А.Мирзонабот: «Худи помириҳо гунаҳкоранд»Бузҳои Рустам дар Бадахшон шиносоӣ шуданд

Ислоҳ нет

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мақомоти қудратии режими Душанбе ба фаза ё марҳалаи дуввуми террор ва торумори аҳолии осоиштаи ин минтақа шуруъ карданд.Агар то авохири моҳи май террору торумор тавассути силоҳи оташфишону тирборону қатлу куштори ошкорои аҳолии осоишта ва боздошту латтукуби онҳо,ҳоло дар марҳалаи дуввум ин мардумро таҳти шиканҷа ва азияту озори равониву маънавӣ қарор додаанд.Ба як ҳисоб ин шабу рӯзҳо ҷони мардуми Бадахшон «дар каду қаба» шудааст.

Алишер Мирзонабот, ин генерали амниятӣ,ки режим раёсати вилоятро барои ҳамин рӯзҳо ба душаш гузоштааст,мисли як саги бовафо ва содиқ ба Раҳмонов ба саркуб ва сарзанишу таънаву мазаммати пиру барно ва зану марди махсусан ноҳияи Рушон гузаштааст. Тайи чанд рӯзи ахир Алишер Мирзонабот бо сокинони деҳоти ноҳияи Рушон ба гуфтаи ТВ «Бадахшон» силсиламулоқотҳо доир ва тавре вонамуд мекунад,ки бо ин мардум аслан ҳеҷ ҳодиса ва иттифоқе рух надодааст ва онҳо шоҳиди кадом фоҷиаи мудҳиши инсонӣ набудаанд,онҳо тирборон нашудаанд,онҳо куштаву захмиву зиндон нашудаанд,балки бадтар ва бештар аз ин ҳама, ҳар ончи дар инҷо рух дод,муқассир ва муҷрим худи сокинони ҳамин деҳоту ҳамин ноҳия ҳастанд. Чунки онҳо ба гуфтаи Мирзонабот «ба қадри некиҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдат нарасиданд,куронамакӣ карданд».

“ТВ «Бадахшон» аз ҷараёни ин силсиламулоқотҳои Мирзонабот бо мардум гузоришҳоеро такрор ба такрор нишон дода истодааст. Маълум ва дақиқ аст ки ин ҳама мулоқоту барномаҳои такрории ТВ «Бадахшон» бар тибқи нақшаи махсус сурат гирифта истодааст.Ин шабака дар шабурӯзҳои ҳаводиси нангину мудҳиши нимаи дуввуми моҳи гузашта фақат ва фақат аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва террористон гуфту талош кард куштор ва қатли омми аҳолии осоиштаи Бадахшон аз тарафи мақомоти қудратии режими Душанберо чораи ноилоҷӣ ва амали ҷавобӣ-яъне «амалиёти зиддитеррористӣ» ба қалам диҳад.Баъди ин чанд рӯи дигар пайваста аз хидматҳову дастгириҳову гузаштҳову одамигариҳои Эмомалӣ Раҳмонов нисбат ин вилоят ва мардуми он барномаҳо мунташир кард.”

Аммо ҳоло дар ин чанд рӯзи ахир қаҳрамони ТВ «Бадахшон»  Алишери Мирзонабот аст.

Мирзонабот саҳна ва пойгаро аз шерони бадахшӣ Мамадбоқиру Гулбиддину Ёдгор ва ёрони онҳо холӣ дида ва худро дар баробари мардуми дар ҳолати «шок» қароргирифта марди танҳои майдон рост кардааст.Вай дигар ошкоро ва бидуни кадом андешае ба мардум худаш таҳдид карда истодааст:

«Минбаъд низ кадом хатаре аз ҷониби кадом неруе ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунад,дар манбаи худ аз байн бурда хоҳад шуд».

Ҳеҷ ҳарфе ва ҳеҷ сухане аз онки чаро куштори Гулбиддин Зиёбеков,таҳқиқ нашуд ва намешавад намегӯяд,кушторе,ки тамоми ҳаводиси баъдӣ ба маҳзи он сурат гирифтааст.

