Ҷаҳон оҷизи коронавирус.Вале Раҳмонов “кашидагӣ”

Ислоҳ нет

 

Ҷаҳон оҷизи коронавирус.Вале Раҳмонов “кашидагӣ”

 

Коронавирус танҳо дар як шабонарӯзи 19 март ҷони 475 нафарро дар Италия гирифт. Ва шумори қурбониёни ин балои ногаҳонӣ дар ин кишвар ҳудуди 3000-ро ташкил дод, ки баъди Чин дуввумин кишвари пурқурбонӣ ба шумор меравад. Аз 10 март дар ин кишвар карантина эъмол шудааст. Ҳар касе қоидаи зидди коронаро вайрон кард 3 моҳ зиндон мекунад. Дар Русия танҳо дар як шаб 199 нафари дигар ибтило ба ин бало шудааст.

 

Ҳоло,шукри Худо,ки ин балои оламгир дар маҳалли бурузи он- Чин рӯ ба коҳиш оварда ва бархе аз муассисоти санъатӣ, таълимӣ ва васоили нақлия дар ин кишвар рӯ ба ҳолати оддӣ оварда ҳаёт дубора ба риволи муқаррарии худ бозмегардад.

 

Коронавирус аз Чин ба Амрико ва Аврупо сироят кард ва имрӯз Аврупо ба маркази эпидемияи он табдил шудааст.Дар Амрико вазъи изтирорӣ эълом шудааст. Ҳарду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ розӣ шуданд,ки раиси ҷумурии Амрико 50 миллиард доллар барои ҷилавгирӣ аз он ихтисос бидиҳад. Сӯҳбатҳо дар Амрико аз он меравад, ки барои рафъи авоқиби он ҳатто 850 миллиард доллар ихтисос дода хоҳад шуд. Макотиб таътил,кудакистонҳо ва муассисаҳои давлативу хусусӣ баста.

 

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ эълон кард,ки Аврупо аз нуқтаи назари паҳншавии коронавирус аз Чин пеш гузашт. Ба таъйиди СБҶ то индам коронавирус ҷони беш аз 8000 нафарро гирифтааст. Тедрос Адҳаном Гебрейюс, раиси Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар нишасти хабарӣ дар Женева марги ин шумора аз бемориро “як марҳилаи фоҷиавӣ” номидааст. Хабаргузориҳо аз қавли раиси Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ навиштаанд,ки панҷ кишвари Аврупо – Италия, Испания, Фаронса, Олмон ва Швейтсария беш аз кишварҳои дигар сироятшудаҳоро доранд. Рӯзи 19 март Италия, ки аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон, пас аз Чин дар ҷойи дувум аст, дар 24 соати гузашта бо афзоиши 29-дарсадии шумораи мурдагон рӯбарӯ шуд.

 

Ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 19 март шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 219, 000 нафар расида, паҳншавии он дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Шарқи Наздик аз рӯйи суръат бо кишварҳои дигар ва хусусан Чин фарқ мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳануз ҳафтае пеш Чин маркази сирояти вирус ба шумор мерафт. Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон шумораи мубталоёни маризии коронавирус афзоиш ёфтааст.Вазорати беҳдошти Қазоқистон, гуфтааст,ки феълан дар ин кишвар бистуҳафт мавриди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидаст. Дар ҳоле, ки рӯзи 13 – уми март аз ошкор шудани танҳо се мавриди гирифторшавӣ хабар дода шуд.Эрон барои мубориза бо коронавирус аз Сандуқи байналмилалии пул 5 миллиард дархост кард. Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи байналамилалии пул, ахиран дар баёнияе аз кӯмаки молии изтирории ин сандуқ ба мизони 50 миллиард доллар барои кӯмак ба кишварҳои даргир бо густариши вируси корона хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба далели камчинии мусофирон аз парвозҳо самти Олмон, Ҳиндустон ва Аморати Араб худдорӣ намудааст. Қатъи парвози “Сомон – Эйр” ба се кишвар дар ҳолест, ки қаблан роҳбарияти ширкат ба далели хуруҷи маризии коронавирус, парвозҳо самти Афғонистону Эрон ва Чинро мамнӯъ карда буд. Қобили зикр аст, ки феълан мусофироне, ки аз кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, билфосила ба карантин фаро гирифта мешаванд.

