Аз чаҳор ноҳия ва шаҳр Рӯдакӣ, Хуҷанд, Душанбе ва Кулоб чаҳор нома дорем.
Номаи Рӯдакӣ дар бораи раиси собиқ ва раиси феълии ноҳия Абдуғаффор Ҳикмаутллозода ва Нусратулло Салимзода ин ду нафар ба гуфтаи муаллиф дуздони ботаҷрибаи ҳукумати Раҳмонов ва фаъолиятҳои ҷиноии онҳо суҳбат мекунад. Салимзода ҳама қарорҳои Ҳикматуллозодаро бекор карда ва аз нав тавассути тендер (роҳи дигари пулканӣ) ба савдо гузоштааст.
Муаллифи мо аз Хуҷанд ҳам дар бораи фурӯши вазифаҳо дар ВКД навиштааст. Вай бо мисолҳои мушаххас ва зикри ному насаби нафароне, ки моҳи январ ба вазифаҳо таъин шуданд, нархи пораи онҳоро ҳам навиштааст.
Дар номаи омада аз Душанбе баъзе маълумоти ҷолиб оварда шудааст, ки инҷо дар борааш чизе намегӯем. Худатон мутолиа кунед.
Нависандаи нома аз Кулоб бошад Раҳмонов ва масъулину мақомоти вайро аз чанд ҷиҳат шадидан интиқод кардааст. Масалан гуфтааст, ки вақте нарх барои истифодаи қувваи барқ дар тамоми қаламрави собиқ шӯравӣ дар Тоҷикистон аз ҳама боло аст, аммо маош аз ҳама кам аст:
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз ноҳияи пурмоҷарои Рӯдакӣ менависам.
Нусратулло Салимзода, ки ба тозагӣ раиси ноҳияи мо шуд, даст ба корҳои аҷаибе зада истодааст. Бинобар шунидаи мо Раис аз суми сохтмонҳои бачааш 450 ҳазор доллар ба Азизмои газетхонаки зани Президент додаасту 350 ҳазори дигар ба Озодаи Фиона барои вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ. Гуфтааст, ки ин «аванс».
Мунираи котибаи Нусратулло Салимзода дар якҷогуфтааст, ки: «Раис мега аҷоиб, ки Президента надидм. Фарёдм кадану гуфтан бра вазифара гир. Яке Президент мра (мурад) чи мекнем, иқа сума додм, ба фикрм кидат мешам чи».
Салимзода таъриф кардааст, ки вақте вазири тандурустӣ буд, ду бор ҷони Тахминаи Раҳмонро харид. Як маротиба дар Дубай Тахмина бо кадом кавалераш меравад ва баъди кайфи бисер кавалераш Тахминаро кидат мекунаду мегурезад.
Тахмина аз тарсе, ки Раҳмонов мефаҳмад ва Тахминаро ҷазо медиҳад Салимзодаро занг зада гуфтааст «сумои ма тамом шид, иқа сумум рои кун. Сумома ҳамаша харид кам». Салимзода ҳазор доллар равонаш кардааст. Салимзода гуфтаст, ки «у вақто Тахмина ай тарсера, ки шуш мефаҳма, дуруға болои дуруғ бофт, марам хап кадм».
Мунираи котибаи Нусратулло Салимов ба ном шавҳар дораду дар бистари Салимов гаштааст. Вагарна биниаш, ранги як маймун аст.
Бачаи Мунира аз номи Рустам гап зада гаштааст. Дар ҳама ҷо худашро ҷияни Рустами Эмомалӣ мегирад. Агар ягон ҳуҷҷатро дар ягон ҷо имзо кардан лозим ояд, барои зуд шудан худашро ҷияни Рустам мегирад. Ин нағмаро бачаи Мунираи котибаи Нусратулло Салимзода аз бачаи худи Нусратулло Салимзода ёд гирифтааст, ки вай ҳам дар ҳама ҷо мегӯяд, ки «отаи ма ба зани Ҷаноба бачаи холашай, мода по**яй. Оли Рустам Президент шава бо биҷили мо хартар мехеза».
