30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №14

Ислоҳ нет

Сафаралӣ Кенҷаев, нафаре, ки Раҳмоновро ба қудрат расонд, вале бо фармоиши вай террор шуд

Contents
-Ин роҳи хатост, ба зӯрӣ, бо истифодаи силоҳ мушкилии ба вуҷуд омадаро ҳал карда наметавонед, билъакс хуни зиёд мерезад ва дар оянда ҳамаи гуноҳро ба сари худатон мезананд. Дар назди Худо ҳам масъул мешавед. Аз онки шуморо «Комиссар Катани» мегуянду бо шиорҳо ҷонибдорӣ мекунанд, фирефта нашавед, рӯзи даркорӣ, ҳар вақт лозим ояд аз маърака зада берунатон мекунанд.   Субҳоналлоҳ! Ҳамаи пешбиниҳоям дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд сад дар сад собит шуд. На танҳо ба ӯ мансаби Раиси Шӯрои Олиро надоданд, балки аз мансаби раиси КГБ ҳам маҳрумаш карданд. Бар замми ин «болои сӯхта намакоб» дар рӯзҳои омад-омади Сангак ба Хуҷанд Кенҷаевро дар куҷое чанд рӯз дар ҳабс нигоҳаш доштанд». Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода “Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо…” Баъд аз онки майдони «Озодӣ» дар Душанбе ноком, Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бо ширкати намояндаҳои неруҳои милливу мазҳабӣ ташкил ва Кенҷаев ба истеъфо фиристода шуд, онҳое, ки ба Кулоб бо руҳияи шикаста ва мағлуб баргашта буданд, дигарбора дар фикри ниқор афтоданд. Ниҳоят кор ба ҷангу хунрезӣ кашида шуд ва дар навоҳии ҷануби кишвар авзоъ рӯ ба ташаннуҷ овард.  Русия ва Узбакистон пушти Сангаку Сафаралӣ Кенҷаев, ки дигар соҳиби размандаву сарбоз шуда буданд, дар муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ қад алам карданд. Сафаралӣ Кенҷаев бо чи роҳҳое тавонист, ки бо роҳбарияти Узбакистон, раиси ҷумҳурӣ ва вазири дифои он иртиботи мустақим барқарор кунад.Сафаралӣ Кенҷаев бо як гурӯҳ аз сарбозону афсарони Узбакистон ва бо ширкати Рустами Абдураҳим аз Кулоб ва бо чанде дигар аз ҳампаймононаш рӯзи 24 октябр аз тарафи Ҳисор ба Душанбе ҳамла кард. Вай раёсати Акбаршо Искандаровро дар Шӯрои Оли Тоҷикистон ғайриқонунӣ мешуморид ва талабаш ин буд, ки Искандаров ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бояд истеъфо бидиҳад. Мегуфт,ки сессияи Шӯрои олӣ (16) ум дар Хуҷанд даъват карда шавад ва ҳукумати то 7 майи соли 1992 яъне худи ӯ ба унвони раиси Шӯрои Олӣ ва Раҳмон Набиев дар мақомаш –раиси ҷумҳурӣ барқарор карда шавад. Бо миёнаравии фармондеҳони дивизияи 201-и Русия дар Тоҷикистон мулоқоти Искандаров ва Кенҷаев ташкил карда шуд. Кенҷаев тавониста буд, ки бинои радио, қасри раёсати ҷумҳурӣ ва чандеи дигарро дар пайи ин ҳамла тасарруф кунад ва Рустами Абдураҳим тариқи радиои марказӣ бо худи Кенҷаев баромад карданд. Мебоист Сангак ва фармондеҳони дигари Фронти халқӣ-Файзалӣ Сайид ва Ёқуб Салим аз Кулоб низ дар ин рӯз ба Душанбе ҳамла мекарданд. Аммо онҳо аз ҳуҷум ба Душанбе мунсариф шуданд. Сангак нақшаи дигар дошт ва бар асоси он аз Кенҷаев фосила гирифт. Кенҷаевро неруҳои мухолифин ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ аз Душанбе зада берун карданд. Рустами Абдураҳим кушта гардид. Аммо, дар мулоқот дар қароргоҳи дивизияи 201 Русия аломат дод, ки Искандаров бояд талаботи Кенҷаевро гуш кунад. Сафаралӣ Кенҷаев дар мавриди мавқеи Русия аз қавли генерал Эдуард Ворбобёв, муовини фармондеҳи неруҳои хушкигарди ин кишвар, ки мулоқоти онҳо дар ҳузури вай сурат гирифта буд,менависад:Кенҷаев акнун на ба ленинободиҳо ва на ба кулобиҳо, ки муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ мубориза бурданд ва Кенҷаев дар ин мубориза яке аз сарлашкарҳо буд, комилан нолозим шуд. Рифъат Ҳоҷиев, собиқ котиби аввали Ҳизби коммунист дар Ленинобод ва аз афроди таъсиргузор он замон ҳатто аз ҳузури Кенҷаев дар вилоят нохуш шуда чунин гуфта буд:  «Сафаралӣ Кенҷаев дар вилояти Ленинобод гашта, вилояти оромро «нестабилний» мекунад, эҳтиёт шудан лозим, чораҳо бояд андешид, ки пояш аз вилоят канда шавад»-ро такрор намудааст.Аммо бадтар аламовартар аз ин Кенҷаевро дар оғози Иҷлосия бурданду бандӣ карданд. То он замоне, ки масоил ҳал нашуд, наоварданд. Худи Кенҷаев он рӯзро дар китоби «Табаддулоти Тоҷикистон»-аш ба ин зайл баён кардааст:«…. дар ҳамин толор нишаста будам, хатчае доданд, ки дар он чунин навиштаҷот буд: «Рафиқ Кенҷаев, хоҳиш мекунем ба пешайвон бароед, шуморо интизоранд. Баромадам, ки ду нафар аз гурӯҳи таъиноти махсус маро нигарон буданд, ки якеашонро хуб мешиносам. Маро бароварда ба мошин шинонданд ва комиҷроияи вилоят бурданд. Дар онҷо ду нафари дигар, ки якеаш шинос буд боз маро ба мошин шинонида ҷонибе бурданд ва гуфтанд, ки ман бояд ба баъзе қумандонҳо телефон карда ба мулоқот даъваташон бикунам. Розӣ шудам. Вале маро ба хонае бурда ба баромадану телефон кардан имкон надоданд ва ҳамин тариқ маро 5 рӯз нигоҳ доштанд. Гуфтам, ки депутат ҳастам, ҳуқуқ дорам, ки дар иҷлосия иштирок намоям вале касе ба гапам гуш надод. Ман намедонам, ки ташкилкунандаи ин корҳо кист ва чи мақсадҳо дорад. Номҳои онро фақат ба раис хоҳам гуфт».«Ман бо тамоми масъулият пеши миллату Худованд мегӯям, ки мо воқеан кофта будем, вале аз ӯ дарак набуд. Аммо ёдам ҳаст, ки ҳамон рӯз бо супориши худи раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Э.Раҳмонов мо гуруҳи муташаккилеро оид ба муайян намудани ҷои С.Кенҷаев ҷамъ овардем, ки байнашон ду-се нафар вакилони Шӯрои Олӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ ва тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинобод шомил буданд.Дар рӯзи панҷум онкас омада, дар кори Иҷлосия иштирок карданд. Аввалин касе, ки бо ӯ вохӯрд, ман будам.Гуфтам:- акаи Сафаралӣ, куҷо мегардед? Посух надоданд. Намедонам барои чӣ. Боз ба ёд меорам. Ман боисрор ба ӯ гуфтам:-Ако,хезед!Чӣ гап шуд? Куҷо будед? Гап занед!….вагарна дар дили вакилон ба шумо шубҳа пайдо мешавад, ки аз Иҷлосия гурехтед?! Баъд онкас сухан пурсиданду Э.Раҳмонов ба ӯ сухан доданд:-Ҳамаашро гап зан, мо чораҳо бинем, шукр аллакай ҳукумат побарҷо шуд….Онкас гуфтанд:

 (бахши чордаҳум)

Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои Олӣ ва раиси Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон дар 30 марти сои 1999 замоне мавриди террор қарор гирифт, ки то чанд моҳи пас дар кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешуд. Кенҷаев, ронанда ва муҳофизаш дар ҷойи ҳодиса, маҳаллаи 82-и пойтахт ва он ҳам дар рӯзи равшан бо тири туфанг кушта шуданд. Дар бораи ҳодисаи террори ин чеҳраи пуртазоду пурасрори саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дар солҳои навадум дар қисмати поёнии ин матлаб хоҳем гуфт. Вале ҳоло биёед, бубинем, ки ӯ кӣ буд ва чи тавр омад ва то куҷо расид ва чи нақше дар ҳаводиси он солҳо дошт.

Солҳои оғози бедорӣ ва шурӯъи таҳаррукоти миллӣ Сафаралӣ Кенҷаев бо нашру чопи матолиб дар бораи фаъолияти ниҳодҳои тафтишотӣ ва додгоҳӣ ба ҳайси як прокурори равшанфикр ва миллигаро матраҳ шуда буд. Вай бештар аз он менавишт, ки намояндагони Маскав дар ин ниҳодҳо ба сарнавишти мардуми таҳҷоӣ ва бахусус кадрҳои миллӣ  муносибати сард ва назарногирона доранд ва аз мавридҳое менавишт, ки мутахассисони тоҷик дар додситонӣ ва додгоҳҳо ба мақомоти калидӣ мансуб намешуданд ва агар ҷойи пое ҳам меёфтанд бо як  иштибоҳи ҷузъӣ ва ҳатто бо туҳмат аз вазифа барканор ва зиндон ҳам мешуданд.

