Раҳмонов халқро хар карда зин задааст

Ислоҳ нет
Screenshot

   «Бародар, илтимос, ҳар вақте эфир мекунед дар бораи ноҳияи Дӯстӣ бигӯед, ки барои ин ду соат свети дар сутка медодаашон дар як моҳбоз шарм нокарда 400 сомонӣ талаб карда истодаанд. Дар инҷо Бегмурод Султон ҳамаро зулм карда истодааст». 

Номаи маро алоҳида нашр кунед №16

   Хеле дар ғазаб ҳастам. Наход дар як шабонарӯз се соат барқ диҳӣ? Ислом, ки надорӣ, маълум, ақалан мисли бачаи одам инсофу раҳм ҳам надорӣ? Охир ин чи рӯзи сиёҳ аст?

Худат, ки солҳо дар вазифаӣ, гуфтӣ, тоқат кунед, рӯзҳои бадро пушти сар кардем, имрӯзҳо ҳам мегузарад, тоқат кардем.

Духтаратро овардӣ, боз ҳамин гапҳоро такрор кардӣ.

Бачаатро овардӣ, боз ҳам ҳамин ваъдаҳоро додӣ ва аз гапи хушку холӣ домани мардумро пур карда истодаӣ!

Мардуми тоҷик тамом кард, чизеаш намонд, тоқату таҳаммули мисли кӯҳ ҳам, ки буд, бо ин тарзи корбарии ту тамом шуд. Дар чунин вазъу ҳол сабри аюбӣ ҳам буд, дошт дода наметавонад. Агар мардум фил ҳам буд, агар мардум кӯҳ ҳам буд, бахудо тамом кард. Фил ҳам тоб намеораду кӯҳ ҳам коҳ мешавад.

Се соат дар тамоми шабонарӯз!!! Ин ниҳояти тохтутози мардум аст. Ин хар кардани мардум, зин задани мардум аст, халқро хар карда савор шудан аст.

 Мардум аз ту чизеро талаб намекунад, ки набуда бошад, свет ҳаст, аммо намедиҳӣ, мефурӯшӣ. Ин нону намаки мардум оқибат туро кӯр мекунад, мезанад. Як бор биандеш, ки кӣ будиву кӣ шудӣ, чи доштӣ ва ҳозир чиҳо дорӣ? Магар кам аст?

 Мегӯӣ, ки шукрона кунем. Хуб, шукрона кардем, ки чунин сарвари оқилу хирадсолор дорем, баъд чӣ?  Соҳиби свет мешавем?

Дар куҷои ту, дар куҷои давлатдории ту, дар кадом самту соҳаи кори ту  шукрона бояд кард?

Ҳар рӯз мардум барои ту нафрину лаънат мефиристанд, ҳаррӯз такрор ба такрор лаънату нафрат мекунанд. Аммо гуё, ки намефаҳмида ва намедониста бошӣ. Аз ҳама чиз бохабарӣ.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман инҷо чанд гуфтанӣ дорам ва мехоҳам, ки Шумо ин навиштаи маро дар гӯшаи «Номаи маро алоҳида нашр кунед», ҷой диҳед.

Ҳарфи ман дар бораи набуд ё норасоии қувваи барқ-свет аст. Оё дар ҳақиқат мо барқ надорем? Оё дар ҳақиқат мушкили набуд ё норасоии қувваи барқ-дефитсит  воқеист?

Як чизро ба ҳисоб бигиред. Шумори истгоҳҳои тавлиди неруи барқ (ГЭС) дар кишвар чи қадар зиёд шуд? Албатта, ки зиёд шуданд. Акнун, ки зиёд шуданд табиист, ки ҳаҷми тавлиди қувваи барқ ҳам дар муқоиса бо солҳои пешина меафзояд: Сангтӯда- 1,Сангтӯда- 2, Помирэнержи, ду агрегати Роғун, ду Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЕТС) ва низ ВарзобГЭС, Норак ва Қайроқум навсозӣ ва аз тавони қаблиашон бештар истеҳсол мекунанд. Яъне зарфият ва тавони тавлиди неруи барқ дар қиёс бо солҳои қабл дар Тоҷикистон бамаротиб афзуд.

