30 солагии 16-умин иҷлосия ё ифлосия?№30

Ислоҳ нет

«Мифҳо» ё афсонаву дурӯғҳои Иҷлосия ё ифлосияи 16-и Шӯрои Олӣ

 (бахши сиюм)

 Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар соли 1992 тибқи нақша ва барномаи аз қабл таҳиякардаи коргардонҳои асосии он:- Русия ваУзбекистон баргузор шуд ва ба ҳадафи шуми худ расид. Коргардонҳо ва дирижёрҳои ин иҷлосия аз байн бурдани Ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон ва дар ҷойи он нишонидани гурӯҳ ва неруҳои ҳаводори худро ҳадаф қарор дода буданд. Онҳо тавонистанд ва комёб шуданд.

Гурӯҳе, ки бибояд зери нақораи Русия ва Узбакистон бирақсад ба сари қудрат расид. Раҳмонов ҳамон зархарид –наёмник ва қарордодие-контрактнике буд, ки русҳо ва узбакҳо руи вай ҳисоб боз карда ва ба қудрат оварданд. Албатта, ин тавр набуда, ки иҷлосия барои овардани шахси Раҳмонов ташкил шуда бошад. На, ва боз ҳам на. Аммо Раҳмонов ҳамон нафаре буд, ки дирижёрҳову режисёрҳои ин иҷлосия маҳз ӯро суроғ доштанд.

Хонандаи азизи «Ислоҳ.нет», шумо дар матолиби қаблии ин силсила матолибу барномаҳо аз далоил ва авомили маҳз Раҳмоновро овардани Русия ва Узбакистон ба хубӣ огоҳ шудаед. Роҷеъ ба ин паҳлуи масъала дигар намегуем.

Аммо воқеияте, ки дорем ва дар он ба сар мебарем ногузир месозад, ки дар қисмати ниҳоӣ ва ё ҷамъбастӣ боз ҳам аз Раҳмонов бигӯем. Чаро? Чунки Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон Раҳмоновро сари кор овард. На танҳо сари кор овард, балки ҳамин иҷлосия ба масобаи зербино ва таҳкурсӣ, рукн ва пояи давлатдории як диктотур беш аз сӣ сол аст ба истилоҳ «таърих» сохта истодааст. Таърихе пур аз дурӯғу томот, таърихе моломол аз миф-афсона.

Дар қисмати сиюм ва ниҳоии риштаматолиби «30-солагии16-умин Иҷлосия ё ифлосия» мо саъй мекунем, ки умқи афсонаву дурӯғҳои эҷодкардаи Раҳмонов ва мафкурасозону мубаллиғони каҷназари вай роҷеъ ба ин иҷлосия ва шахси Раҳмонов ҳамчун паёмад ва самараи онро яке-яке бишикофем ва ҳазёну газофу ёва будани ин ҳамаро ошкоро ва намоён бисозем. Бо баёни дигар дар ин қисмат мо парда ва сарпӯш аз болои «миф»-ҳои ин Иҷлосия бармедорем. Ва, шумо ҳам ба вузуҳ пай мебаред, ки чаро онро «ифлосия» унвон додем. Ва, инак ин «мифҳо»:

Мафкурапардозону мубаллағони ин “Миф” чӣ мегӯянд?

Мубаллиғону мафкурабардорони Раҳмонов пайваста талқин ва таъкид мекунанд, ки иҷлосияи-16 пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифт ва ба кишвар сулҳу салоҳ овард. Яъне ин иҷлосия ва Эмомалӣ Раҳмонов ба кишвар сулҳу оштӣ овардаанд. Рафиқа Мусоева яке аз депутатҳои онрӯза ва аз иштирокдорни он иҷлосия дар мусоҳибааш бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ошкоро ва рӯирост чунин дуруӯғ мегуяд:

«Хуб дар ёд дорам, лаҳзаҳоеро, ки баъди эълони натиҷаи овоздиҳӣ доир ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни ҷаласа аз ҷой бархоста, бо як овоз ва кафкӯбии бардавом ҷонибдории худро аз роҳбари тозаинтихоби кишвар изҳор доштанд. Хеле ҳаяҷонбахш буд лаҳзаи ба минбар баромадану суханронии нахустини Эмомалӣ Раҳмон. Он лаҳзаҳо тамоми толорбудагон ва тамоми мардуми Тоҷикистон бо як ҳаяҷони зиёд чашму гӯшу ҳуш ба сӯи ӯ кардаву меандешиданд: чӣ мегуфта бошад ин ҷавонмард, бо кадом роҳ мебурда бошад ин кишвари ҷангзадаро, чӣ сарнавиште моро интизор аст? Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки вакилон дар интихоби ӯ хато накардаанд. Маҳз ба шарофати ин марди ҷасур кишвари мо аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, рӯ ба инкишоф овард».

