Чаро оқил кунад коре…..
Иллати як дам ба наълу як дам ба мехи Хуросонӣ чи буда метавонад?
Ё чаро Шрек «пасс» дод?!
Чи беқадр шуда дар зиндагӣ сухани мард? Дар вақташ мардон сар медоданду сир не. Сар медоданду лафзи мардиро ду намекарданд. Ҳоло дидем, ки ин бор ба ҷои лашкари Мундуқбой Шрек аз «Ботлоқ»-аш дингуз зад. Оре. Ин Шрек дигар он Шреки қиссаи мо нест. Озод ҳам нест. Имрӯз мехурӯшаду пас аз чанд рӯзаш пӯзиш металабад. Аз кӣ ҳам пӯзиш мехоҳад? Аз ҷаноби қуди-қудон, пиёнискаи алтри раҷими қотили тоҷикон, яъне «ҳазрати ҷавоноб» Эмомалӣ Раҳмонов! Пиркоммунисти аҳмақи педофил!
Шояд бипурсед, ки чӣ шуд, ки Шрек аз роҳаш гашт? Ба гапи хари аблаҳаш карду пас гашт? Ё ҷаноби Мундуқбойи соҳиби ломилахчадор барояш инъоме фиристод, ки аз «ҷиҳод» ҳаб барояш ъазизтар буд? Ё «ҷиҳод» ҳам фусси бод гашта дар забонҳо? Ё Шрекҳо ҳам бо хоҳиши худ дар «сари ломи лахчадор» баромада турник «один», турник «два» зада гаштаанду мои бехабар «Мундуқандоз»-ашон унвон додаем?
Ё ҳамон ҳикмати аҷдодиро поси хотир бидорем: «Ба умеди Баҳовуддин нашаву буттара сахтта бқап».
Мо, ин бор ҳам нишон додем, ки бегона бегона асту парвои ғаму дарду мушкилоти мо – тоҷиконро надорад. Агарчӣ тоҷиктабор ҳам бошад, моро «онҳо» мехонад! Пас, ба по шавед, ки мо «мо»-ро бояд наҷот диҳем, на «онҳо», ки дар гардиши якум «кидатмон» карда, аз харбон Раҳмонамонов пӯзиш талабиданд!
Аз аҷаб ҳам аҷабтар шуда кори дунёву гапи мардон!
Ё шояд Мундуқбой барояш барқи тоҷикон дуздида ба фаровонӣ эҳдову инъом карда то дили Шрек дар ботлоқи бӯгинаш нарм шудаву кирму кухук зада (хӯрда), рӯи дилаш чарбӯ гирифта аст?
Мо намедонем.
Мо ончиро мебинем ба таҳлил меоварем. Ончиро мегӯянд, ба инобат мегирем. Он чиро мекунанд, маҳак қарор медиҳем.
Пӯзаи пӯзишталабон, илоҳо хандаро аз ин рӯз ба пас набинад.
Хок бар сару ханда бар ришатон задаед?!
Доред чиҳо мегӯед? Мегӯед, ки бар шумо «маълумоти ғалат» расид?
Мегӯед аз ин варои Ому хабаратон нест чӣ гузашту чӣ мегузарад?
Нав, акнун, ба хотиратон зад, ки гузаштагони баруманди ин бариҳо, ки таърихан Эронвиҷаш хонанд, аҷдодони тоҷикон мебудаанд?
Ва вақте тоҷик мегӯӣ, гӯё худ бенажодӣ ё аз дигар нажод буда бошӣ ва моро «онҳо» мехонӣ? Чиҳо гуфӣ, худ медонӣ? Намедонӣ?!
Ба гуфти Озарахш:
Дилогоҳон, дилогоҳон дилам танг аст, медонед ?
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед ?
Нафасгирӣ чи душвор аст , ҳангоми нафасгирӣ ,
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед ?
Гурӯҳе дар наистони замона ранг мерезанд ,
Най андар ранг чун омехт , найранг аст, медонед ?
Бисӯзад решаи он оштӣ, к-аз ҷанг бархезад !
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштӣ-ҷанг аст, медонед ?
Ба чашми танги чингизӣ само хунрез метобад ,
Ба пои ланги темурӣ замин «ланг» аст, медонед ?
