30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия?№12

Интихоб ва суқути Раҳмон Набиев. Истеъфои ӯ дар Иҷлосияи 16 ғайриқонунӣ буд.

 (бахши дувоздаҳум )

 Истеъфои Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳурии мунтахаби мардумӣ дар иҷлосияи16 дар қасри Арбоб як ҳодисаи оддӣ ва муқаррарӣ набуд. Агарчи Эмомалӣ  Раҳмонов ва тими вай тамоми ин ҳама сӣ сол болои он сарпуш гузоштаанд, гаҳ-гоҳе дар ин бора изҳори назарҳо интишор мешуданду мешаванд. Ин ҳодиса хиёнати бисёр ҳам сахту сангин барои давлати навпои тоҷикон буд, ки Фронти халқӣ ва пуштибонҳои вай ё тавре солҳост Раҳмонов муд кардааст «хоҷаҳои хориҷӣ»-аш муртакиб шуданд. Бо ин истеъфои иҷборӣ ва зиддиқонунӣ замина ҷиҳати барҳам задани идораи президентӣ ва ҳамин тавр шароити дар ихтиёр ва итоати раиси Шӯрои Олӣ, яъне Раҳмонов гузоридани курсии аввал фароҳам карда шуд.

Дар бораи чанду чунии ин истеъфо ва ҳадаф аз ҳатмӣ кардани он дар Шӯрои Олӣ  ва иллати аз байн бурдани идораи раёсати ҷумҳурӣ дар матолиби ҷудогонае бо далелу бурҳонҳо ва батафсил хоҳем гуфт.

“Интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли 1992 танҳо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар сӣ соли истиқлоли давлати Тоҷикистон аст, ки мардум ва миллати тоҷик мустақилона доир кард ва тоҷикон худашон интихоб карданд. Дастони хориҷӣ:-Русия ваУзбакистон тадохул надошт. Ғалабаи Набиев дар ин интихобот воқеӣ ва ҳақиқат буд.”

Р. Набиев, ки дар пайи сиёсати майбезории Михаил Горбачев, Дабири Кулли ҳизби комунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1985 аз раҳбарии Тоҷикистони шӯравӣ канор зада ва аз сиёсат ҳам дур шуда буд 24 ноябри соли 1991, дар оғози давраи истиқлоли Тоҷикистон, дуруст чизе бештар аз ду моҳ пас аз эълони истиқлоли давлатӣ дар як раъйпурсии умумимиллӣ раиси ҷумҳурӣ баргузида шуд.

Сарнавишти сиёсии Раҳмон Набиев фарозу нишебҳои фаровон дорад.

Набиев дар интихоботи депутатҳо дар феврали соли 1990 аз тарафи неруҳои нави сиёсӣ ва дар муқобили Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури онвақта, ки баъди баҳманмоҳи хунин мавқеъ ва обрӯйяшро аз даст дода буд, дастгирӣ ёфт. Ба баёни возеҳтар Набиев то ҳодисаи кандани ҳайкали Ленин дар соли 1991 дар ҷиноҳи демократҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қарор дошт. Ҳодисаи барандозии ҳайкал, эъломи истиқлолияти давлатӣ,манъи фаъолияти ҳизби коммунист ва миллӣ гардонидани моликияти вай аз тарафи Қадриддин Аслонов, ки акнун на танҳо раиси Шӯрои Олӣ, ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ҳам буд, депутатҳо ва ҳукумати комунистии Тоҷикистонро ба суроғи Набиев овард. Набиев дар ҷойи Қ.Аслонов, ки бо фишори депутатҳои комунист аз мақоми раиси Шӯрои Олӣ бозхонд шуд, раис шуд ва бо ҳамин яке аз аввалин иштибоҳоти худро дар айни авҷи рӯёрӯии неруҳои наву куҳна муртакиб шуд. Зеро дар пеш маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ӯро интизор буд ва шонси бартар аз ҳама рақибонро ӯ дошт. Ва, агар сангарро иваз ва ба самти комунистҳо намерафт ӯ ба як фигураи сиёсии муттаҳидкунанда бадал ва ҳатман номзади неруҳои нав мешуд.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии мусалмонони Тоҷикистон дар китобаш «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…»  навиштааст, ки Набиевро огоҳ кард, ки ба як чунин иштибоҳ роҳ надиҳад:

 «Шунидам, ки комунистҳо Шуморо ба ҷойи Аслонов раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданианд. Илтимос ба ин фитна розӣ нашавед. Бе ин ҳам Шумо баъд аз як моҳ бо ҳафтод фоизи овозҳо Раиси ҷумҳур интихоб хоҳед шуд.»

Аммо Набиев ин иштибоҳро содир кард ва бо пешниҳоди комунистҳои Шӯрои Олӣ раис интихоб шуд. Вале бо фишори гирдиҳамоии неруҳои навгаро ва подармиёнии Анатолий Собчак, мери Санкт-Петербург ва академик Велихов-намояндаҳои эъзомии Горбачев аз Маскав маҷбур шуд аз иҷрои ин вазифа канор равад.

