30 солагии 16- умин иҷлосия ё ифлосия?№7

Ислоҳ нет

«Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар… депутатҳои ҷиноҳи демократӣ дар қасри Арбоб»

 (бахши ҳафтум )

Рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи 16 дар қасри Арбоб тавре ҷараён гирифта буд, ки миёни ҳарду тараф баҳсу кашокашҳо ба шиддат сурат мегирифт. Тавре, шоҳидони иҷлосия ҳикоят мекунанд вакилони тарафдори Фронти халқӣ ба ҷуз аз ҳамла ва ҳуҷум ҳеҷ фикреро омода ба қабул кардан набуданд. Ҳамин буд, ки кори иҷлосия пеш намерафт. Вакилони ҷиноҳи демократӣ ва тарафдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ низ омода ба эътирофи бохт набуданд, то ахирин имконият муқовимат нишон медоданд.

Абдумаҷид Достиев, раиси Котиботи ин иҷлосия, ки дар охирин ҷаласаи он ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд дар он лаҳазоти кори Иҷлосияи 16-ро чунин тасвир кардааст:

 «Дар лаҳзаҳои аввал баъзеҳо суханони раисикунандаро шунидан намехостанд ва кори иҷлосияро халалдор мекарданд. Вале аксарияти намояндагон, аз қабили шахсиятҳои обрӯманд, баромад намуда, ҳозиронро ба таҳаммул, хирадмандӣ, ҳамфикриву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамуданд. Бо сабаби кашмакашу нофаҳмиҳои зиёде рӯзи 16 ноябри соли 1992 иҷлосия дар музокироту баҳсҳо поён ёфт. Рӯзи 17 ноябр бошад бо сабаби баъзе нофаҳмиҳову тарафкашиҳои намояндагон ва сари вақт ҳозир нашудани раисони кумитаҳои иҷроияяи ноҳияҳо маҷлис доир нагардид». Абдумаҷид Достиев. «Тоҷикистон-шикастанҳо ва бастанҳо».-Душанбе: «Ирфон»,2003.

Баҳсу баррасиҳо, бахусус, баъд аз онки вакилони ҳаводори Фронти халқӣ аз вилояти собиқи Кулоб Акбаршо Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифи раиси ҷумҳуриро маҷол надоданд, ки ҷаласаро ифтитоҳ ва кори онро пеш барад, ниҳоят пуршиддат шуд ва як буҳрони комилан нохоста ба вуҷуд омад. Ҳукумат ба аъзояш тарки иҷлосия кард.

Давлати Усмон, ноиби нахуствазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ дар суҳбате расонаӣ он ҳолатро чунин ёдоварӣ кардааст:

«Вақте Иҷлосия шуруъ шуд, Акбаршо Искандаров, ки раиси қонунии Шӯрои Олӣ буд кори иҷлосияро шуруъ накард. Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Табаров, як депутати Шӯрои Олӣ ҷаласаро шурӯъ кард. Дар ин вақт ҳукумат, аз ин рафтор, ки воқиан ғайриқонунӣ буд, эътироз кард ва аз зали ҷаласа берун шудем. Нахуствазир бо муовинин ва аъзои ҳукумат. Баъди ин ночор шуданд ҷаласаро барои ду рӯз танаффус эълон кунанд».

Бад-ин тариқа вакилон ба як қароре мерасанд, ки як Комиссияи муросои депутатӣ ташкил бишавад, то буҳрони пеш омадаро тавонанд бартараф ва кори Иҷлосияро пеш бибаранд. Давлати Усмон мегуяд вакилони ҳамакнун дар шароити бартари тарафдор ва вобаста ба Фронти халқӣ дарк карданд, ки даст ба аъмоли ғайриқонунӣ задаанд. Ва, ночор шуданд, ки талаби ҷониби дигарро тан бигиранд:

«Талаби мо ин буд, ки кори ҷаласаро Акбаршо Искандаров, раиси қонунии Шӯрои Олӣ ,ки ҳоло дар мақомаш буд, ифтитоҳ ва раисӣ кунад ва пеш барад .Ин эътирози мо ба инобат гирифта шуд ва Искандаров то вақти аз мақомаш рафтан корро пеш бурд».

