Режимҳои диктаторӣ, дар ҳама давру замонҳо рӯи рамзу розҳои рақам таваҷҷӯҳ доштаанд, ки намунааш дар режими хунбори Раҳмонов ҳам бе чуну чаро дида мешавад.
Фиръавниён алифбои суратии аҷибуғарибу розомезе доштанд.
Диктаторони кишварҳои Миёнрӯдон (Ироқу Ирони кунунӣ) аз замонҳои бас бостон хати мехии ҳайратоваре доштаанд.
Чиниҳо ҳам бо ин ҳама иероглифҳо (хати тасвирӣ)-яшон машҳури оламанд.
Хат ё дабира худ офаридаи мағзи мутафаккири инсонҳои боҳӯш буда, ки дарак аз рушду нумӯ ва фарқияти инсонҳо аз дигар намуди ҷонварҳо медода.
Вале асрҳои мадиде ин ҳама дабираву нигоштаву дарҷи афкор, мунҳасир ба афроде аз табақаҳои ашрофӣ, коҳинон, соҳирон, дабирон ва аҳли илму дарбор мебуда, то инки башарият; баъд аз асри Ренессанси аврупоӣ «хатхон»-у босавод шуд.
Босаводӣ бошад, ҳоло дар Тоҷикистон ба маънои он аст, ки нафаре навишта ва хондан тавонад – чи он дурусту олимона бошад, чи каҷмакаҷу ҷоҳилонаву бесаводона – чун хатнигории пурғалати пешвову пасвоҳои дигари ин дудмони касиф.
Пас, ин асри илму технология низ тӯдаҳоро дар кишварҳои ақабмондае чун кишвари мо «босавод» накарда, балки ба гуфти донишманде: бесаводон дар ин аср кам нагаштаанд, балки онон «навиштан»-ро ёд гирифтаанд!
Ҳаминки ҷоҳиле бо даст ё бо клавиш ё бо равзанаи телефонҳои ҳӯшманд нигоштанро ёд гирифт, ин нишонаи он нест, ки ин «ҷоҳили хатомӯхта» босавод гашта бошад. Балки имконоти фаннию техникӣ нигоришро дастраси ҳамагон карда, чи ҷоҳилу чи олим.
Аз ҳамин рӯ буда, ки дар аҳди Шӯравӣ ҳар тоҷике, ки бо хати Акаи Кирилл каҷукилеб «Доҳии мо – Ленин» нигоштанро ёд мегирифт, болшевикон ӯро райком намуда ба ӯ сертификати «шахси босавод», «зиёӣ», «одами асри нав», «аз оилаи деҳқон» ва раҳида аз «ҷаҳолат» меномиданду ӯро «хатту саводаш баромад» гуфта, бологузар мекарданд.
Лоиқ мегуфт:
Оё чй шуд, ки аз ҳама олам ҷудо шудем?!
Шояд аз он, ки мункири зоти Худо шудем?!
«Боло» ҳар он чӣ гуфт, «бале» гуфта, оқибат
Дар кӯрзахми дарду бало мубтало шудем.
Аҳли китоб будаву восухта кутуб,
Бо чашми боз ҳамқадами кӯрҳо шудем.
Гаштем ҷумла «босавод» аз файзи инқилоб,
Лек аз саводи хештанҷӯйӣ саво шудем.
Будем муншии ҳама иншои рӯзгор,
Сар то ба пой маншаи чуну чаро шудем.
Сӯйи уфуқ давидаву сокин ба ҷойи хеш,
Бар хеш норасидаву аз худ ҷудо шудем.
Аз миллату зи уммати худ бехабар, вале
Миллат насохта, хама миллатгаро шудем.
Аз бун шикаста маъбаду меодгоҳи хеш,
Мӯҳоҷ бар кушоиши дасти дуъо шудем.
Ҳамин дарди бесаводони «райкому раиси колхози лениншуда»-и «аз оилаи нопадармаълуми хокпоши дузд» имрӯз ҳам идома дорад-рӯи ҳар куҳу гӯҳ пурғалат менигоранд: «Пешвои миллат – ифтихори мост!».
Ва ҳамин тире (-)-и зиёдатиро аз тирезаи модарғари Эмоми ҷоҳилон оварда як ҷумлаи соддаро пурғалат кардаанд.
Ононе, ки имрӯз ҳатто як ҷумлаи беғалат нигоштан натвонанд, чун моро пешвову раҳбар шудаанд?!
