Абдуҷаббор Раҳмонзода, қушқори кабуд ва баклажка

Ислоҳ нет

Боиси тааҷҷуб аст ки Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки вазорати маорифро ба як ниҳоди фасодзадатарин табдил дод, Кумитаи телевизион ва радиошунавонии кишварро ҳам ба ҳайси як корхонаи хусусӣ истифода кард ва ҳам Додситонии кулл ва ҳам Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар пайи санҷиши корҳоояш даҳҳо факту рақами ришвахории ӯро ошкор намуда буданд ва худи Эмомалӣ Раҳмонов аз ин ҳама корҳои ӯ бохабар буд,чи тавр боз ёрдамчии Президент оид ба масоили робита бо ҷомеа таъйин шуд ин масалааш хело риққатовар аст.Шахсе миёни Раҳмонов ва ҷомеа қарор дорад,ки ӯ аз ин ҷомеа нафрат дорад ва ҷомеа аз ӯ. Акнун мефаҳмем,ки чи сарҳадҳо миёни президент ва ҷомеаи мо қарор дорад.

Онҳое,ки пеш аз ӯ дар ин мақоми давлатӣ кор карда буданд, ягон вақт ба ин ҳад бадном ва номашон ба порахӯрӣ машҳур нашуда буд. На Иброҳим Усмонов ва на Кароматулло Олимов ва на Сайидмурод Фаттоев.Ҳеҷ кадоме аз ин нафарони фавқуззикр барои ҷойи кори худ-мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ, ки ҳоло ёрдамчии Президент ном дорад, беобрӯӣ ва бадномӣ наоварда буданд. Ҳамин ҳоло ҳам касе наметавонад ановин ва рутбаи илмии онҳоро таҳти шубҳа қарор диҳад. Дар ҳоле, ки ҳанӯз дар ҳамон замони академик шудани Абдуҷаббор Раҳмонзода ва то ҳамин имрӯз ҳам дар маҳофили илмӣ ва ҳам дар расонаҳо мегӯянду менависанд,ки ӯ барои кадом кори илмиаш ва барои кадом хизматҳояш унвони академикӣ гирифт? 100% бо “через”, “через” академик шуд ва мегӯянд, ки агар Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурӣ набуд, дар  100 сол Абдуҷаббор Раҳмонзода на инки академик, ба маъмурияти раёсати ҷумҳурӣ ва ба ҳукумат ҳеҷ гоҳ роҳ намеёфт.

Баъди интишори ду навишта дар бораи ин “ёрдамчии Президент” аз ақсо нуқоти Тоҷикистон ин қадар дар бораи ӯ маълумоту далелҳои ҷолиберо фиристоданд, ки тасими гирифтем,майда-майда дарҷ кунем,то мардуми кишвар бифаҳмад,ки чи касе “ёрдамчӣ-мушовир”-и Президенти Тоҷикистон аст.

Як корманди ҷабрдидаи телевизион навиштааст, ки вақте Абдуҷаббор Раҳмоновро (он вақт кличкааш “каблук” набуд) ба Кумитаи телевизион ва радио оварданд, тамоман намефаҳмид,ки чи кор бикунад. Барои онки нофаҳмӣ ва корношоямиашро пинҳон дорад ва вонамуд созад, ки чизеро мефаҳмад, як навъ маслиҳату машваратҳое медод ва ё барномаҳоро ба заъми худ  мухтасар мекарду ислоҳ мекард, ки тамоман баракс мешуд. Як барнома ва ё як гузориши ободу дуруст, харобу хом мегардид. Ва ба ҳамин шакли хому бамаънӣ пахш мешуд. Аммо дар як муддати кутоҳ тавонист, ки аз телевизион ба ҳайси як гови дӯшоӣ истифода кунад.

Дигар ҳушу ёдаш фақат ба пулкоркунӣ банд шуд. Ниҳоят дар “боло” инро фаҳмиданду аз Кумита гуму гӯраш карданд, вале то инки бифаҳманд,хеле об аз осиёб рехта буд.Беҳтарин кадрҳои телевизион бо ҳар баҳонае аз кор ихроҷ шуданд. Телевизион ба як макони бе моҳият ва арзиш мубаддал гашт.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии ҳукумати Тоҷикистон мерафт пеши раиси хоҷагиҳо гову гуспанду бузу мурғу мегирифт ва меомад гурӯҳи кориро иборат аз журналисту оператору камераву ронанда мефиристод, то навор бардоранду барнома созанду оваранду нашру пахш кунанд.

Дастур медод, ки як ҷойи партовгоҳ –“мусорка”-ро “крупний план” карда ба навор бигиред, масалан чанд адад қуттии сигор ва пучоқи семучкаро ҷамъ намоеду нишон диҳед, ки шаҳр ғажду ифлос аст, вале маҳаллашро  нишон надиҳед. Ва раисони ноҳияро, ки ягон корашро буд накарда бошанд, бо ӯ хуб набуданд, бо ин навор шантаж мекард. Он партовгоҳ дар ноҳияи Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ё Фирдавсӣ бошад, фарқ намекард, чунки кӯча ва ҷойи онро номаълум  навор мекард. Раиси ноҳия  маҷбур буд,ки ин наворро бар ивази пули калон бихарад. Ё агар ягон сюжети танқидӣ омода мешуд, он нафари масъулро даъват карда онро ба ӯ нишон медод ва…бар ивази пора онро бо саду як баҳона нарх мекард.Вақте аз он масул ҳақашро мегирифт журналистро даъват мекард ва чунин  мегуфт, ки кори хуб шуд ислоҳаш кардааст ва ё мегуфт,ки ин навор ва ё ин барнома хом аст.