Вале, мусалламан, ихтилоф ва хусумат миёни тарафҳо қабл аз Иҷлосия ба сатҳи тоқатфарсо расида буд. Барои депутатҳои ҷиноҳи демкоратӣ ва тарафдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, маълум буд, ки дар Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд онҳо шикаст мехуранд ва мавқеъашонро аз даст медиҳанд. Аз ин ҷиҳат бархе аз онҳо, рафтан ба ин Иҷлосияро як кори беҳуда мешумориданд. Масалан устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, узви Раёсати Шӯрои олӣ дар кори ин Иҷлосия ширкат накард. Вай ба унвони як сиёсатмадори зирак ва ояндабин медонист ва ё пай бурда буд, ки рафтан ба Хуҷанд барои онҳо хатарнок аст. Ҳанӯз, вақте Набиев, ки мехост барои баргузории ин ҷаласа ба Хуҷанд биравад ва дар фурудгоҳ маҷбур ба истеъфо шуд устод Тураҷонзода изҳор доштааст, ки намеравад, чун дар Хуҷанд кадом мушкиле ҳал намешавад.

Худобиёмурз Аслиддини Соҳибназар, дар китоби дуввуми «Субҳи ситоракуш»-аш менависад, вақте роҷеъ ба масъала пеш омад, нафаре, ки қотеъона рафтанро рад кард, Ҳоҷӣ Абар Тураҷонзода буд:

  « Агар ба Ленинобод рафтани мо ба раиси муҳтарам зарур бошад, ба манфиати халқ бошад, мақсад пешгирии ҷанг бошад, мо меравем. Дар инҷо истисно Акбари Тураҷонзода буд. Ӯ зарурати ба Ленинобод рафтанро намедид. Ба суоли Абдуллоҳ Ҳабибов:

Чаро зарурати ба Ленинобод рафтани аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои Олиро намебинед?-ҷавоби басо саҳеҳ дод ва мумкин онро пурра дар ёд надорам:

 -«Агар ба рафтану нарафтани ман ҷанг дар водии Вахш хотима ёбад, тайёр ҳастам аз депутатии худ даст кашам, Қозиётро ба касе супорам».

  Он лаҳза, албатта, касе, аз ҷумла ман ҳам ба мантиқи ин эътирози депутатии А.Тураҷонзода нарасидем….. А.Тураҷонзода ҳақ дарон буд, ки ӯ ҳама лаҳза таҳлил мекард, дуруст дарк менамуд, ки ҷанг танҳо ба хотири мансаб аст…..Мо, демократҳо, зоҳиран дар ақидаҳои коммунистӣ монда Акбарро намефаҳмидем. Намедидем ва ҳис намекардем, ки ӯ сад дар сад ҳақ аст…..Ҳангоми аз дар баромадан Акбари Тураҷонзода ба ман наздик шуда бо як самимият гуфт:

-Ака. Наравед. Чизе намедиҳад,-ва боз илова намуд;-Ихтиёратон. Мумкин ман иштибоҳ кунам.» Аслиддин Соҳибназар, «Субҳи ситоракуш»,ҷ.2 Интишороти Душанбе-2000.

Аммо Нуралии Давлат, муаррихи таърихи муосири Тоҷикистон бар ин бовар аст ки  ҳам бо   ҲММ ва Акбаршоҳ Искандаров, раиси Шӯрои Олӣ, бо ин вуҷуд, ки дар вазияти бад қарор доштанд фикр намекарданд, ки дар иҷлосияи Хуҷанд ба чунин тарз шикаст хоҳанд хӯрд:

«Шояд инҳо то ин андоза бовар надоштанд, ки дар он ҷо сарнагун мешаванд. Шояд фикр мекарданд, ки дар Хуҷанд ягон созише шояд байни ҷонибҳо сурат бигирад. Агар ҳатто на ҳама, пас якчанд нафар мақомҳои худро ҳифз хоҳанд кард. Ва шояд худи Акбаршоҳ Искандаров, зеро ки Искандаров дар сар задани ҷанг саҳм надошт. Ӯ чанд боре ки раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд, нафаре буд, ки худаш барои ин мақом талош намекард, вазъият ӯро меовард. Искандаров умед дошт ва бовар намекард, ки ӯро сарнагун мекунанд». 