Барои шинохти бештари ин масъала бояд ба асари бас безаволи устод Баҳманёр «Сармаддеҳ», ё худ «Ҳикояҳо»-и ӯ, махсусан, ҳикояи «Муҷоҳид» руҷӯъ кунед, ки чӣ гуна як дузде бо номи Бофтакро «аз коҳу хок, дар як рӯз, кашида оварда, ҳоким таъйин мекунанду пасаш чӣ мешавадро худатон рафта, хонда фаҳмед…»
Ё асари пурмӯҳтавои устоди зиндонӣ, Қодири Рустам – «Пойҳо ва рӯйҳо»-ро мутолиа кунед, то бифаҳмед, ки ин «Бофтак» айнан ҳамон «Ангӯштак»-ест, ки Президенти мунтахаб – Раҳмон Набиевро бо чилбури хиштаки пияндараш ба дор мезанад!
«Бофтак»-и аҳди барқароршавии сохти Инқилоби Октябр ва «Ангуштак»-и замони «барқароркунии сохти конститутсионӣ» ҳамоно чеҳраи як шайтон аст: Эмомалии Раҳмон аст!!
Ҳамин гуна буд кори тамоми ҳахомҳои Бани Исроил, муллоҳои дарбории тоҷик ва хатдонҳову «босаводон»-и шӯрапушти аҳди Шӯравӣ, ки боризтарини ин «ҷоҳилони босавод» Ҷугашвилии Гурҷии қотили миллионҳо инсон буда, ки чун «Бофтак-муҷоҳид»-и ҳикояи Баҳманёр аз шӯрапуштӣ ба шӯразори Шӯравӣ расиду шӯри инсониятро даровард!!
Прототипи «Ангӯштак» баротон маълум шуд, ки кудомин «ПТУ-шники двоишники алломагашта»-и ин аср аст?!
Шояд бипурсед, ки мо интизори шунидани сухан дар боби моддаи 307 будем?
Оре, вақташ фаро расида, ки оид ба қонуну рамзу рози он сухан бигӯем, чун қонун ҳам вобастаи ақлонияти ҳамин ҷаҳолату чалласаводии ҷоҳилҳокимон аст!
Гуфтем, ки диктаторону коҳинону шаману маҷус (меҷикҳо) дар тӯли торих ба рӯи рамзу розҳои динниву боварҳои пӯшидаи худ пардае аз ибҳом мекашидаанд, ки яке аз ин гуна хатҳои розомез худи хати ибрӣ мебуда.
Худи ҳамин рамзу розолуд будани ин хатҳоро дар «Ҳисоби абҷад» хоҳем дарёфт, ки ҳар як ҳарфе аз ҳуруфи ин алифбоҳо ба худ, дар баробари маъноеро додан, низ вазифаи рақамӣ – рамзиро ифода мекард.
أ – 1
ب – 2
ج – 3
س – 60
ر – 200
ش – 300
Ва агар хоҳем рақами 307 – ро рамзгушоӣ кунем, мешавад : Шин – 300 + Зайн – 7 = 307 شز
Ва ин ҳисоби ададиро حساب الجُمَل низ меноманд, ки аз ихтироъоти яҳудон аст.
Агар ба маънои вожаи «шазза» руҷӯъ кунем, онро ба ду маънои асосӣ хоҳем дарёфт:
- Хӯшкӣ, қаҳтӣ
- Хушкидани андом (паралич)
Агар Қуронро кушода ба сафҳаи 307 нигарем, дар он Пораи 16, Сураи Тоҳо ояҳои 66 то 76 дарҷ гаштаанд.
Мӯҳтавои ин ояҳо 3 падида аст:
- Оғози муборизаи Мусо (а) бар алайҳи натанҳо Фиръавну дарбориёнаш, ки ӯро «Худо» мехонанд, балки муборизаи оштинопазири байни ҳақу ботил, дар сурати ҷанги «тилисму сеҳр» бар зидди асои Мусо (а) , ё ҳақиқати овардаи ӯ аз ҷониби парвардгораш аст;
- Шикасти ҷодугарон дар баробари Мусо (а) ва баргашташон аз роҳи найрангу шӯъбадабозию мардумфиребист, ки бо маслиҳати пешакӣ бо Фиръавн, барои каллаи хар кардани мисриён, пинҳонӣ, ройзанӣ карда буданду кунун, дар малаи омм ин қишри заранги ҷомеаи онвақта, натанҳо сирру пиёзи Фиръавнро бароварда, шармсораш карданд, балки ба гуфти муфассире: саҳаргоҳон соҳир буданду дар фарҷоми он рӯз солеҳ шуданд!
