Дар ин шабурӯзҳо масъалаи сахттар кардани лимити барқ дар саросари кишвар тамоми мардумро ба ташвиш андохтааст. Ба дасти мо садҳо нома ва низ паёмакҳои аудиоӣ аз саросари кишвар расидааст, ки нигаронӣ ва норозигиҳои мардумро ба вуҷуд овардааст. Яке аз номаҳои ин шумора ба ҳамин мавзӯъ марбут аст, ки ба қалами як нафар аз кормандони Шабкаи тақсимоти барқи Душанбе тааллуқ дорад.
Аммо дар оғоз як номаеро аз деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ҷой додем, ки муаллиф масъалаи барои матбуот нисбатан наверо ба миён гузоштааст, ки на танҳо ба ин деҳа, балки ба дигар манотиқу музофот ва деҳоти кишвар ҳам рабт дорад. Инҷо суҳбат аз он меравад, ки номи як нафар аз табиби бемористони ин деҳаро, ки писараш феълан дар ин бемористон сардухтур мебошад, ба ин беморхона гузоштааст. Муаллиф навиштааст, ки он нафар як табиби одии дандон буд ва ҳиҷ коре шоиста анҷом надодааст, ки номи ӯро ба беморхона бимонанд.
Зимнан ин гуна як падидаи номатлуб ва бади иҷтимоӣ, чуноне гуфтем, дар бақия манотиқи кишвар ҳам ба назар мерасад. Номи афроде ба мактабу бемористон ва дигар ҷойҳои иҷтимоӣ гузошта мешавад, ки ҳеҷ коре бахусус накардаанд.
Муаллифи доимии аз Волгоград, ки сайтҳои нашрияҳои чопи Душанберо мурур ва матлаби мавриди назарашро мефиристад, ин бор низ як навиштаеро фиристодааст. Дар ин навишта як масъалаи доғу ҷиддӣ матраҳ шудааст, ки бегумон барои хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» ҳам бисёр дардовар аст. Ин масъала вазъияти бонувони тоҷик аст ки бар асари эҷоди муҳити бегона дар кишвар иффат ва шаҳомати худро аз даст додаанд.
Ин матлаб нашри навбатии «Номаҳо….» ро ҷамъбаст месозад.
Айнӣ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол ва кормандони Ислоҳ!
Ин нома аз деҳаи Рарзи ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ фиристода мешавад. Номаи мо дар бораи вазорати тандурустии Тоҷикистон аст. Мо истиқоматкунандагони деҳаи Рарз ба шумо офарин мегуем, барои кадрҳои бо таҷрибаатон, ки доруи сиропро аз укол фарқ накунанд. Офарин, офарин садхо офарин ба сардухтури бесаводи беморхонаи Рарз муҳтарам Ҳайдаров Меъроҷ. Ин одам падари худро бисёр эҳтиром карда номи падарро ба беморхонаи Рарз гузошт. Ин як хизмати хирсона кард. Савол пеш меояд,ки Ҳайдаров Саидмаъмур чи хизмат кард барои беморхонаи Рарз, ба ҷуз аз нушидани арақу коняк ва зино?
Вай ягон кори хубе накардааст. Вай як духтури дандон буд, бе пул дандон намеканд. Майлаш пул, сару калаашро хурад пул, дандонро бе уколи карахткунӣ меканд. Ҳатто як бор, ки ҳамин гуна бе укол дандони як одамро канд аз зӯри кандан ҷоғаш аз ҷояш баромад ва агар дурӯғгӯ нашавам чандин одам аз ҳуш рафтаву беҳуш ҳам шуда буданд. Ҳоло барои ин гуна хизматҳои шоёнаш беморхонаро ба номи вай монданд? Ҳатто мастомаст дандонҳои одамҳоро меканд ва чандин нафар ҷоғдард шуда Душанбеву Хуҷанд барои табобат рафта буданд. Аммо дуздиҳояш бошад ҳисоб надорад.
Чандин бародарҳо тилло доданд аммо ин духтур онҳоро фиреб дода дандони ғайритилло монд. Ана ин аст хизматҳои Ҳайдарови калонӣ, ки ҳоло беморхонаро ба номаш гузоштаанд.