Бо интихоби Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар рӯзи 19 ноябр дар Иҷлосияи 16 дар Қасри Арбоб аксарияти кулли депутатҳо, ҳатто онҳое, ки то ин замон бетараф ва ё калаванда буданду як мавқеъи мушаххас надоштанд, ҳамагӣ ба ҳамкасбони худ дар ҷиноҳи демократӣ пушт гардониданд. Онҳоро ин бовару ин натиҷа, ки дар пушти Раҳмонов ва Фронти халқӣ Русия ва Узбакистон меистад, бештар моил ва ҷонибдор ба Раҳмонов кард. Зеро ин депутатҳо ҳамагӣ комунистон ва русгароҳову кадрҳои шӯравӣ буданд ва ҳамаашон ҳатман соҳиби курсӣ ва ҷойи даромад. Акнун, ки намояндаи Фронти халқӣ сардори давлат шуд, онҳо низ мисли буқаламун ранг бохта ба самти ӯ рафтанд, то ки мансабу мақоми худро ҳифз кунанд, вагарна дар ҳамин як рӯзи пеш хеле аз онҳо ҳамроҳ бо Абдуллоҷонов ва Ҳукумат толори иҷлосияро ба нишони эътироз аз фишору зӯргӯиҳои вакилони тарафдори Фронти халқӣ тарк карда буданд.

Дар воқеъ  назорат ва фишори шадид аз беруни толор ва инки қасри Арбоб бо аскару афсарони то дандон мусаллаҳ ва сахт хашмгини Узбакистон дар муҳосира қарор дошт, болои ғайрату ҷуръати депутатҳои мухолифи Фронти халқӣ асар кард. Ин ки ҳукумати нави рӯйи кор омада дар Хуҷанд дастур гирифта ва қавл дода буд, шарти ризояти Узбакистон ҳам  ҳам ҳамин буд, ки роҳбарони неруҳои милливу демократӣ боздошт ва зиндон ва ҳатто ҷисман аз байн бурда шавад, душман ва хоини миллату давлат эълон шаванд, дар ин иҷлосия кам монда буд, ки таҳаққуқ пайдо кунад.

Давлати Усмон, ноиби нахуствазир дар Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва яке аз роҳбарони неруҳои милливу демкратӣ, ки дар кори иҷлосия ширкат карда буд роҷеъ ба ин ҳодиса чунин ҳикоят кардааст:

«Худи ҳамон шаб ба ҷони ман сӯиқасд сурат гирифт. Ва, ман маҷбур шудам, ки субҳ, он рӯзе, ки онҷо Ҷурабек Аминов, муовини вазири амният дар Душанбе террор карда шуд, шаби дигар, вақте ки мо аз ҷаласаи Иҷлосия холӣ шудем дар мошини раиси вилоят, ки моро ҳамчун муовини нахуствазир ҳамл мекард, ҳамон шаб ба ҷони ман суиқасд сурат гирифт. Мо ба як мушкилоте аз ин суиқасд наҷот ёфтем. Ва, субҳ ман маҷбур шудам, ки хеле сареъ ва пинҳонӣ Хуҷандро тарк кунам. Яке аз депутатҳои парлумон, ки он вақтҳо сахт маълум буд ба Эмомалӣ Раҳмонов, ки тоза раиси парумон интихоб шуда буд як хат равон кард, ки Давлат Усмон дар Маскав аст. Вай ба хориҷа фирор мекунад, ӯро ҳабс кунед, то ки наравад. Дар Маскав маро Ҷамшед Каримов, сафири онвақти Тоҷикистон дар Маскав пешвоз гирифт. Рафтем сафорат. Ҷамшед Каримов гуфт,ки алъон  дар иҷлосияи Хуҷанд ҳамин гуна хат ворид шуд, ки шумо мехоҳед фирор кунед. Ман аз онҷо телефонро гирифтаму занг задам ба Абдумалик Абдуллоҷонов, ки он вақт раиси Шӯрои вазирон буд, Гуфтам, ки чунин як сару садое шудааст, ки он дуруст нест. Ман омода ҳастам, ки дубора ба Хуҷанд баргардам, агар амниятам таъмин шавад. Ман ҳеҷ ҷо фирор накардам, ки ҷаноби Абдуллоҷонов, фикр мекунам, ки баъди машварат кардан бо Эмомалӣ Раҳмонов, ки тоза раиси парлумон интихоб шуда буд, ба ман гуфт, ки ман метавонам ба Хуҷанд бозгардам. Ҳамин буд, ки ман 22 ноябр дубора ба Хуҷанд бозгаштам».