 Аммо ин як таблиғу талқини дурӯғин аст ва ҳақиқат надорад. Ҳақиқат ин аст ки сулҳу оштӣ 27 июни соли 1997 бо имзои санади Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омад, на ноябри соли 1992 ва на дар иҷлосияи-16. Ин иҷлосия Раҳмоновро сари кор овард ва вай панҷ соли тамом бо як қисмати халқи Тоҷикистон ҷангид. Ҷанги лафзӣ, ҷанги мушту лагад, ҷанги гиребонгирӣ не, ҷанги воқеӣ, ҷанги одамкушу вайронгар: бо вертолёт, бо самолёт, бо танк, бо пулемёт, ҷанг бо Калашников, хулоса ҷанг бо тамоми васоил ва силоҳ.  Пас, ин Иҷлосия чи гуна сулҳ овардааст? Пурсише, ки ҳам имрӯз ва ҳам фардо ҳатмани ҳатман матраҳ мешавад ин аст, ки Раҳмонов ин ҳама силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, масалан вертолёту самолётҳои ҷангӣ ва танку тӯпро аз куҷо ёфт, ки болои сари сокинони Душанбе, водии Қаротегин ва Вилояти Худмухтори Куҳистони Бадахшон ҳамла бурду хонаву манзилҳоро хароб, ҳазорон-ҳазорро кушт ва садҳо ҳазори дигарро гуреза кард? Магар дар совхози Ленини Данғара, ки Раҳмонов ҳанӯз ду ҳафта нагузашта аз он хесту ба курсии раиси Шӯрои Олӣ нишаст ин ҳамаро дошт? Албатта, ки надошт. Ҳамон хоҷаҳои хориҷиаш-Русияву Узбакистон доданд, то ки мардуми мутадаййин ва огоҳу бедор ва рушанфикрони миллатро бикушад. Ва вай ҳамин корро кард. Аммо, то ба охир натавонист. Мешавад инҷо хеле зиёд гуфту мисолу далелҳои фаровон овард. Вале, ин яқин аст ки ин Иҷлосия сулҳ наовардааст, баракс ҷанги шаҳрвандиро доман занонд ва ҳамин тавр Раҳмонов нафаре нест, ки сулҳ оварда бошад. Баръакс, ҳамзамон бо вуруд ба Душанбе Раҳмонов ва Фронти халқӣ даст ба қасосу ниқор заданд. Ҳеҷ ҳарфе аз сулҳу салоҳ набуд. Яксара ва якбараву яктарафа кардани оппозитсион, ки нисфи зиёди аҳолии кишварро ташкил медоду ташкил медиҳад ҳам аз тариқи қувва ва силоҳ, яъне ҷисман аз байн бурдан ва ҳам тавассути садову симо бадному хоину душман муаррифӣ ва шиносонидан.

“Миф”и комилан дурӯғини дигар  

    «Миф»-ё яке дигар аз дурӯғҳои бузурге, ки дар робита ба ин иҷлосияи хонумонсӯз мукарраран таблиғу талқин карда мешавад ин аст ки гӯё ҳеҷ кас омода набуд, ки курсии роҳбарии давлатро дар он иҷлосия бигирад ва танҳо Раҳмонов «на тан гуфту на ҷон гуфт»– аз баҳри ҷони ҷавонаш баромад ва ин вазифаро гирифт. Ин фикру андешаи ботилро аксарияти ҳатто онҳое, ки воқеиятро медонистанд, то ба имрӯз гуфта истодаанду мегуянд. Барои мисол Гулафзо Савриддинова, раиси собиқи Исфара ва депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва, иштирокчии Иҷлосияи XVI дар як суҳбати матбуотиаш ин тавр мегуяд:

«Дар даврае, ки аксарият ба ояндаи неки Тоҷикистон бовар надоштанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои имрӯзу фардо бори масъулияти вазнинро бар дӯш гирифтанд. Ҳарчанд дар он давра буданд одамоне, ки таҷрибаи зиёди роҳбарӣ доштанд, ин масъулиятро ба уҳда нагирифтанд. Зеро вазъияти баамаломада дар мамлакат аз роҳбари нав ҷасорати хеле зиёдро тақозо мекард».

  Аммо, воқеият ин тавр нест. Воқеият ин аст, ки Раҳмонов ба ҳайси намоянда ва вакили Фронти халқии Сангак Сафаров ба ин мақом даст ёфт. То инки аз тарафи депутатҳо интихоб шавад аз «назар»-и «спетслужбаҳо»-и Русия ва шахси худи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон гузашт. Дар асл Раҳмонов не шаб дар хобаш медиду на рӯз дар фикраш буд, ки ба ин мақом мерасад. Раҳмонов, вақте фаҳмид, ки русҳову узбакҳо болои Фронти халқӣ «ставка» кардаанд, думдуми Сангак гашт ва думи ӯву наздикони Сангакро раҳо накард. Афсари ГРУ-и Русия, ки суҳбаташро дар навиштаҳои қаблӣ чанд бор иқтибос кардем гуфта буд, ки лаълии оши палав ва арақ дар дасту сачоқ сари китф Раҳмонов кункуни Сангак медавид ва маҳз Сангак буд, ки Раҳмоновро ба Русия ва Узбакистон муаррифӣ кард.

