Оё боре нисбати хонаи дигарат андешидаи?
Хонандагони гиромӣ марг фаро мерасад ва ҳар зиндаҷоне дар ин дунё онро ногузираст,ки онро бубинад.Мо мусалмонон имон дорем,ки ин ҳаёти имрӯзии мо барои омода намудани худ ба рӯзи қиёмат аст.Марг оғози ҳаёти ҷадидест,ки дорои талхиҳо ва шириниҳоест.Оё барои ин ҳаёти ҷадид,ки он “Марг” аст омодагие дидаем? Оё барои ин хона ё кулбаи ҷадидамон,ки он қабр аст тушае захира намудаем? Оё барои ин сафарамон,ки дар ин сафар на пуле на сармояе на воситае лозим аст омодаем? Дар он кулбаи ояндаамон чи моро лозим аст медонед? Оё ончи Худованди таборак ва таъоло тавассути паёмбараш Муҳаммади мустафо (саллалоҳу алайҳи вассалам) ба мо расонидааст ба он ҳама амрҳо ва навоҳияш амал мекунем ва по барҷо ҳастем? Оё боре шудааст дар ин ҳаёти имрӯзаамон ончунонеки барои ин дунёямон кушиш мекунем то дорои ину он бошем ва камбудие надошта бошем ва даст боло бошем барои он кулбаеки ҳатман ва ҳатман дохили он мегардем омодагие дидаем? Оё боре шудааст як амали бад як гуноҳро аз тарси Худо барои солим нигоҳ доштани худ аз азоби “Қабр” худро боз доштаем? Оё чизеро барои ризояти Аллоҳ ва холис анҷом додаем,ки дар он кулба орому осуда бошем ва даричае аз даричаҳои ҷаннат бароямон боз гардад ва қабрамонро боғе аз боғҳои ҷаннат бигардонем? Агар то имрӯз кам фикр мекардем пас аз имрӯз бояд дар фикри ободии он кулбаамон,ки “Қабр” аст фикр кунем каме бо худ ва аҳволамон дар он бошем! Он кулбаамонро танҳо бо амалҳои солеҳ ва итоъат аз Худованди якто ва пайрави аз паёмбари ислом Муҳаммад (с) обод менамоем дигар ягон чиз ягон роҳе вуҷуд надорад бояд сари таслим фуруд оварем ва аз бандагони солеҳ бошем!Худованди баланд мартаба ва ростгӯй мефармояд: حتى إذا جاء أحدهم الموت قال رب ارجعون لعلي أعمل صالحا فيما تركت كلا إنها كلمة هو قائلها ومن ورائهم برزخ إلى يوم يبعثون” (المؤمنون:99-100). Тарҷума:99.Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон.
100. Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд.” Пас ҳоло фурсат дорем ҳаргиз ин фурсати тиллогинро аз даст надиҳем зеро ҳангомеки марг расид дигар роҳи бозгаштан аз он нест! Худоё моро аз бандагони солеҳат бигардон ва қабрҳоямонро боғе аз боғҳои ҷаннат бигардон ва он кулбаи охиратамонро бароямон аз ин хонаву кошонаи дунёи ободтару фаррохтару мунаввартар бигардон омин.