30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия? №25

Ислоҳ нет

Мулло Ҳайдар Шарифзодаро чаро «Муллои ЦК» мегуфтанд ва чи нақше дар ҳаводиси солҳои 90 дошт?

 (бахши биступанҷум)

 Мулло Ҳайдар Шарифзода, собиқ депутати халқӣ ва қозии вилояти пешини Кулоб дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд ҳузури назаррас ва фаъол надошт, агарчи дар ҷаласаҳои парлумон дар Душанбе аз соҳибсуханони асосӣ ба шумор мерафт. Вай, албатта, аз онки рақибе чун ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар толор надошт ва Тоҳири Абдуҷаббору Аслиддини Соҳибназар ҳам дар ба навбати паси баландгӯҳо камтар меистоданд, розӣ ва қонеъ буд аз рафти ҷаласоти он. Бахусус, ки дар ин  иҷлосия ва дар умум худи Шӯрои Олӣ дар тасарруфи ҳамаслакону ҳамяроқонаш даромадааст, хеле хушҳол буд ва дигар миссияе надошт, то анҷом диҳад. Аммо, чуноне тазаккураш рафт, он мулло Ҳайдаре набуд, ки бар фарзи мисол дар моҳи майи соли 1992 дар минбари гирдиҳамомадагони майдони Ленини Кӯлоб ва ё минбари майдони Озодӣ дар Душанбе бошад.

Шоҳидони он иҷлосия мегӯянд, Мулло Ҳайдар вақте гурӯҳи ғолиб кобинаи вазиронро ташкил мекард, барои вазорати равобити иқтисоди хориҷӣ номзадии Акбаршо Искандаровро пешбарӣ кард, ҳамроҳ бо Сафаралӣ Кенҷаев сахт мухолифат намуд:

  «Таклифи маро депутат Муллоҳайдар Шарифзода дастгирӣ намуда гуфт:

-Имрӯз кӣ будани Акбаршоҳ Искандаров ба халқи ҷумҳурӣ маълум аст ва ӯ ҳуқуқи маънавии соҳиби мансаб шудан надорад.» С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон». китоби 2. Тошканд.

 Ҳамчунин вақте дар бораи парчам баҳсҳо бархост мулло Ҳайдар аз шумори ахтарони даври тоҷ ибрози норозигӣ кард ва дар пайи эътирози вай шумораи ситораҳои ҳошияи тоҷ иваз карда шуд.

Вале мулло Ҳайдар, боз ҳам такрор бишавад, он вакили фаъоли иҷлосияҳои пешина набуд. Рӯзҳое, ки Сангак Сафаров ва шуморе дигар аз қумандонҳои “Фронти халқӣ” ба ин иҷлосия меоянд, мулло Ҳайдар як вазъи гирифта ва риққатборе дошта сарашро боло карда наметавонистааст. Чунки чанде пештар Сангак ҳукми эъдоми ӯро, баъди бозгашт аз Душанбе, баъди шикасти майдони Озодӣ, ки мулло Ҳайдар аз ташкилкунандаҳои асосии он ба ҳисоб мерафт, содир карда ва танҳо мудохила ва подармиёнии чанде аз шахсиятҳои дар Кулоб бонуфуз ва тазаррову надомати худи мулло Ҳайдар боис шуд, ки аз иҷрои ин ҳукм даст бикашад. Вагарна, барои мисол Қурбон Зардаков, яке дигар аз лидерҳои майдони Озодӣ аз ин ҳукм амон наёфт ва бо дастони худи Сангак ба асфалассофилин фиристода шуд. Худи мулло Ҳайдар дар як сӯҳбати расонаияш мегӯяд, ки баъд аз онки аз тазоҳуроти шикастхӯрдаи майдони Озодӣ баргашт, дигар аз саҳна ва сиёсат худро дур кашид:

 «Ҳамон лаҳза, ки мо аз гирдиҳамоӣ дар майдони «Озодӣ» баргаштем, маҷлис шуд ва Фронти халқӣ таъсис ёфт, дигар мо канор рафтем. Дар он ҷо мо дигар нақш надоштем. Ҳамон вақт рӯзномаҳо дар ин маврид зиёд навиштанд, мусоҳибаҳои мо ҳам чоп шуда буд. Ҳамон вақт, ки неруҳои СНГ-ро ронданд, мо низ аз ҷараён ҷудо шудем ва дигар ба ягон кор дахолат накардем.»

