Аллохро сипосгузорам, ки бародарон ва хохарони мусалмони хам миллатам маро барои ризои Аллох дуст медоранд.

Аллохро сипосгузорам, ки бародарон ва хохарони мусалмони хам миллатам маро барои ризои Аллох дуст медоранд.

Аллохро сипосгузорам, ки бародарон ва хохарони мусалмони хам миллатам маро барои ризои Аллох дуст медоранд. Манхам хамаи шумо азизонро барои ризои У таоло дуст медорам. Адади онхоро ба 816 нафар ташхис намуда аст. Онхеки маро бад медидаандро 2 нафар гуфта аст. Албатта ман дар адади 816 бовар дорам зеро мусалмон бародари мусалмон аст. Аммо адади 2 ро наметавонам бипазирам. Сабаб он аст, ки дар олам хеч шахсе чуз паёмбарони илохи идеал ва кудваи комил наметавонанд бошанд. Зеро паёмбарон фиристодагони Аллоханд ва маъсуманд. Аммо бар замми фиристодаи Аллох буданашон ва маъсум буданашон. Мухолифони сарсахт ва бад бинандагони зиёде дар рузгорашон доштанд. Бо шаходати Куръони карим, онхоро азият, озор, шиканча, тамасхур, истехзо хатто ба катлхам расонидаанд. Пас ман чун худро дар кофилаи даъватгарони ин рохи пур фарозу нишеб медонам. Хатман мухолифини ин манхач ва роху равиш дар ин рузхохам хело зиёданд. Хатто мешавад онхоро ба маротиб аз куруни гузашта бештар ракам зад. Ин як амри табиъи ва оддихам хаст.

Имом Газоли (рах) дар китоби эхё хадисеро аз Расули акрам (с) оварда аст, ки ровии он Хузайфа ибни Ямон(раз) сохиби сирри он хазрат мебошад.

" Меояд бар мардум замоне,ки лошаи хари худмурдаро аз шахсеки амри ба маъруф ва нахйи аз мункар менамоянд бартар ё афзал медонанд"

Пас бе ягон шакку шубха ман ин рузхоро дакикан он рузхое медонам, ки хазрат баён намудаанд.

Аллох бар ман ва хамсафон ва хам кофилагонам устуворбуданро дар ин рох насиб гардонида бошад. То бар хама озор ва тахдиду мушаккатхое домангири якояки мо аст росих ва устувору побарчо бошем. Моро аз дуъохои некатон фаромуш насозед !

 

 

 

 

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.