Сергей Русаков, Додситони собиқи Чувашистони Русия, ки дар гузашта дар Прокуратураи Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати тафтишот ва муовини Прокурори РСС Тоҷикистон (соли 1990) кор кардааст, дар бораи Кенҷаев чунин мегуяд:

«В числе депутатов нового созыва – транспортный прокурор Кенжаев Сафарали, талантливый (писал книги) и незаурядный человек, но с обостренным чувством ущемленности со стороны, якобы, “русских шовинистов”, присланных в республику и в прокуратуру, в частности….. С Кенжаевым у меня были неплохие личные отношения, пока он возглавлял транспортную прокуратуре . Он знал своего куратора в Прокуратуре СССР Баронина, который в Душанбе встречался со мной на совещании транспортных прокуроров. Я тогда даже ночевал дома у Кенжаева одну ночь. Жил Кенжаев очень скромно и не был коррумпирован, но проявил себя жестким националистом»

Аммо исми Кенҷаев вақте раиси Комиссияи тафтишотии ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 таъин шуд, маълуму машҳур гардид. Сафаралӣ Кенҷаев дар оғози тафтишот бо баёнияҳои тунду тез мақомоти Тоҷикистонро дар шурӯъи ин ҳодиса, ки боиси куштори 25 нафар гардид, зери тозиёнаи танқид мегирифт. Вале гузориши комиссияи тафтишотӣ барои Кенҷаев ба як асбоби муомилаи ӯ бо ҳокимони вақт табдил ёфт ва ба истиснои нашри як замима дар нашрияи “Адолат”, дигар дар ягон ҷое расман чоп нашуд. Кенҷаев маводди тафтишотиро тавре кард, ки дигар дар хуфия монд.

Мунтаҳо дар ҳавои ҳамин гуна обруву ҷойгоҳ (он вақт Додситони нақлиёт) ва бо мусоидати неруҳои нави милливу демократӣ Кенҷаев депутати Шӯрои Олӣ интихоб шуд.  Кенҷаев дар оғози кор дар Шӯрои олӣ бо ҷиноҳи демократии парлумон ва яке аз аъзои фаъоли он ба шумор мерафт. Инро худаш ҳам дар китоби Табаддулоти «Тоҷикистон»-аш тасдиқ кардааст:  «Депутатҳои Шӯрои Олӣ новобаста аз миллат, маҳал, ва мансубият ба ду гурӯҳ тақсим гардиданд. Яке ҷонибдорони Қ.Маҳкамов-депутатҳои Ҳизби Коммунист, мансабдорони табақаи боло. Дигаре депутатҳои блоки демократӣ ( Ҳизби демократ, Қозиёт, ҳаракати мардумии «Растохез») ва депутатҳое, ки аъзои Ҳизби Коммунист буданд, дар сохтори давлат мансабҳои сазоворро ба дӯши худ доштанд, вале сохти корбарии Қ.Маҳкамовро эътироф намекарданд, ба ҷонибдории ақидаҳои демократӣ, сохтани давлати демократии ҳуқубунёди дунявӣ ба тарафдории Р.Набиев гузашта буданд, агарчи ба Ҳизби демократу қозиёти ҷумҳурӣ ва ҳаракати мардумии «Растохез» ягон иртиботе надоштанд. Аз ҷумла банда ва тарафдоронам ба гурӯҳи дуюм шомил будем.»

Бо ин вуҷуд шахсият ва мақоми ҷамъиятии он рӯзаи С.Кенҷаев барои худи ӯ шонсу имконоти калонеро барои расидан ба мақоми олии кишвар  фароҳам оварда буд. Метавонист нафаре бошад, ки оянда дар интихобот ширкат варзад ва баранда бишавад.

Аммо вай иштибоҳ кард. Ҷой ва курсиеро гирифт, ки саҳм ва ҳиссаи дигарҳо буд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии мусалмонони Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олии онрӯза, ки бо Кенҷаев робитаи дӯстона доштааст мегуяд, он қадар хоҳиш кардем, ки мансаби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистонро напазирад, аммо ба ҳарфи мо эътино накард:

«Бо вуҷуди ҳушдорҳои бешумор дар хусуси онки мувозинати намояндагии манотиқ дар идораи кишвар бояд ҳифз шавад, ситоди интихоботии Р.Набиев таҷрибаи таърихӣ ва машваратҳои холисонаро ба инобат нагирифта, бидуни андеша С.Кенҷаевро ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ пешбарӣ намуд. Сиёсати нодуруст ва худхоҳонаи Р.Набиев ва С.Кенҷаев дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва ҳисси интиқомҷӯӣ бар алайҳи мухолифини интихоботии худ, номенклатураи ҳизбию давлатии манотиқи Қаротегину Бадахшонро ба таҳлука андохт. Ҳамчунин зиндонӣ намудани шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов, ба маҳкама кашидани аъзоёни раёсати Ҳизби Наҳзати Исломӣ-Қорӣ Муҳаммадҷон, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ ва дигар фаъолону ҳизбу созмонҳои мардумиро ба ташвиш овард.»  Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо…»

Омадан ва ё овардани Кенҷаев ба мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин иштибоҳи сахту ҷиддии Кенҷаев ба унвони як сиёсатмадори ба истилоҳ «ояндадор» буд. Вай ба сурати табиӣ бо неруҳои нави милливу демократӣ, ки худро мансуби онҳо медонист чап ва дар мухолифат қарор гирифт.