Аммо, дар воқеъ ин мулло Ҳайдар, қозии вилояти Кӯлоб буд, ки ба дунболи истеъфои Сафаралӣ Кенҷаев аз мақоми раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон мардуми ин вилоятро «хезонд» ва барқарории Сафаралӣ Кенҷаев ба ҷойи «аслаш»-ро мақсад қарор дод. Он вақт вай шери ғурроне буд, ки халқи Кулобро аз минбари тазоҳурот барои рафтан ба Душанбе даъват ва ташвиқ мекард. Мулло Ҳайдар дар он рӯзи 23 апрели соли 1992 дар минбари гирдиҳамоӣ дар майдони Ленини шаҳри Кулоб дар назди кумитаи иҷроия чунин суҳбатҳо мекард:

«- Сафаралӣ Кенҷаевро ба сари вазифааш мебарорем ва агар лозим бошад хунамонро ҳам дареғ намедорем, 

– То Навҷувону Искандарова ай кор нагиранд, то Кенҷаюф ба ҷош асл нашава, мо мепартоем и хел хомгапора, мо ҳар рӯз даҳ маротиба Душанбе қатӣ гап задестем, чи даркор каллаи мардума гаранг кардан (чаппакзанӣ)

 Барои ҳами ҳам …..илтимос мекунем дар инҷо…дар инҷо….(шӯру ғавғо давом дорад).

  Гапам гум шуд….

 -Ай тарафи прокуратура, ҳам ягон тартибот нашудааст, тартибот мешавад. Халқи азизам, уҷа ҷангкунӣ, ёқагирӣ намерем….уво яроқ доран, мо бе яроқ….мешинем якҷо да. Се рӯза таома ҳамроҳамон мегирем! Якҳафтаина таомро ҳамроҳамон мегирем! Дигар мову шумо савдогар надорем, ки ай қафомон биёян, ай қафомон заводи нон надорем, ки нонмон биёран!

  Ҳамин ҳозир, ҳамин комиҷроия ваъда бта, ки халқашро ба нону намак таъмин менамояд, агар маро қабул кунанд, ҳамин ҳозир брем, пагоҳӣ биёем. Комиҷроия таъин кунад, аз прократура ҳатман одам бошад, аз суд ҳам, аз милиса ҳам! Адвокатҳо бошанд, аз КГБ бошад, ки халқҳо қонунро вайрон накунанд. Агар ита нашава, и халқ дига ҳеҷ вақт на КГБра мебахша, на милисара мебахша, на комиҷроияра мебахшад!  Барои ҳамин ҳам рости гапа бугум, халқи азизам, чи хеле, ки ин бродаро гуфтанд. «Домулло инҷо, ки дузабонаги карда истодаӣ, инҷо чи кор мекунӣ? Рост аст, ки лекин бародарон бубахшанд, некукорӣ карда бошам ҳам барои мачит кардам, хонаву дар нагирифтем, лекин имрӯз аз рӯи адолат талаб мекунем, ки исполком мардума раҳнамоӣ кунад, ҳамчун фарзанди сарзамини бостонию қаҳрамони Хатлон пеш дарояд, миён бандад, қаҳрамонии худашро нишон диҳад. (урра ,чапаказанӣ)

…Корманди орган хушхабар мерасонад, ки гурӯҳи хайрия ташкил шуд ва баъд….-Зарипоф Муродалӣ, намоянда аз Душанбе омадай, унҷа мега ки Душанбе мора 5000 одам интизорай!

  Ҳамаи мо бо Сафарали Кенҷаюфем. (урра, ҳуштакашӣ, чапакзанӣ» Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва «Трансдорнаука».1997

 Мурури навиштаҷоти он солҳо далелҳои раднопазире медиҳанд, ки мулло Ҳайдар тайи рӯзҳои омодагӣ барои сафар ба Душанбе бо тамоми ҳунари воизӣ ба афкори авом мусаллат шуда ва онҳоро ба ҳолате меоварад, ки рафтан ба Душанберо амри ногузир мешуморанд:

  «Мулло Ҳайдар: Иҷа кампиро гуфтайстан, ки мо ҳам мерем, қафо намонем! Бачаҳо, фарзандои азиз, халқи бузургворам! Ҳами митинге, ки дар мачити ваҳҳобиҳо шудаст, халқи Кулоб ин ҷо ҷамъ омадай, вайҳо дар Душанбе доим митинг мекунанд.Биёян, қати халқ гап зананд, онҷо мушакбозӣ накунанд (ҳуштаккашӣ).

Инҷо як мактуб омадай.