 

Шурӯъ аз 16 ва 18-уми март Узбакистон ва Русия роҳҳи худро ба самти Тоҷикистон бастанд

 

Коронавирус ё COVID-19 чи гуна пайдо гашт?

 

Аввалин пайдоиши коронавирус (ба забони англисӣ COVID-19) моҳи декабри соли 2019 дар шахри Вуҳан, вилояти Ҳубейи Чини Марказӣ ба қайд гирифта шуд. Дар садсолаи гузашта микробиологҳо вирусҳоеро, ки хосияти монанд ба коронавирус доштанд, дар ҳайвонот кашф карда буданд.

 

Сарчашмаҳои мухталиф дар боби сабаби пайдоиши ин вабо фарзияҳои гуногунро матраҳ мекунанд:

 

1.Мувофиқи маълумоти Википедия ва васоити ахбори омма хариду фурӯши молу маҳсулот ва бахусус маводди мавриди ниёзи аввал дар муҳити ифлос ва ғайрисанитарӣ сабаби пайдоиши коронавирус шудааст.

 

2. Сабаби дигари пайдоши коронавирус аз кӯршапарак ба инсон сироят кардани он аст.

 

3. Сабаби иқтисодӣ ҳам зикр карда мешавад.Бархе аз иқтисодчиёни ҷаҳон тахмин мезананд, ки сабаби пайдоиши ин вирус амдӣ мебошад, яъне барои баланд бардоштан ё баракс пойин овардан арзиши аксияи ширкатҳо ва мутазалзил кардани бозори бурс дар олам мебошад.

 

4. Як сабаби пайдоиши ин вирусро дар сар задани садама дар лабораторияи биологӣ дар шаҳри Вуҳан низ медонанд.

 

5. Сабаби дигар ин аст, гӯиё ИМА ин вирусро барои заиф гардонидани душмани хеш Хитой, паҳн кардааст.

 

6. Як сабаби дигар ин аст, ки ин гӯиё ин вирусро Сохтори махфии идораи ҷаҳонӣ, ки онҳоро иллюминат ё масонҳо меноманд, барои кам кардани ахолии дунё ва дигар ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ паҳн кардаанд.

 

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ якчанд фарзияҳоеро, ки байни мардум паҳн шудааст, омӯхта, хулосаҳои худро дар ин бора чунин баён чунин кардааст:

 

1.Коронавирус ба воситаи хомӯшакҳо паҳн мешавад.

 

Исбот шудааст, ки вируси нав тавассути ҳаво ва роҳҳои нафас паҳн мешавад. Масалан, ҳангоме, ки гирифтори ин беморӣ атса мезанад, ё молекулаҳои нафаси баровардаашро дигарон мекашанд, ба ин вирус гирифтор мешаванд. Барои ҳамин бояд аз шахсоне, ки тафт доранд, месулфанд, атса мезананд, яъне аломатҳои оддии зукком доранд, дурӣ ҷуст ва худи беморҳоро зарур аст,ки аз ташхиси духтур гузаранд.

 

2.Пешоби кӯдак ҳамчун профилактика зидди коронавирус истифода бурда шавад. Аммо ҳамзамон гуфта шудааст,ки пешоби бача дар таркибаш миқдори муайяни бактерияҳоро дорад ва ҳамчун профилактика истифода набояд бурда шавад. Ба ҷойи онҳо аз моеъҳои махсуси зиддиинфексионӣ истифода бурда шавад.Дирӯз чунин тавсияро аз як таби тоҷикҳам садо дода буд,ки инро табибон иштибоҳ гуфтаанд.

 

3. Дар ҳавои сард истодан, вирусро аз байн мебарад.Аммо боз гуфта мешавад,ки ҳавои сард вирусро аз байн намебарад, чун ҳарорати бадани инсон дар ҳама шароит ягона аст 36,5 – 37 дараҷа.