Бо ин вуҷуд Раҳмон Набиев дар нахустин интихоботи мардумӣ дар даврони истиқлол аз байни 9 номзад раъйи бештар ба даст овард ва пирӯз шуд. Аз нахустин рӯзҳои кори худ боз иштибоҳ кард. Ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба таври сунатӣ ба намояндаҳои водии Қаротегин ва ВМКБ тааллуқ дошт, Сафаралӣ Кенҷаев, намояндаи шимоли кишварро овард. С. Кенҷаев дар маъракаи интихоботӣ сардори Ситоди пешазинтихоботии Р. Набиев буд ва шояд Набиев хост бо ин кор хидматҳои ӯро арҷ гузорад. Аммо, дар ҳоле ки неруҳои нави сиёсӣ, ки пойгоҳи иҷтимоии асосиашон маҳз ҳамин ду минтақа буд, аз шикаст дар интихобот сахт нороҳат шуда буданд, овардани Кенҷаев ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ онҳоро бештар нороҳат кард. Набиев тавозуни намояндаи маҳал дар ҳокимиятро дағалона сарфи назар карда буд. Иброҳими Усмон дар китобаш «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» менависад:

«Хатоии Раҳмон Набиев, ки С.Кенҷаевро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон пешниҳод намуд, яъне таносуби иштироки маҳалҳои Тоҷикстонро дар давлатдорӣ вайрон кард, боиси идомаи ташаннуҷоти сиёсӣ гардид».

Аммо ин «ташаннуҷот»-и сиёсӣ бо дастони Сафаралӣ Кенҷаев бештар доман зада шуд.   Бояд ошкоро бигӯем, ки иллат, сабаб, замина, баҳона ва асос барои нооромӣ ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандии панҷсола ҳамин ҳодисаи муҳокимаи телевизионии Навҷувонов шуд. Тагдаргирон, донаи кибрит, ангеза таҳрики ҳамаи иттифоқоти баъдӣ  ҳамин муҳокима ва сипас саривақт вокуниши муносиб накардани Р. Набиев ва Кенҷаев, мунтаҳо кишварро ба ҷанг кашонд.

Кор ба ҳадде кашида шуд, ки баъдҳо Кенҷаев Набиевро муттаҳам мекрад, ки ӯро «подставит» кард, карйераи сиёсиашро кушт, Набиев баракс мегуфт, ки Кенҷаев хомӣ ва тезӣ карду ба сари ҳукумати вай об рехт.

Иброҳими Усмон ҳам дар китоби «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» аш менависад:

«инкишофи асосии муқовимати сиёсӣ ба баррасии масъалаи марбут ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон М.Навҷувонов дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва тарзи арзёбии ин масъала аз ҷониби раиси Шӯрои Олӣ С.Кенҷаев рӯзи 25 марти соли 1992 вобастагӣ дорад.»

Тайи се моҳ аз 26 март то 14 май дар ҳарду майдони «Шаҳидон» ва «Озодӣ»-и пойтахт тазоҳуроти ҷонибдорон ва мухолифони Р.Набиев ва С.Кенҷаев баргузор шуд, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ печид. Гап дар он буд, ки Кенҷаев ва Набиев ҳозир нашуданд назди ҷавонони бадахшӣ, ки ҳоло ҳатто ба 40 нафар намерасиданд бароянд ва арзи онҳоро бишнаванд. Кенҷаев дар вақти муҳокимаи Навҷувонов ӯро таҳқир кард ва дар посух ӯ гуфт, ки шумо намехоҳед, ки куҳистониҳо дар ҳукумат бошанд.

Шодравон Тоҳири Абдуҷаббор аз ҳаводиси рӯзҳои аввали тазоҳуроти моҳи мартӣ дар Душанбе дар соли 1992 дар як суҳбати расонаияш ёдовар шуда мегуяд бачаҳои бадахшӣ барои дифоъ аз Маҳмадаёз Навҷувонов, вазири дохилии онрӯза ки мавриди муҳокимаи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон қарор гирифта ва раванди ин ҷаласа аз тариқи телевизион пахш шуда буд, ба хиёбони назди қасри Раёсати ҷумҳурӣ омада буданд ва ҳам Кенҷаев ва ҳам Набиев аз мулоқот бо онҳо сарпечӣ мекарданд ва Тоҳири Абдуҷаббор мехост Президент бо онҳо дидор карда оромашон созад:

 «…. ман кушиш кардам, ки бо Набиев суҳбат кунам вале муяссар нашудам ва он рӯз то бегоҳ истодам ва ба ман гуфтанд, ки баъзе мулоқот доранд, аз ин хотир рӯзи дигар суҳбат кунем. Ҳамин тавр он рӯз ва рӯзи дигаре мегузашт ва тақрибан се-чаҳор рӯз ман дар онҷо, яъне дар долони табақаи сеюм аз паи ин шудам, ки бо раиси ҷумҳур мулоқот кунам. Рӯзи сеюм ё чаҳорум гуфта буданд, ки фардо субҳ биё, суҳбат мекунем, ҳоло раиси ҷумҳур банд аст. Субҳ соати 8 омада то соати 3 тақрибан интизор шудам. Гуфтанд, ки раиси ҷумҳур наомадааст. Ман ҳам хаста ва басо асабӣ шудам ва гуфтам, ки ин чи гуна аст, ки гуфтанд соати 8 биё ва ҳоло соат 3 мешаваду даракае нест. Ҳатто ёваронаш нагуфтанд, ки ҳоло мунтазир нашав ва фалон соат меояд ё намеояд. Ва фақат онҳо як нуктаро такрор карданд, ки дар утоқаш нест. Ба ҳар сурат ман интизор истодам ва тақрибан соатҳои севуним аз утоқи раиси ҷумҳур аз тарафи дигари роҳрав муовини раиси ҷумҳур Н.Дустов ва Н.Ҳувайдуллоев берун шуданд. Чун онҳо ба наздам расиданд, ман баъди салому алайк бо озурдагӣ ба онҳо гуфтам: -Охир ин чи гап аст, мардум ба инҷо, ба назди раиси ҷумҳур омаданд, то арз кунанд ва чанд рӯз аст инҷо истодаанд, агар ҳатто бегона ва ҳар касе ҳам мебуд, ҳадди ақал мебаромад ва мегуфт, ки чи гап ва як саволу ҷавобе мекард. Хайр агар онҳо ҷои дигар мерафтанд, ҳарфи дигар буд. Вале онҳо пеши раиси ҷумҳур омаданд. Чи гап аст,ки мулоқот намекунанд. Ба ман ҳам гуфтанд, ки соати 8 биё ва ман то ин вақт мунтазир ҳастам. Ҳамин тавр, чун як миқдор шӯридам Ҳувайдуллоев гуфтанд, ки ман ҳозир мебинам, раиси ҷумҳур бояд дар дафтараш бошад. Ман онҷо истодам ва эшон ҳамроҳи Дӯстов суи дафтари раиси ҷумҳур рафтанд. Ва баъди тақрибан 5-10 дақиқа берун шуданду гуфтанд, ки ҳастанд ва ман ҳамроҳашон суҳбат кардам ва соати 5 маҷлис мешавад ва дар онҷо масъаларо ҳал мекунанд. Соати 5 баромадам, ки маҷлис ҳам нашуда ва касе ҳам дар инҷо набуд. Гуфтам шояд фардо шавад ва фардо ҳам омадам. Ва аз субҳ то бегоҳ онҷо истодам. Вале на имкони мулоқот кардан шуду на касе онҷо буд ва ба ҳар сурат мегуфтанд, ки нестанд.».«Меъмори истиқлоли Тоҷикистон». Нашриёти «Нодир».с 2010

Лоқайдиву бетафовутии ҳайратовар ва ҳатто ҳавлангези Набиев ба ҳаводиси дар пеши Идорааш иттифоқуфтода дар воқеъ ваҳшатнок буд. Зеро авзоъ ба тадриҷ аз контрол хориҷ мешуд вале роҳбари давлат карахту ноҷунбон ва вокунише муносиб нишон намедод.

Набиев тавре дигар шуда буд, ки аз ҳама ҳатто аз аъзои сарсупурда ва бовариноки тими худ дурӣ меҷуст. Зери таъсири сахти яке аз «телех»-ҳояш, ки ғайритоҷик буд, монда ва бештари вақти худро бо ӯ мегузаронд.

Карим Абдулов, мудири Дафтари котиботи Набиев дар китобаш бо номи «Роҳи беҳбуд» менависад, ки Набиев зери таъсири ин одам қарор гирифта нақшаи корӣ ва корҳои зарурии давлатдориро ҳам сарфи назар мекард. Марҳум профессор Абдуллов мегуяд, ки дар шикасти давлати Набиев нақши КГБ хеле зиёд аст:

«Дар шикаст хурдани ҳокимияти раис коркунони Кумитаи амнияти миллӣ, ки бехатарии эшонро ба уҳда доштаанд, роли калон бозиданд. Даромаду баромад, кӣ ба назди раис дарояд аз тарафи дастаи Анатолий Омоев, ҷондори Набиев ва худи ӯ муайян карда мешуд. Омоев қариб, ки ними рӯзи кории худро бо Р.Набиев мегузаронид. Рӯз ба рӯз ба назди раис ҳамон шахсоне медаромаданд, ки ба Анатолий Омоев ва дӯстони ӯ маъқул буданд. Инҳо асосан намояндагони ширкатҳо, кооперативҳо, корхонаҳои хурд, соҳибкорон, корчаллонҳо ва монанди инҳо буданд. Агар ин табақа одамон ба Анатолий Омоев занг заданд ҳамон замон ба назди раиси ҷумҳур ҳозир мешуданд. Аммо шахсони давлатӣ, ки мехостанд ба назди раиси ҷумҳур ташриф оранд ва масъалаҳои давлатиро ҳаллу фасл кунанд, на ҳама вақт ба қабули ӯ умед баста метавонистанд. Муҳтарам Муҳаммад Сайфиддинович чор маротиба, собиқ раиси Госстрой Турсун Абдуллоев чор маротиба, раиси Кумитаи омор Холмаҳмад Азимов чор маротиба омада ба назди раис даромада натавонистанд. Рӯзе аз вазорати корҳои хориҷӣ ба банда вазир Лақим Қаюмов занг зада ва гуфтанд, ки ба раиси ҷумҳур хабар бидиҳем, ки имрӯз намоянда аз ШМА омадааст. Назди эшон даромадам. Он кас аз ҷояшон хеста …хитоб карданд: «монед, ман корҳои таъҷилиамро бинам. Равед, баъд оед, то ки ман бо ин шахс (Анатолий Омоев) маслиҳатамро кунам. Гуфтам Раҳмон Набиев, шумо бояд бо мо маслиҳат кунед, ин шахс посбони шумо ҳасту халос.