Хуб рост мегуяд: «отаҳову очаҳошон долятон метанку муттаҳамен ку».
Омадан баробар Салимзода сӣ қарори Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси пешини ноҳияи Рӯдакиро отменит кард. Маълум аст ки нафарони ин қарорҳоро гирифта суми зиёд дода гирифта буданд. Бепул гирифтагӣ нестанд. Ҳозир гапгап аст ки Абуғаффор Ҳикматуллозода аз узви Маҷлиси Миллӣ мегиранд ва маҳкамаш мекунанд. Бояд аввал статусашро бекор кунанд.
Салимзода домсозҳо, фирмаҳо ва одамонеро, ки бояд кор мекарданд, садику мактабу дом месохтанд, яъне ҳамаи недостройкаҳоро сур кард.
Ҳозир Салимзод дар ноҳияи Рудакӣ тендер эълон карда истодааст. Дар тендер одами худашро мешинонанд, дигар кадом чизе сохта мешавад-иншоот, через дасти ҳамин мегузарад. Тендери Нусратулло Салимзода. Тендери Салимзода як ҳиллаи нав аст барои гирифтани пул. Баробари нишастан ба курсии раисӣ, сардори Раёсати молияро ҷавоб дод. Вай аз Совесткий буд. Началник милиса, началник амният, суд ва прокурорро фарёд мекунад ва ҷаласа карда мегуяд, ки «ман инҷо се соли дигар мондааст ба пенсияма кор мекунам, ягон корда кор надорам, мара обрума нарезонед. Якҷоя кор мекунем».
Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба як фирма иншоотро медоду мегуфт бикун. Албатта, Ҳикматуллозода аввал доляашро мегирифт. Доляҳоро аз фирмаҳо Ҳикматуллозода гирифтагӣ аст, аммо онҳоро Салимзода ҷавоб дод. Ана акнун инҷо хаос ва ҷангу ҷангҷол мешавад. Ин фирма ва домсозҳо ҳатман шикоят мекунанд бар зидди Ҳикмутуллозода Абдуғаффор.
Бинобар маълумотҳо Ҳикмутуллозода Абдуғаффор фақат дар Душанбе 104 хона доштааст. Писари Абдуғаффор Ҳикматуллозода чанд вақт пеш дар 46 қапиданд. Як духтарро износилават ва издиватса мекунад. Дар хона бо камера меқапандаш. Амният меқапад. Мегуяд илтимос дар телевизор набароред 50 000 доллар медиҳам. Меравад 50таро оварда медиҳад, сараш медиҳанд. Ҳикматуллозода мефаҳмад, меравад то пеши СС.Ятимов, аммо қабулаш намекунад. Одами сум надодагӣ чи хел аст? Аз давраи муфаттишиаш аз одамҳо сум гирифта кори онҳоро буд намекард. Кидат мекардааст, то ҳозира ҳамон қарзҳояш мондагӣ. Бубинед,ки ҳамин гуна одам муовини аввали Прокурори генералӣ шуд, рутбаи генералӣ гирифт ва боз раис калонтарин ноҳияи Тоҷикистон ҳам шуд.
Ҳабибулло Воҳидзода Генпрокурори навро мегуфтанд, ки честний аст, сум намегирад. Як хона дорад, ки бари он каҷала аст. Аммо вақте мекованд 44 хонаашро дар Душанбе меёбанд. Дар барномаҳои баъдӣ дар ин бора бештар маълумот медиҳем.
