Қозӣ Тураҷонзода чаро дар иҷлосияи 16 набуд ва чаро Раҳмонов бо ӯ оштӣ накарду эълони ҷанг кард?
(бахши бистум)
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, депутати халқӣ, узви Раёсати Шӯрои Олӣ ва раҳбари Идораи мусулмонони Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоби Хуҷанд ҳузур надошт. Вай чуноне, ки худаш мегӯяд, дар он шабурӯзҳо дар як мусофират дар Маскав қарор дошт:
«Сабаби ширкат надоштанам ҳамин буд, ки дар рӯзҳои ин иҷлосия ман дар Тоҷикистон набудам. Дар сафар будам ва вақте ки ба Маскав ворид шудам, шунидам, ки Раҳмонов раиси Шӯрои олӣ интихоб шудааст. Ба Душанбе расидан замон ба эшон як барқияи табрикӣ фиристода, омодагии худамонро ба пуштибонӣ аз ҳукумати тозатаъсис ва роҳбарияти навинтихоби Шӯрои олӣ эълом дошта будем.»
Аммо вай ҳамчуноне худаш таъйид кардааст, ҳам ба ҳангоми эъломи интихоби Эмомалӣ Раҳмонов ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ҳам ба вақти шурӯи кори Раҳмонов дар Душанбе изҳори ҳамкорӣ ва дасти ошноӣ дароз кард. Ҳамон рӯзе, ки Раҳмонов ба ин мақом интихоб шуд, шоми он рӯз дар ТМТ-телевизиони мардумии Тоҷикистон табрикоти устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов садо дод. Раҳмонов аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Устод Тураҷонзода чанд нафареро ба ҳузури Раҳмонов фиристод, ки дасти барои ҳамкорӣ ва бародарӣ дароз кардаи ӯ ва ҷонибдоронашро мепазирад ё хайр? Чун дар он иҷлосия оши оштӣ баргузор шуда Раҳмонов ҳам ваъда дод, ки корашро бо сулҳ шурӯъ хоҳад кард ва як қонуни афв ҳам қабул шуда буд. Иттифоқан маҳз қозии мусалмонон қумандонҳои Душанберо мутақоид мекунад, ки бираванд ба Хуҷанд ва дар иҷлосия ширкат ва бо қумандонҳои Фронти халқӣ оштӣ бишаванд, чун поёни ҳама ҷанг сулҳ аст ва акнун, ки ҳукумати нав эъломи сулҳ мекунад, бояд дасти вайро гирифт. Худи устод Тураҷонзода он рӯзҳоро дар як сӯҳбаташ чунин ёдовар мешавад:
«Мо паём дода будем, ки барои 10 то 15 рӯз, то барқарор шудани тамоми ниҳодҳои ҳукумат дар шаҳри Душанбе нирӯҳои Фронти халқӣ вориди Кофарниҳон нашаванд. Ин дар ҳоле буд, ки гурӯҳҳои таҳти фармони Файзалӣ як бор ба Кофарниҳон сар зада, даҳҳо нафарро кушта буданд. Се нафар аз мақомоти шаҳри Кофарниҳон бо пешниҳоде назди раҳбарияти нав рафта буданд, ки барои таъмини амнияти мардум, дар сари роҳи Кофарниҳон аз ҳисоби фирқаи 201-и Русия посгоҳе таъсис ёбад ва замоне ки мардум мутмаъин шуд, ҳамлае сурат намегирад, мо худамон нирӯҳои мавҷударо халъи силоҳ мекунем. Сабаби чунин пешниҳод ин буд, ки аксари фармондеҳони Фронти халқӣ он вақт саргамри пирӯзиҳо буданду ҷавонони беахлоқ буданд ва таърих ҳам инро нишон дод, зеро бисёре аз онҳо баъдан зиндонӣ шуданд, мардум намехост, онҳо вориди ноҳия шаванд. Ва пас аз 15-20 рӯз то як моҳ, вақте мардум бовар кард, ки Фронти халқӣ нияти ҷангу ҷидол ва интиқомгирӣ надорад, мо худамон ҳамаро халъи силоҳ мекунем ва бо ҳамин кишварамон аз ҷанг эмин мемонад. Аммо авзоъ таври дигар пеш рафт ва маро огоҳ карданд, ки дар ин ҷо боқӣ монданам хатарнок аст. Бо вуҷуди ин, ман то моҳи январ дар минтақаи Ромит боқӣ мондам.»
Аммо Эмомалӣ Раҳмонов хеле дурушт посух медиҳад, ки «ҳар кас тибқи кирдораш ҷавоб медиҳад». Ва, ҳамин тавр ба қатлу куштори мардуми бесилоҳи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) ва махсусан наздикону бастагон ва ҳамдеҳаҳои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода шуруъ мекунад. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар як суҳбаташ бо «Чароғи рӯз» дар он солҳо, ки дар Маскав ба нашр мерасид дар ин маврид чунин мегуяд:
…. «Он вақт 49 нафар хешу табори моро ба ҳалокат расониданд. На дар рафти амалиёти ҷангӣ, балки онҳоро дар хонаҳояшон, дар деҳаи худашон куштанд. 27 нафари онҳо аз шаст сол боло умр доштанд. Хонаи маро аввал тороҷ карданд, баъд оташ заданд, хонаи падару модар, хонаҳои бародаронамро, хонаи модаарӯсамро ҳам чунин карданд. Ҳатто масҷидҳоро, ки дар наздики хонаи ман воқеъ аст, оташ заданд. Се нафар хеши наздики маро, ки 76 ва 84 сола буданд, сар буриданд….