  “Аммо гаштаву баргашта мардумро муттаҳам карда истодааст,ки натавонистанд пеши роҳи «ҷавонони ноогоҳу гумроҳшуда ва дар доми хоҷаҳои хориҷӣ» афтодаро бигиранд,то онҳо даст ба амали террористӣ -«бастани шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе» назананд.Бастани роҳ ва ҷилавгирӣ аз вуруди ҳарбиён,ки маълум аст ба куштори ин мардум омада буданд, ҳамчун далели амали террористӣ баҳо дода шуда истодааст. Далеле,ки ҳеҷ поя ва асос дошта наметавонад.”

Мирзонабот бо овардани оморҳое,ки маълум нест манбаъаш куҷост падару модарони дар толор нишастаро таъна ва таҳдид карда мегуяд,ки дар тазоҳуроти соли 2020 аз ин деҳа 20 кас иштирок карда буд аммо дар ҳодисаи охир шумораи онҳо то 80 нафар расидааст.80 нафар сокини гумроҳшуда ва фиребхурда будаанд.Вале ин саволро ба худ намедиҳад,ки магар 80 нафар чаро гумроҳ шудаанд?Аз он намегуяд,ки гумроҳии онҳоро сабаб куштори ноҷавонмардона ва гузашта аз ин бетафтишу бетаҳқиқ мондани қазияи Гулбиддин  шудааст.Агар мақомот куштори Гулбиддинро тафтиш карда омилини онро муҷозот мекард,ҳодисаҳои ахир рух медод? Яқинан рух намедод,чун мардум эҳсос мекард ва медид,ки ҳукумат дар фикри онҳо ҳам ҳаст.Аммо вақте мардум дид,ки ҳукумат,аз ҷумла ҳамин Мирзонаботи гумоштаи Раҳмонов аслан ба онҳо эътибор намедиҳад,одам намеҳисобад,мекушад ва таҳқиру таҳдид мекунад,ночор эътироз мекунад.Вале ин эътироз ва ин норозигӣ ҳаргиз маънои амали террористиро надорад.

 “Раҳмонов ва мақомоти қудратии вай дар Бадахшон мардумро куштанд, руирост тирборон карданд. Ҳукумат сокинони осоишта ва аҳолии бесилоҳи худро парронду кушт.Дигар ҳамаи ончики имрӯз гуфта истодаанд,танҳо барои худро сафед кардан ва ҷинояти анҷомдодаи худро тавҷеҳ кардан асту бас.”

Бубинед,вақте як пиразани рушонӣ мехезаду мегуяд,ки «Ман худамро гунаҳкор меҳисобам.Мо иқрорем, гуноҳ кардем.Ман гунаҳгорам,ман, ки фарзандамро фаҳмонида натавонистам» ин чи маъно метавонад дошта бошад? На танҳо ин пирзан,балки ҳар касе,ки дар толори суҳбат бо Мирзонабот баланд мешавад, мегуяд, ки мо «худамон гунаҳкорем», мо ин ҳама пешравиҳои барои мо анҷомдодаи Ҷаноби олиро надидем,мо бахшиш мепурсем».

Гумонатон ин аст ки ин мардум ин ҳарфҳои дуруғиро,ки ҳоло шумо бо истифода аз ин ҳолат маҷбур аз зери забони онҳо кашида бароварда истодаед,беҷавоб мемонад?

Шумо, талош карда истодаед, ки он куштору он тирборонро ба гунаи дигар -ба террори равонӣ давом бидиҳед ва тарсу ваҳшатро то пойи ҷони ин мардум ҷо кунед?

Як нафари дигар аз иштирокчиёни мулоқот бо Мирзонабот хесту чунин гуфт: «Аз содагии мо истифода карда бисёр хоҷагони хориҷӣ ва маҳаллӣ ҷавонони ноогоҳи моро ба ҳамин варта дохил карданд. Ман шахсан худро, ҳамаи дар ҳаминҷо истодагонро дар ҳамин чиз айбдор медонам». Маълум аст ки ин ҳама баромадҳову ин ҳама суханҳо ёддоди худи шумо Алишер Мирзонаботи хоини мардуми Бадахшон ва дигар барномарезони қатли омми мардуми сарбаланди Бадахшон аст.