Аммо чизе дигар, ки месазад инҷо гуфта бишавад ин аст ки Раҳмоновро барои муваққат оварда буданд. Аммо,аз ҳақ набигзарем, ки ин муқовимат ва муборизаи мусаллаҳонаи оппозитсион буд, ки махсусан русҳоро ночор кард, Раҳмоновро дастгирӣ ва ҳифз кунанд. Зеро “Фронти халқӣ”, ки дигар ҳаста ва ё асоси Артиши миллиро ташкил дода қумандонҳояш ба ҳайси фармондеҳони воҳидҳои низомӣ таъйин шуда буданд, барои нафари дигар ва ба вижа намонядаи шимол-Абдуллоҷонов намеҷангиданд ва Абдуллоҷонов бошад гурӯҳи мусаллаҳ надошт. Албатта, инҷо шахси Раҳмонов нақш надошт, ҷойи вай ҳар каси дигари аз ин минтақа ҳам буд, ҳамин шонсро медошт. Ӯро барои он «доштанд» ва «дароз» карданд, ки ҷанг бо миллату мазҳабу дину тоҷикиятро, истиқлолу озодиро, муқобала бо оппозитсион-яъне ҳамон барномаи русҳову узбакҳоро бар уҳда гирифт ва гуфт дар ин роҳ  ҳамаро:-ватанро, ҷони миллат ва мардумро, номусу нангу шарафро қурбон мекунад. Вай ҷанг бо як бахши халқро пазируфт, гуфт, ки меҷангад, розӣ аст, ки биҷангад ва то несту нобуд кардани ислом дар Тоҷикистон ва тоҷикро дигарбора мутеъи рус кардан, вобастаи Кремлин кардани давлати тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистонро қабул дорад. Кохнишинони Кремл Раҳмонов ва Фронти халқиро барои он дастгирӣ карданду кумакаш намуданд, султаи рус болои Тоҷикистонро ваъда ва таъмин кард. Бале, ҳукумати Раҳмонов, агарки оппозитсион муқовимат ва муборизаи мусаллаҳонаро идома намедоданд, ба дарозо намекашид. Ҳисоби хоҷаҳои хориҷӣ ҳам ҳамин тавр буд. Гумонашон ин тавр набуд, ки оппозитсия Афғонистон меравад ва алайҳи Раҳмонов (Русия ва Узбакстон) меҷангад. Агар ёдатон бошад дар оғози муқовимат раҳбарияти мухолифин талабашон ин буд, ки бо Русия музокира мекунад, чун Раҳмонов ҳеҷ касе нест, салоҳият ва ваколат надорад. Воқеият ҳамон тавре буд, ки оппозитсион мегуфт. Раҳмонов як арусаке беш набуд ва чизеро ҳал намекард. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон дар як сӯҳбати расонаияш парда аз рӯи ин «миф»-и Раҳмонов бардошт. Абдуллоҷонов гуфт вақте дар Тошканд Ислом Каримов аз ӯ аз Эмомалӣ Раҳмонов ном нафаре ба унвони раиси ояндаи Шӯрои Олии Тоҷикистон савол кард, дар тааҷҷуб шуд, чунки ин ном чизеро ифода намекард ва ин гуна нафарро ҳеҷ кас намешинохт. Ба ин тартиб, Раҳмонов, онгуна ки ба ҷилва медиҳанд, ҷонашро ба гарав гузошту курсии бесоҳибро соҳибӣ кард, дуруғ ва ё мифи дигари ин Иҷлосия аст. Дар ғайри сурат Сафаралӣ Кенҷаевро, ки муддаии ин курсӣ буд ва Раҳмонову Сангак ҳам гӯё барои барқарории Кенҷаев мубориза мекарданд, дуруст дар айни интихоби раиси Шӯрои Олӣ аз дохили толори Иҷлосия дуздида ва бурда барои чанд рӯз ба ҳабси хонагӣ намегирифтанд. Ва, ҳамин тавр Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии мунтахабро «ту пеши мо кулобиҳо наомадӣ, ақалан бачаат ҳамроҳи мо алайҳи вовчикҳо наҷангид, мо барои ту наҷангидаем» гуфта аз сари қудрат ғайриқонунӣ берун намекардед. Раҳмонов дар пушташ зӯри Русия ва Ӯзбакистонро диду раисии Шӯрои Олиро гирифт. Ин тавр, ки ҷонашро ба кафи дасташ гирифта бошад, бори дигар мегуям як таблиғи дурӯғин ва як дурӯғи бузург аст ки бо рафтани Раҳмонов аз қудрат маҳву нест хоҳад шуд. Ҳамчун китобҳо ва навиштаҷоти Ленин дар ҷевонҳову деворҳо.

“Миф”и фавқулбашарӣ ва баргардонидани муҳоҷирон

Яке аз дигар «мифҳо»-и ин иҷлосияи сарнавиштсӯз,ки бар мабнои он Раҳмоновро ин қадар тамҷиду тавсиф карда ба як нафари фавқулбашар ва шахсияти хориқулодда бадал кардаанд, ин аст ки гӯё Раҳмонов гурезаҳоро ба ватан бозгардонд. Нафаре, ки нисфи аҳолии Тоҷикистон ва махсусан уламову удабо, равшанфикрон, истиқлолталабону озодихоҳон, ба масал гули сари сабади миллатро овораву гурезаҳову дар чаҳор тарафи дунё паҳну пароканда кард, дар асл ҳамин худи Эмомалӣ Раҳмонов буд ва нафаре, ки худаш халқро овораву гуреза кард, магар бо майли дили худ онҳоро пас мегардонд? Ҳаргиз ва абадан!! Худи Раҳмонов ҳам бидуни онки хиҷолат бикашад, ба рӯяш пӯсти хукро кашида дар ҳамин ҷаласаи бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи-16 дар қасри Арбоби Хуҷанд низ ин тавр гуфт:

«Бо дарки амиқи масъулияти ба зиммаи ман гузошташуда дар назди халқи Тоҷикистон савганд ёд кардам, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷа умр ба сар мебарад, ман худро ором ҳис карда наметавонам».

 Аммо воқеият ва ҳақиқати он солҳо ин аст ки Раҳмонов гурезаҳоро наовард. Раҳмонов сари кор омад ва мардум гуреза шуданд. То омадани Раҳмонов ба қудрат мардуми ҷангзадаи тоҷик дар дохил гуреза шуда буданд. Раҳмонов омад ва садҳо ҳазор гуреза дар Афғонистон ва мамолики собиқи шуравӣ шуд ва бештар аз ҳама дар Русия ва Туркманистон гуреза шуданд. Ин фиристодаҳои Раҳмонов дар марзи Панҷ буданд, ки ба мардум рӯирост таҳдид карданд, ки дигар дар Тоҷикистон барои шумо ҷой нест. Биравед мисли бобову бобокалонҳоятон Афғонистону дигар кишварҳоро обод кунед ва болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд. Дар Душанбеву Қурғонтеппа ва дигар навоҳӣ «чисткаи қавмӣ-маҳаллӣ» карданд, ки он кори ҳукумате буд, ки ҳамин Иҷлосия сари кор овард. Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими Маскав, яке аз гурезаҳои ҷанги шаҳрвандӣ солҳо баъд бо ёдоварӣ аз он рузҳои саъбу сиёҳ дар яке аз навиштаҳояш мегуяд, ӯйи ғармиро маҳз русҳои ҳамкораш аз марги 100% раҳо карданд:

Порае иқтибос аз як навиштаи табиб Абдулло Давлатовро меоварем, ки зери унвони “Узбакҳову урусҳо дар ҷоятон истед, касе Тоҷик аст, барояд; тоҷиконро мекушем!”

