4. СУРАИ НИСО

4. СУРАИ НИСО

Чанд суолу посух аз ин сураи муборака

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Суол: Номи сура дар кадом оят зикр шудааст?

Ҷавоб: Дар ояти севвум.

Суол: Сабаби Нисо номгузорӣ шудани сура дар чист?

Ҷавоб: Дар ин сура ба мавзуъи занон ва аҳкоми ба онҳо вобаста матолиби зиёде баён шуда, ки дар дигар сураҳо камтар аст.

Суол: Оё дар ин сура оёти саҷда ҳастанд?

Ҷавоб: На.

Суол: Ин сура маккӣ аст ё маданӣ?

Ҷавоб: Ин сура маданӣ аст.

Суол: Номи Худованди бузург, Аллоҳ (ҷ) чанд маротиба дар ин сура зикр шудааст?

Ҷавоб: 218 маротиба.

Суол: Номи кадом паёмбарон дар ин сура зикр шудааст?

Ҷавоб: Номи паёмбарони Худо: Нўҳ (а), Иброҳим (а), Исҳоқ (а), Яъқуб (а), Исо (а), Юнус (а), Ҳорун (а), Сулаймон (а), Довуд (а), Мусо (а), ҷамъ 11 нафар зикр гардидааст.

Суол: Миқдори калимаҳо дар ин сура чанд аст?

Ҷавоб: 3745 калима аст.

Суол: Теъдоди ҳарфҳои он чан даст?

Ҷавоб: 16030 ҳарф аст.

Суол: Фазилат ва савоби тиловати онро медонед?

Ҷавоб: Тиловати ин сура, тибқи ҳадиси ривоят кардаи Ибни Масъуд, 160,300(Яксаду шаст ҳазору сесад) савоб дорад.

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.