(бахши панҷум)
Чоплусӣ, ё худ маънои дигар — тамаллуқ, як рафтори разилона ва нопокест, ки на танҳо ахлоқро мекушад, балки рӯҳи инсон ва ҷомеаро ҳам фосид мекунад. Ин хислати зишт дар тамоми адёни осмонӣ ва китобҳои муқаддас шадидан мазаммат шудааст.
Қуръони Карим мардони дорои дилу забони дуруғинро, ки ситоишро ба ҷойи ҳақиқат мегузоранд, золим ва муфсид мехонад.
Дар Инҷил омадааст: «Вой бар шумо, ки мардум шуморо таъриф кунанд!» (Луқо 6:26).
Дар Таврот, Худо мурооткоронро мазаммат мекунад. Дар Авесто чоплусӣ нишонаи дурӯягӣ ва бевиҷдонӣ дониста шудааст.
Аммо имрӯз, махсусан дар кишварҳои дорои режимҳои худкома — мисли Тоҷикистон, чоплусӣ ба як роҳи «пешравӣ» табдил ёфтааст. Аз вазир то шоир ва рӯҳонии расмӣ дар ситоиши пешво мубориза мебаранд, на дар дифоъ аз ҳақ.
Чоплусӣ шакли дигари фиреб ва шарики ҷиноят будан аст. Ва ҳар кӣ ба ин роҳ меравад, на танҳо ба худ хиёнат мекунад, балки ба миллат, давлат ва имон ҳам. Дар ин маврид поёнтар баён менамоям.
Хело аз ин тоифаи манҳӯс рӯҳан хаста шудем. Шояд Шумо ҳам, хонандаи арҷманд, аз ин ба пас дар маҷлисе, ҷашне, суре, ҷаласае, вохӯрие бо ин тоифа, ки дар аксари ақшори ҷомеъаи дурӯи тоҷикон ба назар мерасанд, нишастӣ, аз эшон ҳазар кунӣ, то ба сеҳри забону лесиши лабонашон ба бероҳа набарандат.
Ва ин ҳикояро якҷо мехонем, то лаҳзае бар ришу ҳоли чоплусон хандида бошем. Мабод, ки малоли хотиратон шаванд, дӯстону азизони чоплусатон!
Ҳикоят
Султон Маҳмудро дар ҳолати гуруснагӣ бодинҷонбирён пеш оварданд, хушаш омад. Гуфт:
— Бодинҷон таомест хуш.
Надиме дар мадҳи бодинҷон фасле пардохт.
Чун сер шуд, гуфт:
— Бодинҷон сахт музир чизест.
Надим боз дар мазаррати бодинҷон муболиғате тамом кард. Султон гуфт:
— Эй мардак, на ин замон мадҳаш мегуфтӣ?!
Гуфт:
— Ман надими туам, на надими бодинҷон. Маро чизе мебояд гуфт, ки туро хуш ояд, на бодинҷонро.
Дарбор, даргоҳ, дастгоҳ, қасри миллат,маҷлиси ҳукумат ва ҳарчи хонандаш, дар фарҷом он тамаллуқгоҳи хушомадгӯҳост, ки умре талош меварзанд то онро ниҳодина ва азаш посдорӣ кунанд! Барои як мор кавир, барои як шағол пуштаву адир, барои як моҳӣ дарё, барои як шоҳ дарбору барои дарбору даргоҳу дастгоҳи миллаттозӣ дорбозу маймунбозу морбозу шаъбадабозу ҳарромбозу каҷбозу хушомадгуву лаганбардору саҳнасозу даюсу ҳизалаку ҳамҷинсобозон лозиманд!
Ва ба таъбири Рӯдакии Самарқандӣ:
Куҷо мири Хуросон аст, пирузӣ онҷост!
Вале, ҳоло:
Куҷо мири Чӯлистон аст, харобӣ онҷост!
Куҷо дарбори шоҳон аст, зару симу нуқраву нуқлу наво он ҷост! Бираву маддоҳӣ куну шаттоҳӣ куну бар худовандгори дарбор намозу суҷуд овару миён хам куну даст пеши бар гиру таъзим куну ба таъбири шимолиён:
Ҷӯгиро хидматаша куну пулаша гир!
Ҷуҳудбозӣ куну ҷӯгигарӣ куну русиёҳигарӣ куну аз баҳри обруву ҳайсияту мардонагию қомати шамшод бигзару ба таъбири Носири Хусрав «қад аз тамаъ дутоӣ» куну гадои даргаҳи «дӯст» бош, то қуте ба каф орӣ!
Назди як кас суҷуд бибар, то ҳазоронро ба зери по забун гардонӣ!
