти ли – Умар ибни Хаттоб, Қутб Иброҳим Муҳаммал, 23.

2.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 79.

3.Ассиёсатул – моляти ли – Умар ибни Хаттоб, Қутб Иброҳим Муҳаммал, 23.

4Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 79.

5.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 76 – 77.

6.Ал – амвол Абу Убайд, 537.

7.Ал – амвол Абу Убайд, 537.

8.Ал – амвол Абу Убайд, 537.

9.Ал- мунтахабу минас –суннати (6/ 301).

10.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 79.

11.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 80.

12.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 80.

13.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 82 -83.

14.Таърихи Табарӣ (5 / 273).

15.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 84.

16.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 86 -87.

17.Фатуҳу Мисра ва ахборуҳо.

18.Фатуҳу Мисра ва ахборуҳо, 93.

19.Саҳиҳул – Бухорӣ ( китобул – муғозӣ, ҳадиси 4322).

20.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 93.

21.Футуҳоту Мисра ва ахборуҳо, 119 -120.

22.Футуҳоту Мисра ва ахборуҳо, 125.

23.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 95.

24.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 97.

25.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 99.

26.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон,103.

27.Тарихуи –Табарӣ ( 5/ 246).

28.Тарихуи – Табарӣ (5/ 255).

29.Тарихуи – Табарӣ (5 / 261).

30.Тарихуи – Табарӣ (5/ 266).

31.Тарихуи – Табарӣ (5/ 318).

32.Таърихи – Табарӣ (5 / 307).

33. Ал-хароҷ, Абуюсуф, 74.

34.Ал –хароҷ Абуюсуф, 74.

35.Ассиёсатул – молияти ли Усмона ибни Аффон, 105.

36.Ассиёсатул- молияти ли – Усмона – 105.

37.Ассиёсатул- молияти ли – Усмона – 106.

38.Ассиёсатул- молияти ли – Усмона 106.

39.Футуҳу Мисра ва ахборуҳо 102.

40.Ассиёсатул – молияти ли – Усмона, 107.

41.Ассиёсатул – молияти ли Усмона, 113.

42.Ассиёсатул – молияти ли – Усмона, 123.

43.Табақоти ибни Саъд (3/ 104).

44.Асрул – хилофатир – рошидати 220.

45.Асрул – хилофатур – рошидати 221.

46.Асрул – хилофатур – рошидати.

47.Асрул – хилофатур – рошидати 222.

48.Асрул – хилофатур – рошидати 223.

49.Асрул – хилофатур – рошидати саҳ. 24 – 25.

50.Ассиёсатул – молияти 188.

 

 

Share This Article