Имом Муслими Нишопурӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин

Имом Муслими Нишопурӣ
Имом Абӯлҳусайн Муслим ибни Ҳаҷоҷ ибни Муслим Қушайрии Нишопурӣ дар соли 204 ҳ.қ. дар Нишопур чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Дар синни кӯдакӣ оғоз ба фарогириву таҳсилоти улум намуд ва аз маҳзари донишмандони фаровоне касби файз намуд. Пас аз фарогирии улум аз маҳзари олимон ва асотид (ҷамъи устодон)-и Нишопур ба иқтори ҷаҳон ҷиҳати фарогирии улуми ҳадис мусофират ва аз шуюхи зайл ахзи ҳадис кард.
Шуюхи имом Муслим (устодон)
1. Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (т:256 ҳ).
2. Яҳё ибни Муъин (т:224 ҳ).
3. Абӯбакр ибни Абишайба (т:235 ҳ).
4. Усмон ибни Абишайба (т:239 ҳ).
5. Қутайба ибни Саъид (т:240 ҳ).
6. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (т:241 ҳ).
7. Ҳармала ибни Яҳё (т:244 ҳ).
8. Муҳаммад ибни Мусно (т:252 ҳ).
Шогирдон
Шӯҳрату овозаи имом Муслим ба гӯши хосу ом расид, аз ин рӯ толибони ҳадис ва ташнагони мероси муҳаммадӣ аз атрофу акнофи сарзамини паҳновари ислом барои шунидан ва ривояти ҳадис ба маҳзари имом меомаданд. Афроди бешуморе аз маҷлиси дарси имом файз бурданд, ҳатто бархе аз аима ва бузургон низ аз вай ҳадис ривоят кардаанд. Теъдоде аз шогирдони имом Муслим:
1. Абӯисои Тирмизӣ (т:279 ҳ).
2. Абӯҳотами Розӣ (т:).
3. Абӯбакр Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма (т:311ҳ).
4. Мусо ибни Ҳорун (т:).
5. Абӯавона Яъқуб ибни Исҳоқи Исфароинӣ
6. Яҳё ибни Содиқ
7. Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Сафиён (т: 308 ҳ).
8. Иброҳим ибни Абӯтолиб
Таълифот
Имом Муслим хадамоти шоёне барои ислом, бахусус дар заминаи ҷамъоварии аҳодис анҷом додааст ва китобҳои муҳиме дар ҳадис ва улуми ҳадис таълиф намуда, ки муҳимтарини онҳо “Ал-ҷоме-ус-саҳеҳ” ё худ “Саҳеҳи Муслим” мебошад. Имом Муслим 15 соли умри хешро сарфи навиштани ин китоб кардааст.
Китобҳои дигар иборатанд аз:
1. Китоб-ул-илал
2. Китоб-ул-асмо вал куно
3. Китоб-ул-ақръон
4. Китоб-ул-мухзарамайн
5. Китоб ман лайса лаҳу илло ров воҳид
6. Китоби авлоду сҳоба
7. Китоби муснади кабир
8. Китоби ҷомеъ-ул-кабир
9. Китоби тамйиз
10. Китоб табақот-ат-тобеъин
Саҳеҳи имом Муслим ва вижагиҳои он
Китоби имом Муслим дуввумин китоби саҳеҳ ба шумор меояд. “Саҳеҳи Бухорӣ” ва “Саҳеҳи Муслим” саҳеҳтарин китоб баъд аз Қуръони карим мебошанд, ки уммати ислом саҳеҳ буданашонро пазируфтаанд.
Имом Муслим дар интихоби аҳодис ва риҷол таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ҳатто сайъ кардааст, то ихтилофи алфози ровиёнро низ баён намояд ва ин китоби азимро аз миёни ҳазорон ривоёт баргузинад. Имом Муслим мефармояд: “Ин китоби саҳеҳро аз миёни сесад ҳазор ҳадис интихоб намудаам”.
Аз вижагиҳои “Саҳеҳи Муслим” ин аст, ки тамоми матнҳои ҳадисро якҷо зикр менамояд ва онҳоро дар абвоби мухталиф ҷудо ҷудо намесозад, тавреки имом Бухорӣ анҷом додааст, ҳамчунин аҳодисро такрор намекунад, танҳо ба нудрат. Масалан барои изофае, ки дар санад ё матни ҳадис вуҷуд дошта бошад.