Барои ман аламовар ва нанг буд, вақте аз дараи Ромит бомбаборони деҳоти осоиштаро медидам.
Он вақт мо назди Раҳмонов намоянда фиристода аз ӯ хоҳиш кардем, ки ба Кофиарниҳон ҳуҷум накунад ва ба кумаки дивизияи 201, ки шояд кафили амният буда метавонист, ба халъи силоҳи ҳарду ҷониб замина эҷод кунем. Раҳмонов амр кард, намояндагонро ҳабс кунанд, танҳо бо дахолати Абдуллоҷонов, ки гуфтааст ин ашхосро шахсан Ислом Каримов мешиносад, онҳо зинда мондаанд.
Вақте намояндагон баргаштанд, суханони Раҳмоновро ба мо нақл карданд, ки бо оппозитсия ҳеҷ гуна шафқат нест, ё таслим мешавад. ё несту нобуд карда хоҳад шуд. Баъди он ки бовар кардем, урдуи рус бо танку вертолётҳои худ Кофарниҳонро оташборон мекунад, дигар чорае ҷуз аз гурез намонд.
Дар Кофарниҳон баъди бомбаборон ҷасади ба тикаҳо порашудаи духтараки якунимсоларо дидам…Моҳи декабр дар қишлоқи Варвараи дараи Ромит, соати сеи рӯз, пас аз наҳор, бомбаборон сар шуд. Хонаводаи Худойдод Худойдодов, бародари ректори донишгоҳи исломии мо, сари дастархон шаш духтар ва як писари дусола нишаста буданд. Падару модар ва панҷ фарзанд ҳалок шуданд, ду духтар …захмӣ. Ин хонавода акнун вуҷуд надорад..Чун ин ҳамаро мушоҳида кардам, талх ва сахт гиристам.» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода «Чароғи рӯз» №»,№1(173) .Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо» .Москва, «Трансдорнаука»,1997.»
Баъди чунин муносибати хасмона ва хашин устод Тураҷонзода, бо ҷамъе аз дӯстон аз бародаронаш ба ночор аз тариқи куҳҳо ва қуллаҳои барфпӯши Ромиту Рашту Бадахшон бо сад азоби ҷонгудозе дар моҳи феврали соли 1993. баъди ду моҳи ғасби Душанбе аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонов тарки ватан карда мерасад ба Қирғизистон ва ҳамин тавр Маскав ва ба Саудиву аз онҷо ба Теҳрон…
Эмомалӣ Раҳмонов, ки як шарти ба қудрат нишондани ӯ аз тарафи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ин буд, ки бояд роҳбарияти оппозитсионро ҷисман нобуд карда онҳоро душмани халқ эълон кунад аз ҳамон рӯзҳои аввали кораш, ҳатто дар маҷлиси ҳукуматӣ ба сиёҳ кардани Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва дигар роҳбарони мухолифин мепардозад. Дар маҷлисе дар 9уми январи соли 1993, ки ҳоло як моҳ шуда буд, ки ба Душанбе омад дар ҳақи устод Тураҷонзода тамоми бадгӯӣ ва туҳматро раво мебинад. Пораҳое аз суханони ӯро «Садои мардум»-нашрияи Шӯроии Олии онвақта чоп кардааст:
«Ба туйҳои мо назар афканед. Онҳоро Ҳоҷӣ Акар Тураҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Давлат Усмон, шодмони Юсуф ва дигарон ба чӣ аҳвол оварданд? Санъаткоронро нагузоштанд, ки дар туйи фарзандонамон иштирок кунанд. Худашон чандин зану хонаҳои олиҷаноб доштанд. Канӣ, акнун он падарону модарони миллат, ки ҳамроҳи мо халқро ором ва аз бало раҳо кунанд. Онҳо дар Маскаву Афғонистон, Арабистони Саудӣ, хонаи хешонашон маскан гирифтанд» Садои мардум 12. 01. 93 Эмомалӣ раҳмонов маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ .
Эмомалӣ Раҳмонов бо ҷӯшу хурӯш ва ҳаяҷони шадид ба аҳли толор қисса мекард, ки Тӯраҷонзода кист? Ӯ коняку арақро бо сатил мехурд. «Садои мардум.» 12. 01.1993…..
Аммо, воқеияти дигар бисёр ҳам нанговар ва сангини он солҳо ин буд, ки бо исму номи устод Тураҷонзода на фақат хешу таборони вай, балки хеле аз инсонҳоро Раҳмонов ва боевикҳои вай куштанду ба қатл расониданд. Кор ба ҳадде расид, ки устод Тураҷонзода паёме дод ва гуфт, ки ҳар касе барои қозӣ таҳқиру нафрин мефиристад, сахт осӣ хоҳад шуд, бигзор ҳар сақату ҳақорате ки мекунад бо номи исми ман-Тураҷонзода бифиристад.