Эй касоне, ки хоҷаи олиятон шуморо ракм мемонад, чаро қусури ақаби даридаатонро аз миллати мазлум мегиред?! Ин саддистӣ, ин ситам, ин миллатситезӣ, ин ҳама арбадаву дастдарозӣ ба ҳарими миллат, шаҳрвандон аз ҷониби шумои худракмистода, ҷуз алами Мусоро аз Исо гирифтан чизе беш нест! Вале тоҷикон мегӯянд:
Худкардаро даво нест, вовайлоӣ сархамӣ!
Кӣ шуморо ҷуз нафси бад, мансабхоҳӣ, дунёпарастӣ, зарпарастӣ, шахсиятпарастӣ, инсонпарстӣ бад-ин роҳи номардӣ бурд? На касе! Нафси аммораатон, ки саранҷом аз паси Эмоми раҷим то дӯзах ҳам хоҳад бурд!
Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард..
Ва шумо ҳамон сагоне ҳастед, ки рӯи устухони хоҷаи олиятон ҳам байни худу ҳам ба рӯи миллати мазлуми тоҷик дандони ҳақорат гиз кардаед!! Дандон гиз кардаед, ки дигарон бар рӯи боқимондаи лошаи аз хоҷа-шағоли олиятон ба самтатон партгашта, мабодо, ҳуҷум баранду як луқма аз ин хони ҳароми густурда ба «ноҳақ» баранд!
Бадин ҳама пастию ҳақорату зиллату хиффату разолату хорӣ боз ҳам дар низди чанд кунлеси худ, ки дар навбати худ бар шумо хушомад мезананд, менозед, менозед чун арусони дарбори ҳарамӣ, ки нигоҳи меҳрангезе бар чурдаи пешвои худогунаатон задаеду дар минбари ҳумоюнӣ назди пойҳои муқаддаси роҳбару роҳнамоятон рост истодаву булбулгуна қарқари зоғӣ задаед! Ба заъматон, ки зуъматон ин ҳама арзишро дорад, ки аз лиқояш бар дигарон биболед?!
Вале дарбор дарбор аст! Хуб медонед, ки рондани чанд каргасу лошахӯру лошахаре чун шумои беарзиши моялесу устухонлесу харони чӯкалахӯр бар хоҷаи олиятон корест бас саҳлу сабук! Вале, то рӯзе истибдод пойбарҷост ба шумо (ғуломону чокарон) низ ниёзманданд! Аз ин ҷост, ки шумо худро ошкоро «ходими давлатӣ»-ю «ходими Пешво» меномед! Ходиму ходима дар гузаштаи тоҷикон мар чокару бардаву канизонро мегуфтанд! Дар кишвари озод инсонҳои шарофатмандро корманди давлат, ё ходими миллат меноманд! Вале кунун, ки давлату миллат баробаранд ба «Оилаи Раҳмоновҳо», шумо чокару ходимонашонед!
Худкомагон ба хидматгор ниёз доранд, дар ҳоле ки ситамгарон ба бардаҳо барои пешбурди корҳояшон ниёз хоҳанд дошт.
Шиори хоҷаатон ҳам ин аст: «ҳар кас, ки намолад, хар аст!»
Ва ҷуз молиш, Раҳмонов шуморо дар….. сараш мезанд, охир?! Ба ҷуз ин ба чӣ дарде мехӯред, шумо, «ходимаҳо»?! Аз дасти шумо ҷуз массаҷи арӯсона дигар чӣ кор ҳам меояд?!
Шумо, эй кӯрдилони торих, якеат СС.Ятимов як муаллими ҷоҳили аҳди Шӯравӣ, дигарат – Ҷеки Чан як пулиси оддие беш набуда, ки андар кабинети сарпӯшидааш, наздаш як апарати рамзгушо будаву ҷуз расшифровкаи амру супоришоти хоҷагони рус , дигар нокорае беш набуда, ва ҳар яки дигаре аз аъзои ин дарбори олӣ, ин ҳарамсарои султонӣ, (Гарем Великого Рахмона) нокасон, нокорагон, муфтхӯрон, нотавонон, ва ба таъбири Носири Хусрав: будед (ва ҳастед) хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ!!
Вақте шумо севгилии дарборед, вақте дар сари минбарҳо фазлфурӯшӣ ва суханбозию саҳнасозӣ мекунед, коратон шабоҳати томм ба ҳамон ишвафурӯшии ҳарамиён, канизакон ва зархаридаҳои султонҳову амирони шаҳватпарастро дорад, ки ҳар яке талош мекард , бо ҳар василае мақбули назари ҳумоюнии Олиҷаноб ё Ҷаноби Олияшон бошад. Бошад, ки бештар вориди саропардаи оғояшон гарданду аз сарсаригардӣ дар байни аҳли ҳарам ё мавриди дастбурд қарор гирифтан аз ҷониби дигар ҳарамбонону сумбулоғоён дар амон бошанд!!