Акнун чизи дигарро ба ҳисоб бигиред. Оё кадом корхонаи азими саноатӣ, ки вобастаи қувваи барқ бошад, масалан ба мисли Талко ё яхдони Помир дар ин давра сохта шуд? Сохта нашудааст! Баръакс ҳамин Талко мисли солҳои қабл кор намекунад. Талко аз 9 агрегати Норак ҳафтои онро истеъмол мекард. Неругоҳи Норакро барои тавлиди алюминий сохта буданд.

  Заводи яхдони маъруфу машҳури Душанбе -Помир тамоман несту нобуд гардид. Боз, инро ҳам ба ҳисоб бигирем, чи қадар заводҳои хурду миёна, ки бо неруи барқ кор мекарданд, масалан заводҳои коркарди пахта, тавлиди шароб, (винзавод) консервбарорӣ, заводҳои коркарди тамоку, комбинатҳои калоне мисли нуриҳои азотии Вахш, заводи кимиёвии Ёвон, коргоҳи кимиёвии Исфара, корхонаи гидрометаллургии Исфара, фабрикаи трикотажии Уротеппа, фабрикаи трикотажии Гулистони Душанбе, даҳҳо заводи орд-мелкомбинатҳо, комбинатҳои атласи Душанбеву Хуҷанд, комбинати тавлиди қолинҳои Қайроққум-калонтарин  корхонаи қолибарории СССР, Текстилкомбинат, заводи «Тоҷикгидроагрегат»- заводи арматури ба номи С. Орҷоникидзе, Тоҷикмаш, Тоҷиктекстилмаш, фабрикаи ҷуроббароӣ-чулочка-«Нафиса», заводи «Фонон», «Тоҷиксемент», ЖБК-и Душанбе, комбинати маъдан-ГОК-и Айнӣ, «Востокредмет» «комбинати Чкаловск», заводи пойафзоди Хуҷанд, заводи коркарди пуст-кожзавод, комбинатҳои гӯшт, равған, шир, пивзавод ,фабрикаҳои тавлиди мебел, собунпазӣ, коргоҳҳои тавлиди хишт, дузандагиҳо, хлебзаводҳо, коргоҳҳои табъу нашр, Авторемзавод, Текстильмаш», «Торгмаш»  ва ғайраҳо шабурӯз бо қувваи барқи ҷумҳурӣ кор мекарданд. Ҳоло 90% ин корхонаҳо тамоман вуҷуд надоранд, чи расад, ки бо истифодаи неруи барқ ба норасоии неруи барқ ба аҳолӣ сабаб шуда бошанд.

Масалан заводи яхдони Душанбе ба 22 мамлакати дунё содирот мекард ва ё «Торгмаш»-и Душанбе ба  Владивосток, Севастопол, Ленинград, Североморск ва то Диксон маҳсулот дастрас мекард. «Торгмаш» танҳо корхона дар ҳудудии СССР буд, ки электроплитаҳо барои муассисаҳои хуроки умумӣ (общественного питания) аз ҷумла барои киштиҳои Флоти ҳарбӣ-баҳрии СССР содир мекард ва дар ин коргоҳ 3000 кас кор мекард.

 Бинобар додаҳои интернетӣ дар авохири солҳои 80 беш аз 400 муассисаи саноатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Дар миёнаҳои солҳои 70 то 1988  маҳсулоти кишоварзӣ  2.2 – 2.6 миллиард сум вале тавлидоти саноатӣ бештар аз 7   миллиард  сумро ташкил медод. Ҳиссаи асосии ин тавлидот ба Тадаз (Талкои имрӯза ГОКҳо, комбинатҳои текстил, комбинатҳои нефтукимиё, корхонаи тавлиди яхдон марбут будааст.

Танҳо дар Душанбе комбинати шоҳибофӣ,, «Текстилкомбинат», «Тоҷиккатлас», заводи яхдон фабрикаи тамоку корхонаи пойафзолу  ҷуроббарорӣ , ки даҳҳо ҳазор кор мекарданд несту нобуд карда шуданд. Масалан комбинати шоҳии ба номи Крупская дар соли 1990 -15 млн. 230 ҳазор метр матоъ: атлас,  крепдешин,  лас, дар умум 12 намуд истеҳсол дошт ва дар он 5000 кас кор мекард. Тавлидоти саноатии Тоҷикистон   50 давлати дунё содир карда мешудааст.

