Саргузашти марди тоҷике дар Аврупо

Саргузашти марди тоҷике дар Аврупо
(Қиссаи ҳақиқи)

Дар ҷамъи ёру дўстон, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд ва зиёфате барои мани меҳмони аз Тоҷикистон омада ороста буданд, шоҳиди ҳоли як нафар ҳамзабону ҳамдину ҳамватанам гаштам, ки дар дафтари хотира сабт кардану барои дарси ибрати дигарҳо рўи коғаз оварданашро холӣ аз манфиъат намебинам. Чуноне ки дар ин маврид шоир ва сардафтари адабиёти классики тоҷик шайх Абўабдуллоҳи Рудакӣ фармудаанд:

Ҳар кӣ н-омўхт аз гузашти рўзгор,
Низ н-омўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Мардуми гирдиҳамомадае, ки ин ҷо ҳузур доштанд маълум буд, ки аз ҳар гўшаву канори Тоҷикистони азиз ҳастанду барои касбу кор омада ва дар пайи дарёфти ризқу рўзӣ буда ва ҳар кадом мувофиқи шароити даромади корие, ки доранд, бояд ҳам худро таъмин созанд ва ҳам ба хонаводаҳояшон барои таъминоти онҳо пул фиристанд ва инчунин пасандозе дошта бошанд, ки ақаллан дар сол як ё ду маротиб ба дидани зану фарзандон ва падару модару хешу ақрабо бираванд. Аммо мутаассифона қисмате аз онҳо бо сабабҳои мухталиф, аз рўи надоштани ихтисос ва ё пайдо накардани кори муносиби сердаромад, фақат рўзеро ба рамузе мегузаронанд ва дар чанд моҳу сол агар пулаки ночизе ба хона равон кунанд, боқиро барои коркобию аз шаҳр ба шаҳр гаштан дар ин кишвари паҳновари Русия сарф месозанд. Ҳатто баъзеҳо ҳастанд, ки беш аз 5-6 сол рўи зану фарзандро надида ва бўи ватан ҳам барояшон нарасидааст. Ҳар шахси дар ғарибиҳо гаштаву мусофират дошта ва ё дур аз ватану зану фарзанд зиндагӣ мекарда хотираҳои талху ширине дорад ва чун шахси муносиб ва ё ҳамсўҳбати мувофиқро пайдо кард, ҳатман аз он хотираҳо ёдовар мешавад то шояд андаке бошад ҳам ғубори дилашро барорад ва ғаму дардашро таскин бахшад. Ҳамсўҳбати ман ҳам яке аз чунин ғарибгаштони ҳамватан аст, ки беш аз 15 сол ҳаёти худро сарсону саргардон дар кишвари Русия ва шаҳрҳои дигари Аврупо гузаронида ва акнун бо ранги зарду дасти холӣ ва бе зану фарзанд қасди ватан ва зодгоҳаш Тоҷикистони азизро дорад ва гўё бо забони ҳол мегўяд:

Дар ғарибӣ гашта-гашта ранги зард овардаам,
Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.

Вале бо вуҷуди ин ҳама нокомию фиребхўрдагиҳо, боз ҳам рўҳафтода несту худро ноком намеҳисобад ва чун ин ғурбату саргардониҳо сабаби ҳидоят ва дубора пайвастан ба динаш гаштаанд ва акнун лаззати ибодату шиносоии динӣ ва шириниву гармии оғуши модар ва ватанро дарк кардааст, худро хушбахт меҳисобад. Ҳамсўҳбатам, чун мо бо ҳам унс гирифтаву якдигарро мувофиқ ёфтем, хотираи гузаронидаашро пеши назар оварда, қиссаро чунин оғоз бахшид: «Дар кишварамон Тоҷикистони азиз, дар ноҳияи Ҳисори шодмон мисли бақия ҳаммиллатонам буду бош намуда, зиндагии хушу осудае доштам. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъият дар кишвари азизамон ноором гашт, ман ҳам мисли дигар ҳамшаҳриҳоям ба Русия ҳиҷрат намудам. Дар ин кишвар, пас аз чанд муддат зистану касбу кор пайдо кардан, дар пайи кори сердаромад ва макони зисти пешрафтаи серу пур гаштам ва бо кӯмаки як хонуми рус ба давлати Намсо (Австрия) ҳиҷрат кардам. Зиндагию кору фаъолиятамро он ҷо оғоз намуда ва чун мутахассиси соҳаи барқ будаму забони англисиро медонистам, дар як шўъбаи барқи шаҳр, ҳамчун инженер-техники барқӣ ба кор қабул шудам, ки моҳонаам нисбат ба маоши дар Русия доштаам бисёр баланд буд.