Ҳоло Шодӣ Ҳафиззода, сардори УБОП-и вазорати дохила дар ин мулоқотҳо дар ҷойи Бузмаков ва Шариф Назарзода ҳузур дорад.Ин Шодӣ Ҳафиззода,ки ҳам ҳамчуноне Бузмакову Назарзода барои мардуми Бадахшон ҳиҷ гоҳ қобили қабул нахоҳад буд ва ба унвони як аҷнабӣ ва ғосиб дониста мешаванд,болои ин мардум дуғу пуписа карда истодааст:

«Инҳо ҷинотяҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карданд.Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хоҳиши худашон ба мақомоти милиса ҳозир шуданд.Дар асоси қонунгузории Тоҷикистон гуноҳи онҳо сабук карда мешавад.Аз ҷониби суд,вақти таъиноти суд вазнинтарин ҳам ки шуд,ҷазои сабук таъин карда мешавад.Ба маълумоти шумо ман ҳамина мерасонам,гарчанде,ки яке аз асосгузорҳои ҳамин ошубҳои мусаллаҳона буданд».

 Маълум нест,ки Шодӣ Ҳафиззода дар бораи кадом асосгузор гап мезад,ки ихтиёрӣ худро супоридааст. Аммо шумо лаҳн ва шеваи суҳбатҳои уро бинед, ки чи гуна аст? Хеле ҳам бо кибру ғурур ва бо як назарногирӣ ва ҳақир ҳисобидани мардуми Бадахшон. Оре, дигар ин думравону пайравони Сангак ҳоло худро ғолиб ва бадахшониҳоро мағлуб медонанд. Вай боз болои аҳли нишаст дар толор,ки аксарияташон калонсол ва падару модаранд дуғу дағдаға карда истодааст,чаро «ҷавонписарон ришҳои қафқозӣ ва туркӣ,ки ба урфу  одатҳои  мардуми тоҷик хос нестанд гузошта ба ин васила ба ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд ва шумо онҳоро аз ин корҳо бознадоштед»?

Намоиши дидору мулоқотҳои Алишер Мирзонабот бо сокинони деҳоти Рушон тавассути ТВ «Бадахшон» дар ҳақиқат як амали ҳисобшуда ва махсус аст.Мақсад ва ҳадафи он зуру шикастнопазир нишон додани «Асосгузори сулҳу ваҳдат» ва ҷинояткору осӣ хондани на танҳо ҷавонону чанде аз «лидеру лидерча»,балки аксарияти мутлақи аҳолии ин вилоят аст,ки бояд шикаста бишаванд, сарҳояшонро хам кунанд, дигар нафас набароранд,мисли сокинони манотиқу вилоёти дигари кишвар ҳар касеро болои онҳо додситон,милиса, судя бимонанд сокиту хомӯш итоат кунанд,агарчи онҳо даст ба таҷовуз ҳам зананд. Чунки «Тоҷикистон аз онҳост» ва дигарҳо, аз ҷумла ҳамин мардуми Бадахшон бояд ғулому чокару батраку бардаи онҳо бошанд.

Марҳалаи дуввуми террор ва торумору саркуби аҳолии Бадахшон бо дастони Алишер Мирзонабот анҷом дода шуда истодааст.Мирзонабот як даҳан аз қатли омм ва як даҳан аз хонаҳои дар мотамнишаста,ки шуморашон наздик ба сад аст,ҳатто ишора ҳам намекунад.Мегуяд,ки онҳо террористанд,ҷинояткоранд,аз Улфатхонуми ҷосус,аз Алим Шерзамони хоин пул гирифтанд ва бо дастури Холбашу Боқир халқро бар зидди сиёсати давлат шурониданд.Туҳмате беш нест, ин сухан. Ин мардум барои дохоҳӣ омада буданд.Аммо имрӯз бо ин вуҷуд ки куштанду вилоятро ба мурдахона табдил карданд, ҳамоно террору таҳлука ва тарсу ҳаросафканӣ болои мардумро қатъ накарда истодаанд.Ин мулоқотҳои Мирзонабот бо ҳамин ният аст ки ба тамоми мардуми Бадахшон ва ба тамоми Тоҷикистон бигуянд,ки мо ҳам мекушематон,ҳам зиндонатон мекунем ва ҳам шуморо хоину душман эълон мекунем ва дар ниҳоят водор ва бечораву ночоратон мекунем,ки ба поямон биафтед ва аз Асосгузор сулҳу ваҳдат узр пурсед ва худатонро худатон бо даҳони худатон гунаҳкор эълон кунед.