 

4. Коронавирус ба воситаи ашёҳо, пулҳо ва тангаҳо сироят мекунад. Хавфи гузаштани ин вирус тавассути ашёҳо хеле паст аст. Чун исбот шудааст, ки ин вирус дар рӯйи ашёҳо умри зиёд надорад.

 

5. Ҳангоми атса задани бемор ин вирус то ба 8 метр паҳн мешавад.

 

Оморӣ расмӣ ҳокӣ аз он аст ки шумори гирифторони ин вирус дар ҷаҳон то 19 уми марти 2020, 242 205(дусаду чилуду ҳазору дусаду панҷ ҳазор) нафар аст. Шумораи онҳое,ки аз ин Вирус вафот намудаанд 9991 нафар будааст.

 

1.) Чин : 80928

2.) Италия : 41035

3.) Эрон : 18407

4.) Испания: 17963

5.) Олмон: 15320

6.) ИМА : 11780

7.) Фаронса: 10995

8.) Корея: 8565

9.) Шветсария: 4131

10.Британия: 3269

11.) Нидерландия: 2460

12.) Норвегия : 1783

13.) Австрия: 2179

14.) Белгия : 1795

15.) Шветсия: 1439

16.) Дания: 1151

17.) Япония: 923

18.) Малайзия: 900

19.) Канада: 801

20.) Австралия: 709

21.) Португалия: 785

22.) Қатар: 460

23.) Чех: 694

24.) Исроил:677

25.) Юнон: 418

26.) Финляндия: 400

27.) Бразиля: 621

28.) Ирландия : 557

29.) Сингапур: 345

30.) Исландия : 330

31.) Покистон: 454

32.) Словения: 319

33.) Полша: 357

34.) Чили: 342

35.) Баҳрайн: 278

36.) Эстония: 267

37.) Руминия: 246

38.) Миср: 256

39.) Филипин : 217

40.) Тайланд: 212

41.) Индонезия: 309

42.) Саъудӣ: 274

43.)Ҳонконг: 208

44.) Ироқ: 164

45.) Ҳиндустон: 155

46.) Луксембург: 203

47.) Кувет: 142

48.): Перу 234

49.) Имороти Муттаҳидаи Араб: 140

50.) Русия: 199

51.) Лубнон: 133

52.) Сан Марино: 119

53.) Эквадор: 199

54.) Туркия 192

55.) Мексика: 118

56.) Болгария: 107

57.) Арманистон: 122

58.) Славакия 124

59.) Белорус: 51

60.) Озарбойҷон: 44

61.) Қазоқистон: 44

62.) Литва : 41

63.) Гурҷистон: 38

64.) Афғонистон : 22

65.) Узбекистон: 23

66.) Украина: 21

Танҳо ин давлатҳоро ҳамчун намуна овардаем ва ададҳо тез тағйир меёбанд ва пас аз панҷоҳ кишвар,то 66 кишвар ихтиёри зикр намудем. Кишварҳое вуҷуд доранд вале чун маъруф набуданд аз зикри номи онҳо сарфи назар намудем.

Дар байни беморон Сарвазири Канада бо ҳамсараш,Попи рум ва ходимонаш, якчанд нафар аз охундҳои Эрон, Муҳаммад бин Зоид валиаҳди Иморот, Президенти Муғулистон ва дигар афроди машҳурҳам ҳастанд.

Нишонаҳо ё симптомҳои ин вирус оддӣ ҳастанд:

Ҳарорат, сулфа, дарди гулӯ, оби бинй, мушкилоти нафаскашӣ. Ин вирус хавфи зиёд ба пиронсолон, маризони грипп, асма, диабет ва сактаи дил дорад.

Коронавирус дар Фаронса.

 

Дар Фаронса Нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳавопаймоҳои низомӣ барои кӯмак ба гирифторони ин беморӣ сафарбар шуда ва шавопаймои ҷангии А-300 ба лабаратория ва ёрии таъҷилии сайёр табдил дода шудааст. Барои пешгирӣ аз густариши он чораҳои иҷборӣ иҷро мешавад.100 ҳазор пулис ва жандарм хиёбон ва амокини таҷаммӯи одамҳоро зери назорат доранд. Барои берун аз манзили зист баромадан бидуни зарурат 130 евро ҷарима таъин шудааст.

