Ҳасад ва кибр омилҳои асосии хориҷ шудани Иблис аз ҷаннат буд !

Ҳасад ва кибр омилҳои асосии хориҷ шудани Иблис аз ҷаннат буд !

Ҳасад ва кибр омилҳои асосии хориҷ шудани Иблис аз ҷаннат буд !

(Тафсири оёти 71-85 Сураи муборакаи Сод)
.71اذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِن طِينٍ
71. Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳаройна, ман башареро аз гил меофаринам
.72فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ
72. Чун тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи Худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед».
.73فَسَجَدَ الْمَلائِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ
73. Ҳама фариштагон саҷда карданд.
.74إِلاَّ إِبْلِيسَ اسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنْ الْكَافِرِينَ
74. ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.
.75قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَن تَسْجُدَ لِمَا خَلَقْتُ بِيَدَيَّ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنتَ مِنَ الْعَالِينَ
75. (Худованд) Гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ (яъне, қуввати Худ) офаридам, манъ кард? Оё бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»
.76قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِّنْهُ خَلَقْتَنِي مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُ مِن طِينٍ
76. Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил».
.77قَالَ فَاخْرُجْ مِنْهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ
77. Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ
.78وَإِنَّ عَلَيْكَ لَعْنَتِي إِلَى يَوْمِ الدِّينِ
78. Ва ҳаройна, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту бод».

.79قَالَ رَبِّ فَأَنظِرْنِي إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ
79. Гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки аз нав зинда шаванд, мӯҳлат деҳ!»
.80قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ الْمُنظَرِينَ
80. Гуфт: «Пас, ҳаройна, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ,
.81إِلَى يَوْمِ الْوَقْتِ الْمَعْلُومِ
81. то он рӯзи муайяни маълум».
.82قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ
82. Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳаройна, ҳамагонро гумроҳ кунам,
83إِلاَّ عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ
83. магар онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд».
.84قَالَ فَالْحَقُّ وَالْحَقَّ أَقُولُ
84. Гуфт: «Ҳақ аст он чӣ мегӯям ва рост аст (ва ҷуз ҳақ намегӯям)
85ل أَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنْهُمْ أَجْمَعِينَ
85. ки албатта, ҷаҳаннамро аз туву аз ҳамаи пайравонат пур кунам».

Муносибати ин оёт.
Дар сураи муборакаи Сод ин охирин қисса аст, агарчӣ дар сураи Бақара, Аъроф, Ҳиҷр, Исро ва Каҳф низ ин қисса омадааст. Манзур аз ин қисса дурӣ ҷустан аз ҳасаду кибр аст, зеро ҳамин ҳасаду кибр боис гардид, ки Иблис, Одам (а)-ро саҷда накард ва Худованд ўро дар сафи рондашудагон қарор дод. Аммо кофирон бошанд бо Муҳаммад (с) пайваста дар хушунату саркашӣ қарор доштанд. Сабаби ин ҳама ҳасаду кибр буд. Зикри ин қисса дар сураи мазбур ва дигар сураҳо барои мазаммат намудани ин ду хислати шум аст, ки яке аз онҳо ҳасад ва дигаре кибр аст. Ҳамзамон гуфтугўи аҷибе, ки дар ин қисса миёни Аллоҳ Субҳонаҳу Таъоло ва Иблис сурат мегирад, тариқи зайл аст: Хоҳишот, таваққуъот, таманниёт ва ормонҳои Иблис дар ин қиссаи қуръонӣ дида мешавад, ки хеле муҳим аст. Агар он ҳама хоҳишоти Иблис амалӣ мегаштанд, пас ҳоли мо чӣ мешуд? Агар Худованд бандагони холисашро дар ҳимояти хеш намегирифт, ҳоли муъминон чӣ мешуд? Ин ҳама гуфтугў назди Одам (а) сурат гирифта ё худ барои офариниши Ӯ буда, ки ин ҷо мепардозем ба тафсили ин қиссаи қуръонӣ.

