Тиловат кунандаи Куръонро чи баракатхое интизор аст.

Тиловат кунандаи Куръонро чи баракатхое интизор аст.

Шахсе то хол чизе аз китоби Аллох хифз накардааст пас онро шуруъ намояд!
Шахсе дар хондану тиловати он бо сабабе аз сабабхо кутохи намудааст пас биштобад!
-Зеро хифз намудани Куръон, тиловати руз марраи он ва тадаббур дар маъонии он дар рузу шаб лаззате дорад, ки онро намедонад магар ахли Куръон!
Бигурез аз кор ва машгулиятхо ба суйи китоби Аллох.
-Соатхо,рузхо ,хафтахо,моххои пуркимати дубора барнагрдандаи умри худро барои дунё дарег надошти. Акнун чанд дакикаи бокимондаи аз онро барои тиловати 
Куръон дарег надор! 
-Чунин тасмим бигир!
-Хар руз чанд варак аз Куръон бояд бихонам!
-Харгиз аз ин тасмим сарфи назар накун агарчи вакт бароят ичозат надихад, мушкиле дори, коре дори он мухим аст, тиловати Куръон бояд аз ин пас мухим аз хама ончи бояд анчом бидихи бошад.
Абдулмалик Ибни Умайр(рах) мегуяд: "Бо акл тарин ашхос ин хонандагони Куръонанд"
-Имом Куртуби(рах) мегуяд: " Шахсе тиловати Куръон менамояд аклаш харгиз нокис намегардад агарчи сад сола шавад"
-Уламои муосир ин тадкикотро анчом додаанд, ки шахсе Куръонро хифз менамояд ва онро хамеша тиловат менамояд зехну хофизааш хело бо кувват мешавад. Хифзи хар чизи дигаре барояш хело осон ва содда мегардад. Омузиши забонхо ва мушкилтарин вожахои гуногун барои чунин ашхос хело осон мешавад. 
-Пас тиловати Куръонро зиёд кун ва харгиз онро тарк накун. Зеро тиловати Куръон осон мегардонад барои шахси тиловат кунандааш ончизеро таманно ва хохиш дорад. Ба он андозаеки тиловати Куръон менамояд он микдор ба орзу ва максудаш мерасад. Агар зиёд тиловат намояд бештар ва агар кам тиловат намояд камтар. 
- Ибни Салох(рах) мегуяд: "Омадааст инки барои малоика дода нашудааст фазилати кироъати Куръонро. Малоик хело шефтаи он мебошанд то онро аз инсон шунаванд. Пас эй фарзанди одам инро бидон,ки кироъати Куръон бузургтарин каромату фазилатест, ки Аллох онро бар фарзандони Одам ато намуда аст"
-Абу Зинод (рах) мегуяд: " Ман чун субхгохон барои адои намози субх ба суйи масчиди Набави(харами мадани) мерафтам. Ман ба назди хар хонае мегузаштам магар аз он хонахо садои тиловати Куръон ба гушам мерасид"
-Шайхул ислом мегуяд: " Ман надидаам чизероки тагзия ва таквият намояд аклу руху равони инсонро. Хифз намояд чисмро ва замонат (гарантия) бидихад хушбахти ва фарохиро бештар аз назар кардан(тиловат намудан)и китоби Аллох таолоро(куръонро)"
-Хонандаи гироми бо Куръон унс бигир уро китоби руй мизии худ. Китоби чеби худ, китоби дохили мошини худ , китоби телефони мобилии худ карор бидех хатман баракатеро дар меёбед, ки назирашро то ба хол надида буди. 
-Бисанч !
-Тачриба кун!
Аллох Субхонаху ва таъоло чунин мефармояд: 
وَهَٰذَا كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ مُبَارَكٌ فَاتَّبِعُوهُ وَاتَّقُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ
[الجزء: ٨ | الأنعام (٦)| الآية: ١٥٥]
Тарчума: Ин китобест муборак. Онро нозил кардаем. Пас ба он пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, шояд ки мавриди раҳмат қарор гиред!
(Сураи Анъом, ояти 155)
-Муфассирин чунин мегуянд: "Мо ба китоби Аллох машгул гаштем, кори мо хамеша тахкик ва чустучуй ва пажухиши оятхо ва мазмуну мохияти он буд. Ончунон хайру баракот дар дунё насиби мо гашт, ки шахсони толиби дунё мисли мо наёфтаанд"
Аллох бар хар яки мо ва шумо куваат ва химмати хифзи китоби Аллох ва тиловати онро насиб бигардонад омин

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.