Исми устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар ҳодисаи заминларзаи рустои Шарораи Ҳисор ва сипас ҳаводиси февралии соли 1990 сари забонҳо уфтод. Вай аз ҳамон оғози фаъолияти иҷтимоӣ бо забони баёни фасеҳу оммафаҳм ва бо мавқеъгирии умдатан мардумӣ ва гушоиши гиреҳҳо мавриди истиқболи ҳамагон қарор гирифт. Барои мисол, вақте як деҳа зери куҳ қарор гирифту ҳукумат (Қаҳҳор Маҳкамов) ва мардуми деҳа ноилоҷу музтар монданд, ки бо садҳо тан аз азизони зери ҳазорҳо тон лойу хок монда чи бикунанд ӯ фатво содир кард, ки онҳо ҳамин тавр шаҳиданд ва зарурате бо кофтукоби аҷсод боқӣ нест ва намози ҷанозаи онҳоро хонду мушкилро рафъ кард.
Шарофиддини Имом, муовини раиси «Растохез» ва солҳо баъд сафири ҳукумати Раҳмонов дар Афғонистон дар китобаш аз саҳми устод Тураҷонзода дар фуру нишондани тазоҳуроти ҳаводиси февралӣ изҳори андеша карда, тавре ба назар мерасад ночор мешавад мусбат баҳо бидиҳад:
«Суханрони ахир Акбар Тӯраҷонзода буд. Ӯ таъкид ба таъкид мегуфт, ки намехоҳад ба сиёсат даст занад. чун «сиёсат ин ифлосист, сиёсат ин дуруягист», дар ҳоле, ки ба сиёсат сахт гаравида буд ва аз ҳама василаҳои он фахолона истифода мекард. Бо ин ҳама. фаъолияти ӯ дар рӯзҳи 11-18 феврали соли 1990 асосан мусбат будааст. Дар ин гирдиҳамоӣ ӯ дуои хатм кард. Гирдиҳамоӣ шаш соат идома дошт ва гиридиҳамомадагон оромона пароканда шуданд.». Шарофиддини Имом.
«Таърихи бедории миллӣ ва истиқлоли Тоҷикистон» Душанбе,2003.» Суннатулло»
Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода ,яке аз муассисони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва яке аз дӯстони устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода қисса мекунад,ки «Акбарҷони ҷавон» (манзураш устод Тураҷонзода) ҷаласаи интихоботи раиси Муфтиёти Осиёи Миёна дар Тошкандро тавре раисӣ ва гардонандагӣ кард, ки ҳамагон аз дониши баланд, фаросати расо ва забондониву кордонии вай дар ҳайрат афтода будем: «Муфтӣ Муҳаммад Содиқ кадомеро мефаҳмид ҷавоб медод, баъзеашро мефаҳмид, лекин ба забони худаш аз ҷавоб гардонидан оҷиз мемонд. Ӯ ишора ба сӯи Акбарҷон намуд. Дар муқобили саволу ҷавоб омода мешуд. Ҳар хабарнигоре ба кадом забоне, ки саволаш дод, забони русиро бо забони русӣ, узбекиро бо забони узбекӣ, форсиро бо забони форсӣ ва арабиро бо забони арабӣ. Ба арабӣ чунон фасеҳу равон, бедиранг ҳамчун дипломат ҷавоб медод. Ҳамаро қаноатбахш намуд. Ин ҷавони бо илм ва зебоияш ва шаъну шарафаш ҳамчун нури офтоб ва ба ҳар тараф паҳн гашт. Мо ҳама дар шигифт будем, ки чунин ҷавони олими фаҳмидаи муосирро худованд аз диёри мо ба вуҷуд овардааст. Дере нагузашта буд, ки дар соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ пош хурд. Бо кушиши Акбарҷон идораи қозиёти Тоҷикистон мустақил гашт. Дар як муддати кори кутоҳаш идораи қозиёт ба зинаи баланде дар ҳаёти динӣ, сиёсӣ, фарҳангии ҷумҳурӣ мақоми ҳалкунанда ва ҷойгоҳи худро ёфт. Аз самараҳои кори пурмасъулиятшиносиаш чунон дар ҳоли пешрафт буд, дар як муддати кӯтоҳ, ки соле ҳам нагузашта буд, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳайси нахустин донишгоҳи динӣ кушода шуд. Дар ҳама вилояту ноҳияҳо дарсҳои динӣ расмӣ ба роҳ монда шуд. Масоҷиди ҷумъахонӣ аз 17 адад ба 360 адад расид. Суръати кушодашавии масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин маконҳои дарсхонии динӣ ҳамоно дар ҳоли густариш буд. Девори оҳанини роҳи Ҳаҷи Байтуллоҳи шарифро ёфтанд. Уламои исломӣ, аз ҷумла Акбарҷон худаш ва садҳо нафари дигар ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ роҳ ёфтанд. Ҷойи пӯшида набуд, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чи дар миёни омма ва дар мақомоти аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар порлумон суханаш вазн дошт, ба осони сухани ӯро рад кардан кори осон набуд. Аз ҳама муҳиммаш Русия ӯро хуб мешинохт, дар ҳеҷ кораш пеши роҳи ӯро намегирифт, Узбекистон ҳам ҳамин назарро дошт. Дар олами ислом ҳам марди шинохташуда буд.» Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода. «ҲНИТ: сабзиш, лағжиш, пешрафт». Душанбе-2013 «Муаттар».