 “народнофронтевцев”: 17.12.1992 года остановили троллейбус, на котором ехал на работу. Слава Богу, что в то утро случайно со мной оказалась сотрудница нашего НИИ “Охраны материнства и детства” Людмила Леонидовна. Она стала моим “ангелом хранителем”.

Так вот, остановили троллейбус головорезы этого самого “народного фронта”. Войдя с передней двери приказали:

-{{ #Русские и #узбеки??????!!!! останьтесь, а [[[[ #таджики]]]]??????? выходите! Двое таджикских парней, потому, что они были светловолосыми и голубоглазыми, скорее всего были памирскими таджиками. Их черты лица сразу же выдавали их – не были #монголоидами, а европеоидные черты лица.

©© Их тут же расстреляли… ©©

Прошлись по троллейбусу.

Увидели меня – тоже не монголоидные черты лица.

Приставили автомат “Калашникова” и матерясь велели выйти. Слава Богу, что Людмила Леонидовна выскочила с места и встала между мной и боевиком и сказала:

– Ребята! Мы врачи. Едем на работу.

Так как русских боялись (ведь командовал то квачков!) нас отпустили.

В тот же день, в сопровождении и при помощи другой знакомой, Тамары Филипповны  мне удалось уехать из Таджикистана.

И тех пор живу в России.

Понятно, что квачков выполнял приказ и не он организовал войну. манбаъ фейсбук январи соли 2023

Гурезаҳо бо муборизаву муқовимат бозгаштанд. Барои онки ба ватан баргарданд, ҳазорҳо-ҳазор сари худро бар бод доданд, ҷоми шаҳодат нӯшиданд. Агар Раҳмонов «то як гуреза» талош мекард, дар ҳамон аввали омаданаш намегузошт, ки онҳо овораю дарбадар шаванд. Воқеият, ки ҳоло хеле кам гуфтаву шунида мешавад ин аст, ки ин масофу муҷодила ва сангарнишинҳои муҷоҳидини Наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки роҳ барои ба ватан бозгардонидани гурезаҳоро мусоид кард. Агар Раҳмонов дилаш барои тоҷик ва фарзандони ин ватан месӯхт ҳоло имрӯз ҳам намегузошт, ки онҳо овораву фирорӣ ва паноҳанда бишаванд. Садҳо нафар аз онҳоеро, ки ҳамроҳаш сулҳ карда буданд ба зиндон намекашид.

 “Миф”и барқарории сохти “конститутсионӣ”

 «Миф»-и дигари иҷлосияи сарнавиштсӯзи 16 ин аст, ки гуё он сохти конститусиониро дар Тоҷикистон барқарор кард. Гӯиё Раҳмонов дар он иҷлосия бо роҳи конститутсионӣ ба қудрат омад ва ҳукумати конститутсионӣ сохт. Мо, бо тамоми масъулият ва бо имони комилу росих мегӯем, ки ин даъвову иддаои комилан бепояву беасос ва дуруғи маҳз аст. Ин дар ҳақиқат «миф» аст, ки тамоми тӯли ин ҳама сӣ сол ба гӯши мардум талқину ташвиқ карда мешавад. Мо, такрор ҳам бишавад, мегӯем, ки Сангаку Раҳмонов барои барқарории «ҳукумати конститутсионии то 7 май,  яъне ба ҷояш овардани Сафаралӣ Кенҷаев ва Раҳмон Набиев ба мубориза бархоста буданд. Пас, ку он «ҳукумати конститутсионӣ»?

Аз тарафи дигар, воқеият, ки пештар ҳам мутазаккир шудем бармало кардааст, ки Раҳмонов бо воситаи Русия ва Узбакистон ба сари қудрат омад. Албатта, ин нуктаро ҳам дар навиштаҳои пешина ёдоварӣ карда будем. Аммо, инҷо як бори дигар ва ин бор аз қавли яке аз масъулони техникии баргузории ин иҷлосия як факти мушаххас меоварем. Баҳриддин Ахмедов, котиби вақти комиҷроияи Шӯрои вакилони вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) дар арафаи баргузории маросими таҷлил аз 30-соагии Иҷлосияи 16-и Шурои олӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” мегӯяд:

«Мо дар атрофи қаср се қабат афсарон ва қӯшунҳои ҳимоятгари Ӯзбекистон ва Русияро маскун карда будем. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам намояндагони худашро дар атроф ва даромадгоҳи Қасри Арбоб ҷой карда буд. Илова бар ин, мо барои ҳама вакилони халқ ва иштироккунандагони ин иҷлосия гузарнома омода намуда будем ва ҳангоми ворид шудан, танҳо ҳамон ба инобат гирифта мешуд. Амният пурра таъмин гардида буд.»

