Ассалому алейкум бародари муборизи дар роҳи ҳақ Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо як гурӯҳи мардбачаҳои шаҳри Ваҳдат, хоҷагии деҳқонии ба номи Раҷаб Исмоил ба шумо ин номаро мефиристем.
Шумо тақрибан ду сол пеш дар бораи ҷодугарони Ваҳдат Яқубов Мирзо ва Яқубов Баҳром барнома карда будед. Мо мардуми қишлоқи Хоҷабойқул қариб 80 фоиз медонем, ки киҳо ин номаро барои шумо навиштагианд. Қасам ба номи Аллоҳ ҳар ончики дар он барнома дар бораи ин ду ҷодугар гуфтед, ҳамааш рост аст. (Ин матлаб зери унвони «35 ҳазор сокини колхози Р.Исмоил ва мақомоти Ваҳдатро Яқубов Мирзо ҷоду карда хар гардонидааст» дар таърихи 05.02.2023 чоп шудааст.
Баъди барнома Мирзоро бо Баҳром як кашида сар доданд. Яқубов Мирзоро аз ҳар чор вазифаҳояш озод карданд. Баҳром Яқубовро аз ҷойи кораш истироҳатгоҳи Ромит сур карданд. То ҳатто шабҳо аз тарсашон дар хонаҳояшон хоб набуданд. Баъди барномаи «Ислоҳ» дар хонаҳои мардум рафта хоб мекарданд. Зери таъсири он барнома чандин сокини деҳаро ба отдели Ваҳдат фарёд карда пурсишашон гузарониданд. Ҳаминҳоро ҳам Мирзо бо Баҳром кори ҳаминҳо аст гуфта фурӯхтагианд. Шукри Худо, ки баъди пурсишу саволу ҷавобҳои беасос ҳамаашонро сар доданд.
Аммо бародар, инро ба шумо бигуям, ки он одамҳои нома фиристода ягон 5 фоизи ҳаромхуриҳои Мирзо Яқубовро навиштагианд. Ҳоло 95 фоизи дигараш мондагӣ. Мо ҳама корҳои ин Мирзои ландаҳурро бо бародараш Баҳром Яқубов медонем. Айни замон боз ягон 5фоизи дигарашро ба шумо нома карда роҳӣ мекунем. Илтимос аз шумо, ки нашр кунед. То мардуми Ваҳдат ин бузҳои ҳаромхурро нағзтар бишиносанд.
Тахминан соли 2012 дар хоҷагии деҳқонии Раҷаб Исмоил як зан аз ҳамсоя қишлоқ дар ҷамоат кор мекард, раиса буд. Раҳматова Руқия ном дошт. Он вақт раиси маҳалла дар қишлоқамон ҳоҷӣ Ҳамза буд. Байни ҳоҷӣ Ҳамза ва як ҳамсояамон дар масҷид ҷанҷоли калон шуд. Номи ҳамсоя ҳоҷӣ Саид Юнусов бо кличкаи Саг Саид буд.
Баъди ин ҷангҷол, баъди намози бомдод зани ҳоҷӣ Саид мебинад, ки шавҳараш дар байни ҳавлӣ худро ба дор овехтааст. Аммо касе намедонад, ки худаш худашро куштааст ё ки ҳоҷӣ Ҳамза писари Саиди шофёр бо додаронаш ӯро куштаанд. Инро фақат Аллоҳ медонад. Инҷо айби ҳоҷӣ Ҳамза ҳамин аст ки як рӯзи пеш дар масҷид дар байни намозхонон бо ҳоҷӣ Саид ҷангҷолаш шуда буд. Тамом. Ё ҳамон рӯзи баъди мурдаро гуронидан ва ё пагоҳ ё пагоҳи дигар дар масҷид маҷлиси калон баргузор гардид. Мардум бо як овоз гуфтанд, ки ҳоҷӣ Ҳамзаро аз раисии маҳалла дафъ кунанд. Як мард аз мо поинтар нишаста буд бо номи кури Искандар гуфт, ки Ҳамзаро досрочно дафъ кунед, ки оҳиста-оҳиста ҳамаро мекушад. Ҳоҷӣ Ҳамза халқро гардан надод, зурӣ кард, ки ман аз вазифа намебароям. Дар Хуҷабойқули поин, яъне поинтар аз масҷид 4-5 комунисти ростгу дорем. Онҳоро ҳаромхурҳои қишлоқ бад мебинанд. Барои онки онҳо гапи ростро мегуянд. Дар инҷо номҳои онҳоро менависам, Кури Искандар, Исмоили Лола, муаллими Аскар, муаллими Сайфӣ Нарзуллоев ва Холназари народ.
Дар маҷлиси масҷидамон кури Искандар мехезад ва бо овози баланд мегуяд, ки ӯро дар ҳол аз кор озод намоед. Вагарна инҳо ҳама қишлоқро мекушанд. Агар дафъ шуда наравад мо то президент шикоят мекунем. Баъд ҳоҷӣ Ҳамза тарсида мегуяд, ки ман дигар кор намекунам.
Ҳамин тавр он рӯз Ҳамзаро аз раисии маҳалла маҷбуран бо як овоз пеш карданд ва дар ҷояш Яқубов Мирзоро монданд.
Дар он вақт раиси ҷамоатамон Абдураҳимов Қаюм буд. Пас аз он як зан аз ҳамсояқишлоқамон Руқия Раҳматова шуд. Яқубов Мирзо дар шаҳри Ваҳдат ғайри участковийи қишлоқамон ҳеҷ касро намешинохт. Яъне бо кормандони орган бо ҳеҷ кас ҷура набуд.
