Бунёдкунандагони масчидхо хамсоягони Аллох дар рузи киёмат мебошанд!

Ислоҳ нет

Бунёдкунандагони масчидхо хамсоягони Аллох дар рузи киёмат мебошанд!

عـن أنـس رضـي الله عـنه قـال:
قـال رسـول الله صلى الله عليه وسلم :

“إن الله لـينادي يـوم الـقيـامـة:
أيـن جـيرانـي، أيـن جـيرانـي؟

قـال: فتـقـول الـمـلائـكـة:
ربنـا ومـن ينبـغي أن يـجاورك؟

فـيقول:
أيـن عـمار الـمسـاجـد.”

صـححه الإمـام الألـبـانـي 
الـسـلـسـة الـصـحيحـة 
مجـلـد ٦ ص ٥١٢

Аз Анас Разияллоху анху аз Расули акрам (салаллоху алайхи васаллам) ривоят аст, ки чунин фармуданд.

Рузи киёмат Аллох нидо мекунад кучоянд хамсоягони ман кучоянд хамсоягони ман?

Расули акрам(с) гуфтанд : малоикахо мегуянд: Эй Парвардигори мо ки бошад онеки (ин шарафи бузурги) хамсоягии шуморо дорад.?

Расули акрам(с) гуфтанд: Аллох субхонаху ва таоло мегуяд : Кучоянд бунёд кунандагони масчидхо?
(Хадиси сахех)

Шархи хадис:

Агарчи шахсе масчиде бисозад тибки хадиси сахех Аллох барояш дар чаннат хонае месозад. Вале манзур аз созандагони масчид. Намозгузорони он аст, ки бо ибодати худ масчидро месозанд. Пас агар ин дарачаи бузург ва хамсоягии Аллохро хоста бошем бояд намозхои панчгонаи худро дар масчид адо намоем.

Намунае аз созандагони масчидхо.

1-) Ибни Чурайч (рах) мегуяд: Масчид муддати бист сол фароши Ато (рах) буд ва яке аз онхое буд,ки шевои намоз гузораш хело хуб буд.

2-) Саъид Ибни Мусайяб (рах) мегуяд: Муддати си сол аст, ки алхамдулиллох муаззин азон мегуяд дар холе ман дар масчидам.(яне кабл аз азон гуфтани муаззин дар масчид будаанд) 
3-) Рабиъа Ибни Зайд(рах) мегуяд: Ман хангомеки муаззин азони пешинро медихад ман дар масчид хузур дорам. Магар рузхоеки бемор бошам ва аслан имкони намози шабро надошта бошам.(яне аз намози тахаччуд то адои намози зухр дар масчид будаанд хамеша)

4-) Яхё Ибни Муъин (рах) мегуяд; муддати чихил сол аст, ки Яхё Ибни Саъидро хамеша то завол дар масчид мебинам .

Эй бор Илохо моро аз бунёдкунандагони хакикии масчидхо бигардон. То дар он хонахои ту намозхои панчгонаамонро адо намоем бо хушуъ ва хузуъи дилхоямон.Барои мо ихлосро дар калбу амаламон бохам бигардон.Салому дуруди бе поён бар Мухаммад (с) бар хонадони пок ва асхоби он хазрат бод омин.

Share This Article