Худованд мефармояд: «Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирин ва аҳли Мадина, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва эшон низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург!».
(Сураи Тавба, ояти 100)
Дар ин оят ба ду нукта ишора шудааст:
- Муҳоҷирин ва ансор яъне асҳоби паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), хусусан касоне, ки аз онҳо дар дин бар дигарон сабқат ҷуста, пештар аз дигарон имон овардаанд, Худованд ризояти худро аз онҳо эълом мекунад ва ба мардум мефаҳмонад, ки аз кори онҳо хушнуд будааст. Ва тарафи онҳо низ аз Худованд хушнуд ва розӣ ҳастанд, яъне қалбашон барои Худованд метабад ва нияташон пок будааст. Худованд инро эълом мекунад, то ҳама аз ботини онҳо огоҳ шавад ва ихлоси онҳоро бовар кунанд. Ин ифтихор аст, ки насиби пайравони ҳеҷ паёмбаре ва ҳеҷ қавми дигаре ҷуз асҳоби Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нашуд.
- Худованд аз касоне розӣ мешавад, ки аз муҳоҷирину ансор ва шеваи онҳо пайравӣ кунад ва роҳу равиши онҳоро ба хубӣ бипаймоянд, на онки ба онҳо пушт кунанд. Зеро шеваи асҳоб бозтобе аз шеваи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мебошад.
Худованд аз байати асҳоб хушнуд гашт
Худованд мефармояд: «Худо аз муъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас, оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик подошашон дод».
(Сураи Фатҳ, ояти 18)
Аҳмияти байъат ризвон ва ихлосе, ки дар қалбҳои асҳоби киром(раз) барои итоат аз Муҳаммад (саллаллоҳу алйҳи васаллам) ва додани ҷонашон дар роҳи Ӯ ва рисолаташ вуҷуд дошт, сабаби нузули ин оят шуд. Ин оят фазилате барои асҳоб (раз) талқин мешавад ва дигар қавмҳо чӣ аз назари замон ва чи аз назари макон аз он маҳрум буданд. Ва ин ҳақиқате аст, ки манзалати асҳобро низ Худованд бозгӯ мекунад ва онҳоро аз дигар қавмҳо фарқият месозад ва нишон медиҳад, ки Худованди Мутаол аз асҳоб ба далели нияте, ки дар қалбҳояшон мавҷ мезадааст ва ҷонфишониҳояшон дар роҳи рисолати илоҳӣ худ ризояти комил доштааст, чизе, ки дигарон аз он баҳрае набаранд.
Худованд аз ояндаи асҳоб ва ҳаводиси пас аз реҳлати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам) хабар доштааст ва агар қавмҳои асҳоб дар он замон бар мабнои дунёпарастӣ ва моландӯзӣ буд ва дар ҷиҳате норизояти Худованд мекарданд, Худованд ҳеҷ гоҳ бо ин қотеъият ризояти худро аз онҳо эълом намекард, то сабаби гумроҳии касоне, ки Қуръонро мегиранд фароҳам овард. Худованд мефармояд: «Касоне, ки пеш аз ин муқарар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз ҷаҳаннам барканоранд. (Яъне ба ин дунё бозгаште надоранд, набозгашти миъодӣ)».
(Сураи Анбиё, ояти 101)
Оё тамоми асҳоб баробаранд?
Оё онҳое, ки дар роҳи Худо ҳиҷрат кардаанд ва паноҳ доштаанд ва ҷиҳод намудаанд ва аз молу фарзандони худ гузаштаанд, солҳо барои дини ислом сахтӣ кашидаанд, бо касоне, ки дар ночорӣ ва таслим ба ҳузури паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) рафта, ба ӯ имон овардаанд ва ба мақоми саҳоба нозил гаштаанд, баробар ҳастанд? Ҳеҷ гоҳ чунин нахоҳад буд. Худованд марзи байни ин дуро тайин мекунад. Худованд мефармояд: «Ва чаро дар роҳи Худо инфоқ (харҷ) намекунед ва ҳол он ки аз они Худост мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ инфоқ карда, ба ҷанг рафта, бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ (харҷ) кардаанд ва ба ҷанг рафтаанд, баробар нестанд. Дараҷоти онон (гурӯҳи аввал) болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст».
(Сураи Ҳадид, ояти 10)
Дар ояти дигаре Худованд мефармояд: «Агар ба он чӣ шумо имон овардаед, онҳо низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй бартофтанд, пас бо ту сари хилоф доранд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки Ӯ шунаво ва доност!».
(Сураи Бақара, ояти 137)
Худованд ҷамоати асри Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро, яъне саҳобагонро мавриди хитоб қарор медиҳад ва эълом мекунад, агар дигарон имоне монанди имони шумо ва шабеҳ ба он ва ба ҳамон чизе, ки шумо имон овардаед, имон биёваранд пас ҳидоят ёфтаанд ва аз ҷузи растагорон мебошанд. Ва агар аз шумо руйгардонанд, яъне инки шуморо қабул надошта бошанд ва ба шумо пушт кунанд ва имони онҳо, имони ба ғайр аз шумо бошад, пас аз гурӯҳи ҳидоятёфтагон набуда, ва танҳо дар мухолифат бо шумо ҳастанд. Пас, қабул шудани имони соири муслимин марбут ба қабули имони саҳоба ва ташобеҳ бо имони онҳо мебошад ва пушт накардан ба шеваи онҳо ва мухолифат накардан бо эшон.
Муҳаммадиқболи Садриддин