Тафсир ва баёни ин оёт!
Тафсири мавзўи оёти 71-85 сураи муборакаи Сод: Эй Муҳаммад (с), ба ёд биовар қиссаи Одам Абулбашарро он ҳангом,ки Худованд фармуд:
. اذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِن طِينٍ
. Ҳангоме,ки Парвардигорат ба сӯйи малоик гуфт: Ман меофарам башареро аз гил (хок). Инчунин дар сураи Ҳиҷр, бад-ин мазмун чунин омада:
26سورة الحجر {مَسْنُونٍمِنْ صَلْصالٍ مِنْ حَمَإٍ }
Тарҷума: . “Мо одамиро аз гили хушк, аз лойи сиёҳи мутағайир офаридем.”
Дар ояти дигар чунин нақл мешавад: :مِنْ طِين Худованд барои малоик мефармояд, ман меофарам башарро, ки онҳо одам ва зуррияи Ӯ ҳастанд.
Вақто,ки Худованд офаринишашро ба ваҷҳи некў ба итмом расонид, дар ў рӯҳи худро дамид:
{فَإِذا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِنْ رُوحِي فَقَعُوا لَهُ ساجِدِينَ}
Тарҷума: Чун тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи Худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед».
Яъне аввал ҷимод хушк ва бе рӯҳ буд, чун дар одам рӯҳашро дамид, пас саҷда намуданд ба одам, ки ин саҷдаи сипос ва шукр буд на саҷдаи ибодат. Зеро ин ҷо амр шуда буданд ва воҷиб буд барояшон, то саҷда намоянд. Ин ҷо як нуктаи нозукро бояд зикр кард, ки дамидани рӯҳ як тамсиле ҳаст барои зинда намудани ҷасади беҷони одам. Зеро ин ҷо на дамандае буд ва на дамидашудае. Яъне малоик тамсил намуданд ҳамаашон ба амру фармони Худованд. Малоик ҷумла саҷда
намуданд аз ибтидо то интиҳо, яъне ҳеҷ малоике боқӣ намонд, ки Худоро фармонбардорӣ ва одамро саҷда накарда бошад.
فَسَجَدَ الْمَلائِكَةُ كُلُّهُمْ أَجْمَعُونَ
Тарҷума: «Ҳама фариштагон саҷда карданд,»
Яъне ҳама малоик якҷоя на ба таври ҷудогона ва дар як вақт саҷда намуданд. Он,ки фармонро иҷро накард Иблис буд, ки саҷда накард ва кибр намуд ва худро бузург шуморид.
إِلاَّ إِبْلِيسَ اسْتَكْبَرَ وَكانَ مِنَ الْكافِرِينَ
Тарҷума: «Ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд.»
Иблис аз рўи нодонӣ саҷда накард ва бо ин саркашиву нофармонӣ аз итоъати Худованд берун гардид. Ин кибрварзӣ, кибрварзии куфр буд, зеро ба амри Парвардигор нофармонӣ кард.
{قالَ يا إِبْلِيسُ ما مَنَعَكَ أَنْ تَسْجُدَ لِما خَلَقْتُ بِيَدَيَّ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنْتَ مِنَ الْعالِينَ}
Тарҷума: (Худованд) Гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ (яъне, қуввати Худ) офаридам, манъ кард? Оё бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»
Яъне эй Иблис чаро ба одам саҷда накардӣ ба офаринише, ки ӯро бидуни падару модар офаридам. Оё кибр варзидӣ аз саҷда намудан? Ё ту худро бузргтар мешуморӣ? Инҷо мурод аз инкори Иблис аз саҷдаи Одам ду чиз буд, яке ин, ки ман аз одам бартарам, зеро маро аз оташ офаридӣ.Чунин посух дод дар пурсиши Худованд:
. قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِّنْهُ خَلَقْتَنِي مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُ مِن طِينٍ
Тарҷума: Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил».
Яъне ба таъбири Иблис оташ аз хок бартар аст. Оташ дорои шуъла ва бартарият аст нисбат ба хок, зеро хок як чизи паст ва аслан мақому волоияте надорад.
Ин ҳангом Худованд ба Иблис амр намуд, хориҷ шав аз Ҷаннат ё аз осмонҳо ё аз зумраи малоик зеро ту :
قالَ فَاخْرُجْ مِنْها فَإِنَّكَ رَجِيمٌ
Тарҷума: Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ.
Ронда шуда тавассути ситорагон, ронда шунда аз раҳмати Худованд, аз ҳама хайр дур шудаи ва ин дурӣ барои ту ҳамешагист то он вақте,ки дунё боқист, дурустар то рӯзи Қиёмат:
.وَإِنَّ عَلَيْكَ لَعْنَتِي إِلى يَوْمِ الدِّينِ
Тарҷума: Ва ҳаройна, то рӯзи Қиёмат лаънати Ман бар ту бод».
Дар охират туро азоби сахте интизор аст ва он туро хоҳад расид.
Иблис мегўяд: эй Аллоҳи ман, маро муҳлат деҳ ва маро зинда нигоҳ дор, то он рӯзи муайян.
قالَ رَبِّ فَأَنْظِرْنِي إِلى يَوْمِ يُبْعَثُون
Тарҷума: Гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки аз нав зинда шаванд, мӯҳлат деҳ!»
Яъне то он рӯзе, ки дубора зинда мегардонӣ одам ва фарзандонашро, васваса ва аз роҳ бе роҳ намоям, ки офариниши Одам сабаби ронда шудани ман аз Ҷаннат ва раҳмати илоҳӣ гардид.
Худованд барояш гуфт, ман туро муҳлат медиҳам то он рӯзи ваъда шуда.
Гуфт: « Пас, ҳаройна, ту аз муҳлатёфтагонӣ, то он рӯзи муайяни маълум»
Инҷо нуктаи муҳимест,ки Иблис аз Худованд талаб намуд, ки маро то рӯзи Қиёмат муҳлат бидеҳ, яъне маро то он рӯз зинда нигоҳ дор. Вале Худованд ҳама махлуқоташро то нафхи аввал муҳлати ҳаёт ва зиндагониро дода, на то нафхи дуввум ё сури дуввум. Ва Худованд Иблисро то саъқи аввал муҳлат дод на то рӯзи қиёмат. Вақте Иблис дид, ки муҳлати ҳаёташ то нафхи аввал аст ва миранда ҳаст ва ё таъми маргро мечашад чунин гуфт:
قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغْوِيَنَّهُمْ أَجْمَعِينَ 82
83إِلاَّ عِبَادَكَ مِنْهُمُ الْمُخْلَصِينَ
Тарҷума: Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳаройна, ҳамагонро гумроҳ кунам, магар онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд».
Иблис саркашиашро чунин изҳор медорад, ки савганд ба иззати Ту эй Аллоҳ, яъне савганд ба подшоҳӣ ва қаҳри Ту, ки ман гумроҳ мекунам фарзанди одамиро ба зинат додани шаҳватҳои гуногун. Инчунин ворид менамоям дар миёни онҳо шубҳаву ширкро. Магар он бандагонеро, ки холисанд дар итоъати Ту ва онҳоро аз гумроҳӣ эмин нигоҳ доштаӣ, зеро онҳоро наметавон гумроҳ кард. Дар ин маврид Худованд дар сураи Ҳиҷр мефармояд:
إِنَّ عِبَادِي لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَانٌ إِلاَّ مَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْغَاوِينَ
Тарҷума: Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд. (Сураи Ҳиҷр,ояти 42)
Худованд ба Иблис чунин мегўяд:
84قَالَ فَالْحَقُّ وَالْحَقَّ أَقُولُ
85ل أَمْلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنْهُمْ أَجْمَعِينَ

