30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №24

Ислоҳ нет

Табаддулоти давлатӣ дар иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб аз тарафи кӣ анҷом шуд?

 (бахши бисту чорум)

Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоб дар Хуҷанд аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома кард, амалан табаддулоти давлатӣ буд, на як маҷлисе, ки дар кишвар қонуният ва ҳокимияти конститутсиониро рӯйи кор оварда бошад. Дуруст аст ки ин иҷлосия дар шароити рӯёрӯӣ миёни неруҳои милливу демократӣ, ки бо ҳукумати вақт канор омада Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ташкил дода буданд ва ёғиёну осиёни ин ҳукумат-Фронти халқӣ, ки аз тарафи Русия ва Узбакистон, ду қувваи аҷнабӣ пуштибонӣ ва ҳидоят мешуд, баргузор гардида дар ниҳоят мебоист, ба ин ду ҳокимияти хотима мебахшид. Аммо воқеияти таассуфбор барои давлати навпо ва бахусус неруҳои милливу демократии истиқлолхоҳ ва ватандӯст ин буд, ки Фронти халқӣ ба ҳокимият рӯи шонаҳои ана ҳамин қувои аҷнабӣ ташкил шуду омад. Ва,чи омадане?!

Ин иҷлосия вз оғоз то ба анҷом таҳти мили силоҳ ва ҳатто тонку тӯп ва чархболҳои Русияву Узбакистон, ҷараён гирифта ва шумори қобили мулоҳизаи депутатҳои халқӣ  амнияти физикӣ надоштанд. Қасди боздошту дастгир кардани ин депутатҳо дар Хуҷанд   барои он татбиқ нашуд, ки ҳоло Эмомалӣ Раҳмонов Душанбе наомада ва Душанбе дар дасти неруҳои оппозитсия қарор дошт ва дигар ҳам инки қумандонҳои ҳарду тарафи ҷанг даъват ва маъракаи Оши оштӣ низ баргузор шуда буд. Аммо инки ин табаддулотчиён дастури забти ҳукуматро якҷо ва ҳамзамон бо боздошт ва ҳатто маҳви ҷисмонии мухолифин дар барномаи амал доштанд, воқеият буд. Хуб, ҳоло бигзарем ва биоем ба паҳулҳои ҳуқуқӣ, саҳеҳтараш аъмоли хилофи қонун ва ҳуқуқ, ки ин ҳокимиятро, ки иддао мекунад «конститусионӣ» аст, ба қудрат нишонд.

Иҷлосияи 16 баъди 1 солу семоҳ аз касби истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд.  Шӯрои Олӣ-депутатҳо, ниҳоде, ки ин иҷлосияро доир кард, моҳи феврали соли 1990, замоне,ки Тоҷикистон яке аз ҷамоҳири Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сосиалистӣ буд, баргузор кард. Аз лиҳози мантиқ ва фалсафаи ҳуқуқ, вақте дигар давлати Шӯравӣ аз байн рафта ва вуҷуд надошт, наметавонист Шӯрое, ки дар замони он ташкил шудааст, ниҳоди давлатӣ бошад. Барои ҳамин буд, ки неруҳои милливу демократӣ ва Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар садади баргузории интихоботи парламенти Тоҷикистони мустақил буданд ва қарор шуда буд, ки моҳи декабри 1992 он баргузор мешавад. Яке аз мухолифатҳои асосӣ, балки мухолифати аслии Русия ва бахусус Узбакистон эълони ҳамин интихоботи декабрии парламенти Тоҷикистон буд, ки бидуни шак аксарияти мутлақи курсиҳои онро намояндагони неруҳои нави милливу демократӣ:-Ҳизби демократ, ҳизби наҳзати исломӣ, созмону ҷунбишҳои мардумии «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» ва рушанфикрону дигарандешон ишғол мекарданд. Роҳбарияти Узбакистон-Ислом Каримов ҷиҳати пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти таҳаввули дар ҳоли анҷом дар Тоҷикистон Фронти халқиро мусаллаҳ карда ва Иҷлосияи 16-ро маҳз дар Хуҷанд доир кард, то аз баргузории интихоботи парламентӣ ҷилавгирӣ кунад. Зеро, вай бими ҷиддӣ дошт, ки парлумонро тасоҳуб ва ташкил кардани неруҳои нави милливу демократӣ дар Тоҷикистон ҳатман ба ҳамтоёни узбаки онҳо таъсир мегузорад.

Устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ҳанӯз ба ҳангоми муҳоҷират дар Афғонистон дар як муроҷиате ба мардуми Тоҷикистон гуфта буд:

 «Бегонагон барои аз байн бурдани Ҳукумати эътилофӣ-Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, Иҷлосияи Шӯрои Олиро бе ҳеҷ ваҷҳ ба Хуҷанд бурданд. Ва дар онҷо бо роҳҳои ғайриқонунӣ, зери мили силоҳ режими кунуниро рӯи кор оварданд.»  27.09.1994. аз Муроҷиатномаи С.А.Нурӣ, раҳбари Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба унвони мардум аз Афғонистон.Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо».Москва «Трансдорнаука».1997

Бӯрӣ Карим, собиқ муовини Раиси Шӯрои Вазирон ва раиси Кумитаи давлатии  банақшагирии Тоҷикистон замони шӯравӣ дар китобаш «Фарёди солҳо», ки як асари ҷомеъ ва мудаллал аст низ таъйид мекунад, ки Иҷлосияи 16 ин як табаддулоте буд, ки бо дасти хоҷаҳои хориҷӣ анҷом дода шудааст:

«Ҳукумати мусолиҳаи Миллӣ, раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери фишори Фронти Халқӣ, намояндагони ИДМ, генералҳои Русия ва Ӯзбекистон маҷбур шуд 26 октябри соли 1992 аз истеъфои  худ эълом бидиҳад. А.Искандаров ҳамчунин ҳамзамон ба он шарт ҳам ризо шуд, ки дар рӯзҳои наздик сессияи 16-умро дар Хуҷанд даъват мекунад. Воқеан, дигар илоҷ надошт. Роҳи оҳан, роҳи мошингард, роҳҳои ҳавоӣ аз ҷониби абарқудратҳое, аз вуҷуди эҳтимолии идеологии исломӣ хатар эҳсос карданд, баста шуда буд.

      Пойтахт-Душанбе ҳадафи ҳазорҳо мил силоҳҳои марговар-танк,БТР,БМП, «Град», пулемёт, автомат…. самолет ва вертолетҳои қиркунанда қарор дошт. Ба шаҳр хавфи гуруснагӣ ва вабо таҳдид мекард… Умуман, ҳукумати Тоҷикистон дар таҳти шадидтарин фишор, балки дар ҳалқаи оташ қарор гирифта буд. Бо вуҷуди чунин танг будани ҳалқаҳои оташноки  вақт ҳукумати А.Искандаров барои раҳоӣ аз варта талошҳо мекард, вале ба натиҷаи дилхоҳ расида наметавонист. Бо ибтикори ӯ таъсис кардани Шӯрои давлатӣ ба ҳайати он шомил кардани фармондеҳи дивизияи 201-и Русия М.Ашӯров, намояндаи бонуфузи Хуҷанд А.Абдуллоҷонов аз ҷумлаи талошҳои боз ҳам бенатиҷа ба шумор меравад.

  Хуллас, даъвати сессияи 16-и Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд сад дар сад аз роҳи зӯрӣ, силоҳ ва таҳдид ба марг воқеъ гардид.» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо» .Москва, Трансдорнаука.1997

Аммо Абдулмаҷид Достиев, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия сари қудрат омада ва нафари дуввуми Тоҷикистон шуда буд мутмаин аст, ки Иҷлосияи  Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифт ва ҳокимяти қонуниро сари кор овард:

«Ман бошам Иҷлосияи 16, даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олиро табаддулот неву инқилобе барои асолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва худхурӣ, баровардани миллат ва нигаҳдории давлати баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав ташаккулёфтаи мо мешуморам.» Абдулмаҷид Достиев. «Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо».Душанбе «Ирфон» -2003