Ва шумо аҳли ҳарами дарбори Раҳмонов ин ҳама умрест, ки наздаш мехиромед, то хиромишу ҷунбондану ларзондану нармгӯию малоҳат дар гуфторатон ба табъи ҳумоюнии ҷанобатон мақбул ва худатон мақбули дарбор бошед, то сояи азамати Раҳмонови валинеъмататон аз сари шумову фарзандону занону духтарони дӯшизаатон асло дур нагардад! Ва дар сояи давлати Олӣ чарида гардед!
Барои он ҳама неъматҳои фаровону маблағҳои саршору маркабҳои мураффаҳу манзилҳои фарох ин лесиданҳотон, ин молиданҳотон, ин чарбзабониҳотон, ин хиромиданҳотон, ин хокзаданҳотон, ва ин ҳама фазлфурӯшиҳотон дар баробари он ҳама неъматбахшии ҷаноби сахиятон, ҳечи ҳеч аст. Шуморо сазад, ки аз доираи гуфтор ба доираи кирдор сар занед! Танҳо ба гуфтор баҳои он ҳама бахшиши ҳотамона, пуштибонии рустамона ва дастгирии қоруниро адо накардаед! Бояд чорғовак назди хоҷа равед! Пуштнокӣ аз дарбори ақдасаш бурун шавед! Танҳо бо меҳр бар чеҳраи юсуфлиқояш нигоҳ кардан бас, аст чун аҳди манғитиён духтарон, келинҳо, занҳо ва модарону писаронатонро вориди Ҳарамсарои Ҷаноби Олиятон кунед! Аз сар то кунашро билесед! Ҳамеша омода бошед, то ниёзмандиҳояшро бо дасту забону даҳону коматон бароварда созед! Чӣ «муборак» аст вақте Ҷаноби Олӣ ё яке аз бастагонаш дӯшизагони шуморо «бордор» мекунад, ки аз файзи ин «олоиши фархунда» сари Шумо бар гардун мерасад!! Аз падарони чокару ва-з модарони каниз чӣ ҳам ба бор меояд? – ҷуз бардагони ҷинсию каниз!?
Валинеъмататон кунун пиру мафлуку рӯз пайи рӯз барҷомондатар мешавад! Дар хидматаш бошеду вориди саропардааш шавед! Оилавӣ дар дарбораш миёни зиллат аз 3 ҷой баста, ҳарчи «ҷаноби олӣ, шумо гӯед» гуфта, чун сарвазир, дар малаи омм ҳам ҳатто омодагии худро ба молишаш, массаҷаш, навозишаш иброз доред! Бошад, ки боре назари инояти олӣ бар шумо ҳам кунад!! Чунки хотири Раҳмони мафлук дигар чун кӯдакони инҷиқ гашта аст, ки ҷуз мадҳу ситоиш тоқати шунидани сухану шикояту камбудҳоро надорад!
Чун ба пирӣ мерасад, гурги золим мешавад парҳезкор!
Вале ин шағоли пир на аз рӯи тараҳҳум «парҳезкор» гашта аст, балки аз нотавонии камару бозу аст, ки рӯ ба «насиҳати олӣ» оварда, вале сафсатаҳояш ҳам чун чурдаи зишташ хунуку зишту нописанд аст!
Имом Тирмизӣ ривоят кардааст. Дар «Муснад» низ аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«Барои ҳеҷ инсоне ҷоиз нест, ки ба инсон дигар саҷда кунад. Агар саҷда кардани як инсон барои инсон дигар ҷоиз мебуд, ман ба зан амр мекардам, ки ба шавҳараш саҷда кунад — ба хотири бузургии ҳаққи ӯ бар гардани зан. Савганд ба Он зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, агар тамоми бадани шавҳар — аз по то сари ӯ — захме мебуд, ки аз он чирк ва пўсоба мешорид, ва зан омада онро бо забонаш пок мекард, боз ҳам ҳаққи ӯро адо накарда буд.»
Чуноне ҳадиси фавқуззикр баён шуд: агар саҷда бар инсон ҷоиз буд, супориш медодам зан назди шавҳраш суҷуд барад. Ва дар идома гуфта: агар зан бо забонаш бадани мардро аз пой то сар мелесид, ҳақи шавҳарро адо накарда буд. Вале ин ҳадис гӯё дар васфи дарбориёни имрӯзи тоҷик аст, ки агар суҷуде иҷозат буд, назди ду пои Раҳмонов бояд мекарданд ва кардан доранд ва агар лесидане иҷозат буд то ҳаққи валинеъмат адо шавад, тагу тори Раҳмоновро бояд лесанд, ки мелесанд! Чун лесаканд!