Пас аз чанд муддат кор кардану бо шаҳр ва мардуми онҷо шинос гаштанам, ба ҳукми тақдир, бо хонуме шиносоӣ пайдо кардам ва пас аз чанд муддати ҳамдигарро омўхтан, бо ў издивоҷ намудам ва Худованд ба мо дугоник- як писар ва як духтари дўстрўяк ато намуд. Хурсандии мо зану шавҳарро, ки ҳам соҳиби писар ва ҳам соҳиби духтар гашта будем ҳадду канор набуд. Ба хусус, ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидаму ҷои нишаст намеёфтам ва Худои меҳрабонро бисёр шукргузор будам, ки маро дар ин мулки ғариб ва дур аз ватану хешу ақрабо соҳиби ду ҷигарбанде карда, ки аз насли худи ман ҳастанд ва дигар ман танҳо нестам. Духтару писарамро бо хоҳиши ман номҳои тоҷикӣ Зуҳро ва Фахриддин номгузорӣ кардем. Ман шаҳрвандии он кишварро низ қабул намудам ва зиндагӣ бо чунин сурат дар маҷрои худ равон буд. Дар маҷмўъ ҳаёти воқеъан хубу хушеро мегузаронидему аз зиндагӣ қаноатмандӣ доштем ва танҳо чизе, ки маро гоҳе нороҳат менамуд, ин муҳит ва муҷтамаи он кишвар буд. Расму русуми мардуми дигар, урфу одоти бароям ноошно маро ба дуродур ба андеша мебурд. Меандешидам, ки ояндаи фарзандони маро чӣ интизор бошад? Оё ман метавониста бошам барояшон забони модариам тоҷикиро биомўзам ва муҳаббати ин забон ва ватани аҷдодиашон Тоҷикистонро дар қалбҳои онҳо ҷой кунам? Оё ман, ки худ маълумоти дурусте дар бораи динам надорам, метавониста бошам пайрави дини Ислом будани падару бобо ва ҳама аҷдоди падарӣ ва тарзи ибодат кардани онҳоро барояшон бифаҳмонам? Оё ман рисолатамро ҳамчун падари мусалмони тоҷик ба ҷо оварда метавониста бошам?

Ин гуна суолҳо дигар қариб, ки ҳар рўз маро домангир мешуд ва ҳоли маро ба танг меовард. Рӯз то рӯз бароям зиндагӣ тоқатфарсо мегардид. Ман аз динам қариб, ки чизеро риъоят намекардам, вале ҳамсарам ҳар рӯзи якшанбе ҳамроҳи Зуҳро ва Фахриддин ба калисо мерафт ва гоҳ-гоҳе маро низ даъват мекард, ки имрӯз рўзи истироҳат аст ва биё бо бачаҳо ба калисо рафта баъди анҷоми ибодат ба сайру гашт бароем. Инсон вақте дар зиндагӣ мушкилоте надошта ва аз ҳама ҷиҳати моддию маишӣ осудаҳол гардад, бештар дилаш ба ватан ва хешу табор ва русуму одоти мардумаш мекашидааст ва ба ин чизҳо ниёз доштанашро баръало мушоҳида мекардааст. Бовар кунед номуси мусулмонӣ ва тоҷикиям намегузошт, ки ҳамроҳи онҳо ба калисо равам ва рӯз то рӯз садои занги калисо ба назарам гӯшхарошу изтиробовар мегашт ва худ намедонистам, ки чаро ин тавр шудаам. Рӯзе ба ҳамсарам гуфтам: Дигар намехоҳам, ки ту фарзандонамонро ба калисо барӣ ва онҳо худро масеҳӣ пиндоранд. Ман, ки падари онҳо ҳастам тоҷики мусалонам ва мехоҳам, ки фарзандонам ҳам пайравам бошанд ва ту худ ваъда карда будӣ, ки ҳар вақт хостӣ ба Тоҷикистон ҳамроҳ меравем ва гуфта будӣ, ки бо дини Ислом мушкил надорӣ ва агар лозим шавад онро меомўзӣ ва пайрави он мегардӣ.

