М.Кабирӣ Раҳмоновро табаддулотгари низомӣ ва муборизонро қаҳрамонони миллат унвон кард
Муҳиддин Кабирӣ,раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар сӯҳбати ахири худ,ки ба думболи интихоби Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе ба мақоми раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон иттифоқ афтод роҷеъ ба масоили муҳим ва мубрами ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ибрози назар кард.
Яке аз нукоти асосӣ дар сӯҳбатҳои ӯ ин буд,ки интихоби Рустам ба ин мақомро табаддулотидавлатӣ ва ғасби ҳокимият унвон кард.
Вай аз ҷумла тавзеҳ кард,ки “дар бораи як раванди тӯлонӣ,раванди ғасби ҳокимият сӯҳбат мекунад. Худи Рустами Эмомалӣ бояд бидонад,ки шурӯи кораш дар сиёсати калони давлатӣ аз ҷиноят оғоз шуд. Яъне ӯ шарик ё ба истилоҳи русӣ “соучастник”-и як ҷинояти давлатӣ аст, як хиёнати миллӣ аст ки аз тарафи падараш анҷом шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ ва бо кӯшиши хоҷагони хориҷиаш сари қудрат омадааст”.
Аммо нуктаи меҳварӣ ва умда дар сӯҳбатҳои раиси Паймони миллии Тоҷикистон ин буд,ки аз қиёми мардум дар муқобили ин режим ва раиси он гуфт ва гуфт,ки ононе,ки алайҳи ин ҳокимият мубориза мебаранд, муборизон ва қаҳрамонҳоанд. Ин қисмат аз сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ,раиси ПМТ аз ин қарор аст:
“Агар он рӯз фаро расид ман ҳар рӯз,ҳар соат зораву тавалло кунам,ки мардум, ба хиёбон нарезед,мардум худаш ба хиёбон хоҳад рехт.На ман пеши роҳи инро гирифта метавонам на Раҳмон. На ман метавонам мардумро ба зӯрӣ ба қиём хезонида тавонам, на каси дигар. Пас,мову шумо,мардуми азиз, бахусус огоҳони миллат, вазифаамон имрӯз ин аст ки бояд,мардумро аз ин қонуншиканӣ огоҳ кунем, ин қиёми мардумиро рӯзбарӯз,соат ба соат наздиктар кунем ва вазифаи мардум ҳам ин аст, ки ба ҳарфи касоне,ки воқеан дилашон ба миллат месӯзад,ба кишвар месӯзад ва дар фикри ояндаи мову шумо ҳастанд,гӯш бидиҳанд ва мунтазири он соат бошанд ва он соат,ки фаро расид,ман бовар дорам, ки миллат худаш ҳарфашро хоҳад зад ва корашро анҷом хоҳад дод.Аммо ин гурӯҳҳо,ин нафароне,ки даст ба қиёми миллӣ мезананд, чи гуна нафарон хоҳанд буд? Аз нигоҳи қонунӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ, оё онҳо як касоне хоҳанд буд,ки зидди ҳокимият, зидди раҳбари давлат қиём кардаанд?
Онҳоеки бар алайҳи режими имрӯзаи кишвар қиём мекунанд аз нигоҳи қонунӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ зидди роҳбари ин давлат қиём кардаанд, ё ҷиноят кардаанд ва ё ягон қонуншиканӣ кардаанд? Ё инҳо муборизон- қаҳрамононе хоҳанд буд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ, пеши роҳи табаддулоти давлатиро аз тарафи як нафар гирифтанд ва хостанд, ки қонуният ва адолат дар кишвару ватанашон амалӣ шавад.
Як бор биёед инро баҳо бидиҳем ҳамватанони азиз. Соли 1992 дар Тоҷикистон хуб ё бад ҳукумати марказӣ вуҷуд дошт.Дар шаҳри Душанбе Ҳукумати Муросои Миллӣ буд. Вазирҳо амал мекарданд,роҳбари давлат вуҷуд дошт. Ва,як идда аз ҳамватанони мо, дар минтақаҳои Тоҷикистон ба хулоса омаданд,ки ин ҳукумати марказӣ иштибоҳ карда истодааст ва шояд қонунҳоро вайрон карда истодааст. Ва норозигии худро баён карданд.Ва мо дидем,ки натиҷааш чӣ шуд. Як иддда аз кишварҳои хориҷӣ омаданд, ин норозигии бархе аз ҳамватанони моро бахусус дар минтақаи Кулоб ва шояд қисман дар минтақаи Суғди имрӯза истифода карданд ва аз байни онҳо чанд ҷинояткорро пайдо карданд,мисли Сангак Сафарову Файзалӣ Сайдов ва чанд ҷинояткори дигар,ба онҳо силоҳ доданд ва онҳоро зидди ҳукумати марказии дар шаҳри Душанбе, дар пойтахт буда равона карданд. Ва баъдан дидед,ки онҳо чи кор карданд.
Чаро ҷинояткоронро интихоб карданд?
Чун вазифаи инҳо куштану тарсонидани миллат буд ва ҳамин корро карданд, воқеан. Ва ин амалро ном гузоштанд “барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ”. Аз нигоҳи онҳо ҳукумати марказии Душанбе конститутсияи Тоҷикистонро вайрон кард, помол кард, иштибоҳ кард. Ва ман ҳам розиям,ки як иштибоҳҳое буд ва мушкилоте ҳам ҳукумат дошт.