Дар воқеъ устод Тураҷонзода дар солҳои фаъолияташ ба ҳайси раиси Идораи Қозиёти Тоҷикистон шӯҳрати баланд касб карда ва ба гуфтаи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ «престижи олӣ» дошт. Аммо ин ҳама шуҳрат ва обрӯву эътибори як руҳонӣ ва раҳбари динӣ ва як домулло барои сардамдорони режими вақт, комунистони лоик қобили қабул набуд. Бо ҳар роҳу васила талош мекарданд, ки сари роҳи вай чоҳе бикананд.
Дар тақвияти ин андеша аз навиштаҳои Сафаралӣ Кенҷаев аз қисми аввали китоби «табаддулоти давлатӣ»-и ӯ як иқтибос меоварем, ки нишон медиҳад, чи гуна аз хадамоти шоёни қозии мусалмонони Тоҷикистон эҳсоси нафрат ва рашки худро пинҳон накардааст:
« Қозиёти Ҷумҳурӣ муносибати дохилию хориҷии худро бо дигар мамлакатҳо озодона,чи тавре, ки дилаш мекашад, бурда истодааст; омузиши дини мубини ислом дар мактабҳои миёнаю олӣ ҷорӣ хоҳад гардид; сессияи Шӯрои Олӣ рӯзи иди «Рамазон» ва «Қурбон»-ро рӯзи истироҳатӣ ва давлатӣ эълон кард; барои рӯзҳои истироҳат эълон кардани рӯзи ҷумъа ба кумитаҳои Шӯрои Олӣ супоришҳо дода шуда буд; заминҳои мадрасаву масҷидҳо аз андози давлатӣ озод гардид; аз рӯи қудрату тавоноӣ, касе, ки нияти ҳаҷ рафтан мекард, ягон мамониат ва ё зиддияте аз тарафи давлат зоҳир намегардид, баракс давлат кӯмаки худро дареғ намедошт; танҳо заводи нуриҳои минералии Вахш соли 1991 ба Қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳаҷ фиристодани аҳли ислом 100 ҳазор арзи америкоиро ба нархи 50% арзон дод, касе намоз мехонад ё рӯза мегирад, ягон таҳқире набуд; дар Садову Симо барои ташвиқи дини мубини ислом вақти муайян ҷудо карда шудааст; аз хонаи як қисм кормандони дини ислом соле 7-8 кас ба хонаи Каъба ба ҳаҷ мерафтанд, вале ҳукумат намепурсид, ки ҳар яке онҳо 171 ҳазор сумиро аз куҷо ёфтаанд, аз ҳисоби кадом бечораи деҳқону коргар; соли ҷорӣ зиёда аз 80% кормандони Шӯрои Олӣ бо ҳамроҳии банда рӯзадор буданд; рӯзҳои иди Рамазону Қурбон раиси Шӯрои Олӣ хаттӣ ва шифоҳӣ масҷид ба масҷид гашта, аҳли дини исломро табрику муборакбод мекард ва ғайраву ғайра.» Сафаралӣ Кенҷаев. «Табаддулоти давлатӣ» Душанбе 1993
Ин воқеият аст ки дар он солҳо нақши устод Тураҷонзода ва мақоми вай хеле ҳам баланду боло буд. Вай ҳам дар байни ҳукумат ва ҳам дар майдонҳо тарафдорону душманони сарсахт дошт.
Иброҳими Усмон, яке аз таърихнависони ҳаводор ва тарафдори ҳукумат чи дар давраи Набиев ва чи дар давраи Раҳмонов дар бораи устод Тураҷонзода навъе баҳогузорӣ мекунад, ки тамоми ҳаводис ва махсусан майдони Шаҳидон кори дасти ӯст:
«Бисёриҳо ба ҳайси коргардони «Шаҳидон» ба ҳайси коргардони тамоми фоҷиаҳои Тоҷикистон Қозикалони собиқ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ном мегиранд. Ин ҷавонмарди ҳануз чилсоланашуда аз давраи заминҷунбии Шарора, аз воқеиятҳои февралӣ шӯҳрат ёфт, ба бахташ ӯ вақте соҳиби курсии қозикалон шуд, ки бозсозӣ барои озодии виҷдон имкон дод, дар Тоҷикистон садҳо масҷиди нав бунёд гардид ва теъдоди масҷидраву рӯзадорҳо ҳазорҳо нафар афзуд. Дар ин шароит вай обруи воқеӣ пайдо кард, беғиромбозӣ депутати мардумӣ интихоб шуд, дар ҷаласоти Шурои олӣ исбот намуд, ки на фақат донишманди хуби илоҳиёт аст, балки сиёсату иқтисодро низ аз аксарияти кулли депутатҳо ва вазирҳо беҳтар медонад. Аммо ӯ ба зудӣ дину ташвиқи динро яксӯ гузошта, ҷиддӣ ба сиёсат пайваст, акнун мехост дар паҳлуи мадрасаи исломӣ руҳияи куллии сиёсати исломӣ ба вуҷуд орад. Ӯдар гуфтор муқобили давлати исломиасос буд, вале амалан барои он мубориза мебурд ва муқобилияти забониаш аз як тараф пардае бошад, аз тарафи дигар аз дарки воқеияти Тоҷикистон бар меояд. Гумон мекунам ӯ дар Тоҷикистон чунон ҳокимиятеро мехост, ки аз иродааш қадаме берун нагузорад.