Зарарҳои чоплусӣ:
Ҳамон гуна ки дашному таҳқиру истеҳзо бар ақлонияти инсонҳо ва қасосхоҳ гаштанашон муассир аст, ба ҳамин миқдор ё шояд аз он бештар ҳам тамаллуқи инсонҳо ба якдигар хатарбор мебошад. Инсоне, ки умре таҳқир мебинад, метавонад рӯзе бо як кинхоҳӣ ҷони ашхосеро рабояд, ки намунаҳояш дар олам зиёданд! Ва инсоне, ки бардавом мавриди ситоишу мадҳу тамҷиду таърифи беасосу ғайримантиқӣ қарор мегирад, дигар натанҳо қобилияти андешаи солимро аз даст медиҳад, балки чун муътодон, чун саддистҳо, чун манякҳо, чун фоҳишаҳо гирифтори бемории худшефтагӣ мегардад, ки инро дар илми равоншиносӣ ба истилоҳи Нартсизм ё шахсияти наргисӣ мешиносанд! Ин гуна ашхос он қадар ба «бузургӣ» ва «азамат»-у «шаҳомат»-у «яктоӣ»-ю «беназирӣ»-и шахсияти худ муътақид мегарданд, ки дигар ҷуз марг касею чизе ононро аз ин бовармандии худсохта баровардан наметавонад.
Ана, дар бораи ҳамин гунаҳаҳо шоир гуфта аст:
Аз ту як соат ҷудоӣ, хуш намеояд маро
Бо дигар кас ошноӣ, хуш намеояд маро.
Гӯиям: Рав, з-ин дару султони вақти хеш бош,
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро!
Оре, касе, ки аз тамаллуқи моялесон умре таъби ҳумоюнии хешро болида ва аз сархамию гарданкажию нокасии кунбардоронаш меболида аст, чун дигар тарки одат кунад, барош гарон хоҳад уфтод! Ҳеч муътоде наметавонад яку якбора аз одатҳои музмини худ даст бардорад, ки дар раъси ин ҳама муътодони ахлоқию рафторӣ Равонпареш – Ҷаноби Олӣ, шоҳаншоҳи даврон, роҳнамои оқилон, пешвои муаззами хирадманди ҳамадон, наҷотдиҳандаи коинот, паёмрасон бар бандагон, дастгири гумроҳону роҳнамоӣ роҳгумзадагон ва аз ҳама муҳим наҷотдиҳандаи миллат аз «фано» барқарорсозандаи сохти конститутсионии даштиқипчоқии манғитии феодалии ақабмонда, фарзанди фарзонаи миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат, назри Яздон, худододаи замину замону Осмон, сояи Шайтони лаъин дар рӯи замин, баргузидаи торих, шахсияти нотакрор ва ҳазору як қавру балои дурӯғбофатаи чоплусон, қарор дорад!!
Қисса мекунанд, ки чун «Шоҳаншоҳ»-и паҳлавии худхондаи Эрон – Ризошоҳ ба соли 1941 бадарға гашт, то солмаргаш дар соли 1944, дар табъид, дар ҳуҷрааш ба тарзи низомиён қадам мезаду ба хешм мегуфт:
«Ҳаминҳо, ки дастамро мебӯсиданд, маро фаромӯш кардаанд!!». Ва ҳамеша алқобу унвонҳову суханони гушнавози хушомадгӯёнашро ин дафъа худ ба худ мегуфту қадам мезад то оромиш ёбад!
Чуноне қайд кардем ин қуллаи олии бемории як инсон аст, ки нохоста дигарон ӯро гирифтор мекунанд. Ҳамон гуна, ки ҳар як тирани торихро чунин муҳити дарбориён бемори мағзӣ ва шахсияташро мунҳариф ва девонаавзоъ мекардаанд!
Дар оғози кор, шояд, худбузургбинон гумон баранд, ки мадҳу санову ситоишу хокпошии атрофиён кори маъмулию хуб аст, вале рафта – рафта ин лесакон он қадар мағзи хоҷаро хоҳанд табоҳ кард, ки чун морони мағзхори Заҳҳок то мадҳу санову ситоишу молиши равонӣ нашнаванд, ором нахоҳанд гирифт! Ба ҷои пешбурди кору вазифаи ба дӯшдошта, бори дӯшу сарбории ҳамкорону шаҳрвандон хоҳанд шуд. Ин ҷост, ки ба ҷои бори дӯши миллату ҳизбу гурӯҳеро сабук кардан, худ бори дӯши зиёдӣ мешаванд…!