Чӣ ҷои осумони тираи таърихи инсонӣ ,
Замин як пора гӯристони фарҳанг аст, медонед ?
Садо ояд ба гушам Озарахш , аз зуҳраи чангӣ ,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?!
Аз куҷо медонед? Агар медонистед, ин гапҳоро намезадед. Ва-гар «намедонистед» огоҳатон мекардаме.
Чандин моҳҳо қабл ҷаноби «Хуросонӣ», ки куняташ даъвии бас буланде дорад: «Хуросон»-ӣ мегуфт: Ҷаноби Раҳмонуф як «муртад» асту сарашро буридан «фарз». Пасон мегуфт: маргу носазову айб бар шумо, ки то кунун «бардаи рус»-еду то ҳол бо хатти аҷдодиятон – форсӣ наменигореду бузургтарин пойгоҳи ҳарбии аҷнабӣ дар хокатон қарор додар, хок ту сару даҳанатон!
Ва имрӯз чӣ?
Ношармида, беҳаёна, ноҷавонмардона (гумон карда, ки мухолифини тоҷик ғулу ба гуфти мардуми онсӯйи Омӯ «лавда» бошанд, ки қобилияти таҳлили гуфтаҳои Шрек Алхуросониро дар худ надошта бошанд) моро «террорист» хонду ҷавононро аз пайвастан ба нерӯҳои озодихоҳи миллати тоҷик барҳазар дошт!
Худ дирӯз муллоҳои тоҷикро «беъурза» хонду имрӯз дар сафи «беъурзагон» ҷойгир шуд!
Ба гуфтӣ Рӯдакӣ, ки азаш дар гуфтовардаш ҷаноби Ал-«Хари Сонӣ» мисол аз арҷмандии мо (яъне мову шумо гуфта мову худро) оварда:
Дар торикии шаб ҳар ончӣ кардӣ – кардӣ
Дар рӯшании рӯз аммо натвонӣ кардан!
Гумон бурда, ки бо як тири дайду ду фохтаи «тоҷикӣ» мезанаду ҳам чалиштоҷик Раҳмоновро аз хеш ризоманду ҳам суханони дирӯз гуфтаашро ба ёди фаромӯшӣ хоҳад супурд. На, ҷаноби «муҷоҳид»!
Баъди гузидан, фоида надорад чорзону задан!
Ин хел намешвад.
Ба гуфти Фаридаддуни Аттор:
Қуввати некӣ надорӣ, бад макун
Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун!
Ман, шахсан инсонҳои ҷоҳилро бад намебинам, чун суханро нодониста мегӯянду узрашон мақбул аст, валек инсонҳоеро, ки худро ба нодонамӣ мезананду айби гуфтору рафтори худро бори дигарон карда, «узри бадтар аз гуноҳ» пеш меоварандро чашми дидан надорам!
Ё ба гуфти Мавлонои Балхӣ, ки ӯро ҳам «аз шумо» гуфтаву худро ҳамтабори ин мавлои овозадори Румӣ надонистаӣ:
Дар хатти аҷдодиямон:
هر که ز غوغا وز سر سودا
سر کشد این جا سر ببریدش
هر که ز صهبا آرد صفرا
کاسه سکبا پیش نهیدش
عام بیاید خاص کنیدش
خام بیاید هم بپزیدش
Ту, ки худро «хому хатил» хондаӣ, биё, ки «бипаземат» !
Акнун, худро, ки чанде пеш огоҳ аз аҳволи кишвари Тоҷикистон медонистию аз пойгоҳи русҳо дар инҷо огоҳ будӣ, аз риштарошони мақомоти муғулҳокимони ин варои Ому огоҳ будӣ, аз то 18-сола нарафтани ҷавонони тоҷик ба масоҷид огоҳ будӣ, аз бароварда шудани қонуни ахирин бар зидди сатру ҳиҷобу ҷарима барои пӯшиши «аврати занҳо» огоҳ будӣ, аз инки хатти форсӣ дар ин диёр табъиз мешавад огоҳ будию ҳатто барои «ҷиҳодат» Эмомалиро коммунисту бедину муртад «фатво» ҳам содир карда будӣ, магар чӣ шуд, ки дар тайи чанд шабу рӯз ин ҳама донистаниҳоро яксӯ гузоштаву худро ба «намедонистам»-ӯ «ғулу лавда» будан задӣ?!