- Фиръавн ҳам чун Раҳмонови миллаттилисмгари имрӯз, «зирракии сиёсӣ»-ро аз даст надода, тамоми ҷодугаронеро, ки ваъдаи вазифаву мол дода буд, ба ҳамкорӣ ба Мусо муттаҳам карду ононро аз зиндону моддаи 307-у «ҳамкори бо террорист – Мусо» барҳазар дошт, то инки бар зиддаш нашӯранд, вале ҳайҳоту вовайло! – Фиръавну соҳиронаш дар баробари ҳақиқати Мусо саршикаста гашта буданду миллати Миср ҳақиқатро акнун дарёфта буданд.
Фиръавн тамоми соҳиронро дасту по буриду дар нахлистонҳо чормех карда буд – барои тарсонидани шаҳрвандони ғофилаш, ки солҳои мадид буд ӯро шикастнопазиру «худо»- ву ҳамадону алломаву роҳнамову ҳидоятгар мепиндоштанд!
Ман имрӯз ба Фиръавн-чақуру соҳиронаш, ки бо моддаи сеҳрноки «307» -и рамзолудашон миллатеро тилисм кардаанд, ба ниёбат аз номи ин миллату мардумам мегӯям: дигар боке на аз зиндонат дорему на аз сипоҳу силоҳату на аз «ҷоҳу ҷалол»-ату на аз ҳазорон соҳирони шӯъбадабозат, ки ин тилисматонро дар мағзу вуҷуду рӯҳу равонамон кайҳост шикаст додааму хоҳем дод!
قَالُوا لَن نُّؤْثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَاءَنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالَّذِي فَطَرَنَا ۖ فَاقْضِ مَا أَنتَ قَاضٍ ۖ إِنَّمَا تَقْضِي هَـٰذِهِ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
«Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Савганд ба он Зоте, ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, беҳтар намешуморем, ба ҳар чи хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии ин ҷаҳон аст ва ба наздикӣ он зуд аз байн меравад».
Сураи Тоҳо, Ояти 72
Агар каме дар маънои ин моддаи Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааммул кунем, дар он чунин омада аст:
ФАСЛИ XIII. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ
ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ
Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани он ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё бо роҳи зўроварӣ вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет (ҚҶТ аз 30.07.2007 № 301);
д) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 2.12.2002 № 89).
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар мутобиқи супориши ташкилотҳои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 2.12.2002 № 89, аз 18.06.2008 № 386, аз 13.06.2013 № 966).
Моддаи 307(1). Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм
(ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359)
1) Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар;
а) такроран;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайяи ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359).
Моддаи 307(2). Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)
(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ташкили иттиҳоди экстремистӣ, яъне гурўҳи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 237(1), 242, 243 (ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта) пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбати кадом як гурўҳи иҷтимоӣ, инчунин роҳбарӣ ба чунин иттиҳоди экстремистӣ, ба ҷузъ ё томҳои ба чунин иттиҳод дохилшаванда, ҳамчунин ташкили иттиҳоди ташкилкунандагон, роҳбарон ё дигар намояндагони ҷузъ ё томҳои чунин иттиҳод бо мақсади таҳияи нақшаҳо ва (ё) шароит барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).
2) Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 6.10.2008 № 422, аз 25.12.2015 № 1261).
3) Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)
(ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35)
1) Ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).
2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (ҚҶТ аз 14.11.2016 № 1359),
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1261).
Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 307(4). Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта
(ҚҶТ аз 2.08.2011 № 750)
- Ташкили таълим ё гурўҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015 № 1261).
- Ҳамин кирдор, агар:
– бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад;
– бо маблағгузорӣ намудани чунин гурўҳҳо алоқаманд бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 2.08.2011 № 750, аз 13.06.2013 № 966, аз 25.12.2015 № 1261).
Таваҷҷӯҳ: инҳо ин ҳама моддаву зермоддаҳои дурударозро баҳри он набаровардаанд, ки пеши роҳи эктремизми воқеӣ ва терроризми ҳақиқиро бигиранд, балки ин ҳамаро барои он баровардаанд, ки миллат ба ҳам наояду ин террористону эктремистону ҳаннотону қотилону ҷинояткорону пулшӯёну мардумтаҷовузгарони ҳукуматии пагондору рутбадоро сарнагун насозанд. Тибқи ҳамин Модда худи Раҳмонов ва «кадрҳо»-и подабонаш, солҳост, ки бо поймолу таҷовузи ошкорои Сарқонун ҳукуматро «ғасб» кардаанд. Воқеан, ғосибони «қонунӣ»-янд!
