Ҳангомеки дил ба Қуръони карим унс мегирад соҳиби он дилро ҳама мушкилот ва ҳузну андуҳеки,ки дар ӯ ҳаст аз миён мебарад.

Ҳангомеки дил ба Қуръони карим унс мегирад соҳиби он дилро ҳама мушкилот ва ҳузну андуҳеки,ки дар ӯ ҳаст аз миён мебарад.

Ҳангомеки дил ба Қуръони карим унс мегирад соҳиби он дилро ҳама мушкилот ва ҳузну андуҳеки,ки дар ӯ ҳаст аз миён мебарад. Ҳангомеки Қуръон мехонам чунон ҳаловат мекунам,ки вақте ба соъат менигарам соатҳо гузаштааст.Агар телефони ҳамроҳ ,интернет ва атрофиён набошанд бозҳам лаззату иштиёқаш дучанд хоҳад шуд.Худоё ҳаргиз аҷри Қуръонро аз мо кам накун ва моро аз аҳли Қуръон ва хоссаи он бигардон.Як қиссаи воқеъи ба ёдам омад дар масҷиде дар Дубаи,ки дар назди хонаам ҳаст намоз мехонам ва як пирамардеро мебинам ҳамеша дар сафи пеш намоз мехонад ва ҳамеша мебинам он пирамардро.Як рӯзи ҷумъа буд каме пештар ба намоз рафтам то сураи Каҳфро то оғози хутба бихонам.Вақте вориди масҷид шудам тасодуфи назди он пирамард нишастам.Вақте оғоз ба тиловат намудам чашмам ба саҳифаи қуръонеки мехонд хурд.Сураи Қориъаро мехонд ва кунҷ ковона гуфтам падар чаро сураи Каҳфро намехонед ва сураҳои кутоҳро мехонед? Табассуме кард ва гуфт: Писарам ман пас аз намози субҳ ба хондани Қуръон шурӯъ намудам то хутбаи намози ҷумъа кулли Қуръонро хатм намудам.Бовар кунед чунон шарм намудам аз саволи намудаам,ки ин пирамард аз ҷавонони бардаму солим карда пешқадамтару тиловат кунандаи каломи Худост.ҳар боре вориди масҷид мешавам меҷуям он пирамарди нурониро.Як бори дигар аз ин пирамарди нурони пурсидам дар моҳ чанд хатм доред ? Чизе намехост бигуяд бо исрор пурсидам гуфт: Мақсадатон чист аз ин пурсиданатон? Гуфтам мехоҳам ибрате бароям гардад дар зиндагии воқеъиям зеро мехонам ин бузурге инқадар мехондааст вақте шуморо мебинам шумо намунаи зиндае ҳастед бароям.Гуфт писарам дар моҳ 30 хатм дорам гоҳо 33 хатм дар ҳоле кор мекунад дар вазорати иқтисод ва соати 7:30 то соати 2:30 зуҳр худатон фикр кунед бекораҳам нест бар замми ин.Субҳоналлоҳ моро чи шудааст хонандагони гиромӣ ҳатто моҳҳо аз хондани Қуръони карим дурем вале дар тамошои филмҳо,сериялҳо,нишастан пеши интернету Одноклассники ҳатто соате дӯр нестем? Бовар кунед Қуръон дар рӯзи қиёмат аз мо шикоят мекунад ва ҳоламон чи мешавад? Бореҳам ба ин масъала фикр намудаем!

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.