Дуввумин иштибоҳи ҷиддии сиёсии Кенҷаев муҳокимаи оммавии Мамадаёз Навҷувонов, вазири дохилии Тоҷикистон буд, ки дар телевизион нашр кард ва боис шуд чанде аз ҷавонони бадахшонӣ ба нишони эътироз ба майдони назди қасри раиси ҷумҳурӣ оянд, ки дар ояндаи наздик ба тазоҳуроти бузург ва эҷоди ноамниву ҷанг дар Тоҷикистон замина гузошт. Ҳикматулло Насриддинов, раиси Кумитаи аграрии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса чунин изҳори назар кардааст: « Аз ҳама таассуфовараш он буд, ки ин муҳокимаи хеле ҳузнангез ва нафратовар аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Баъди пахши ин намоиш ман ба андеша рафтам. Ин амали носолимро ё шахсе мекунад, ки иғво андохтанист ё хуб ягон нияти бадхоҳона дошта бошад. Ин буд аввалин хатои раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар оянда беш аз сад ҳазор нафар одамони бегуноҳ қурбон шуданд» Ҳ.Насриддинов, «Таркиш» .Душанбе 

Ин муҳокима оғози тамоми бадбахтиҳо, шуруъи фоҷиа ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шуд. Тазоҳуроти ба ҷонибдории Навҷувонов, дигар комилан тағйир кард ва парлумонро водор кард то Кенҷаевро ба истеъфо фиристад. Вале тазоҳуроти ҷавоби аз тарафи Муллоҳайдар, Сангак Сафар, Рустами Абдураҳим, Қурбони Зардак  ва чанд каси дигар дар Кулоб оғоз ва онҳо ба Душанбе бо талаби барқарории Кенҷаев омаданд ва дар майдони назди бинои Шӯрои Олӣ мустақар шуданд. Дар паси ин гирдиҳамомадагони худи ҳукумат ва роҳбарони он Набиев, Дустов ва Кенҷаев меистоданд. Ниҳоят вазъият муташанниҷ шуд ва кор ба хунрезӣ кашид. Набиев 1800 мил автомати калашниковро ба тазоҳургарони майдони «Озодӣ» тақсим кард ва хатари рӯёрӯӣ ва бархурди ҳарду майдон, ки дар фоислаи 50 метр қарор доштанд ҳар лаҳза бештар мешуд. Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар китобаш «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо…» дар бораи ин лаҳзаҳо чунин навиштааст:

« Пас аз он ки рӯзи 30 апрели соли 1992 қарори таъсиси баталиони махсуси раёсати ҷумҳурӣ тасвиб гардид ва омодагӣ ба мусаллаҳсозии он оғоз шуд, мо бо хоҳиши худи С.Кенҷаев, ки дар он рӯзҳо раиси КГБ буд, дар маҳаллаи Зайнаббибии шаҳри Душанбе, дар манзили худораҳматии ҳоҷӣ Бобокалон бо ҳузури қиблагоҳӣ бо ӯ мулоқот намудем. Бардошти ман аз ин мулоқот ин буд, ки Кенҷаев мехост, бо таъсиси ин горд моро битарсонад ва аз ин рӯ эълон намуд, ки илова бар 1800 нафари аҳли Майдони «Озодӣ» боз ҳазор нафари дигарро низ аз вилояти Ленинобод мусаллаҳ мекунанд ва қотеъона талаб крад, ки ҳарчи зудтар ҷонибдоронатонро аз Майдони «Шаҳидон» берун кунед ва илло ҳамаашонро нобуд мекунем. Ман кӯшиш кардам, ки иштибоҳ будани ин тасмимгириҳояшонро барояшон бифаҳмонам:

-Ин роҳи хатост, ба зӯрӣ, бо истифодаи силоҳ мушкилии ба вуҷуд омадаро ҳал карда наметавонед, билъакс хуни зиёд мерезад ва дар оянда ҳамаи гуноҳро ба сари худатон мезананд. Дар назди Худо ҳам масъул мешавед. Аз онки шуморо «Комиссар Катани» мегуянду бо шиорҳо ҷонибдорӣ мекунанд, фирефта нашавед, рӯзи даркорӣ, ҳар вақт лозим ояд аз маърака зада берунатон мекунанд.

   Субҳоналлоҳ! Ҳамаи пешбиниҳоям дар Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд сад дар сад собит шуд. На танҳо ба ӯ мансаби Раиси Шӯрои Олиро надоданд, балки аз мансаби раиси КГБ ҳам маҳрумаш карданд. Бар замми ин «болои сӯхта намакоб» дар рӯзҳои омад-омади Сангак ба Хуҷанд Кенҷаевро дар куҷое чанд рӯз дар ҳабс нигоҳаш доштанд». Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода “Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам, аммо…”

 Баъд аз онки майдони «Озодӣ» дар Душанбе ноком, Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бо ширкати намояндаҳои неруҳои милливу мазҳабӣ ташкил ва Кенҷаев ба истеъфо фиристода шуд, онҳое, ки ба Кулоб бо руҳияи шикаста ва мағлуб баргашта буданд, дигарбора дар фикри ниқор афтоданд. Ниҳоят кор ба ҷангу хунрезӣ кашида шуд ва дар навоҳии ҷануби кишвар авзоъ рӯ ба ташаннуҷ овард.