«Бобои домулло, аз шумо илтимос мекунем, ки хоҳиши маро рад накунед, ин чор нимчамуллое, ки номи халқи Кулоба паст мекунанд, аз Кулоб бадарға када шаванд. (ура, ура, ҳуштаккашӣ).

  Барои ҳами ҳоли ман узр мепурсам. Агар ҳами мақсади моро худо ҳосил кунад, худо ба ҷони ҳамат баракат бидиҳа, Сафаралӣ Кенҷара дар ҷош барқарор кунем,  баъд ба сари масъалаи инҷа меоем!

  Биёен панҷ панҷара дар даҳан надозем! Ҳаматона худо нигаҳдор боша. Оллоҳ Акбар. Хуш омаден!

«Чароғи рӯз» №26(47) 35-1992. Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо».Москва. «Трансдорнаука»-1997

Манзури муллоҲайдар аз «мактуб», «чор нимчамулло» ва «ваҳҳобиҳо» ҳамин  Мулло Абдураҳим Каримов буд, ки он замон якҷо бо Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар муқобили мулло Ҳайдар қарор дошт. Мулло Ҳайдар ба муътаризин ваъда медиҳад, ки аввал Душанбе меравему Кенҷаевро дар мақомаш барқарор ва сипас ба Кулоб «ба сари масъалаи инҷа меоем».

Нависандаи матлаб дар «Миллат» мегӯяд, ки ин солҳо мухолифати миёни муллоҲайдар ва муллоАбдураҳим ба ҳадде шиддат гирифта буд, ки ҷомеаро ба ду бахш қисмат кард:

    «Дар вилояти Кулоб дар ҳамин асос мунозираи чандинсола байни Муллоҳайдар ва Мулло Абдураҳим давом кард, дертар он характери умумихалқӣ гирифт. Мардум ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ба ду масҷид мерафтанд. Як гурӯҳ ба масҷиди Муллоҳайдар, дигарӣ ба масҷиди «ваҳҳобиҳо», яъне Мулло Абдураҳим…..Ин мухолифат ҳамарӯза шиддат мегирифт. Дар тӯйе, ки Мулло Абдураҳим равад, мулло Ҳайдар намерафт. Дӯсти мулло Абдураҳим душмани Мулло Ҳайдар эълон мешуд. Дар тарғиб ва ташвиқи худ Мулло Ҳайдар бештар такя ба шахсоне мекард, ки байни гурӯҳ нуфузи зиёд доранд.»

Султон Мирзошоев, он замон котиби аввали ҳизби коммунист дар вилояти Кӯлоб он рӯзро ба ёд оварда мегӯяд, ки талош кард мардумро аз қасди рафтан ба Душанбе баргардонад. Ҳамроҳ бо Қурбон Мирзоалиев раиси вилоят болои минбар баромада мехоҳад бигӯяд, ки  аз оқибати ин амали худ биандешанд, аммо мулло Ҳайдар бо дуруштӣ микрофонро аз дасти вай кашида мегирад:

  «Борони шадиди баҳорӣ меборид. Ману Мирзоалиев ба минбар баромадем. Ба гирдиҳамоӣ Мулло Ҳайдар ва С.Сафаров роҳбарӣ мекарданд. Пурсон шудем, ҳадаф аз гирдиҳамоӣ чист? Фаҳмем, мардумро барои ба Душанбе рафтан даъват мекардаанд. Мулло Ҳайдар баландгӯякро ба ман дод.

    -Ҳамватанони азиз! Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии ҷумҳурии мо ба ҳама маълум…..Куҷо меравед? Алайҳи кӣ нияти даст ба гиребон шудан доред?-гуфта будам, ки баландгӯякро Мулло Ҳайдар аз дастам кашида гирифт.»  Султон Мирзошоев. «Дар пайванди ду аср».Душанбе, «Шарқи озод»,2009

Солҳо баъд, вақте ки дигарбора неруҳои милливу мазҳабӣ бо ҳукумати Раҳмонов созиш ва қудратро ҳисса карда аз ҳиҷрат баргаштанд, мулло Ҳайдар дар посух ба саволи хабарнигори «Миллат» дар мавриди ҳамин сӯҳбатҳои марҳум Мирзошоев талош мекунад, ки худро ба навъе табраа кунад:

«-Шояд ҳам ин то як андоза воқеият дошта бошад. Зеро он ҷо дигар амр дар дасти издиҳом буд. Мардум нороҳат шуда буд ва инро талаб дошт. Ман бо амри издиҳом, ки аксарият буданд баландгӯро гирифтам ва қисман гуфтаҳои Мирзошоевро ҷонибдорӣ ҳам кардам, аммо издиҳом инро қабул надошт ва нагузошт. Мо таҳти фишори издиҳом будем.»