 

Мувофиқи ахбори журнали «20 минут» аз сабаби паҳншавии густурда феълан дар марҳалаи севвум қарор дорад. Дар марҳалаи дуввум мо шоҳиди он будем,ки баста шудани тамоми муасиссаҳое, ки зиёда аз 5000 нафар дар он ҷо чамъ мешаванд (масалан, Музейи Луври Париж), содир шуда ва баста шудани муассисаҳои таълимӣ дар департаменти Уаз ва От Ран ҳатмӣ гардид,таъкиди сахт ва профилактикаҳо ҳангоми муомилот ва муоширати байниҳам (масалан, аз наздик салом накардан, бо калонсолон муошират накардан, бо «повяскахо» ва дастпӯшҳо гаштан, зуд-зуд дастро шустан ва ғ.) қабул карда шуда буд.

 

Давлати Фаронса рӯзи 16.03.2020 ба марҳалаи севвум гузашт Мувофиқи гуфтаҳои Президент Эммануел Макрон, Фаронса ба марҳалаи 3-юм гузашт. Дар ин давра бояд тамоми муассисаҳои таълимӣ, ҷойҳои ҷамъиятй, нақлиёти ҷамъиятӣ (автобусҳо, метро) баста шаванд. Давлати Фаронса 300 милиард евро барои ин ихтисос дод,то дар ин марҳилаи ҳассос мардум осеб набинанд. Инчунин аз 17 уми март,то муддати 30 рӯз ҳама сарҳадҳои минтақаи Шенген баста мешаванд.Танҳо шаҳрвандони Фаронсае,ки дар берун аз кишвар қарор доранд метавонанд баргарданд. Инчунин кормандони соҳаи тибро бо ҳама шароити лозима муҳайё мекунанд, то ҳеҷ халале дар кори онҳо ба вуҷуд наояд.Барои интиқоли кормандони тиб мошинҳои махсус ва маскаҳои зидди уфунӣ ва утоқҳои истироҳат дар меҳмонхонаҳо муҳайё карда мешавад. Шаҳрвандон дар ин вазъияти ба амал омада маблағҳои барқ, газ, андоз,маблағи иҷораи хонаҳое,ки иҷора менишинанд намепардозанд,ҳатто онҳое,ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд онро ҳам давлат пардохт менамояд.

 

Аллоҳ Тоҷикистони моро аз ин вабо эмин нигоҳ дорад вале дар сурати бурузи ин вабо ҳоли мардуми мо бо ин ҳукумати дузд ва ғоратгар чи мешуда бошад? Ин суоли аксарияти мардуми тоҷик чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар аст Абдураҳими Умариён, рӯзноманигори боистеъдоди тоҷики муқими Амрико ҳам яке аз онҳоест,ки пурсидааст:

 

“Фарз кунем ин як хатари эҳтимолист ва дар баробари он оё метвон фориғболу хушхаёл буд?

 

Манзури ман идомаи чорабиниҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла марширофка, ташвишҳо барои таҷлили ҷашни Наврӯз, идомаи намозҳои ҷомеъ ва ҳатто фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ, ки хеле ташвишовар ба назар мерасад (Бо назардошти таҷрибаи талхи дигар кишварҳо).

Ҳеҷ яке аз ин корҳо арзишмандтар аз ҷони МИЛЛАТ нест!!!

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, мегуянд!”

 

Аммо дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё хайр пас аз баргузории ҷашни Наврӯз онро эълон мекунанд. Ҳар касе ҳам,ки заррае имон ва инсофи одамӣ дорад,наметавон дар чунин шароит бигӯяд,ки ҳамроҳи ин ҳукумат аст. Ҳукумате,ки алорағми ҳамаи дунё,бо як бепарвоӣ ва саҳлангорӣ ва бо камоли ноинсонӣ ба саломати мардумаш Наврӯз доир мекунад. Ва аз ин ҳам ин бепарвотар ва бераҳмтар он аст ин ҳукуматро,ки ҳеҷ гоҳ дар фикри ин мардум набуд, ситоиш кунад,ки “штаб” муқобили коронавирус сохтааст.