Барои ҳар оқиле кифоят аст ба суолу ҷавоби Раҳмонов бо ашхоси муайяне, берун аз коғаз, таваҷҷӯҳ кунад, то ақлонияти як девонаи куптошӣ ва ё вазъияти як махмури камақли бодиро кашф кунад! Кашф кунад, ки рӯи курсии Расёати Олӣ на Ҷаноби Олии мӯҳтараму оқилу фарзона, балки як говбони камақли девона харинаи ҳардамхаёли худшефта (нартсист)-и равонпареш (шизефреник) нишаста аст . Ва ин қоидаи асили дарбордорӣ аст, ки барои хушомадгӯёну кунбардорону моялесон то чи ҳад подшоҳ туппой бошад, ҳамон миқдор барошон кандану бурдану хӯрдану сарватғундорӣ осонтар ва ҳисоботи бардурӯғ додан содатару пайомади рафтори ҷиноятолудашон сабуктар мешавад. Вале ҳарду ҷониб: пешвову чоплусон дар як қариҳа ҳамдостонанд – якҷоя миллатро ғорат мекунанд! Ҳарду ҷониб ақлонияти дуздӣ доранд! Ҳарду ҷониб танҳо ба хотири суду манфиат аҳли як дарбор гаштаанд! Ба ҷуз «хидмати мутақобила» ба якдигар, дар фикри на миллатанду на давлату на оянда, чун ақлонияти инҳо дар маҳдудаи чордевораи Дарбор мефикраду бас! Ин гуна наргисиҳо метавонанд маблағҳои ҳангуфтеро аз қарзи давлатӣ ба қудоҳои туппояшон чун Бек Танбур бибахшанд, ҳанноту пулшӯю ҷинояткореро бо номи Шаҳбоз афв кунанд ва айбу нуқсони моямолонашонро ҳам бо як тамаллуқу ширингуфтории гарданкажонаашон бубахшанд. Ва-гар чун Абдураҳими Кӯлобӣ олитар моямолӣ кунанд: чун занҳои саропардаӣ назди Хоҷаи Олӣ гиряи тимсоҳӣ кунанд, раҳми Раҳмону фарзанди «зани мусулмон» омада, ҳатто аз ҷиноёти ҷангӣ ва қатлу куштору террорашон ҳам мегузаранд!
Вале набояд ғарра шуд, «афву бахшишу аз гуноҳгузарӣ» танҳо шомили «бандагон, бардагон, саропардагиён, аҳли ҳарам ва бастагон»-и Хоҷаи Олӣ мешаваду бас! «Хоинон» ва онон, ки «намоланд» аз «назари раҳмату марҳамату инояту алтофи ҳумоюнӣ ба дур мемонанду рондаи «дарбор» хоҳанд шуд!
Ва ин пешвои холӣ айни ҳамон «Кадушоҳ» аст, ки мегуфт: «аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар! Аз гуноҳат нагузаштам, он сӯ гузар!».
Ин шиори тоҷикон аст:
Аз он рӯзе, ки дунёро бино кард,
Биҳишти косалесонро ҷудо кард!
Оре, косалесон микробхорҳои дунё ва косаҷудои биҳишти охиратанд!
Ва дар аҳодиси паёмбари ислом (с) омада:
- المرءُ مع من أحبَّ
- من تشبَّه بقومٍ فهو منهم
- احثُوا في وجوهِ المدَّاحينَ التراب
Ва хӯшомадгӯён аз онҷо ки хилофи ҳақиқатро мегӯянду баҳри устухону мақому мансабу айши шахсии хеш, ҳам ба чашми роҳбарону ҳам ба чашми ҳаммиллатон ҳақоқиқро чун Сомирӣ вожгуна менамоёнанд; гусолаеро «Худо» ва Худойро алъаёзубиллоҳ «гусола» маънидод карда, ҳам малъуни дунёву ҳам мунофиқини ду сароянд! Ва сардамдори ин мунофиқин Абудллоҳ ибни Салули мунофиқ буда, ки ҳар рӯзи ҷумъа, қабл аз онки Расулуллоҳ(с) ба хутба оғоз кунад, аз ҷой барҷаста, ба авсиёну хазраҷиён ва ба маккиён – ба муҳоҷирину ансор мегуфт:
«Ай мардум, инак расулуллоҳ дар байнатон қарор дорад! Аз Ӯ пуштибонӣ кунед, кумакаш кунед, дастгираш бошед…». Ва амсоли ҳамин тамаллуқҳои гӯшхарошу обшӯстаи имрӯзаи мунофиқини пагондори даргоҳи ҷаноби олии ҳумоюнфар, говбони Данғарӣ, крисаи колхози по имени В. И. Ленини оқипадар, ки сароғозашон ҳамин аст:
— Ҷаноби олӣ, бо ташаббусу ғамхории бевоситаи шумо!
— Ҷаноби олӣ, бо дастгирию ҳидоятҳои олии Шумо!
— Ҷаноби олӣ, пас аз баромаду дастуру супоришҳои шумо!
— Дар партави роҳнамоиҳои хирадмандонаи роҳнамои миллат!
— Ҷаноби олӣ, мо ақл надорем; «мо мурғем, мо гумроҳему танҳо Шумои олӣ ақли куллу нафси кулед!»