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам хубу хуш бошед. Шумо, ки ин равандҳоро пайгирӣ мекунед, огоҳ ҳастед, ки рӯзи 09.01.2026 дар сохторҳои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрии навбатӣ ба амал бароварда шуд. Аммо ин таъинотҳои кадрӣ, маълум аст ки ҳар кадоме нарх, ставкаи худро доранд. Тамоми вазифаҳо дар роҳбарии ШВКД-ҳо бо маблағҳои ҳангуфт хариду фурӯш карда мешаванд. Ва ин ҳолатро тамоми мардуми ҷумҳурӣ медонад. Аҷоибаш ин аст ки боз онҳоро Раҳмонов дар як ҷаласаи махсус даъват мекунад ва ба онҳо гӯё насиҳат мекунад, ки бо дасту дили ҳалол ва барои ватан кор кунед. Амммо худи Раҳмонов ҳатман дар ин пора шарик аст. Порахури рақами 1, дузди рақами 1 худи Раҳмонов аст. Ёдатон бошад дар як маҷлис ба тарафи кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз буд ё прокурорҳо чи гуфта буд? Пеш кӣ будӣ, ҳозир кӣ шудӣ, пеш чӣ доштӣ, ҳозир чӣ дорӣ? Шукр намекунӣ?»
Мефаҳмед чи мегӯяд? Маънояш ин аст ки шукр намо, ки дар зери сояи давлати ман, ман чунин шароитро додамат, ки чунин пулҳо кор кунӣ, чунин бой шавӣ. Ҳаминки нафарони нав ба мақомҳоро ҷаласа намуда суҳбат мекунад, сабаби асосиаш ҳамин аст, ки ана ман ба шумо ин вазифаҳоро додам, шумо ва вазифаатон ин аст ки аз саг ҳам бештар бояд ману аъзои хонаводаамро посбонӣ кунед. Шумо дар шаҳру ноҳияҳо сардори милиса ҳастед, аммо барои ман саги пеши хонаам, қаровулӣ мекунед, мисли кучук.
Ман барои шумо маълумоти дақиқ дар бораи онки киҳо ва бар ивази чанд ҳазор доллар ба ин ё он вазифа расиданд, медиҳам. Маълум аст ки ин нафарон ин пулҳоро аз ҳаво нагирифтаанд, ё дарахташон барги пул надорад, ки чинда оварда дода бошанд. Ҳоло, марҳамат, мутолиа кунед:
Сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, полковники милитсия Расулзода Раҳматулло Карим ба маблаги 150.000доллари ИМА;
Сардори ШВКД- 1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, подполковники милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба маблағи 150.000 доллари ИМА:
Сардори ШВКД Бустон, подполковники милитсия Солизода Умед Баҳриддинхоҷа ба маблаги 80.000доллари ИМА;
Сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт, подполковники милитсия Абдуллозода Бахтиёр Абдулло ба маблағи100.000доллари ИМА вазифаҳоро харидорӣ намуданд.
Фозилзода Хурсандмурод, тахминан 15-20 рӯз пеш ба маблағи 70.000 доллари ИМА ба вазифаи муовини сардори ШВКД- 1шаҳри Исфара ба воситаи Ҳасанзода Ибодулло таъин гашт.
Вазифаҳои сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Бустонро сардори шуъбаи кадрҳои вилояти Суғд Ҳасанзода Ибодулло, ки шогирд ва шахси наздики сардори Раёсати кадрҳои вазорати корҳои дохилӣ Халилзода Ҳусейн мебошад бо гирифтани маблағ ҳал кардааст. Худаш як инсони ҳаром ва аз қавми Лут аст. Баъди ба вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои вилояти Суғд таъин шуданаш, ки тахминан 1,5 сол пеш буд, системаи милитсияи вилоятро фалаҷ намуд. Ҳозир «ставка»-и ваколатдори оперативӣ, нозири минтақавӣ (участковий) ва муфаттиш ба 10000доллари ИМА расидааст, ки бисёрии кормандон ҳатто барои вазифа гирифтан аз бонк кредит мегиранд.
Подполковники милитсия Ҳасанзода Ибодулло зодаи шаҳри Исфара аст. Бо кормандони милитсия, мебахшед бо мардхо ….. дорад, ҳатто прямо дар кабинеташ. Се нафар ҳамшаҳриёнашро ба вазифаҳои муовинони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд таъин кардааст, ки тибқи дастури кори Вазорат чунин кор мумкин нест. Чунки бояд муовинон як нафарӣ аз вилояти Суғд, Хатлон ва Бадахшон бошанд.