Ман дар пеш омадани чунин вазъ дар Рарз раиси собиқи ноҳия Муродов Муқимро, ки акнун дар Зафаробод раисаш монданд, гунаҳкор медонам. Вай пулро гирифт ва ин кадри дар нохунак болаёқатро сардухтур монд ва номи падарашро ба беморхона гузошт ва ҳоло ин сардухтури бесавод депутат ҳам ҳаст. Рарз 5000 аҳолӣ дорад. Яке аз деҳаҳои калони Айнӣ аст. Ҳозир беморхонаро ба маркази тиҷоратӣ табдил додааст. Табобати дандон як тиҷорати калон дар ин беморхона. Ман ба ин сардухтур гуфтаниам, ки ту агар донишгоҳи тиббиро хонда бошӣ бо пули ҳамин беморхона ва сокинони Рарз хондаӣ. Ту сиропро аз сузандору фарқ карда наметавонӣ. Сиропро менушонанд на инки укол кунанд. Бо ин вазъу ҳол туро чиву сардухтуриро чӣ?
Як чи мегуем дар ҳақи «хизматҳоят». Беҳтар ин аст ариза навису рав, ки ҳамаро шарманда кардӣ.
Бунёдгузори беморхонаи ҷамоати Рарз Сангини Мирбобо ва Бобои Авез ҳастанд. Ин ду нафар асосгузори ин беморхона ҳастанд. Онҳо, бигзор колхозчӣ буданд лекин ин беморхонаи Рарзро онҳо ташкил карданд.
Бигзор агар барои беморхона ном мондан зарур бошад, халқ худаш монад номи беморхонаро на ба востаи пулу пора, Ҳайдров Меъроҷ номи падарашро мондааст.
Савол ба вазорати тандурустӣ. Ҳайдров Сидмаъмур кист? доктори илм, профессор, академик? Чи хизмате кардааст барои сохтмони ин беморхона? Мутаассифона имрӯз раисони ноҳия аз ҷумла ҳамин раиси пешинаи ноҳияи Айнӣ барои пул шуда ҳамаи корро мекунанд.
Аз вазорати тандурустӣ тақозо мекунем, ки нағз санҷида бароянд ва аз беморхонаи марказии ноҳия ҳам талаб менамоем, ки барои кадрҳои беморхонаи Рарз санҷиши ҷиддӣ гузаронанд. Ҳамчунин аз прокуратураи ноҳияи Айнӣ ҳам хоҳиш мекунем ҳамчун идораи назорати иҷрои қонунҳо ин муассисаро сахт тафтиш кунанд ва аз тамоми мақомоти зирабт, аз Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ хоҳиши аҳолии Рарз ин аст ки беморхонаи ин деҳаро тибқи қонун санҷиш гузаронанд, сатҳи донишу касбият ва ихтисоси кадрҳои онро тафтиш кунанд. Фаъолияти депутат Меъроҷ Ҳайдаровро низ дида бароянд. Вай аз ваколат ва мансаби сардухтурӣ суиистифода карда коргари худаш Соатулло Хоркашовро дар хонаи шахсиаш ҳмчу коргари бепул –ғуломвор истифода карда истодааст.
Инашро ҳам гӯям, ки фарзанди Хоркашов Эҳсонҷон аз пушти Сангинов Абдулаҳад Ҳайдаров Меъроҷ бедарк шуд, ғуломи шахсии ин ду муҳтарами номуҳтарам буд. Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, ки кадри ҷавони ин ноҳя аст бояд ин масаларо ҳаллу фасл намоянд!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як корманди идораи Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе ҳастам, ночор шудам, ки барои шумо нависам ва вазъиятро шарҳ бидиҳам.
Дирӯз барои мо махсус таъкид намуданд, ки дар боло як ҷалсаи махсуси изтирори вобаста ба таъминоти барқи аҳолӣ сурат гирифтааст. Раиси мо ба ҳама таъкид кард, ки минбаъд, то кай давом мекунад номаълум, лимт аз соати 18-и бегоҳ то 20и бегоҳ ва субҳ аз 6 то 7 дода мешавад ва таъкид кард, ки ин режим ба таври қатъӣ рияот шавад. Вай гуфт,ки кормандон ба воситаи фаъолони маҳаллаву деҳа ва шаҳрак шаҳрҳо ба мардум бифаҳмонанд, мардумро аз безобита шудан нигоҳ доранд, аз ҳаргуна овозаҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Бародар, шумо ҳам борҳо навиштеду ҳам борҳо гуфтед ва ҳамаамон медонем, ки имсол мавсими светкушӣ хеле барвақт -моҳи сентябар сар шуд.
