30 солагии 16- умин иҷлосия ё ифлосия?№6

Ислоҳ нет

Қасри Арбоб чи ҳолу вазъе дошт?

 (бахши шашум)

Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев то ва баъди давраи баргузории Иҷлосияи сарнавиштсӯзи 16 ҳамчунин ҷамъомадеро дар таърихи худ ёд надорад. Ин макони сокиту ором аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992, замоне, ки ин ҷаласа доир шуд, бо таҷаммӯи зиёди одамон ва бахусус дар иҳотаи садҳо афсару сарбоз ва мошинаҳои ҷангии давлати бегона як ҳолат ва симои ваҳмовару ваҳшатангезеро гирифта буд. Коргардонҳои паси парда Арбобро тавре озину ороиш дода буданд, ки фикр мекардӣ ба қароргоҳи ягон артиш, беҳтар аст бигӯем ба ягон ақибгоҳи фронте омада бошӣ мубаддал намуда буданд. Маълум буд, ки ин ҳама саҳнасозиҳо далолат бар он мекард, ки акнун «хуҷаин» кӣ аст? Ва, яқинан як ҳамла ва таҳдиди равонӣ ба депутатҳои ҷиноҳи демократии Шӯрои Олӣ ва аъзои Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ҳам буд, ки албатта, то ба инҷо омадан, ба хотири дастёбӣ ба сулҳу субот ва ҷилавгирӣ аз идомаи ҷанг эъломи истеъфо карда буданд. Аммо, манзарае, ки ҳамакнун дар қасри Арбоб пеши назар буд, худ гувоҳӣ ва шаҳодат медод, ки сулҳу созише дар кор нест ва гурӯҳи ғолиб пуштибонони худро ин бор, ки акнун сарнавишти минбаъдаи давлат, ҳукумат ва ҷанги миёни тоҷикҳо файсала мешавад, рӯирост ва ошкоро ба инҷо овардааст. Дар ғайри сурат чи тавр мешавад, ки неруҳои амниятӣ ва ҳатто ҷузъу томҳои артиши як кишвари дигар биёяд дохили кишвари дигар бишавад ва амнияти ҷаласаи ҳукумат ва давлати он кишварро кафолат бидиҳад ва бар дӯш бигирад.

Тамоми атрофи ин қаср, тамоми дару дарвозаҳои вурудиву хуруҷӣ, тамоми гулгашту фаввора ва роҳҳову пайроҳаҳоро сарбозону афсарони бо униформи сиёҳ ва алоало ё аблақи «сангакӣ» таҳти контрол гирифта ва автомату пулемтҳои дастӣ ва туфангҳову кордҳои дар ниёми онҳо ва ҷавшани ошкоро намоён ва хӯду кулаҳхӯдҳои сарашон нишон медод, ки онҳо барои як ҷанги тамомаёр ва бо омодагии садфоиза ба инҷо омадаанд. Хуллас то ба дандон мусаллаҳ буданд. Аммо маълум набуд, ки онҳо бо кӣ тараф буданд, яъне тарафи муқобилашон кӣ буд?  Ба ҷуз аз депутатҳо, аъзои ҳукумат, руасои навоҳии кишвар, шуморе аз дипломатҳои муқими Душанбе, хабарнигорони ҳамагӣ даъватӣ буданд. Ҳамин ҳоло ҳам ин пурсида мешавад, ки агар Узбакистон ва Русия пушти ҳукумати Раҳмонов набуд ва агар ин ду кишвар манфиатдори овардани вай набуд, чаро маҳалли баргузории иҷлосияро ба ин дараҷа «ҷангӣ карда буд». Хуб, билфарзе ягон пархошу хархаша миёни вакилони Фронти халқӣ ва ҷиноҳи демократии парлумон, тарафдрони Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ пеш меомад, ҳамин сарбозу афсари сартопо мусаллаҳ кофӣ набуд? Чи зарурат буд, ки тонку БТР-у БМП-ҳоро пушти ҳам ва то дами дари толор овардану дар ҳолати омодабош нигоҳ доштан? Бале, ҳадаф танҳо як чиз буд. Тарс додани депутатҳои оппозитсион, ки «лишний движений» накунанд ва ҳар ончики дар иҷлосия матраҳ мешавад, бо сари хам даст бардоранд.