Бародар ин тарафаш аз нақлҳои ҳамон раиса Руқия Раҳматова мутаваллиди соли 1959 аст. Ин Руқия Раҳматова дар Норак шавҳар мекунад дар гузашта як лақайро мегирад ва аввал дар Норак мезист. Баъдан шавҳари Руқия Раҳматова маъюб мешаваду аз ӯ ҷудо мешаваду дубора бармегардад.
Пас аз он омада дар деҳаи Андрей мезист наздики хлебзаводи Ваҳдат. Раиса мегуфт вақте Мирзо Яқубов омад ба кор одами хуб буд, ягон гапи маро дар замин намемонд. Баъд оҳиста-оҳиста маро движени ва ухаживат мекард. Хуб, ман ҳам зани бешавҳар, ман ҳам дил бастам. Баъд ҳар гоҳ Мирзоҷон бо ман хобу хез мекард, хиёл мекардам, ки аз модарам нав таваллуд шудаам. Росташро гуям, маро шавҳарам ҳамин корҳоро накарда буд.
Дар вақти ин гапро задани раиса аз вай мепурсанд, ки чи корҳоро дар назар дорӣ?
Дар ҷавоб Раиса мегуяд, ки «чунон ишқварзӣ мекард,ки баданам меларзид. Барои ҳамин Мирзоҷон мада сахт маъқул шуд».
Раиса Руқия мегуяд, ки ман ба Мирзоҷон гуфтам, ки як чанд корҳо ҳаст диҳамат аз уҳдаи онҳо мебароӣ? Мирзоҷон мепурсад, ки масалан чи кор? Ман гуфтам, ки раиси маҳалла, раиси ҷавонон, танзим, ба болои 12 раиси маҳалла старши.
Баъди ин гапи ман чашмони Мирзоҷон калон-калон ҳуй шуданд. Ба ман Мирзоҷон гуфт, ки дар чор вазифа кор кунам мумкин аст ва барои ман аз боло проблема намешавад?
Ман ба Мирзоҷон гуфтам, ки «ҷони ма,то вақте ман дар ин идора раисаюм, ту як рӯз пас кати ма любоф мекунӣ,ман ҳам оста-оста тура тамоми коригарои калони Ваҳдат кати шинос мекунам. Дар ҷавоб Мирзоҷон ба ман гуфт, ки у хел кунӣ ку ма тура мехурам. Баъд ман аз ин комплиментҳои Мирзоҷон хурсанд шудам. Ман дар муҳлати 4 моҳ Мирзоҷонро ба тамоми мақомотҳои шаҳри Ваҳдат шинос кардам: началники милиса бо 4 та замаш, началники 6 одел бо 4-то муовинаш, боз судяҳову муовинонаш, военком бо муовинонаш, амният бо муовинҳояш, прокурор бо муовинҳояш, раиси шаҳр бо муовинҳояш. Ба ҳамаи инҳо ман дар любой кор Мирзоҷон одами боварӣ гуфта тавсия додам. Мирзоҷон ҳам дар гапаш истод. Хостаги вақтамда файродаш мекардам кайфу сафома мекардам, ман сад фоиз розӣ будам дар он вақт аз ӯ. Ҳамин гуна робитаҳои ҷинсии мо аз соли 2012 то 2018 давом кард ва Мирзоҷон дар бовари ҳамааш даромад.
Баъд аз онки бо он одамҳо конкретно шиноси хуб шуд, дигар маро писанд намекардагӣ шуд, аз ман мегурехт. Сипас маро аз раисии ҷамоат озод карданд ва раиси кумиати занони шаҳри Ваҳдат таъин карданд.
Дар охир Яқубов Мирзо номерҳои маро черний кард. Ҳамин қадар бигуям, ки ин Яқубов Мирзо набудааст, як офат будааст ва барои нафсу манфиати худаш дар любой кор қодир будааст. Он корҳои ҷодугарии бухороияшро ҳам ман медонам. Ман медонам, ки кадоме ба Муҳаммадиқбол нависондааст ҳамааш рост аст.
Мирзо дар деҳа чанд то шестерка дорад. Онҳо ба вай хабар кашида меистанд. Кор ба дараҷае расид, ки одамҳо, масалан туйдорҳо ва ё инки баччаашон синни даъват аст, худашон дар ҳар мавсим пешакӣ пулро бурда медиҳанд. Агар Мирзо медид, ки он одам камтар пулдор аст ставкаро мебардошт, камбағалҳоро ҳазор ё ду ҳазорашонро мегирифт. Агар дар туй ҳофиз набошад панҷсад то ҳазор вале агар ҳофиз бошад аз 1000 то якунимҳазор сомонӣ мегирифт.
Мирзо вақте ки пулро мегирифт сраза мегуфт: « и пул ҳамаш ай ма нест, иҷада учасковияй, раисай, амниятай». Барои ҳамин мардуми пул медодагӣ ҳама хап мекарданд, лишни гап намезаданд.
Бародар Муҳаммадиқбол қасам ба номи Аллоҳ ин ҳамаш гуфтаҳои ҳамон раиса Руқия Раҳматова буд,ки бе тасарруф онро навиштем ба шумо.