Ҳолати кор дар Душанбе пойтахти кишвар бисёр ҳам бад аст -мактабу боғчаҳои бачагон, беморхонаҳо, ҳамаҷо ях задааст. Худи ман дар ошёнаи 5умам, ҳиҷ илоҷ надорам. Кудаки майда. Оби гармро дар бокалажка падарам горелкаро бо оби гарм пур карда дар болои ишкамаш мегузорем. Азоби мо беҳад вазнин аст. Илоҷи шинонидани печкаи бобоиро надорем, чунки ҳезум ҳам несту дигар инки иҷозат ҳам нест.
Ман аммо аз як чиз ҳайронам, агарчи корманди идораи барқ ҳастам, сабаби чунин маҳдудиятро нафаҳмдам.
Барои таъмини гармиву рушанӣ дар зимистон барои Душанбе бо ҷалби сармояи Хитой дар ҳудуди 400 миллион доллар ду адад маркази барқу гармидиҳӣ сохтанд. Гуфтанд Душанбе таъмин шуд ва зимистон барқи Душанбе ба дигар ҷоҳо дода мешавад. Аммо барқ нарасида истодааст. Гуфта буданд, ки 5 миллион кв.соат барқи Душанбе ба дигар ҷоҳо тақсим карда мешавад, чунки ин ТЕТС-марказҳои гармидиҳӣ ҳам гармӣ ва ҳам свет медиҳанд. Аммо чуноне мебинед вазъият бадтар шуд.
Ман яқин медонам, ки барқ ҳаст ва ба ҳолӣ достаточно мерасад. Аммо Раҳмонов ҳамаро боз ҳам фиреб карда истодааст. Худатон хулоса кунед, ки .Роғун ду агрегаташ ба кор даромад, ҳамин ТЕТС, боз Норак бештар истеҳсол карада истодааст, баъди навсозӣ чи қадар зиёд шуд, Сангтуда -1, Сангтуда- 2 фаъолона истеҳсол карда истодаанд. Барқи инҳо куҷо меравад? Бадахшон барқи худро дорад.
Акнун саволи дигарам ин аст ки ҳоло ку корхонае мисли заводи яхдон, мисли Талко, ки чанд баробари аҳолӣ барқ мегирифтнад. Инҳо тақрибан ба пуррагӣ аз кор мондаанд. Ҳамин тавр дар аксарияти ноҳияҳо корхонаҳо амал мекарданд, ки ҳозир амал намекунанд.
Ин миллиардҳо миллиард кв/соат барқи мо куҷо меавад. Мегӯянд, ки оби ҳавз кам шуд. Чаро тобистон зиёд захира намекунад. Имконият ҳаст ку. Маслан ду метр неву 5 метр болотар захира кунад, чи мешавад?
Аммо медонед чӣ? Мо имсол ба Толибон содиротро бештар кардем ва ҳамчунин ба Узбекистон ҳам фурӯхта истодаему ба Қирғизистон ҳам. Худи шумо нағз медонед, ки пули барқи мо, ки Афғонистон содирот мешавад ба киссаи кӣ меравад.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Боз ҳам ман аз Волгоград ин номаро бароятон роҳӣ мекунам. Ин бор дар сайти нашрияи СССР як матлаберо хондам ва гуфтам, ки онро барои хонандаҳои сершумори «Ислоҳ» пешниҳод намоям. Матлаб як масъалаи бисёр ҳам дарднок, ба нашъамандӣ гирифтор шудани занҳои тоҷикро ба баррасӣ гирифта ва аз як бонуи аптекар-доруфурӯш, ки барои фурӯши таблеткаҳои мадҳушкунанда дастгир ва бо ҷарима озод шудааст, низ суҳбат мекунад.
Биёед, дар аввал муҳтавои худи ин навиштаро, ки ба қалами сардабири СССР тааллуқ доштааст ва дар рӯзи чоруми ноябр чоп шудааст, пешкаш намоям ва сипас баъзе аз мулоҳизаву андешаҳоямро дар бораи он баён менамоям. Матлаб таҳти ин унвон «Лирика ва иффати бонуи тоҷик» ба чоп расидааст:
« Модарам, Худо раҳматаш кунад, доиман 1 масалро бар мо-писаронаш, ки дар оянда мард бояд мешудем, таъкидан такрор мекард:
-Мард ҳарчихӯр шуд-зан ҳарчипаз мешавад!