Барои он ин қонунро набаровардаанд, ки ҷомеаи тоҷикро дини суннатияш – ислом «таҳдид» мекарда бошад, балки барои он ин ҳама қонунҳоро сохтаву бофтаанд, ки мардум ҳаққи озодии диннӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва демократияшро талаб накунад.
Дар ҳоле ки тибқи меъёрҳои конвенсияҳои умумиҷаҳонии пазируфташуда ва тибқи моддаи 8 ва 10-и Сарқонуни асосӣ ҳар шаҳрванди ин кишвар ҳақ дорад ҳар мафкураеро бипазирад ва пайравӣ кунаду на давлат ба эътиқоди миллат ҳақи дахолат ва на эътиқоди касе, чи динӣ ва чи дунявӣ, ҳаққи дахолат дар корҳои кишвардориро дорад!
Моддаи 8: Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Ин моддаи Майрами гурсухтаро барои он бар ҷавонон барчасп мезананд, чун дигар ҷинояти амалӣ ва ҷурми қонуние, ки муҷиби зиндонравияшон бошад, надоранд. Надоранд. – Далел надоранд!
Вале аз онҷо ки худро «светский» ё илмонӣ ё «демократҳои динбадбин» метарошанд, бо ин моддаи рангубӯи диннидошта, танҳо метавонанд мусуслмонкешони ин кишварро равонаи зиндон созанд!
Вагарна, агар мо тарсо ё зардуштӣ будем, ё яҳуд инҳо бо ин модда моро наметавонистанд зиндон баранд. Ҳамон гуна ки мардуми сарбаланди исмоиликеши Бадахшонро бо ин модда наметавонанд зиндонӣ кунанд, дигар ҷурм – ҷурми тафриқаи нажодӣ ва ҷудоиталабию бандитизмро барчаспашон мезананд. Худи Чақур Фаръавн рӯи минбар баромада, ба бастагони кушташудагонашон бардурӯғ пӯписа мекунад: «Хай, дигар ҷои «вай» набуд… ман супориш додам, то ҳадди имкон силоҳбадастону «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ»-ро «вай» кунанд: қатл – безарар!
Ин Фиръавнмаоб ҳамон Фиръавни аҳди Мусост, ки супориш дод, то Соҳирони бегуноҳро тӯҳмат ба «гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки бо Мусо(а), дар хилват забон як карда, мақсади барандохтани сохти «конститутсионӣ»-и ӯро доштанд, кушанд. Ва куштанд. Бераҳмона куштанд. Даступоҳошонро бурида, аз осмон бо пулемёт ба рагбор гирифта, мурдаҳошонро дар дарахтҳо овехтанд!! Ба дарёҳо парт карданд!!
Инҳо ҳеч гуноҳе ҷуз гуфтани сухани ҳаққ дар баробари ботили Эмом-шайтон-Чақур надоштанд!
Ба тӯҳмати маҳалгароӣ муттаҳамшон карданд, дар ҳоле ки аз ин маҳлагароҳои минтақаи муайян касе дар ин маҳдуда маҳалгаротару нажодбадбинтар нест!
Ҷуз нажоди палиди Шарипчақур дар ин кишвар нажоде қадру манзалат надорад!!
Бар замми ин, ҷавононро аз он боз медоранд, ки бо мухолифин – «ҳамкорӣ» бо «террористон» накунанд, ки ба гуфти Чақур: ба сиёсат даст задед, ҷавоб медиҳед.
Сиёсат дар нигоҳи танги чингизии Раҳмонов ҳамон «сеҳри сиёҳ»-ест, ки бояд дар хидмати ӯ бошад, ва чун мисли сеҳри соҳирони аҳди Фиръавн аз сайтарааш бадар рафт, ё бар зидаш истифода шуд, бояд «назди қонун ҷавоб» диҳанд!!
Ба «сиёсат даст задан»-ро Моддаи 27-и Сарқонун ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон иҷозат дода аст!!
Моддаи 27: Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Эмом-Фиръавн, ки дониши ҳуқуқӣ надорад, ҳамеша, дар ҳар як баромади барзаговонааш, моддаҳои Сарқонунро поймол ва ҳуқуқи моро бесаводона маҳдуд мекунад!