Шароит ва фазоро тавре сохта буданд, ки ин сарбозу афсари узбакистонӣ ба ҳангоми вуруд ва хуруҷ ба толор ҳамаро яксара «тафтиш» мекарданд, айни тафтише, ки вақте аз нуқтаи марзии фурудгоҳ рад мешавед. Бештар аз, тамоми чизу чораи ҷайбатонро холӣ мекунед, вале баъди онки бо дастгоҳи махсус сару либосатонро мепалмосанд, боз дастонашонро дароварда ҷайбҳо ва то таҳпушатонро тафаҳҳус мекунанд. Эҷоди руъбу ваҳшат, эҷоди тарс барои як гурӯҳ ва барои гурӯҳи дигар қуввати дил ва такягоҳ. Аз инҷо буд, ки иҷлосия таҳти фишору зуроварии дупутатҳои вобастаи Фронти халқӣ доир шуд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон дар кори ин иҷлосия ширкат накард, нарафт. Зеро пешакӣ медонист (Дар бораи шароити депутатҳои ҷиноҳи демократӣ дар ин иҷлосия, қасди суиқасд ба ҷони бархе аз роҳбарони мухолифин, талош барои ҳабс кардани онҳоро дар як матлаби дигар хоҳем гуфт). Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода баъдҳо дар бораи кори ин иҷлосия чунин изҳори назар мекунад:

“Вакилон дар тасмимгириҳои худ озод набуданд. Ҳатто худи Сафаралӣ Кенҷаев, яке аз раҳбарони Ҷабҳаи халқиро, рабуданд ва чанд рӯз дар ҳабс нигоҳ доштанд. Дар бораи ҳайати ҳукумати нав ягон депутат наметавонист, озодона ҳарф занад ва онҳое вазиру узви кобина шуданд, ки дар сессияи гузашта депутатҳо аслан қабулашон надоштанд ва ҳамзмон онҳоеро, ки дар сессияи гузашта мо пешбарӣ карда будем, аз ҷумла ҳамин сарони минтақаи Кӯлобро, вакилон напазируфта буданд, ин бор бо кафкӯбӣ қабул карданд.”

Дар воқеъ, як тан аз ширкатдорони ин ҷаласа солҳо баъд гуфт дар иҷлосияе, ки дар қасри Арбоб доир шуд, на танҳо вакилони демократ ва оппозитсион, балки тамоми вакилон таҳти фишор ва таҳдиди психологӣ қарор доштанд, онҳо озод набуданд, зери дикта кор мекарданд, чун дар беруни қаср аллакай Фронти халқӣ пуштибонони аҷнабии худро оварда буд.

Шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, депутати Шӯрои Олӣ аз иштирокдорони ин иҷлосия мегуяд, ки амалан қасри Арбоб, ҳамчуноне Душанбе қарор дошт, дар муҳосира гирифта шуда буд:

  Ҷаласа дар ҳамон Қасри Арбоб мегузашт ва атрофи онро се ҳалқа гирифта буданд ва ҳамаашон аз нирӯҳои Тоҷикистон набуданд. Аз Русия буданду аз Узбакистон. Ва аз ибтидо мавзӯъи дигаргун сохтани ҳукумат матраҳ буд. Дар табақаи дуввум як толори кӯчактар буд ва як кумиссиюни созиш дуруст шуда буд, ки бештар дар он ҷо ҷаласа мекард ва тасмимҳои худро баъдан меоварданд ва барои ҳамагон эълон мекарданд. Номзадии Раҳмонов низ аввал дар кумиссиюн пешбарӣ шуда буд ва баъдан дар толор ҳам ҳамин чиз садо дод. Ва метавон гуфт, ки тақрибан ғайриинтизорӣ буд

 Сарбозону афсарон муҳофизу масъули амнияти иҷлосия бо забони узбакӣ гап мезаданд. Кас гумон мекард, ки инҷо Хуҷанд нест, инҷо Тошканд аст. Гуфтем, ки ҳатто депутатҳо, вазирҳоро онҳо бозҷӯӣ мекарданд ва сипас рухсат медоданд, ки вориди толор бишаванд ва ё берун бароянд.