  Русия ва Узбакистон пушти Сангаку Сафаралӣ Кенҷаев, ки дигар соҳиби размандаву сарбоз шуда буданд, дар муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ қад алам карданд. Сафаралӣ Кенҷаев бо чи роҳҳое тавонист, ки бо роҳбарияти Узбакистон, раиси ҷумҳурӣ ва вазири дифои он иртиботи мустақим барқарор кунад.

Сайиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ин маврид чунин сӯҳбат кардааст:

«Дар давраи аз моҳи сентябр то октябри соли 1992 сафарбар кардани неруҳои захиравӣ аз Кӯлоб ба Турсунзода шиддат гирифт. Ин корро чархболҳои ҚҲҲ-и Узбекистон (қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ) анҷом медоданд. Чарболҳо маводи хӯрока, яроқу аслиҳаи ҳарбӣ, мунисия барои ҷанговарони Ҷабҳаи халқӣ(Фронти Халқӣ)-и ҷумҳурӣ меоварданд. Ва аз аэропорти Кӯлоб барои ташкили Ҷабҳаи халқӣ дар ноҳияҳои Турсунзодаю Ҳисор ва дигар ноҳияҳо аз ҳисоби ҷавонон ҷанговар мебурданд. Масъули ин кор Сафаралӣ Кенҷаев буд, ки бо шахсиятҳои вазифадори Ӯзбекистон равобити доимӣ дошт. Дар навбати худ масъалаи бо яроқу аслиҳа ва маводи хӯрока таъмин намудани Ҷабҳаи (Фронти) халқии Тоҷикистон зери назорати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон генерал Рустам Ахмедов буд. Сайиданвар Камолов «Ситораи умед»-  Душанбе, «Адиб» 2012

Сафаралӣ Кенҷаев бо як гурӯҳ аз сарбозону афсарони Узбакистон ва бо ширкати Рустами Абдураҳим аз Кулоб ва бо чанде дигар аз ҳампаймононаш рӯзи 24 октябр аз тарафи Ҳисор ба Душанбе ҳамла кард. Вай раёсати Акбаршо Искандаровро дар Шӯрои Оли Тоҷикистон ғайриқонунӣ мешуморид ва талабаш ин буд, ки Искандаров ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ бояд истеъфо бидиҳад. Мегуфт,ки сессияи Шӯрои олӣ (16) ум дар Хуҷанд даъват карда шавад ва ҳукумати то 7 майи соли 1992 яъне худи ӯ ба унвони раиси Шӯрои Олӣ ва Раҳмон Набиев дар мақомаш –раиси ҷумҳурӣ барқарор карда шавад. Бо миёнаравии фармондеҳони дивизияи 201-и Русия дар Тоҷикистон мулоқоти Искандаров ва Кенҷаев ташкил карда шуд. Кенҷаев тавониста буд, ки бинои радио, қасри раёсати ҷумҳурӣ ва чандеи дигарро дар пайи ин ҳамла тасарруф кунад ва Рустами Абдураҳим тариқи радиои марказӣ бо худи Кенҷаев баромад карданд. Мебоист Сангак ва фармондеҳони дигари Фронти халқӣ-Файзалӣ Сайид ва Ёқуб Салим аз Кулоб низ дар ин рӯз ба Душанбе ҳамла мекарданд. Аммо онҳо аз ҳуҷум ба Душанбе мунсариф шуданд. Сангак нақшаи дигар дошт ва бар асоси он аз Кенҷаев фосила гирифт. Кенҷаевро неруҳои мухолифин ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ аз Душанбе зада берун карданд. Рустами Абдураҳим кушта гардид. Аммо, дар мулоқот дар қароргоҳи дивизияи 201 Русия аломат дод, ки Искандаров бояд талаботи Кенҷаевро гуш кунад. Сафаралӣ Кенҷаев дар мавриди мавқеи Русия аз қавли генерал Эдуард Ворбобёв, муовини фармондеҳи неруҳои хушкигарди ин кишвар, ки мулоқоти онҳо дар ҳузури вай сурат гирифта буд,менависад:

 « Ин суханони маро генерал-полковник Воробёв дастгирӣ намуда гуфт: пешниҳоди роҳбари ФХТ Сафаралӣ Кенҷаев мутлақо дуруст ва аз рӯи принсипҳои демократӣ мебошад. Розӣ нашудани шумо беақлӣ  ва давом додани ҷанг ба муқобили халқи худ мебошад. Агар он қувваҳо, ки Сафаралӣ Кенҷаев номбар карданд, вориди Душанбешаҳр гарданд, аз рӯи ахбори ба мо расида онҳо тайёранд, қуввае нест, ки пеши роҳашонро бигирад, он гоҳ хуни бегуноҳон, то зону мерезад. Душанбешаҳр ба хок яксон мегардад, ки гунаҳкори  ҳамаи он Шумо Акбаршо Искандаров, хоҳед гардид. Намегузорем, ки русзабонҳо дар ин ҷанги бемаънии мазҳабӣ аз тири ҳарду тараф шаҳиду бехонумон гарданд! Ин фармони қатъии Федератсияи русия мебошад. Ба фикру ақидаи мо дуруст баҳо диҳед. Артиши Русия шуморо ҳимоя нахоҳад кард, умедатонро канед!» «Табаддулоти Тоҷикистон», китоби сеюм

