Чӣ асроре дар тиловати Қуръон нуҳуфта аст?.

Чӣ асроре дар тиловати Қуръон нуҳуфта аст?.

-Ибни Қудома (раҳ) мегӯяд:Макрӯҳ аст таъхир намудани хатми Қуръон беш аз чиҳил рӯз.

-Имом Қуртубӣ (раҳ) мегӯяд: Муддати чиҳил рӯз хатм намудани Қуръон,ин хатми заъифону нотавононон ва онҳоеки дорои машғулияти хело зиёданд.

Хонандаи гиромӣ чиқадар моҳҳо ва чилрӯзҳо гузаштанд? Хатми Қуръон намегӯям магар ин китобро кушодаем?.

-Аз аҷоиботи Қуръон ин аст,ки Аллоҳ дар ақл ва зеҳну равони хонандааш баракат ва нубӯғ ато менамояд.Ҳофизааш ончунон қавӣ мегардад,ки шахси дигаре чунин ҳофизаро надорад.

-Абдуллоҳ ибни Амир(раҳ) мегӯяд: Покизатарин ақлу ҳӯшҳоро хонандагони Қуръон доранд.

-Дар ривояти дигаре омадааст: Қавитарин хотираҳоро хонандагони Қуръон доранд.

-Имом Қуртубӣ (раҳ) мегӯяд: Шахсе ҳамвора Қуръонро тиловат мекунад ҳаргиз девона ё хотира ва ақлашро гум намекунад агрчӣ умраш ба сад расад.

-Аллома ибни Салоҳ (раҳ) мегӯяд: Омада аст инки бар малоик фазилати қироъати Қуръонро дода нашудааст.Аз ин сабаб малоик ҳамеша хоҳиш ва таманно менамоянд,то аз инсонҳо тиловати Қуръонро шунаванд.

-Абузинод (раҳ) мегӯяд: Ман ҳамеша вақте субҳгоҳон ба сӯйи масҷиди Паёмбари акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) дар мадина мерафтам.Аз назди кадом хонае мегузаштам магар инки аз он хона садои тиловати Қуръонро мешунидам.

-Ибни Тайимия (раҳ) мегӯяд: Ман надидам чизеро,ки ақл ва рӯҳро тағзия диҳад.Ҷисму ҷонро ҳифз намояд,саъодату хушбахтиро замонат бидиҳад,бештар аз назар кардан дар китоби Аллоҳ(Қуръон).

-Имом Иброҳими Мақдисӣ (раҳ)шогирдаш Аббос ибни Абдуддоим(раҳ)ро чунин васият намуд: Зиёд кун тиловати Қуръонро ва ҳаргиз тарк накун тиловати ин китобро.Қуръон осон мегардонад бароят он чизеро,ки дар ҷустҷӯяш ҳасти ва мехоҳӣ.Ҳарчӣ бештар тиловати Қуръон куни он ҳоҷатат тезтар бароят муҳаё мегардад.

-Эй хонандаи гиромӣ бо Қуръон унс бигир то имрӯз ба ҳама чиз унс гирифти намехоҳам онҳоро номбар кунам зеро ба онҳама худат огоҳтарӣ.Дар натиҷа чизе бароят муясар нагашт баракс пушаймонтару шикастаҳолтар гаштӣ.Пас чаро таҷриба накунӣ унс гирифтан бо Қуръонро?

Аллоҳ дар ин китоби осмониаш мефармояд:

كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِّيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ(سورة ص اية 29)

Тарҷума : «Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд.”
(Сураи Сод,ояти 29)
Дар Сураи муборакаи Иброҳим мефармояд:

الر كتاب أنزلناه إليك لتخرج الناس من الظلمات إلى النور بإذن ربهم إلى صراط العزيز الحميد(سورة ابراهيم اية 1) 
Тарҷума : «Алиф, лом, ро. (Ин қуръон) китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро (дар партави таълимоти он) ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ (гумроҳии куфр ва нодонӣ) ба рӯшноӣ (нури имон) ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ роҳ намоӣ.”(Сураи Иброҳим,ояти 1)

-Баъзе муфассирин мегӯянд: Мо солиёни дароз бо Қуръон машғул шудем,ин китоб барои мо баракатҳо ва хайрҳои дунёии фаровонеро арзони дошт.

Пас инҳама фазлу, баракату,ҳофизаи қавӣ,зиндагонии бо саъодат,ончӣ мехоҳем пайдо намудани он,ва ҳазорҳои дигар танҳо сиррашон дар қироъати ин китоб нуҳуфта будааст чаро онро тиловат накунем?

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.