   Ба раиси Кумитаи амнияти миллӣ Алиҷон Солибоев занг задам ва аз рафтору кирдори чекистҳо ӯро огоҳонидам, ҳамаи корҳоро як ба як гуфтам. Хоҳиш кардам, ки Анатолий Омоевро сабукдуш кунад, зеро он рӯз дур нест, ки ӯ ҳам шумо ва ҳам раисро шармсор хоҳад кард. Дар ҷавоб Алиҷон гуфт: Ҳамаашро медонам. Ба Анатолий Омоев бошад зӯрам намерасад.

Кор ба дараҷае омад, ки Раҳмон Набиев ягон шахсро дидан намехост. Аз одамон пинҳон мешуд. Бо ахбороти Анатолий Омоев биноро тарк мекард. Майдони «Шаҳидон» ба шӯр омада вохурии раисро талаб карданд. Эшон розӣ шуданд. Баъди ташрифи Анатолий Омоев вохурӣ нашуд».

Мунтаҳо Раҳмон Набиев ночор шуд, ки ҳам Кенҷаевро дур кунад ва ҳам ҳукуматеро бо номи Мусолиҳаи Миллӣ бо ширкати неруҳои милливу демократӣ ташкил бидиҳад. Аммо дигар, чуноне гуфтем, контроли вазъ дар дасти ӯ набуд ва кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба сӯхтан даромад.

Давлати Усмон, ноиби сарвазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ мегуяд, ки Раҳмон Набиев шонс ва имконоти идораи умурро аз даст дода буд:

«Яке аз сабабҳо ҳамин бекифоятиаш буд. Аз ҳамон ибтидо эҳсос мешуд, ки воқеияти рӯзро дарк карда наметавонад. Бо тафаккури шахшудаи худ натавонист пай бубарад, ки дар атроф чӣ тағйироте ҷараён дорад. Ҳеҷ кӯшиш накард, ки бо нерӯҳои сиёсии навпайдо музокира ва ҳамкорӣ кунад ва онҳоро ба худаш наздик созад ва аз онҳо барои пешрафти кори худаш истифода барад. Барои мисол, Ислом Каримов ҳатто бо нерӯҳои мухолифи исломиаш дар марҳалаи аввал, то таҳкими пояҳои давлаташ вориди музокира шуд, ҳарчанд ки дертар онҳоро саркӯб кард. Аммо, мутаассифона, Раҳмон Набиев ё ин тарзи корро аслан намехост ва ё ба он омода набуд. Ин муносибати ӯ то ташкил шудани Ҳукумати Муросои Миллӣ аллакай маълум буд. Аз ҳамон муҳокимаи порлумонии Муҳаммадайёз Навҷувонов, вазири корҳои дохилӣ, тавассути раиси порлумон, марҳум Кенҷаев маълум шуда буд. Ин аллакай бесалоҳиятии Набиевро исбот мекард, чунки муҳокимаи вазир аз тарафи раиси порлумон номумкин буд. Шӯрои Олӣ чунин салоҳиятро надошт.”

 Давлат Усмон дар сӯҳбатҳои расонаияш ба такрор гуфтааст, ки Набиев авзоъро таҳлил карда ва хулосае бароварда наметавонист. Набиев, мегуяд ҷаноби Усмон бар ин умед буд, ки Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна, масалан Қазоқистон ва Узбакистон барои ором кардани авзоъ ба вай кумак мекунанд. Барои ҳамин ҳам Набиев ба онҳо дар моҳи август расман аз номи давлати Тоҷикистон ҷиҳати ворид кардани Неруҳои низомӣ ба унвони посдорони сулҳ муроҷиат кард:

«Русия ва Узбакистон дар Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд давлатҳои калидӣ маҳсуб мешуданд. Агар ин ду кишвар розӣ мешуданд, ин кор анҷом мешуд. Ба андешаи ман, он замон Президент Раҳмон Набиев барои Русия ва Узбакистон фарди ғайриқобили эътимод буд».

 Дар ҷойи дигаре худи Набиев ба Давлати Усмон иқрор мешавад, ки баъди аз мансаби вазирӣ барканор кардани Юлбарс Эгамбердиев, Ислом Каримов ҳатто ба зангҳои телефонии вай ҷавоб намедиҳад.