Даъвати Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Кенҷаев аз он умеди зиёд дошт, амалӣ шуд. Искандаров ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ истеъфо доданд. Аммо он чизе, ки Кенҷаев мехост, барқарории ӯ ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ ва Раҳмон Набиев, ба курсии раиси ҷумҳурӣ иттифоқ науфтод. Ӯро дигар ҳамразмонаш «кидат» карданд.

Аслиддини Соҳибназар, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон дар китоби «Субҳи ситоракуш»-аш менависад, ки акнун онҳое, ки барои барқарории «комиссари Каттанӣ» митинг ташкил карда як кишварро ба ҷангу хун кашида буданд, парвои ӯ надоштанд:

«Ба ёдам суханони афсари рус омад. «Ҳоло вақт ҳаст». Ва танҳо баъди ин ба мазмуни он сарфаҳм рафтам. Фаҳмидам, ки С.Кенҷаев бори дигар фирефта гаштааст. Заҳмати ӯ барои барқарор кардани давлати «конститутсионӣ»,демократию дунявӣ бебозгашт ба боди фано рафт. Акнун равшану возеҳ буд, ки ӯ дигар ба касе лозим нест. Ҳамчун латтакуҳнаи дами даромадгоҳ нодаркор гашта буд. Вай аллакай «дӯсти» кулобиҳои дар ҷанг фавтида набуд, шуда ҳам наметавонист.

Кулобиҳо на танҳо ӯро ба мансаби пештарааш барнагардонданд, ҳатто намехостанд, ки ӯ дар гирду гушаи давлати навтаъсисдодаи онҳо бошад.

С.Кенҷаев ба онҳо халал мерасонд. «апа»-и онҳо «язнаи нав» ёфта ба ӯ «талоқ» дода буд. Бечора ин қадар заҳмат кашиду дӯстони пештара «душманони нав»-и ӯ гаштанд.» Аслиддини Соҳибназар «Субҳи ситоракуш»

Кенҷаев акнун на ба ленинободиҳо ва на ба кулобиҳо, ки муқобили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ мубориза бурданд ва Кенҷаев дар ин мубориза яке аз сарлашкарҳо буд, комилан нолозим шуд. Рифъат Ҳоҷиев, собиқ котиби аввали Ҳизби коммунист дар Ленинобод ва аз афроди таъсиргузор он замон ҳатто аз ҳузури Кенҷаев дар вилоят нохуш шуда чунин гуфта буд: 

«Сафаралӣ Кенҷаев дар вилояти Ленинобод гашта, вилояти оромро «нестабилний» мекунад, эҳтиёт шудан лозим, чораҳо бояд андешид, ки пояш аз вилоят канда шавад»-ро такрор намудааст.

Аммо бадтар аламовартар аз ин Кенҷаевро дар оғози Иҷлосия бурданду бандӣ карданд. То он замоне, ки масоил ҳал нашуд, наоварданд. Худи Кенҷаев он рӯзро дар китоби «Табаддулоти Тоҷикистон»-аш ба ин зайл баён кардааст:

«…. дар ҳамин толор нишаста будам, хатчае доданд, ки дар он чунин навиштаҷот буд: «Рафиқ Кенҷаев, хоҳиш мекунем ба пешайвон бароед, шуморо интизоранд. Баромадам, ки ду нафар аз гурӯҳи таъиноти махсус маро нигарон буданд, ки якеашонро хуб мешиносам. Маро бароварда ба мошин шинонданд ва комиҷроияи вилоят бурданд. Дар онҷо ду нафари дигар, ки якеаш шинос буд боз маро ба мошин шинонида ҷонибе бурданд ва гуфтанд, ки ман бояд ба баъзе қумандонҳо телефон карда ба мулоқот даъваташон бикунам. Розӣ шудам. Вале маро ба хонае бурда ба баромадану телефон кардан имкон надоданд ва ҳамин тариқ маро 5 рӯз нигоҳ доштанд. Гуфтам, ки депутат ҳастам, ҳуқуқ дорам, ки дар иҷлосия иштирок намоям вале касе ба гапам гуш надод. Ман намедонам, ки ташкилкунандаи ин корҳо кист ва чи мақсадҳо дорад. Номҳои онро фақат ба раис хоҳам гуфт».