Ва ҳатто шарм медоранд, вагарна рӯзе хоҳанд гуфт: Ҷаноби олӣ, бо иҷозати шумо писардор шудем… Бо ҳамсаронамон ҳамоғӯш гаштем, бо баракату пайи қадами пурфайзу баракати шумо, занҳоямон бордор, духтаронамон соҳибшӯй, писарони ҳизамон ҳам борвар шуданд!! Агар ҷое аз ин хузаъбалоти гӯшнавоз ба гӯши Қарсоқи Олӣ гуфтаву мо нашнуфта бошем, муқассир моем!
Аҷабам намеояд бад-ин дарбориён, ки бечораанд! Беморанд! Худованд худаш дар ду олам хору залилу пасту ҳақиру бемояву фурумояву замингирашон карда ас,т ки Худованде, ки ӯро ба зоҳир мепарстанд, дар каломи осмонияш гуфта:
وَمَن يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِن بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَىٰ وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّىٰ وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا
«Ҳар ки пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо Паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мухолифат варзад ва пайравии роҳи мӯъминон накунад, гузорем ӯро ба он роҳе, ки ихтиёр кардааст ва ӯро ба некӣ ва ҳушбахтӣ тавфиқ надиҳем, балки ба ҷаҳаннам ӯро афканем. Ва ҷаҳаннам саранҷоми бадест!»
(Сураи Нисо, ояти115)
وَكَذَٰلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ
«Ва ба ин тарз баъзе аз ситамкоронро ба сабаби он чи мекарданд, ба якдигар вомегузорем.»
(Сураи Анъом, ояти129)
Дигар бо кадом забон ба ин қавми падарсаги торих бигӯем? Ҷое, ки шаҳвати шикаму фарҷ ба дараҷаи якум барояд, қиссаи шармангези Асҳоби Сабт такрор мешавад, ки баҳри дурӯза зиндагии индунёӣ имону шарафу Худову охираташонро фаромӯш карда, балке пушти по зада, ҳам худу ҳам бастагонашонро гирифтори балои дунёву уқбо кардаанд, ки дар ин олами фонӣ бӯзинаву хугу харсифат гашта, ба таъбири Кафка дар асараш «Масх» масху бадмуру аз раҳмати Борӣ дур гашта, дар охират чун қавми бӯзина маҳшӯр хоҳанд шуд! Ҳоло хоҳед, дид ки ин қавми чоплусу маддоҳу моямол ҳам дар ин зиндагӣ рӯсиёҳу пасту ҳақир, ва ҳам дар он дунё бо хуги олияшон маҳшуру вориди ҷаҳаннаме хоҳанд гашт, ки пешиниёнашон аз паси Қоруну Ҳомону Фиръавн роҳхат ба дӯзахи абадӣ гирифта буданд! Ба валлоҳ, Раҳмонов аҳли дӯзах аст, тибқи он ҳама аъмолу ақволи зишту куфромезе, ки то ба имрӯз карда истода аст! Ҳамеша вақте ӯро малъун ва матруд мегуям, чун ҳама ончи як малъуну бахтбаргаштае анҷом медиҳад Раҳмонов аз он бештар анҷомдодаву додаистодааст.
Кай Фиръавнмаобон касеро ба роҳи Сироталмустақим раҳнамун гашта буданд!? Ояи ошкори нифоқи дарбориёни ҷаноби Заҳҳоку Фиръавн ин буду ҳаст, ки бо вуҷуди маълум будани гумроҳии пешвояшон, танҳо баҳри манфиати рӯзгор ва луқмаи муфту саршор, дар ин дарбор моялесию думликонию таъзиму курниш мекардаанд!
Оре, Фиръавн ҳам иддаъои «ҳидоятгарӣ»-ю «роҳнамоӣ» дошту бо «ҳидоятҳои ҷанобонаи олӣ»-яш дидем, ки аскарону афсарону дарбориёнашро то ба куҷо бурду расонд!
قَالَ فِرْعَوْنُ مَا أُرِيكُمْ إِلَّا مَا أَرَىٰ وَمَا أَهْدِيكُمْ إِلَّا سَبِيلَ الرَّشَادِ
[الجزء: ٢٤ | غافر | الآية: ٢٩]
«…..Фиръавн гуфт: Эй мардум! Шуморо ҷуз он чӣ худ маслиҳат мебинам, роҳе нанамоям ва ҷуз ба роҳи савоб роҳнамоӣ накунам.»
(Сураи Ғофир, ояти 29)
Биёед, як каме ба динҳо ҳам дар ин мавзӯъ руҷӯъ кунем, то бубинем, ки тамаллуқкорӣ дар динҳо чӣ оқибат дорад.
