Қисса аз Қозӣ Байзовӣ (раҳ)

Қисса аз Қозӣ Байзовӣ (раҳ)
Тафсири
(إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ) الآية

Аз Аллома Қозӣ Носируддин Ал-Байзовӣ (раҳ) дар наздкиҳои шаҳри Шероз ба дунё омадааст ва дар Табрез (вафот соли 691 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1286 мелодӣ) чунин ҳикоят мекунанд, ки аз худ чандин китоби илмӣ ба ҷой гузоштааст адади онҳоро ба 26 мегӯянд. Яке аз китобҳои маъруфаш миёни хосу ом ин китоби Тафсираш мебошад. Албатта толибилмони мо низ ба ин китоб хуб ошноӣ доранд.

Аллома Байзовӣ ҳангоме, ки тафсирашро ба итмом расонид, китобашро ”Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил” ном гузошт. Тавре ки медонем дар ҳама давру замон уламо аз аҳли дунё ва сармоядор набуданд, зеро ҳамеша машғули хондан ва тадрис гуфтан буданд. Барои анҷоми амалҳои дунявӣ вақт надоштанд. Аллома Байзовӣ (раҳ) фарзанддор буданд. Тавре ки худ менависанд чаҳор духтар дошт. Чун духтаронаш бузург мешаванд барои издивоҷи онҳо мисли одати он замон ҷиҳози арӯсӣ лозим буд. Ҳамсараш мегӯяд, чизе надорем, то духтаронро ба шавҳар диҳем. Бояд роҳи ҳали ин мушкилро пайдо кунем. Аллома Байзовӣ (раҳ) каме меандешад ва ба чунин хулоса меояд, то китоби тоза ба итмом расонидаашро ба Бағдод назди халифа барад ва аз ӯ атое барои ин амалаш дарёфт намояд.

Дар аснои сафар ба як деҳае мерасад ва барои рафъи хастагияш ба хонаи яке аз донишмандони аҳли қария меҳмон мешавад.

Шайхи қария мепурсад: Куҷо сафар доред?

Аллома Байзовӣ мегӯяд: Ба сӯйи Бағдод равона ҳастам.

Шайх мепурсад: Мақсад аз ин сафар чист?

Аллома Байзовӣ мегӯяд: Ман ба тозагӣ тафсире навиштам ва дар таҳқиқи он хеле заҳмат низ кашидам. Маро чаҳор духтар аст ва барои ба шавҳар додани онҳо маблағи нақд лозим аст. Мехоҳам назди халифа равам ва ин китобро тақдимаш намоям ва аз ӯ кӯмак хоҳам.

Шайхи қария гуфт: Ин сухани Аллоҳро дар сураи Фотиҳа чӣ хел тафсир кардӣ : {إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ} [سورة الفاتحة، الآية: 5
Тарҷума : “ТанҳоТуро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем” (Сураи Фотиҳа,ояти 5)

Аллома Байзовӣ гуфт: Тафсираш чунин аст: Эй Аллоҳ намепарсатем магар Туро ва кӯмак талаб намекунем магар аз Ту!

Шайхи қария гуфт: Дар ҳоле ки чунин тафсир кардаӣ, пас чаро аз ғайри Аллоҳ кӯмак талаб мекунӣ?

Ин сухан ба Аллома Байзовӣ (раҳ) чунон таъсир кард, ки қофилаи ҳамроҳаш бударо аз сафар гардонид ва ба Бағдод нарафт.

Уламо мегӯянд: Сабаб ин аст, ки вақте таваккали комил ва холис ба Аллоҳ намуд, Аллоҳ тафсирашро миёни ҳама аҳли илми замонаш маъруф кард. Тафсираш китоби дарсии мадрасаҳо ва ҳалқаҳои илмӣ гардид, ҳатто пас аз вафоташ то ба имрӯз ин китоби дарсии Донишгоҳҳо ва мадрасаҳои динӣ аст.
Маъхаз: Китоби Ал-Реҳлат Ал-аёшия. ҷ. 1\249.

Тафсири оят.
: {إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ} [سورة الفاتحة، الآية: 5
Тарҷума : “ТанҳоТуро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем” (Сураи Фотиҳа,ояти 5)

Ин ояти карима яке аз оятҳое мебошад, ки ҷомеътарин оятҳо ва нофеътарини онҳост. Ончи дар ин оят баён шудааст миёни ибодат ва кӯмак талаб кардан аз Аллоҳ аст. Инчунин ин оятро ҳар рӯз дар панҷ вақт намози фарзӣ мехонем. Намоз бидуни хондани сураи Фотиҳа дуруст нест.
Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) ин оятро зарифона тафсир кардааст.

Дар ин оят сирри офариниш, инчунин ҳама муҳтавои китобҳои осмонӣ ва шариъатҳои пешин таҷассум ёфтааст. Дар ин оят савоб ва иқоб вуҷуд дошта, дар ояте, ки иборат аз ду калима аст дар ин ду калима мадори бандагӣ ва тавҳид вуҷуд дорад. Аллоҳ беш аз садҳо саҳфа ва чаҳор китоб барои бандагонаш нозил кардааст ва маънии ин ҳамаро дар Таврот, Инҷил ва Қуръон ҷамъ намудааст. Инчунин маънии ин се китобро дар Қуръон ҷамъ намуда, маънии Қуръонро дар муфассали ҷудогонае гирд овардааст ва ин муфассалро дар сураи Фотиҳа ҷамъ карда, ин ҳама маъниҳои сураи Фотиҳаро дар ин оят ҷам овардааст:
{إِيَّاكَ نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ} [سورة الفاتحة، الآية: 5
Тарҷума : Танҳо “Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем”. (Сураи Фотиҳа,ояти 5)

Дар ин оят ду калимае вуҷуд дорад, ки аз якдигар ҷудоанд, вале дар як оят қарор доранд. Нисфи ин оят барои Аллоҳ аст ва нисфи дигараш барои бандагон мебошад.

إِيَّاكَ نَعْبُدُ “Туро мепарастем” ин нисфи аввалаш барои Аллоҳ аст.
إِيَّاكَ نَسْتَعِينُ “Танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем” нисфи дуввум аз банда аст.

Дар сурате, ки ин ояти карима дорои аҳамият ва фазилати хос аст дигар ба таҳлили зиёд эҳтиёҷ нест. Мо ҳар рӯз ин оятро дар панҷ вақт намоз мехонем. Оё мавриди хондани ин оят боре ҳам андеша кардаем?

Умед аз ин қисса ва тарҷумаи ин оят баҳраи маънавӣ гирифта бошед. Аз ин пас ҳангоми хондани ин оят ба маънии он сарфаҳм меравем он ва ончи дар ин оят нуҳуфта аст меандешем, то Аллоҳ моро аз бандагони мухлису ҳақиқияш бигардонад ва ёриямон кунад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.