Дар ҳоле ки ин миллати тоҷики мусулмон қабл аз пияндарчақури Эмомалӣ ва модарғари фоҳишаи назди дурбини камера «алифбои арабихонак»-аш чун зани чалласаводмусулмони «газетахонак»-аш ба ҳазору 1400 сол қабл, аҳли қибла буду аҳли намозу аҳли рӯзаву аҳли ришу аҳли либоси пӯшидаи миллию инсонии қабл аз исломӣ ; чи қабл аз ислому чи баъд аз он. Ончи мо Тоҷикон доштем ҳеҷ тазоде бо фарҳангу шаръи исломӣ надошт. Манзур сару либос ва ришу ҷомаву дастор. Чаро мехоҳед аз ин миллат Иван ё Матвей тарошед?
Ин миллат диндорияш ба аъмоқҳои торихи инсонӣ рафта мерасад, ки қабл аз ҳафтсад пушти Раҳмончпқури нимакоммунисту ниммаҳоҷию нимчазартуштӣ, Худову паёмбару китобу шариат дошту ҳама шоҳаншоҳону империяҳояш дар асоси дине бунёдгузорӣ шуда буду ба дигарон : ба ваҳшисифатони чингизиву қарахитоиҳои ҳоқонӣ дарси инсонияту дину одамият меомӯхту асло «экстремисту террорист» касе моро наномида буд, то инки як муҷриме аз табори Чингизу Файзаку Сангаки ҷинояткор, аз модари ғару домантаре зода шуду моро чунин унвон доду моро бад диду бад диданду қасд гирифту чап гирифту хаф гирифту кушту кунун, ки дигар, аланан, баҳонаи қатлу кушторамонро надорад, ё тарсе доранд аз даст задан ба ин ҷурму ҷиноёт, тоҷиконеро, ки ба 70 пушташон дину эмондорию росткорию ҳалолхорию мардумнаозориро пеша доштанду дар инсонсозии ин нимаваҳшиҳои биёбонгард, чи хуниҷигарҳое хурда буданд, барои ин ваҳшисифатон «экстремист»- у «террорист» номид! Ва дигар миллатҳо номиданд!!
Бас аст. Эй мардум, бас гӯед ба ин сагҳои одамхори бадтарбияи аз кӯчаи дину эмону одамият умре нагузашта!!
Асли матлаб
Оғози ҳамин модда дар Боби 29 омада аст. Меравем ба суроғи рамзгушоии ин рақам:
20 – ك
9 – ط
Мешавад: кат كط ин вожа дар забони арабӣ нест, балки дар забони ибрӣ, дар шакли כייט каййит ё кайлит, ҳамчун ихтисора (акроним), ё худ «аббревиатура», дар Сифри Офариниш, дар боби 29 (!) дарҷ гардида аст.
Аббревиатура дар тарҷумаи лӯғати русӣ ба тоҷикӣ сунин омада аст:
- калимаи мураккаби мухтасаршуда, мас: «комиҷроия», «колхоз»
2. ихтисори шартии маъмули калимаҳо, мас: «ниг.» ба ҷои «нигар», «ва ғ.» ба ҷои «ва ғайра»)
Дар ин боби 29 чӣ омада аст дар Таврот?!
Ин боби (пораи) 29 худ аз 35 оя иборат аст, ки оид ба қиссаи «Яъқуб» ва 14 сол кори ройгон бар ивази ду духтари «Лобон», ки бо номҳои Лиё ва Роҳил зикр шудаанд, мебошад. Дар ҳоле ки ин қисса дар Қуръон, тамоман ба номи дигар шахс, яъне Мусои (а) ва Шуъайби мадоинӣ зикр мешавад.
Аҷоиботаш дар он аст, ки ин қисса дар сураи 1 рақам кам: 28, яъне Қасас, дар сафҳаи 389, аз ояи 21 то 28 (!), ҷузъи 20-ум бозгӯӣ шуда аст.
Дар таврот «Яъқуб» 7+7=14 сол барои ду духтари Лобон ё «Лаван» кор мекунад, аммо дар Қуръон ин шартномаи маҳр аз 8 то 10 сол зикр шуда асту дар он Шуъайб мегӯяд:
قَالَ إِنِّي أُرِيدُ أَنْ أُنكِحَكَ إِحْدَى ابْنَتَيَّ هَاتَيْنِ عَلَىٰ أَن تَأْجُرَنِي ثَمَانِيَ حِجَجٍ ۖ فَإِنْ أَتْمَمْتَ عَشْرًا فَمِنْ عِندِكَ ۖ وَمَا أُرِيدُ أَنْ أَشُقَّ عَلَيْكَ ۚ سَتَجِدُنِي إِن شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّالِحِينَ
(Падари духтар Шуьайб ном дошт,) гуфт: «Ҳароина, мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар онро то даҳ сол тамом кунӣ, пас лутфу муҳаббате аз сӯи туст ва ман намехоҳам бар ту сахтгирӣ кунам. Ин шо Аллоҳ, маро аз солеҳон хоҳӣ ёфт». Сураи Қасас , ояти 27
Шуъайб (а) гуфт: мехоҳам яке аз ин духтаронамро ба ақди никоҳат дароварам ? яъне ончи дар Қуръон омада ин аст. Оид ба «ишқи Мусову духтари хурдияш – Роҳил» сухане наомада!
