Тадаббур дар баъзе оёт Форуқи Аъзам (раз)ро бемор менамуд

Тадаббур дар баъзе оёт Форуқи Аъзам (раз)ро бемор менамуд

Ҳошим ибни Ҳусайн чунин ривоят намудааст:Умар ибни Хаттоб (раз) ҳангоме,ки бархе аз оёти қуръониро мешуниданд ҳазратро ҳолати тарс фаро мегирифт.Дар ривояти дигаре омадааст,ки ҳангоми шунидан ё хондани баъзе оёти қуръонӣ, нафас дар гулӯяшон банд мешуд ва аз гиряи зиёд бар замин меафтиданд.Гоҳо аз хонаашон як рӯз берун наметавонистанд шаванд,гоҳо ду рӯз.Чунон бистарӣ мешуданд,ки мардум беморашон мепиндоштанду ба аёдаташон меомаданд.(1)
Хонандаи гиромӣ оё мо ва шуморо бореҳам шунидани ояте аз қуръон ба гиря не, ба тафаккур ва таъаммуқ ба муҳтавои он во доштааст?.

Асҳоби Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) бо қуръон ва тадаббур дар маъонии он хело моҳир буданд.Руҳияи онҳоро танҳо қуръони карим ва таваккул ба Аллоҳ болида мегардонд.Ҳидоёти ин китоб сабаб гашт,ки ҳама олам зери тасарруфашон қарор гирифт.Бузургтарин императорони шарқу ғарбро ба зону дароварданду ҳамаро мафтуни ин дини Илоҳӣ намуданд.Агар ин уммат чунон маҷду иззату шарафи аз дастрафтаро хоҳанд ногузир ба ин китоб мустаҳкам чанг бизананд ва комёб гарданд.

Аллома Иқбол фармудааст:

Гар ту мехоҳӣ мусулмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.

1.Шуъабул Имони Байҳақӣ 2\364)

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.