Мо инҷо ҳар маддоҳу косалесеро аз китоби муқаддаси худаш оя-оя хоҳем овард, то аз ин раҳ баргарданд, агар зартуштӣ, мусулмон, будоӣ, тарсоӣ ё ҷуҳуданд! Ва ҳатто атеистони Шӯравӣ, бо вуҷуди сталининпарстияшон, шиори хубе доштанд: Танқид меваи коммунизм аст! Вале имрӯз танқид ба гӯши на коммунисти тоҷик ва на демократмаобону на муллову на наҳзатиёну на мухолифине, ки дар садади тағйири вазъияти статус-квоянд, мегунҷад!
Назари Авесто оид ба дурӯғвандон, ки вожаҳои дуруҷ (дурӯғ) ва дӯзах аз он падид омада аст, оид ба хушомадгӯён ин аст : (ҳоло ки чоплусу моялесе чун Талбаков иддаои баргашт ба дини аҷдодиро карда, вале аз фалсафаи ин дин мабнӣ бар безории Зартушт аз маддоҳуну дурӯғгӯён фарсахҳо дур, балки чоплуси рақами яки зартушиён дар Тоҷикистон гашта аст, ки ягон зартуштии олам бо ин ҳама дурӯғӯ популистию тамаллуқ қабулаш надоранд):
Зардуштия аша (ростӣ ва адолат)-ро ташвиқ мекунад ва дурӯҷ (дуруғ ва фиреб)-ро маҳкум месозад. Аз ин рӯ, сухани ҳақиқӣ ва ситоиши холисона арзиш дорад, дар ҳоле ки хушомадгӯӣ ҳамчун навъе аз фиреб маънидод мешавад, ки метавонад ҳам гӯянда ва ҳам шунавандаро гумроҳ созад.
Ясна 32:12
«Вале онҳое, ки дурӯғро мепазиранд ва бо суханону аъмоли худ онро ривоҷ медиҳанд, душманони ростӣ ва адолатанд. Онҳо мардумро гумроҳ мекунанд ва роҳи нобудиро интихоб менамоянд.»
Ясна 31:18
«Эй мардум, бидонед, ки фиребгарон бо суханони ширадор ва ваъдаҳои пуч шуморо ба гумроҳӣ мебаранд. Ба дурӯғгӯён эътимод накунед, зеро оқибати онҳо нобудист.»
Ясна 31:19
«Онҳое, ки бо суханони дурӯғ ва амалҳои бад мардумро фиреб медиҳанд, рӯҳи онҳо пас аз марг дар Хонаи Дурӯғ (Дуҷак) хоҳад монд ва ба азоб гирифтор хоҳад шуд.»
Ясна 32:7
«Касоне, ки роҳи дурӯғро пеш мегиранд ва ростиро нодида мегиранд, худ ба худ душмани рӯшноӣ ва адолат мешаванд. Онҳо гумроҳанд ва дигаронро низ гумроҳ месозанд.»
Ясна 46:11
«Эй Аҳуромаздо, маро аз фиребгарон ва онҳое, ки ҳақиқатро барои манфиати худ таҳриф мекунанд, дур соз. Ба ман тавоноӣ бидеҳ, ки ҳамеша роҳи ростиро интихоб кунам.»
Ясна 53:6
«Онҳое, ки бо суханҳои чоплусона худро пок нишон медиҳанд, вале дар ботин дурӯғгӯ ва фиребгаранд, аз раҳмати Аҳуромаздо маҳрум хоҳанд монд.»
Назари Қурон:
Анфол 8:29
«Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо ва Паёмбар хиёнат накунед ва (ба) амонатҳои худ (ҳам) хиёнат накунед, дар ҳоле ки шумо медонед.»
Ва муҳимтарин амонат ин фошсозии ҳақиқат аст ва на интишори тазвиру дурӯғ, ки худ дуруғу тамаллуқ шохае аз нифоқ аст, ки забони мусалмони воқеӣ бад-он намечархад!
Инҷил (Матто 7:15)
«Аз пайғамбарони дурӯғин эҳтиёт бошед, ки бо либоси гӯсфанд назди шумо меоянд, вале дар ботин гургҳои даррандаанд.»
Оини буддоӣ:
Дар Буддизм, махсусан дар «Даммапада» (Dhammapada, боби 1), гуфта шудааст:
«Онҳое, ки бо найранг ва дурӯғ зиндагӣ мекунанд, дар ҷаҳони пас аз марг ранҷ хоҳанд кашид.»
Агар дар ислом Сидқу Амонат маҳаки асосӣ бошад, дар насроният Муҳаббат асос асту дар оини зартуштӣ Аша муқобили друҷ қарор дорад ва дар кеши буддои Карма сабаби азобу саргардонии ондунёии нопокрӯҳон хоҳад гашт!