Ҷонибеки Акобир, адиби маъруфи тоҷик, ки ҷояш ҷаннат бошад, он солҳо ба ҳайси сухангӯи раиси Шӯрои Олӣ-Искандаров кор ва табъан, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт таассуроташ аз ин ҳолу ҳавои қасри Арбобро дар сӯҳбате бо Мирзои Салимпур, барои «Озодӣ» чунин тасвир кардааст:

“Вақте ки мо аз мошинҳо дар Қасри Арбоб фуромадем ва дар иҳотаи силоҳдорон дар ватани худамон гӯё гаравгон шуда будем, ман аз ҳамон лаҳзаҳо фаҳмида будам, ки кор ранги дигар мегирад. Баъдҳо ҳам дар он иҷлосия воқеъаҳои дигар низ рух доданд.”

Депутатҳои гурӯи Фронти халқӣ, ки акнун иттифоқчӣ ва пуштибонони худро дар берун аз толори қаср доштанд, дигар касеву чизеро писанд намекарданд. Акнун ҷанги дар сангар ва ҷабҳаҳо дар дохили толор ва шаҳри Хуҷанд кашонида шуда буд. Инҷо лозим медонем ва ҷояш ҳам ҳаст, ки аз хотироти қумандони аз тарафи оппозитсион дар ин ҷаласа ширкат намуда, ки ду соли пеш бо «Ислоҳ» мусоҳиба карда буд, тикаеро пешкаш намоем:

  « Рӯзи 27-уми ноябри соли 1992 тахмин соатҳои10-11 ба самолёт нишаста ва ба самти Хуҷанд парвоз намудем. Бовар кунед, баъд аз фуруд омадан дар шаҳри Хуҷанд мо як даҳшатеро дидем. Даҳшат дар он буд,ки вақте ба мошинҳо савор шудем ва аз майдони ҳавоӣ ба самти Қасри Арбоб ҳаракат намудем, дар ду тарафи роҳ гӯё девор бошад. Аз майдони ҳавоӣ то Қасри Арбоб, дар ду тарафи роҳ аскарҳои Узбекистон, танкҳо ва зиреҳпӯшҳоро қатор гузошта буданд.На парранда бол метавонист занад, на хазанда хазад.  Суханони дӯстонам ба ёдам омад ва ба худам гуфтам, ки ин нафасҳои охирини мо мебошад, ба дом афтодем.Вақте ки мо ба Қасри Арбоб расидем, ҳанӯз ,ки аз мошинҳо берун нашуда будем моро ба дигар самт бурданд. Баъдан фаҳмидем, ки ин ҷо як фароғатгоҳ будааст. (дом отдыха) Дар ин ҷо на охрана буд ва на ягон структура ва гурӯҳе дигар, ки моро муҳофизат кунад».

Дар чунин вазъу ҳол, ки ҳатто хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд, он замон Ленинобод зери тонку зиреҳпушҳои артиши аҷнабӣ меларзид депутатҳои вобаста ва ҳаводор ба Фронти халқӣ аз ҳузури онҳо лаззат мебурданд, бо такя ба автоматҳои дастони онҳо самти муқобилро таҳқир мекарданд. Вуҷуд ва ҳузури неруҳои ҷангии Узбакистон, ки онҳоро дар муқобили бародарони худ, ҳаммилатони худ кумак мекард, ба онҳо болу пар ва руҳу илҳом мебахшид. Онҳо дигар худро дар Хуҷанд ҳам соҳибхона мепиндоштанд. Аз инҷо буд, ки Абдуҷалил Ҳомидов, раиси онрузаи вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) амалан соҳибхона сахт нороҳат шуд ва пешниҳод кард, ки иҷлосия дар Хуҷанд қатъ карда шавад.

Абдумаҷид Достиев, ки вай низ дар ин иҷлосия аз як депутати қаторӣ то муовини аввал ва ҳамин тавр нафари дуввуми Тоҷикистон «пешравӣ» кард дар ин бора чунин мегӯяд:

«… баъди чанд рӯзи кори Иҷлосия шахси масъул,вакили Шӯрои Олӣ,раиси яке аз вилоятҳо,ки «як навъ» соҳибхона буд,дар ҳамон рӯзҳои мудҳиш,ки мардуми саросари кишвар танҳо орзуи сулҳу оштиро мекарду танҳо ба ин Иҷлосия умед мебаст,аз номи вакилони мардумии вилояти ленинобод ва роҳбарияти вилоят бо исрор пешниҳод кард,ки ин Иҷлосия баста шавад ва иштирокчиёни он ба маҳалҳои худ, аниқтараш «сангарҳои худ» баргарданд ва ҳамонҷо масъалаҳояшонро ҳал намуда,баъд ба Иҷлосия биоянд». Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот»-2006