Милитсияи вилояти Суғд, аз сабаби вазифаҳоро ба маблағи калон харидорӣ намудан, ночор аст барои пас гирифтани маблағҳои додааш аз халқ тамаъҷӯӣ кунанд, ки чунин рафти кор оқибати хуб надорад.
Аз Шумо илтимос ва хоҳиш ин номаро нашру пахш намоед. Дар оянда боз маълумотҳои диққатҷалбкунанда манзури шумо мегардад.
Душанбе
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Чанд маълумоти ҷолиб дорам, ки барои шумо ва хонандаву тамошобини «Ислоҳ» пешкаш менамоям.
Муроди телех, (генерал Мурод Саидов), ки солҳост бо Раҳмонов аст, яке аз нафароне мебошад, ки сиру асрори вайро зиёд медонад. Агар чи дар солҳои пеш шабонарузӣ бо Раҳмонов буд, солҳои охир чунин нест. Хавотирии Муроди телех дар он аст ки баъди рафтани Раҳмонов, уро низ гусел мекунанд. Албатта, гусел кардан бо як обуру хуб аст, аммо Муроди телех хуб медонад, ки меравад ва баъди чанде шояд аз дунё ҳам равад, «бо кумаке». Муроди телех солҳои охир зиёд машваратҳо бо собиқ лидерҳои Кулоб мекунад ва ҳатто даъватҳо ҳам кардааст, ки биёед ягон тағирот кунем: «Ман тамоми роҳҳои бе ягон ҷанг аз худ кардани давлатро медонам. Даркор шавад МВД бо КГБ ҳам намеҷунбанд. Ором, як чанд ҷоро мегирем тамом».
Мақсад аз ҷойҳо ин хонаи Раҳмонов ва Рустам, Шорух, Зоир, Шамсулло, Озода, Ҳасан аст. «Иёра ҳаму замон хонаҳошонда маҳкам карда, аз тамоми алоқа махрум мекнем» гуфтааст Муроди телех. Қувваи бисёр даркор нест, ҳами 250 бачаи собиқ бошан, тамом. Раҳим Рамазон бачаҳоша намемона ҷумбидан. Ҳами фақат бачаҳои қушуни дохилаи Раупов бо чанд части МВД успет накнан, тамом. КГБда по…. Ятимов худш ҷон мега, ки ягон гап шававу бо чан соли дига да вазифа боша»…
Дар ҳақиқат вохуриҳои Муроди телех бо Аҳмади колбаса, Саидшо Шамол, Ҷумахон Раҳимов, Авази кур, Сафар центр ва дигарон тез тез мегузарад.
Муродро ҳам фаҳмида мешавад. Рост мегӯяд, ки ин Раҳмонов тамоми одамҳоеро, ки ҳамроҳаш буданд, кушт, ки сиру асрорашро ягон вақт набароранд.
Маълумоти дигар:
Комили Роҳи оҳан бади барномаҳои Ислоҳ дар борааш гуфтааст, ки «чизе бга нага мада по**яй. Чи ма тоқа бор мебарм? Уҷа аввал бори Рустамай, бад ай Шорух, бад ай Хуршеди Мирзоев, бад ай дигарош, ҳооо ба охирда ай ма. Иё фигр кадан, ки Дулика у хел кадан марам мекнан. Нея, у Дулик дига бд, ма дигаюм. Дар тамоми кору бор Рустам мара мега, ки Комилшора бген бкна. Иқа ма гапои Раиса да замин намонда мекнм, Раис мебина хизматои мара. У масалаи вагонорам Раис медона.
Ва боз як хабари дигар:
Холмирзо яке аз шогирдони Ҳасани ишкамбаи Ориёнбонк гуфтаст, ки «Раис барои чи боша, ки фармонмон дод, ки сумора вақтшда ҷам кнен биёрен. Раис сумора ай чанд моҳай, ки ай Тоҷикистон бровардестай. Раис, мегуй полни ай Тоҷикистон рафтанияй.»