Барои мисол агар журналист аз зоишгоҳ, боғча ва ё сиғирхона наворе овард масъули онҷоро, ҳатто сағирхонаро телефон карда меовард ва бар ивази гирифтани ришва тамоми кори журналист гурӯҳи эҷодӣ ва ҳама заҳмату масрафи он наворро ба назар намегирифт ва “брак” мекард. Пулро дар ҷайбаш мекарду  барнома омода барои эфирро мегирифту дур меандохт. Чанд нафар кормандони ботаҷрибаро аз кор берун кард. Шояд боваратон нашавад. Дар баклажка пешоб карда ва аз тирезаи утоқи кориаш ба кӯча мепартофтааст. Раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумат! Зани роҳрӯбе, ки давру бари коргоҳро тоза мекард,як рӯз вақти ҷорӯбзанӣ дар китфаш баклажкаи партофтаи Раҳмонзода омада мезанад.Ӯ мегирад ва мебинад,ки даруни он пешоб…Шармандагӣ аз ин бештар намешавад. (маълумотҳои дигаре ҳам дар дасти мо аз ин қабил корҳояш маҳфӯз аст,намехоҳем он ҳамаро нашр намоем)

Як навбат дар куҷое шишта арақи бисёр менӯшад ва аз ғояти мастӣ мегӯяд,ки ӯ холабачаи президент аст ва касе ӯро аз ҷояш намеҷунбонад. Вале вақте як барномаи муфассали омодашуда дар бораи Робия Тағоева, муаллимаи синфи якуми Президентро хеле ҳам буридаву қайчӣ карда дар як ҳаҷми хеле ҳам мухтасар нашр мекунад, муаллима рафта ба Ҷаноб шикоят мекунад, ки раиси кумита ҳатто Президентро ҳам писанд накард ва дар мавриди шумо барномаи ҷолибе омода шударо нагузошт нашр шавад.

Вақте ҳам ки дар Донишгоҳ муаллим будааст аз донишҷӯҳои деҳотӣ, махсусан аз донишҷӯёни тарафи Шаҳритусу Қабодиён талаб мекардааст ба ӯ гусфанди чорӣ ва қушқор пора биёранд. Гӯшти қушқори пашмкабуди фарбеҳро нағз медидааст, “академик” Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент дар умури робита бо ҷомеа. Донишҷӯҳои бечора ҳам маҷбур барояш оварда сипас баҳо мегирифтаанд…..

 

Ҳангоми омода шудани ин матлаб аз се шаҳрванд чунин маълумотҳо дар мавриди “академик” расиданд,ки онҳоро ҳам илова менамоем.

Хонаи хусури Абдуҷаббор Раҳмонов дар деҳаи Гулободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Абдуҷаббори каблук дар соли 2007  5 гектар замини обиро аз раис Нарзулло Каримов ба зӯрии гирифта ба хусураш дод. Хусурбачаҳояш то хол дар ин замин хона месозанд ва дар ҳаминҷо зиндагӣ доранд. Тибқи нақшаи ноҳия ин замин бояд 6 сотихӣ барои участкаи наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ тақсим мешуд. Аммо муовини раисро, ки барои тақсимоти замин омад хусурбачаҳои Абдуҷаббори каблук аз номи президент гап зада сур карданд.

Кохи “Наврӯз”-ро ҳам яке аз писарони ҳамин “академик” мечархонидааст. Барои 1 ё 2 мошини ЗАГС- ва даромадани шаҳу арӯс ба наврӯзгоҳ 100 доллар мегирад. Ҳаррӯз дар инҷо туйю маъракаҳо баргузор мешавад, ки даромади аз ин ҳисоб ба киссаи ӯ меравад.

Бекназар, хусури Абдуҷаббори каблук соли гузашта аз дунё даргузашт.

Дар даромади ноҳияи Восеъ як боғи калон мавҷуд аст ки аз они писари ҳамин ёрдамчии президент мебошад. Ин писари ӯ Сайфулло ном дорад.

P.S: Хонандаҳои азиз қиссаҳои  “академик” Абдуҷаббор Раҳмонзодаи ёрдамчии Президентро дар навиштаҳои баъдӣ ҳам нашр мекунем бо риояти одоб. Агар принсипҳои журналистӣ риоят нашаванд,бовар кунед пас аз хондани он ҳама корҳои ин “академик”,ки барои мо мефиристанд аз ханда гурдакаф мешудед.  Кормандони собиқи телевизион ва вазорати маориф, пединститут хотираҳои худро нависед дар мавриди ин “академк”, то мардум аз онҳо бо хабар бошанд, албатта бо мусоидат ва дастгирии Шумо матолиби ҷолибе тақдими хонандагон ва бинандагон мегардонем.

Share This Article