Қозикалон барои мақсадаш пул ёфт: пули майдони Шаҳидон, пули хайрот, ба масҷидҳо ва шояд пулҳои дигар. Оғози соли 1993 «Ҷумҳурият» дар такя ба «Новое время» навишт, ки Эрон барои майдони «Шаҳидон» 3 млрд. доллар сарф кард, барои созмон додани одамон ба амале ҳам,барои таблиғ низ. Таблиғгарҳо барои ситоишу ҳамкорӣ музд мегирифтанд, барои хомушӣ ҳам ҳақашон мерасид, барои таваҷҷуҳро ба тарафи дигар ҷалб намудан низ.
Чунин андешаҳое ба вуҷуд меомад дар хусуси коргардони тахминии «Шаҳидон».
Иброҳим Усмон. «Соли Набиев». Душанбе-1995»
Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар тазоҳуроти моҳҳои март-апрели соли 1992 то охирин лаҳзаҳо ширкат накарда буд, вале аз тарафи роҳбарияти онрӯза, коммунистони соҳиби қудрат ба шумули Сафаралӣ Кенҷаев мавридди шакку гумонҳо қарор гирифта буд. Салими Аюбзод дар ҳамон матлабаш менависад:
«Ҳарчанд коммунистон ӯро таҳрикдиҳанадаи пасипардагии ҳизби исломӣ ва ҳавохоҳи бунёди ҷумҳурии динӣ медонистанд, вай ба сари худ як неруи мустақилро ташкил медод, асосан мустақилона ё дар ҳамгироӣ бо вакилони демократ ва рушангарони Шӯрои Олӣ амал мекард. Ва дар хотираҳояш омадааст, ки дар масъалаи ширкаташ дар тазоҳуроти моҳҳои март-апрели соли 1992 «наҳзатиён» ӯро ба гуфтушуниде дар «маҳалли нейтрал» даъват карданд.»
Тураҷонзода минҳайси як сиёсатмадори зирак ва прагматик паёмади рӯёрӯии миёни муътаризин ва ҳукуматро эҳсос карда тамоми талошашро барои ҷилавгирӣ аз идомаи нобасомониҳо харҷ мекард. Вале ҷараёни ҳаводис тавре ҷилав рафт, ки Раҳмон Набиев, Сафаралӣ Кенҷаев ва бақия мақомдорон ба ин ҳаводис пойи мардуми манотиқи дигар, бахусус Кулобро кашиданд. Ва, майдони Озодӣ дар муқобили Шаҳидон ташкил карда шуд.
Сафаралӣ Кенҷаев, агарчи медонад, ки мардум ба майдони Озодӣ бо талаб ва дастури худи ӯ ва Набиев оварда шудаанд, аммо бо як бепӯстурӯӣ воқеиятро пинҳон карданӣ мешавад, вале медонад, ки ҳарфаш муътамад нест:
«Ҳамон рӯз аллакай тавассути ташкилотҳои дар ноҳияву вилоятҳо мавҷудбудаи КАМ хабар расида буд, ки амалиётҳои ғайриқонунии гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» ва чашмакзаниҳои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро бо Искандаров дар сессияи Шӯрои Олӣ тавассути оинаи нилгун дида, мардуми вилоятҳои Кӯлоб, Ленинобод, ноҳияҳои Ёвон, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ленину Варзоб, Файзободу Кофарниҳон ва ғайраҳо дар гирдиҳамоиҳо ғазаби худро баён намудаанд». «Табаддулоти Тоҷикистон»,ҷ.1
Шеравлиё Мирзоавлиёев, генерали мустаъфӣ ва дар он солҳо муовини сардори умури дохилаи вилояти Кулоб солҳо баъд дар як навиштааш дар нашрияи СССР аз он ёдоварӣ мекунад, ки дар воқеъ устод Тураҷонзода метавонист масъалаҳоро ҳал бикунад:
«Аз роҳбарон дар вазорат фақат муовини вазир А.Қаҳҳоров буданд. Ман наздаш даромадам ӯ хавотирпарешон буд. Вазъиятро фаҳмондам, ки мардумро безарар ва беталаф аз майдон гусел кардан лозим. Ӯ каме фикр карду супориш дод, ки сардори БДА Ҳабиб Сангинов ба наздаш ҳозир шавад. Баъди чанде ӯ ба назди Қаҳҳоров ҳозир шуд. Муовини вазир аз Сангинов Ҳ пурсон шуд, ки аз уҳдаи гусели мардум мебарояд не? Ҳабиб Сангинов дар ҷавоб гуфт, ки не, ҳоло бе иҷозати қозикалон ягон кор иҷро ё ҳал намешавад ва касе ҳам кафолат дода наметавонад. А.Қаҳҳоров савол карданд, ки бо он кас чи тавр ба алоқа бароянд? Ҳабиб Сангинов гуфтанд, ки ман инро ташкил мекунам. Баъди ним соат худи қозикалон Тураҷонзода ба онҷо ҳозир шуданд. Ӯ бисёр шод буд ва саволи аввалаш ҳамин буд, «калони кулобиҳо кист?», аз ҷоям хеста гуфтам, ки ман намояндаам.»