Ҳамсарам бо диққат маро гўш карду гуфтаҳоямро инкор накард, лекин писхандомез гуфт: Ту худат аз динат чиро медонӣ, ки ману фарзандонамонро меомўзӣ? На ба ман ва на ба фарзандонамон боре ҳам дар мавриди чӣ гунагии динат ва чӣ таълимот доштану чӣ хел ибодат кардани пайравонашро маълумот надодаӣ ва ин манам, ки дар ин чанд сол ниёзи диниашонро бароварда сохтам ва онҳоро ба назди падари рўҳонӣ бурда таълимоти дини масеҳиро барояшон таълим додам.Ҳатто онҳороҳам криститҳам намудам агарчӣ ту аз ин амалам огоҳ набуди вале воқеъият ин аст ҷонам. Пас аз чунин эътирозҳои ҳамсарам ба хулосае омадам, ки дар ҳақиқат кўтоҳӣ аз ман аст, чун ман дар бораи динам ҷуз чанд калимаҳое, ки аз бибиам дар хурдӣ омўхта будам, чизеро намедонистам. Ва акнун ба дарки гуфтаҳои падару модарам мерасам, ки доимо таъкид мекарданд, дар баробари дарсҳои мактабиам назди домуллои маҳалла рафта илми динамро ҳам омўзам. Дар чунин вазъ қарор гирифтанам маро водор кард, ки ҳар навъ шуда бояд ман аввал худам динамро фаҳмам ва сипас фарзандонамро ба он роҳнамоӣ кунам. Ба ҳамин мақсад дар рӯзи ҷумъа ман аз ҷои корам соати 11 рухсат гирифтам ва ба хона омада сару танамро шуста ғусл намудам ва ба сӯи масҷиди бузурге, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд шитофтам. Вақте ба масҷид расидам, то вақти адои намоз, тақрибан 1 соат вақт боқӣ монда буд. Ман қасд доштам, ки аввал аз масъулини масҷид тарзи намозгузориро омӯзам ва сипас намоз хонам. Шукри Худо, ки дар масҷид барои касони тоза исломро пазируфта, ҳуҷрае ҷудо карда шуда ва дар он ҷо навмусалмононро масъулини масҷид тарзи намозгузорӣ ва исломпазириро роҳнамоӣ мекардаанд. Ман аз нафарони онҷо мунтазиристода пурсидам, ки чиро интизоранд ва чаро вориди ҳуҷра намешаванд. Гуфтанд: Мо омада ва навбат гирифтаем, ки дини Исломро бипазирем ва ҳозир шахси дохилбуда, ки барояд як нафари дигарамон ворид мешавад. Бовар кун бародари азиз, ман худро дошта натавониста мегиристам, ки чӣ тавр мани мусалмон боз аз сари нав Ислом оварам. Ба худам гуфтам: Ҳар чӣ бодо-бод!