Албатта наметавон гуфт, ки  Раҳмон Набиев, комилан аз ӯҳдаи раҳбарӣ намебаромад  ва даст рӯи даст нишаст. Вай, агарчи чанд соле аз сиёсати калон дур шуда буд аммо ҳамоно таҷриба дошт ва аз таҷрибааш истифода мекард. Масалан дар Кулоб ба тими интихоботиаш ҷалб кардани афроде мисли Сангак, ки як ҷинояткор вале бонуфуз аст. Набиев ӯро маҳз барои он ҷалб карда буд, ки ба суханаш дар Кулоб дар муқоиса бо як шоир, масалан Ашӯр Сафар бештар гуш медиҳанд, чун табиати он мардум ҳамин гуна аст ки афроде мисли Сангак барояшон муътабар ва болонишин мебошад.

 Давлатмоҳ Хоҷаева, хонуми Сангак Сафаров дар як суҳбаташ роҷеъ ба ӯ чунин мегуяд:  “Аз вақташ ӯро эҳтиром мекарданд, аммо аз интихоботи Р.Набиев гӯиё ба сиёсат ворид шуд. Ӯро Набиев ба Ленинобод бурда ва гуфта буд, ки ба тарафдории ӯ овоз диҳанд. Дар интихобот шахси бовариноки Набиев дар Кӯлоб буд».

 Яъне ба ин маъно, ки Набиев дар куҷо ва аз кӣ манфиат бурдани худро хуб медонист. Вақте майдонҳои Душанбе ба сангарҳо бадал шудан дошт ва Р. Набиев дарк кард,ки бо даъвати майдоннишинҳо дар майдони «Озодӣ»-и назди Шӯрои Олӣ ба иштибоҳи сахт роҳ додааст, дар суроғи роҳу васила ва афроди таъсиргузоре шуд, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ кумакаш кунанд.

Ёқуб Салимов, ки он замон аз шахсиятҳои бонуфуз дар олами ҷиноии Душанбе ба шумор мерафт, солҳо баъд аз даъватҳои Набиев ва мулоқоташ бо ӯ ёдовар мешавад:

«Рӯзе бо чунин андеша дар хона менишастам, ки як нафар намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи президент омаду гуфт, ки «туро президент Раҳмон Набиев аз наздик диданист ва чи гапи муҳиме дорад…».  Гуфтам, ки «бигзор бошад, меравем!» Ва зуд пай бурдам, ки маро низ ба майдонҳо ҷалб карданиянд. Хуб, рафтем назди Набиев, ба хонааш. Он ҷо як нафар намоянда аз бадахшониҳо-витсе пример (ному насабаш дар ёдам нест) низ буд. Янгаи мо-ҳамсари Набиев низ он ҷо ҳузур дошт. Болои кати ҳавлии Набиев нишастем ва ҷумлагӣ аз ман хоҳиш карданд, ки «пеши роҳи ҳамин бетартибиҳоро оҷилан гирифтан даркор» ва маҳз янга бо хитоб ба инҷониб пофишорӣ кард, ки  «дар Душанбе аксарият туро мешиносанд, шояд гапи туро мегиранду аз майдонҳо мераванд…». Инчунин, ҳамун намояндаи помириҳо низ дар сари дастархон сидқан хост, ки «митингҳо хомӯш карда шаванду мардум аз пайи кори худ раванд ва коре кунем, ки даст ба бетартибиҳо назананд!» Пай бурдам, ки Набиев таваҷҷӯҳи маро ҷониби худ кашиданист ва ба президент гуфтам, ки «ако, кӯшиш мекунем, касе амниятро халалдор насозад…». Бо ҳамин сӯҳбату машварати мо анҷом ёфту хонаамон рафтем.»

Ба гуфтаи Ёқуб Салимов  Набиев ӯро як бори дигар ҳам хоҳиш мекунад, ки барои пешгирӣ аз идомаи тазоҳурот мусоидат намояд. Ҳоло ба суханони худи Ёқуб Салимов таваҷҷуҳ кунед:

  «Як рӯз дарам тақ-тақ шуд. Дарро кушода, 2 нафарро дидам. Яке корманди КГБ буду дувумӣ аз ВКД. Онҳо гуфтанд, ки Раҳмон Набиев мехоҳад, ки бо шумо аз наздик сӯҳбат кунад ва гапҳояшро бизанад. Аз он, ки аз сиёсат комилан дур будаму як марди варзишӣ. Бояд гӯям, ки он замон дар Донишгоҳи тиббӣ ва дар як кооперативи хусусӣ ҳам кор мекардам. Дар Донишгоҳи тиббӣ 5 сол муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ будам, то соли 1991. То соати 4 дарс медодаму баъди соати 4 дар кооперативи ноҳияи Ленин (ҳоло н.Рӯдакӣ) меҷунбидам…Ба он ду нафар намояндаи қудратӣ гуфтам, ки «илтимос, ба сиёсат маро нагиред, ки аслан намефаҳмам, чӣ гап асту чӣ мехоҳанд». Ман бо онҳо дер гап назадам, чун одати камгапӣ доштаму дорам. Яке буд, ки аз дохили мошини онҳо Ҷумъа Буйдоқови помирӣ (шодравон) берун шуд. Ӯ он замон дар н. Ленин директори як мактаби миёна буд. Ҳарчанд, бархе аз қаламбадастон ӯро ҳоло дар матбуоти даврӣ рекэту разборщик меноманд, аммо ин тавр набуд. Ӯ ҳамту як нафар интеллигент – зиёӣ буду бисёр одами ботамкин. Буйдоқов гуфт, ки «Ёқубҷон, маро ҳам мисли ту даъват кардаанд ва рафтани мо ба назди Набиев албатта ба манфиат аст. Хоҳиш мекунам…». Гуфтам, ки «майлаш, шумо омадед, ман бо шумо меравам». Хона даромада, либосамро пӯшида, дар мошин шишта, рафтем хонаи Раҳмон Набиев. Аввал занаш баромад, баъд худи Набиев барои пешвоз. Болои кат дастурхон оростанд. Мизбон гапро дар боби митингбозиҳо сар кард ва бо хоҳиш аз мо хоҳиш намуд, ки «бачаҳои шаҳрро аз иштироки фаъолона дар митингҳои бемаънӣ дур доред ва ҳаргиз ширкат накунанд…». Аз хонаи Набиев хона ба хона баргаштем. Рӯзи дигар як-ду лидербачаҳоро дар хиёбонҳои пойтахт дида, хоҳиш кардам, ки «илтимос, ба бачаҳо расонед, ки дар митингҳо иштирок накунанд…».

Давлати Усмон мегӯяд, ки онҳо қасд доштанд дар Иҷлосияи 15 Набиевро аз раёсати давлат дур кунанд, чун на танҳо беамалӣ зоҳир мекард, балки аҳамият ва эътиборе ба вазъи мавҷуд намедод, дар ҳоле, ки сухани аввалу охирро бояд ӯ мезад. Аммо мегуяд ҷаноби Усмон ончики дар фурудгоҳи Душанбе дар 7 сентябр рух дод комилан бар зидди манофеи Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ буд. Дар он рӯз Набиев, ки қасди парвоз ба Хуҷанд ҷиҳати ширкат дар иҷлосия парлумонро дошт таҳти мили автомат ба истеъфо фиристода шуд:

«Ман фикр мекунам, ки иҷрокунандагони амр ва ин кор шояд ҳам бигӯем, ки гӯркови Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ гаштанд. Яъне ин яке аз сабабҳои хеле тезу суқут кардани ҲММ шуд. Худи ман ҳам, ки ҳамроҳи раиси ҷумҳурӣ будам ба ҳайси гаравгон дар фурудгоҳ ҳузур доштам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки вазъиятро аз ин ҳолат берун кунам, лекин натавонистам. Чунки онҳое, ки ин корро иҷро карданд, хеле қотеъ буданд. Албатта ман намегӯям, ки онҳо бе восита супориш гирифта буданд, аммо дар ин миён омилҳое буданд, ки ин нақшаро бо дастони онҳо амалӣ кард. Агар чанде,ки бисёриҳо дар ин кор наҷотро медиданд. Яъне бо рафтани Набиев ва ба қудрат расидани як шахси қотеъ, ки битавонад вазъиятро зери контрол гирад. Аммо мутаассифона ин тавр набуд. Зеро кайҳо дер шуда буд, барои бо зӯрӣ ба истеъфо бурдани Набиев ва иқдоме матлуб ҳам набуд».

Набиев на танҳо бо неруҳои милливу демократӣ дар рақобат қарор гирифт, ӯро элитаи бонуфузи худи шимол ҳам хуш надошт. Ҳатто дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ онҳо ба тарафдории рақиби Набиев, Давлати Худоназар ташвиқот бурда буданд. Аз тарафи дигар Михаил Горбачев, ки Собчаку Велиховро фиристода буд ва онҳо ҳам Набиевро иҷборан аз курсии Раиси Шӯрои олӣ зер оварданд. Набиевро хуш надошт, чун қурбонии майбезории ӯ шуда буд.

Ислом Каримов ҳам нағз намедид. Нағз надидани Ислом Каримов сабаби худро дошт. Каримов гумон мекард, ки Набиев ва вуҷуди ӯ дар шароити истиқлол контроли Тоҷикистонро аз дасти вай мебарад. Чун Набиев дар шуравӣ ҳам талабу дархостҳои Узбакистонро дар тафовут аз гузашаҳои худ «игнор» мекард. Набиев дар баробари Маскав ҳам дар он солҳо ҳарфи худро мегуфт, вай талоши мустақилият мекард.

 “Иштибоҳи дигари ҷиддии Набиев ба тафовут аз дигар руасои ҷамоҳири шӯравӣ ин буд, ки ба ҳангоми таракаи амволи шӯравӣ фирқаи 201-и онро, ки дар Тоҷикистон мустақар буд, нагирифт. Вай бо ин муҳосаба, ки нигаҳдории он барои бюҷҷаи Тоҷикистон зӯр меоварад муртакиби ҳамчунин иштибоҳи сахт шуд, ки паёмадашро то ба имрӯз ва дар оянда низ Тоҷикистони мустақил хеле ҳам ба дард кашидан дорад.”