Бузургтар шудаву ба умқи ин ҳикмат даррасидам. Занро низ мард зан мекунад, нокасу нопокзода низ мекунад мард!
Имрӯз ҷамъияти мо номард гаштан дорад. Наранҷед. Дар ин миён ман низ ҳастам. Зеро мо-мардон зимоми иффати бонуи тоҷикро раҳо кардаем. Дигар барои мо фарқе надорад, ки занаки ҳамсояамон фоҳиша аст, маҳбасист, зиндонист, наркокурйер аст, тарёкист, майзада аст, шабгард аст, простит (е)утка аст ва ғ. ва ҳ. Ин чист, ки бархе «мардакон» дар ин «кори хайр» ҳамдастони чунин бонувон мебошанд.
15.10.2025. Хабаре маро такон дод, ки Раёсати корҳои дохилаи ш. Душанбе, зани аптекачиеро ҷарима баст, ки бо фурӯши дорувори мадҳушкунандаи «Прегабалин» ё худ «Лирика» дар дорухонаи «Бону», аптекаи махсусгардонидашуда барои занони тоҷик, банд будааст. Ин занро бо 141 дона ҳабби сахттаъсири «Прегабалин» ё ҳамоно «Лирика» боздошт карда, 3750 сомонӣ ҷарима бастанд (ниг. ба акс аз саҳифаи vkd.tj).
Stop! Марде агар бо чунин теъдод дорувори мадҳушкунанда дастгир шуд, чанд сол зиндонӣ мешавад! Пас, чаро нафареро, ки дар аптека ин доруворро мефурӯхт, танҳо ҷарима мекунанд? Шояд барои он, ки зан-модар аст? Вале оё ҳар модар ва зан қобили бахшишанд? Агар ин зан аст, пас мизоҷонаш низ занонанд ва акнун тасаввур кунед, чанд нафарро ин махлуқ муътоди «Лирика» кардааст. Фахриддини Гургонист, ки мегӯяд:
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар бех мева орад, ҳар найе қанд!!!
Воқеан ҳам бори дигар сипосу дуруд бар генерал-майори милиса Шоҳрух Саидзода, ки бо сари кор омаданаш дар РКВД пойтахт, низому қонун фарогир ҳукмрон мегардад. Маҳз Шоҳрух ингуна «доруфурӯшон»-ро боздошт мекунад. Зимнан аксарият медонад, ки «Лирика» усулан дар аптекаҳо фурӯхта мешаванд. Вале барои сари аждаҳоро буридан, бояд ширкатҳои доруфурӯшии трансмиллӣ ҷарима гарданд. Зеро ин ҳабу доруро маҳз онҳо меоранд!
Сари чашма бояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд нашояд гузаштан ба пил!
Гуфта мешавад, ин миқдор «Прегабалин», ки вориди кишвар мешавад, мо ин қадар касалӣ надорем, ки ба он муҳтоҷанд. Доруи фавқ барои табобати Эпилепсия ё худ Шайтонламиш дар ҳолати ниҳоят сангин корбаст мешавад. Худоро шукр, мо ин миқдор шайтонламиш надорем. Пас дар Гумрук, ё сохторҳои масъули воридоти дору намедонанд, ки воридоти миқдори бузурги “Лирика” барои дигар чист? Мутаассуфам, ки аптекаҳо ва доруфурӯшон имрӯз ҷои қочоқчиёни маводи мухаддираро гирифтан доранд. Ҳарчанд аптекачӣ низ дар баробари дигар духтурон “Савганди Гиппократ” хӯрдааст. Пас инҳо на танҳо ҷинояткор, ки савгандзада низ мебошанд, ки обрӯи тибби тоҷикро мерезанд. Зимнан, мубориза бо онҳо бояд сахттар аз ҳарб бо қочоқи героину бангу афюну кокоин шавад. На каму на беш!