Акнун аз ин қисмат ба баъдашро мо худамон менависем. Яқбов Мирзо дар ҳамин колхози Раҷаб Исмоил чанд пулдоре, ки буд ҳамаро лох кардагӣ буд. Масалан аз призивникҳо доля мегирифт, аз мардум пули замин гирифтагӣ аст, аз тую маъракаҳо пул мегирад, пули об, пули обуна. Кадоме лишний гап зад, аз амният ва отдел метарсонад. Ҳар кадоме, ки пул додагӣ,ки буд ҳамаашон тарсидагӣ буданд. Аз Мирзо метарсиданд. Ягона одаме, ки Мирзоро шикаст дод, ин Лолаев Сулаймон бачаи Исмоил бо лақаби Қалайсани дуздбача буд. Дар охири соли 2019 аввали соли 2020 Лолаев Сулаймон бо лақаби Қалайсани дузд дар Москва чи ҷинояте мекунад ва ӯро боздошт мекунанд. ФСБ –шникҳои шиносаш срок нагирад гуфта депортатсияаш мекунанд. Ва аз СИЗО-и Сахарово роҳиаш мекунанд. Мегуянд, ки бирав ва ҳар вақт тишина шуд, худамон фарёдат мекунем бармегарди.
Қалайсан охири сентябри 2019 баъди 10 солу шаҳ моҳ ба Тоҷикистон меояд.
Қалайсан дар Тоҷикистон ягон лишни движени кардагӣ нест. Вай чи коре ҳам кардагӣ бошад дар Русия кардагӣ. Мебинад, ки дар дари рубаруи хонаашон даҳани дарвозаашон дарахтони бисёр шинонидаанд. Аз падараш мепурсад, ки ин дарахтҳоро, ки инҷо шинондааст. Дар ҷавоб падари Қалайсан ба бачааш мегуяд, ки бачаи ҳоҷӣ Холиқи бачаи Кали Хол. Қалайсан мепурсад, ки кадом бачааш, то раваму бигуям, ки биояду дарахтҳояшро бигирад. Падараш мегуяд, ки бимон баччаам, чи кор мекунӣ, кордор нашав. Падараш ноилоҷ мешаваду мегуяд, ки ҳоҷӣ Холиқ шинонд ин дарахтҳоро. Падараш мегуяд, ки он рӯз ман набудам. Ҳоҷӣ Холиқ меояд ба апаат ҷангҷол мекунад ва апаатро бо бел то даруни хона сур мекунад: «ма тура фалон мекунам, дар ҳами даруни хонато мекушамта, ҷавобу саволта метим, фалонат мекунам» мегуяд.
Сипас Қалайсан қади роҳ мебарояд, хонагиҳои ҳоҷӣ Холиқро мебинад. Мегуядашон, ки ҳоҷӣ Холиқро гап занед, биояду дарахтҳояшро бизанад. Дар ҷавоб бародароанш мегуянд, ки вай заминаш аст, коридааст. Дар ҷавоб Қалайсан мегуяд, ки хорошо. Ё забор кунад ё симтур бикашад ва аз забору симтур як метр он тараф шинонад. Дарахт мешинонанд, хона мекунад кардан гирад, «причем иҷа пеши дарвозаи мо»? Баъд кадом бародари ҳоҷӣ Холиқ ноилоҷ мешаваду дар ҷавоби гап мегуяд, бинавис номерҳои ҳоҷӣ Холиқрову ҳамроҳаш гап зан. Қалайсан сраза занг мезанад ва мисли одам салому алейк мекунад ва сипас мегуяд, ки «биё и дарахтота ай пеши хонаи мо бигир, дарахтот ду сол пас калон мешава, мошинои калон гузашта наметона, ҷураҷон биё бигир. Қалайсан телефона дар громкости мондагӣ. Дар ҷавоб ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки «ту худт я гуҳ, ту кӣ ҳастӣ,к и ма пеши ту мерафтам?»
Дар он вақт пеши Қалайсан тақрибан 10 ё 12 одам будааст. Қалайсан мегуяд, ки ман шавҳарат, ман мешапидагии занат. Агар номус дошта бошӣ биё, аз пеш гап мезанем. Ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки дар куҷоӣ ту? Қалайсан мегуяд, ки пеши булули оби калонда, пеши магазини Шоҳин. Ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки биист, ман даҳ-понздаҳ дақиқа пас пешат мешавам. Одамони дар пеши Қалайсин буда сразу ҳар тарафу ҳар су занг мезананд, дар пеши магазин то ҳоҷӣ Холиқ омадан тахминан 30-40 сокини деҳа ҷамъ мешаванд, ки ҳоло ҳоло ягон гап мешавад гуфта. Ҳоҷӣ Холиқ бо мошинаш бисёр тунду тез меояд ва дар пеши магазини Шоҳин тормоз мекунад ва бо ғазаб мефарояд ва одами бисёрро мебинад.Сразу бо Қалайсин саломалейк мекунад. Мегуяд,ки чи гап аст?
Қалайсан бо овози паст мегуяд, ки дарахтонатро аз пеши хонаи мо бигир. Вақти ман дар Русия будан зурӣ карда хона даромадӣ, мекушумтона, ҷавобу саволтона метум гуфта, ту чи хелӣ мардакӣ, ки тарафи занако зурӣ мекунӣ, у вақти ҳаромхуриву зулму ситамат гузашт. Мегуяд, ки ман набудам, чаро апаи мара бел дар дастат ҳақорат карда то даруни хонара сур мекунӣ? Дар ҷавоб ҳоҷӣ Холиқ бо овози баланд мегуяд, ки «ҳам хута ҳам апата ма фалон кадагӣ». Одамҳо ба хонаҳояшон даромада аз дарун тамошо мекунанд. Боз ҳоҷӣ ба тарафи Қалайсан мегуяд, ки «отат я мурғай».
Дар ҷавоб Қалайсан мегуяд, ки «ма занта фалон мекунам,…..шумо мардак боше амаки худатонро заҳр дода мекушдед?!