Акнун дигар саддарсад рушан шуда буд, ки ҷони депутатҳои ҷиноҳи демократии Шӯрои Олии Тоҷикистон, яъне вакилон ва тарафдорони неруҳои оппозитсионӣ дар Хуҷанд таҳти хатар рафтааст. Яке аз қумандонҳои неруҳои тарафдори Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, ки аз хотироти ӯ дар ин риштаматолиб фаровон истифода кардем дар сӯҳбате дар ду соли қабл бо «Ислоҳ» гуфта буд, ки хеле аз депутатҳо аз ӯ хостанд, ки амнияти ҷони онҳоро бар уҳда бигирад. Зеро афзуд ӯ дар он Иҷлосия қасд доштанд, ки вакилони тарафдори Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ ва оппозитсионро  нобуд бикунанд. Ин аз ташвиш ва нигаронии он депутатҳо аз ҷумла М.Икромов, шаҳрдори пойтахт, ки баъдан дар моҳи феврали  соли 1993 фирор кард, маълум мешавад. Давлати Усмон, ки муовини сарвазир дар Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ буд бо кӯмаки Абдуллоҷонов аз Хуҷанд ба Маскав фирор кард. Вагарна ҳам ӯ ва ҳам бақия намояндаҳои оппозитсионро дар як шаб  мекуштанд:

  «Дар вақти танаффус бисёре аз депутатҳои Шӯрои Олӣ ба назди ман омаданд ва бо ҳам вохӯрӣ намудем, гуфтугӯ кардем. Он депутатҳое, ки маро хуб мешинохтанд, оҳиста ба гӯшам мегуфтанд, ки хуб шуд, ки шумо омадед. Мо ҳамаамон дар зери фишор қарор дорем, ҳарфе гуфта наметавонем ва ихтиёрӣ ба ҷое рафта наметавонем. Ба мо ошкоро гуфтанд, ки то қумандонҳои оппозитсия наоянд ва мо кори саркардаамонро то ба охир нарасонем ва ба мақсади худ нарасем, шумоҳо ба ҳеҷ куҷо намеравед. Яке аз депутатҳо гуфт, ки Сангак инҷо омада ҳама вакилонро огоҳӣ додааст. Ягон депутат зидди Фронти Халқӣ ё ин ки кӯлобиҳо сухан намегӯяд. Аз ҷонаш ва аз ҷони зану фарзандонаш метарсад. Ба охир мерасонем ва ба мақсади худ мерасем, чунин будааст таҳдиди Сангак ва ошкоро мегуфтааст, ки Русия ва Узбакистон дар пушти мо истодаанд. Мақсуд Икромов, собиқ мэри Душанбе омада дар назди ман нишастанд, мо аз давраи ҷавонӣ, якдигарро мешинохтем. М. Икромов оҳистаяк ба гӯши ман гуфтанд, ки илтимос ягон илоҷ карда маро бо худ баред ва гар на маро дар инҷо зинда намемонанд, мекушанд. Ман гуфтам хуб шудааст, зиқ нашавед, ман шуморо бо худ мебарам».

Нақшаи нобудӣ ва ё ба зиндон кашонидани депутатҳои ҷиноҳи демократӣ дар Иҷлосияи 16 бисёр ҳам ҷиддӣ ва дар ҳоли иҷрошавӣ қарор дошт. Аслиддин Соҳибназар, Тоҳири Абдуҷаббор, Ҳайдаршо Акбар, Шарифбек Ёқубов, Мақсуд Икромов, Сайфиддин Тураев, Маҳмурод Каримов, Далер Шораҳматуллоев  ва чандин нафари дигар мебоист дастгир мешуданд. Аммо бо чи сабабе, шояд ба ин ҷиҳат, ки ҳанӯз пойтахтро ишғол накарда буданд, иҷро нашуд, мунсариф шуданд.

Давлати Усмон баъдҳо дар як суҳбаташ боз ҳам  он лаҳзаҳоро ба хотир оварда таъкид мекунад, ки дар воқеъ амнияти вакилони фраксиони демократӣ дар Иҷлосияи 16 таъмин набуд ва ҳар лаҳза имкон дошта, ки алайҳи онҳо иқдоми номардона сурат бигирад.