Манзур аз овардани ин нақли қавл он аст ки Иҷлосияи-16 тибқи нақша ва барномаи Русия ва Узбакистон пеш рафт ва вакилони Шӯрои олӣ зери тарсу фишор ва шантажу иръоб ночор монданд, ки Раҳмонов, як раиси колхози ақибуфтодаи як музофотро, ки ҳоло ду ҳафта нашуда буд, ки ба курсии раиси вилояти Кулоб нишаст ба курсии қудрат биншонанд. Инҷо ҳеҷ гуна конститутсия ва меъёрҳои он муроот нашудааст, инҷо русҳо ва узбакҳо аз тариқи ҷанг ва “Фронти халқӣ” болои депутатҳо фишор оварданд ва онҳо роҳе ба ҷуз аз қабул кардани ин зулм надоштанд. Аз инҷо аст, ки аксари коршиносҳо мегӯянд, ки ин иҷлосия бо табаддулот ба кори худ оғозу анҷом бахшид ва ин иҷлосия як табаддулоти парлумонӣ буд.

 “Миф”и агар ин иҷлосия баргузор намешуд давлат аз байн мерафт..

 Яке дигар аз «мифҳо»-е, ки ба ин иҷлосия рабт медиҳанд ин аст ки агар он баргузор намегардид давлати Тоҷикистон аз байн мерафт, миллат несту нобуд мешуд. Ва Раҳмонов ба унвони як наҷотдиҳандаи давлату миллат по ба саҳнаи сиёсат гузошт. Бубинед, Адолат Раҳмонова, яке аз ёрони он замони Раҳмонов, ки баъдҳо, аммо баъди хеле дер шуданҳо, иқрор кард, ки ӯро шаҳидониҳо таҷовуз накардаанд ва ҳеҷ порчаи хунинеро ӯ парчам накардааст дар мавриди ин иҷлосияи сарнавиштсӯз ва тахрибгар ва вайронкор чунин мегӯяд:

 «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард. Ин иҷлосия аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллию умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар ибтидо гузошт».

Бовар кунед, вақте аз ин гуна дурӯғҳо, ки хеле зиёд сари ҳам мекунанд, ҳоли одам ба ҳам мезанад. Худи Раҳмонов ҳам ин дурӯғи бебунёдро на як бору ду бор гуфтааст. Ҳатто дар як суҳбаташ аз он мегуфт, ки «Тоҷикистонро баъзе қувваҳо байни ҳам тақсим карда буданд. Аммо ман он вақт ба мухолифин ин ҳолатро гуфта наметавонистам».

Хуб, гуфтем, ки ҳамин тавр аст.

Аммо пурсиш ин аст ки давлати Тоҷикистонро кӣ ва кадом қувва аз байн мебурд? Магар миллатро чи шуда буд, ки обу туроб мешуд? Ҷанги шаҳрвандӣ, ки на танҳо дар Тоҷикистон руй додааст ва миллатҳову давлатҳое, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ шудаанд, кам нестанд. Аммо аз байн нарафтаанд. Пас, боз ҳам ин савол аст ки давлати Тоҷикистонро кӣ ва кадом қувва аз байн мебурд? Магар Эрон ё Афғонистон ё Покистон ё Арабистони Саудӣ? Агар ин давлатҳо мехостанд, ки Тоҷикистонро тақсим бикунанд, чи ба даст меоварданд? Кадом қисмати Тоҷикистонро ва чи тавр ва аз кадом роҳе ба территорияи худ мулҳақ мекарданд?Афғонистон, ки ба дарду доғи худаш нишаста буд, як дарди сари дигареро чи кор мекард?

Ва ё Русияву Узбакистон? Ин ҳамин Русияву Узбекистон буданд, ки Раҳмоновро сари қудрат оварда буданд. Магар на? Раҳмонов дақиқан Русия ва бахусус Узбакистонро дар назар дорад ва он ҳам бар мабнои тарконидани пуле дар ноҳияи Айнӣ аз тарафи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд. Боз ҳам мепурсем, ки магар ҳамин Русияву Узбакистон набуданд, ки Раҳмоновро сари қудрат оварданд. Магар ҳамин Раҳмонов набуд, ки Ислом Каримовро «ота» гуфта садо мекард? Пас, чи шуд,ки онҳо дар фикри тақсим кардани Тоҷикистон афтоданд, ин ҳам дар ҳоле, ки дигар Раҳмоновро дар сари қудрат оварда буданд. Мухолифин, ки дар Афғонистону Эрон қарор доштанд.

Агар ҳарфҳои Раҳмонов суроға ва ҳақиқат дошта бошад, бигзор он қуввваҳоро ном бибарад. Вале, ман мутмаинам, ки ин як ҳарфи бебунёд ва дуруғини Раҳмонов буд, ки боис бишавад Раҳмоновро ҳамчун наҷотдиҳандаи давлату миллат, хулоса қаҳрамони халқи тоҷик муаррифӣ ва идеализатсия бикунанд. Ин дуруғи сохтаву бофтаи шахси худи Раҳмонов аст.

“Миф”и дигари авомфиребонаи Раҳмонов

   Ҳамчуноне Раҳмонов дар бораи шумори қурбониҳо ва хисороти расида аз ҷанги панҷсола як дуруғ ва «миф»-и бузурге сохтааст. Гуё 150.000 кас кушта ва 10.000.000.000 доллар хисора расида бошад. Барои онки исбот бикунем,ки ин арқом сиҳат надорад ва агар сиҳат ҳам дошта бошад, мазнун, муқассир ва муҷрими асосӣ худи Раҳмонову “Фронти халқӣ” ва ҳукумати вай ва Неруҳои посдори сулҳи Русия “Колектив миротвроческих сил” аст, шаке надошта бошед, ки ҳамин тавр ҳам ҳаст, аз сӯҳбатҳои худи Эмомалӣ Раҳмонов иқтибос меоварем, ки дар як ҷаласа дар 10 январи соли 1993 дар робита ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ  чунин гуфтааст:

« ….Беш аз 20.000 кас кушта, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд….Зарари иқтисодӣ ба 200 миллиард расидааст….150.000 хона тарконда ё сӯзонда шудааст. Бештар аз 15 ҳазор хона ғорат шуд. Ва ин ғоратгарӣ идома дорад.  «Садои мардум» 12.01 .93.

