5. СУРАИ МОИДА

Чанд суолу посух аз ин сураи муборака Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

5. СУРАИ МОИДА

Чанд суолу посух аз ин сураи муборака

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Суол: Рақами оятро, ки номи сура дар он зикр гардидааст, баён кунед?

Ҷавоб: Дар ояти 114 номи сура, Моида зикр шудааст.

Суол: Сабаби номгузории сура ба Моида чист?

Ҷавоб: Ба Моида (калимаи арабие, ки маънояш дастархон аст) номгузорӣ шудани сура он аст, ки ҳавориёни ҳазрати Исо (а) аз ў барои далели сидқи нубуват дастархон талаб карданд ва ид оростанашон, қиссаи он дар ин сура зикр шудааст.

Суол: Сураи Моида кай нозил шудааст?

Ҷавоб: Баъд аз сураи Фатҳ.

Суол: Номи Худованд, Аллоҳ (ҷ) дар сура чанд маротиб зикр шудааст ?

Ҷавоб: 143 маротиб.

Суол: Кадом паёмбарони Худо дар сураи Моида зикр гардидаанд?

Ҷавоб: Одам (а), Мусо (а), Исо (а), Довуд (а).

Суол: Теъдоди калимаҳои ин сура чанд аст?

Ҷавоб: 2837 (ду ҳазору ҳашсаду сивуҳафт) калима аст.

Суол: Шумораи ҳарфҳо чӣ?

Ҷавоб: 12,206 (дувоздаҳ ҳазору дусаду шаш) ҳарф.

Суол: Бар тиловат кунандаи сураи Моида чанд савоб аст?

Ҷавоб: Тибқи ҳадиси ривояткардаи Ибни Масъуд (р), 122,060(Яксаду бисту ду ҳазору шаст) савоб мегирад.

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

Сайри кутоҳе аз таърихи Тақдир.

Силсила мақолаҳои Тақдир ва ё қазо ва қадар № 2 Эътиқод ба тақдир яке аз аркони асосӣ ва усули имон аст. Қуръон ва Суннати набавӣ тақдирро бо шевои хубе баён намудаанд. Расули акрам (с) бо суннати мубораки хеш собит намудаанд, ки талош кардан ва ё ба кор гирии сабаб бо тақдир ҳељ зиддият ё мухолифате надорад. Инчунин умматашро аз дурӯғ шуморидани тақдир ва ё бо он мухолифати шадид нишон додан бар ҳазар дошта ва аз ин амал манъ намудааст.