1.08.2018 Хабарҳо: Аз ҳар гӯша як хӯша

Ислоҳ нет

Эҳзори сафири Тоҷикистон дар Эрон ба ВКД ин кишвар

Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва эътирози шадиди Эрон нисбат ба рафтори мақомоти Тоҷикистон дар ҳодисаи террори дучархасаворони хориҷӣ дар ин кишвар ва иттиҳомоти бардурӯғи мақомоти Тоҷикистон алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон расонида шуд.

Дар ин бораи сухангӯи ВКХ Эрон зимни сӯҳбаташ бо расонаҳои эронӣ хабар додааст.

“Дар ин дидор ба сафири Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ки ҷилави тӯҳматпароканиҳои беасосу бардурӯғ гирифта шавад” — гуфтааст Баҳром Қосимӣ, сухангӯӣ ВКХ Эрон.

Эҳзори сафири Тоҷикистон ба ВКХ Эрон дар ҳолест, ки ВКД-и Тоҷикистон дар сайти расмии худ, гуфта буд, ки Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари ҳамлагарони ба сайёҳон дар Данғара, дар солҳои 2014 ва 2015 дар шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон омӯзиши низомӣ дида ва дар онҷо ба ҲНИТ пайваста будааст.

Пештар сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон ҳаргуна иртиботи Эрон бо ин ҳодиса ва вуҷуди ҳаргуна пойгоҳ ҷиҳати омӯзиши иқдомоти харобкорона дар хоки худро ба шиддат такзиб карда буд.

***

 

Ронандаи таксӣ халтачаи пур аз тиллоро ба соҳибаш баргардонид

Ронандаи таксӣ Юксел Ялиниз, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Стамбул, кор мекард, дар курсии қафои автомашина як халтачаи  пур аз тиллои фаромӯшан партофта рафтаи мизоҷашро дарёфт ва ба соҳибаш бармегардонад.

 

Ин халтача ба арзиши тақрибан 25 ҳазор доллар тилло доштааст

 

Баъд аз  он, ки ронандаи таксӣ, мусофирро ба макони таъиншуда мебарад, ҳини бозгашт ҳис мекунад, ки дар курсии оқиби мошин чизе ҳаст.  Мебинад, ки як халтачае дар дохилаш тилловорӣ истодааст. Юксел Ялиниз, ронандаи таксӣ халтачаро ба идораи амнияти фурудгоҳ оварда месупорад.

Зани мусофире, ки тилловорияшро гум кардааст, бо парешонӣ ба идораи амният занг мезанад ва хабардор мешавад, ки халтачаи тилловорияш дар ин идора аст.

 

«Ин саҳар ман соати 9:30 аз фурӯдгоҳ ба Есенюрт  тавассути як таксӣ омада, баъди аз мошин фаромадан фаҳмидам, ки тилловориамро гум кардаам.  Ман хеле хашмгин будам ва ба хадамоти амниятӣ тамос гирифтам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки ронандаи таксӣ халтачаро баргандонидааст ва метавонед омада амонати худро бигиред. Ин мӯъҷизаи воқеӣ буд!”- гуфтааст Семзи Кулекчи, шахси халтачаи тилловорӣ гумкарда.

 

Юксел Ялиниз, ронандаи таксӣ дар ин бора гуфтааст, ки ингуна ҳолатҳо дар таҷрибаи ронандагияш даҳҳо маротиба рӯй додаанд ва ҳеҷгоҳ ба амонати мизоҷонаш хиёнатро раво надидааст.

» Худоро шукр, кори ман хуб ва бобаракат аст. Ба ман моли муфт лозим нест. Ин ягон амали қаҳрамонӣ ҳам нест. Ман танҳо амонатро ба соҳибаш баргардондам. Имони инсон бо чунин имтиҳонҳо санҷида мешавад»- изҳор намудааст Юксел

***

Русия оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳоҷиён қонун қабул мекунад

Ба хотири муҳофизати ҳуқуқҳои эътиқодмандон дар рафти сафар ба ҷойҳои муқаддас, Думаи давлатии Федератсияи Русия ба қонуни федералӣ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйироту иловаҳо ворид мекунад.

Дар ин тағйирот махсусан, мафҳуми “зиёраткунанда” қайд карда шудааст.

 

Касоне, ки дар давраи аз 24 соат то шаш моҳ ё барои ҳадди ақал як шаб дар ҷои истиқомати муваққатӣ бо мақсади боздид аз ҷойҳои муқаддаси динӣ ба истиснои сафар ба мақсади истироҳат ва фароғат, инчунин фаъолияти вобаста ба гирифтани даромад сафар мекунанд, тибқи иловаю тағйироти воридмешуда, ҳамчун зиёраткунанда, ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешавад.

 

Ин лоиҳаи қонун, чунон ки зикр гардид, имкон медиҳад, ки зиёраткунандагон аз фиреб ва қаллобиҳо дар сафар эмин монанд.

***

 

ВКД Тоҷикистон шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис медиҳад

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон  дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.

Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.

Гуфта мешавад, агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

Кормандони шуъбачаи мазкур ба донистани якчанд забони хориҷӣ ва муоширати озодона бо онҳо, огаҳии хуб доштан аз имконоти сайёҳии кишвар уҳдадор мебошанд.

 

 

 

Share This Article