Акнун ба ин нукта мутаваҷҷеҳ бишавед. Баъд аз 10 январи соли 1993 то 27 июни соли 1997 130.000 кас кушта шудааст, чун ҳоло шумори кушташудаҳои ҷангро ҳамин рақам мегӯяд. Савол ин аст ки 130.000 ҳазор шаҳрванд, агар кушта шуд, кӣ ва кадом тараф кушт? Ва, он ҳам баъди 10 январи соли 1993? Оппозитсион дар дохил боқӣ намонда буд ва наметавонист, ки 130.000 касро кушта бошад. Аммо, назариячиёни Раҳмонов аз даҳони худи вай гирифта ҳей мегӯянду мегуянд , ки Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамин миқдорро кушт. Ин миқдор дар кадом минтақа ва дар кадом ҷанг ва дар кадом ҳолат кушта шуд? Ин ҳам яке дигар аз мифҳо ва ё ҳамон дурӯғҳои бебунёди марбут ба иҷлосияи 16 аст, ки тарафдорони Раҳмонов ба манзури тавсифу тамҷиди вай мегуянд.

“Миф”ҳои комилан ғайри барчасп ва музахраф

Инҷо метавон боз ҳам аз «мифҳо» ва ё афсонаҳои дурӯғини иҷҷлосияи сарнавиштсӯзи-16 гуфт. Масалан аз он ёдовар метавонем шавем, ки нафаре, ки мегуфт «дар авлодаш танҳо як худаш диплом дорад, як бародари тракторист дораду бас» имрӯз худро дар куҷои сақфи осмони Тоҷикистон қарор додааст ва ӯро чоплусону косалесони лаганбардор ва думравакҳои чоплусаш ба дараҷаи нимахудоӣ наъузубиллоҳ расонидаанд.

Барояш қонуни алоҳида амал мекунад. Вай аз ҷамеъи аҳолии Тоҷикистон мустасност. Аз  ҳамаи халқи тоҷик худро боло гузоштааст ва ин ҳуқуқро дорад, ки то анҷоми умр раиси ҷумҳур бишавад. Ҳоло вай Пешво аст. Асосгузори сулҳ ва қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои муаззам аст.

Имрӯзҳо Раҳмоновро дар он ҳадду сифоте тавсифу таблиғ карда истодаанд,ки ба ӯ руҳия ва намоди раббонӣ ва руҳонӣ дода мешавад. Як хабарнигори чоплус дар як навиштааш ӯро ба ҳадде «иделизатсия» кардааст, ки ингор вай  аз ҷумлаи хокиён несту аз осмонҳо фуруд омадааст:

«Аз роҳрави толори асосӣ гузар карда, (манзураш қасри Арбоб, ки ҳамакнун муассисаи давлатӣ шудааст)дар назди қатори дуюм қарор мегирам. Роҳбалад маро ҳушдор медиҳад, ки дар ин қатор дар нишастгоҳи №6 Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвари имрӯзаи давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нишастаанд.

Таърихнигорон бар он ақидаанд, ки ба ҳам тавъам омадани 16 сутуни Қасри Арбоб, ба санаи 16‐уми ноябр рост омадани кори иҷлосия, 16 рӯз идома ёфтани он, дар қатори 116-ум номнавис гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакил, маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16‐уми ноябри соли 1994, шуруъ аз 16‐уми ноябри соли 2016 таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Президент, баъд аз соли 1930‐юм 16‐умин роҳбари давлати Тоҷикистон шинохта шудани Эмомалӣ Раҳмон ва дигар санаҳои таърихӣ бесабаб набуда, ҳар яке аҳамияти таърихӣ ва сарнавиштсозро дорост».

Яъне Раҳмонов дигар инсони одиву заминӣ нест. Ҳатто барои онки ӯро ба авҷи қуллаҳо   сано хонанду сифат кунанд, як чизҳое менависанд, ки шарми кас меояд. Масалан Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири дохилӣ, бале ҳамин Бузмаков ҳам шиштаву мақола навиштаву дар «Ҷумҳурият» чоп кардааст. Ба назари вай:

   «Ҷасорат, диловарию мардонагӣ, ғурур ва нангу номуси миллӣ дар замири вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки намояндагони аҳолии кишвар ба тарафдории ӯ барои интихоб ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳанд, зеро мавқеи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як фарди таҷрибадор, болаёқату боистеъдод, сиёсатмадор ва ташаббускору роҳнамои зиндагӣ замони ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб кор карданашон, хеле возеҳу равшан аён гардид».

Танҳо савол аз Бузмаков ин аст ки Раҳмонов дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб ҳатто ду ҳафта кор накардааст, чи тавр «ҳамчун як фарди таҷрибадор, болаёқату боистеъдод, сиёсатмадор ва ташаббускору роҳнамои зиндагӣ» дар ин фурсат намоён шавад?

Нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон ҳам навишт:

«Моҳияти Иҷлосияи таърихии 16 Шурои Олӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар саҳнаи сиёсат барои наҷоти халқи тоҷик аз вартаи нобудӣ сиёсатмадори тавонмандеро овард ва ӯ исбот намуд, ки нақши роҳбар, сарвар ё худ нақши инсон дар таъриху ҷараёни дигаргунсозии ҳаёт ниҳоят арзишманд мебошад». Ҷумҳурият.№236(24 595) 8.12.2022

Вале, воқеиятҳо, чунон гуфтем дигар аст, на оне ки маддоҳони Раҳмонов мехоҳанд нишон бидиҳанд. Барои исботи фикрҳои худ боз як мисоли одӣ мезанем. Ҳар аз гоҳе, ки аз он замонҳо наворҳо дар шабакаҳои давлатӣ нишон дода мешавад. Шумо ягон бор дидед, ки ин гапҳои Раҳмонов, ки «ман як худам ва додари тракторист дорам ва як худам диплом дорам, ва бо барқарори сулҳу оромӣ ман аз кор меравам»  нишон дода мешаванд? На инҳоро нишон намедиҳад. Раҳмонов гуфта буд, ки бо омадани гурезаҳо аз қудрат меравад. Аммо ку?