Дар ин вақт падари Қалайсан меояду тарафи ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки «шумо бояд гав назанен, одамкушам шумо, наркобизнесам шумо, ҳаромхурам шумо».
Ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки «даказат карда метонӣ, ки мо кира куштем, дар киҷо наркотик фурухтем, дар киҷо ҳаром хурдем»? Қалайсан дар ҷавоб мегуяд, ки «ма даказат мекунам неки ту ба занат сеталоқ қасам бухур, ки гапои ма ростай ё дуруғ. Ҳоҷӣ невиходни палажений мемонаду мегуяд, ки ҳо ма ҳаромхур гап дорӣ?.
Қалайсан мегуяд, ки Содиқи акаатонро ҳам ба фармони ту куштагиед, онро ҳам бигу охир!
Ва Қалайсан мегуяд, ки тез дарахтҳоятро бигир. Дар ҷавоб ҳоҷӣ мегуяд, ки «мара калама бигир ма дарахтора намегирум, даркор шава дар даруни хонатон дарахти сев мекорум».
Қалайсан мегуяд, ки биёву бикор, сезони себчинӣ,ки шуд янгаро роҳӣ кун хона мо ду каса себ мечинем ту мебарӣ дар бозор мефурушӣ.
Дар ҷавоб ҳоҷӣ Холиқ ба овози баланд мегуяд, ки хуб мекунам «отат ранги мурғай инами калама, ки бигир ягон кор аз дастат намеояд».
Қулайсан ғазабнок мешавад ва мегуяд,ки «ма занта фалон мекунам ту худат я ҳаромии, рав хута авал я ДНКа кун ба гав зан».
Падари Қалайсан меояд ва таги фуки ҳоҷӣ Холиқ меравад. Ҳоҷӣ Холиқро мегуяд, ки ту ҳоҷӣ нестӣ. Ту номи ҳоҷигиро ҳам ҳаром кардӣ. Ҳайфи ҳамон ҷавонмардиат, ту як хар ҳастӣ барои ман. Мардуми ҷамъшуда пароканда ва ҳарсу парешон мешаванд.
Ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки инҷо чи гапе ҳаст. Пеши мошинаш меравад. Дар масофаи 10-15 метр ҳақорат мекунад. Қалайсан мегуяд, ки ба худо қасам номусат бошад аввал бираву худатро ДНК кун баъд баланд-баланд гап зан. Ту ҳаромӣ ҳастӣ, Ту аз худораҳматии фалонӣ шудагиӣ. Дар ҷавоби ин гап ҳоҷӣ Холиқ боз ҳақорат мекунад. Қалайсан мегуяд, ки ту ҳаромхур ҳастӣ. Фалон миқдор пули маро дар Черкизбозор ба зулму ситам гирифтагиӣ, Шурики Сафарро зулму ситам кардӣ пула ай офис гирифтӣ, ай дастаи тура ҳаму мардак дар хунукийои Подмасковида кор кард грижа шуда овард, незашто оби дида карда туда пул дод. Ин ша Алоҳ и пулои ҳаром хурдагит насибат намекунад. И қадари 8 соли дигар ҳақи аробакашора хурдагиӣ ту иншааллоҳ ай почакои бинит мебароя, айми хонаи худмон саркарда то чанто одамҳое,ки ҳақшона хурдагиӣ дар намозҳои таҳаҷҷудашон туро дуои бад кардестиян. Ту ай худо наметарсӣ? Дар ин гап ҳоҷӣ Холиқ механдад ва мегуяд аз дастат омадагиашро кун ва мешинад ба мошинашу меравад.
Аз байн ягон бист дақиқа мегузарад, мардум хонабахона мешаванд. Бачаҳои ҷавони қишлоқ пеши Қалайсан пеши магазин меоянд. Мегуянд, ки ту зря бо вай сарбасар шудӣ. Ин бузи учасковий аст. Қалайсан мегуяд, ки бузай-музай мадачи?
Боз бачаҳо подробно мефаҳмонандаш, ки «ҳозир ай амихели бузо бтарс».
Бачаҳо қасам мехуранд, ки ҳоҷӣХолиқ дар ҳамин линия таксӣ кор мекунад ва дар ҳар мавсисми облава аз 10 то 15 одами деҳаро мефурушад. Ҳушёр шав, ки подставитат накунад.
Қалайсан дар фикр мезанад. Болои битони плита мешинад, телефонашро мебарорад ва ба ватсап Русия занг мезанад. Дар пеши Қулайсан боз ягон 10 одам ҷамъ мешавад. Дар экрани ватсап як одами кал ба формаи генерал- майорӣ. Қалайсан аз ин тараф гуфт, ки здорова братуха. Вай ҷавоб дод, ки здорова Сулиман. Ва ҳамин тавр бо ҳамдигар аҳволпурсӣ карданд. Қулайсан гуфт,ки «у меня такая стиатуатсия» ва ҳодисаро нақл карда дод. Қариб даҳ дақиқа барин гап заданд. Вай аз он тараф гуфт, ки бирав ба КГБ ваПрокураатон ариза навишта деҳ. Агар дар муҳлати 2 ҳафта резултат нашавад, что нибуд придумаем.
Пеш аз хайрухуш карданашон вай аз он тараф гуфт, ки этого чувака в Россия ест брат или родственники, неважно любой регион России? Қалайсан гуфт, ки да ест.
Аз он тараф гуфт, ки «неволнуйса,это решаеми проблема».