Рустами Абдураҳим (раиси созмони «Ошкоро») дар як суханрониаш дар назди тазоҳуротчиён дар Кулоб дар моҳи июли соли 1992 тамоми нооромиҳоро бори души устод Тураҷонзода мекунад:
«Аз моҳи апрели соли 1992 куштори одамони бегуноҳ сар шуд. Мошинҳоро месӯзонданд, хӯрокаро ба об мепартофтанд. Радио ва ТВ-и ҷумҳурӣ бошад,тамоми амалиёти сиёҳкоронро ба гардани мардуми Кӯлоб бор мекарданд. Сабабгори тамоми бадбахтиҳо ба ақидаи ман Тӯраҷонзода аст. Воқеаҳои баҳманмоҳи с.1990 пурра ба ӯ вобастагӣ дорад. Як тасаввур кунед, ки гирдиҳамоии майдони Озодиро 4 миллион одам тарафдорӣ кардаанд, вале гапи онҳо нагузашт. Имрӯз ҳам президент ва ҳам сарвазир ҳоҷӣ Акбар аст.»
Рустами Абдураҳим, ба унвони яке аз роҳбарони майдони «Озодӣ» дар як ҷаласаи Шӯрои Олӣ ширкат ва низ суханронӣ карда мегуяд:
«Тасаввур кунед, парлумон сарфаҳми як қозӣ нарафта истодааст. Ин қозӣ, ман як вақт дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ баромад карда будам, ман аз тарҷумаи ҳоли ӯ як камтарак нақл карда будам. Афсус, ки ҳозир ун кас дар инҷо нестанд… «Фарёди солҳо».Трансдорнаука.Маскав-1995
Сафаралӣ Кенҷаев, ки дигар барои майдони Озодӣ қаҳрамон ва «комиссар Каттанӣ» ба шумор мерафт ва барои майдони Шаҳидон, баракс як чеҳраи манфур ва душмани демократия ва озодиҳои мардум дар китобаш устод Тураҷонзода на танҳо роҳбарӣ пасипардаӣ ҳамчунин сармоягузори он муаррифӣ мекунад:
«Дар рӯзҳои гирдиҳамоии моҳҳои апрел-май майдони «Шаҳидон» танҳо аз вилоятҳои Намангону Фарғонаи ҷумҳурии Узбекистон ба унвони ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз номи зиёда аз бист масҷиди ҷумъахонӣ барқия дохил гардидааст. Ба хазинаи гиридиҳамомадагони майдони «Шаҳидон» аз муфтии мусулмонони Мовароуннаҳр»-и Осиёи Миёна ҳоҷӣ Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф 200.ҳазор доллари амрикоӣ, ҷонишини ӯ оид ба масҷидҳои Фарғона ҳоҷӣ Абдурауф Ғаффоров 100.000 сум ҳадя ирсол гардидааст.»
Сафаралӣ Кенҷаев бештар аз ин ба Ҳоҷӣ Акбар даруфтода ӯро ба ончизе, ки анҷом надодааст, муқассир меҳисобад, агарчи чуноне гуфтем, устод Тураҷонзода на як бор ва ду бор талош кард, ки миёни Кенҷаев ва муътаризини Шаҳидон тафоҳум ва мусолиҳа ба вуҷуд ояд:
«Агар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дилу дидаи пок медошт ва ботинан бандаро бародар мехонд, қиблагоҳи ишон маро аз дорулайтом (ятимхона) ба манзили хеш оварда,ҳамчун писари хеш нигаҳдорӣ карда бошад, пас чаро барои «бародарӣ худ» (банда) чоҳ кофт, бо мақсади аз сари қудрат дур сохтани ӯ гирдиҳамоиҳо ташкил намуд, мардуми муъмину мусулмони аз сиёсат дурро бо суханҳои бофтаву сохта ба ман душман гардонид?! Чаро нисбати банда зоҳиру ботини ягона надошт?!