Чӣ шуд ба шумо, ҷаноби Хуросонӣ?!
Магар имонатон бо ақлу забонатон дар набард афтода?
Ин ҳама дарди ба хайр. Агар намедонию ғӯли биёбонӣ, биё аз Абулмаъонӣ Бедил як насиҳатат кунем:
Инро ҳам дар хатти «мо» меорем, то нашавад бигӯӣ, ки намедонистам, ки коммунистҳои «муртад» хати ниёгони «мо»-ро ҳам баруфтондаанд!
بعد ازین از صحبت این دیو مردم رم کنم
غول چندی در بیابان پرورم آدم کنم
در مزاج بدرگان جز فحش کم دارد اثر
زخم سگ را بی لعاب سگ چسان مرهم کنم؟
عالمی رنج توقعهای بیجا می کشد
کوس شهرت انتظاران بشکنم یا نم کنم؟
چون خبیث افتاد طبع از طینت ناپاک او
خوک را حلواکشم در پیش تا ملزم کنم
با فساد جوهر ذاتی چه پردازد صلاح؟
آدمیت کو اگر از خرس مویی کم کنم
هرزه کاریها درین دل مردگان از حد گذشت
بعد ازین آن به که گر کاری کنم ماتم کنم
هیچم اما در طلسم قدرت نیرنگ دهر
چون عدم کاری که نتوان کرد اگر خواهم کنم
صنعتی دارد خیال من که در یک دم زدن
عالمی را ذره سازم ذره را عالم کنم
حکم تقدیر دگر در پردهٔکلک منست
هر لئیمی راکه خواهم بی کرم حاتم کنم
Нашавад, ки хитоби Бедил шумо бошед, ки чанде «ғӯли лавдаи биёбонӣ» буда бошеду на ақл дошта бошеду на фаросат, ки як рӯз бед гӯеду фардояш тут!
Гумон накун, ки ин вари Ому «девонахонаи муғулҳо» асту оқилони тоҷик ба парту палоҳот ҷавобе намедоранд!
«Террорист» кист?!
Агар ҳамин гуфторат намебуд, ки «мо»-ро «террорист» хондӣ, парвои «ҷиҳод»-у «антиҷиҳод»-ат намедоштем.
Вале чун гуфтӣ, мегӯемат!
Ҷаноби Хуросонӣ, мо шуморо бо эҳтироми хос «Шрек» номида будем чун шабоҳати зоҳирӣ ба ин қаҳрамони филми тасвирӣ доштаед, вале имрӯз исбот кардед, ки ақлан ҳам ҳамтирози ҳам Шреку ҳам хараш мебудаед! Наранҷед. Тоҷикони «мо» мегӯянд: пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Ё
То мард сухан нагуфта бошад
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Пас, ончӣ то имрӯз мегуфтед бар алайҳи Раҳмонов, ба иқрори худат, ки худро одилу ҳақиқатҷӯву «сарбози ислом» номидаед, «чаранде» беш набудаву тамоми ҳақоиқи фавқуззикратон то имрӯз «иштибоҳ» буда. Чи иштибоҳи фоҳише буда, ки на аз хираду фаҳму дарки ҷанобатон, балки аз даҳони ким – кадом даҳонфарози «маълумотиғалатрасон» ба самъи муборакатон расидаву ақли мунавваратон он додаҳоро насанҷида, дар расонаҳо расонаӣ карда! Вале имрӯз чанд мурғу шағолу гурги ҳукумати ин режими хуношом «ҳақиқат»-ро бароятон бармало сохтаанду ҷанобашон муътақид шудаед, ки на Раҳмонов, лобал мухолифинаш қотилу «террорист» мебудаанд! Ана, чаранд!
Худат худатро кавдан номидӣ, медонӣ? Худат барои гуфтани ҳақиқати ҳол пӯзиш талабидӣ! Ҳам аз «муртад» ҳам аз дастгоҳи тоҷиккушаш!
Хай, чӣ бигем? Худат ҳам як тоҷиккуше беш нестӣ. Касе ки дар кӯҳҳои Ҳиндукуш дар пайи тоҷик асту тоҷиккуш, чӣ дигар аз ин хари сонӣ талаб кунем адолату виждони инсонӣ?!