Абдумаҷид Достиев, ки дар он Иҷлосия раиси Котибот ва сипас муовини аввали раис интихоб гардид, мегуяд ҳар қадар талош кард, ки Кенҷаев иллати нопадид шуданашро тавзеҳ диҳад, аммо муваффақ нашуд:

«Ман бо тамоми масъулият пеши миллату Худованд мегӯям, ки мо воқеан кофта будем, вале аз ӯ дарак набуд. Аммо ёдам ҳаст, ки ҳамон рӯз бо супориши худи раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Э.Раҳмонов мо гуруҳи муташаккилеро оид ба муайян намудани ҷои С.Кенҷаев ҷамъ овардем, ки байнашон ду-се нафар вакилони Шӯрои Олӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилӣ ва тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Ленинобод шомил буданд.

Дар рӯзи панҷум онкас омада, дар кори Иҷлосия иштирок карданд. Аввалин касе, ки бо ӯ вохӯрд, ман будам.

Гуфтам:- акаи Сафаралӣ, куҷо мегардед? Посух надоданд. Намедонам барои чӣ. Боз ба ёд меорам. Ман боисрор ба ӯ гуфтам:-Ако,хезед!Чӣ гап шуд? Куҷо будед? Гап занед!….вагарна дар дили вакилон ба шумо шубҳа пайдо мешавад, ки аз Иҷлосия гурехтед?! Баъд онкас сухан пурсиданду Э.Раҳмонов ба ӯ сухан доданд:

-Ҳамаашро гап зан, мо чораҳо бинем, шукр аллакай ҳукумат побарҷо шуд….

Онкас гуфтанд:

  Эмомалӣ Шарифович! Маро онҷо…..? бурданд, мушкилиҳодоштаму ….вале ман прокурор….ҳеҷ кас ин масъаларо мисли худам тафтиш карда наметавонад. Ба хотири он ки тафтишот дуруст раваду тоохирашро дида бароям, ман имрӯз,-киҳо маро бурданд,-намегӯям….   Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб».-Душанбе «Матбуот»-2006

Овозхони тоҷик Ҷурабек Муродов, ки депутати Шӯрои Олии онвақта ва аз ҳамсангарони наздики Кенҷаев буд ҳолати нопадидшавӣ ва иллати онро дар яке аз суҳбатҳояш ба ин шакл маънидод кардааст:

« Фронти Халқӣ барои баргузории иҷлосия дар Хуҷанд хуб кор кард. Хидмати Кенҷаев ҳам калон буд. Лекин дар се рӯзи аввали иҷлосия Кенҷаев бедарак шуд. Намедонам, шояд ба Узбакистон бурда буданд. Баъд аз се рӯз омад. Иҷлосия нав оғоз мешуд, ки як кас омаду гуфт, ки Сафаралӣ Кенҷаев, Шуморо ба берун даъват карда истодаанд. Бо ҳамин, ман ҳар вақт мепурсидам, ҳеҷ кас намедонист. Вақте ки ҳукумат ташкил шуд, раҳбаронро таъин карданд, баъд омаданд. Пурсидам, гуфт, ки берун баромадам, он одамон гуфтанд, ки ба мошин шинед, як ҷо меравем, бо Шумо сӯҳбат мекунанд. Бо онҳо рафтем, дар як хона меҳмондорӣ карданд ва дар рӯзи севум оварда монданд. Вақте ки он кас аз вазифаи раиси Шӯрои олӣ рафтанд, Фронти Халқӣ ташкил шуд. Шояд Фронти Халқӣ ҳамин корро мехост, ки то интихоби Эмомалӣ Шарипович он кас дар иҷлосия набошанд. Намедонам…”

 Солҳо баъд Шералӣ Кенҷаев, писари марҳум Сафаралӣ Кенҷаев низ бо такя ба ҳамин мавриди дуздида шудани падараш дар Иҷлосияи 16-ин иттиҳомро, ки Кенҷаев одами Ӯзбакистон ва бо дастони онҳо ҳаммилатони худро кушт такзиб мекунад:

  Бале, ин ҳарфҳоро мешунаваму мехонам ва дар ҳайрат мемонам, ки чаро воқеиятҳоро таҳриф мекунанд. Аввалан, «одами Узбакистон» будани падарам рӯзи оғози сессияи 16-ум дар Қасри Арбоби Хуҷанд ботил шуд, ки як гурӯҳи хуҷандиҳо, ки иҷлосияро коргардонӣ мекард, дар ҳамкорӣ бо СНБ ӯро бо роҳи фиреб ба Тошканд бурда, панҷ рӯз дар «каталажка» ё боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилаи Узбакистон маҳкам карданд. Узбакистон сари ӯ чӣ нақша дошт, намедонам. Падарам мегуфт, ки эҳтимол дошт ӯро нобуд кунанд. Ин ҷо овоза карданд, ки дар Шаҳритус ӯро савори БТР дидаанд. Аммо ҷонибдоронаш дар Зафаробод вақте мебинанд ӯ дар сессия нест, шӯр мебардоранд. Ҳама ҷамъ шуда, аз раиси ноҳия талаб мекунанд, ки агар одами мо дар сессия пайдо нашавад, мо ба Хуҷанд юриш мекунем. Дар ин бора гап зиёд аст ва ҳамаи қисса дар китоби чоруми падарам навишта шудааст. Хулоса, агар Узбакистон аз падарам истифода кард, пас маълум мешавад, ки ӯро фурӯхт.
Дуввум, дар бораи гӯ
ё бо узбакҳо ба Душанбе ҳуҷум кардан. Онҳо узбакҳои Ҳисору Регару Шаҳринав буданд. Ягон нафар шаҳрванди Узбакистон набуд. Инро ҳам падарам мегуфт. Лекин ҳамроҳи ӯ русҳо ва тоҷикони дигар шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Хатлону Кофарниҳон ҳам зиёд буданд. Инро касе намегӯяд. Намегӯяд, ки узбакҳои Тоҷикистон дар дастаҳои дигари Фронти Халқӣ ҳам кам набуданд. Маълум, ки барои сиёҳ кардани падари ман ба душманонаш ҳамин гапҳо заруранд ва онҳо инро такрор ба такрор мегӯянд. Падарам 24 октябри соли 1992 бо автомат омада буд, аммо водии Ромиту Қаротегинро ӯ бо тайёраҳои Узбакистон бомбаборон накарда буд. Он вақт ҳукумат ташкил шуда, падарамро аз бозӣ берун карда буданд».