Охир ман ҳам аз динам ҳеҷ чиз намефаҳмам-ку! Хулоса навбат ба ман ҳам расиду дохили он утоқ шудам. Вақте дохили ҳуҷра гаштам, ки ба шурўъи намоз 10 дақиқа вақт монда буд. Ҷавони кушодачеҳра ва нуроние, ки масъули таълиму роҳнамоӣ буд ба ман гуфт: Биё бародар калимаи шаҳодатро хон ва мусалмон шав ва ҳамин ки намозро хонда шудем, мо барои шумо китобҳои таълими динӣ ва тавсияҳо медиҳем. Агар хоҳиш дошта бошед ҳар ҳафта 3 рӯз дар ин ҷо дарси диншиносӣ, улуми динии эътиқодӣ ва фиқҳи ибодот омўзонида мешавад ва метавонед худро номнавис кунед ва бештару хубтар дар мавриди дини Ислом ва тарзи ибодатҳои он огоҳӣ пайдо кунед. Ман дарҳол калимаи тайиба ва шаҳодатро арза намудам ва акнун мани бо ном мусалмон гўё дубора дини Исломро қабул мекардам. Чун намозро гузоридем, ман пештар аз дигарон худро ба назди он утоқ расонидам то китобе дар мавриди дини Ислом ва раҳнамудҳои он дастрас намоям ва динамро дурустар бифаҳмам. Худоро шукр, ки шайх ва масъули он марказ омад ва бо ману дигар нависломпазируфтагон қариб 2 соат сўҳбат кард ва бароямон маълумоти зиёде аз таърих ва усули дин пешкаш намуд ва инчунин тарзи гузоридани намозҳоро дар танҳогӣ ва ҳамроҳ бо ҷамоат нишон дод. Инчунин барои ҳар кадомамон китобчаҳо ва дастурамалҳои диниеро низ ҳадя намуд. Ман, ки акнун худро як каме осудахотир ҳис мекардам, бо табъи болида ба хона рафтам ва намози асрро танҳо гузоштам. Намози шомро мегузоридаму ҳоло тамом накарда будам, ки фарзандонам аз мактаб ва ҳамсарам аз кор баргаштанд.Чун болои ҷойнамоз маро дар чунин ҳол диданд, ҳамагӣ дар таъаҷҷуб ба ман менигаристанд ва аз якдигар мепурсиданд, ки ман чӣ кор мекарда бошам? Ва худ фарзия ва тахмин зада мегуфтанд, ки мумкин ин ягон намуди машқ аст, ки ман анҷом медиҳам? Чун ман аз намоз фориғ гаштам бо садои баланд гуфтам: Ман намоз хондам ва ин ҳеҷ гуна машқу тамрине ба ҳисоб намеравад, балки тарзи ибодати мусалмонҳо чунин аст.

Ҳоло ман ҳамин қадарашро мефаҳмам, ки бо ин ҳол ман дар назди Офаридагор ва он зотек,ки мепарастам Аллоҳ ҳузур дорам ва бузургӣ ва пурқудратию тавонмандии Ўро пеши назар оварда, дар баробараш сар бар замин мемонам ва банда буданамро изҳор мекунам. Инчунин калимаҳоеро аз Қуръон, ки ёд дорам мехонам ва бо дуъову ниёиш аз Худои кариму раҳим талаби мағфирати гуноҳони худу падару модар ва тамоми мусалмонҳоро мекунам. Боз дуъо мекунам, ки касони аз ин дин бехабар ва бероҳгаштаро Худои меҳрабон ҳидояти роҳи росту тавфиқи бандагӣ ва худошиносӣ ато намояд, то тамоми мардум дар сулҳу оромиш зиндагӣ намуда хушу хурсанд бошанд. Инчунин боз дигар ҳикматҳое дар ин намоз нуҳуфта аст, ки бо фарогирии бештар аз ин дин, бо хости Худои ҳакиму доно, онҳо низ бароям маълум мегарданд.Чун барои ҳамсар ва фарзандонам дар мавриди дини Ислому роҳу равиш ва тарзи ибодаташ аз имрўз омўхтаҳоям каме рўшанӣ андохтам онҳо дигар чизе нагуфта ҳар кадом аз пайи корҳои худ рафтанд. Вақте сари суфраи шом шиштем, пас аз итмоми хўрок, дар мавриди аз имрўз ба баъд бо равиши мусалмонҳо зистан ва дар ин маврид таълим гирифтану аз ҳар гуна хўрданӣ ва нўшиданиҳои номашрўъ дурӣ кардан тасмимамро изҳор намудам, ҳамсарам ин тасмимамро тасмими шитобзадагӣ унвон кард ва ба фарзандонаш нигоҳи маънидоронае намуда гуфт: Ҳоло шитоб накунед, вақт худаш нишон медиҳад, ки мо бояд чӣ гуна зиндагӣ ва кадом роҳу равишро интихоб намоем.