Давлати Усмон, ноиби сарвазири пешин ва аз иштирокдорони Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон мегӯяд, он давра давраи бедории на танҳо зиёиёну рушанфикрон, балки айни авҷи фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои навзуҳур буд, ки дар пушт дастгирии оммаи васеъи мардумро доштанд ва ин водор мекард, ки ин амвоҷи пурталотум мудирият бишавад. Ҳадафи ташкили Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва мушорикат дар қударти сиёсӣ ин буд, ки ин ҳама таҳаввули иҷтимоӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ дар парлумон ва ҳукумат мунъакис бишавад, вале қудратҳои зинуфуз мавонеи ин дигаргунӣ шуда ва корро то ба Иҷлосияи 16 ва барандохтани ин ҳукумат ва ҳамин тавр нобудии ормонҳои неруҳои навгаро расониданд:

  «Бо ба саҳнаи сиёсӣ омадани ҳаракатҳои озодихоҳу демократӣ ва якҷо шудани онҳо бо неруҳои мазҳабие, ки ҳадафашон ба даст овардани истиқлолият ва озодии кишвар буд, дар дар августи 1991 як эътилофе дар заминаи ин неруҳо таъсис ёфт. Ҳамаи ин нерӯҳо як ҳадаф доштанд – бо оҳистагӣ, бо роҳи сиёсӣ тағйир додани вазъияти ҳамон вақтаи кишвар, вазъияти сиёсӣ кишвар. Яъне хеле бо тариқи эволютсионӣ батадриҷ дигаргун кардани як ҳокимияти авторитарии ба меросмонда аз замони шӯравӣ. Ва ҳеҷ яке аз неруҳо ҳадафи барандохтани ҳукумати вақтро надоштанд. Ва ҳамаи тазоҳуротҳо ва ҳамаи намоишҳое, ки дар он вақтҳо сурат мегирифт бо талабҳо ва дархостҳои баргузории як интихоботи озоду шаффофу демократӣ буд. Бояд бигӯем интихоботи соли 1991 ки дар он Раҳмон Набиев раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд, то як андозае хеле демократӣ буд, бо вуҷуди ҷой доштани қонуншиканиҳо. Аммо мутаассифона иқдомоти ин ҳукумат, яъне гомҳои аввали оқои Набиев баъди ба сари қудрат омадан, ки бо таъқиб ва саркӯбии мухолифин оғоз шуд, мувоҷеҳ ба эътирози ин неруҳо ва ба вуҷуд омадани гирдиҳамоии хеле дурудароз ва дар ниҳояти амр агар воқеиятро бигӯем, сабаби суқути ҳукумати ӯ гардид. Он замон аксарияти роҳбарияти мухолифин суқут додан ва гирифтани қудратро ҳадаф надоштанд. Лекин баъзе аз роҳбарони он вақта нуқтаи назарашон чунин буд, ки баъд аз ин гуна нотавонӣ Набиев дигар наметавонад ҳукумат биронад. Ва бояд ҳукумати Набиев барандохта шавад ва як Шӯрои давлатӣ ё ки Шӯрои инқилобӣ ташкил дода шавад. Аммо дар дохили оппозитсион аксарият бар он буданд, ки бояд ҳукумат барандохта нашавад ва оқои Набиев сари вазифа бимонад. Зеро дар ғайри сурат боиси ташвиши кишварҳои хориҷӣ, Русия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд. Чунки неруҳои тозабунёди сиёсӣ бо онҳо ноошно буданд».

Акнун пурсиш ин аст, ки чи тавр Шӯрои Олӣ -ниҳоде,ки давлати ташкилкардаи он, яъне СССР вуҷуд надорад, амал мекунад ва ҳукумат ташкил медиҳад ва он ҳукумат боз «конститутсионӣ» ном бурда мешавад? Давлат-Шӯравӣ- вуҷуд надорад, аммо ниҳоди сохтаи он амал мекунад? Ин ниҳод магар қонунӣ аст? Ҳоло масъалаи онки худи интихоботи ин Шӯрои Олӣ, ки дар вазъияти фавқуллода ва сооти комендантӣ яъне ниманизомӣ доир шударо сарфи назар мекунем.