Ба ҳар ҳол чи боби 29-и Таврот ва чи сураи 28-и боби 20 и Қуръон ҳамагӣ як чизро мефаҳмонад: ҷавоне аз кишвараш ё гурехта ба дигар диёр паноҳ бурда, машаққати гуруснагиву бекорию оворагию сарсониву муздурию безанию беватаниро мекашад, ё дар кишвараш истода, зиндонӣ ё қатл ё таъзиб мешавад.
Ин ояҳо ба он далолат мекунанд, ки БОБИ 29. ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ АСОСҲОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ
ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ, баргирифта аз ҳамон сарсонии Мусои ҷавон аст, ки дар ватанаш бо ду қотили ҳукуматӣ дастбагиребон шудаву як танро кушта, дудигарро маҷрӯҳ кардаву зери шароити таъқибу пайгард, осемасар кишварро тарк намуда аст.
Ин ҷавон «ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат»-и Фиръавни аҳди хеш анҷом дода аст!
Ва ин ҷавононе, ки имрӯз дар хориҷу дохили кишвар ҳамчун «ҷинояткор», «мухолифи сохти конститутсионӣ», «барандозандагони амнияти давлату душмани давлату хоинони давлат» муаррифӣ шуда, тибқи боби 29-и Кодекси Ҷиноятии кишвар, зери пайгарду таъқибу дар дохили зиндонҳоянд, ҳамон роҳеро мепаймоянд, ки Худованд дар ду китобаш оид ба онон дар сирати паёмбари улулазмаш Мусои Калим қисса карда асту дар Қурон онро бо сароҳат сураи «Қасас» – саргузашти ҷавонони ҷонбаркаф номида аст.
Барои он ин Сураро Қасас – қиссаҳо номида, ки то дунё боқисту то диктаторону фиръавнмаобон сари қудрат меоянд, қиссаҳои шунидание аз ин мусосифатони Фиръавнкуш хоҳед шунид!
Чи қиссаҳои дилангезе, ки ҷавонони гурезпое саранҷом Эмом-фиръавнро хоҳанд барандохт!
Дар пораи 13, сураи Юсуф, ояи 111 мефармояд:
لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِّأُولِي الْأَلْبَابِ ۗ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَىٰ وَلَـٰكِن تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ
«Ҳамоно хирадмандонро дар қиссаҳои паёмбарон панду ибратест. Ин Қуръон сухани сохта нест, балки тасдиқи сухани китобҳои пешиниён ва баёнкунандаи ҳар чизест ва барои онҳо, ки имон овардаанд, раҳнамо ва раҳмат аст». Сураи Юсуф, ояти 111
Дар саргузаштҳои гузаштагону имрӯзиёни муборизини роҳи ислоҳоту ҳақиқату адолат ибратест барои соҳибхирадон. Ин ягон сухани бардурӯғи бофтае нест, балки ин қиссаҳои ҷавонони тоҷик идомаи ҳамон саргузаштҳоест, ки назди Парвардгор ба некномӣ дарҷ гаштаанд. Дар ин саргузаштҳо шарҳу басте аз рӯзгорони ҳарякеашон дарҷ гашта асту роҳнамоию раҳматест барои мардумоне, ки ба Худову озодию ҳақталабӣ эмону бовар доранд.
Диққат: дар тамоми ин Боб, ки тӯлонитарин боби Кодекси Ҷиноӣ шояд бошад, аз моддаи 307 то 307/4 ҳамаи ҷавобгарӣ ба муддати на бештар аз 14-15 сол пешбинӣ шуда аст, ки дар Таврот ин муҳлати кироякории Яъқуб (а) барои кобини ду духтари Лобон асту дар Қурон ин муддат аз 8 то 10 сол барои ба никоҳи худ даровардани яке аз ду духтари Шуъайб (а) муқаррар шуда аст.