Баъди қатъи суҳбат одамони қишлоқамон гуфтанд, ки ин кӣ аст бо формаҳои генерал-майорӣ Қалайсан дар ҷавоб мегуяд, ки ин одам вақте бо ман рафиқ шуд, ҳануз подполковник буд. Ин хелин ҷура чандто дорам. Ин дар Петровка-38 дар антитеррор кор мекунад. Ду-сетоаш дар Петровка, боз ду-сетои дигараш дар Слдественний кометит, боз сетои дигараш дар ФСБ. Бо инҳо ман ягон 15 сол мешавад, ки ҷураам. Заказҳои соз-соз ҳаминҳо медиҳанд ба бачаҳо. Баччаҳо пурсиданаш, ки чи хелӣ заказ? Ягон ҷойҳои пулдори соз?
Ҳоҷӣ Холиқ қаҳр мекунад ба гапҳои Қулайсн. Шаб ҷиянашро бо се нафари дигар ба хонаи Қалайсан медароянду таҳдиду шиддат мекунанд. Қалайсан мегуяд, ки тахминан соатҳои 12-и шаб буд. Баромада тарафи ҳоҷатхона меравам, ки якеаш фуку даҳонамро қапид бо дасташ ва даҳонамро маҳкам кард. Ду нафари дигараш бо шатта заданро сар карданд. Он одами қапидагӣ аз дарвоза берун бароварданӣ хост. Як бало карда аз дасташ ҳуй хурдам. Дар ин ҳолат ҳамин қадар хостам, ки фарёд кунам, аммо аз тарс овозам намебарояд. Боз ба тарафам пеш омада ҳамла карданӣ шуданд. Ин навбат як бало карда фарёд кардам. Одамони хонаамон доду фарёду фиғон карда баромаданд. Як ҷиянашро, ки дар сараш кепка ва дар назди девор буд, азбаски шаб моҳтоб буд шинохтам. Қалайсан ҷиянашро шинохтааст. Вақте одамони хонаи Қалайсан дод зада мебароянд, ин одамкушҳо мегурезанд, баъд аз онки онҳо мегурезанд, тақрибан соатҳои яки шаб Қалайсан да отдел-шуъбаи милисаи Ваҳдат меравад ва ҳодисаи шударо ҳикоят мекунад. Дежурний мегуяд, ки заявлений навис. Саҳар участковий-нозири минтақаӣ меравад ҳодисаро мефаҳмад. Аз байн даҳ рӯз мегузарад, на участковий меояд ва на раиси маҳалла. Дар ҳамон вақт Яқубов Мирзо раиси маҳалла ва Ҷаббор гуфтани одам участковий буд.
Баъди даҳ рӯз, одамони қишлоқ, аз ин кор бохабаршудаҳо Қалайсанро мегуянд, ки ту бирав як бори дигар отдел, хабардорашон кун, ки ин чулоқи ҳоҷӣ Холиқ бузи гаренияй, боз ягон бало карда туро маҳкам накунад.
Баъд Қалайсан саҳари дигараш меравад ва ба дежурка мегуяд, ки ма 11 рӯз пеш ариза додам, аммо ягон кас аз ҳоламон хабар нагирифт, ин чи хелин милисаву ин чи хелин қонун аст?
Баъд дежурний мегуяд, ки кадом рӯз ва кадом соат ва бо кадом ному насаб ариза дода будед?
Қалайсан ҳамаашро мегуяд. Дежурний мебинад, ки дар қайди журнал ҳаст. Дежурний ҳам ҳайрон мешавад ва сразу ба началник уголовний розиск занг мезанад ва худашро муаррифӣ мекунад ва мегуяд, ки инҳо 11 ариза навиштагианд, ягон чора дидагӣ нестанд. Мегуяд ба кабинет биёрашон. Дежурний мегуяд, ки бароед ба фалон кабинет. Мераванд, началники уголовний розиск худро муаррифӣ мекунад.
Мегуяд, ман Умед, шумо аз куҷоед, киед, чиед, подробно гап занед. Қалайсан ҳамаи ҳодисаро гуфта медиҳад. Сардор сраза ба участковий занг мезанад, ки куҷое ҳастӣ, зуд ба пеши ман биё. 20 дақиқа гузашт,к и участковий ба кабинет медарояд. Қалайсанро дида ҳайрон мондааст.
Умед ба тарафи Ҷаббор мегуяд, ки барои чӣ кори ҷабрдидаҳоро пеш набурдӣ? Дар ҷавоб Ҷаббор мегуяд,ки ҳиҷчи гапе нашудааст, ҳама тинҷ аст. Инҳо айби худашон шудагӣ. Ҳоҷӣ Холиқ бародари ман аст.
Умед мегуяд: «Э, инҳо ҷабрдидаанд, ариза додагианд, ки яке Умеду Ҷаббор байни ҳам ба пичир-пичир медароянд. Умед Қалайсанро мегуяд, ки ҳамроҳи падарат берун бароед, дар коридор истед, ман фарёдатон мекунам».
Аз байн 10 дақиқа мегузарад. Участковий мебарояду мегуяд, ки дароед, шеф фарёдатон дорад.
Қалайсан медарояд, Умед мегуяд, ки биравед, ман ҳамин рӯз то бегоҳ ҳамаатонро даъват мекунам.
Қалайсан мегуяд, ки хонаамон омадем. Бегоҳ буд, соатҳои 4 Умед занг зад, ки ба кабинет биёед. Қаласайн бо падараш меравнд. Дар кабинети Умед ҳоҷӣ Холиқ бо ҷиянаш нишастаанд ва боз як бародари дигараш, дар кабинеташ ханда шиштаанд. Инҳо ҳам мешинанд. Умед гуфтааст, ки ҳардуятон аз ҷойҳоятон бихезед. Умед тарафамон як дод зад, моро ҷангҷол кард. Ва таҳдид карда мегуяд, ки агар як бори дигар ариза менависӣ ҳардуятонро маҳкам мекунам, ба шумо ҷавоб.