Раҳмонов на сулҳ овардааст, на пеши ҷангро гирифтааст, балки як шахси бисёр ҳам кинагир ва хашину нопокдил ва бадзот аст. Ҳатто дар ҳамин маросими таҷлил аз “30-солагии Иҷлосияи-16” дар қасри Арбоб ҳам ба депутатҳои ҷониби оппозитсион даъватнома надод. Ҳайдаршо Акбаров, вазири кишоварзӣ дар Ҳукумати Муросои Миллӣ ва иштирокчии он Иҷлосия яке аз онҳоест, ки Раҳмонов нахостааст, ки дар он маҷлис ширкат варзад. Ҷаноби Акбаров дар як навиштааш дар сафҳаи фейсбукиаш менависад:

“Мешуд ба ин ҳарф бовар кард, агар дар китоби тоза чоп шудаи вакилоне, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ширкат кардаанд, акс ва номи банда оварда намешуд. Албатта, он чи тайи ҳафтаи ёдшуда мушоҳида кардам, бо меъёрҳои ахлоқӣ созгор набуд. Аз ибтидо тарзи бархӯрди масъулини ноҳияи Дарвоз ва ҷавоби онҳо дар мавриди ширкат дар нишасти 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мубҳаму сарбаста буд. Дар ҳар сурат, ин суол бе ҷавоб монд, ки чаро вакили ин иҷлосияи таърихӣ аз имкони ҳузур дар он маҳрум мондааст? Ва оё барои вакилони собиқ маҳдудияте дар назар гирифта шудааст?”

Аммо зарбаи марговар ва ҷонситони ин Иҷлосия барои мардум, миллат ва давлати Тоҷикистон ин шуд, ки истиқлол ва озодии давлатро аз байн бурд. Мо, вақте истиқлолу озодӣ хостем, истиқлолу озодӣ аз Кремл ва Русия буд. Мо як давлати устувори тоҷикӣ ва як давлате бо озу хости мардум насохтем. Иллаташ он буд, ки русҳо бо воситаи ҳамин қавме, ки Раҳмонов ва Сангакро ба саҳна овард, ин орзуҳои моро замингир кард ва Раҳмонов то ба имрӯз дар доираи кашидаи Кремл мерақсад. Маълум буд, ки барои таҷлил аз сисолагии Иҷлосияи 16 дорудастаи Раҳмонов гуши фалакро кар мекунад. Ин сана барои Раҳмонов ниҳоят боаҳамият ва сарнавиштсоз аст, такрор ҳам шавад сарнавиштсоз барои Раҳмонов. Вале барои халқи тоҷик сарнавиштсуз буд ва ҳар касе, то ба имрӯз силсилабарномаҳои «Ислоҳ»-ро роҷеъ ба ин масъала хонду тамошо кард, ба ин ҳарфҳои мо бовар кард.

Раҳмонов ҳамагӣ дар ду ҳафта аз курсии раиси совхоз ба курсии аввали ҷумҳурӣ расид. Албатта, бо нақзи қонун. Аз аввалин қадамҳояш қонунҳоро сарфи назар кард. Танҳо ёдоварӣ кардан аз ин ҳолат, ки Шӯрои Олӣ ҳақ надошт, ки институти прездентиро барҳам занад, раисиҷумҳурии ба таври халқӣ интихобшударо ба истеъфо фиристад, кофист бигуем,ки аз бисмиллоҳи ҳукуматаш ва то ба имрӯз Раҳмонов қонун ва конститутсияро ба таги пойи худаш мутобиқ кард. “Иҷлосияи-16” оғози як раванде шуд, ки тамоми дастовардҳои солҳои 1985 -1992-ро барҳам зад ва аз байн бурд. Бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ чи қадар ба ин мардум ҷуръат ва ҷасорат дода буд ва чи дигаргуниҳои бунёдиву инқилобие моро ҳамроҳӣ мекарданд. Аммо ин иҷлосия Тоҷикистонро аз масири демократӣ қадам ба қадам берун кард ва Раҳмонов қадам ба қадам ҳукумати қавмӣ-маҳаллӣ-оилавиро пайрезӣ ва ҷогир кард. Ҳоло иқтисоди кишварро тасоҳуб ва инҳисорӣ кардааст. Халқ ва мардуми тоҷик дигар ба тудаи барда ва ғуломон бадал шуд. Раҳмонов султаи қавмиву қабилавӣ ва маҳаллӣ-оилавии худро ривоҷу равнақ дода истодааст. Интихоботу демократияву озодии  ақидаву сухану бисёрҳизбӣ дар ин мамлакат ба як хиёл ва афсона бадал шудааст. Аммо ин миф нест, ин воқеияти ҳоли имрӯз аст, воқеияти талху сангин. Раиси як совхозе, ки дар думи Сангак овезон шуда ҳукуматро гирифт дигар Пешвову Асосгузору Ҷаноби Олӣ ва қаҳрамон ҳам шуд. Раҳмонов тамоми ин ҳама муддат барои миллат ва мардум кор накард. Барои ризоияти хоҷаҳояш кор кард.