 

Номашро нагирам ҳам мешиносед. Дар ҳар мавриди лозим ва нолозим худро пешкаш мекунад. Барои онки ширин намояд, ҳатман неше ба мухолифин мезанад: -“мана ман, мана чаро намебинед? Маро инҷо нагузоред, тезтар баред”.

 

Дар ҳоле,ки кадом ҷанге “ҳукумат” муқобили коронавирус накардааст,ки аз дигарҳо фарқ карда бошад. Баракс дар бадбахтӣ ва рӯзи сиёҳи халқ пул кор карда истодааст. Ҳазорҳо муҳоҷир барои пули билетҳояшон сӯхтанд,як намунааш ҳамин парвози фурдгоҳи Жукови Маскав,ки ҳаштод шаҳрвандон натавонистанд ба Душанбе парвоз кунанд.Ҳатто бархеашон то 30 ҳазор билет харидори карда буданд.Ин ҳодиса дар Фурдгоҳи Внуковои шаҳри Маскав низ бо тоҷикони бесоҳиб такрор шуд. Шаҳрвандон дар миёни Қазоқистон ва Узбакистон банд мондаанд.Охир чаро бо шаҳрвандони тоҷик инкорро мекунед. Дар Узбакистони ҳамсоя, Қирғизистони ҳамсоя,Қазоқистони ҳамсоя хонаводаҳо дар мотами коронавирус нишастаанд. Ҳукумати ин кишварҳо дар ҳоли изтиробу ташвишанд. Тамоми чорабиниҳои оммавӣ дар ин кишварҳо,аз ҷумла тантанаҳо бахшида ба Наврӯз қатаған эълон шуд. Созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо Тоҷикистонро кӯмак карда истодаанд, ки аз ин бемории оламгир пешгирӣ кунад. Тоҷикистон амалан дар иҳота ва муҳосираи ин беморӣ мондааст. Чин,Афғонистон Узбакистон ва Қирғизистон аз чаҳор самти Тоҷикистон бо ин офати ҷонситон дасту панҷа нарм мекунанд.

 

Аммо “ штаб”- Наврӯзии ҳукумати Тоҷикистон “ҷанг”-и идонаашро дар Хуҷанд идома дода истодааст.12 000 аз донишҷӯҳо ва хонандагони макотиб ҳамоно дар “маршировка” анд. Раҳмонову Рустаму Анӯшервонро истиқбол хоҳанд кард. Рустам ҳам дар Душанбе асптозиву футболбозиро мамнӯъ накардааст. Раҳмонов боз ҳам сархушу сармаст рақс мекунад. Агарчанде аз ҳазорҳо километр пешкаш ва пешниҳод мекунад ,ки “дар ин муқовимати поёнаш номуайян “танҳо” намегузорад, вале Раҳмонов дар қиссааш нест. Суол ин аст ки вақте дар хонаи ҳамсояат мотам аст,вақте ҳамкоронат дар ғаму азоби ин беморӣ нишастаанд, ту чи тавр метавонӣ,ки миллионҳои мардумро масраф карда маърака баргузор бикунӣ ва пушт ҷумбонӣ. Ман бо чунин ҳукумат нестам, танҳояш гузоштаам. На дирӯз ва на имрӯз “ҳукуматӣ” нахоҳам буд. Ҳукумати “Алибобо ва 400 роҳзан”-и ӯро барои абад шинохтаам.

 

Шаҳрвандони кишвар бояд ҳушёр бошанд ва эълони ҳукуматро интизор нашавед ва дар ин чорабиниҳо иштирок накунед.Наздикони худро манъ намоед ва охир хуб медонед,ки Раҳмонов дар фикри ин миллат кай буд,ки имрӯз дар фикри ин миллат, ману шумо ва наздиконамон бошад!

 

Share This Article