Тарҷума: Гуфт: «Ҳақ аст он чӣ мегӯям ва рост аст (ва ҷуз ҳақ намегӯям), ки албатта, Ҷаҳаннамро аз туву аз ҳамаи пайравонат пур кунам».

Худованд ба Иблис хитоб мекунад: Ман ҳақ ҳастам ва ҳақ аз ман аст, ман Ҷаҳаннамро аз Иблис ва пайравонаш пур мекунам ва дар ин маврид ҳақро мегўям. Яъне пур менамоям Ҷаҳаннамро аз ҷинси ту шайтон ва аз он зуррияи одаме,ки аз ту пайравӣ мекунанд. Ҳангоме, ки даъват намудӣ онҳоро ба сӯйи гумроҳӣ ва нофармонии ман ва онҳо туро дар даъватат қабул намуданд ва итоъат карданд. Қасами Худованд: “Ман ҳақ ҳастам ва ҳақро мегўям”, хитоб ба Иблис: Эй Иблис туро ва пайравонатро ба Ҷаҳаннам дохил менамоям, то ҳангоме, ки пур шавад. Имом Замаҳшарӣ мегўяд: “Ал-Ҳақ бар ҳикояти лафзӣ он чизест, ки бар он қасам хўрда шудааст ва маънияш таъкид аст”.

Чи бардоште аз ин оёт ва аҳкоми он гирифтем. Қиссаи Одам (а) бо Иблиси лаъин: Бияндешед ба пиндошти фармонҳои пурраи Худованд ва баёни андоза ва меъёрҳое, ки барои бандагонаш дар тоъат муқаррар намудааст. Инчунин муайян намудани сарзаниш ё уқубат бар мухолифони амрҳои Ӯ Таъоло.