Ҳамаи инҳо барқ истифода мекарданд,ки ҳоло нестанд. Ин чанд коргоҳҳои кучак, ки ҳоло амал мекунанд, чени онҳо истеъмол ва истифодаи қувваи барқ намекунанд. Пас савол пеш меояд, ки вақте истеъмол аз истеҳсол чанд баробар кам шудааст, чаро ба аҳолӣ свет дода намешавад? Чаро неруи барқ намерасад?

Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд аҳолӣ ду баробар зиёд шуд. Кондитсионер набуд, кондитсионер дорем. Хонаҳо яхдон доранд. Корхонаҳои саноатӣ зиёд шуд. Ин гапҳо гул задани мардум аст. 

 Кадом корхона? Сифатфарма? Озода кемикал? Ғаюрсемент? Сиёма? Амирӣ? Ин коргоҳҳо ҳеҷ кадоме ҳатто 500 коргар надорад. Як агрегати Норак хуб бигзор, ду ва бигзор се агрегати Норак барои таъминоти онҳо масраф шавад. Аммо, ин баҳонаи то ба ин ҳад лимити шадид ҷорӣ кардан набояд шавад.

Раҳмонов баҳонаи лимитро дар кам шудан оби ҳавзи “Норак” вобаста мекунад. Ин баҳонаест, ки дигар доимӣ шудааст. Вале, мо ҳақ дорем бипурсем, ки агар кам шуда бошад, чаро содироти қувваи барқ зиёд вале барои мардум кам мешавад?

 Тибқи иттилои Оҷонсии омор то ҳамин имсол моҳ то моҳи дигар махсусан дар тирамоҳу зимистн ҳаҷми содирот ба хориҷа зиёд мешавад. Ҳаҷми содирот аз ҳисоби сахттар кардани режими тақсимоти барқ мешавад на чизи дигар. Охир имсол ҳатто дар моҳҳои тобистон навоҳии зиёди кишвар барқ надоштанд. Шарм нокарда вазири энергетика гармии зиёдро далел овард,ки трансформаторҳо об шуданд. Охир ин рӯзи сиёҳ аст? Замистон об кам, тобистон гармии зиёд. Мо чикор кунем дигар бояд зиндагони накунем,ки чунин ватани чор фасла дорем?

Як чизи дигарро гуфтаниам.

Мардумро барои ду сол захира кунед гуфта гӯшу мағзашонро солҳост хурда истодааст: «ҳозир тирамоҳ аст, тобистон аст, арзон аст, захира кунед». Аҷаб, мо ба дари ту талабидан нарафтаем, аммо ту ҳаррӯз талабидан меоӣ. Бало ба пасат. Вале чаро худат дар тобистон дар ҳавзи Норак обро захира намекунӣ? Чаро зиёдтар захира намекунӣ?

  Имсол аз моҳи сентябр светро куштӣ. Магар дар сентябр ҳам ҳавзи Норак пур нашуда буд? Ин ҳам дар ҳоле, ки имсол гарм омад, яхҳо зиёд об шуданд, пас ин об куҷо рафт? Чаро дар ҳавз ҷамъ наовардӣ.

Дар соли 2018 гуфтӣ афсона мешавад, 8 сол гузашт, боз гуфтӣ, ки соли 2027 халос мешавем, аммо бовари кас бо ин корбурди ту ва давлатдорият намеояд,ки ин муаммо ҳал шавад.

Афзоиши шумораи аҳолиро баҳона пеш меоварнд, ки касро қонеъ намекунад. Афзоиши аҳолӣ на ба он ҳаҷме аст ки битавоанд 7 агрегати Норакро истеъмол кунад.

  Ин Раҳмонов як майда инсофу раҳму шафқати инсонӣ дар бараш нест. Вай ба миллат ва мардум тамоман дилаш намесӯзад. Ба Худо кудакҳои майдаро мебинӣ, вақте свет мемурад чи қадар зиқ мешаванд, дилат об мешавад. Набераи ман меравад виключателро чанд бор болову пойин мекунад. Мегуяд свет нест. Эмомалӣ кушт. Лампа дар гирад, ончунон хурсанд мешаванд, ки ҳеҷ нагуфтанӣ. Медаванд самти телевизор.