Вале, воқеият ин буд, ки мулло Ҳайдар як руҳонӣ ва як депутати халқии ҳаводор ба низоми ҳоким ва коммунистон буд ва аз инҷо буд, ки ӯро он солҳо «муллои ЦК» лақаб дода буданд. Вай, дар он шабурӯзҳо, ки ҳукумати коммунистии Раҳмон Набиев зери фишори неруҳои нави сиёсӣ маҷбур ба тақсими қудрат шуда буд, бо дастур ва хоҳиши ҳамин ҳукумат мардуми Кулобро барои ҳимояти онҳо шӯронд.

Сангак Сафаров, яке дигар аз лидерҳои майдони «Озодӣ» вақте дар Душанбе ба асорати неруҳои мардумӣ даромад, иқрор мекунад, ки маҳз бо ташвиқ ва исрори мулло Ҳайдар мардумро ба гирдиҳамоӣ фаро хонданд:

 «…пришел ко мне Мулло-Хайдар и сказал, что Сангак, Родина в опасности. Мы вместе Мулло-Хайдаром пришли на плошад, где собралас народ. Меня звал Мулло-Хайдар, когда народ пришел в своей вступлении Мулло-Хайдар обратился к народу и сквазал что в г. Душанбе переворот. Родина в опастности. Люди стали приходит. Объяснили, что в Восе, Московский, Пархар идут митинги, в Дангаре передали, что идет 6-и тисячний митинг.»  Бӯрӣ Карим. «Фарёди солҳо». Москва «Трансдорнаука».1997

Рустами Абдураҳим, раиси созмони «Ошкоро» ва аз роҳбарони дигари майдони «Озодӣ» ҳам, ки якҷо бо Сангак ба асорат афтода буд, таъйид мекунад ӯро мулло Ҳайдар ба митинг овард. Афзун бар ин Рустами Абдураҳим мегӯяд, ки ин мулло Ҳайдар буд, ки таъминоти митингчиёни майдони «Озодӣ» дар Душанберо бо масъулон бар ӯҳда дошт:

«Мулло Ҳайдар мегуфт, ки республика дар хатар, ваҳҳобиҳо ба сари ҳокимият меоянд, мо бояд рафта дар Душанбе республика ва парламентро муҳофизат мекунем…..

  ….Баъди боридани боронҳои пайдарҳам бо дархости худи мо раиси савдои ҷумҳурӣ ба назди мо (майдони «Озодӣ») омаданд ва бо хоҳиши мо ба мо калуч, ҷуроб, ботинка ва дигар чизҳои барои мо лавозимот пешкаш карданд ва намедонам, ки ин чизро бо пул хариданд ё бе пул ба ин мулло Ҳайдар мутасаддӣ буд.»Бӯрӣ Карим.«Фарёди солҳо».Москва «Трансдорнаука».1997

Худи Ҳайдар Шарифзода баъдҳо иқрор мекунад, ки ӯ ба хотири ҳимоят аз ҳукумати онрӯза ба Душанбе омад ва дар майдони Озодӣ тазоҳурот барпо карданд. Вай ба ин саволи хабарнигор, ки мепурсад ҳукумати онвақт арзишашро дошт, ки барояш тазоҳурот барпо бишавад ва ҳимоят кунанд чунин посух медиҳад:

«Шояд ин арзиш вуҷуд дошт, ки бояд аз ҳукумат ҷонибдорӣ шавад, аммо ин беҳавсалагӣ ва камҷуръатии ҳукуматдорон буд, ки боис шуд низоъ бархезад. Шояд он вақт мехостанд бо роҳи осоишта ва мадоро зимоматро ба даст бигиранд, аммо дер шуда буд, нируҳои беруна ба зеҳниятҳо таъсир гузошта буданд ва майнаи мардум заҳролуд шуда буд, дигар баҳси мадоро аз байн рафта буд. Танҳо тадбири дуруст ва ба мавқеи роҳбарият метавонист роҳи ин ҷараёнро банд андозад. Роҳи дуруст ин мувофиқ ба вазъи ба вуҷуд омада, амал кардани роҳбарият буд, ки мутобиқ ба ҳамон фишорҳо неру ва посух лозим буд, ки ҷомеа ором бигирад. Роҳи ҳамдигарфаҳмиро хостанд, вале ин фурсат аз даст рафта буд ва ҳукуматдорон дар ин вазъият раҳгум зада буданд.»