Ps:  Хонандаи азизи “Ислоҳ»! Мо, даъво намекунем, ки дар ин сӣ қисмати риштаматолибамон таҳти унвони «30 солагии 16умин иҷлосия ё ифлосия?» тавонистем, ки ҳама паҳлуҳои ногуфта ва номаълуми ин иҷлосияро гуфтаему ошкор кардаем. Раҳмонов ва дору дастааш интизор надошт, ки як чунин барнома бо тамоми абъоду аснод вуҷуди пур аз дурӯғу кизби ӯро бармало мекунад, «мифҳо»-и мифнависону мифологҳои вайро мубаму мешикофад. Аз вокуниши шадиди мурғони фермаи ҷавоб бармеояд, ки онҳо бисёр ҳам зарбаи сахт хурдаанд. Чун мо воқеиятҳоеро гуфтем, ки онҳо интизор надоштанд. Ферма ва мудири ферма тобу тавонро аз даст дод. Мавод пушти мавод бар муқобили мо мунташир шуд. Ҳатто дар ҳамон маърӯзаи бахшида ба сиюмин солгарди ин иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд Раҳмонов аз як қарори он иҷлосия ёдовар шуд, ки аз ин пеш ягон маротиба ба ёд наоварда буд. Вай гуфт: «Ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва расидан ба сулҳ яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992» қабул шуд ва раванди  барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз гардид».

Хонандаи ҳушманд пай бурд, ки дар яке аз навиштаҳои мо маҳз аз ҳамин санаи фаромӯшшуда ёдоварӣ гардида буд ва таъкид шуда буд, ки Раҳмонов  тамоман бехиёли ин сана шуда буд ва баъди онки мо ёдовар шудем, ночор шуд вай ҳам бигуяд. Нуктаи дигар ин буд, ки таҳти таъсири ин сӣ риштаматолиб, ки дар айни баргузори маросими таҷлил аз он хобу хурро аз мубаллиғону косалесони Раҳмонов даррабуд онҳо ба чораҳои зидди навиштаҳои мо даст зада пайваста дар шабакаҳои телевизионӣ навору маводҳо таҳия ва нашр карданд. Ингор бо мо сабқати ғайрирасмӣ эълон намуданд.

Аммо, мо роҳамонро идома медиҳем. Аз ҳақ набигзарем, ки риштагузориши мо хеле аз ҳақиқатҳои дар пушти пардаи ин иҷлосияро бармало ва намоён кард ва дар як танзиму тартиби таваҷҷуҳангез сӣ қиссми филми мустанад бо кадрҳо, лаҳзаҳои ҷаззобу ҷолиб пешкаш карда шуд. Бори дигар такрор ҳам бишавад мегуем, ки инҷо фақат ва фақат воқеиятҳо ва он ҳам аз забони нигоҳу шаҳодати ширкатдорон мутахассис коршиносон гуфта шуд. То кунун ягон матлаби ҷомеъе дар бораи “Иҷлосияи-16” ба ин шакл таҳия  ва пешкаш нашудааст. Мо таҳриф накардем. Мо новобаста аз мавқеъи сиёсӣ ҳақиқат ва воқеияти он иҷлосия ва ҳаводиси то ва баъди онро гуфтем. Мо албатта иштибоҳ доштем. Дар қироат, дар матн. Аммо ин ҳама ғалатҳои фаннӣ буданд на ғалатҳои маъноиву моҳиятӣ. Мо, мунсифона, холисона, ҳирфаӣ ба мавзуи мавриди назарамон расидагӣ кардем.

Риштаматолиби мо як навъ муқаддима,мадхал ва роҳнамое  барои онҳое аст ки мехоҳанд таърихи оғози истиқлолият ва бахусус иҷлосияи 16-ро биомӯзанд. Инҷо ҳама чиз бо факту далел ва аз қавли шоҳидони бевосита ва аз ҳама тарафҳо оварда шудааст. Мо аз худ чизе наафзудем. Корбурди далелҳои раднашаванда аз қавли нафароне мисли Квачков Мусиенко, Достиев, Табаров, Сайданвар Камолов, Санаку Муллоҳайдар ва даҳҳо тани дигари  ҷонибдоронашон буд, ки ҷони фермагиҳоро ба лаб овард, ошуфта ва нигаронашон кард. Мо, кори худамонро дар ин марҳалаи замон ба поён бурдем. Шояд боз барои баъдҳо дигарбора мурури тозае карда шавад ва ба ин масъала баргардем. Аммо ҳар касе метавонад аз ин навиштаҳо, ки дар Пойгоҳи «Ислоҳ» ҳаст бидуни мумониат истифода барад. Агар бароямон имкон даст диҳад ҳатман ин сӣ матлабро ба шакли як китоб тақдими хонандаи тоҷик менамоем ва ба ду забон тарҷума ҳам хоҳем кард,то бештар ғайри тоҷиконро ҳам огоҳтар намоем. Вале, дар охир аз худам ҳаминро изофа мекунам, ки агар Раҳмонов 30 соли дигар биистад ҳам ва худро Пешвову Асосгузор хонад ҳам айни ҳамон Ленин, айни ҳамон Назарбоев хоҳад буд. Мурду рафт, мемураду меравад. Аммо дар ин миён ҳайфи вақту ҳайфи умр, ки дар аҳди ин хоин ва ҷинояткор сарф мешавад.

Поёни сиюмин қисмати силсиламатолиби “30 солагии 16умин иҷлосия ё ифлосия?”. Умеди онро дорем дар бахшҳои дигари таърих дар ин сол баъзе аз корҳоро анҷом диҳему тақдими шумо хонандаи азиз гардонем. Бо “Ислоҳ” бошед ва бубинед,ки ин ҷинояткоронро чи гуна ислоҳ менамоем!

Share This Article