Хамеша ба Аллох гумони нек дошта бошед!

Ислоҳ нет

Хамеша ба Аллох гумони нек дошта бошед!

Аллох субхонаху ва таъоло мефармояд:
قَالَ هُمْ أُولَاءِ عَلَىٰ أَثَرِي وَعَجِلْتُ إِلَيْكَ رَبِّ لِتَرْضَىٰ
[الجزء: ١٦ | طه (٢٠)| الآية: ٨٤]
Тарчума: Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз паи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».
Ин сухани Мусо(а) буд, ки пас аз гарк шудани Фиръавн гуфта шудааст. Киссаи Мусо (а) ва Фиръавн барои мо маълум аст. Бахси мо албатта Ин нест танхо ин мактаъи оят аст:

“Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».
Ибни Кайими Чавзи(рах) мегуяд: 
Чи кадареки банда ба Аллох субхонаху ва таъоло гумони нек дошта бошад. Неку мегардад таманно ва орзуяш ба Аллох.
Банда бояд ба Аллох тавакали содикона кунад,ки хатман Аллох ончи ман ба У таъоло во гузор намудам онро бароварда мегардонад.Яъне хам гумони нек кунад ва хам тавакал кунад ва хам сабабро низ дунбол намояд. Вакте ин ду гумони нек ва таваккул неку ва содикона бошад сабабхам мухаё мегардад. Яке аз инхо нокис бошад расидан ба максуд душвор аст.
Инро хамеша дар ёд дошта бош Аллох бандаеки ба У таваккул ва умедвор аст харгиз уро ноумед намекунад. У таъоло харгиз бандае, ки амал менамояд барои ризои Аллох ва тавакал ба У менамояд ба холи худаш намегузорад. Вале хонандаи гироми се чизеки дар боло гуфтам хамаро якчо бояд анчом дод. Мо бисёр мешунавем мебинем мегуянд харчи дуъо мекунам бароварда намешавад? Агар пурси вакте дуъо мекуни таваккалхам мекуни ? Мегуяд бале вале дар бале гуфтанаш мутараддид хаст. Гохо хам тавакал ва хам гумони нек намудан ба Аллох дар хосил шудани максудро дорем аммо сабабеки бо он бояд он чиз ба даст ояд албатта ин баровардахо ва хохишоти дунёиро дар назар дорам, ки бо худ васила асбоби ба даст бояд биояд бо худ надорад . Пас чи гуна он амали гардад ва ончи мехохи ба максудат ё хадафат бираси? 
Як мисол то фахмо гардад барои хонанда. Гумони нек дори ба Аллох ва таваккалхам кардаи аз сидк то туро хона ё мошин ё чизи дигаре,ки мехохи бидихад вале кор намекуни! Чигуна он ба даст ояд бояд кор куни то ин ду гумони нек ва тавакал якчо бо амалат якчо гарданд ва ончи мехохи ба муродат бираси.Аллох субхонаху ва таъоло метавонист ба паёмбаронаш аз чаннат газо бифиристад вале онхохам инсон буданд кор мекарданд захмат мекашиданд даъват мекарданд озор медиданд зарбу шатму хакорат мешуниданд аз кавмхояшон. Вале харгиз аз кор кардан ва сабабе ки бо он бояд зиндагони намуд онро анчом медоданд барояшон аз осмон газо намеомад дар холе имкон дошт бо як дуъо мухаё шавад он талабашон. 
Хонандаи гироми ба ончи гуфтам хуб ахамият бидихед ба натичаи дилхохат иншоаллох хохи расид.
1-) Гумони нек ба Аллох доштан.
2-) Таваккали содикона ба Аллох намудан. 
3-) Сабабро истифода бурдан барои расидан ба хадафи дунёии доштаат.
Инчунин дар масоили ухрави он дуро содикона дошта бош. Мисли кабратро боге аз богхои чаннат мегардонад ,хисобатро осон мекунад, мушарраф ба дидори чехраи бе монанди Аллох мегарди дар масоили охират низ бояд он серо дошта бошем чигуна? Амал намудан барои онхоро ба даст ори сабаб лозим аст ки он амали солех намудан ва дур шудан аз амалхои баду манъ шуда аз чониби Аллох.Пас дар умум ин се чизро бояд дар худ дошта бошем то ба максуди дилхох бирасем хам дар дунё ва хам дар охират. Умед аст чизе бардошта бошед аз тафсир ва мафхуми Ин ояти карима

Share This Article