Сафаралӣ Кенҷаев баъди ин Иҷлосия, ки барояш ҳеҷ масъулияти давлатиеро ҷоиз надонистанд аз ҳамразмони кулобиаш ҳам сахт ранҷид ва гоҳ-гоҳе дар сессияҳо бо раиси Шӯрои Олӣ вориди баҳс мешуд. Вай баъдан ҳизби худро бо номи сосиалист ташкил кард. Қасд дошт дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 довталаб бишавад. Аммо 30 марти он сол, чанд моҳ қабл аз баргузории ин маърака кушта шуд. Мирҳусейн Назриев, яке аз наздикони Кенҷаев, ки баъди террори ва чанд соле ҳизби Кенҷаевро раисӣ мекард бо ишораҳое мегӯяд, ки он соати куштор ӯро  Қурбон Восиев, яке дигар аз афроди наздики худи Кенҷаев, ки он замон мушовири давлатии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов буд чанд дақиқа қабл аз вуқӯи террор ба телефони кории ӯ занг зада ӯро бо исрор барои «як гапи муҳим» ба маҳалли ҳодиса ба микрорайони 82 даъват мекунад. Кенҷаев меравад вале дар ҷои вохӯрӣ бо Восиев ӯро афроди номаъулм бо ронанад ва як муҳофизаш ботири туфанг мекушанд.

Шералӣ Кенҷаев, яке аз фарзандони Сафаралӣ Кенҷаев солҳо баъд дар як суҳбати матбуотиаш мегӯяд:

«тӯли ин ҳама солҳои баъди фоҷеа мақомоти тафтишотӣ танҳо як маротиба ӯро даъват ва мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд. Оқои Шералӣ гуфт, ки дар он вақт муфаттиши кумитаи амният акси се нафар аз афроди мазнун дар ин кушторро манзур кард, ки сокинони вилояти Хатлонанд ва гӯиё аз пайравони афсари шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев будаанд. Аммо, афзуд оқои Шералӣ, ин фарзия боварибахш набуд. Чаро ки худи падари ӯ қабл аз террор бо нашри изҳороте расмӣ аз масъулони кумитаи амнияти миллӣ хоста буд, то аз таъқибу назорати ӯ даст бардоранд».

Аммо солҳо баъд мақомоти тоҷик дар куштори С.Кенҷаев Абдуҳалим Назарзода, мулаққаб ба «ҳоҷӣ Ҳалим»,муовини вазири дифоъ ва дар гузашта аз фармондеҳони неруҳи низоми оппозитсион ва давлати Эронро дар сарпарастии ин террор муттаҳм карданд.

Вале воқеият ин аст ки Раҳмонов Кенҷаевро барои онки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ҳамчун рақиби вай ширкат накунад аз байн бурд. Кореро, ки Раҳмонов аз оғоз ва то ба имрӯз анҷом дода истодааст: куштори бераҳмонаи рақибон ва опонентҳои сиёсӣ ва чеҳраҳои шинохта дар кишвар буд ва то ҳозир идома дорад. Аммо,инки Кенҷаев сабаб шуд, ки Раҳмонов ба қудрат бирасад, воқеиятест бебаҳс…..

Метавонем паҳлуҳои зиёди дигар аз ҳаёти аҷибу ғариби Сафаралӣ Кенҷаевро тақдим намоем. Аммо ,то инҷо иктифо менамоем ва матлабро тулонитар намекунем.

Матлаби дигари мо яке аз муҳимтарин ҳолатҳои ҷолиби дигарест,ки барои мардуми ноогоҳ хело муҳим аст. “Чаро Узбакистон пушти Раҳмоновро гирифту баъд пушаймон шуд?” Бо “Ислоҳ” бошед,то ба ин шакл тағйир ёфтани ҳолатро ба хубӣ фаҳмеду аз шахсияти “Пешво”и миллат огоҳтар гардед!.

Share This Article