Дар «Ҷумҳурии Афлотун» (The Republic, Китоби 7 – Масали Ғор) гуфта мешавад:
«Онҳое, ки ҳақиқатро намебинанд ва танҳо бо фиреб зиндагӣ мекунанд, дар ҷаҳони торикӣ боқӣ мемонанд ва дигаронро низ ба торикӣ мебаранд.»
Дар Фалсафаи Суқрот, ҷустуҷӯи ҳақиқат ва наҷоти ҷомеа аз ҷаҳолат муҳимтарин вазифаи инсон аст.
Ва роҳи наҷотро ҳама динҳо дар ростӣ дидаанд:
Охирин ояи ҳар сураи Авесто ин аст: ҳама роҳ бероҳа аст, ҷуз раҳи ростӣ!
Ва ин оёти Қурон ҳамеша дар забони чоплусдумликонҳои тоҷик андар 5 вақт намозашон аст, ки ба даркаш намерасанд:
اهدنا الصراط المستقيم: صراط الذين انعمت عليهم، غير المغضوب عليهم ولا الضالين!
Ва чун тафсири классикияш кардаанд, ки мағзубун ъалайҳим яҳудиёну золун тарсоёнанд, дигар мунофиқину маддоҳону чоплусон, ки ҳатто золимтарину қотилтарину беимонтарин фарде чун Раҳмону оли Раҳмонро ситоишу ниёишу тамҷиду таҳсин мекунанд, мисле аз матни ин ду гурӯҳи нописанд дар нигари Худованд ба дур мондаанд ва-гар аз ман бипурсед, ки золлину мағзубун ъалайҳим кистанд? Хоҳам гуфт: ҳаминҳое, ки ҳам худ гумроҳанду ҳам бо тамаллуқу риё миллати тоҷикро инак тӯли 33 сол аст табоҳу табоҳтар ва зиндагияшонро ба ҷаҳаннами тоқатфарсое мубаддал сохтаву боз ҳам дар садади инанд, ки ин ҳолати дилгиркунанда иваз нашавад; пешво иваз нашавад; ин сулолаи наҳси гадо аз сари қударат нараванд!
Магар ҷуҳуде ё тарсое, ки дар ин аср коре ба кори кишвардории мо надоранд, ба ин манзалаи мунофиқини намозхону ҳаҷраву думрави Раҳмонови золим золлу музилтару гумроҳу беиффату мардумозортаранд?! Бояд дидгоҳи диннии худро дар ин росто ислоҳ кунем, ки мушкили мо мунофиқини мусулмонкеши бераҳму беимонанд, на ҷҳудону тарсоён, ки кам коре ба кори мо – тоҷикон доранд. Ва ҳамин тарсоёнанд, ки миллионҳо мусулмононро имрӯзҳо аз дасти мунофиқмусулмонони бедин, паноҳ додаанд!
Пас, қисса кӯтаҳ, бояд ин дарбору дарбориёну сарбориён, ин ҳарамсарову ҳаромиён, ин Хуруси Олию оламе аз мокиён, ин ҳама таммоъону шаттоҳону манфиатхоҳонро бо дору дастгоҳу шоҳу вазиру ҷазиру сумбулоғоёну ахташудагону сабзибардорону олучашакаробхӯрону даштнавардони соҳибпешвои Пешвои Қабоилро аз ин маркази Пойтахт, аз рӯи тахт ба зер кашид, то нӯри ҳақиқат боре ҷило кунад!
Худо кунад, ки дигар шоҳу дарбору занону мардони сароӣ дигар дар ин кишвар зуҳур накунанд, то фарзандони мо одамгуна умр ба сар баранд! Бо сари баланд – чун инсони арҷманд!
Шаҳрвандони Тоҷикистон, пас аз ин то рӯзе дар ин ҳоли табоҳед худро мардуми «шариф» нагӯед, чун ғуломи чоплус шариф ва миллати воқеан шариф – ғулом гардонида намешавад!
Мушкили мову шумо дар адами хезиш аст, чун дигар миллатҳо як бор барпо шавем, ин дору дастгоҳу маддоҳхони ҷабру зӯру тазвир саросар фурӯ мерезанд! Ҳар як режимҳои сутургу мустаҳкам имшабу рӯзҳо дар ҳоли фурӯрезиянд, ки Раҳмонову дарбориёни сустаносираш наздашон «дастовгир»-у тавилабони харони ононанд!
Пешниҳод:
Аввалин қадами ислоҳ дар ин росто даст кашидан аз чоплусӣ. Қадами дуюм, гуфтани сухани ҳақ. Қадами сеюм манъи ин ҳолӣ бад аст!
Сарбаланд бошед – барои сарбаландӣ шарт ростгӯию ҳақиқатгӯист, на чоплусию моямолию хушомадгӯии як тӯда аблаҳи коҳилу ҷоҳилу нотавони дузд!! Ва на тамошогарии мову шумо!
Поёни бахши панҷум, идома дорад бо «Ислоҳ» бошед!