Чаро бегоҳии 7.05.1992 с.мошини зиреҳпӯшро бо бист нафар силоҳбадаст барои панҷа ба ҷони ман задан сафарбар намуд, ки маро сипас хонаи ману бародаронам ва дӯстам Ботурҷон Исҳоқовро тирборону талаву тороҷ карданд?! Ҳамон хонае, ки ӯ бо қиблагоҳу хешовандонаш борҳо нону намак хӯрда, сарулибос пӯшида, намоз хонда, ба худои бахшоянда розу ниёз гуфта буд. Охир банда ба муқобили Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва хонадони ӯ силоҳбадастони хуношомро бо БТР нафиристода ва хурдтарин хиёнатро раво надида будам-ку?! Пас кӣ худотарсу муъмину мусулмони комил будааст?! Пас Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз худаш наранҷида, аз дигарон меранҷидааст?! Охир, боре ба ман иброз накардааст, ки кадом талаботи дини мубини исломро ба ҷо наоварда, хиёнате кардаам?! Илова бар ин, А.Тӯраҷонзода роҳбари ниҳонии воқеаҳои майдони Шаҳидон буду хурсандиашро пинҳон намекард. Ӯ ба Искандаров, собиқ раиси комиҷроияи ВАБК, ки ҷои Кенҷаевро гирифт,гуфт: «Ба ин курсии манҳуси коммунистӣ нашин. Онро пешгузаштагонат касиф кардаанд. Мо барои ту курсии дигар меорем». Ва мисли ҳамақидаҳои маскавиаш ду ангуштро боло бардошт, ки ин ишора «Виктория»(Ғалаба)-ро ифода мекард. Суханону ишораи ӯро тавассути симо тамоми аҳолии ҷумҳурӣ диданд. Ҳайратовар бошад ҳам, маҳз ҳамин суханҳову ҳамин ишора халқи ҷумҳуриро ба ҷӯш овард». С.Кенҷаев. «Табаддулоти Тоҷикистон»,ҷ.1
Вале устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар китобаш «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам ,аммо…» ҳаводиси он солҳо ва бахусус бозиҳои бархоста дар атрофашро бо далелу бурҳони раднопазир ба ин тарз тавзеҳ медиҳад: «Яке аз шиорҳои асосии гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ» истеъфои банда аз вазифаи Раиси Идораи Қозиёти Тоҷикистон буд. Баръакси онҳо, аҳли майдони «Шаҳидон» аз мо дифоъ мекарданд. Аммо хулосаи шахсии ман ҳанӯз дар ҳамон замон ин буд, ки ҳадафи асосии тарроҳони ҳақиқии гирдиҳамоии ҳар ду майдон бадном намудани шахсияти банда ва бо ин роҳ аз Риёсати Идораи Қозиёт ва дар кул аз саҳнаи сиёсӣ дур сохтани инҷониб буд. Гарчи яке ошкоро ба муқобили мо шиор дода тӯҳмату буҳтон мебаст ва дигаре гӯё зоҳиран аз мо пуштибонӣ мекард, вале мақсади асосии тарроҳони ҳар ду гирдиҳамоӣ дифоъ аз манофеи худ буд.»
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар тавзеҳи ин иддаояш чунин тафсилот медиҳад:
- «Коргардонҳои асосии Майдони Озодӣ номенклатураи ҳизби давлатии минтақаҳои Ленинобод ва Кӯлобу Ҳисор буданд, ки баъди интихоботи Раиси Ҷумҳур мехостанд, мавқеи худро дар тамоми доираҳои қудрати давлатӣ аз ҳисоби саҳмияи номенклатураи Қартоегину Бадахшон, ки дар ин интихобот шикаст хӯрданд, таҳким бахшанд;
- Номенклатураи комунистии Қаротегину Бадахшон, хусусан пас аз барканорииАслонов ва муҳокимаи ошкорои Навҷувонов ва паҳн шудани овозаҳое, ки гӯё «ҳамаҷо ва хусусан соҳаи савдо ва умури дохиларо помирию қаротегинӣ зер кардааст», манофеи худро дар хатар дида барои дифоъ аз худ аз ҳама гуна имконот истифода бурд ва тавонист, ки эҳсосоти маҳалчигиро таҳрик дода, мардумро ба майдон биоварад. Номенклатураи комунистии ин минтақаҳо ҳатто муваффақ шуд, ки гурӯҳҳои бо ҳам мухолиф, мисли эшонҳо, аҳли тасаввуф ва Ҳизби наҳзатро дар як майдон гирд оварда, ба манфиати худ истифода намояд;
- Коргардонҳои аслии ҳар ду майдон ва хоҷагони хориҷии онҳо густариш ва бедории ислом дар Тоҷикистон, кушоиш ва сохтмони садҳо масҷид, ташкили донишгоҳу мадрасаҳои ислом, тақвияти нақш ва ҷойгоҳи Идораи Қозиёт, густариши нуфузи табақаи руҳоният, болоравии обрую эътибори шахсияти банда, дилгармии ихлоси мардумони бешумор, хусусан табақаи зиёиён ба инҷонибро, ки ин ҳама дар воқеъ оғози як таҳаввулоти бузург ва эҳёгаронаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа буд, хатари ҷиддие нисбат ба манофеи истеъморгаронаи худ медонистанд. Магар онҳо метавонистанд ин омилҳоро нодида бигиранд?!
- Гурӯҳе аз коргардонҳои ҳизбӣ ва номенклатураи майдони Шаҳидон мехостанд, тавассути ин гирдиҳамоӣ Набиевро аз таъсир ва «шарри» Кенҷаеву Ҳувайдуллоевҳо дур сохта риштаҳои муносибати худашонро бо Раиси Ҷумҳур бештар устувор намоянд;
- Дар баробари то рафт фалаҷ шудани сохтори давлатдории Тоҷикистон бародарони маскавиашон дар зеҳни коргардонҳои ҳарду майдон чунин шоиъаеро қавӣ гардонида буданд, ки «то хабардор мешавед, қозӣ ҳокимиятро ба даст мегирад». Айни ин иборотро муздурони Маскав –Ҳайдар Шарифзода ва Рустами Абдураҳим дар оғози гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Кулоб ба хотири тарсонидани мардум аз низоми исломӣ такрор мекарданд. Аз ин рӯ коргардонҳои ҳар ду майдон номи моро байрақи «мубориза»-и худ қарор дода мехостанд нишон бидиҳанд, ки тамоми ин кашмакаш ва ҷанҷолу нооромиҳо ба номи ҳамин шахс вобаста аст ва ӯ сабабгори ҳамаи ин воқеаҳост. Ба ин васила онҳо барои бадном ва беобрӯ кардани шахси банда ва саркуб намудани бедории воқеии исломӣ талош мекарданд.» Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода. «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам аммо…»
Игор Ротар, як журналист ва таҳлилгари рус, ки бо устод Тураҷонзода ва бархе дигар аз мақомоти Наҳзати исломӣ дар солҳои муқвоимат дидору мулоқотҳо кардааст, дар бораи ӯ чунин менависад:
«- Тоҷикистон имрӯз ба таври расмӣ дигар зери сояи Россия набошад ҳам, дар асл колоннияи Россия мондааст. Мухолифони мо он нафароне мебошанд, ки ба эҳёи СССР бовар доранд. Ин он тоҷиконанд, ки дар бораи гузаштагони худ, решаҳои авлодии худ фаромӯш кардаанду омодаанд бо русҳо ассимилятсия шаванд. Танҳо пас аз ғалабаи мо тоҷикон озод мешаванд, гуфта буд Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, арбоби динӣ ва сиёсӣ, пешвои исломистони тоҷик дар замони ҷанги шаҳрвандӣ.»