Қалайсан мегуяд, ки «ай гизалагима пушти сарма муйҳои сарома кандестам, худам ба худам гуфтестам, ки то ҳамин дараҷа давр-даври номардӣ шидайда».
Мегуяд берун аз отдел баромадем. Тарафи падарам гуфтам, ки «и коро 360 градус дигар хел шид ку»? Мегуяд падарам дам назад. Хона омадем. Боз ба одамҳои даркорӣ занг задам- Москва. Гуфтанаш, ки сегодня пятнитса, суббота воскрессений виходной, вторник, иди возле главний вход посолство Россия где КПП, оттуда звони мне. Тебя там встречают, решают твой проблема. .
«Қалайсан мегуяд то он рӯз, яъне дар байни 3 ё 4 руз ҳар гоҳе раҳ мебароям ҳоҷӣ Холиқ ба бародаронашу ҷиянҳояш мара мебинаду ранги кинои индиски, ҳамон Гапар барин ба овози баланд қаҳ- қаҳ карда механданд.
Мегуяд, аз алами инҳо ва корҳояшон вақти таомхурӣ 10-12 занҷабили тез мехурдам тамоман «чустват» намекардам. Дар ҳоле, ки пеш як занҷабилро се руз мехурдам.
Хуллас, тахминан соатҳои 10-саҳар дар назди сафорати Русия ҳозир шудам. Аз ҳамон даҳани дари КПП занг задам Маскав. Гуфт биист, ҳозир даъватат мекунанд. Як дақиқа ҳам вақт нагузашта дарро боз карданд. Дар пеши даромад тоҷикҳо бисёр буданд. Як бачаи рус даромада Лолаев Сулаймон, кӣ аст гуфта садо кард. Ва маро гирифту ҳамроҳаш бурд.
Аз руи паспорт дар журнал чизе навишт. Дуюм ошёна дари кабинетеро тақтақ кард. Аз дохил овози занона гуфт, ки заходите. Ин зан маро қабул кард, гуфт Татяна ном дорад. Сипас вай пурсид, ки Фалонӣ Фалониевро аз куҷо мешиносӣ? Сипас Қалайсан моҷарои шиносшавиаш бо он генералро ҳикоят мекунад.
Баъд он зан гуфтааст, ки ҳодисаи ба сарат омадаро ҳикоят кун. Нақл мекунад. Он зан номери участковий ё началник уголовний розискро аз Қалайсан мепурсад.
Он зан ба Қалайсан гуфтааст, ки пагоҳ туро ба чанд идора мефиристам, онҷо меравӣ, аз болои ҳамон одамҳое, ки туро ғам додаанд, ариза менависӣ. Аз пеши худат равӣ гумон аст туро қабул кунанд, аз номи ман меравӣ.
Қалайсан мегуяд, ки ман ариза навишта наметавонам. Он зан як уф гуфта механдад. Ва мепурсад, ки ягон одами боваринок дошта бошӣ, ки хаташ соз бошад, аз тани ту заявка нависад». Қалайсан мегуяд, ки як бало мекунам.
Сипас он зан ба Қалайсан мегуяд, ки аввал апарати президентатон меравӣ аз даҳани дари онҷо ба ман занг мезанӣ, ман ба онҳо занг мезанам, аз дарун баромада туро қабул мекунанд, дуюм КГБ меравӣ, сеюм МВД, чорум Генпрокуратура меравӣ.
Баъд мо Қалайсанро пурсидем, ки успет кардӣ? Гуфт,ки пеши ҳар кадомеаш, ки меравам холашкда занг мезанам. Дераш даҳ дақиқа пас меоянду маро мебаранд. Ҳамон рӯз то соати сеи рӯз ҳамаашро буд кардам.
Дар охир Татянада занг зада гуфтам, ки корҳоямон буд шуд акнун чи кор кунем?
Татянаи корманди сафорати Русия дар Душанбе гуфтааст, ки «иди домой нирипайса некому не лишни слова, тичени два недели лёд тронутса мекуна, я им ишо позвоню чтоби бистре ришали твойи проблема». Қалайсан мегуяд, ки аз бйн як ҳафта нагузашта буд, ки Мирзои раиси маҳалла, як рӯз шомӣ, берун торик занг зад, ки Сулаймон ту куҷоӣ? Гуфтам дар хона. Гуфт, биё берун ман дар назди магазин ҳастам, як чақчақ кунем. Гуфтам, ки хуб меравам. Қалайсан мегуяд, ки ба худам гуфтам, ки «ба фикрам ҳечаи мурчада овдуромад чи, ино писанд намекардан, и чи гап боша»?
Пеши мошинаш рафтам. Мирзо гуфтааст, ки «будро пешда бушин гавзанем». Дарро кушода даромадам, даруни мошин буй спирти сахт мекард. Мирзо Яқубов задагӣ, лайло буд. Мирзо гуфтааст, ки «и чи гапай байни туву ҳоҷӣ Холиқ»
Қалайсан ҳамаро нақл мекунад. Ва меафзояд, ки дар ҳамин кор ҳар касе ҳоҷӣ Холиқро кумак кардааст, маззаи ҳамаашонро мегурезонам. Баъд, вақте аз мошин пиёда мешавад, Мирзоро чойхурӣ таклиф мекунад. Мирзо раҳмат мегуяду мегуяд, ки «ячира мада росташа бугу, ки ҳами корода тура кӣ ёрадам кардестай. Ту 10 сол дар Тоҷикистон набудӣ, иқа идораҳора ту сраза дар 6 -7 соат ту чихел успет кардӣ дуромадӣ, ариза навистӣ? Одамо ҳар якадоми у идораҳода моҳош кати очират мегиран, тура ки ёрдам кард?»