Аслиддини Соҳибназар, депутати халқӣ аз фраксиони демократии Шӯрои Олӣ низ бар ин бовар аст ки ин Шӯрои Олӣ дигар аз лиҳози ҳуқуқӣ ва қонунӣ кадом салоҳият ва ваколат надошт, чун давлати матбуъи он аз байн рафта буд. Аз инҷо буд, ки роҳи ягона баргузории интихобот ва парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол буд:

«Ба ибораи дигар гӯем, сарварони имрӯзаи ҷумҳурӣ, ки аксаран дар Хуҷанд соли 1992 дар парлумони коммунистӣ, ба таври ғайридемократӣ интихоб шуда, ба сари мансабҳо омаданд, гӯё аз оғози фаъолияташон давлати демократии дунявӣ месозанд. Вале ҷанг ҳамоно идома дорад. Чаро? Ба ин суол ман ҷавоб намедиҳам ва аз мақсадам боз қафо гашта мехоҳам хонанандагони худ ба ин суол ҷавоб диҳанд. Агар онҳо руйдодҳоро дуруст таҳлил кунанд, худо хоҳад, ин ҷавобро меёбанд. Аммо ҷавоб, таҳил ва хулосаи ман ҳамин аст. Парлумон бояд дигар мешуд…..»  Аслиддини Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш» китоби дуввум.Душанбе-2000

Ҳолати дигар, ки бар табаддулот будани ин Иҷлосия далолат мекунад ин аст ки баргузории он аз тарафи Русия, фирқаи 201-и он бо зӯри силоҳ бор карда шуд. Ин тавр набуд, ки амсоли бақия иҷлосияҳо Раёсати Шӯрои Олӣ онро даъват карда бошад. Онро генерали артиш Эдуард Воробёв, ҷонишини фармондеҳи неруҳои хушкигарди Русия дар қароргоҳи фирқаи 201, баъди ҳамлаи С.Кенҷаев бо пуштибонии вазорати мудофиаи Узбакистон дар 24 октябри соли 1992 ба Душанбе болои Акбаршо Искандаров, раиси онрӯзаи Шӯрои Олӣ маҷбурӣ ва бо таҳдиди ошкоро бор кард. Ин дуруст ҳамон табаддулоти низомие буд, ки Сангак ва Фронти халқии он дар сангарҳо пеш мебурд ва Русия болои ҳукумати вақти Тоҷикистон бор кард, то гуруҳи тарафдорони худашро аз шумори мардуми тоҷик сари қудрат оварад.

Куштори Ҷиёнхон Ризоев ва овардани Эмомалӣ Раҳмонов ба раёсати вилояти Кулоб ҳам дурусту дақиқ яке аз чораҳои ҳамин барномаи табадддулоти низомӣ буд, чун Раҳмонов ҳам ҳамшаҳрии Сангак буд ва ҳам бо неруҳои нав бисёр ҳам оштинопазир ва аз ҳама асосӣ депутати халқӣ буд, ки метавонист раиси Шӯрои Олӣ бишавад. Аммо, бар тибқи Қонуни асосӣ ва қонуни худидораи маҳаллӣ дар он замон низ нафар бо фармони раиси давлат ба мақоми раёсати вилоят мансуб ва сипас аз сӯи вакилони халқи вилоят, яъне маҷлиси намояндагони мардумӣ дар вилоят таъйид ва ё рад карда мешавад. Эмомалӣ Раҳмонов бидуни фармони раиси ҷумҳурӣ раиси вилояти Кулоб таъин шудааст, ки ин ҳам ишорат ба ғайриқонунӣ омадани он ба қударт далолат мекунад.