Гумон кардӣ, ки мо – тоҷикон бесангарему ба зиллат тан додаему ҳатман бо тарафгирият аз «ҳазрати ҳумоюният – яъне ҷаноби Раҳмони Раҷими маҳдуруддам»-и гуфтаат, моро «террорист» унвон додаву барои «баргашт» ба зиндонҳои Раҳмон-коммунист «фатво»-ву раҳнамоӣ кардӣ?!
Дар мақоли собиқ гуфта будем, ки агар Раҳмонов аз паштунтолибон ҳарос дорад, духтархондаш – яъне ҳамон санияи мазкура Шоҳрих бинти Кали Фаттоҳро ба ҳарими паштунтолибон фиристад, бошад, ки кораш нагиранд. Вале мебинем, ки Шумо,ҷаноби Шрек, мехоҳед аз ин «муъомила»-и муъомилагарон барои хеш ҳурру ғилмоне аз «Тоҷикистони ал-исломӣ» ба каф оред?
Рут сиёҳ, бо ин фаҳму дарку дироятат, эй ғӯли биёбонӣ!
Вақте касеро чанде пеш «муртад» фатво дода будию «буридани калла»-ашро супориш медодӣ, то ин ҳад кавдан мебудӣ, ки онро нашнохта чунин «ҳукми шаръӣ», ки баландтарин дараҷаи қазовати фиқҳист, барояш содир кардию имрӯз, омада душманони ин «муртади маҳдуруддам»-ро аз фатвои собиқат имрӯз «террорист» хондӣ?!
Паёмбармон (на паёмбари мову шумо) гуфта аст:
وأما قول النبي صلى الله عليه وسلم: أيما امرئ قال لأخيه يا كافر فقد باء بها أحدهما، إن كان كما قال وإلا رجعت عليه. متفق عليه، واللفظ لمسلم
Ҳар инсони мусулмоне ба бародари мусулмонаш бигӯяд: эй кофир, яке аз ин ду тан бояд кофир буда бошанд: агар мухотаб кофир бошад, хуб, вале агар кофир набошад, ин сухан ба гӯянда бармегардад.
Акнун, мо – тамоми мухолифини режими золиму ситамкору тоҷикозору бо зарби тиру туфанг чун шумо – Муллотолибон, сари қудрат омадаву низоми мардумиро аз роҳи кудатои низомӣ барандохтаву солҳои мадид хуни садҳо ҳазор тоҷики бегуноҳро рехта буд, «террорист» шудему Эмомалӣ «ҳокими шаръӣ», акнун «коммунисти зиддидин»-и дирӯз имрӯз шуд «ҳокими биамриллоҳ»? Шумо куҷо дарс хондаед? Якбор ҳамун муллоҳои давру баратро пурс ончи ҳукм содир карда буди, имрӯз кӣ бароят собит кард,ки не Раҳмонов аз он амалҳояш баршашту калима арза карда пушаймон шудааст ?
Ё одат кардаед чун аҷнабиҳо «ғайримусулмон», ки чанде пеш гурӯҳҳое чун шуморо «террористони рақами 1» мехонданду имрӯз шуморо «амирони ислом» номидаанду бо шумо доду ситад доранд?
Ҳамин, ба ин осонӣ мухолифини мазлуми тоҷикро «террорист» хонданатон аз надоштани ақидаи солим, дидгоҳи салим, назари нофиз, шинохти кофӣ ва мардонагии кофиятон хабар медиҳад.
Хабар медиҳад, ки бе ҷиҳат Шрек ва хари-сонӣ наномидаематон!
Ба гуфти шоири дигар:
Ҳар ришдароз, бемаърифат мулло намешавад!
Акунун, ба хулосае расидаам, ки «ҷиҳод»-и ту алайҳи «ҷиҳод»-и писари Масъуд «гӯзи фалак»-е беш набуда аст!
Ту имрӯз аз золиме пӯзиш талабидӣ, ки то кунун бар «душмани ъақида»-ат, яъне Аҳмади Хурдӣ силоҳу пулу ёрӣ медод ва чун имрӯз ӯро сангҳои гаронарзишашро тороҷ кардаву дафтарашро басту худашонро радди марз кард, бароят «ҳазрати Ъолӣ» шуд?!