« Ростӣ, вақте аз Маскав баргашта омадам, Зокир Вазиров омаду гуфт, ки чаро омадед, Шуморо мекушанд. Ман гуфтам куштан ва ё накуштани ман ба ману ту вобастагӣ надорад. Агар тақдири ман кушта шудан бошад, ман ҳеҷ ҷо рафта наметавонам,худам меоям, ки бикушанд. Ин суханҳо буд, ки худораҳматӣ Аслиддини Соҳибназаров гуфт: «Ту чи кор дорӣ, кушанд моро мекушанд, бирав аз пайи корат, пӯсти ту дигар пӯст аст. Хуни мо сурх аст, мисли ҳазрон хуне, ки рехта шуданд, чи магар хуни онҳо кабуд буд?»

Вале солҳо баъд Абдумалик Абдуллоҷонов, ки дар ҳукумати ташкилкардаи ин иҷлосия сарвазир интихоб шуд вуҷуди ҳамчунин нақшаро тасдиқ мекунад:

« Сигнале, ки нишондиҳандаи гуфтори неку рафтори бади ҳокимон шуд, кӯшиши қатл ба ҷони раҳбарони мухолифон буд, ки бо умеди муросо ба кохи Арбоб омада буданд. Агар ҳукуматдорон аз таҳти дил мехостанд, баъди оши оштӣ мухолифонро ҳамкори худ мекарданд, аммо инро накарданд. Масалан, Аслиддин Соҳибназаров барин мутахассис ва сиёсатмадорро нагузоштанд, ки то охири умраш барои кишвараш хизмат кунад.”

Вале Абдумаҷид Достиев масъаларо тавре тавзеҳ мекунад, ки ҷалб нашудани тарафдорони неруҳои милливу демократӣ бо айби худ дар ҳукумати нав  ворид нашуданд:

« Ман бо тамоми эҳтироме, ки ба халқу ватанам дорам ва ба онҳое, ки инро донистан мехоҳанд гуфтаниам, ки ин тавр набуд.  Биёед як қазоват кунем.Аввал ин ки қазия ҳалкунандаҳои ҷониби мухолифин дар ин Иҷлосия иштирок накарданд ва  касе инро талаб ҳам накард. Ягон кас ҳам даъво накард, ки ин вазорат аз мову инаш аз дигарон! Ҳама шоҳид будем. Боз дар ин иҷлосия на танҳо раҳбарони давлату ҳукумат, ба ҷуз аз А.Искандаров иштирок накарданд, балки пешвоёни оппозитсия иштирок кардан нахостанд. Ин боз ҳамон пешвогии тоҷикӣ, ки аз замони ҳангоми ҳалли масоили тақдирсоз пешвоён ҷонибдорони худро бе сарвар монданд ва ё бархе умуман ба иҷлосия нарафтанд ва бархе аз онҷо ғайб заданд. Ман инҷо ному насаби онҳоро аз ҳарду ҷониб ба хотири дар ҳамон рӯзҳо «Ба гузашта салавот» гуфтанҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов зикр намекунам. Дуввум, мо ҳама медонистем,ки Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазири таъинкардаи ҳукумати дар итоати мухолифин қарор дошта, ба ҷои Мирзоев.А.М буд. Дар ин иҷлосия бисёриҳо зидди ин номзад баромад карда буданд. Ба эътирози зиёди вакилон нигоҳ накарда Э.Ш.Раҳмонов ба хотири ором кардани вазъ барои ба ҳайси сарвазир интихоб шудани А.Абдуллоҷонов истодагарӣ кард».

А.Достиев «Ситораи ғолиб».Душанбе «Матбуот»2006.

Ҷаноби Достиев дар ҷое дигар аз ин китобаш эътироф мекунад, ки онҳо натавонистанд, ки номзадии Соҳибназаров ба мақоми ноиби сарвазирро ба депутатҳо қабул созанд:

« Аммо дар интихоби аъзои ҳукумат баҳсе ба миён омад. Як номзади пешниҳод кардаи сарвазирро бисёриҳо қабул накарданд. Ҷонишини сарвазир оид ба иқтисодиёт Аслиддин Соҳибназарови шодравонро. Нисбат ба ӯ ман бисёр эҳтиром доштам. Аз аввал дар бисёр мавридҳо якҷоя маслиҳат мекардем, баъди баъзе корҳо, ки дар мавриди интихоби прокурори генералӣ рух дод чанд нофаҳмиҳои дигар ба миён омад, ҳар кас сари ақидаи худ монд. Гумон мекунам, ки ҳукумати Э.Ш.Раҳмонов, то тавонист аз хирад ва таҷрибаи иқтисоддонии ӯ истифода кард. Вай ба ин сазовор буд. Аъзои дигари ҳукуматро ба пешниҳоди сарвазир депутатҳо ҷонибдорӣ карданд. Ин ҷо холисона ва самимона бояд арз намоям, ки ба мисли ҳукумати тасдиқкардаи Иҷлосияи 16 ҳеҷ вақт дар кишвари мо ҳукумати фарогиртаре таъсис нашуда буд.».

Абдумаҷид Достиев, «Ситораи ғолиб»-Душанбе, «Матбуот»-2006.

Инҷо, то инки посухи марҳум Аслиддин Соҳибназаровро ба ин гуфта биоварем танҳо мехоҳам ин нуктаро ёдрас намоям, ки вақте Достиев мегуяд, номзадии Абдуллоҷонов бо дастгирии Раҳмонов тасдиқ гардид, пас, агар мехост Соҳибназаровро ҳам таъйид кунад, чаро дастгирӣ накард. Албатта, ин гуфтаи Достиев ба таъбири мардумӣ як «нулпоккунӣ» буду бас. Зеро он вақт онҳо мебоист оппозитсионро ба ҳабс мегирифтанд, на инки вазифа медоданд. Ин фармони Ислом Абдуғаниевич Каримов буд дигар.

Худи шодравон Аслиддин Соҳибназаров, вакил аз ҷиноҳи неруҳои демократӣ дар Шӯрои Олӣ дар мавриди онки тарафи ҳамакнун пирӯз он замон чи ақида дошт чунин ибрози назар кардааст:

  «Магар моҳи декабри соли 1992 дар ҷаласаи 16 Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор гардид, коммунистон ғалаба накарданд? Магар мансабҳо дар байни сарварони коммунист тақсим нагашт ва ягон нафаре аз ин идеология берун мансаб гирифт? Аз ин рӯ ман иброз доштам, ки «имрӯз коммунистон ғалаба карданд ва илова намудам, ки мо ин ғалабаро эътироф мекунем. Мехоҳем, ки онҳо хатоҳои худро такрор накунанд ва Ҳукумате таъсис диҳанд,ки сулҳро пойдор гардонад». Оё «ғолибон» ин корро карданд? Не. Накарданд…..Эътироф накардани неруи мағлубон, шомил нашудани мухолифин дар Ҳукумат худ идомаи ҷанг буд»

Аслиддин Соҳибназар, «Субҳи ситоракуш»,ҷ.2 Интишороти Душанбе-2000

Давлати Усмон, ноиби сарвазир Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ низ мегӯяд, ки онҳое, ки қудратро гирифтанд, дигар ҳамчун ғолибон ҳукуматро гирифтанд ва нақша надоштанд, ки муросо ва мусолиҳа кунанд:

«Ҳукумате, ки дар онҷо ташкил мешуд, ҳукумате буд, ки дар сурати Фронти халқӣ дигар худашро дар маснади пирӯзӣ медид. Аз як тараф намехост, ки Ҳукумати Мусолаҳаи Миллӣ дубора яъне ҳукумати муросо ё ҳукумати мусолиҳа эҷод шавад, ҳукумати коалитсионӣ намехост. Аз тарафи дигар ҳам чунин як пешниҳоде барои ҳеҷ касе аз мухолифин сурат нагирифтааст.»

Яъне вақте Достиев мегуяд, ки мухолифин ширкат надоштанд, дурӯғ мегуяд, ҳамчуноне мегуяд, ки Раҳмонов, агар онҳо иштирок мекарданд, вазифаашон медод, низ дурӯғ аст. Чун чуноне медонем, нақша маҳви физикии онҳо буд. Воқеият, чуноне гуфтем ин буд, ки депутатҳои он замона, ки ба сангарҳо ҷудо шуданд бо ҳар роҳу васила ҳамдигарро сиёҳ мекарданд. Аммо вакилони вобаста ва тарафдори Фронти халқӣ аз ҳеҷ туҳмату дуруғ ва қабоҳат нисбати рақибони худ парҳез намекарданд. То Иҷлосияи 16, бахусус шахсиятҳое, ки дар маҳаллу манотиқи таҳти контроли Фронти халқӣ нуфӯзи бештар доштанд, масалан ҳамин ҷаноби Достиев барои сиёяҳсозии лидерони тарафи дигар аз буҳтону туҳмат фаровон истифода мекарданд. Дар китоби «Фарёди Солҳо»-и Бӯрӣ Карим, як иқтибосе аз Мактуби кушоди депутат Достиев ба вакилони Шӯрои Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар нашрияи «Ҳақиқати Хатлон» чоп шудааст, ки мо низ онро ба қироати шумо мегузорем, то худ қазоват бикунед, ки ақли чунин инсонҳо то куҷо беҷо ва зоил шудааст