Аммо муҳимтарин далеле, ки метавонад тасбит кунад, ки дар ин Иҷлосия дар ҳақиқат табаддулот сурат гирифт аз байн бурдани идораи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамин тавр ба истеъфо фиристодани Раҳмон Набиев аст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки Раҳмон Набиев аслан истеъфо додан намехост. Ӯро маҷбур карданд ва ҳатто депутатҳои кулобӣ ба ӯ ошкоро гуфтанд, ки чаро мо ҷанг бикунему ҳукуматро бигирему бо ду дасти адаб оварда ба шумо бидиҳем? То кунун матни истеъфои Набиев дар иҷлосияи Шӯрои Олиро касе надидааст. Гап дар инҷост, ки Шӯрои Олӣ ин ҳақ ва ҳуқуқро надошт, ки раиси ҷумҳури мунтахби мардумро, ки аз роҳи раъйпурсӣ бар сари кор ояд аз мақом маҳрум кунад. Дуруст аст ки ӯро зери мили силоҳ водор ба истеъфо карда буданд. Аммо вай худаш  ҳоло мехост кор кунад. Наҳваи барканории он дар Иҷлосияи 16 ҳам комилан ғайриқонунӣ ва табаддулоти маҳз буд. Иҷлосия танҳо дар он ҳолат метавонист, ки ӯро барканор ва истеъфо фиристад, ки ба вай нобоварӣ зоҳир карда, марҳала ва шароити импичменти ӯро бо тарафдории аз се ду ҳиссаи депутатҳо гузаронида бошад. Шӯрои Олӣ ин корро накарда буд. Яъне ӯро дар бекифоятӣ, корношоямӣ муқассир хонда бошанд. Дар ҳоле, ки парлумон чунин меъёру қоидаҳои ҳуқуқиро ба иҷро нагузошта буд. Сабаби асосӣ ин буд, ки Раиси ҷумҳурӣ дар оянда даъвои курсӣ накунад, чун дар воқеъ бар манбнои қонун ин ҳақро дошт, ки даъво бикунад.

Аз тарафи дигар вай мегуфт, ки ман сиҳату солимам ва маро мардум интихоб кардааст ва ман кор кардан мехоҳам, аммо, чуноне мебинем барнома дигар буд ва касе ҳам дар фикри онки дорад табаддулот ба амал меояд, набуд. Аз ин ҷиҳат ба таъйиди ҳуқуқшиносон истеъфои Раҳмон Набиев дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ бар хилофи Қонуни асосӣ сурат гирифта буд. Шӯрои Олӣ ин ҳақро надошт, ки раиси ҷумҳурии мунтахаби мардумро аз мақом барканор кунад.

Чизе дигар, ки бояд таъкид бикунем ин аст ки раиси ҷумҳурӣ дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузида шуда буд ва вай мисли депутатҳои Шӯрои Олӣ дар СССР интихоб нашуда буд. Ҳоло акнун ин тарафи масъаларо ҳам биандешед, ки чи гуна як ниҳоде, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ амали он ба охир расидааст, ҳеҷ мақоми расмие наметавонад бошад, чун пояҳои қонунӣ ва ҳуқуқӣ надорад, чи гуна як раиси ҷумҳурӣ ва ҳамин тавр идораи президентиро, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ интихоб шудааст, танҳо мақоми олӣ ва ниҳоди легитимии кишварро ба истеъфо мефиристад ва аз байн мебарад?

Нуктаи дигар ин аст , ки Эмомалӣ Раҳмонов дар вазифаи раиси Шӯрои Олӣ бидуни алтернатив интихоб шуд, ки ин низ мақоми ҳуқуқи вайро таҳти суол бурдааст. Дар ҳар сурат Иҷлосияи 16 –и Шӯрои Олӣ як ҷаласаи бар мабнои ҳуқуқ набуд, он як табаддулоти сиёсӣ-низомӣ буд. Аслиддини Соҳибназар аз истифодаи таъбири табаддулоти давлатӣ дар нисбати Иҷлосияи 16 истиҳола накардааст:

   «Вақте ки қонун ба мансаб иваз мешавад, сулҳ барқарор намегардад. Чунин давлатҳо давлати тоталитарӣ ном мегиранд. Таъсису шикасти он ба ҷанг, ба ғалабаи навбатии гурӯҳҳои мансабдор марбут аст. Ҷаласаи Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд, ки имрӯз гӯё ҷаласаи таърихӣ муаррифӣ мегардад, барои мансабдорони пеш ва ба тозагӣ таъин шуда, ин табаддулотро қонунӣ гардонд.»  Аслиддин Соҳибназар «Субҳи ситоракуш».китоби 2.Душанбе-2000

Дар матолиби қаблӣ аз онки вакилони кулобӣ дар оғози  кори иҷлосия рӯирост ба табаддулот зада ва ғайриқонунӣ раёсати иҷлосияро бар ӯҳда гирифта буданд, гуфта будем. Лозим ба тазаккур аст, ки худи ҳамин ҳолат ва далели муваҷҷаҳ аст ки бигӯем, ки онҳо-депутатҳои вобастаи “Фронти халқӣ” барои анҷоми табаддулот аз ҳеҷ амали ҳатто зидди қонун ибо намеварзиданд. Абдулмаҷид Достиев иқрор мекунад, ки он вақт иштибоҳ карда буданд:

  «Маҷлисро ба ҳайси раисикунанда вакили куҳансол Ҳабибулло Табаров пеш бурд. Ва ӯ ҳамагӣ дар муҳокимаи як ё ду масъала раисӣ кард. Ҳамаи мо, ҳарчанд дар сангарҳои мухталиф қарор доштем, чун фарзандони як миллат, ба хулосае омадаем, ки бояд қонуншиканӣ накунем ва талаботи Конститусияро риоя намоем. Ҳоло ки раиси интихобкардаи Шӯрои Олӣ ҳузур дорад, Иҷлосияро бояд худаш пеш барад. Ин як гардише буд дар ҳамон иҷлосия ва минбаъд Акбаршо Искандаров ба Иҷлосия раисӣ кард». Абдулмаҷид Достиев. «Ситораи фардо». Душанбе «Матбуот» -2006

Инҷо боз ҳам як иқтибосе аз сӯҳбатҳои яке аз қумандонҳои ҷонибдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ Полковник Камолиддин Шарифзодаро меоварам, ки ба намояндагӣ аз ҷавонони Душанбе ва ВКД Тоҷикистон дар он иҷлосия ширкат дошт. Вай дар як сӯҳбате дар ду соли пеш гуфта буд, ки вақте аз ҳавопаймо дар Хуҷанд пиёда шуд, пай бурд, ки ин иҷлосия таҳти назорати ҳарбиён баргузор мешавад ва ҳиҷ хайреро наметавон аз он барои миллат ва мардуми тоҷик умедвор буд:

  «Рӯзи 27-уми ноябри соли 1992 тахмин соатҳои10-11 ба самолёт нишаста ва ба самти Хуҷанд парвоз намудем. Бовар кунед, баъд аз фуруд омадан дар шаҳри Хуҷанд мо як даҳшатеро дидем. Даҳшат дар он буд, ки вақте ба мошинҳо савор шудем ва аз майдони ҳавоӣ ба самти Қасри Арбоб ҳаракат намудем, дар ду тарафи роҳ гӯё девор бошад. Аз майдони ҳавоӣ то Қасри Арбоб, дар ду тарафи роҳ аскарҳои Узбекистон, танкҳо ва зиреҳпӯшҳоро қатор гузошта буданд.На парранда бол метавонист занад, на хазанда   хазад. Суханони дӯстонам ба ёдам омад ва ба худам гуфтам, ки ин нафасҳои охирини мо мебошад, ба дом афтодем. Вақте ки мо ба Қасри Арбоб расидем, ҳанӯз,ки аз мошинҳо берун нашуда будем моро ба дигар самт бурданд.»

 Абдумалик Абдуллоҷонов, ки дар ҳукумати ҷадиди интихобшуда дар Иҷлосияи қасри Арбоб раиси Шӯрои вазирон интихоб гардид солҳо баъд эътироф кард, ки иҷлосия дар қасри Арбоб таҳти фишору таҳдиди берунаҳо доир мешуд ва онҷо қарорҳое қабул шуданд, ки дар ҳақиқат ҳам ғайриқонунӣ буданд:

“Агар сессия на дар Кохи Арбоб, балки дар Хуҷанд баргузор мешуд, эҳтимол он қарорҳое, ки дар он ҷо қабул шуданд, дар ин ҷо амалӣ намешуданд. Ман аввал бо қарори президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ва баъдан, дар ҳамон сессияи 16-ум дар Арбоб бо қарори Шӯрои олӣ сарвазир интихоб шудам. Ман на ҳамчун намояндаи шаҳри Хуҷанд, балки ҳамчун намояндаи насли нави раҳбарон, ки дар шароити нав тавонистанд худро муваффақ намоиш диҳанд, интихоб шудам. Ман танҳо набудам. Сайфиддин Тӯраев аз раҳбарони хуби иқтисоддон буд. Шояд масъулини сессияи 16-ум зодаи Хуҷанд будани маро ба назар гирифта бошанд, вале ҳоло касе ба ёд намеорад, ки ман ва аъзои ҳукумат чанд бор ба нишони эътироз маҷлисгоҳро тарк кардем ва ба қабули баъзе қарорҳо муқовимат нишон додем. Эмомалӣ Раҳмоновро дар Арбоб ба сари мардуми мо ҳамчун раҳбар таҳмил кардем. На ман, на Акбаршоҳ (Искандаров) аз ин барнома иттилои пурра надоштем. Барканор намудани Раҳмон Набиев, бекор намудани сохти идории президентӣ ва чанде дигар аз қабили қарорҳои ғайриқонунии ҳамон иҷлосия буданд. Барои ҳамин, Раҳмоновро аксари давлатҳо (он замон) ҳамчун раҳбари легитимӣ эътироф намекарданд. Бо вуҷуди ин, агар сулҳ барпо мешуд, агар дар Тоҷикистон тоҷиккушӣ авҷ намегирифт, агар ҳукумат побанди худи Раҳмонов намешуд, иҷлосияи 16-умро тақдирсоз мегуфтем. Аммо баръакс шуд.”

Абдуллоҷонов дар ҳамин сӯҳбати расонаияш боз ба яке аз мавориди таъйидкуннада ба табаддулот будани ин иҷлосия ишора карда ва ҳамзамон ин шоеъаҳоро, ки Сафаралӣ Кенҷаевро кӣ дуздида буд, бартараф карда ва бо як тасдиқи зимнӣ рӯшан мекунад,  ки ин кори дасти худи Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамроҳони вай буд. Чун Кенҷаев метавонист даъво пеш оварад:

“Сафаралӣ ҳуқуқдон буданд ва табаддулотчиён аз ӯ метарсиданд. Шояд Кенҷаев бозигари ботаҷриба набуданд, лекин марди бошуҷоат ва принсипнок буданд. Вақте бар хилофи Конститутсия институти президентиро барҳам доданӣ шуданд, он гоҳ Сафаралиро гум карданд. Шунидам, ки он кас инро дар китобашон ишора карданд, лекин ман онро нахондам. Лекин Кенҷаев ба қумандонҳои саҳроии Фронти халқии на фақат Кӯлоб, балки Ҳисору Шаҳринав, Турсунзода ва ғайра низ таъсир доштанд. Агар ихтиёр дар дасти Фронти халқӣ мебуд, он вақт Кенҷаевро дар вазифаи раиси Шӯрои олӣ аз нав интихоб мекарданд.”

 Бо онки аксарияти паҳӯҳишгарони дохилию хориҷӣ мегуянд дар қасри Арбоб табаддулоти давлатӣ ба амал бароварда шуда буд, ба сардамдорони режим, табъан, ки маъқул намешавад. Хок бар сарашон. Вале, бадбахтӣ ва шӯри пешонии миллат ин буд, ки ин табаддулотгарон ба ҷуз аз қаламрави ишкам ба чизе дигар фикр намекарданд, накарданд ва ҳоло ҳам ҳамин тавр аст. Давлати навпои тоҷик дар оғози кори худ ба дасти ҳамин тоифаи пасту палид афтод ва шӯрбахтона онҳо то ба ҳоло ҳам шарру шӯри худро болои ин миллат андохтаанд.

Ҳаводиси ноябри соли гузашта ва майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтор куҳистони Бадахшон далели раднопазири гуфтаҳои мост. Дар воқеъ ин иҷлосия ба мисли як субҳи козиб буд ва ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон:

 “Бадбахтиҳои мардум аслан баъд аз интиҳои сессияи 16 шурӯъ шуда буд. Мутаассифона, дар ин бора талош мекунанд, ҳақиқат пинҳон монад ва ё ҳатто баракси онро мегӯянд.”

Поёни қисмати бисту чоруми ин силсила матолиби мо ва қисмати бисту панҷуми моМулло Ҳайдар Шарифзодаро чаро «Муллои ЦК» мегуфтанд ва чи нақше дар ҳаводиси солҳои 90 дошт?мебошад. Ин қисмат ҳам хело муҳим аст, хоссатан барои онҳое ин муллои зери остин мордоштаро намешиносанд ва то имрӯз ба иғво машғул аст….

Share This Article