Аммо, замоне ҳам ки сулҳ ва шароити бозгашти роҳбарияти оппозитсион ба Тоҷикистон фароҳам омад, Эмомалӣ Раҳмонов бо ҳамон ҳирсу танаффур ва душмании собиқае,ки ба Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дошт, розӣ нашуд, ки вай ҳамроҳ бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вориди Душанбе бишавад. Аммо, баъдан, баъде фишори шуморе аз қумандонҳо болои Раҳмонов шиддат гирифт ва низ сокинони навоҳии атрофи Душанбе норизоияти худ аз наомадани қозидомуллоро ошкор карданд, вай ночор шуд фармони муовини аввали сарвазир таъйин кардани ӯро қабл аз онки ба Тоҷикистон баргардад, имзо кард.
Устод Тураҷонзода солҳои ҳиҷрат яке аз бузургони Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва ҳайати музокироти тарафи Иттиҳоди неруҳои оппозитсионро раҳбарӣ мекард. Бештари таҳлилгарон ва сипас роҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон низ бар ин бовар шуданд, ки дар ҳолати татбиқи дидгоҳҳо ва пешниҳодоти устод Тураҷонзода шароити сулҳу созиш бо Раҳмонов ба гунаи дигар пеш мерафт.
Устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода баъди оштӣ бо ҳукумат дар мақоми муовини аввали сарвазир ва сипас узви Маҷлиси Миллӣ фаъолият кард. Аммо ӯ танҳо ва то имрӯз ягона роҳбаре аз ҳарду ҷониб аст ки эътироф кард ва пузиш пурсид, ки иштибоҳ карданд:
« Гузашти солҳои охир рӯшан намудааст, ки дар ба миён омадани ин фоҷиаи азим бар сари миллат ҳамаи дастандаркорони ҳамонрӯза ва, аз ҷумла банда, гунаҳкор ҳастем. Банда ин мавзӯъро ба хубӣ дарк намуда гоҳе аз эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ ва гоҳе аз эҳсоси аҷзу но тавонӣ ба худ мепечидам, ки чаро пеши роҳи чунин шакл гирифтани ҳодисаҳо ва рехта шудани хуни поки фарзандони ин сарзамини муқаддас, ятиму бепарастор мондани даҳҳо ҳазор тифли маъсум ва таҳқир шудани ҳазорҳо хоҳару модари тоҷикро гирифта натавонистам.
Гарчи банда доираҳои ҷосусии хориҷиро тарроҳон ва супоришдиҳандагони (заказчик) ҳақиқии ин фоҷиаҳо меҳисобам, вале тамомаи шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ва ба хусус сарони неруҳои сиёсии Тоҷикистон-аз коммунист то демократу либерал ва аз исломӣ то миллигарову «бетарафҳо»-ро, ки дарҳаводиси солҳои охир каму беш даст доштаанд, низ барои аз даст рафтани озодию истиқлоли кишвари азиз ва барои поймол шудани иззат ва ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон дар даргоҳи Худованд ва дар пешгоҳи миллат гунаҳкор меҳисобам ба ҳеҷ ваҷҳ худро аз ин ҷамъ истисно намедонам ва ин масъулияти сангинро аздӯши худ дур карданӣ нестам ва ҳеҷ кас ҳам ҳаққи ин корро надорад.» Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода. «Миёни обу оташ тарҳи сулҳ андохтам аммо..»
Вале вай ҳеҷ гоҳ аз гуфтани воқеият сар боз назад ва бар ин назар аст ки «бадбахтиҳои мардум аслан баъд аз интиҳои сессия шурӯъ шуда буд. Мутаассифона, дар ин бора талош мекунанд, ҳақиқат пинҳон монад ва ё ҳатто баракси онро мегӯянд.»
Воқеиятҳое, ки дигарҳо аз баёнаш парҳез кардаанд.
Поёни қисмати бистуми ин сислсиламатолиби мо бахши 21уми силсила матолиби мо “Чаро ба ҷони Давлати Усмон дар Иҷлосияи 16 дар Хуҷанд сӯиқасд сурат гирифт?” аст. Дунбол намоед ин силсиламатолиби моро,то аз он ҳодисот ба хубӣ огоҳӣ дошта бошед!