  «Онҳо-(ваҳҳобиҳо,Б.К) ба таври худ ба дину шариати ислом ислоҳот ворид сохтанӣ буданд…Равия ва пешниҳоди ҳазрати Муҳаммад алайҳи вассаломро ба тарзи дигар маънидод мекарданд…Онҳо санъати баланди наттоқӣ доранд.Тавассути фалсафаи исломиашон онҳо бештари мардумро ба атрофи хеш ҷалб намуданд….аз хурдтарин камбудиҳои ҷамъияти коммунистӣ истифода мебаранд.

  Яке аз таълимоти эшон иборат аз он буд,ки гӯё падар духтари панҷумашро ҳақ дорад ба никоҳи худ дароварад.

Инсоф кунед,бародарони мусулмон, оё ин таълимоти ваҳшиёнаро пазируфтан аз рӯи инсониву мусулмонӣ аст? Бовар кунед, ҳамин таълимотро дастак намуда муллоҳои мутаассиб бо духтарони худ ҳамхоба мешуданд.

   Онҳо аз гумроҳии мардуми Қаротегин истифода бурда гирдиҳамоию корпартоии тулонӣ ташкил карданд…..гуруҳи зиёди олимону адибон, рушанфикрну зиёиёнро дар атрофи худ ҷамъ карданд. Мактуби кушоди депутат Достиев ба вакилони Шӯрои Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон.

 Рӯзномаи «Ҳақиқати Хатлон». Нашрияи Фронти халқии Тоҷикистон,№414,ноябри соли1992»

Яъне ин руҳияи намояндагон-депутатҳои марбут ба Фронти халқӣ буд, ки бо ҳамин гуна эҳсоси нафрату бадбинӣ ва мавқеъи сахти душманона ба Иҷлосияи 16 омада буданд.

Бӯрӣ Карим низ зимни таҳлилу баррасии ин ҳолат ва мақтаъи замонӣ аз таърихи давлатдории тоҷикон мегуяд, ин тақсири Эмомалӣ Раҳмонов буд, ки мухолифатҳо идома пайдо кард:

« Агар Эмомалӣ Раҳмонов гирифтори фиреб намегардид, бо неруи мухолиф созиш мекард, фикр мекунам, як давлати одилонае бунёд мекард, ки ҳама ихтилофро аз байн мебурд, ҳазорони дигар кушта, бехонумон, ғариб, овора намегаштанд. Дар таърих бо рӯи сурху сари баланд боқӣ мемонад. Вале ӯ фиребхӯрда акнун дар бойгонии таърих чун шоҳи саргумкардаву бадномгашта ёд хоҳад шуд» .Бӯрӣ Карим «Фарёди Солҳо».  Маскав. Трансдорнаука-1995

Хонанда ва бинандаи азиз,шумо ва мо ҳам бо ин назари ҷаноби Бурӣ Карим мувофиқем, дар ҳар сурат ман мувофиқам, ки Раҳмонов дар таърихи мо як раҳбари нафриншуда ва зиддимиллӣ сабт мешавад. Барои онки ба ин гуфтаи мо бештар бовар кунед, мунтазири қисмати баъди бошед,ки дар он қисмат чи гуна вориди пойтахт шудани Эмомалӣ Раҳмоновро баъд аз анҷоми Иҷлосияи 16 ба баррасӣ хоҳем гирифт.

Поёни қисмати ҳафтуми мо, қисмати ҳаштуми мо “Чи гуна Раҳмонов ва Фронти халқӣ ба Душанбе ворид шуданд?” Силсила барномаҳои моро дунбол намоед,то фиреби маккорони дар сари қудрат қарор доштаро нахуред!

Share This Article