Дар ҷавоб Қалайсан гуфтааст, ки як хешамон ва фаромадааст аз мошини Мирзо Яқубов.
Рузи дигар аз Дастгоҳи Президент ба Қалайсан занг мезананду номерҳои началник милисаи Ваҳдатро медиҳанд ва мегуянд, ки хезу бирав сардор ждат дорад.
Меравад занг мезанад. Мегуяд, ки КПП рав телефонатро громкост мон. Охраннаро гуфт, ки дарро ҳуй кун. Даромадам. Гуфтанд, ки 2 этаж бароям. Баромадам, ки ду кас бо формаҳои гражданский шиштаанд. Салом ва муомилаи хуб кард. Ягон даҳ дақиқа моҷароро ҳикоят мекунад. Ин вақт ба началник занг мешавад. Началник ба Қалайсан мегуяд,ки ин муовин одами худи ман аст, ҳамаро ба ҳамин бигу.
Муовинаш аз Қалайсан пурсидааст, ки ту чих ел успет кардӣ, ки дар чор ҷо ариза бидиҳӣ? Қалайсан мегуяд, ки инҳо аз куҷо донанд, ки ман он аризаро дар 6 соат навистаам? Муовин мепурсад, ки аризаҳоро худат навистӣ? Қалайсан мегуяд, ки не, одами бовариам навистагӣ. Баъд муовин мегуяд, ки дар ҳар як аризаи навистагиат числову соаташ навиштагӣ.
Баъд, Қалайсан мегуядаш, ки «мара барои чи фарёд карден»?
Муовин мегуяд, ки раиси маҳаллаатонро, одаме, и бо вай ҷанг хурдӣ ме…иша меҷушиша, мехоиша, чи корешон мекунӣ кардан гир, ягон кас туда лезит намекуна, неки фақат ай руй қонун илтимос, ҳами Ҷабора (участковий) қати Умед ай бозӣ брор номшона дар ягонҷо нагир.
Қалайсан механдаду мегуяд: «охи ино ҳоҷӣ Холиқа ёрдам кардагияй. Муовин мегуяд, ки«братишка Сулаймон лубой одам хатогӣ мекунад, ягон соли дигашон мондай,то пенсашона. Ино чанд соли кор кардагиян. Ҳоли ай руй ту шида иёра ай кор сур мекунан, мумкинай, ки инора делашон кунан вазиятшон безеб мешава».
Қалайсан мегуяд, ки аниқ дигар Умеду Ҷаббор далше лезит намекунанд? Муовин мегуяд, ки ягон кас туро дахолат намекунад. Муовин мегуяд, ки Сулаймон бепули бад бошӣ, Умедро занг мезанам, ягон сум меорад, грет мекунад. Қалайсан мегуяд, э дафъаш кун худашамрову пулашамро. Просто ҳамин қадар обидно, ки гарени издиватса кард. Хуб, мегуяд, Қалайсан, «худо худаш медона ма ба худо супоридамшона» ва бо муовин порукам мекунанд.
Ҳамон рӯз аз прокуратура облавчикҳои қишлоқро кадом муовини прокурор мебинаду мегуяд, ки Хуҷабойқулӣ Поён рафтӣ, Яқубов Мирзо, Раҳмонов Холиқ, Раҳмонов Комрон ва Раҳмонов Олимро на днях ҳар чорушда дело мекушоянд, даже мумкинай, ки Душанбе бурда маҳкамшон кунанд. Облавчико рост идора меоянду Яқубов Мирзоро мегуянд, ки «вазиятот безебай, ҳолати кор ҳами хел.
Дар ҷавоб Яқубов Мирзо мегуяд, ки ҳам худаш ва ҳам отааш фалонҷома хурда наметонанд. Чи коре аз дасташон ояд бикунанд. Облавчикҳо мегуянд, ки ҳоло ҳам сари вақт аст. Агар ба мо бовар надорӣ, бирав аз прокурор пурс. Мирзо ба ошноҳояш занг мезанад. Онҳо мегуянд, ки вазъиятатон безеб. Ҳамон Сулаймонро началник фарёд кард., ним соат уговорит кардемаш. Бача, бачаи мефаҳмидагӣ будааст. Гуфтааст, ки гарени издеватса карану лекин майлаш, ман ба худо супоридамашон. Так что вазъияти ҳар чоратон безеб. Гуфтааст, ки бо раиси танзими Ваҳдат ва участковийро ман мегуям вале ту муллои қишлоқро бигир ҳамакас рафта бахшиш пурсед. Агар кор серёзний равад, аз дасти мо ягончи намеояд.
Яқубов Мирзо меояду пеши ҳоҷӣ Холиқ вазъиятро нақл мекунад. Мегуяд бояд равему бахшиш пурсем, то кор ба деги калон наафтад. Ҳоҷӣ Холиқ Мирзоро мегуяд, ки ман ба ту, ба милисаҳо пул додам, ин чи хелин мешавад. Мирзо ҳоҷиро мегуяд, ки «э,я бор фигр кун, ки и паданалат чи хел дар чансоат у идораҳои калон рафта ариза навистай? Одамо мераванд ҳафтаву моҳ меистанд баъд очиратшон мераса. Мада бовар накунӣ бра пеши учасковий аризаҳора бин кадом вақту соатда навистагияй»?
Ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки бо «и муллову милисаву дигару дигараша хонаи вайҳо равем оташ ҳамара сур мекуна, биё, я бало карда масчит файродшон кунем».
Мирзо розӣ мешавад. Баъд плани Қалайсанро мекашанд. Ҳоҷӣ Холиқ мегуяд, ки ин Қалайсан намозам намехонад: « я руз миоя масчид серуз не, я бало карда через ягонта ҷураи Қалайсана масчит овардан даркор».
Мардуми поёнро мегуянд, ки «я бало кунен Қалайсана шомхонӣ масчит биёренша, ки вазиято безеб».
Як бало карда Қалайсанро мегуянд, ки биё равем шомхонӣ. Мегуяд майлаш меравам. Пеш аз намози шом хондан эълон мекунанд, ки баъди шом ҳеҷ кас ҳеҷҷо наравад, маҷлисай, намоз тамом мешавад, маҷлис сар мешавад. Участковий мегуяд, Сулаймон ҳамин корро хобонидан даркор, дар байни ҳамсоягӣ хуб намешавад, отатда занг бзан биоя масчид. Қалайсан мегуяд, ки шумо суду судя набошен, мон ҳаму идораҳои боло худшон кора дидан гиран. Дар ин гап ҳоҷӣ Холиқ девона мешавад, дастонаш ларзида меояду аз каштали Қалайсан мегирад: эй, биё иҷа аз гуноҳи мо бигузар!
Қалайсан мегуяд: « ба хубӣ дастота бигир ай каштали ма кору борора ма ҳазор градус дига кардагиюм».
Мардум ҳоҷӣ Холиқро мегуянд, ки ту девонаӣ аз каштали ӯ меқапӣ? Баъд ҳоҷӣ сар медиҳад. Раиси танзим Қалайсанро ором мекунад ва ба гапи хуб мефаҳмонад. Мегуяд, ки занг бизан отаат биоя. Қалайсан дафъатан занг мезанад ва падарашро мегуяд, ки «Ота бхе масчит биё, коро сар шид». Падараш меояд ва то намози хуфтан маҷлис давом мекунад. Дар охир байни ҳамаашон сулҳ мешавад.
Мирзо бо акои Исмоил мечуқан, Таваккали акаи ҳоҷӣ Холиқ бо акаи Исмоил меҷуқан ва байнашон сулҳ мешавад.
Тамоми мардуми қишлоқ Қалайсанро мегуянд, ки барои чи сетуза пас кардӣ, инҳо номарданд, серавно корашонро мекунанд.
Бародар Муҳаммадиқбол! Қасам ба номи Аллоҳ, ин номаро мо 15 кас аниқу дақиқ навиштагием.
Дар охир як каме аз Мирзо Яқубов мегуем. Ва боз аз эпизодҳои Қалайсан.
Мирзо Яқубов, ту як номарди ҳаромхурӣ, ту ин ҳама сари сол дар қишлоқ кор кардӣ, хуни халқро ба фиребу найранг хурдӣ. Ту дар қишлоқ як ҳоҷатхона сохтагӣ нестӣ.
Вақте ту тавассути милисаҳои Ваҳдат Қалайсанро ба розиск додӣ, вай ҳам бесавод нест. Ҳоло се туз дар дасти Қалайсан аст. Вақте Қалайсан гранитса пересикат мекунад, пограничникҳо мегуянд, ки туро бо статяи 307 дар Тоҷиикистон розиск додаанд. Қалайсандар ҳол ба ҷураҳояш занг мезанад Москв. Мегуяд, ки вақти убури сарҳад дар фалон КПП қапиданд. Дар Тоҷикистон маро моддаи 307 задаанд. Баччаҳои деҳа ҳамроҳаш будаанд. Аз ФСБ ба ҳамон област занг мезананд ва ФСБ мефаҳмонанд, ки ҳамон одамро дар гранитса қапиданд ва дар як ҳодисаи одамкушӣ шоҳид аст немедленно ҷавобаш бидиҳед. Бачаҳо мегуянд, ки аз Русия баромадем, навбат бисёртар буд. То Русия медароем, гуфтем, ки аз байн се соат барин вақт гузашт. Омадем пеши КПП, ки уже Қалайсан моро дар берун ждат дорад, мо ҳайрон шудем. Бачаҳо қасам мехуранд, ки боз дар паспорташ печати даромаду баромади Русия задагӣ. Ҳама дар корҳои Қалайсан Сулаймон Лолаев ҳайрон. Сарҳадро гузаштем. Дар роҳ связ набуд, чойхона омадем. Баъди сарфи таом Қалайсан гуфт, ки «бестен ягон минут ма ҳаму одами хизмат кардагида занг бзанум я раҳмат бугумша». Мо гуфтемаш, ки занг задӣ дар громкости мон. Мо ҳам бифаҳмем. Қалайсан занг зад, салому алейк карданд. Қалайсан барои хизматат раҳмат гуфт. Аз он тараф ответ омад, ки «ти знаеш кто тебе это подлости сделал»? Қалайсан гуфт, ки 50 на 50. Вай гуфт, ки это непойдёт. Нам нужен 100 на100. Боз ҷавоб омад, ки у него ест в России родственники, брати сестри, синовей, любой касяк найди, ми его суда приташем, твойи проблеми будет решено.
Ва дар охир як эзоҳ аз мо муаллифони ин нома. Бародар Муҳаммадиқбол!. Ин номаро нашр кунед. Сипас мо ҳамкориро ба тавври густарда бо «Ислоҳ» идома медиҳем.
Ҳоло мардум дар кишту кори заминҳояшонанд.
Худо хоста бошад.