“Сайфулло Сафаров чи гуфт? Гуфт ки Холбаш бо даҳани худаш худашро гунаҳкор гуфт.Такрор ба такрор «крутит» кардани ин наворҳо танҳо бо ҳамин ҳадаф аст ки мардуми Бадахшонро шикаставу торумору сарафканаву бечораву пушаймоншуда нишон бидиҳанд,то ба дигарон ҳам сабақ бишавад.”

Марҳалаи тирборон ва қатлу куштори оммавии сокинони бесилоҳи Рушону Хоруғ ва ҷисман нобуд кардани помириҳои бонуфузу боэътибор акнун ҷойи худро ба террору торумори равонӣ,саркуб ва шикастани пиру барно,зану марди ин вилоят додааст, ки ин барномаи режими Раҳмоновро дар ВМКБ Алишери Мирзонабот ба иҷро гузошта истодааст. Алишери Мирзонабот мағзҳои мардуми Бадахшонро шустушӯ карда ва дар ҷойи ғурур,номус, шараф бешарафӣ,бардагӣ ва беномусиро ҷой карда истодааст.

Аммо ин мардум шикаста мешавад ва ё ҳаводиси ахири Бадахшон,куштори Боқир ва боздошти Фаромуз Иргашев марҳалаи сарнагунии режими ин пирамарди хирасарро оғоз мебахшад, то чанд вақти наздик маълум хоҳад шуд.Зеро ҳар лаҳза имкони тағйири вазъият вуҷуд дорад ва инро худи Пешво ҳам хуб дарк кардааст ва тарсу ҳароси худро пинҳон карда ҳам наметавонад ва ба каррот зикр мекунад, ки,“Вазъият дар олам пешбининашаванда ва мураккаб аст». Танҳо мехоҳем гушрасатон кунем, ки Тоҷикистони зери идораи шумо пешбининашавандатар аз ҳар кишвари дигарест!”

Ps: Мутаассифона, хабарҳое, ки ба мо мерасад хеле ҳам ваҳшатнок аст. Имрӯзҳо дар навоҳии Бадахшон ҷонишини аввали вазири дохилӣ Бузмаков -Аламшозода  ва сардори раёсати қӯшунҳои дохилии ин вазорат  Генерал Суҳроб Раупов ҷиноятҳои ниҳоят сангин содир карда истодаанд. Баъд аз ҳаводиси рӯзҳои 14-18 май беш 30-35 нафар ҷавони бономусу гапзанро бе ягон асос фақат бо нишондоди 3-4  бузи худашон ба шаҳодат расониданд. Ба гуфти худашон «очистка»-поксозии қавмиро давом дода истодаанд. Ҳарду ин генерал, ки номи худро ҳатман бо се хатоӣ менависанду гузаштаи сиёҳу торик доранд, ба гуфтаи шоҳидони амалиётҳои дар Помир руй дода аз рафти амалиёт ва «очистка»-ашон ба Рустами Эмомалӣ ё ба Шоҳрух Саидов гузориш дода аз он  ду кас амрҳои иловаги мегиранд. Бадии кор дар ин аст ки бузҳои онҳо дар байни мардум  то ҳадде пинҳонанд, ки мардуми бечораи Помир   намефаҳмад, ки аз байни мардуми худӣ кӣ онҳоро фурӯхта истодааст.

Вале ба ҳар ҳол, манобеи мо ба итминони комил гуфтанд, ки чанде аз ин бузҳои маҳалли мақомоти қудратиро ошкор кардаанд. Аламшозода як нафарро пурра таҳти нуфузи худ даровардааст   ва ба ӯ вазифа ҳам додааст.

Дар мавриди афроди фурӯхта шуда ба режим корро идома дода истодаем ва дар мавриди тасдиқшудани он. номҳои онҳоро тақдим менамоем.