Бади қуда шидан кати Озода камтар Раис ором буд, яке бо чандқа шид, ки дар даво даву таҳлука задай. Ба фикрм ҳами Исмати Дулика қапидан чизе Исмати Дулик фурухтагияй да тафтишот. Барои ки акаи Ҳасан чанд бор Исмати Дулика кофт, Исмати Дулик баҷо шид.
Я рӯз ма хидм Ориёнбонк рафтм, Раис ду қопча сума гуфт бра ай касса гиру бар дар таксиҳои Ғарм мерафтагӣ да я одам бте. Ма нав бромадеста бдм ай пеши Раис, ки телехи акаи Ҳасан омаду гуфт, ки «Раис наёфтем Исмата». Хай ма бурдм қопои сума дар ҳаму терминали дарвозаи ай Душанбе меброӣ тарафи Вахдат мерай, да як мошини сияҳ додм, бурд тарафи Ғарм. Ҳайрон шидм, ки иқа сума акаи Ҳасан Ғарм чиба рои мекна. Агар суми филиалҳои банк мебуд ба мошинҳои инкассатор роҳӣ мекард. Ҳайрон мондам, гуфтааст Холмирзо.
Кулоб
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Барномаҳои шуморо мебинам ва мегӯям, ки худоро шукр, ҳадди ақал ҳамин як ҷойи гуфтан ҳам ҳаст. Гапи мегуфтанӣ зиёд дорам. Аммо мехоҳам суханро аз мушкилиҳои вазнинтар сар кунам. Гап дар бораи як ҷашни бофтаи ин ҳукумати беномусон бо номи ҷашни Сада меравад. Имсол ин ҷашнро, (шояд тавассути шабкаҳои ҷитимоӣ дида бошед) дар рӯзҳои якум ё дуюми феврал баргузор карданд. Кӯдаконро нишон доданд дар телевизор, ки гирди алов тоб мехуранд, мерақсанд, дар пешониашон аз коғаз тоҷ бо сурати алов. Шахси мусалмон ин манзараро дидан баробар мефаҳмад, ки ин Раҳмонови алайҳилаъна чи мақсад дорад.
Фарзанди ман дар синфи панҷум мехонад. Мегуяд: «дада дини Зардуштиям дини зур бдай, вайо ҳам панҷ вақт намоз мехондаанд».
Бешак, таълими фарзандони мо аз мо бисёртар вобастагӣ дорад. Лекин шумо хуб мефаҳмед, ки ин ҷашни навбаромади ин алайҳилаъна, ки мегӯяд чанд ҳазорсола таърих дорад, аз дигар ҷашнҳое, ки пеш придумат мекард: иди харбуза, иди асал, иди бодирингу каду ва амсоли инҳо фарқи калон дорад ва ба дини мо зарба мезанад.
Гуё, ки мардум ҳеҷ мушкилӣ надошта бошад, фақат рақс карда бигарданд, дар назди ин алайҳилаъна.
Ҳамсояи наздикам хонаашро аз номи падараш дар номи худаш кард. Падараш шаҳрванди Русия аст. Чил ҳазор сомонӣ сарф кардааст, аммо ҳеҷ не, ки ҳуҷҷатҳои хонара ба пуррагӣ гирад. Дар чил ҳазор сомонӣ дар бисёр областҳои Русия хона харидан мумкин аст. Шаҳрванди Тоҷикистон дар се ҳазор рубли русӣ хонаро дар нотариус дар номаш мекард, ман худам шоҳиди зинда. Аммо дар ватани худамон як коғази лаънатиро барои мо даҳҳо ҳазор сомонӣ мефурӯшанд, аз куҷо ёбанд ин мардуми бечора, то куҷо бошад, сарҳади ин зулм?
Баъзе аз диктаторҳо конститутсияи давлаташонро ба фоидаи худ тағир медиҳанд. Диктатор то кадом андоза беақл бошад,ки конститутсияи давлатро ба фоидаи худ ва оилааш се маротиба таъғир диҳад, магар як бораш бас набуд?