 Мулло Ҳайдар Шарифзода дар ибтидои солҳои навадум ба як шахсияти матраҳи ҷомеа бадал гашта буд. Иллати маъруфияти вай дар он буд, ки ба шиддат зидди ба расмият шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва як рӯҳонии сирфан тарафдори ҳукумат буд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1991 вай аз Раҳмон Набиев тарафдорӣ кард. Ҳамчунин бар муқобили кандани ҳайкали Ленин дар майдони Душанбе мавқеъгирӣ карда ва дар парлумон ҳам асосан бар зидди фраксиюни демократӣ, аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раиси Идораи қозиёти Тоҷикистон суҳбат мекард. Вай аз округи интихоботии №158-и шаҳри Кулоб депутати халқӣ интихоб шуда буд.

Мулло Ҳайдар ҳамчунин ба шиддат бар зидди сохтмони заводи акуммулятор дар Кулоб мавзеъгирӣ карда мегуфт, ки заҳри ин завод саломатии аҳолиро зарар мерасонад.

Ҳикматулло Насриддинов, вакили халқӣ дар Шӯрои Олии он вақта  ҳам мегӯяд, ки ҳамин мулло Ҳайдар буд,ки мардуми вилояти Кулобро бар алайҳи неруҳои милливу мардумӣ шӯронд ва ба Душанбе ҳам бо ҳадафи барканории Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз мақоми қозии Тоҷикистон омад:

«Қурбон Зардаков ва Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода исроркорона изҳори ақида намуданд, ки мардум ҳатман бояд ба Душанбе раванд, зеро на танҳо шаҳри Кӯлоб, балки тамоми мардуми шаҳру навоҳии вилоят аз бедодгарии Акбар Тӯраҷонзода ва тарафдорони ӯ ба дод омадаанд.» Ҳикматулло Насриддинов.«Таркиш»

 Аслиддини Соҳибназар яке аз роҳбарони фраксиюни демократии Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯътақид аст ки Мулло Ҳайдар аз тарафи роҳбарони коммунист мавриди истифода қарор мегирифт:

 «Коммунистон хуб дарк кардаанд, ки Қозикалонро аз саҳнаи сиёсат дур карда, ҳизби коммунист бе рақиби сиёсӣ ва дар майдони сиёсати Тоҷикистон яккатоз боқӣ мемонад. Барои ба мақсади худ расидан, коммунистон қозии Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзодаро бо қозикалони ҷумҳурӣ Акбар Тӯраҷонзода ҷанг меандозанд. Ва ба ин васила мехоҳанд сиёсати «дурандешона»-и давлатиашонро пиёда намоянд. Дар ин ҷо ман ягон нишоне аз ҳифзи давлати конститутсиониро намебинам.»  Аслиддин Соҳибназар. «Субҳи ситоракуш» ҷ.1 Душанбе-2000

Вақте муллоҲайдар мардуми Кулобро «хезонд» ва ба Душанбе барои барқарории Сафаралӣ Кенҷаев  ва ҳукумати то7-май омад, ӯро дар Душанбе Нарзулло Дӯстов, ноиби раиси ҷумҳурӣ истиқбол кард. Дар асл мулло Ҳайдар бо дастури ҳокимони онвақта Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурӣ ва махсусан Сафаралӣ Кенҷаев ва Нарзулло Дӯстов, ки дуи ахир зери фишори майдони Шаҳидон вазифаҳояшонро аз даст дода буданд, кулобиҳоро ба майдон ва гиридиҳамоӣ кашид. Муфассири нашрия «Адолат» дар он солҳо ҳам иллати ба бозиҳо кашонидани муллоҲайдарро дар мухолифати вай бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода маънидод мекунад:

 «…ба узвияти Раёсати Шӯрои Олӣ шомил шудани чанд тан аз намояндагони неруҳои демократӣ ба табъи олимақомон нафорид. Хусусан ба Р.Набиеву С.Кенҷаеву Н.Дӯстов.Ва онҳо дар шахси Ҳайдар Шарифов, ки дер боз муқобили қозии мусулмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дандон тез мекард, пуштибони худро ёфт. Мулло Ҳайдар ваъда дод, ки мардуми Кӯлобро «мехезонад».«Адолат» №2(34) 1992