Аммо ҳоло акнун меоем ба Иҷлосияи 16-и Хуҷанд, ки болои ҳаёти сиёсии Набиев хати бутлон кашид. Ҷойи таъкид аст ки яке аз сабабҳои даъвати ин иҷлосия муайян кардани мақоми ҳукумати Тоҷикистон ба шумули сарнавишти Набиев буд. Вале акнун возеҳ шуда буд, ки истеъфои Набиев дар 7-сентябри соли 1992 зери мили автомат дар фурудгоҳ, ки ҳукми қонун нагирифта ва де-юре Набиев ҳамоно раиси ҷумҳурии мунтахаб ва матбуъ боқӣ монда буд, аз ин мақом маъзул карда мешавад. Зеро Узбакистон ва Русия коргардонҳо ва пуштибонони Фронти Халқӣ болои намояндаи ҳамин фронт «ставка» карда буданд. Ва, дар ҳеҷ ҳолат ба боқӣ мондани Набиев ба ин мақом розӣ набуданд. Ноиби вазири хориҷии Узбакистон, ки ба ҳайси меҳмон дар Иҷлосияи 16 ширкат дошт ба пурсиши хабарнигорон дар ин бобат чунин посух медиҳад:

« Что станет, если президент Набиев откажется уйти в отставку?» – спросили мы его.

Он ответил коротко, но ясно: «Я думаю, что, если он не уйдет, это будет большая проблема для Таджикистана». Мы сделали вывод: он хорошо знал, как здесь должны развиваться события.

Ҳайати депутатҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба хонаи Набиев мераванд то ризоияти ӯро барои истеъфо бигиранд. Ҳабибулло Табаров, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон дар китобаш «То мард сухан нагуфта бошад….» навиштааст, ки Набиевро дар доираҳои баланди роҳбарии Узбакистон нағз намедиданд. Вай қиссаи овардани Набиев ба Иҷлосияи 16 ва лаҳзаҳои истеъфо додани ӯро ин тавр инъикос намудааст:

«Сӯҳбати мо бо Раҳмон Набиев дар манзили зисти эшон аз соати 17-и бегоҳ то соати 1-и шаб тӯл кашид. Аввал розӣ набуд, ки расман аз вазифа даст бикашад, баъд розӣ шуд. Набиевро розӣ кардему занаш розӣ набуд. Ҳайрон мондем. Гуфт, ки ин кас ба Шумо, кулобиҳо, умед баста президент шуда буд, акнун то охир дастгирӣ кунед. Ман хестаму гуфтам, ки янга, агар мехостӣ мо, кӯлобиҳо, Раҳмон Набиевичро то охир дастгирӣ кунем, чаро як хешатро, писаратро нафиристодӣ, то дар штаби Сангак ҳамроҳи бачаҳо бошад, мо надидем, ки як нафар аз Хуҷанд автомат дар сари китф омада гуфта бошад,  ки ман бо шумо ҳастам ва аз Набиев дастгирӣ мекунам. Ана имрӯз мо, кӯлобиҳо мехоҳем, ки як бачаи худамон роҳбар бошад. Ман рӯирост ин гапҳоро ва баъди ҳамин ҳамсари Набиев хап кард. Намедонам, янгаро нафорид, ки бовар кунед, чанд соате, ки ҳамон ҷо будем, ҳатто як пиёла чой, ки аз рӯи таъомули тоҷикӣ роиҷ аст, бароямон наовард….

Набиев ба иҷлосия омаду се бор аз ӯ хоҳиш шуд, ки ба истеъфо равад, розӣ намешуд, аз гапаш гашта буд, мегиранд мебарандаш берун, аз онҷо меорандаш дарун. Яке маслиҳаташон бо Эмомалӣ Раҳмонов пухт ва раҳматӣ хеста аризаи истеъфояшро хонд»

  Аммо Солеҳҷон Ҷураев, ки дар замони баргузории Иҷлосияи 16 дар мақоми иҷрокунандаи Додситони кулл фаъолият мекард, он лаҳзаҳои ба истеъфои маҷбурӣ фиристодани Набиевро чунин баён доштааст:

« Аммо дар ёд дорам, ки ҳанӯз пеш аз интихоби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми раиси Шӯрои олӣ назди ман и.в сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов, раиси вилоят Абдуҷалил Ҳомидов ва як нафар прокурори ноҳияи Ҷабборов, ки депутат низ буд омаданд. Онҳо аз ман хостанд, ки бо Раҳмон Набиев, ки ба гуфтаи онҳо намехостааст, ки аризаи истеъфояшро тасдиқ ва дар кори сессия низ ширкат намекардааст, сӯҳбат намоям. Ман розӣ шудам. Гуфтам, сӯҳбат мешавад, аммо дар идораи давлат. Бо Раҳмон Набиев дар яке аз танаффусҳои иҷлосия сӯҳбат кардам. Абдуллоҷонов медонист, ки агар Набиев дар вазифа монад, ӯ сарвазир намешавад. Хуб, инро мо медонистем, як қонуни нонавишта дар мо амал мекунад, ки раис аз шимол бошад, сарвазир аз тарафи ҷануб бояд шавад. Дар ин миён худи депутатҳо ҳам чанд бор назди Набиев рафтаанд, аммо ӯ розӣ нашуда гуфтааст, ки янгаатон (оилаашон) маро таҳти фишор қарор додааст, ман ҳоло президент. Хуллас ман бо Набиев вохӯрдам. Аслан нияти аз вазифа рафтан надошт. Он одам пештар ҳам маро мешинохт. Гуфт, ки Солеҳҷон, ту ҳамчун Прокурори генералӣ ба ман гӯй, ки ман ҳозир Президент ҳастам ё нестам? Ман гуфтам, ки Раҳмон Набиев Шумо президент будед, лекин ҳозир нестед. Он кас розӣ нашуда гуфтанд, ки он кор дар зери фишор буд-ку? Ман гуфтам, ончи ки Шумо аризаи истеъфо додед, қувваи қонунӣ надорад, вале шумо аз чор силоҳбадаст тарсида, ватанро, Тоҷикистонро, президентиро партофта омада, дар Хуҷанд руст шудед. Он кас гуфт, ки маро халқ интихоб кардааст, на ин боевикҳо ва тақдири маро бояд халқе, ки маро интихоб кардааст, ҳал кунад. Ман гуфтам, ки не мӯҳтарам Раҳмон Набиев. Халқ дар чунин вазъияту Шумо гурехта инҷо омада паноҳ бурдаед, ҳоло халқ ба ёдатон мерасад? То ин вақт дар куҷо будед? Ман гуфтам, ки акнун монед. Нагуфтам, ки шуморо ба ҷавобгарӣ мекашам, вале гуфтам, ки шумо савгандро шикастед. Гуфтам, бигузоред, ки тақдири Тоҷикистонро дигар депутатҳо ҳал кунанд. Ба фикрам, ҳамон бегоҳӣ буд, ки омаданду истеъфои худро эълон карданд.»

Бад-ин минвол Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳурии мунтахаби Тоҷикистони мустақил, дуруст як сол ҳам риёсат накарда аз саҳнаи сиёсӣ барои абад дур карда шуд. Вақте ӯ бармегардаду ба манзилаш мерасад бо хонумаш мегуяд, ки бо ин истеъфо орому қарор намегиранд. Ӯро ҳатман, бо ин гумон, ки як рӯз не як рӯз даъвои курсӣ хоҳад кард, ҳатман мекушанд. Ва, ҳамин тавр ҳам шуд. Раҳмон Набиев, чаҳор моҳ баъд аз иҷлосияи 16 – уми ноябр, яъне рӯзи 11– уми апрели соли 1993 ба таври мармӯз даргузашт Хонуми ӯ-Марям Набиева, ки чандин сол декани факултети иқтисодии Донишгоҳи кишоварзӣ буд солҳо баъд дар як мусоҳибаи матбуотиаш мегуяд:

  “Зоҳиран пас аз барканор шуданаш аз кор, вай медонист, ки ӯро хоҳанд кушт”. Ӯ идома медиҳад: “Вақте ман омадам, аллакай ҷасади шавҳарам дар сардхона буд. Маро маслиҳат доданд, ки ба сардхона наравам. Ман гуфтам, ки ҳама хомӯш бошед ва фақат маро ба сардхона расонед. Вақте ман ворид шудам ва ҷасади ӯро рӯи миз дидам… Медонед, аввалин чизе, ки ба чашмам расид, осори буғишуда буд”

Солҳо баъд ҳамсараш ҳам ки дар як оташсӯзии машкук кушта шуд гуфт ки шавҳарашро куштанд. Вай дар ин куштор Раҳмонов ва Абдуллоҷоновро муқассир мешуморад. Аммо як воқеияти дигар ин аст ки касе аризаи истеъфои Набиевро нагирифтааст. Ин ариза ба фарқ аз аризаи фурудгоҳ ҳатто матн надорад. Ҳар касе матни онро пайдо кунад, метавонад ҷоизаи сазоворе аз «Ислоҳ.нет» бигирад. Яке аз илали онки ин иҷлосияро табаддулот ва ғайриқонунӣ мегуянд, ҳамин истеъфои иҷборӣ ва ғайриқонунии ин иҷлосия аст ки бархе онро сарнавиштсоз ва бархеи дигар сарнавиштсӯз мегуянд. Вале инки чаро ин иҷлосия ғайриқонунӣ ва табаддулот будро дар идомаи ин риштаматолиб дар як матлаби ҷудогона ба баррасӣ хоҳем гирифт.

Поёни қисмати дувоздаҳуми ин силсиламатолиби “Ислоҳ” қисмати Сенздаҳуми мо “Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири ночорӣ” мебошад. Барои бештар аз он ҳодисот огоҳ гаштанатон моро ҳамроҳи намоед….

Total
14
Shares
Related Posts