Ҳамин аст «ҷиҳод»?!
Ҳамин аст «ақида»?!
Ҳамин аст роҳи «сиротал мустақим»-атон?!
Ки дар як шабу рӯз «муртаде»-ро ҷаноби ъолӣ ва мухолифини мазлуми ҳиҷраткарда аз дасти ин Заҳҳоки морбардӯшро «террорист» мехонӣ? (Фаромӯш кардаам, ки аз Заҳҳоку Фаридун, ки «асотири қаблазисломӣ»-янд бароят мисол наоварам. Пӯзиш!)
Баъд аз ин аз суҳбати ин девмардум рам кунам,
Ғӯл чанде дар биёбон парварам, одам кунам!
Ҳамин.
P.S Хонанда ва бинандаи боҳуши «Ислоҳ.нет»!Навори суҳбатҳои ахири Абдулҳамиди Хуросонӣ, ки яқинан на бо хоҳиши шахсиаш, балки зери фишору таҳдид таҳия ва паҳн шудааст, инсонҳои мусалмони бо имону бо иродаро ҷигархун кардаасту садҳо паёму садову навиштаҳо ба «Ислоҳ» расид,ки чаро чизе намегуед?
Имкон надорад, ки ин суҳбат бо хоҳишу майлу иродаи ҷаноби Хуросонӣ анҷом шуда бошад, ки шумо ҳам чунин эҳсосро албатта, ки доред.
Инки ҳоҷӣ Мирзо муллои кайҳо дарборишуда низ бо як суханронӣ аз ин суҳбатҳои Хуросонӣ истиқбол ва тамҷид кард, маълум аст. Чунки вай вазифааш ҳамин аст. Мисли аъзои тими фермаи ҷавоб. Вай бояд ҳамин тавр мекард.
Аммо Хуросонӣ. Ин як марди ба гуфтаи худаш мулло ва муҷоҳид, ки ҳолу ҳавои ислом дар Тоҷикистонро нек медонад, чи гуна онро «давлати исломӣ» меномад? Бо кадом ақлу бо кадом рӯ?
Магар ин дуруягӣ ва дукунагӣ ба хотири чӣ аст?
Муллое, ки дирӯз алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон фатвои ҷиҳод содир карда ва Раҳмоновро кофиру муртадд эълон карда буд, чи шуд, ки якбора 180 дараҷа тоб хурду гапҳои гуфтаи худашро пас гирифту худашро дуруғгу бароврду шармандаву русвои олам кард?
Чи буда метавонад, ки ӯро дар фосилаи ҳамагӣ чанд рӯзе аз фикру ақидааш баргардонд?
Ба назари мо инҷо фақат ва фақат сиёсат, яъне зур ва қудрат ӯро аз фикру ақидааш баргардонидааст. Зур ва қудрат яъне чӣ? Зур ва қудрат метавонад симу зар-доллар бошад ва ё инки ҳукумати имрӯзаи Афғонистон. Ҳамин ду омил сабаб шудааст, ки Хуросонӣ «назад» ё задни ход занад, худро худ инкор кунад, туфи худро бихурад, виҷдони худро тиҷорат кунад, нангу эътибору мартабаи худро залил бисозад.
Хуросонӣ дар назди ҳамқавмони худ, ҳаммаслакони худ, масалан муллоҳои дигар ин тарзи кори худро чи гуна тавҷеҳ мекунад? Як раҳмоноверо тамҷид ва ситоиш кард, ки зиддияташ бар ҳафт подшоҳи олам ҳувайдост ва боз шарм нокарда ин туда «давлати исломӣ» сохтаанд?
Тардид надошта бошем,ки иллати пузишхоҳии Хуросонӣ як рӯз не як рӯз бармало мешавад. Аммо, вай обруи худро худ рехтро дигар ислоҳ карда наметавонад. «Ислоҳ» дар садади пайдо кардани асрори ин баргашт ё тағйири 180 дараҷаии Хуросонӣ аст. Ҳатман онро низ пайдо мекунему тақдими хонанда ва бинандаи «Ислоҳ» хоҳем кард.