Чун ман ба қарори қатъӣ омада будаму тасмимамро дар ин маврид гирифта, ба худ қарор гузоштам, ки онҳоро кам-кам ба ин равиши нав одат мекунонам. Бинобар ин, онҳоро яку якбора сахтгирӣ накардам ва ба ҳолашон гузоштам. Танҳо худам ҳафтае 3 рўз ба масҷид рафта он ҷо таълим мегирифтам ва дониши диниамро пурра менамудам. Дар мавриди хўрданӣ ва нўшиданиям худам кушиш мекардам, ки чизҳои номашрўъро истифода набарам. Бо ҳамин тарз зиндагӣ ҷараён дошт ва ман аз омўхта ва фаҳмидагиҳоям, кам-кам ҳамсару фарзандонамро огоҳ мекардам, то ин ки рўзе Зуҳро ва Фахриддин, ки акнун ба 13 солагӣ қадам монда буданд, бо як писару духтари бегона ба наздам омаданд ва онҳо худро дўстписару дўстдухтари Зуҳро ва Фахриддин шиносониданд. Агарчӣ ин кор барои онҳо як чизи одӣ буд ва ман, ки хуни тоҷикӣ дар баданам меҷушиду каму беш аз динам ҳам огоҳӣ пайдо карда будам хеле оташин шудам, вале бо вуҷуди ин ҳам худро ба даст гирифтаму астағфируллоҳ гуфта шайтони лаъинро дур кардам ва ба онҳо фаҳмонидам, ки мо мусалмонзода ҳастем ва ин равиш муносиби мо нест. Бо ҳамин ман онҳоро аз мулоқоту вохўрӣ бо ҳамдигар манъ намудам. Ба хубӣ маълум буд, ки ин тарзи муъомилаи ман ба ҳамсару фарзандонам писанд набуд, вале бо вуҷуди ин ҳам, гўё ба хотири эҳтироми ман бошад, эътирози шадид нишон надоданд ва фақат ҳамсарам маро ҳушдор дода гуфт: Мо ҳам ҳаққу ҳуқуқи худро дорем ва агар лозим шавад метавонем аз ваколатҳоямон ба нафъи худ истифода намоем.

Ман аз ин гуфтаҳо чизеро дарк накардам ва пиндоштам, ки ҳаққу ҳуқуқи башарӣ, заношавҳарӣ ва фарзандонро мегўяд, бинобар ин бо хотири осуда гуфтам: Бале азизам, шумо метавонед аз ҳуқуқҳоятон озодона истифода намоед. Бо ҳамин маҳдудкунии аз номашруъҳо ва фаҳмондану тарғиб ба чизҳои ҳалолу покиза ҳашт моҳи зиндагӣ сипарӣ шуд ва дар якчанд рўзи ҷумъа Фахриддинро бо вуҷуди эътирозҳои модараш, бо худ ба намоз бурдам. Яке аз рўзҳои истироҳатӣ буду ман дар хона ҳузур доштам ва ҳамсару фарзандонам барои дидорбинии як хешованди беморашон рафта буданд, ки занги дар садо дод ва дарро кушода бинам ҳамон ду нафаре, ки худро дўстписару дўстдухтари Зуҳро ва Фахриддин номида буданд пушти дар истодаанд. Ман онҳоро пеш карда дарро ба рўяшон бастам ва таҳдидашон кардам, ки агар дигар бор ба хона биёянд ба пулис муроҷиат мекунам.

