Имом ибни Моҷаи Қазвинӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин

Имом ибни Моҷаи Қазвинӣ
Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Язид ибни Абдуллоҳ ибни Моҷаи Қазвинӣ дар соли 207 ҳиҷрӣ дар Қазвин чашм ба дунё кушод ва аз синни кӯдакӣ шефтаи илму дониш буд. Пас аз фарогирии илми ҳадис аз машоихи шаҳри худ ба сарзаминҳои Ҳиҷоз, Ироқ, Куфа, Басра, Шом ва Миср мусофират кард ва аз маҳзари машоиху ҳуффози ҳадис касби файз намуд ва аз онҳо ҳадис навишт, то ин ки худ имоме аз аимаи ҳадис гардид.
Шуюхи имом (Устодон)
1.Абӯбакр ибни Абишайба
2.Усмон ибни Абишайба
3. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Намир
4. Ҳишом ибни Аммор
5. Алӣ ибни Муҳаммади Танофисӣ
6. Ҷаббора ибни Муғалас
7. Мусъаб ибни Абдуллоҳи Зубайрӣ
8. Сувайд ибни Саъид
9. Абдураҳмон ибни Абдураҳими Даҳим
10. Абӯмусъаби Зуҳрӣ
Шогирдони имом
1.Абӯлҳасан Алӣ ибни Иброҳими Қаттон
2.Муҳаммад ибни Исои Абҳарӣ
3.Абӯтайиб Аҳмад ибни Рӯҳу-ул-бағдодӣ
4.Абӯумар Аҳмад ибни Муҳаммад
5.Ҳакими Мадинӣ
6.Сулаймон ибни Язиди Фомӣ
Таълифот:
Имом ибни Моҷа дар тафсири таърих ва ҳадис китобҳоеро таълиф кард, ки иборатанд аз:
1.Суннани ибни Моҷа
2.Тафсири Қуръони карим
3.Китоби таърих
Муҳимтарин китоби ӯ, ки ба дасти мо расида, китоби “Суннан” мебошад, ки шашумин китоб аз кутуби ҳадис ба шумор меояд.
Китоби “Суннан”-и ибни Моҷа
Китоби “Суннан” бар тартиби абвоби фиқҳӣ навишта шудааст, аммо имом ибни Моҷа пеш аз оғози абвоби таҳорат абвобе ба унвони муқаддима зикр намуда, ки нахуст аз боби итбои суннати Расулуллоҳ (с) шуруъ карда, баъд аҳодисе дар бораи аҳамият ва ҳуҷияти суннат ва вуҷуби амал ба он овардааст.
Имом Заҳабӣ дар “Сияри Эълом-ул-нубало” мегӯяд: китоби “Суннан” дорои 32 китоб, 1500 боб ва 4000 ҳадис мебошад. Бояд зикр кард, ки теъдоди аҳодис бар ҳасби шумориш ва чопи таҳқиқшуда тавассути Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ 4341 ҳадис мебошад.
“Суннан”-и ибни Моҷа шомили аҳодиси саҳеҳ, ҳасан ва заъиф (ва низ бархе ривоёти мункар ва мавзуъ) мебошад.
Ба хотири вуҷуди бархе аз ривоёти ғайри саҳеҳ имом Музӣ гуфтааст: ҳар ривоёте, ки имом ибни Моҷа оварда бошад, ки бақияи кутуби Хамса зикр накарда бошад, заъиф аст. Вале имом Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ таъқиб бар ин рой мегӯяд: ин каломи имом Музӣ қобили пазируфтан нест, зеро имом ибни Моҷа аҳодиси бисёреро ба танҳоӣ (мутафарид аз хамса) зикр карда, ки саҳеҳ мебошад.
Ҳофиз Шаҳобуддини Бусайрӣ (ваф.840 ҳ.) китоберо ба номи “Мисбоҳ-уз-зуҷоҷа фӣ завоиди ибни Моҷа” таълиф намуд, ки дар он тамоми он аҳодисе, ки ибни Моҷа аз бақияи кутуби хамса мутафарид (ба танҳоӣ) шуда овардааст ва дар бораи ҳар кадом аз он ривоёти аз лиҳози саҳеҳ ё ҳасан ва ё заъиф буданаш сухан гуфтааст.
Ҳамчунин алома муҳаддиси аср Муҳаммад Носириддини Албонӣ китоби “Суннан”-и ибни Моҷаро ба ду бахши саҳеҳи ибни Моҷа ва заъифи ибни Моҷа тақсим намудааст.
Чоп ва шарҳи “Суннан”-и ибни Моҷа
Китоби “Суннан”-и ибни Моҷа тавассути Муҳаммад Фуод Абдубоқӣ дар ду ҷилд чоп шудааст.
1.Аз машҳуртарин шарҳи он шарҳи имом Ҷалолиддини Суютӣ (ваф. 991 ҳ.) ба номи “Мисбоҳ-уз-зуҷоҷа” ало ибни Моҷа мебошад.
2.Ҳамчунин шайх Абӯлҳасан ибни Абдулҳодӣ Синдии Маданӣ (ваф. 1138 ҳ.) шарҳе ба номи “Кифоя-ал-ҳоҷа фӣ шарҳи ибни Моҷа” навиштааст.
Вафот:
Имом ибни Моҷа баъд аз муддатҳои кӯшишу талош дар роҳи ислом ва ҷамъоварии аҳодиси набавӣ саранҷом дар синни 64 солагӣ дар рӯзи душанбе 22 моҳи рамазон соли 273 ҳиҷрӣ дори фониро видоъ гуфт ва ба саройи боқӣ шитофт.
Хонандаи азиз бо хости Худованд ҳамин ҷо аимаи шашгонаи ҳадис ба поён расид ва то ҷое тавонистем шуморо бо шуюхи ҳадис ва таълифоти онҳо ошно кардем. Пас аз ин чанде аз аимаи дигари ҳадисро, ки дар ин ҷода хадамоти шоёне кардаанд, бо таҳияи шогирдон пешкаши шумо хоҳем кард.Таманнои дуъоҳои хайри шумо азизонем.
Идомаи матлаб биизниллоҳ имом Аҳмад ибни Ҳанбал(раҳ)

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.