Ман ҳайрон ҳастам, ки Раҳмонов боз дар бораи ИИ- ҳуши маснуъӣ гап мезанад. Ҳуши маснуъӣ бесвет чи маъно дорад? Боз дар куҷо ИИ мегӯяд дар минбари СММ. Эй вой бар мо.

 Ҳамон пулеро, ки барои содироти барқ аз хориҷа мегирад халқи тоҷик дода истодааст. Баракс, ҳозир баҳои қувваи барқро ба мардум назар ба содирот гаронтар кард. Як кв.соат қувваи барқ барои як сартарош, як музадӯз, як гӯштфуруш, мағоза, ресторан ва амсоли ин масалан масҷид 10 сент -92 дирам аст. Дар куҷо ва ба кӣ кв.соати барқ даҳ сент фурӯхта мешавад, яъне содир мекунад? На ба Афғонистон ва на ба кишвари дигар.

Инро бояд гӯям, ки аммо агарчи ҳиҷ коргоҳе, калон бошад насохтааст, вале ҳар кадоме аз  аъзои ин оила худашон  як агрегатро сӯхта истодаанд. Барои Тахминаву Фарзона Сангтӯда- 2 камӣ карда истодааст.

Тоҷикистонро бахшу қисмат намуда ба духтарҳову домодҳои расмиву ғайрирасмӣ, Азизмои газетхонак, Ҳасан Асадуллову Зоири мундуқу Шамсуллои Фарозу, Комил Мирзоалию Исмтаи дуликҳо тақсим карда додаӣ. Ҳоҷӣ Раҳматуллову Муҳиби номард бошаму зинда бошам, Амонуллову Амируллову дигару дигараш аз Краснаяи линия свет доранд. Инҳо миллионҳо киловатро месузанд, бе як тин. Зимистон фермаҳояшон свет дорад, хлоппунктҳошон свет дорад, оғилу аспхонаҳояшн свет дорад, аммо мактабу боғҷаву беморхонаҳои мардуму зоишгоҳҳояшон свет надорад, идораи ҷамоат свет надорад, масҷид свет надорад.

Ту кафили риояти ҳуқуқи мардум ҳастӣ, аммо ҳуқуқи одӣ ва табии мардумро помол карда истодаӣ.

Мисле, ки ту дар як олами дигар зиндагӣ дорӣ. Намебинӣ ки ҳатто Душанбе торикистон аст.

 Ҳоло ту чи тавр пешвоӣ. Ту пешвои мардум нестӣ, ту пешвои оилаву авлод ва се чаҳор хокзану чоплуси бевиҷдон ҳастӣ.

Агар ту виҷдон дошта бошӣ дар ҳамин зимистон иҷозат медиҳӣ хонаҳои мардумро кадом як домсоз чапа кунад, куҷо раванд мардум?

Светро солбасол вазнин карда истодаӣ.

Соли гузашта назар ба имсол беҳтар, соли пеш аз гузашта назар ба соли гузашта беҳтар буд. Ту мардумро бараву гусфанду буз ҳисоб карда истодаӣ, ту мардумро хар ҳисоб карда истодаӣ? Дунё барои роҳату сабуки ва осонӣ талош дорад, ту бошӣ баракс, тавре карда истодаӣ ки бад ба бадтар табдил шавад.

Ту натавониста истодаӣ. Худат довталабона курсиро холӣ кун. Худат мегӯӣ ку-натонӣ курсиро холӣ кун. Ту натавониста истодаӣ.

Ман, ростӣ, хеле андеша мекунам, ки номусу шарафи милливу динии мо куҷо шуд? Мо даюси иҷтимоиву сиёсиву иқтисодӣ шудаем. Акнун дайюси дини солҳост,ки шомили онем. Моро маҷбур мекунад роҳро асфалт мекунем, моро маҷбур мекунад барои ҲХДТ   бино месозем, моро маҷбур мекунад….

 Ин зулм дар давраи амирони манғит набуд. Ин аз манғитҳо ҳам гузаронд.

Оби гарм намеёбӣ, ки ғусл кунӣ, таҳорат кунӣ.

 Тамоми ангишти Тоҷикистон ба дасти ин оила. Аз Ғарму Исфараву Масчоҳ Айниву Панҷекат конҳоро ин оила то Исмоили пингвин гирифтанад. Мусафеди масчоӣ ҳатто ду қопча ба хараш бор карда хонааш бурда наметавонд. Фароз гирифтагӣ. Ин чи рӯзи сиёҳ?