Мо сароғоз, чанд сол пеш, Чилим, ҳамоно Калянро иҷозат додем, ки озодона дар кишвари мо дар сайру гашт бошад. Зани тоҷик чилимкаш шуд. Баҳона меовардем, мо – мардон, ки о, дар кишварҳои мусалмонӣ, қалён мезананд ку? Ва бонуе, ки дар 70 соли шуравӣ боре сигор ба лаб набурда буд, дар ҳузури мо – мардон чилимкаш гардид. Ба оҳистагӣ, вале пайваста, қадам бар қадам, мо – мардон бонувони худро бангӣ кардем. Имрӯз дар дилхоҳ тарабхонаи ба ном “Шоколадница” занони тоҷик, ки ҳатто забон намегардад, ин тоифаро “бону” хонам, фавҷ-фавҷ нишаста, қалён мезананд. Мегӯед, чилим муътод намекунад? Пас, 1 суол ба ин занакҳои калянкаш дорам, ки даст рӯи қалб гузошта гӯянд, ки 2 шаб бе калян тоқат карда метавонанд? Албатта, ки неъ! Пас, ин муътодӣ нест, чист?
Гуфти бобои Ғулом “дальше-больше” шуд: зане, ки қалён мезад, дигар кайфияташро ин намуди айш намебардошт ва рӯ овард, ба задани маводи психотропии дигар ва баъдан, ки организм мутобиқ шуд (дилхоҳ бадан, ҳамоно организм, ба дилхоҳ нашъаву бангу заҳр омухта мешавад), рӯ овард ба Лирикаву физикаву химия. Оре, доруи Прегабалин – Лирика маводи психотропикии кимиёвии сунъист.
Ба худат раҳм надорӣ, эй зан, ба насле, ки бояд аз ту ба вуҷуд ояд (кош бенасл мешудӣ!) шафқат надорӣ, ки онҳоро низ муътоду касалманд мекунӣ? Медонам, ки ба сахтгӯӣ муттаҳамам мекунӣ, хонанда, вале магар меарзад, чунин занонро, ки довталабона бангиву ҳангӣ шудаанд, МОДАР хонд?
Модар ҳамон очаҷонҳоеанд, ки барои фарзанди худ ҷони хешро дареғ намедоранд. Вале бангӣ, ки зан ҳам бошад, набояд ин унвонро сазовор гардад. Мо Метавонем!
Зимнан ҳар марде, ки барои айши дурӯза, бо фоҳишае бангу лирикаву чилиму калян мезанад, бояд пухта донад, ки дар бероҳагии бонувони тоҷик замина мегузорад ва чархи гардон рӯзе зану духтари ӯро низ муътоду бангиву ҳангиву чилимкашу лирикахӯр месозад. Ман нагуфтаам, ки:
Калтаки Худо садо надорад,
Баъд аз заданаш даво надорад!
Дар бораи шаробнӯшишон гап нест. Зеро ин дигар ҷои пӯшиш ҳам несту нангу ор низ. Хабарҳои ВКД гувоҳ аз онанд, ки бонувони мо ҳатто дар ҳолати мастӣ сари чамбарак-рул нишаста, пиёдагардонро зер ҳам мекунанд.
20.10.2025. N.N. ба ном 1 “зани тоҷик” чанд нафарро зер карда, таки чархи мошинаш кушт! Куҷост иффати бонувона? Такпурсӣ кунем, шояд ин мошинро ба ӯ кадом марде харида “падарка” кардааст…
Дар даврони шуравӣ, ки мулки бехудоӣ гуфта, сангаш мезанем, арақхӯрии зани Тоҷик чӣ, ки бонувони мо сари рул нишастанро ор медонистанд. Зеро “тормози ҷамъиятӣ” доштанд, ки аз ҳар амали ношоист ист мефармудашон. Дар водии Кӯлоб, ки шахсан ман ба воя расидаам, танҳо 1 зан бо тахаллуси “Розия – сухтук” таксӣ мезаду бас. Дигар ЯГОН зан мошин намеронд. Зеро ин кори мардон будӣ. Агар ба мӯсафеду кампиракони он даврон мегуфтанд, ки рӯзе мерасаду зани тоҷик масту аласт, зери таъсири вискиву арақу бангу Лирика сари рул нишаста, мардонро зер мекунад, Бобои Носу Мавлону Бобои Эшону Ғулом мегуфтанд “рӯт лахча!”.