 Абдумалик Абдуллоҷонов танҳо мансабдоре буд, ки дар ҳукумати Раҳмонов ҳам боқӣ монд. На танҳо боқӣ монд, балки ҳамон мақомеро, ки дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дошт, онро ҳифз кард. Вай низ ба унвони мизбон ва соҳиби хона дар ин иҷлосия ба ҳисоб мерафт. Солҳо баъд дар як сӯҳбати матбуотиаш эътироф мекунад, ки иҷлосия дар дигарҷо, на дар қасри Арбоб доир мешуд, вазъият ба гунаи дигар инкишоф меёфт. Абдумалик Абдуллоҷонов ин сесияро тақдирсоз намедонаду онро бар акс гуфтааст:

“Агар сессия на дар Кохи Арбоб, балки дар Хуҷанд баргузор мешуд, эҳтимол он қарорҳое, ки дар он ҷо қабул шуданд, дар ин ҷо амалӣ намешуданд. Ман аввал бо қарори президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ва баъдан, дар ҳамон сессияи 16-ум дар Арбоб бо қарори Шӯрои олӣ сарвазир интихоб шудам. Ман на ҳамчун намояндаи шаҳри Хуҷанд, балки ҳамчун намояндаи насли нави раҳбарон, ки дар шароити нав тавонистанд худро муваффақ намоиш диҳанд, интихоб шудам. Ман танҳо набудам. Сайфиддин Тӯраев аз раҳбарони хуби иқтисоддон буд. Шояд масъулини сессияи 16-ум зодаи Хуҷанд будани маро ба назар гирифта бошанд, вале ҳоло касе ба ёд намеорад, ки ман ва аъзои ҳукумат чанд бор ба нишони эътироз маҷлисгоҳро тарк кардем ва ба қабули баъзе қарорҳо муқовимат нишон додем. Эмомалӣ Раҳмоновро дар Арбоб ба сари мардуми мо ҳамчун раҳбар таҳмил кардем. На ман, на Акбаршоҳ (Искандароваз ин барнома иттилои пурра надоштем. Барканор намудани Раҳмон Набиев, бекор намудани сохти идории президентӣ ва чанде дигар аз қабили қарорҳои ғайриқонунии ҳамон иҷлосия буданд. Барои ҳамин, Раҳмоновро аксари давлатҳо (он замон) ҳамчун раҳбари легитимӣ эътироф намекарданд. Бо вуҷуди ин, агар сулҳ барпо мешуд, агар дар Тоҷикистон тоҷиккушӣ авҷ намегирифт, агар ҳукумат побанди худи Раҳмонов намешуд, иҷлосияи 16-умро тақдирсоз мегуфтем. Аммо баръакс шуд.”

Таҳти назорат ва контрол гирифтани қасри Арбоб-маҳалле, ки иҷлосияи 16 доир мешуд аз тарафи Узбакистон ба ин маъно ҳам арзёбӣ шудааст, ки онҳо-узбакҳо офият ва саломати депутатҳои кулобӣ-яъне Фронти халқиҳоро низ пинҳонӣ бар уҳда гирифта буданд. Барои ҳамин ин гурӯҳи депутатҳоро то қасри Арбоб Узбакистон овард. Адолат Раҳмонова, яке аз вакилони оташнафаси ин гурӯҳ,ки солҳо баъд эътироф кард ,ки касе ба таҳпӯши вай нарасида ва шалворашро ҳам аз поҳояш бадар накардааст, чи расад ба таҷовуз, чи гуна ба қасри Арбоб омаданашон бо мусоидати Узбакистонро ин тавр ҳикоят кардааст:

  «Ягон тайёра ба пойтахти ватанамон парвоз намекард, наметавонистем омадаву рафта, ягон маҳсулот намерафт ба он ҷо аз маркази кишвар. Дар ана ҳамин вазъияти вазнин вакилони мардумӣ розӣ шуданд ба вилояти Суғд раванд. Дар чархболҳое, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Кӯлоб орд меоварданд, мо як гурӯҳи вакилон ба ҳамон чархболҳои боркаши ордоварда дар фурудгоҳи Кӯлоб савор шуда, ба шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвоз кардем. Тасаввур кунед, ки чархболҳое, ки халтаҳои орд оварда буданду пури орд ва ҷои нишасташ кам буд, мо депутатҳои вилояти Кӯлоб ва вилояти Қӯрғонтеппа якҷоя ба шаҳри Тирмиз парвоз карда, баъдан ба вилояти Суғд рафтем.»