Ҳафт нафре ҳамкории “судманд” бо мақомот доранд ва ҷавононеро, ки аз Канада,ИМА ва Аврупо барои дастгирии гуруҳҳо, ҳамкучагон кумакпулӣ гирифта буданд, фурӯхтаанд. Бародарон, падару модарони онҳоро ҳамчун оппозитсияи давлат ба Бузмаков мефурӯшанд. Аз рӯйи ҳамин маълумоти додаи онҳо буд, ки дар амалиёти «чистка»-и Суҳроб Раупов ва Абдураҳмон Бузмаков бисёре аз онҳо тибқи нақшаи аз қабл омодашуда кушта шуданд.

Рӯзи 11 уми июн тибқи хабаргузории Ховар дар шаҳри Хоруғ Айёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевичро боз ҳам дар як амалиёти “бе зарар гардонӣ”  дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.”

Дар рӯзи 12 уми июн бошад дар УПД Хоруғ дар як амалиёти ба гуфти худи мақомот “бе зараргардонӣ” Хурсанд Мазоров ( бо кличкаи Синниглаз) ва Зоир Раҷабовро ба шаҳодат расониданд. Инчунин бародари Алим Шерзамонов , Муслим Шерзамонови 56 соларо  ба ВКД даъват карда ва боздошташ намуданд. Мисли ҳамеша боз ҳам туҳмат карда эълон намуданд,ки аз хонаи Муслим Шерзамонов силоҳи калашников ва тирдон пайдо намудаанд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони милли Тоҷикистон ба РО гуфт: бародараш 56 сол дошт, “вале ба ҳеч гуруҳ ҳамроҳ набуд”.

“Гуноҳи аввалаш ин аст, ки дар замони фармондеҳии Мамадбоқир Мамадбоқиров дар қисми сарҳадбонӣ дар Мурғоб раиси ситодаш буд. Гуноҳи дигараш ин аст, ки бародари ман аст. Дигар гуноҳе надорад,” – афзуд ӯ рӯзи 12-уми июн ба РО.

Ба ҳар яки онҳо аз тарафи Суҳроб Раупов ва Бузмаков дар Бадахшону Душанбе дар органҳои қудратӣ вазифаҳо ваъда карда шудааст. Аммо бо боварии комил мегӯем,ки фиреб мехуранд ва ҷуз чанд маблағи ночиз ҳеҷ вазифа ва мақоме ба онҳо дода намешавад. Хиёнаткорӣ, одамфурушӣ аз одатҳои зишти инсонӣ аст ба худ оед, ҳоло ҳам вақт аст , нафурӯшед. Аксарияти  ҷавонони бегуноҳ кушташударо ҳамин ҳафт нафар фурӯхтаанд. Гуфта мешавад, ки раиси КДАМ СС.Ятимов  ва вазири дохилӣ Раҳимзода ва раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот аз амалиётҳои Бузмаков ва Суҳроб Раупов, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо онҳо гузаронида шуда истодааст нороҳат ҳастанд. Махсусан, ки ин амалиётҳоро шахсан Рустами Эмомалӣ ва Шоҳрух Саидов роҳбарӣ намуда истодаанд ва  ин гурӯҳакҳои зархариди ҷиноӣ аслан бо сар кардагонашон раиси ин вилоятро аслан ба эътибор намегирифтаанд ва гуш ҳам намекардаанд. Чун,ки фармондеҳ нафарест, ки нафари дуввуми кишвар аст. Бадахшониҳо бояд хуб донанд,ки Раҳмонов ва мақомоти ҷиноятпешаи ӯ ҳеҷ раҳме ба ҳеҷ Бадахшонӣ надоранд. Ҳатто ба худи Алишер Мирзонабот ва шафкаҳое ҳоло дар қатли мардуми Хоруғ ба ӯ кумак доранд. Аммо тибқи маълумоти дигар ташаннуҷ ва мухолфиати шадид миёни КДАМ ва ВКД дар Хоруғ дида мешавад ва дигар низомиён дар Хоруғ ба ҳар хона даромада ҳар ҷинояте хоҳанд анҷом медиҳанд ва ҳеҷ касе монеъи аъмоли онҳо намешавад ва наметавонанд бишаванд.

Share This Article