Дар Душанбе кори тазоҳуротчиёни майдони Озодӣ, ки мулло Ҳайдар аз гардонандаҳои аслии он буд омад накард. Қозии пешини Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дучори мухолифати шадиди мулло Ҳайдар шуда буд аз як лаҳзаи аҷибе ёдовар мешавад, ки мо аграчи ҳам тӯлонитар аст инҷо айнан оврдем:

«Тоҳири Абдуҷаббор чанд калима сухан гуфта буд, ки Ҳайдар Шарифзода бо ғазаб гапи ӯро бурид:

-Ата, -хитоб кард ӯ ба Раҳмон Набиев,-Ата,о,ҳаминҳо( ба сӯи Т.Абдуҷаббор ва мову Аслиддин ишора кард) республикара хароб карданд, СССРа ай байн бурданд, ҳукумата гирифта истодаанд, ҳичи мефаҳмӣ!?  Ҳатто забони модариамона ай байн бурданд!  Ҳамин Тоир гап мезана ҳеҷиша намефаҳмӣ. Ата, ита намеша, як кор кнен, мардум ба шӯр омадай…

  Аз ин ҳарфҳои Ҳайдар баъзеҳо, аз ҷумла, бандаро ханда фаро гирифт. Базӯр худро нигоҳ дошта ба сӯи муовинони нахуствазир Саидмуродов ва Хайруллоев нигоҳ кардам. Чашмони мо ба ҳам бархӯрданд ва табассуми кӯтоҳе дар чеҳраҳо пайдо шуд. Ҳамин лаҳза Ҳайдар аз ин табассумҳои мо худро таҳқиршуда ҳисобида бо ба Р.Набиев кудаквор нигоҳ карда илтиҷоомезона гуфт:

-Ата, о, ата, ира бин, дар пеши худут боз ба ҳам чашмак зада масхара мекнан. Мана Хайруллоев ба қозӣ чашмак зада истодааст.»  Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…»1998

Бар пояи тавофуқи роҳбарони ҳарду майдони Озодӣ ва Шаҳидон мебоист майдонҳоро тахлия мекарданд. Аммо мегӯяд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода роҳбарони майдони Озодӣ ин корро накарданд:

«Вале дар ҳамон лаҳзаҳо мо иттилои комил доштем, ки аъзоёни ҳайати ба майдони «Озодӣ» рафта-Кенҷаев, Дӯстов, Ҳувайдуллоев, Ҳайдар Шарифзода ва дигарон баръакси ваъдаи худ ба қарори қабулшуда на танҳо мардумро ба бозгашт ба манзилҳояшон даъват накарданд ва майдонро холӣ нанамуданд, балки аҳли майдони «Озодӣ»-ро «хайрамақдам» гуфта ин амали онҳоро «пуштибонӣ аз ҳукумати қонунӣ» шарҳ дода ба хотири ба Душанбе «ташриф оварданашон» изҳори сипосгузорӣ карданд.» Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…»1998

Яке аз талабҳои асосии майдони Озодӣ истеъфои қозии мусулмонони Тоҷикистон аз мақомаш буд. Албатта, ин талаби ҳокимони онрӯза буд, ки дар даҳони мулло Ҳайдар андохта ва аз забони вай берун мекарданд. Мулло Ҳайдар сахт пофишорӣ мекард, ки бояд қозӣ истеъфо диҳад:

  «Агарчи ду моҳ пеш аз ин, яъне дар аввали моҳи феврали соли 1992 ба муносибати даъвати Анҷумани Идораи мусулмонони Осиёи Миёна интихоботи Раиси Идораи Қозиёт доир шуда буд ва банда барои панҷ соли оянда муҷаддадан ба ин мақом интихоб шуда будам, вале ба хотири оромона пароканда шудани майдони «Озодӣ» мо ризоият додем, ки ҷаласаи интихоби Раиси Идораи Қозиёт аз нав дар таърихи 11 май бо иштироки тамоми имому хатибҳои ҷумҳурӣ баргузор шавад. Тибқи ҳамин қарор намояндагони қозиёти Кӯлоб, ки Ҳайдар ташкил карда буд, бо вуҷуди тобеъи Идораи Қозиёти Ҷумҳурӣ набуданашон метавонистанд дар ин интихобот ширкат кунанд. Дар ҳамин мулоқот шартҳои мо чунин буд;

 -то якуми моҳи май митингҳо қатъ шуда майдонҳо тахлия шаванд;

  Қарорҳои Иҷлосияи 13 Шӯрои Олӣ, ба вижа қарори баргузории интихоботи парлумон дар моҳи декабри соли 1992, бидуни тағйир боқӣ монад.