Имрӯз бо рӯи барф барин сапеду ях ворӣ хунук мебинем, ки сафи чунин занон дар ҳоли рушд аст. Тақлид бар кӣ мекунем? Бар киносериалҳои туркиву амрикоиву аврупоиву урусӣ…
Дар ҳамин маврид, ки матлаб омода мешуд, боз 1 хабари дигар расид, ки Н.Н. “тоже зани Тоҷик” хонаашро бордел, фоҳишахона кардааст. Э войи мо!!!
Шояд нафаре пайдо шаваду гӯяд, ки “аз ночорист, бечора маҷбур шудааст”… Занҳои Тоҷик дар даврони саъбтарини инқилоби октябрӣ 1920-37 ва гушнагии гӯшношуниди ҶБВ, дар солҳои 1941-45 на тан фурӯхтанд, на Лирика, на калян заданду на арақ нӯшиданд ва виждону эмону иффати худро ҳифз карданд! Пас дар ин даврони тинҷиву оромиш, сериву пурӣ, кӣ ва ё чӣ онҳоро “маҷбур” мекунад, ки ба ин роҳ раванд? Ба пиндори сирф фардии ман беномусӣ! Беномусии мо – мардон, ки аз ин ҳама чашм мепӯшем. Охир ин занакҳои бангиву ҳангӣ аз осмон наборидаанд. Онҳо падару бародару тағову амак доранд…
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад кабир аст!
Бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки ин навиштаро, ки як каме барои барномаи шумо тӯлонӣ аст пурра чоп кардед. Дар ҳақиқат дар ин матлаб масъалаи ҷиддӣ, тағйири шахсият ва ҳайсияти зани тоҷик мавриди интиқоди дуруст қарор гирифтааст. Дар ин навишта воқеияти талхи кишвар инъикос ёфтааст. Муаллиф иллат ва сабаби чунин вазъро шарҳу тавзеҳ надодааст, аммо дар даҳҳо матолиби «Ислоҳ» таъкид шудааст, ки ҷомеаи моро ба як сатҳи комилан ғайримилливу ғайримазҳабӣ бурда истодаанд. Вақте мақомот арсаи дину мазҳабро то ин ҳад маҳдуд кардаву ҷомеаро ба сатҳи ғайриахлоқӣ савқ дода истодаанд, натиҷааш ҳамин хел мешавад.
Ҳамон тарабхонаи “Шоколадница”, ки дар ин навишта аз вай ёд карда мешавад дар шаҳри Душанбе чандин адад ва дар чандин ҷой аст. Ин тарабхона аз они Тахминаи Клеопатраи духтари Эмомалӣ Раҳмонов аст ва ман мутмаинам, ки ҳамон доруҳои Лирика ҳам тавлиди ширкати Сифат-фармаи Парвина, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Барои инҳо гӯр сузад ва дег ҷушад, шуд. Шояд дар мавриди ин навишта хонанда ва бинандаҳои «Ислоҳ» ҳам фикру мулоҳизаҳояшонро баён месозанд.
Пасгуфтори Ислоҳ
Зане, ки муътод мешавад, танҳо як ҷонро аз даст намедиҳад -иззат, виҷдон, насаб ва номи миллатро ҳам бо ҳам месӯзонад. Ин нома қалби як миллатро ба дард меорад: зане мадҳуш, марде беномус, ҷомеъае нигаҳбон надорад.
Мафкураи инҳисорӣ, табақаҳои ҳокими дорувору тарабхонаҳои худ бо даст ҳамон чизеро мекунанд, ки ғосибони замин мекунанд: мардумро ба ҳалокат мебаранд. Аз Лирика то «Шоколадница», аз калян то косахонаи табақаҳои болоӣ-террори фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар ин ҷомеъа бесарҳад шуд.
Ислоҳ аз ин навишта ду нидоро бармекашад:
- Мард бошем-пеш аз ҳама дар ҳимояти иффати зан ва покии оила.
- Соҳиби оянда бошем-муқобалаи шадид аз муътодшавии халқ ва пешгирии фоҷиъаҳои фарҳангӣ.
Агар мардони мо ба занони худ раҳм надоранд ва ҳокимони мо ба миллат, пас таърих моро маҳкум хоҳад кард.
Ислоҳ; барои ҳимояи зиндагии солим, барои бедории виҷдони ҷамъият, қиём кардааст!