Пас аз соате ман барои хариди баъзе лавозимоти рўзгор ба бозор баромадам ва чун баргаштам чашмам ба мошини пулис афтод, ки дар назди дарвозаи хонаи ман истода ва мардони пулис рафту омад доранд. Ман ин ҳолро дида сахт хавотир шудам ва дар як лаҳза чандин гумонҳо аз сарам гузашт. Ба худ меандешидам, ки чӣ шуда бошад? Шояд дузд даромада бошад ва ё ягон ҳодисаи дигаре рўй додааст. Ғарқи чунин фикру хаёлҳо ба назди дарвозаи хона расида хостам дохили ҳавлӣ шавам, ки ҳамин вақт яке аз он пулисҳо аз ман пурсид, ки ман кистаму чӣ мехоҳам? Гуфтам, ки ман соҳиби ин ҳавлӣ ҳастам ва ана ин ҳуҷҷатам. Пулис ҳуҷҷати маро аз назар гузаронид ва ман вориди ҳавлӣ шуда дидам, ки ҳамсару фарзандонам омадаанд ва он ду нафареро, ки соате пештар аз ин ҷо ронда будам, низ ҳамроҳи ду пулиси дигар ҳузур доранд. Чун ҳамсарам маро дид, ба пулисҳо нишон дода гуфт, ки ана ҳамин кас аст. Ҳамагӣ, ки димоғсўхта менамуданд бо қошу қавоқи гирифта арзи салом намуданд ва яке аз пулисҳо ба ман гуфт, ки аз пушти ман шикоят шудааст ва ҳозир бояд бо онҳо ба идораи пулис биравам. Дар он ҷо аризаи шикоятиеро, ки ҳамсарам навишта ва фарзандонаму он ду нафари дигари ҳамроҳашон буда онро таъйид кардаанд, бароям нишон доданд. Дар ариза аз ҷумла омада буд, ки гўё ман аз зурӣ кор гирифта ҳуқуқу озодиҳои ҳамсару фарзандонамро поймол мекарда бошам ва онҳоро ба зур аз динашон хориҷ ва ба дини худам пойбанд карданиам.Ман инро дида ҳамасарамро як шаппотии обдор задам ва писарам хост модарашро ҳимоят кунад ӯроҳам тела додаам,ки ин амалам шикояти онҳоро таъйид намуд.

Маро ба ҳабс гирифта дигар ба хона омадан намонданд ва ҳамин тавр мурофиа барпо намуда маро аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум карданд ва ҳама дороиямро ба ҳисоби ҳамсарам гузарониданд ва додгоҳ маро маҳкум карда барои 3 сол равонаи зиндон кард. Дар зиндон ҳам касе аз ҳамсару фарзандонам барои мулоқот наомад. Пас аз ба озодӣ баромаданам фаҳмидам, ки ҳамсарам ҳавлиро фурўхта ҳамроҳи фарзандон ба дигар ҷо рафтаанд ва чанд ҳафта пурсуҷуҳоям натиҷае набахшид. Бинобар ин аз он шаҳру мардумаш дилам гирифт ва мани ғарибу бечора боз ба Русия баргаштам ва қасд дорам, ки кор карда сармояе ба даст биёрам ва ба Тоҷикистони азиз рафта зиндагии ҳалолу покизаеро оғоз кунам.» Чун ҳамсўҳбатам, қиссаи талху саргузашти аламнокашро ба ин ҷо расонид, ман ки дар ин ҳама сафарҳо ва гирифторию хориҳо худро ҳамроҳи ў тасаввур мекардам, як оҳ кашида худро каме сабук ҳис кардам, вале боз ҳам тасаввур карда наметавонистам, ки ў ҷигаргўшаҳояш Фахриддин ва Зуҳроро чӣ қадар пазмон шудааст. Боз ҳам Худои бузургу тавоноро шукргузор будам, ки ин марди ҳамватанам сиҳату саломат аст ва дар баробари ин ҳама сахтиҳо худро гум накарда ва аз зиндагӣ ноумед нагаштааст ва ҳар куҷо, ки зиста бо ёду хотири ватан ва кишвари азиз зистааст. Беихтиёр гуфтаҳои шоири нуктксанҷе ба хотирам расид, ки фармуда:

Бе ватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан,
Дар ватан будаи бе ёди ватан бе ватан аст.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.