Аммо Ҳайдар дар ҷавоб чунин гуфт:

  -Шумо худи ҳамин рӯз дар назди мардуми майдони «Озодӣ» ба истеъфо меравед, аз мардум узр мепурсед ва расман эълон мекунед, ки дигар номзадии худро дар интихоботи қозиёт намегузоред. Ин як. Дуюм, Кенҷаев бояд ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ барқарор шавад. Сеюм, қарори Сессия дар бораи таъйини интихобот бекор карда шавад. Фақат баъди ин мо майдонро тарк мекунем.»   Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, «Дар миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам,аммо…»1998

 Мунтаҳо майдони Озодӣ шикаст хӯрд ва муътаризин ба навоҳии худ баргаштанд, аз ҷумла мулло Ҳайдар низ. Баъди бозгашт муллоҲайдар мавриди хашму ғазаби Сангак қарор гирифт, чун Сангак ӯро дар дуздии пулҳои майдони Озодӣ муттаҳам мекард

Аммо мулло Ҳайдар, баъдҳо ин иттиҳомро дар суҳбат бо расонаҳо инкор мекунад:

   «Не, пул овардем, ду халта овардем, ба банк бурданд, дигар намедонам. Лекин он маблағи калон набуд, пули нав баромада буд ва пули куҳна беқурб шуда буд.

 Хайр, акнун даҳони бисёриҳоро баста намешавад. Якумаш ин ки пулҳои калонро барои хӯрока ҳамон вақт сарф карда буданд, ҷомеаи мухталиф дар он сарсониву саргардонӣ, ягон сӣ нафар силоҳбадаст ба ҳамин вобаста буданд, мо фақат ба телефонҳо сару кор доштем, ба пул сару кор надоштем. Баъд дидем, ки ду халта пули се сумаву як сума мондааст».

Сангак мулло Ҳайдарро дар дуздии маблағҳои майдони Озодӣ муттаҳам карда ва вақте Ҷиёнхон Ризоев, раиси комиҷроияи вилояти Кулобро бо тири туфанг мекушад ва тавассути телевизиони вилояти Кулоб иллати куштори Ризоевро шарҳ медиҳад ҳамон замон Қурбон Зардак, Мирзоватан Ҳасаналиев ва муллоҲайдарро ҳам мегӯяд инҳо бо ҷиноятҳое кардан ҳуқуқи зиндагӣ кардан дар рӯи заминро надоранд.

Нуралӣ Давлат муаррихи тоҷик дар ин маврид дар як матлабаш дар нашрия «Нигоҳ» чунин мегуяд:

«Шикасти майдони «Озодӣ» рахнаро миёни пешвоёни майдони «Озодӣ» ба вуҷуд овард. Сардие миёни Сангак Сафаров аз як ҷониб ва Рустами Абдураҳиму Мулло Ҳайдар аз дигар ҷониб ба миён омад. Ба қавли духтари С.Сафаров, мулло Ҳайдар пешвои маънавии ҷонибдорони ҳукумати Раҳмон Набиев, аз майдони Озодӣ дар миёни занон паноҳ бурда, ба Кӯлоб фирор карда буд. Баъдтар Сангак Мулло Ҳайдар ва Қурбон Зардаковро дар дуздии пулҳои дар майдони Озодӣ ҷамъшуда айбдор намуда, гуфт, ки чунин одамон ҳаққи зиндагӣ карданро  надоранд. Қурбон Зардаков баъдтар ба таври фоҷиавӣ кушта шуд. Мулло Ҳайдар солҳо баъд пас аз куштори Сангак Сафаров иттиҳоми дуздидани пулҳои майдони Озодиро рад кард».

Ҳабибулло Табаров, депутати халқӣ, ки сооти аввали Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар Хуҷандро раисӣ кардааст, мегӯяд, ки вақте барои хоксупории Ҷиёнхон Ризоев аз Хуҷанд ба Кулоб баргаштем муллоҲайдар талхакаф шуда буд, ки акнун навбати ӯ ҳам расидааст:

«Мо рафтем назди раиси вилоят, ки гуфт ҳозир тайёра омодааст, бишинед ба Кӯлоб бармегардед, барои он ки раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро куштанд. Мо вақте ин хабари ногаҳониро шунидем, дар воҳима афтодем. Хуллас, бо ҳавопаймо ба Кӯлоб баргаштем. Аз фурудгоҳи Кӯлоб рост ба манзили раҳматӣ Ризоев рафтем. Он ҷо ҷанозаро гузаронидем, гапҳои хеле зиёд шуд. Муллоҳайдар доду войи бисёре кард, ки ин навбат навбати ман, маро мепарронанд. Ба ҳар ҳол ӯрову дигарҳоро ором кардем.»