Унсурҳои қисса аз ин қабил аст: Худованд ба таҳқиқ огоҳ намуд малоикро, ки меофарад инсонро аз хок. Ҳангоме,ки офарид одамро ва дар ӯ рӯҳро дамид ва зиндааш намуд ва бар шумо, яъне ҳама ҳозирин лозим мегардад, ки саҷда намоед бар он офаридаи ман ҳамчун аз рӯйи икром ва салом, на аз рӯйи ибодат ва парастиш мисли Худой. Пас ҳама малоик якҷоя саҷда намуданд ва бо як фурўтании хос ба бузургии Худованд сари таъзим фуруд оварданд, ба ҷуз Иблис,ки аз ҷинси ҷин буд. Иблисро табиат ва тинату кибраш бар нафсаш хиёнат намуд ва аз саҷда ба одам рўй гардонид. Ин амали Иблис аз рӯйи нодониаш буд, зеро ин саҷдае, ки амр ба он шуда буданд саҷдаи итоат ба амри илоҳӣ буд, на ба бузургии Одам. Иблис аз итоати илоҳӣ бо ин кибраш куфр варзид ва ба Аллоҳ нофармонӣ кард, аз ин рў аз ҷумлаи кофирон гардид.

Бубинед азамату бузургии Худовандро, ки аз Иблис аз ин амали анҷомдодааш пурсид, ки ман инро бо дастонам офаридам саҷда накардани ту аз рӯйи кибр буд?
Иблис чунин посух дод: Ман аз одам беҳтарам зеро ман аз оташ офарида шудаам ва одам аз хок. Барои ў (Иблис) оташ аз хок бартар ва дар ҷинс болотар аст, зеро оташ хусусиёте дорад, ки хок онро надорад.

Вале Иблис инҷо иштибоҳ кард ва ин ҷаҳлу нодонии ӯ буд. Зеро ҷавҳари унсурҳои ҳарду ашё баробар аст. Иблис қиёс намуд ва иштибоҳи бузургеро муртакиб гардид, ки он хориҷ гаштан аз Ҷаннат ва сангсор шуданаш бо ситорагон ва оташак буд. Инчунин аз ҳама сангинтар дур шудан аз раҳмати илоҳӣ буд ва то рӯзи Қиёмат ба муродифи номи Иблис “лаънат” тавъам гардид!

Иблиси лаъин бар ин буд, ки намирад ва талаб намуд маргашро то рӯзи қиёми соъат ё рӯзи растохез, ба таъхир бияндозад, вале Худованд ин талабашро напазируфт, балки муҳлат дод, то вақти муайяне ва он рӯзест, ки ҳама зиндаҷон дар он рӯз таъми маргро мечашад ва то он рӯз Иблисро таҳқиркунанда муҳлат дод на бештар аз он рӯз.

Вақте Иблис фаҳмид, ки маргро хоҳад чашид, аз худ бе худ гашт ва боз ба туғёну саркашии бештар идома дод. Дар ҳузури Парвардигори оламиён шарт низ гузошт. Ба иззати Аллоҳ қасам хурд, ки ман гумроҳ мекунам фарзандони одамро ба зинат додани шаҳватҳо ва гуноҳҳо ва ворид кардани шубҳаҳо дар афкору эътиқодоти фарзанди одам ва даъват намудани онҳо ба сӯйи гуноҳҳон. Инчунин Иблис донист, ки ин ҳама аъмолро наметавонад анҷом бидиҳад, магар тавассути васваса. Иблис наметавонад ҳама фарзандони одамро фосиду гумроҳ созад, бахусус он тоифае, ки васвасаҳояш онҳоро аз роҳи ҳақ бе роҳ карда наметавонад. Онҳое, ки бандагони хоси Худованд ҳастанд. Аз ин хотир бандагони хосу холиси Худовандро истисно намуд ва ба аҷзи худ Иблиси лаъин иқрор шуд. Дар охир Худованд савганд ёд намуд ба зоти бе ҳамтои худ ва огоҳ намуд, ки намегўяд, магар ҳақро ва Ӯ Таъоло чунин гуфт:

“Пур менамоям Ҷаҳаннамро аз Иблис ва пайравонаш, сарзанишу иқобкунанда барои он, ки нофармонӣ карданд ва инчунин ба анҷоми гуноҳҳо исрор варзиданд.
Бале ин аст муъҷизаи китоби ҷовидонаи Қуръони карим, ки аз хондани қиссаҳои зебояш инсон ҳаловате мебарад ва ҳаргиз дар хондани китоби дигаре чунин ҳаловатро эҳсос нахоҳад кард.
15 ояти ин сураи муборакаро, ки бароятон тафсир намудам умед аст аз он баҳрае бардоштаед.

Агар Худованд бароям муяссар гардонад, аз Сураи муборакаи Набаъ бо чунин шево тафсирро оғоз менамоям, зеро аз ман зиёд хоҳиш кардаанд, то ин кори хубу савобро анҷом диҳам.
Бо умеди дуъоҳои хайри шумо азизони хонанда...

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.