Э, СС. Ятимов, э Ҷеки Чан, э,Сумбулоғо, э Қофлонбой, (шарманда номашро дигар кардааст Раҷаббой буд Раҷаб шудааст, аз пайравии Қофлонбой гирифтааст. Хуб, дигар Қофлонбой неву Қофлонако мешавӣ, Раҷабако –Қофлонако) шумо ба ин пири аблаҳи аҳмақи золим як бор бигӯед, ки беҳад ноинсофӣ, бераҳмӣ ва ҷабр ба мардум шуда истодааст.

Мо бояд тардид ва шубҳа надошта бошем, ки неруи барқро фурӯхта истодааст. Имсол ба Толибон, аз тарси куни худаш чандин баробар содиротро зиёд кард ва ҳоло ба Сурхандарёи Узбекистон ҳам фурӯхта истодааст. Камшавии оби ҳавзи Норак дурӯғ аст.

 Барқи Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон мерасад, агарки Раҳмонов нафурӯшад.

P.S Бе ягон шаку шубҳа қувваи барқ ба хориҷа, бахусус ба  Аморати исломии Афғонистон фурӯхта мешавад. Раҳмонов то пойи ҷон аз Толибон дар тарсу ҳарос аст. Барои ҳамин мехоҳад онҳоро харад ва дилашонро ба даст оварад. Гуё светро пораву ришва дода истодааст.

Тибқи хабарҳое, ки аз манотиқи гуногуни кишвар ба Ислоҳ мерасанд, баъд аз онки лимити светро то ду соат пойин овард, барои ҷилавгирӣ аз безобиташавӣ ва вуқӯи ҳар гуна вокуниши эҳтимолии мардум бригадаҳои ташвиқотӣ бо ширкати прокурор, милиса ва амният ташкил карда дар тамоми манотиқи кишвар бо мардум мулоқот баргузор карда истодааст. Масъала ва мавзӯъи асосӣ ҳамин коҳиши бесобиқаи қувваи барқ аст. Дар баъзе маҳалҳову манотиқ ҳатто началники милисаву прокурор ба мардум дурушту дағал гап зада ва таҳдид ҳам кардаанд, ки агар Пешво тамоман свет надиҳад ҳам хомуш бошед, ягон гапи ноҷову бекора назанед.

Ин ҳама фарёду дарди як инсон нест, ин садои ҳама миллат ва хонаводаҳоест, ки шабҳоро дар торикӣ ва зимистонҳоро дар бебарқӣ мегузаронанд, аммо аз даҳону минбарҳои ҳукумат фақат аз «рушд», «пешрафт» ва «ободонӣ» мешунаванд. Агар неруи барқ ба сокинони кишвар дода нашавад, балки ба хориҷи кишвар фурӯхта шавад бидуни шубҳа ин саркӯбшудан аст, пас ин на давлатдорӣ, балки тиҷорати сарнавишти миллат аст.

Мо аз ҳеҷ кас чизи ғайриимкон намепурсем. Барқе, ки бо маблағи имрӯзу дирӯзу фардои ҳамин мардум сохта шудааст, ҳаққи табиии ҳамин мардум аст. Магар чунин нест, ки кӯдаки тоҷик бо номи Пешво шеъру суруд талқин шавад, аммо шабона аз сардиву торикӣ меларзад. Магар дуруст нест, ки барои фермаҳои оила ва қасрҳои мансабдорон шабу рӯз свет бошад, аммо барои беморхонаю мактаб ва хонаи мардуми одӣ лимити таҳқиромез ҷорӣ гардад.

Агар имрӯз сокинони ноҳияҳои дурдаст, мисли ноҳияи Дӯстӣ, ҷуръат пайдо карда, дарди худро менависанду ба гӯши ҷомеа мерасонанд, маънояш он аст, ки сабр ба поён расидааст. Қудрате, ки аз шаъну шараф ва ҳаёти мардум шарм надорад, дер ё зуд аз ҳамин мардум ҷавоб мешунавад. Барқро метавон бурид, аммо норозигии дилҳоро наметавон хомӯш кард.

Яқинан, таги думи Раҳмонов тар аст. Барои ҳамин мардумро орому осуда доштанӣ аст. Аммо то кай?

Share This Article