Бале, агар Мусо аз Миср фавран фирор намекард, шояд аз 10 то 15 сол барои қатли «фиръавнӣ»-е мегирифту бар моддаи 307-аш боз дигар моддаҳои «барандохтани сохти конститусионии Фиръавни ҳексусӣ»-и ғосиби арши фиръавниҳоро замм мекарданд, ки умрбод зиндонӣ ё ҳукми қатл мегирифт. Чуноне ки Юсуфи бегуноҳеро бурда, ба муддати 9 сол, бо тӯҳмате чун тӯҳматҳои фоҳишаҳои амниятии имрӯзи Тоҷикистон, зиндон карда буданд!
Ва ҳам вақте фирор кард, аз 10 то 14 сол дарди беватанию дурӣ аз бастагону кори шубонии тоқатфарсоро таҳаммул кард, то инки тавони барандохтан ва иродаи «сарнагун кардани сохти ғайриконститутсионӣ»-и Фиръавнро дар худ ёфту ба ватан баргашт.
Ҳоло, солҳост, ки Раҳмонов бо тӯҳмату дурӯғи «барандохтани сохти конститутсионӣ» ҷавононро зиндонӣ мекунаду мепаронаду меторонад, вале мерасад рӯзе, ки ин сели фирориёни «сохтиконститутсионибарандоз», чун Мусо баргашта, режими хуношоми «ғайриконститутсионӣ»-яшро воқеан сарнагун карда, сохти аслии конститутсиониву Конститутсияи таҷовузкардашро, ба ҳолати аввалааш бар хоҳанд гардонид!
Мулоҳиза: байни муаррихини Мисри Бостон ин додаҳо маҳшур аст, ки замони дарозе Миср зери ҳукми Ҳексусҳои ваҳшии Осиёии худамон идора ва ҳукми истибдодияшон роиҷ буд, ки Мусо яке аз ин Фиръавнҳои (на қибтӣ) балки ғосиби ҳексусиро барандохта буд.
Ҳексусҳо тақрибан соли 1650 қ.а.м бар Миср даст ёфта ба муддати расо 100 сол, то соли 1550 қ.а.м ҳукуматравоии золимонае доштаанд, ки ҳамин аробаҳои ҷангии Фиръавнӣ, ки лашкариёнаш ҳамроҳи ӯ савор шуда, Мусову пайравонашро таъқиби сареъ карда буданд, яке аз ихтироъоти Ҳексусҳо буда аст.
Инчунин, ҷанг, хашм, интиқом, саркӯб, торондан, тақсими ҷомеаи Миср ба дудастагӣ – бачаҳои худию бегона, ваҳшоният, барбарият ва ғ, аз хислатҳои бади Ҳексус-Фиръавниён буда, ки 100 сол ҳам яҳудону ҳам мисриёнро ба ҳам, чун сиёсати тафриқаандозӣ, бамаҳалҷудокунӣ, торондану душмантарошию хоинимиллатномии Раҳмон-Ҳексус- Фиръавни асри 21, душман кардаву ҷомеаро ба фақру куштору зиндонисозӣ таҳдид намуда, саранҷом ҳам сари худу ҳам кишвари замоне ободашонро хӯрду ба дарак рафт. Ин Фиръавн ҳам сарнавишти он Фиръавнро, ҳатман, бо ду чашми бадмураш хоҳад дид.
Ин Эмом Ҳексус ҳам аз ҳамон сулолаи бегонаи ваҳшию барбарию хунхоронест, ки аз роҳи зӯр чун фиръавнҳои ҳексусӣ, ба соли 1992 Тоҷикистонро ғасб ва миллати тоҷикро саркӯбу қатлу бечора кард.
Хонадони Ҳексусфиръавнҳоро, ки хонадони 15-уми Фароъинаи Мисри Бостонро поягузорӣ карда буданд, сароғоз бо ҷангҳои озодихоҳонаи хеш Сақнаъ Раъ-тов ва Ковус тазъиф карда, ниҳоятан зери зарбаҳои паёпайи Аҳмаси якум, барандохта ва қалъу қамъ шуд.