Наход, ки ба хотири фурӯши хонаҳое, ки духтарҳову бачаи ту месозанду мефурӯшанд, додани қитъаи замин барои сохтани хонаро манъ кунӣ? Мардум аз куҷо шаст, ҳафтод –ҳаштод ҳазор доллар ёбанду аз бачаву духтари ту хона бихаранд.
Замини Тоҷикистон аз они мардуми Тоҷикистон аст на аз они оилаву хешу табори Эмомчақур.
Дар Узбекистон солҳои сол аст шаст ҳазор сарбоз ҳамагӣ як сол хизмат мекунанд. Шахсоне, ки намехоҳанд хизмат кунанд, ҳамагӣ панҷсад доллар медиҳанд ва як моҳ хизмати ҳарбӣ мекунанд.
Ҳукумати Эмомчақур понздаҳ ҳазор сарбозро ба хубӣ ҷамъ карда наметавонад. Сарбозони Ӯзбекистон панҷсад доллар диҳанд, аз мо бояд панҷ ҳазор доллар, даҳ маротиба зиёд бояд супоранд. Дар сиву панҷ сол ин беномус як чизи одиро ҳал карда наметавонад, ҳол он ки дар ҷумҳурӣ дар як сол аз сад ҳазор то яксаду бист ҳазор хонанда синфи ёздаҳро тамом мекунанд, тахминан панҷоҳ фоиз писаронанд. Агар хизмати ҳарбӣ яксола ва таълими дуруст дода шавад, бовар кунед худи ҳукумат писарҳоро пеш мекунад, ки навбат ба ҳама намерасад. Наход хизмати ҳарбиро ҳам дар ватани худат бизнес кунӣ? Паспорт тайёр кардан ҳам бизнес, коғазҳои нав ба нав, сертификату қарори сохтмон ҳам бизнес.
Масҷидҳоро ӯҳдадор карданд дар Душанбе, ки ҳар моҳе се ҳазор сомонӣ ҷамъ карда супоранд барои обуна. Агар насупоранд угрожат мекунанд, ки маҳкам мекунем масҷидро.
Як доверенност барои ронандагӣ додан шашсаду панҷоҳ сомонӣ шудааст, ҳол он ки дар Русия тахминан сесад сомонӣ мешавад. Барои чи нархи чунин коғазҳои оддӣ дар Тоҷикистон бояд ду баробар зиёд бошад? Барои чи дар Қирғизистон нархи қувваи барқ 17-20 дирам бошаду дар кишвари мо 40 дирам то 1 сомонӣ бошад? Магар маоши мо ду баробар зиёд аст? Бовар кунед, бовар кардан душвор аст ки чунин махлуқ ба монанди Раҳмонов аз одам таввалуд шуда бошад.
Ин мардуми моро чи хел фаҳмонем, ки дар рӯи замин агар шахсе ҳар рӯз миллиону миллиард ба мардум ёрдам кунад ва агар як занро сатрашро гирад , риши касеро тарошад ё масҷидеро махкам кунад, натанҳо аз чунин шахс бояд дур шавем, балки….чунин шахс воҷиб мегардад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ман хато нависта бошам ислоҳ кунед, ислоҳ шуданро дуст медорам,
Ба фикрам як мушкилии мардуми мо ҳамин аст ки баъзе аз қонунҳои дин, ки ҳама бояд бидонанд масалан донистани Тоғут дар замони мо ва ҳукми ӯ ва ҳукми ба Тоғут хизмат кардан чист?
Ҳозир мулло дар масҷидҳои мо фақат ( пешвои мо зур подшоҳи мо зур) гуфта мегарданд, барои ҳамин баъзе аз масъалаҳои муҳим ногуфта мемонад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Агар вақт меёфтед дар баробари барномаҳои «Минбари муҳоҷир», «Номаҳо аз ноҳияҳо» ва «Номаи маро алоҳида нашр кунед», дар бораи баъзе масъалаҳое, ки муллоҳо дар Тоҷикистон гуфта наметавонанд суҳбат мекардед, бисёр хуб мешуд.