Абдумаҷид Достиев, ки худро як нафари масъули ин ҷаласа меҳисобад, чун дар воқеъ раиси Котибот ӯ  буд роҷеъ ба ҳузури низомиҳои аҷнабӣ суҳбат карда талош намудааст,ки омадан ва ё овардани онҳо барои таъмини амнияти Иҷлосияро тавҷеҳ кунад. Як навъ сафед кардан мехоҳад, ки омадани он аҷнабиҳо ногузир буд. Аммо, бубинед, ки забонаш пеш намеравад, бигуяд, ки онҳо неруҳои ҳарбии кадом кишвар буданд ва чаро ва киҳо онҳоро ва бо чи мақсад даъват карда буд:

  «Чанд сухан оид ба ташкили амнияти баргузории Иҷлосия . Шахсоне, ки аз воқеият огоҳ нестанд, ин мавзӯъро ба ҳар навъ ва ба тарзи худ маънӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки давлатро  хатари нестӣ ва ба порашавӣ таҳдид мекард, дар ҳоле ки роҳбарияти замон дар ҳама сатҳ ҳамаро гузошта, фирор намуда буд, дар ҳоле, ки вазоратҳои қудратӣ худро бетараф эълон карданд ва ҳангоме ки аллакай хун рехта буд, барои гузаронидани Иҷлосия амният лозим буд? Бале  !Бо маслиҳати тарафҳо оид ба гузаронидани ин Иҷлосия созишнома имзо кардем (созишномаро кӣ имзо кард ва чиҳо шуд?) ва тибқи он амният таъмин гардид. Аммо онҳо ба корҳои дохилии мо дахолат надоштанд. Агар онҳо намебуданд ,худи мо вазорати дифоъ надоштем, милисаву КГБ-и мо худро бетараф эълон карда буданд, оё ин Иҷлосияи тақдирсоз баргузор мешуд? Биёед як фикр кунем. Ба он руҳия ва вазъе, ки ҷонибҳо ҳамдигарро бо нишонгираки автомат медиданду хун ррехта буд, магар бидуни амният имкони баргузории Иҷлосия вуҷуд дошт? Ҳатто меҳмонхонаи «Ленинобод» ,ки мо вакилони халқ дар онҷо зиндагӣ мекардем, аз чор тараф то қасри Арбоб муҳофизат мешуд. Қасри Арбоб низ. Лекин дар дохили толор мо аз рӯи салоҳдиди худ кор кардем. Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки ҳирси манфиат ҳатто то ба бародаркушӣ мебурдааст.» Абдумаҷид Достиев. «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот»-2006

Аҷаб, аммо Достиев мисле, ки намедонад Эмомалӣ Раҳмонов тавассути Тирмизи Узбакистон ба иҷлосия омад ва барои иҷрои шартҳои Ислом Каримов, ҷиҳати маҳви қисмате аз мардуми тоҷик ва бомбаборон кардани деҳаву рустоҳои онҳо розӣ шуд ва барои ҳамин Узбакистон тонку зиреҳпушҳои ҷангиашро барои муҳофизати онҳо ба Хуҷанд даровард. Албатта, медонад, ки вай ва Раҳмонов ва дар умум Фронти халқӣ ватан, миллат, номус, шараф ва дину оини худро фурӯхта, ба тарафи ғосибону аҷнабиён гузашта ба ҳукумат омаданд. Ҳоло, ки дигарандешон, зиёиён ва бахусус Ҳизби наҳзатро ба доштани «хоҷаи хориҷӣ» муттаҳм мекунанд, ана ин аст факти айну дайн, ки ҳатто аз гуфтани номаш, аз навиштанаш хиҷолат мекашад Абдумаҷид Достиев ва суханпардозони режими ӯ. Бубинед, намегуяд, ки ин неурҳо аз куҷо ва аз кадом кишвар буданд.