Ҳамчунин аз вижагиҳои дигараш ин аст, ки имом Муслим дар интихоби алфоз кӯшиши зиёд ба харҷ дода, сайъ намуда, ки алфози ровиёнро зикр намояд, ҳатто дар баёни сиғаи ривоят, ки оё ба лафзи “Ахбарано” ё “Ҳадасано” аст. Ва агар гурӯҳе як ҳадисро ривоят кардаанд ҳар кадом барои баёни алфози ҳадис ва сиғаи таҳдис чи алфозе ба кор бурдаанд ва ин лафзи зикршуда мисоли лафзи кадом як аз ровиён мебошад.
Ҳамчунин имом Муслим ба шиддат кӯшидааст, ки баъд аз муқаддимаи китоб ба ҷуз аҳодис маснад ва марфуъ чизи дигар аз ақволи саҳоба ё тобеъин зикр нанамояд ва дар китобаш аҳодиси “муъаллақ” низ наёвардааст.
Шоёни зикр аст, ки имом Муслим барои китоби “Саҳеҳ” тароҷуми абвоб қарор надода, балки аҳодиси мутааллиқ ба ҳар мавзӯро якҷо ҷамъоварӣ кардааст, аммо шореҳони китоби “Саҳеҳ” барояш унвони китобҳо ва абвоб қарор додаанд ва беҳтарин каси барои “Саҳеҳи Муслим” китобу абвоб қарор дода, имом Муҳиюддини Нававӣ мебошад.
Теъдоди аҳодиси “Саҳеҳи Муслим” 4000 ҳадис мебошад.
Шарҳи “Саҳеҳи Муслим”
Ҳамчунонки уламои ислом ба “Саҳеҳи Бухорӣ” таваҷҷӯҳи хосе доштааанд ба “Саҳеҳи имом Муслим” низ аз назари шарҳ, ихтисор ва баёни масоили фиқҳиаш таваҷҷӯҳи вижае намудаанд. Аз шарҳҳои машҳур бар ин китоб:
1.“Ал-муаллим бӣ фавоиди китоби Муслим” шарҳи ал-Мозарӣ Абӯабдулло Муҳаммад ибни Алӣ (ваф. 536 ҳ.)
2. “Икмол-ул-муаллим фӣ шарҳи Саҳеҳи Муслим” шарҳи Қозӣ Айёз ибни Мусо ал-Яҳсабии Сабтӣ имом-ул-мағриб-ал-моликӣ (ваф. 544 ҳ.)
3.“Ал-минҳоҷ фӣ шарҳи Саҳеҳи Муслим ибни Ҳаҷоҷ” таълифи имом Муҳиддин Нававӣ аст, ки комилтарину беҳтарин шарҳи “Саҳеҳи Муслим” ба шумор меояд.
4.“Ал-мафҳам ли мо аштала мин талхиси китоби Муслим” шарҳи Абулаббос Аҳмад ибни Умар ибни Иброҳими Қуртубӣ (ваф. 611 ҳ.)
5.“Икмол икмол-ал-муаллим ” шарҳи Абимоликӣ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Халифа аз аҳли Тунис. Ин шахс дар байни Мозарӣ, Айёз, Қуртубӣ ва Нававӣ шарҳашро ҷамъ намудааст. (ваф. 728 ҳ. )
6.“Ал-дибоҷ ало Саҳеҳи Муслим ибни Ҳаҷоҷ” шарҳи Ҷалолуддин Суютӣ (ваф.911 ҳ.)
7.“Шарҳи Шайх-ул-ислом Закарё ал-Ансории Шофеъӣ” (ваф. 926 ҳ.)
8.“Шарҳи шайх Алӣ Қории Ҳанафӣ” дар чаҳор ҷилд (ваф. 1016 ҳ.)
9.“Сироҷ-ул-ваҳоҷ мин кашфи матолиб Саҳеҳи Муслим ибни Ҳаҷоҷ” таълифи Сиддиқхони ал-Қануҷӣ.
10.“Такмилат-ул-фатҳил мулҳим би шарҳи Саҳеҳ Муслим” таълифи Муфтӣ Муҳаммадтақии Усмонии Ҳанафӣ.
11.“Минат-ул-мунъим шарҳи Саҳеҳи Муслим” таълифи шайх Сафиюраҳмон Муборакфурӣ.
Вафот
Имом Муслим асри якшанбе, моҳи раҷаб, соли 261 ҳ. дар синни 57 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва дар Насрободи Нишопур ба хок супурда шуд.
Таърихнависон достони аҷибе дар бораи сабаби вафоти ӯ навиштаанд, ки чунин аст: маҷлиси музокираи ҳадис барпо буд, аз имом Муслим дар бораи як ҳадисе пурсида шуд, имом дар ҳамон маҷлис он ҳадисро надонист, он гоҳ ба манзил рафт ва ба ҷустуҷӯи он ҳадис дар китобҳояш пардохт ва киссае аз хурмо наздаш гузошта шуда буд, ҳамчунонки ғарқи мутолеа ва ҷустуҷӯи ҳадис буд, хурмоҳоро низ як як тановул мекард, то инки хурмоҳо тамом гардид ва он ҳадиси мавриди назарро низ ёфт ва хӯрдани ин хурмои беш аз андоза сабаби вафоти ӯ гардид.
Идомаи мақола “Суннани Абӯдовуд”

    Андешаи Шумо

    Email шумо нашр карда намешавад.