Ҳамин аст ибрат аз ончи ки то инҷо гуфтем: на Боби 29-у на моддаи 307-е наметавонад умри золими бегонатобору ваҳшисифату миллатбадбини қотили бераҳмеро дароз намояд, балки ҳамин сахтгирӣ, ҳамин ситеза, ҳамин зулму арбада, ҳамин дар ҷони миллате задан, ҳамин ғорату тороҷу бо берӯӣ ҳаққи миллатеро аз ғаллаву дороиҳову сарватҳои табиию барқу гармию нуру рӯшноӣ гирифта, ба бастагони ҳексусхисоли нодидаи падарлаънати ҳаромии худ «Ҳотамона бахшидан»-у ба хориҷиён фурӯхта дар хазонаи хеш анбоштан, оқибат сари ин хонадони наҳси палиди модарғари даюсӣ падарбезори маҷҳулуннасаберо, ки имрӯз аз худ чун Фиръавн алқобу унвонҳо тарошида, ба худу домоду духтару писару модарғараш часпонда астро, хоҳад хӯрд!
Ин хонадони наҳс, ин зуррияи палид, ин ҳексусҳои аз дашту ҷангалу хокрӯбаҳои Олимтою Данғараву атрофаш ба ободиҳо сарозергашта, аз оғоз ба фарҳангу минталитету бовармандиву қонуну ҳуқуқмандиву озодманишию инсонгарии мо – тоҷикон бегона буданду бегонамандона хоҳанд дафъ карда шуд!
Дузд, террорист, экстремист, ғосиби ҳокимият, барандозандагони сохти конститутсионии Ҳукумати Муросои Миллии қонунӣ, қотилон, ваҳшиён, гургу кафторҳои ҷоҳили бадтарбияву тарбияи инсонинадидагон, душманони озодӣ, ҳуқуқу инсоният, говбонҳои даст басилоҳрасида, навдавлатони нодида ва ҳазору як наҳсиҳо ҳаминҳяонд, ки якеаш худро Пешвову дудигар худро ҳомии дину седигар худро ҳомии сарқонуну чордигар худро вазири мудофеаву панҷдигар худро аллломаву академик, шашдигар худро ҷонишини ин Фиръавну ҳафтдигар худро раисаи дастгоҳи фиръавнпадару ҳаштдигар худро вазири алоқаву нуҳдигар худро прокурору даҳдигар худро вазири шаҳрбонию ёздаҳдигар худро қиддиса хондаву чун фиръавнҳои ҳексусӣ, барои худу модарони ғару падарони нархару авлоди дузди барашон ҳайкалҳо тарошида насб кардаву миллатро наздашон ба «шукронаю лоббаву аккосиву ҷашнгирию баъзан ниматаъзим карданҳо» вомедоранд!
Инҳоро аз ин рӯзашон ба пас набояд наздашон таъзиму курниш кард, балки чун Мусои калим ҳамагиро, аз сипоҳии дузд то пешвои дуздон, аз муллои дарборӣ то раисони маҳаллаи сарборӣ, соҳирони дарборӣ, дунгу чнгрк гузошта, ҳайкали модарғаронашонро ба металалом супорида, ба дасташон ҳамон асову говронаи «ҳексус-говбонӣ»-яшонро дода, як шатаи милли дари кунашон зада, ба даҳмардагӣ – касби азалии бобогияшон равон кард!
Худ иқрор аст, ки говбоне беш набуд: «Курта надоштм, кастум надоштм, туфлӣ надоштм», пас, падарсаг, ин ҳама кӯшку ҳавопаймову мошинҳову хонаҳои бодабдабаву карру фарро аз қабри модари ғару падари номаълумат овардӣ?!
Ба Худо, эй мардум, ин ҳамаро дуздида аст!
Дузд ҷояш зиндон аст!
Мо гуфтем, шумо кар нестед, шунидед. Девона нестед, фаҳмидед.
Вақти торондани Чақур-ҳексуси лексуссавори ҳавопаймохаридаи дузди қотил ва авлоди то баногӯш дар зару сарватҳои ин миллат ғӯтида фаро расида аст.
Шаҳрвандони азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Вақти барандохтани ғулу занҷирҳои ин Боби 29 ва моддаи 307/1/2/3/4 –и чақурҳаромӣ фаро расида аст.
Зиндониёни сиёсӣ ҳама чашмбароҳи амалкарди якҷояи ману шумост!!
Бархезед!
Ин миллат террористу экстремисту душмани халқу миллату ватанаш асло набуду нест, балки ин моддаро ҳатман бояд дар сари тамоми мақомотиёни эктсремисту террористу тоҷиккушу миллаттаҷовузгари дузду бегонатабори бераҳму шафқати аз адирҳоомада дайн карда, ҳамагиро бо ин Бобу Моддаҳо ба он ҷое бурд, ки бояд раванд!
Ҳақ ба ҳақдор мерасад ё на?
Пофишории хақгузорон аст!
Лоиқ