Ва ин амали худро ном гузоштанд “барқарор кардани сохт конститутсионӣ”. Ва имрӯз ҳеҷ кадомашон омода нестанд бигӯянд, ки мо алайҳи як ҳукумате, ки дар пойтахти Тоҷикистон амал мекард, вазоратҳо дошт, роҳбар дошт, қонуният буд, порлумон буд, мо қиёми низомӣ (шуриши низомӣ) кардем ва мо ҷинояткор ҳастем. Бубинед, дӯстон, дар он шабу рӯз тағйири ҳокимият аз тариқи интихобот имкон дошт.
Чаро? Ҳам интихоботи президентие, ки дар он Раҳмон Набиев пирӯз шуд ва ман бовар дорам,ки дар як интихоботи шаффоф пирӯз шуда буд ва ҳам интихоботҳои порлумонӣ шаффоф гузашта буданд. Чун агар он интихоботҳо шаффоф намебуд ҳамин худи Эмомалӣ Раҳмонов дар муқобили як намояндаи ҳукумат ҳамчун як деҳқонбача пирӯз намешуд. Бозор Собир дар Файзободи мо дар муқобили намояндаи ҳукумат пирӯз намешуд.
Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, устод Тоҳири Абдуҷаббор ва Ҳайдар Шарифов ( Мулло Ҳайдар) аз минтақаи Кӯлоб, дар муқобили намояндагони ҳукумат пирӯз намешуданд. Пас ин интихоботҳои парлумонӣ бо шеваи демократӣ баргузор мешуд ва интихоботҳои президентӣ ҳам. Ҳамон гурӯҳи норозӣ аз рафтор ва амалкарди ҳукумати марказӣ метавонистанд дар интихоботи баъдӣ,ки шояд соли 93 ё 94 баргузор мешуд,ҳукуматро тағйир бидиҳанд ва худашон биёянд бо роҳи интихобот сари ҳукумат. Аммо онҳо мунтазир нашуданд,рафтанд назди хоҷагони хориҷиашон силоҳ гирифтанд ва омаданд алайҳи пойтахташон,алайҳи ҳукумати марказӣ табаддулоти низомиро роҳандозӣ карданд.Ҳоло,ман кор надорам ба онҳое,ки чи гуна ҷиноят карданд ва чи гуна рафтор карданд ва имрӯз ин амали худро чи баҳо медиҳанд?
Масъалаи ман ва мавзӯи ман он касоне ҳаст,ки имрӯз бо роҳи силоҳ на, бо роҳи хушунат на-мисли онҳо дар соли 92-балки бо роҳҳои мусолаҳатомез мехоҳанд вазъиятро тағйир бидиҳанд, қиём кунанд. Баҳои ҳуқуқӣ ба рафтори онҳо чи гуна хоҳад буд? Шояд ҳукумати Раҳмон бар хилофи он баҳодиҳие,ки ба рафтори ҷинояткорона ва мусаллаҳонаи худашон медиҳанд, ин ҷавонони миллатро,ки мехоҳанд бо роҳи мусолаҳатомез ва танҳо эътирозҳо вазъиятро тағйир бидиҳанд ҷинояткор биноманд, зиндонӣ кунанд ё ҳар чизе,ки дилашон мехоҳад. Аммо мову шумо миллати азиз,инҳоро мубориз бидонем,инҳоро қаҳрамон бидонем ва аз ҳама муҳимаш, инҳоро барқароркунандаи сохти конститутсионӣ ва адолати иҷтимоӣ ва адолати судӣ ва қонуният дар Тоҷикистон биҳисобем.
Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо ҳукумати имрӯзааш конститутсияро помол карданд, шакли ҷумҳурияти Тоҷикистонро ба як хонигарӣ табдил доданд,ки ин помол кардани конститутсия ва хиёнат ба сохти конститутсионӣ ҳаст ва дар онҷо непотизм-яъне хешу таборчигӣ ҳаст, дар инҷо монополияи иқтисодӣ ҳаст, саботажи иқтисодӣ ҳаст. Дар инҷо тамоми шаклу намудҳои табаддулоти давлатӣ, ғасби ҳокимият вуҷуд дорад.Пас, ҳар касе,ки қиём кард зидди ин ҳукумат,ҳар касе,ки мубориза бурд,бояд бидонад,ки ӯ на ҷинояткор аст,на террорист аст, на экстремист аст. Ӯ як муборизи ватандӯсти ватанпараст аст,ки мехоҳад бо роҳҳои мусолаҳатомез, бо эътироз ин вазъиятро тағйир бидиҳад ва озодиву адолатро ба миллату ватанаш ба армуғон биёварад.
Дӯстони азиз, бори дигар дар охири сӯҳбатам дар ин қисмат эълон мекунам,ки дар Тоҷикистон як ғасби ҳокимияти давлатӣ сурат гирифт ва бояд, ки аз ин ба баъд миллати мо де-юре ё аз лиҳози ҳуқуқӣ инро табаддулоти давлатӣ биҳисобад,аммо де-факто бояд мову шумо бо ҳам машварат кунем,ки бо ин гурӯҳи ҷинояткор ва ин дуздони ҳокимият чи гуна муносибат кард ва чи бояд кунем? Инша Аллоҳ, ки дар ояндаи наздик сӯҳбатҳо дар ин мавзӯъ хоҳад буд.
Поёни қисмате аз суханронии онлайнии Раиси Паймони миллии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ
18.04.2020