Солҳо баъд, дар ҷараёни як сафари Эмомалӣ Раҳмонов ба Кулоб, ки ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳам ба уновни муовини аввали сарвазир ҳузур дошт, муллоҲайдар ва Тӯраҷонзодаро оштӣ медиҳад. Худи МуллоҲайдар он лаҳзаҳоро дар як суҳбатаи матбуотиаш чунин ёдовар мешавад:

«Ман Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар мадраса ду моҳ «сарф» дарс додам, он кас шогирди ман буданд. Аммо замоне шогирд буданд, акнун ба мо устод мешаванд, зеро дар ҳақиқат бисёр хондаанд ва зиёд медонанд. Ончи дар мавриди оштии мо гуфтанд воқеият аст. Барои ифтитоҳи истгоҳи қатор Ҷаноби олӣ ва як ҳайат омада буданд ба шаҳри Кӯлоб ва Ҷаноби олӣ моро ташвиқ мекарданд, ки ба такрор ҳамдигарро ба оғӯш бигирем, худораҳматии Домулло Нурӣ ҳам буданд. Мо ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем, ҳозирин ҳам хушҳол шуданд. Мақсад ин ки ҳазрати Расуллулоҳ(а).ки аҳли кина аҳли дин нест. Модоме мо мусулмон ҳастем чаро кинаварзӣ кунем? Имрӯз мо дарк кардем, ки ин ҳама кинаву низоъ аз ҷониби қувваи сеюм буд, агар мо иштибоҳ кардем ва агар ҷониби дигар, бояд дигар бо ҳамдигар кина наварзем.»

Бо вуҷуди ин мулло Ҳайдар иқрор ва эътироф мекунад, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзод феълан ба ӯ ҳақи устодӣ дорад:

  «-Дар вақти дар масҷиди шайх Зайниддин хизмат кардан, дар мадрасаи Мири Араб ҳам як муддат мударрисӣ мекардам. Аз ҷумла, домулло Ҳусайни қозии вилояти Ленинобод ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, шогирдони ман буданд. Ман сад дар сад шахси бузург будани Тураҷонзодаро эътироф мекунам. Он кас олими бузурги дини ислом ба ҳисоб мераванд ва ин ба касе пӯшида нест. Инҳоро ман ду моҳ дарс додаам.»

Сарнавишти пулҳои нопадидшудаи майдони Озодӣ ҳамин тавр нопадид шуда ва норӯшан боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳанӯз қабл аз ин ҳаводис, шояд дар соли 1989-ё пештар дар санҷиши мақомот ошкор мешавад, ки ба ҳангоми сохтмони бинои масҷиди марказии Кӯлоб, ки муллоҲайдар месохт хеле аз маблағҳои он гум шудааст. Мақомоти тафтишотӣ парвандаи ӯро бо дахолати Кумитаи марказии ҳизб «хобониданд.»

Аммо дар соли 2017 манзили зисти муллоҲайдар дар Кулоб оташ гирифт. Вай он замон гуфт, ки 90% манзил сӯхтаву хокистар шуд вале, шукр, ки талафи ҷонӣ надоштааст.

Ҳоло мулло Ҳайдари 76 сола дар Кулоб аст ва имомхатиби масҷиди марказии ин шаҳр. Домодаш Садриддин Муллоев,ки узви ҷамоаи таблиғ буд ва дар Туркия қарор дошт бо даъвати мақомот,ки афв мешавад ба Душанбе баргашт. Баъдан Додгоҳе дар Душанбе Cадриддин Муллоев маъруф ба Мулло Садриддинро бо айбномаи “терроризм“ ва “ифротгароӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кардМуллоеви 35-сола, ки ба узвият дар созмони мамнӯи “Ҷамоати таблиғ” муттаҳам мешуд, ба гуфтаи наздиконаш, соли 2018 бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт вале соли 2019 ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Албатта афви Раҳмонов барои ҳама дигар маълум аст,ки он зиндонӣ шудан аст.

Поёни қисмати биступанҷуми ин силсила матолиби мо, қисмати бистушашуми мо “ Нақши маҳал дар баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар соли 1992” мебошад. Дунбол намоед,то аз ин ҳодисот низ огоҳтар гардед….

Share This Article