Аммо солҳо баъд Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласае бахшида ба даҳумин солгарди имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ суҳбатҳое кард, ки тамоман бар хилофи ҳавлу ҳавои қасри Арбоб дар ноябри соли 1992 буд:

«Аллакай базъе кишварҳо барои порча-порча кардани Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гуфтушунид пеш мебурданд. Вақташ мерасад ва ман менависам. Собиқ базъе вазирони корҳои хориҷии кишварҳои абарқудрат, ин корҳоро мебурданд, сӯҳбатҳои сепаратистӣ мерафт. Аммо он замон ҳама чизро на ба мардум гуфта мешуд ва на ба мухолифин».

 Маълум аст ки Раҳмонов Узбакистонро дар назар дошт, Узбакистоне, ки ӯро дар қасри Арбоб қудрат дод ва савори тонкҳояш ба Душанбе овард. Вагарна ҳеҷ кишваре бар фарзи мисол Эрон болои Тоҷикистон даъвое надоштааст, чи расад ба даъвои марзӣ ва ё шояд Чин буда бошад, ки сипас худи Раҳмонов як қисми қаламрави мамлакатро барояш фурӯхту вогузор кард. Мо дигар кишвар ва дигар давлатро суроғ ва ёд надорем, ки ҳамчунин ҳарзаҳоеро дар хиёли сараш дошта бошад.

Чизе дигар ин аст ки ҳам Достиев ва ҳам Раҳмонов Узбакистонро дар назар доранд, аммо чуноне мебинем аз бурдани номаш парҳез мекунанд. Фикр мекунед, ки чаро? Чун инҳо мадюни Узбакистонанд, чун инҳо яке аз хоҷаҳои хориҷашон ҳамоно Узбакистон аст.

Аммо, бо вуҷуди ин ҳама барои афроде мисли Абдумаҷид Достиев, ки ба маҳзи ҳамин Иҷлосия амалдори калон шуд, қасри Арбоб макони муқаддас ба шумор меравад. Вай менависад:

  «Агар рамзи озодии мардум муҷассамаи «Озодӣ» дар Амрико, рамзи техникии Фаронсаву Аврупо манораи «Эйфел», аҳромҳои Миср рамзи тавоноии шоҳон «Фиръавнҳо»-и ҷаҳон, Тоҷмаҳал, рамзи бунёдкориву ишқи беолоиши самимӣ бошанд, Қасри «Арбоб» дар таърихи мо тоҷикон, рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани муқаддастарини муқаддасотамон-Истиқлолияти комили миллиямон мемонад ва бо гузшти вақт ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил меёбад.». А.Достиев «Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо» Душанбе. «Ирфон» 2003.

Имрӯзҳо, дар арафаи ҷашни сисолагии Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб корҳои ба истилоҳ «ободкорӣ» ҷараён дорад. Дар зимн ин қаср солҳост, ки дигар ба як моддаи бюҷет ворид шуда ва тақрибан ҳар соле барои тармим ва навсозии он миллионҳо «списат» мешавад. Даҳ соли пеш дар онҷо осорхона ифтитоҳ карданд, ки экспонтаҳои он асосан аз аксу тасвирҳои Раҳмонов ва иҷлосияи 16 буд. Ин ҳама танҳо ба он хотир, ки маҳз дар ҳаминҷо Раҳмонов ба қударт расидааст, дар қаср ва ҷаласае, ки амнияти он, ҳифозати он бар дӯши афсару асокири бегона қарор дошт. Ҳамин чанд рӯзи пеш буд, ки хабаре дар бораи навсозии боғу гулгашт ва роҳравҳои он ба нашр расид. Албатта, ин ҳам як роҳи пулкоркунии Раҷаббой Аҳмадзода-ҳамон Қофлонбойи «Ислоҳ» аст ки миллион харҷ кардам мегӯяду даҳ миллиони бюҷетро ба ҷайби худ мезанад. Хуб, дигар сисолагии сари қудратойии Раҳмонов аст ва қасри Арбоб ҳам бояд зарқу барқ занаду ҷило диҳад. Аммо, ин бор ҳам аскару афсарони аҷнабӣ барои муҳофизат ва таъмини амният меоомада бошанд?

Қисмат ё бахши ҳафтуми силсилабарномаҳои “30 солагии 16- умин иҷлосия ё ифлосия?”и мо «Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар… депутатҳои ҷиноҳи демократӣ дар қасри Арбоб» хоҳад буд. Дар ин қисмат ба ин ду ва вазъияти депутатҳои ҷиноҳи демократ хоҳем пардохт.

Бо “Ислоҳ” бошед ва ин барномаҳоро дунбол намоед…

Share This Article